Зуссафинот

Аз wikishia
Қитъаи хушнависии «зуссафинот» ба хати сулс, асари Муҳаммад ал-Мушрифовӣ (1439ҳ.қ.).[1]

Зуссафинот (арабӣ): ذوالثَّفِنات, ба маънои соҳиби пинаҳо ва намозгузоре, ки пешониаш пина баста, аз алқоби Имом Саҷҷод (а) чаҳорумин имоми шиаён.

Имом Саҷҷод (а)-ро ки бар асари саҷдаи зиёд, дар пешонӣ[2] ё дигар мавзеъҳои саҷдааш пайе мемонд, Зуссафинот меномиданд;[3] чароки саҷдагоҳояш монанд зонуи шутур, пина мебаст.[4] Сафина, ба маънои пинаи зону ва синаи шутур аст.[5]

Бар асоси ривояте, ки дар Биҳоруланвор нақл шуда аст, пинаҳои ҷои саҷда (саҷдагоҳ)-и Имом Саҷҷод (а) ба далели бисёр намоз хондани ӯ будааст.[6] Ба гуфтаи Яъқубӣ, таърихнигори қарни сеюми қамарӣ, Алӣ ибни Ҳусайн (а) ҳар шабонарӯз 1000 ракъат намоз мехонд.[7]

Ҳамчунин бар пояи ривояте, ки дар Илал-уш-шароеъ аз Имом Муҳаммади Боқир нақл шудааст, имоми чаҳорум ҳар сол ду бор пинаҳоро аз баданаш ҷудо мекард.[8] Чароки ба ҳангоми саҷда, монеъ аз расидани пешониаш ба замин буданд.[9] Ӯ пинаҳоро ҷамъ мекард ва ҳангоме ки ба шаҳодат расид, онҳоро бо ӯ дафн карданд.[10]

Ҳамчунин Абуллоҳ ибни Ваҳби Росбӣ,[11] аз сарони хавориҷ ва Алӣ ибни Абдуллоҳ ибни Аббос[12] низ ба зуссафинот машҳур буданд.[13]

Имом Муҳаммади Боқир (а):

Аз мавозеъи суҷуди Имом Саҷҷод (а) ҳар сола ҳафт пина баргирифта мешуд; чароки ҳазрат бисёр намоз мехонд; ин пинаҳоро ҷамъ мекард ва чун даргузашт ҳамроҳ бо ӯ дафн карданд.[14]

Ҷусторҳои вобаста

Сайидуссоҷидин

Зайнулъобидин

Феҳрасти кунияҳо ва лақабҳои Имом Саҷҷод (а)

Эзоҳ

  1. «Зуссафинот», саҳифаи Муҳаммад ал-Мушрифовӣ дар пинтерс.
  2. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.303.
  3. Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.233.
  4. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.480.
  5. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.78 (зери калимаи сафана).
  6. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.46, саҳ.61.
  7. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.303.
  8. Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.233.
  9. Хасибӣ, ал-Ҳидоят-ул-кубро, 1419ҳ.қ., саҳ.214.
  10. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.46, саҳ.61.
  11. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.360; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.75.
  12. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1398ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.71.
  13. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.79; Мударриси Табризӣ, Райҳонат-ул-адаб, 1369ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.255.
  14. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.46, саҳ.61.

Сарчашма

  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Муқаррам, Лисон-ул-араб, таҳқиқ: Аҳмади Форс, Бейрут, Дорулфикр, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, Қум, интишороти китобхонаи Оятуаллоҳ Маръашӣ, 1404ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, ҷ.2, таҳқиқ: Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, Бейрут, муассисатул-аъалмӣ лилматбуъот, 1974м./1394ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, ҷ.4, таҳқиқ: Абдулазиз ал-Даврӣ, Бейрут, ҷамъиятул-мусташриқинил-олмония, 1978м./1398ҳ.қ.
  • Хасибӣ, Ҳусайн ибни Ҳамдон, ал-Ҳидоят-ул-кубро, Бейрут, албалоғ, 1419ҳ.қ.
  • «Зуссафинот», саҳифаи Муҳаммад ал-Мушрифовӣ дар пинтерс, таърихи боздид: 27 хурдоди 1401ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, тҳққиқ: Сайид Муҳаммадсодиқ Баҳрулъулум, Наҷаф, маншуроти алмактабатул-Ҳайдария, 1385ҳ.қ./1966м.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо биаълом-ил-ҳудо, Қум, муассисаи Олулбайт, 1417ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорултурос, 1387ҳ.қ./1967м.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, муассисат-ул-вафо, 1404ҳ.қ.
  • Мударриси Табрезӣ, Мирзо Муҳаммадалӣ, Райҳонат-ул-адаб, Теҳрон, Теҳрон, интишороти Хайём, 1369ҳ.ш.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияӯқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.