Абосолеҳ

Аз wikishia
Ҳаккокии иборати "Ағиссинӣ ё Абосолеҳ" бар рӯи нигини ангуштар

Абасолеҳ (арабӣ: أبا صالح) кунияе дар бораи Имом Маҳдӣ (а) аст, ки аз асри 11-уми қамарӣ барои ишора ба он ҳазрат истифода мешавад. Ин калима ва калимаҳои монанди он “Солеҳ” ва “Босолеҳ” дар чанд ҳадис ба кор рафтааст, ки тавсия мекунанд агар роҳро гум кардед, бо фарёд кардани “Солеҳ” ва “Абосолеҳ” ё “Босолеҳ”, то барои ёфтани роҳ аз онҳо кумак бихоҳед. Аммо дар ин ҳадисҳо лақабҳо ва кунияҳо ба унвони кунияҳои Имоми Замон зикр нашудааст ва муҳаддисон ва шореҳони ҳадис низ онҳоро лақаби Имом Замон надонистаанд.

Абосолеҳ - кунияи мансуб ба Имоми Замон

Абосолеҳ кунияи машҳур аст, ки барои Имоми Замон (аҷ) ба кор меравад.[1] Ин куния дар ривоёт ва матнҳои қадимии таърихӣ барои Имоми Замон зикр нашудааст.[2] Танҳо дар манобеи мутааххир омадааст, ки бархе Имоми Замонро бо нидои Абосолеҳ фарёд кардаанд. Барои мисол Мирзоҳусайни Нурӣ аз олимони шиаи қарни сездаҳум ва чаҳордаҳуми қамарӣ, навиштааст арабзабонҳо дар марсияҳо ва ашъор Имоми Замон (аҷ)-ро бо номи «Абосолеҳ» фарёд мекунанд.[3]

Пешинаи корбурд

Бар асоси китоби Донишномаи Имом Маҳдӣ, куняи «Абосолеҳ» аз қарни ёздаҳуми қамарӣ дар бораи ӯ ба кор рафтааст ва гузорише аз корбурди ин истилоҳ дар бораи Имом Маҳдӣ пеш аз қарни ёздаҳум вуҷуд надорад.[4]

Аллома Маҷлисӣ (1037 - 1110ҳ.қ.) ба нақл аз падараш ҳикояте нақл кардааст, ки дар он шахсе ба номи Амирисҳоқи Астарободӣ дар роҳи Макка гум шуд ва бо гуфтани «Ё Солеҳ ё Абосолеҳ аршидно ило-т-тариқ/یا صالح یا اباصالح ارشدونا إلی الطریق» (эй Солеҳ, эй Абосолеҳ, роҳро нишонамон бидеҳ), шахсеро ёфт, ки ба ӯ кумак кард ва ӯро ба Макка расонд, ки ба гумонаш Имом Маҳдӣ (аҷ) будааст.[5] Муҳаддиси Нурӣ низ эҳтимол додааст, ки корбурди кунияи Абосолеҳ барои ҳазрати Маҳдӣ аз ҳикояте гирифта шудааст, ки аз гум шудани фарде дар масири ҳаҷ хабар медиҳад ва бо гуфтани «ё Абосолеҳ» наҷот меёбад.[6]

Дар Донишномаи Имом Маҳдӣ омадааст, далеле барои интисоби «Абосолеҳ» ба Имом Маҳдӣ (аҷ) вуҷуд надорад ва он чи сабаби ривоҷи ин лақаб ба ӯ шудааст, ҳикоятҳое ҳастанд, ки бар ин маъно далолат надоранд.[7]

Корбурди вожаи Абосолеҳ дар аҳодис

Дар бархе аз аҳодиси шиа вожаҳои «Босолеҳ» ва «Абосолеҳ» ба кор рафтааст, аммо ҳеҷ як аз муҳаддисон ва шореҳони ҳадис мурод аз ин вожаҳоро Имоми Замон надонистаанд.

Барои мисол дар ривояте, ки Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Холиди Барқӣ (200 - 274 ё 280ҳ.қ.) аз Имом Содиқ (а) нақл карда, омадааст: «Ҳар гоҳ роҳро гум кардӣ, фарёд бизан «ё Солеҳ ва ё Босолеҳ аршидно ила-т-тариқ, раҳимакумуллоҳ/یا صالح و یا باصالح ارشدانا إلی الطریق، رحمکما الله» (эй Солеҳ вае Босолеҳ роҳро ба мо нишон диҳед. Худованди шуморо раҳмат кунад!).[8]

Ҳамчунин Шайхи Садуқ (305 - 381ҳ.қ.) бо андаке ихтилоф нақл кардааст: «ё Солеҳ ва ё Абосолеҳ аршидно ила-т-тариқ, ярҳамакумуллоҳ/یا صالح او یا اباصالح ارشدونا إلی الطریق، یرحمکم الله» (эй Солеҳ ё эй Абосолеҳ, роҳро ба мо нишон диҳед. Худованд шуморо раҳмат кунад!).[9] Ӯ сипас ҳадиси дигаре нақл кардааст, ки бар асоси он бахши хушкии замин ба «Солеҳ» ва бахши дарёии он ба «Ҳамза» супорида шудааст.[10]

Гуфтаанд на Шайхи Садуқ ва на ҳеҷ як аз шореҳони Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ лақаби ёдшударо бар Имом Маҳдӣ (аҷ) татбиқ накардаанд.[11] Ҳамчунин дар ривояте аз китоби Маҳосин навиштаи Барқӣ, Солеҳ аз аҷинна муаррифӣ шудааст, ки вазифаи имдодрасонӣ ба касонеро бар уҳда дорад, ки роҳро гум кардаанд.[12]

Эзоҳ

  1. Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.322.
  2. Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.322.
  3. Нурӣ, Ҷаннат-ул-маъво, 1427ҳ.қ., саҳ.136; Нурӣ, Наҷм-ус-соқиб, 1410ҳ.қ., саҳ.45.
  4. Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.322.
  5. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.52, саҳ.176 - 175.
  6. Нурӣ, Наҷм-ус-соқиб, 1410ҳ.қ., саҳ.571.
  7. Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.322 - 323.
  8. Барқӣ, ал-Маҳосин, 1371ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.362 - 363.
  9. Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.298.
  10. Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.298.
  11. Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.322.
  12. Барқӣ, ал-Маҳосин, 1371ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.380.

Сарчашма

  • Барқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Холид, ал-Маҳосин, тасҳеҳи Муҳаддиси Урмавӣ, Қум, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1371ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дуввум, 1403ҳ.қ.
  • Нурӣ, Мирзоҳусайн, Наҷм-ус-соқиб, Қум, интишороти масҷиди Ҷамкарон, 1410ҳ.қ.
  • Нурӣ, Мирзоҳусайн, Ҷаннат-ул-маъво фи зикри ман фоза билиқо-ил-Ҳуҷҷат, Маркази ад-диросот-ут-тахассусия фил-Имом-ил-Маҳдӣ аҷҷалаллоҳу Таъоло фараҷаҳ-уш-шариф, Қум, муассисаи ас-Сайидат-ул-Маъсума алайҳоссалом, 1427ҳ.қ.
  • Рейшаҳрӣ, Муҳаммади Муҳаммадинек ва дигарон, Донишномаи Имом Маҳдӣ бар пояи Қуръон, ҳадис ва таърих, Қум, нашри Дор-ул-ҳадис, 1393ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, ҷомеаи мударрисин, чопи дуввум, 1413ҳ.қ.