Jump to content

Набарди Толут ва Ҷолут

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Набарди Толуту Ҷолут)
Довуд ва Ҷолут, асари Асмар Шиндлер - наққоши олмонӣ

Набарди Толут ва Ҷолут (форсӣ: نبرد طالوت و جالوت) аз достонҳои Қуръон аст, ки ривояткунандаи набарде байни Толут аз подшоҳони Банӣ Исроил ва Ҷолут аз душманони Банӣ Исроил мебошад. Ин достон дар оятҳои 246 то 251 сураи Бақара баён шудааст. Мувофиқи ривояти Қуръон, Банӣ Исроил пас аз инҳироф аз таълимоти Илоҳӣ, зери зулми фаластиниҳо қарор гирифтанд ва Тобути Аҳдро аз даст доданд. Худо як шахси ношинохта ба номи Толутро ба подшоҳии онҳо интихоб кард. Лашкари бузурге аз яҳудиён гирди ӯ ҷамъ шуданд; аммо пас аз озмунҳои гуногун, фақат андаке аз онҳо дар канори ӯ боқӣ монданд. Дар рӯзи набард, Довуд (а) бо партофтани санге аз фалахун, Ҷолутро кушт ва Банӣ Исроил пирӯз шуданд.

Аз назари муфассирони шиа, ин достони қуръонӣ ба аҳамияти ҷиҳод дар баробари зулму фасод, хусусиятҳои зарурӣ барои роҳбарию имомат ва истқомат дар озмунҳои Илоҳӣ ишора дорад. Ҳамчунин, достон таъкид мекунад, ки бартарии ададӣ барои пирӯзӣ кофӣ нест ва пирӯзии ниҳоӣ аз они аҳли имон аст. Дар баъзе ривоятҳо, маҷрои интихоби ёрони Имом Маҳдӣ (аҷ)-ро ба озмунҳои илоҳии ёрони Толут ташбеҳ кардаанд.

Пажуҳишгарон, Толут дар Қуръонро бо шахсияти Шоул дар Аҳди Атиқ яке донистаанд. Бо ин ҳол ривояти қуръонии ин набард бо Аҳди Атиқ фарқ мекунад. Ин достон, ҳанӯз дар қарни бисту якуми мелодӣ, дар адабиёти сиёсии масъулони режими саҳюнистӣ истифода мешавад.

Аҳамият

Набарди Толут ва Ҷолут аз достонҳои Қуръон аст. Ин қисса дар оятҳои 246 то 251 сураи Бақара омадааст. Муфассирони шиа бар асоси достони Толут истидлол кардаанд, ки пешвоёни мардум бояд хусусиятҳое чун дониш ва шуҷоат дошта бошанд.[1] Дар аҳодиси шиа низ ин хусусиятҳоро аз хислатҳои имом донистаанд.[2] Ҳамчунин дар баъзе ривоятҳо, моҷарои интихоби ёрони Имом Маҳдӣ (аҷ)-ро ба озмунҳои илоҳии ёрони Толут ташбеҳ кардаанд.[3]

Ташкили лашкари Толут

Мувофиқи гузориши муфассирони мусулмон, Банӣ Исроил пас аз Мусо (а) аз суннатҳои Илоҳӣ фосила гирифтанд ва байни онҳо тафриқа афтод. Ҳамин боиси он шуд, ки аз фаластинҳо шикаст хӯрданд, аз замини худ берун ронда шуданд ва Тобути Аҳдро низ аз даст доданд.[4] Яҳудиён аз Шомуили пайғамбар хостанд, ки фармондеҳе барои онҳо интихоб кунад, то бо душман ҷанг кунанд.[5] Худо як шахси ношинохта ба номи Толутро фармондеҳи онҳо қарор дод. Мувофиқи манбаъҳо, яҳудиён эътироз карданд, ки Толут аз насли олӣ ва сарват бебаҳра аст;[6] аммо Худо Тобути Аҳдро ҳамчун нишонае Илоҳӣ ба онҳо баргардонд ва онҳо ӯро қабул карданд.[7] Ба гуфтаи муфассирон, пас аз ин нишонаи Илоҳӣ, ҷамъияти бузурге гирди Толут ҷамъ шуданд.[8]

Набард бо Ҷолутиён

Бар асоси оятҳои Қуръон, Толут барои озмуни иродаи лашкариёнаш гуфт, ки ба зудӣ ба дарёе хоҳанд расид ва касе, ки қасди идомаи роҳро дорад, набояд ғайр аз миқдори каме аз он биёшомад;[9] аммо аксари ҳамроҳонаш худро сероб карданд.[10] Дар баъзе манбаъҳо омадааст, ки чанд ҳазор нафар нофармонӣ карданд.[11] Толут аксарияти нофармононро раҳо кард ва ба сӯи майдони набард рафт.[12] Баъзе аз аъзоёни боқимонда, аз камии ҷамъияти худ ба ваҳшат афтоданд; аммо онҳое, ки ба тақдири Илоҳӣ имон доштанд, ҳамроҳи Толут монданд.[13] Дар оғози ҷанг, касе ҷуръати мубориза бо Ҷолутро надошт; аммо навҷавононе ба номи Довуд санге бо фалохун партофт ва санг ба пешонии Ҷолут хӯрд ва кушта шуд.[14] Кушта шудани Ҷолут боиси ҳароси лашкари фаластинҳо шуд ва аз лашкари хурди Толут гурехтанд ва Банӣ Исроил пирӯз шуданд.[15]

Бардоштҳои муфассирон аз қисса

Аҳамияти ҷиҳод зидди зулму фасод

Баъзе соҳибназарон бар ин боваранд, ки Қуръон бо баёни набарди Толуту Ҷолут ба аҳамияти ҷиҳод зидди зулму фасод ишора кардааст.[16] Мувофиқи оятҳои Қуръон, Банӣ Исроил барои мубориза бо фасоди Ҷолут, аз Худо дархости фармондеҳ карданд ва қавл доданд, ки дар вақти ҷиҳод ба фармони ӯ амал кунанд; аммо дар вақти ҷиҳод ба ваъдаи худ амал накарданд;[17] аммо гурӯҳе, ки боқӣ монданд, тавонистанд бар душман пирӯз шаванд.[18]

Хусусиятҳои пешвоён ва ҳокимон

Оятҳои 246 то 251 сураи Бақара, дониш ва тавоноиро ду сифати асосии пешвои мардум бармешуморанд ва маъёрҳои дигаре чун сарват ё шарофати оилавиро шохиси муҳимме дар интихоби роҳбар намедонад.[19] Фазл ибни Ҳасан Тобарсӣ аз муфассирони шиа, бо такя ба достони Толут истидлол кардааст, ки имом бояд донишмандтарин ва шуҷоътарин шахс дар уммати худ бошад.[20] Дар ривояте аз Имом Ризо (а) ба ин масъала тасриҳ шудааст.[21]

Дар ривояти дигар, ҳукмронии Толут намунае аз ҳукумате дониста шудааст, ки аз ҷониби Худо таъин шудааст, на бо зӯру ғалаба бар мардум.[22] Ба гуфтаи Аллома Тобатобоӣ, мувофиқи ин оятҳо, ҳоким бояд умури ҷомеаро ба тавре тадбир кунад, ки ҳар як шахси ҷомеа ба камоли лоиқи худ бирасад. Барои чунин ҳукумате, ҳоким бояд ҳам илм ба тамоми маслиҳати ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳам қудрати иҷрои он маслиҳатро дошта бошад, ки ҳарду дар Толут ҷамъ буданд.[23]

Аҳамияти истқомат дар озмунҳои Илоҳӣ

Ба гуфтаи Муҳсин Қироатӣ, аз ин оя бардошт мешавад, ки афроде, ки даъвои мубориза дар роҳи Худоро доранд, дар баъзе марҳалаҳои озмуни Илоҳӣ муваффақ мешаванд; аммо дар марҳалаи дигар шикаст мехӯранд.[24] Ӯ марҳалаҳои озмуни лашкари Толутро ин тавр дастабандӣ мекунад, ки бисёре аз афроде, ки дар ибтидо эълони омодагӣ карданд, пас аз фармони ҷанг пушаймон шуда баргаштанд; баъзе ба сабаби гумномӣ ва фақирии Толут аз ҷамъи муборизон ҷудо шуданд; ҷамъе аз боқимондагон, аз фармони бевоситаи Толут сарпечӣ карданд ва аз наҳри мамнуа об нӯшиданд ва баъзе аз афрод ҳам дар муқобили ҷамъияти душман тарсиданд. Аз ин рӯ, фақат ҷамъияти андаке дар канори Толут ҷанг карданд.[25]

Дар баъзе ривоятҳо аз рӯде, ки ёрони Толут бо он озмун шуданд, ҳамчун мисоле барои озмуни мардум дар вақти зуҳури Қоими Оли Муҳаммад ёд шудааст.[26]

Пирӯзии ақаллияти муъмин бар аксарияти кофирон

Дар сарчашмаҳои исломӣ, пирӯзии лашкари андаки Толут бар лашкари бузурги Ҷолутро намунае аз пирӯзии муъминон бар кофирон донистаанд, ҳарчанд шумораи муъминон камтар аз кофирон бошад.[27] Аз Имом Боқир (а) нақл шудааст, ки дар ниҳоят, фақат 313 нафар ба фармони Толут амал карданд ва тавонистанд дар ҷанг бо Ҷолут ширкат кунанд.[28] Пажуҳишгарон мегӯянд, аз нигоҳи Қуръон, чизе, ки боиси пирӯзии лашкари андаки Толут шуд, қуввати имони онҳо буд.[29]

Ривояти Аҳди Атиқ аз набард

Пажуҳишгарон муътақиданд, ки Толут дар Қуръон ҳамон Шоул дар Аҳди Атиқ аст.[30] Шоул дар Аҳди Атиқ ҳамчун як пайғамбар муаррифӣ мешавад; аммо гоҳе ба корҳое даст мезанад, ки мавриди ризои Худо нест.[31] Барои мисол, ба хилофи хоҳиши Худо аз тахриб ва оташ задани хонаҳои Ҷолутиён худдорӣ мекунад.[32] Ҳамчунин, вақте ки Худованд Довудро подшоҳи Банӣ Исроил мекунад, Толут ба ӯ ҳасад меварзад ва Довуд ба ҳамин далел ӯро ба сафи аввали ҷанг мефиристад.[33] Дар ниҳоят низ Шоул аз фаластинҳо шикаст мехӯрад ва худкушӣ мекунад.[34]

Ишораи масъулони режими саҳюнистӣ ба қисса

Баъзе аз манбаъҳо, Ҷолутро подшоҳ ва фармондеҳи қавме ба номи Амолиқ (қавме дар Фаластини бостон) донистаанд.[35] Бинёмин Нетанёҳу, нахуствазири Исроил, пас аз амалиёти Тӯфони Ақсо, фаластиниёнро Амолиқ хонд.[36] Ишораи Нетанёҳу ба яке аз маҷроҳои фаръии қиссаи набарди Шоул буд. Мувофиқи ривояти Аҳди Атиқ, Худо ба Шоул фармуд, ки Амолиқ-ро бикушанд ва занон, афроди хурдсол ва чаҳорпоёнашонро аз байн бибаранд; зеро дар 350 сол пеш аз Шоул, ба Банӣ Исроил иҷозати убур аз замини худро надоданд.[37]

Эзоҳ

  1. Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би-аълом-ил-ҳудо, Теҳрон, саҳ.411
  2. Қумӣ Машҳадӣ, Тафсири канз-уд-дақоиқ, 1367ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.381
  3. Нӯъмонӣ, ал-Ғайба, 1397ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.316
  4. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.230
  5. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.230
  6. Табатобоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1352ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.286; Ибни Қутайба, ал-Маориф, 1992 м., саҳ.45; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.67; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, ҷ.24, саҳ.440
  7. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.232
  8. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.233
  9. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.617
  10. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.233; Табатобоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.293
  11. Шуббар, Тафсир-ул-Қуръон-ил-карим, 1412ҳ.қ., саҳ.78
  12. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.233; Табатобоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.293
  13. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.233
  14. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.233
  15. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.233
  16. Ҳусайнӣ Кӯҳсорӣ, «Фалсафаи ҷиҳод дар достони Толут ва Ҷолут...», саҳ.360
  17. Ҷаъфарӣ, «Нукоти ҷолибе аз достони Толут ва Ҷолут», саҳ.31
  18. Ҷаъфарӣ, «Нукоти ҷолибе аз достони Толут ва Ҷолут», саҳ.34
  19. Ҳусайнӣ Кӯҳсорӣ, «Фалсафаи ҷиҳод дар достони Толут ва Ҷолут...», саҳ.359; Кадканӣ ва Майбудӣ, «Баррасӣ татбиқи интихоби Толут...», саҳ.170
  20. Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би-аълом-ил-ҳудо, Теҳрон, саҳ.411
  21. Қумӣ Машҳадӣ, Тафсири канз-уд-дақоиқ, 1367ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.381
  22. Қумӣ Машҳадӣ, Тафсири канз-уд-дақоиқ, ҷ.11, саҳ.243
  23. Табатобоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1352ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.286
  24. Қироатӣ, Тафсири нур, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.388
  25. Қироатӣ, Дарсҳое аз Қуръон, саҳ.1670
  26. Нӯъмонӣ, ал-Ғайба, 1397ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.316
  27. Қуртубӣ, Ҷомеъ-ул-аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.255
  28. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.316
  29. Ҷаъфарӣ, «Нукоти ҷолибе аз достони Толут ва Ҷолут», саҳ.34
  30. Неъматӣ Пуралӣ, Дилоро, «Баррасӣ татбиқи достони Толут дар Қуръон ва Аҳди Атиқ», саҳ.9
  31. Неъматӣ Пуралӣ, Дилоро, «Баррасӣ татбиқи достони Толут дар Қуръон ва Аҳди Атиқ», саҳ.10 - 12
  32. Неъматӣ Пуралӣ, Дилоро, «Баррасӣ татбиқи достони Толут дар Қуръон ва Аҳди Атиқ», саҳ.12
  33. Неъматӣ Пуралӣ, Дилоро, «Баррасӣ татбиқи достони Толут дар Қуръон ва Аҳди Атиқ», саҳ.12
  34. Неъматӣ Пуралӣ, Дилоро, «Баррасӣ татбиқи достони Толут дар Қуръон ва Аҳди Атиқ», саҳ.12
  35. Замахшарӣ, Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.296
  36. «نتانیاهو همچنان از عهد عتیق برای توجیه قتل عام مردم غزه استفاده می‌کند», Пойгоҳи хабарии Сиёқ
  37. Кадканӣ ва Майбудӣ, «Баррасӣ татбиқи интихоби Толут...», саҳ.173

Сарчашма

  • «نتانیاهو همچنان از عهد عتیق برای توجیه قتل عام مردم غزه استفاده می‌کند», Пойгоҳи хабарӣ Сиёқ, санаи нашри матлаб, 13 обони 1402ҳ.ш., санаи боздид 10 обони 1403ҳ.ш.  
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, Ал-кашшоф, Бейрут, Дору-л-китоб-ул-арабӣ, 1407ҳ.қ.  
  • Ибни Қутайба, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Маориф, Қоҳира, Ал-ҳайату-л-мисрияту-л-омма ли-л-китоб, 1992 м.  
  • Кадканӣ Ҳошим; Фокир Майбудӣ, Муҳаммад, «Баррасӣ татбиқи интихоби Толут ба унвони подшоҳи Банӣ Исроил дар тафсири Қуръон ва Аҳди Атиқ», Мутоолиёти тафсирӣ, № 33, баҳори 1397ҳ.ш.  
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дору-л-кутуб исломӣ, 1407ҳ.қ.  
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб исломӣ, 1374ҳ.ш.  
  • Масъудӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маъодин-ул-ҷавҳар, Қум, Дор-ул-ҳиҷра, 1409ҳ.қ.  
  • Муҳсин Қироатӣ, Дарсҳое аз Қуръон, Дарсҳое аз Қуръон, саҳ.1670, Маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, бе то  
  • Неъматӣ Пуралӣ, Дилоро, «Баррасӣ татбиқи достони Толут дар Қуръон ва Аҳди Атиқ», Маърифати адён, № 37, зимистони 1397ҳ.ш.
  • Нӯъмонӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Ғайба, Теҳрон, Мактабату-с-Содуқ, 1397ҳ.ш.  
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би-аълом-ил-ҳудо, Теҳрон, Дору-л-кутуб исломӣ, бе то  
  • Табатобоӣ, Муҳаммад Ҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аълами ли-л-матбуот, 1352ҳ.ш./1393ҳ.қ.  
  • Шафӣъӣ, Саид, «Толут», Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷилди 30, Теҳрон, Бунёди доирату-л-маъорифи бузурги исломӣ, бе то  
  • Шуббар, Сайид Абдуллоҳ, Тафсир-ул-Қуръон-ил-карим, Бейрут, Дору-л-балоға ли-т-тибоа ва-н-нашр, 1412ҳ.қ.  
  • Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири нур, Теҳрон, Маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, 1388ҳ.ш.  
  • Қумӣ Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммадризо, Тафсири канз-уд-дақоиқ ва баҳру-л-ғароиб, Теҳрон, Возирати фарҳанг ва иршоди исломӣ, Муассисати тобеъ ва нашр, 1367ҳ.ш.  
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Ал-ҷомеъ ли-аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хусрав, 1364ҳ.ш.  
  • Ҳусайнӣ Кӯҳсорӣ, Сайид Исҳоқ, «Фалсафаи ҷиҳод дар достони Толут ва Ҷолут аз дидгоҳи Қуръони карим», Фалсафаи дин, давраи 11, № 2, тобистони 1393ҳ.ш.  
  • Ҷаъфарӣ, Яъқуб, «Нукоти ҷолибе аз достони Толут ва Ҷолут», Дарсҳое аз мактаби Ислом, соли 45, № 4, тири 1384ҳ.ш.