Мунозираи Имом Ризо бо Раъсулҷолут
Мунозираи Имом Ризо бо Раъсулҷолут (форсӣ: مناظره امام رضا با رأس الجالوت) гуфтугӯе каломӣ аст бо мавзуи исботи нубуввати Пайғамбари акрам (с). Дар ин мунозира, Имом Ризо (а) ибораҳое аз Таврот, Инҷил ва Забур барои исботи пайғамбарии ҳазрати Муҳаммад (с) шаҳодат овардааст. Ин мунозира дар ҳадисе ба нақл аз Шайх Садуқ омадааст, ки бар асоси он, бо даъвати Маъмун халифаи Аббосӣ, олимоне аз дини яҳудӣ, масеҳӣ, зардуштӣ ва собеӣ бо Имом Ризо (а) мунозира мекунанд.
Шайх Садуқ матни ин мунозираро дар китобҳои "Тавҳид" ва "Уюну ахбор-ир-Ризо" гузориш кардааст. Бар асоси ин ривоят, Раъсулҷолут дар ин мунозира аз ҷавоб ба истидлолҳои Имом Ризо (а) мондааст.
Заминаи ташаккули мунозира
Мунозираи Имом Ризо (а) бо Раъсулҷолут бо фармони Маъмун халифаи Аббосӣ анҷом гирифтааст. Ба гузориши Шайх Садуқ, вақте ки Имом Ризо (а) аз Мадина ба дарбори Маъмун дар Марв рафт, ӯ аз олимон масеҳӣ, яҳудӣ, зардуштӣ ва собеӣ хоҳиш кард, ки бо Имом Ризо (а) мунозира кунанд.[1]
Раъсулҷолут олими яҳудӣ буд ва дар ин ҷаласа ғайр аз ӯ, Ҷосалиқ (бузурги масеҳиён), бузургони собеён, Ҳирбиз (бузурги зардуштиён) ва Имрон Собӣ низ дар ҷаласа ҳозир буданд ва мунозира карданд.[2] Ҳасан ибни Муҳаммад Навфалӣ, ровии мунозира, ҳадафи Маъмунро аз баргузории он озмоиши Имом Ризо (а) донистааст.[3] Бар асоси ҳамин гузориш, вақте ки Имом Ризо (а) нигоҳи Навфалиро аз баргузории ин мунозира дид, ба ӯ гуфт: "Оё метарсӣ, ки мунозиракунандагон бар ман ғолиб шаванд... медонӣ Маъмун чӣ вақт аз ин мунозира пушаймон мешавад, вақте ки бибинад ва бишнавад, ки ман бо аҳли Таврот (яҳудиён) бо Таврот ва бо аҳли Инҷил (масеҳиён) бо Инҷил ва бо аҳли Забур бо Забур ва бо собиён ва румиён ва форсиён бар асоси ҳамон чизе, ки қабул доранд, ҳуҷҷат мекунам."[4]
Мавзуи мунозира ва натиҷаи он
Меҳвари ин гуфтугӯ масъалаи нубуввати Пайғамбари акрам (с) аст. Раъсулҷолут аз Имом Ризо (а) хоҳиш мекунад, ки ин масъаларо исбот кунад ва мегӯяд, ки танҳо суханеро мепазирад, ки аз Таврот, Инҷил, Забур ё саҳифаҳои Иброҳим ва Мусо бошad. Имом Ризо (а) қабул мекунад ва барои исботи пайғамбарии ҳазрати Муҳаммад (с) ибораҳое аз ин китобҳоро шаҳодат меорад. Баъзе аз ин шаҳодатҳо ба таври зерин ҳастанд:
- 1. Мусои набӣ ба Банӣ Исроил гуфт: «Пайғамбаре аз бародарони шумо хоҳад омад. Ӯро тасдиқ кунед ва аз Ӯ итoат намоед.» Бо назардошти он ки танҳо бародарони Банӣ Исроил фарзандони Исмоил ҳастанд ва аз миёни фарзандони Исмоил, танҳо Муҳаммад ибни Абдуллоҳ пайғамбар будааст, исбот мешавад, ки Ӯ пайғамбари Худо будааст.[5]
- 2. Дар Таврот омадааст: «Ду саворро мебинам, ки замин барояшон медурахшад: яке аз онҳо савор бар хар аст ва дигаре савор бар шутур.» Касе, ки бар хар савор аст, ҳазрати Исо аст ва шутурсавор ҳазрати Муҳаммад аст.[6]
- 3. Дар Забур, аз қавли Довуд омадааст: «Эй Худо, барпокунандаи суннат баъд аз фатратро баъс кун.» Танҳо касе, ки баъд аз ин фатра, суннати Худоро эҳё кард, Пайғамбари Ислом буд. Ин Пайғамбар наметавонад ҳазрати Исо бошад; зеро Ӯ бо суннати Таврот мухолифат накард.[7]
- 4. Дар Инҷил омадааст: «Писари зани некӯкор меравад ва Форақлито баъд аз Ӯ хоҳад омад ва Ӯ касе аст, ки вазнинӣ ва сахтиҳоро осон карда ва ҳама чизро барои шумо тафсир мекунад ва ҳамон тавр, ки ман барои Ӯ шаҳодат медиҳам, Ӯ низ барои ман шаҳодат медиҳад. Ман амсолро барои шумо овардам ва Ӯ таъвилро барои шумо хоҳад овард.»[8]
Манбаъҳои ҳадис
Матни мунозира дар китобҳои "Тавҳид"[9] ва "Уюну ахбор-ир-Ризо",[10] навиштаи Шайх Садуқ (305-381 ҳ.қ.), гузориш шудааст. Аҳмад ибни Алӣ Табарсӣ (зиста дар қарни шашум ҳиҷрӣ) низ дар "Иҳтиҷоҷ", хулосаи онро нақл кардааст.[11] Инчунин, Аллома Маҷлисӣ дар "Биҳор-ул-анвор" ҳадисро аз ду китоби Шайх Садуқ овардааст.[12]
Эътибори санади ҳадис
Риҷолиён дар хусуси силсилаи рoвиён ин ҳадис ихтилофи назар доранд. Гурӯҳе ҳамаи онҳоро сиқа донистаанд ва баъзеҳо баъзеи онҳоро ғайрисиқа шумурдаанд.[13] Илова бар ин, санади ҳадис "мурсал" аст; яъне баъзе аз афроди силсилаи рoвиёнаш зикр нашудааст. Аз ин рӯ, ҳадисро аз назари санад, заиф мешуморанд.[14] Бо вуҷуди ин, баъзе бар ин боваранд, ки ин ҳадис "заифи мақбул" аст; яъне ба рағми заифӣ дар санад, бар асоси он амал мешавад; зеро олиме боэътимод чун Садуқ онро ривоят кардааст ва Ӯ танҳо ривоятҳоеро нақл мекард, ки ба судури онҳо аз маъсум итминон дошт.[15]
Матн ва тарҷумаи мунозира
Ҳазрат ба сӯи Раис-ул-яҳуд рӯ оварда, фармуданд, ки ҳоло ман аз ту савол кунам ё ту савол мекунӣ? Ӯ гуфт, ки ман савол мекунам ва танҳо ҷавоберо мепазирам, ки ё аз Таврот бошад, ё аз Инҷил, ё аз Забури Довуд, ё Суҳуфи Иброҳим ва Мусо. Ҳазрат фармуданд, ки ҷавоберо аз ман мапазир, магар ин ки аз Тавроти Мусо, ё Инҷили Исо, ё Забури Довуд бошад. Раис-ул-яҳуд пурсид, ки аз куҷо нубуввати Муҳаммадро исбот мекунӣ? Имом фармуд, ки эй яҳудӣ, Мусо ибни Имрон, Исо ибни Марям ва Довуд, халифаи Худо дар замин, бар нубуввати ӯ шаҳодат додаанд. Ӯ гуфт, ки гуфтаи Мусо ибни Имронро собит кун. Ҳазрат фармуданд, ки оё мепазирӣ, ки Мусо ба Банӣ Исроил васият карда, гуфт: "Паёмбаре аз бародарони шумо хоҳад омад, ӯро тасдиқ кунед ва аз ӯ итоат намоед"? Ҳоло, агар хешовандӣ байни Исроил (Яъқуб) ва Исмоил ва робита байни онҳо аз тарафи Иброҳим (алайҳим-ус-салом) медонӣ, оё мепазирӣ, ки Банӣ Исроил бародароне ғайр аз фарзандони Исмоил надоштанд? Раис-ул-яҳуд гуфт, ки бале, ин гуфтаи Мусо аст ва мо онро рад намекунем. Ҳазрат фармуданд, ки оё аз бародарони Банӣ Исроил паёмбаре ғайр аз Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) омадааст? Гуфт, ки не. Ҳазрат фармуданд, ки оё аз назари шумо ин масъала дуруст нест? Гуфт, ки оре, дуруст аст, вале дӯст дорам дурустии онро аз Таврот бароям исбот кунӣ. Ҳазрат фармуданд, ки оё ин масъаларо инкор мекунӣ, ки Таврот ба шумо мегӯяд: "Нур аз кӯҳи Тур Сино омад, ва аз кӯҳи Соир бар мо дурахшид ва аз кӯҳи Форон бар мо ошкор гардид"? Раис-ул-яҳуд гуфт, ки бо ин калимаҳо ошно ҳастам, вале таъбири онҳоро намедонам. Ҳазрат фармуданд, ки ман бароят хоҳам гуфт. Ҷумлаи "Нур аз кӯҳи Тур Сино омад" ишора ба ваҳйи Худованд аст, ки дар кӯҳи Тур Сино бар Мусо (алайҳис-салом) нозил кард. Ҷумлаи "Аз кӯҳи Соир бар мо дурахшид" ишора ба кӯҳест, ки Худованд дар он ба Исо ибни Марям (алайҳимас-салом) ваҳй фиристод. Ҷумлаи "Аз кӯҳи Форон бар мо ошкор гардид" ишора ба кӯҳе аз кӯҳҳои Макка аст, ки масофааш то Макка як рӯз роҳ мебошад. "Шаъё"и паёмбар (алайҳис-салом), тибқи гуфтаи ту ва дӯстонаш, дар Таврот гуфтааст: "Ду саворро мебинам, ки замин барои онҳо медурахшад: яке аз онҳо савор бар хар аст ва дигаре савор бар шутур." Савор бар хар ва савор бар шутур кистанд? Раис-ул-яҳуд гуфт, ки онҳоро намешиносам, муаррифӣ кун. Ҳазрат фармуданд, ки он ки бар хар савор аст, Исо (алайҳис-салом) аст ва он шутурсавор Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ). Оё ин масъаларо аз Таврот инкор мекунӣ? Гуфт, ки не, инкор намекунам. Сипас ҳазрат пурсиданд, ки оё паёмбар Ҳайқуҳро (Ҳабаққуқ) мешиносӣ? Гуфт, ки бале, мешиносам. Ҳазрат фармуданд, ки Ҳайқуҳ чунин гуфтааст ва китоби шумо низ ҳамин масъаларо мегӯяд: "Худованд аз кӯҳи Форон «Байён»-ро овард ва осмонҳо аз тасбеҳгӯии Муҳаммад ва умматаш пур шудааст. Саворашро бар дарё ва хушкӣ савор мекунад, ки ишора ба тасаллути уммати ӯ бар дарё ва хушкӣ мебошад. Баъд аз харобии Байтулмуқаддас, барои мо китобе нав меоварад." Ва манзур аз китоб, Фурқон (Қуръон) аст. Оё ба ин масоил имон дорӣ? Раис-ул-яҳуд гуфт, ки ин масъаларо Ҳайқуҳ гуфтааст ва мо онро инкор намекунем. Ҳазрат фармуданд, ки Довуд дар Забураш, ки ту низ онро мехонӣ, гуфтааст: "Худоё, барпокунандаи суннат баъд аз фатратро мабъус кун." Оё паёмбаре ғайр аз Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) мешиносӣ, ки баъд аз даврони фатрат суннати илоҳиро эҳё ва барпо карда бошад? Раис-ул-яҳуд гуфт, ки ин сухани Довуд аст ва онро қабул дорам ва инкор намекунам, вале манзури ӯ Исо буд ва рӯзгори Исо ҳамон даврони фатрат аст. Ҳазрат фармуданд, ки ту намедонӣ ва иштибоҳ мекунӣ. Исо бо суннати Таврот мухолифат накард, балки мувофиқи ҳамон суннат ва роҳ буд, то он ҳангом, ки Худованд ӯро назди худ боло бурд. Дар Инҷил чунин омадааст: "Писари зани некӯкор меравад ва Форақлит баъд аз ӯ хоҳад омад. Ӯ касе аст, ки сангинӣ ва сахтиҳоро осон мекунад ва ҳама чизро барои шумо таъбир мекунад, ва чунон ки ман барои ӯ шаҳодат медиҳам, ӯ низ барои ман шаҳодат медиҳад. Ман масалҳоро барои шумо овардам ва ӯ таъвилро барои шумо хоҳад овард." Оё ба ин масъала дар Инҷил имон дорӣ? Гуфт, ки бале, онро инкор намекунам. Ҳазрат фармуданд, ки эй Раис-ул-яҳуд, аз ту дар бораи паёмбар Мусо ибни Имрон савол мекунам. Гуфт, ки бифармоед. Фармуд, ки чӣ далеле бар нубуввати Мусо ҳаст? Марди яҳудӣ гуфт, ки муъҷизаҳое овард, ки анбиёи пешин наоварда буданд. Ҳазрат фармуданд, ки монанди чӣ? Гуфт, ки монанди шикофтан дарё ва табдил кардани асо ба мор ва зарба задан ба санг ва ҷорӣ шудани чанд чашма аз он, "Яди Байзо" (дасти сафед ва дурахшон) ва низ оятҳо ва нишонаҳое, ки дигарон тавоноии иҷрои онро надоштанд ва надоранд. Ҳазрат фармуданд, ки дар он ки далели Мусо бар ҳаққонияти даъваташ ин буд, ки коре кард, ки дигарон натавонистанд анҷом диҳанд, рост мегӯӣ. Ҳоло, ҳар касе, ки иддаои нубувват кунад ва сипас коре анҷом диҳад, ки дигарон қодир ба иҷрои он набошанд, оё тасдиқи ӯ бар шумо воҷиб нест? Гуфт: Не, зеро Мусо ба хотири наздикӣ ва манзалаташ назди Худованд назир надошт ва ҳар касе, ки иддаои нубувват кунад, бар мо воҷиб нест, ки ба ӯ имон биёварем, магар он ки муъҷизоте мисли муъҷизоти Мусо дошта бошад. Ҳазрат фармуданд: Пас, чӣ гуна ба анбиёе, ки қабл аз Мусо (алайҳим-ус-салом) буданд, имон доред, дар ҳоле ки онҳо на дарёро шикофтаанд, на аз санг дувоздаҳ чашма ҷорӣ кардаанд, на мисли Мусо "Яди Байзо" доштаанд ва на асоро ба мор табдил додаанд? Яҳудӣ гуфт: Ман, ки гуфтам, ҳар гоҳ барои исботи нубуввати худ муъҷизоте биёваранд, ҳарчанд ғайр аз муъҷизоти Мусо бошад, тасдиқи онҳо воҷиб аст.
Ҳазрат фармуданд: Пас, чаро ба Исо ибни Марям имон намеоварӣ, дар ҳоле ки ӯ мурдагонро зинда мекард, нобиноён ва мубталоёни бемории песиро шифо медод ва аз гил, паррандаи гилин месохт ва дар он медамид ва он муҷассамаи гилин ба иҷозати Худо ба паррандаи зинда табдил мешуд? Раис-ул-яҳуд гуфт: Мегӯянд, ки ӯ ин корҳоро анҷом медод, вале мо надидаем. Ҳазрат фармуданд: Оё муъҷизоти Мусоро дидаӣ? Оё ахбори ин муъҷизот аз тариқи афроди қобили эътимод ба шумо нарасидааст? Гуфт: Бале, ҳамин тавр аст.
Ҳазрат фармуданд: Хуб, инчунин дар бораи муъҷизоти Исо ибни Марям (алайҳимас-салом) хабарҳои мутавотир барои шумо нақл шудааст, пас чаро Мусоро тасдиқ кардед ва ба ӯ имон овардед, вале ба Исо имон наовардед? Марди яҳудӣ ҷавобе надод. Ҳазрат идома доданд: Ҳамин гуна аст масъалаи нубуввати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ва низ ҳар паёмбари дигаре, ки аз тарафи Худо мабъус шудааст.
Аз ҷумлаи муъҷизоти Паёмбари мо ин аст, ки ӯ ятим буд, фақир ва чӯпонӣ мекард ва барои ин кор музд мегирифт. Ҳеҷ донишеро наомӯхта буд ва назди ҳеҷ муаллим рафтуомад надошт. Бо ҳамаи ин, Қуръонеро овард, ки қиссаҳои анбиё ва саргузашти онҳоро ҳарф ба ҳарф дар бар дорад, ахбори гузаштагон ва ояндагонро то рӯзи қиёмат бозгӯ кардааст ва аз асрори онҳо ва корҳое, ки дар хонаҳои худ анҷом медоданд, хабар додааст ва оятҳо ва муъҷизоти бешуморе пешниҳод кардааст.
Раис-ул-яҳуд гуфт: Масъалаи Исо ва Муҳаммад аз назари мо собит нашудааст ва барои мо ҷоиз нест, ки ба он чи собит нашудааст, имон биёварем. Ҳазрат фармуданд: Пас, гувоҳе, ки барои Исо ва Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) шаҳодат дод, шаҳодати ботил додааст? Яҳудӣ ҷавобе надод.[16][17]
Шарҳҳо
Бар ҳадиси Раъсулҷолут ҳудуд нӯҳ шарҳ навишта шудааст:[18]
1. "Ал-Фавойидур-Разавия" - асари Қозӣ Саид Қумӣ аст.[19] Имом Хомайнӣ таълиқае бар ин китоб навиштааст.[20]
2. "Шарҳи ҳадиси Раъсулҷолут" - Мулло Абдуссаҳоб Муҳаммад ибни Аҳмад Нароқӣ (ваф.1297 ҳ.қ.).[21]
Мирзои Қумӣ (ваф.1231 ҳ.қ.), Аҳмад Аҳсоӣ (ваф.1243 ҳ.қ.), Муҳаммад ибни Муҳаммад Ҳасан Машҳадӣ Тӯсӣ (ваф.1257 ҳ.қ.), Муҳаммад Исмоил ибни Муҳаммад Ҷаъфар Исфаҳонӣ (ваф.1280 ҳ.қ.), Мулло Абдурраҳим ибни Муҳаммад Юнус Дамовандӣ аз дигар олимоне ҳастанд, ки ин ҳадисро шарҳ кардаанд.[22]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Шайх Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.417-418; Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ. 1, саҳ.154-155
- ↑ Шайх Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.417-441; Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ. 1, саҳ.154-175
- ↑ Шайх Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.419; Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ. 1, саҳ.155
- ↑ Шайх Садуқ, Ат-Тавҳид, 1357ҳ.ш., саҳ.419
- ↑ Шайх Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.427; Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ. 1, саҳ.164-165
- ↑ Шайх Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.428; Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ. 1, саҳ.165
- ↑ Шайх Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.428; Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ. 1, саҳ.166
- ↑ Шайх Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.428; Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ. 1, саҳ.166
- ↑ Шайх Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.417-441
- ↑ Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ. 1, саҳ.154-175
- ↑ Табарсӣ, Ал-Иҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.415-425
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.299-318
- ↑ Хусравиён, «Баррасӣ ва таҳлили санади мунозироти Имом Ризо (а) дар Ироқ ва Хуросон», саҳ.112-113, 116-125
- ↑ Хусравиён, «Баррасӣ ва таҳлили санади мунозироти Имом Ризо (а) дар Ироқ ва Хуросон», саҳ.126
- ↑ Хусравиён, «Баррасӣ ва таҳлили санади мунозироти Имом Ризо (а) дар Ироқ ва Хуросон», саҳ.126
- ↑ Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.164-167
- ↑ Шайх Садуқ, Тарҷумаи Уюну ахбор-ир-Ризо, 1372ҳ.ш., саҳ.333-339
- ↑ Ҳусайнӣ, «Таҳқиқ» дар ҳадиси Раис-ул-Ҷолут, бетаъ., саҳ.224
- ↑ Оқобузург Теҳронӣ, Аз-Зариа, 1408ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.199
- ↑ Ҳусайнӣ, «Таҳқиқ» дар ҳадиси Раис-ул-Ҷолут, бетаъ., саҳ.225
- ↑ Оқобузург Теҳронӣ, Аз-Зариа, 1408ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.199
- ↑ Ҳусайнӣ, «Таҳқиқ» дар ҳадиси Раис-ул-Ҷолут, бетаъ., саҳ.225
Сарчашма
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ул-ҷомеа ли дурар ахбор-ил-Аимма-ил-Атҳор, Бейрут, Дар Иҳёи Туроси Арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Оқобузург Теҳронӣ, МуҳаммадМаҳсин, Аз-Зариа ила тасонифи-ш-Шиа, Қум ва Теҳрон, 1408ҳ.қ.
- Табарсӣ, Аҳмад бин Алӣ, Ал-Иҳтиҷоҷ ала аҳли-л-лаҷоҷ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳаммадбоқир Хуросон, Машҳад, Нашри Муртазо, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
- Хусравиён Қаллазӯ, Ҷаъфар, «Баррасӣ ва таҳлили санади мунозироти Имом Ризо (а) дар Ироқ ва Хуросон», дар Пажӯҳишҳои Қуръон ва ҳадис, шумораи 1, 1397ҳ.ш.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад бин Алӣ, Ат-Тавҳид, таҳқиқ ва тасҳеҳи Ҳошим Ҳусайнӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи Илмияи Қум, чопи аввал, 1398ҳ.қ.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад бин Алӣ, Тарҷумаи Уюну ахбор-ир-Ризо, тарҷумаи Алӣ Акбар Ғаффорӣ ва Ҳамидризо Мустафид, Теҳрон, Нашри Садуқ, чопи аввал, 1372ҳ.ш.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад бин Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо, таҳқиқ ва тасҳеҳи Маҳдӣ Лоҷевардӣ, Теҳрон, Нашри Ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.қ.
- Ҳусайнӣ, Муҳаммадризо, «Таҳқиқ» дар шарҳи ҳадиси Раис-ул-Ҷолут, таълифи Мулло Абдулсоҳиб Муҳаммад бин Аҳмад Нарақӣ, бетаъ.