Содиқ (лақаб)

Аз wikishia

Ин мақола дар бораи лақаби Имом Содиқ (а) аст. Барои ошноӣ бо шахсияти Имом (а), мадхали Имом Содиқ алайҳиссаломро бибинед.

Содиқ машҳуртарин лақаби Имом Содиқ (а) аст.[1] Ин лақаб ба хотири ростгӯӣ дар гуфтору кирдор ба имоми шашуми шиаён итлоқ шуда аст.[2] Ҳамчунин гуфта шудааст, ки чун дар зиндагии ӯ ҳеҷ лағзише дида нашуд, ба содиқ мулаққаб гардид.[3]

Бар асоси ривояте аз Имом Саҷҷод (а), имоми шашум содиқ хонда шуд, то аз Ҷаъфари каззоб фарқ карда шавад.[4] Бар асоси ривояти мазкур, аз Алӣ ибни Ҳусайн, имоми чаҳоруми шиаён пурсида шуд, ки чаро аҳли осмонҳо имоми шашумро содиқ меноманд, дар ҳоле ки ҳамаи шумо (аиммаи маъсумин) содиқу ростгӯ ҳастед? Ӯ посух дод: падарам аз ҷадаш Расули Худо (с) хабар дод, ки чун фарзандам «Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн» таваллуд шавад, ӯро содиқ биномед; зеро ки панҷум аз фарзандони ӯ Ҷаъфар ном хоҳад дошт ва ба дурӯғ, иддаои имомат хоҳад кард ва ӯ назди Худо, Ҷаъфари каззобу ифтирозананда бар Худост.[5] Дар Илал-уш-шароеъ низ ба ин ваҷҳи тасмия ишора шудааст.[6]

Бархе низ гуфтаанд, Имом Содиқ (а) ба хотири парҳез аз иштирок дар қиёмҳои асри худ, содиқ лақаб гирифт; чароки дар он замон ба касе ки мардумро гирди худ ҷамъ ва ба қиём бар зидди ҳукумат таҳрик мекард, каззоб (дурӯғгӯ) мегуфтанд.[7] Ҳамчунин бино бар ривояте, ки Абулфараҷи Исфаҳонӣ ( 284 – 356ҳ.қ.) дар китоби Мақотил-ут-толбин нақл кардааст, Мансури аббосӣ (ҳукумат : 136 – 158ҳ.қ.), баъд аз онки ба ҳукумат расид, ба хотири таҳаққуқи пешгӯии имоми шашуми шиаён дар бораи қатли Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан машҳур ба Нафси Закия, ӯро содиқ номид.[8]

Ҷусторҳои вобаста

Козим

Боқирулъулум

Ризо

Эзоҳ

  1. Маҷлисӣ, Ҷалоъ-ул-уюн, 1382ҳ.ш., саҳ.869.
  2. Музаффар, ал-Имом-ус-Содиқ, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.190.
  3. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1363ҳ.ш., ҷ.47, саҳ.33.
  4. Қумӣ, Мунтаҳо-л-омол, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1336.
  5. Қумӣ, Мунтаҳо-л-омол, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1336.
  6. Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.274.
  7. Покатчи, «Ҷаъфари Содиқ (а), имом», саҳ.181.
  8. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, 1385ҳ.қ., саҳ.173.

Сарчашма

  • Аблфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Мақотил-ут-толибин, муқаддимаи Козим ал-Музаффар, Қум, дорулкитоб литтабоъати ваннашр, 1385ҳ.қ./1965м.
  • Покатчӣ, Аҳмад, «Ҷаъфари Содиқ (а), имом», Теҳрон, Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.18, маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1389ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, Бейрут, интишороти Аъламӣ, 1408ҳ.қ.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Мунтаҳо-л-омол фи таворих-ин-Набийи ва-л-Ол, Қум, Далели мо, 1379ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Теҳрон, исломия, 1363ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Ҷалоъ-ул-уюн, Қум, сарвар, 1382ҳ.ш.
  • Музаффар, Муҳаммадҳусайн, ал-Имом-ус-Содиқ (а), Қум, Ҷомеаи мударрисин, 1421ҳ.қ.