Jump to content

Абди солеҳ

Аз wikishia

Абди солеҳ ба маънои бандаи некӯкор, аз истилоҳоти қуръоние аст, ки дар бораи баъзе инсонҳо ба кор рафтааст. Манобеи шиа ва суннӣ Имом Козим (а)-ро ба хотири ибодати бисёр абди солеҳ лақаб додаанд.

Ин вожа дар Қуръон ба сурати ҷамъ (ибодака-с-солеҳин) ба кор рафтааст.[1] Қуръон аз Нуҳ ва Лут ба унвони ду бандаи солеҳи Худо ёд кардааст.[2] Дар ривояте, Зулқарнайн низ ба абди солеҳ мулаққаб шудааст.[3]

Бар асоси манобеи шиаю суннӣ, Имом Козим (а)-ро ба хотири ибодати бисёр, абди солеҳ лақаб додаанд.[4] Дар санади бархе ривоёти манқул аз вай низ бо ҳамин таъбир аз ӯ ёд шудааст.[5]

Дар зиёратномаи ҳазрати Аббос, ки аз Имом Содиқ (а) ривоят шудааст, аз ӯ ба унвони абди солеҳ ёд шудааст.[6] Ҳамчунин дар зиёратномаи Муслим ибни Ақил[7] ва Ҳонӣ ибни Урва[8] низ ба он ду ба унвони абди солеҳ салом дода шудааст. Дар саломи намоз ба бандагони солеҳи Худо дуруд фиристода мешавад.[9]

Эзоҳ

  1. Сураи Намл, ояти 19.
  2. Сураи Таҳрим, ояти 10.
  3. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.199; Айёшӣ, Тафсир, 1380ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.343.
  4. Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.29; Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.414.
  5. Барои намуна: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.177, 539, ҷ.3, саҳ.59, 109, ҷ.4, саҳ.72, 412.
  6. Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.257; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.98, саҳ.277.
  7. Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.178; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.97, саҳ.428.
  8. Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.180; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.97, саҳ.428.
  9. Имом Хумайнӣ ва дигарон, Рисолаи тавзеҳул-масоил (мароҷеъ), Дафтари интишороти исломӣ, ҷ.1, саҳ.598.

Сарчашма

  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсир-ул-Айёшӣ, тасҳеҳи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, ал-Матбаъатул-илмийя, 1380ҳ.қ.
  • Бағдодӣ, Хатиб, Таърихи Бағдод, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Қулавайҳ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Комил-уз-зиёрот, тасҳеҳи Абдулҳусайни Аминӣ, Наҷаф, Дорул-Муртазавийя, 1356ҳ.ш.
  • Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, тасҳеҳи Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1419ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Руҳуллоҳ ва соири мароҷеъ, Рисолаи тавзеҳул-масоили (мароҷеъ), гирдоварии Сайид Муҳаммадҳасан Баниҳошимии Хумайнӣ ва Эҳсон Усулӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, бе то.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1407ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.