Саҷҷод (лақаб)

Аз wikishia

Ин мақола дар бораи лақаби Саҷҷод аст. Барои итилоъ аз Имом чаҳоруми шиаён Имом Саҷҷод алайҳиссаломро бубинед.

Қитъаи хушнивисии «ё Саҷҷод» (китобат 1439ҳ.қ.), ба хати Сулс, асари Муҳаммад ал-Машрафовӣ.[1]

Саҷҷод (арабӣ: السَجّاد) ба маънои бисёр саҷдакунанда,[2] аз машҳуртарин лақабҳои Имом Зайналъобидин (а) аст.[3] Имоми чоруми шиаёнро ба далели ибодати зиёд, ниҳояти дилдодагӣ ба Худо ва зиёдии саҷдаҳояш «саҷҷод» меномиданд.[4]

Бар асоси ривояте аз Имом Муҳаммади Боқир (а) дар китоби Илал-уш-шароеъ, Имом Саҷҷод (а) пас аз ин маворид саҷда мекард: ёдоварии неъмате аз неъматҳои Худо, хондани ояте, ки дар он саҷда буд, вақте Худо бадиро аз ӯ дафъ мекард, вақте Худо макри макркунандаеро аз ӯ дур мекард, баъд аз намоз ва ҳангоме, ки тавфиқ меёфт байни ду фард оштӣ диҳад.[5] Ба гуфтаи Сайид Неъматуллоҳ Ҷазоирӣ аз уламои шиаи қарни ёздаҳуму дувоздаҳуми қамарӣ ба ҳамин далел Сайид-ус-соҷидин (сарвари саҷдакунандагон) лақаб гирифтааст.[6]

Ибни Ҳаммод шоири шиаи қарни чаҳоруми қамарӣ дар бораи ибодат ва саҷдаҳои Имом Саҷҷод (а) ин гуна сурудааст:

و راهب أهل البیت کان و لم یزل

یلقب بالسجاد حسن تعبد

یقضی بطول الصوم طول نهاره

منیبا و یفنی لیله بتهجّد

فأین به من علمه و وفائه

و أین به من نسکه و تعبّد

Тарҷума: Зоҳиду порсои Аҳли Байт буд ва ӯро ба далели ибодоти некӯяш Саҷҷод номиданд. Тамоми рӯзҳоро бо истиғфори Худо, рӯзадор буд ва шабҳоро ба таҳаҷҷуд мегузаронд. Кӣ дар дониш ва вафои ба аҳд монанди ӯст? Ва куҷо касеро дар парастишу ниёйиш монанди ӯ метавон ёфт?[7]

Аттори Нишопурӣ:

Агар ту ҷоми ӯ нӯшӣ чу Саҷҷод,

Ту бошӣ ҷумла ҷону рӯҳи уббод.[8]

Воизи Қазвинӣ:

Чароғи дидаи уббод, ҳазрати Саҷҷод,

Ки офтоб чу маҳ нур аз ӯ намояд вом.[9]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. «یا سجاد», сафҳаи Муҳаммад ал-Машрафовӣ дар пинтерс.
  2. Ханҷӣ, Василат-ул-ходим, 1377ҳ.ш., саҳ.182.
  3. Қурашӣ, Ҳаёт-ул-Имом Зайнулъобидин (а), 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.40.
  4. Қурашӣ, Ҳаёт-ул-Имом Зайнулъобидин (а), 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.38 ва 40.
  5. Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.233.
  6. Ҷазоирӣ, Риёз-ул-аброр, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.13.
  7. Ибни Шаҳрошуб, ал-Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.172.
  8. .https://ganjoor.net/attar/mazhar/sh1, байти 26
  9. https://ganjoor.net/vaez/divan/ghaside/sh14, байти 36

Сарчашма

  • Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Сайиднеъматуллоҳ, Риёз-ул-аброр, Бейрут, Муассисат-ул-торих-ил-арабӣ, 1427ҳ.қ.
  • Хунҷӣ, Фазлуллоҳи Рӯзбеҳон, Василат-ул-ходим ила-л-махдум дар шарҳи салавоти чаҳордаҳ маъсум алайҳимус-салом, Қум, Ансориён, 1377ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, Наҷаф, ал-Мактабат-ул-ҳайдарийя, 1387ҳ.қ.
  • Қурашӣ, Боқиршариф, Ҳаёт-ул-Имом Зайнулъобидин, Бейрут, Дор-ул-азвоъ, 1409ҳ.қ.
  • «یا سجاد», сафҳаи Муҳаммад ал-Машрафовӣ дар пинтерс, таърихи боздид: 26 хурдоди 1401ҳ.ш.