Баккоин
Баккоин ба арабӣ: بَکّائین ё баккоун ба арабӣ: بَکّائون (бисёр гирякунандагон) ҳафт нафар аз саҳобаи Пайғамбар (с) ки ба хотири гиря кардани зиёд бар нотавонии худ аз иштирок дар ҷанги Табук, ба ин лақаб шӯҳрат ёфтанд. Бино ба нақли муфассирон, сабаби нузули ояти 92 сураи Тавба гиряи ин афрод будааст.
Ҳамчунин бино бар ривояте, ҳазрати Одам (а), ҳазрати Яъқуб (а), ҳазрати Юсуф (а), ҳазрати Фотима (с) ва Имом Зайнулъобидин (а) аз ҷумлаи баккоин дониста шудаанд.
Ҳафт тан аз саҳоба
Баккоин ҳафт нафар аз саҳоба буданд, ки ба хотири тангдастӣ назди Пайғамбар омада, тақозои маркаб (асб) карданд, то дар ҷанги Табук иштирок кунанд, Пайғамбар эълон кард, ки маркабе надорад, ки ононро ба ҷанг бибрад, онон аз инки натавонистанд дар ҷанг ширкат кунанд, сахт нороҳат шуда, бисёр гиря карданд ва мехостанд баргарданд, ки бархе аз саҳоба, ба онон маркаб доданд ва ононро ба ҷанг бурданд.[1] Дар манобеъ аз ин ҳафт нафар, ки номашон ба ихтилоф зикр шуда[Ёддошт 1] ба баккоун ёд шудааст.[2] Ҷанги Табук дар соли 9 қамарӣ[3] ва дар гармои шадид рух дод[4] ва онро ба хотири тангдастии саҳоба, «ҷайшулъусра» мехонданд.[5] Дар ин ҷанг тадоруки маркаб ва олоти ҷанг бар ӯҳдаи ҷангҷӯён буд.[6] Баккоин ба маънои бисёр гирякунандагон аст. [ниёзманди манбаъ]
Бино бар нақли бархе муфассирон, ояти «وَلَا عَلَى الَّذِينَ إِذَا مَا أَتَوْكَ لِتَحْمِلَهُمْ قُلْتَ لَا أَجِدُ مَا أَحْمِلُكُمْ عَلَيْهِ تَوَلَّوا وَّأَعْيُنُهُمْ تَفِيضُ مِنَ الدَّمْعِ حَزَنًا أَلَّا يَجِدُوا مَا يُنفِقُونَ; ва [низ] гуноҳе нест бар касоне ки чун назди ту омаданд то саворашон кунӣ [ва] гуфтӣ: «чизе пайдо намекунам, то бар он саворатон кунам», баргаштанд, ва дар асари андӯҳ, аз чашмонашон ашки фурӯ мерехт, ки [чаро] чизе намеёбанд, то [дар роҳи ҷиҳод] харҷ кунанд»,[7] дар мавриди ин афрод нозил шуд.[8] Ҳар чанд этимолоти дигаре низ дар бораи шаъни нузули ояти мазкур матраҳ шудааст.[9]
Панҷ тани дигар
Бар пояи ривояте аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, баккоин панҷ нафар ҳастанд: ҳазрати Одам (а) ба хотири ихроҷаш аз биҳишт, Яъқуб дар фироқи фарзандаш Юсуф, Юсуф дар фироқи падараш Яъқуб, Фотима (с) дар мусибати падараш ҳазрати Муҳаммад (с) ва Имом Зайналъобидин (а) дар мусибатҳои воқеаи Ошӯро, зиёд гиря мекарданд.[10]
Эзоҳ
- ↑ Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.993 - 994.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба: Солеҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.438; Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дорулмаърифат, ҷ.2, саҳ.518; Ибни Ҳабиби Бағдодӣ, ал-Муҳаббар, Дорул-офоқилҷадида, саҳ.281; Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.993 - 994.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.368.
- ↑ Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.990.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.368.
- ↑ Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.990.
- ↑ Сураи Тавба, ояти 92.
- ↑ Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.228; Тӯсӣ, ат-Тибён, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.5, саҳ.280; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.91; Воҳидӣ, Асбобу нузул-ил-Қуръон, 1411ҳ.қ., саҳ.262.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба: Тӯсӣ, ат-Тибён, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.5, саҳ.280.
- ↑ Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.140 - 141.
Ёддошт
Сарчашма
- Ибни Ҳабиби Бағдодӣ, Муҳаммад ибни Ҳабиб, ал-Муҳаббар, таҳқиқи Элиза Лихтен Штейтр, Бейрут, Дорул-офоқилҷадида, бето.
- Ибни Ҳишом, Абдулмалик ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, таҳқиқи Мустафо ас-Саққо ва Иброҳим Абёрӣ ва Абдулҳафиз Шиблӣ, Бейрут, Дорулмаърифат, бе то.
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Муҳаммад Ҳамдуллоҳ, Миср, Дорулмаориф, 1959м.
- Солеҳии Шомӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Субул-ул-ҳудо ва-р-рашод фи сирати хайр-ил-ибод, таҳқиқи Одил Аҳмад Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Муавваз, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1414ҳ.қ., 1993м.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, 1376ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддимаи Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, Теҳрон, Носири Хусрав, 137ҳ.ш.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Аҳмад Ҳабиб Қусайр Омилӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, бе то.
- Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, 1364ҳ.ш.
- Воҳидӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Асбобу нузул-ил-Қуръон, таҳқиқи Камол Басюнӣ Зағлул, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1411ҳ.қ.
- Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ, таҳқиқ Морседен Ҷонс, Бейрут, муассисатул-аъламӣ, 1989м./1409ҳ.қ.
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/>
tag was found