Тақво

Аз wikishia
Макорими ахлоқ

Тақво ҳолате ё неруе дар рӯҳ аст, ки ба инсон, масуният ва имунитети рӯҳию ахлоқӣ медиҳад; ба тавре ки агар дар муҳити гуноҳ қарор гирад, он ҳолат ва малакаи рӯҳӣ, ӯро нигоҳ медорад.

Дар Қуръон, ривоёти Пайғамбар (с) ва имомони маъсум (а) ва суханони олимони дин бар аҳамияти тақво таъкид шуда ва фоидаҳое барои он дар зиндагии дунявӣ ва охират баён шудааст.

Бахшида шудани гуноҳон, қабулии аъмол назди Худованд, расидан ба фалоҳу наҷоту растагорӣ, доро шудани тавоноии фарқи ҳақ аз ботил, ризқи ҳалол ва наҷот аз душвориҳоро баъзе аз фоидаҳои тақво номбар кардаанд.

Илова бар аҳодиси фаровоне, ки ба ин мавзӯъ пардохтаанд, хутбаи 193-и Наҳҷ-ул-балоға, машҳур ба хутбаи Ҳаммом, ба баёни авсофи муттақину парҳезгорон ихтисос дорад.

Барои тақвою парҳезгорӣ дараҷаҳои гуногун баён кардаанд. Дар ривояте, ки аз Имом Содиқ (р) нақл шудааст, се дараҷа барои тақвою парҳезгорӣ зикр шуда, ки иборатанд аз: 1 - тақвои умумӣ, ки аз тарси азоби дӯзах тарк кардани ҳаром аст, 2 - тақвои хос, ки иборат аз он аст, ки инсон, натанҳо ҳаромҳо, балки шакҳоро (коре, ки эҳтимоли ҳаром будан дорад)-ро низ тарк кунад, 3 - тақвои хосул-ахас, дараҷае аст, ки инсон на танҳо шак, балки (баъзе) корҳои ҳалолро низ тарк мекунад.

Ҳамчунин олимони дин, тибқи ривоёт барои ҳар узве аз бадан, ки дар маърази гуноҳ аст, монанди гӯш, чашм, забон ва дил, мувофиқи он узв, тақвои онро баён кардаанд.

Мафҳумшиносӣ

Тақвои ҳолате дар инсон аст, ки ба ӯ амнияти рӯҳию ахлоқӣ медиҳад ва боис мешавад вақте дар муҳити гуноҳ қарор мегирад гуноҳ накунад.[1] Калимаи «тақво» аз модаи «вақо» ба маънои «нигаҳдорӣ ва ҳифзу сиёнат», гирифта шуда ва дар луғат, ба маънои худнигаҳдорӣ ва ҳифзи нафс аст.[2]

Маъноҳои тақво дар Қуръон

Баъзе пажуҳишгарон бо тавваҷуҳ ба оёти Қуръон, чаҳор маъно барои тақво номбар кардаанд:[3]

  1. Ба маънои чизе ки инсон байни худ ва чизе ки аз он метарсад, садд қарор медиҳад то аз газанди он дар амон бимонад.[4] тақво дар ояти «وَ جَعَلَ لَکُمْ سَرَابِیلَ تَقِیکُمُ الْحَرَّ; ва либосҳое бароятон қарор дод, ки шуморо аз гармо нигаҳ медорад»,[5] ба ҳамин маъно ба кор рафтааст.[6] Ба гуфтаи Изутсу, ин маъно байни арабҳои пеш аз Ислом низ истифода мешудааст.[7]
  2. Ба маънои тарс аз ғазаб ё азоби Илоҳӣ дар охират.[8] Тақво дар ояти « وَ اتَّقُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ شَدِیدُ الْعِقَابِ; аз Худо битарсед, ки азоби Худо сахт аст»,[9] ба ҳамин маъно ба кор рафтааст.[10]
  3. Ба маънои амал ба тоъат ва тарки гуноҳ.[11] Тақво дар ояти «یا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا اتَّقُوا اللهَ وَلْتَنْظُرْ نَفْسٌ ما قَدَّمَتْ لِغَدٍ; эй касоне ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва ҳаркас бояд нигарад, ки барои фардо [и худ] чӣ пеш фиристодааст»[12] ба ин маъно ба кор рафтааст.[13]
  4. Маънои дигари тақво иборат аст аз навъе ҳолати қалбӣ ва малакаи нафсоние, ки мояи басирати инсон ба тоъат ва маъсият аст ва расидан ба ин маъно, ба тоъату пайравӣ аз фармонҳои Илоҳӣ (амру наҳй) ва бодавом будан бар анҷоми онҳост.[14]

Имом Алӣ (а):

Тақво ин аст, ки агар амали туро дар як табақи саркушода гузошта шуда ва дар саросари ҷаҳон нишон дода шавад, то мардум бубинанд, дар он чизе набошад, ки аз он шарм кунӣ!

Айносӣ, ал-Исноъашарийя фи-л-мавоъиз-ил-ададийя, 1384ҳ.ш., саҳ.702.

Гуфта мешавад, ки ин чаҳор маъно ба ҳам пайванданд ва дар якҷоягӣ низом ва манзумаи тақворо ташкил медиҳанд; ба ин маъно, ки тарс аз азоби Худо (маънои дувум) боиси риояти амрҳо ва наҳйҳои Ӯ (маънои сеюм) мешавад ва ба ин васила инсон байни худ ва хашму азоби Илоҳӣ садде қарор медиҳад (маънои аввал) ва пайравӣ аз амрҳо ва наҳйҳои Худованд рафта-рафта сабаб мешавад, ки тақворо дар қалби мӯъмин малака гардонад (маънои чаҳорум).[15]

Нисбати тақво бо вараъ

Мақолаи аслӣ: Вараъ

Дар баъзе ривоятҳо тақво ва вараъ дар канори ҳам нақл шудаанд.[16] Муҳаммадмаҳдии Нароқӣ ин дуро ҳаммаъно дониста[17] ва ду маъно барои вараъ зикр кардааст, ки бар тақво низ сидқ мекунанд: 1- вараъ ба маънои худнигаҳдорӣ аз дороии ҳаром аст, ки ба гуфтаи Нароқӣ дар бархе ривоёт, тақво ба ҳамин маъно омадааст. 2- Худнигаҳдорӣ ва парҳез аз ҳар гуна гуноҳ ба хотири хавф аз ғазаби Илоҳӣ ва талаби ризояти Ӯст.[18]

Бархе низ монанди Абдуқодири Муллоҳувайш Оли Ғозӣ - олими ҳанафимазҳаби аҳли Сурия дар қарни чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ, вараъро ғайр аз тақво ва бартар аз он донистаанд.[19] Ба гуфтаи инҳо, тақво иҷтиноб аз ҳаром ва анҷоми воҷиботи Илоҳӣ аст ва вараъ мақоме болотар аз тақво ва ба маънои иҷтиноб аз шакҳо ва корҳои ҳалоле аст, ки мумкин аст заминасози анҷоми гуноҳ бошанд.[20]

Ҷойгоҳ

Калимаи тақво аз калимоти шоеъ ва роиҷи динӣ аст, ки дар Қуръон ба шакли исмӣ ва феълӣ бисёр ба кор рафтааст.[21] Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ, тақрибан ба ҳамон андоза ки дар Қуръон аз имон ва амали солеҳ ва намозу закот ва ҳатто беш аз он миқдор, ки масалан калимаи рӯза зикр шудааст, аз тақвои ном бурда шудааст.[22] Ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, худи калимаи тақво 17 бор ва муштақоти он ва калимоти ҳамхонаводаи он беш аз 200 бор дар Қуръон омадааст.[23] Калимаи тақво дар ривоёти имомони маъсум (а) низ бисёр ба кор рафтааст.[24] Кулайнӣ дар китоби ал-Кофӣ фаслеро бо унвони «бобул-тоъати вал-тақво» ба аҳодисе дар бораи тақво ихтисос додааст.[25]

Дар Наҳҷ-ул-балоға низ аз ҷумла калимаҳое, ки бисёр бар онҳо такя шудааст, калимаи «тақво» аст.[26] Ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, калимаи тақво бо муштақоти он ҳудуди 100 бор дар Наҳҷ-ул-балоға ба кор рафта ва аз калимаҳои калидие дар суханони Имом Алӣ (а) аст.[27] Дар осоре ҳам, ки дар заминаи ахлоқи исломӣ навишта шудааст, дар бораи тақво ва осори он сухан ба миён рафтааст.[28] Ҳамчунин тақво дар суханони суфия ва орифон, аз мақомоти ирфонӣ ба шумор рафта ва дар нисбат, бо ду мафҳуми вараъ ва қалб маъно меёбад.[29]

Дар калимоти фуқаҳо низ ҷойгоҳи тақво дар бархе аз аҳком баён шудааст,[30] аз ҷумла, ба фатвои фақеҳон, бар имоми ҷумъа фарз аст, ки дар хутбаи намози ҷумъа ба тақво тавсия кунад.[31] Ба фатвои бархе фақеҳон дар сурати баробар будани ду муҷтаҳид аз назари илмӣ, бар муқаллид фарз аст, аз муҷтаҳиде, ки ботақвотар аст, тақлид кунад.[32]

Бархе баёноти Қуръон, ривоёт ва уламо дар бораи тақво

Имом Алӣ (а):

Тақвои Илоҳӣ, доруии бемориҳои дилҳои шумост ва сабаби биноии қалбҳо ва шифои бемориҳои ҷисмонӣ ва мӯҷиби ислоҳи фасоди ҷонҳо ва покизагӣ аз олӯдагии арвоҳ ва ҷалои нобиноии чашмҳо ва сабаби амният дар баробари изтиробҳо ва равшаноии тирагиҳои шумост!

Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 198, саҳ.312.

Дар ояти 13-и сураи Ҳуҷурот, милоки арзишгузории инсонро риояти тақвои Илоҳӣ муаррифӣ кардааст.[33] Мутобиқи ояти 197-и сураи Бақара, беҳтарини тӯшаи маънавӣ барои охират, тақво аст.[34] Дар ояти 26 сураи Аъроф баъд аз зикри либосҳои тан, тақво либоси рӯҳ ва либоси некутару лозимтар муаррифӣ шудааст.[35]

Дар хутбаи 112-и Наҳҷ-ул-балоға, аз Имом Алӣ (а) чунин нақл шудааст, ки тақвои Илоҳӣ, дӯстони Худоро дар ҳимояти худ қарор дода ва онҳоро аз таҷовуз ба ҳарими муҳаррамоти Илоҳӣ нигаҳ дошта, хавфи Худоро ҳамроҳи дилҳои онҳо қарор додааст.[36] Дар хутбаи 16, масали тақворо масали маркабҳои мутиъу роме донистааст, ки маҳори онҳо дар ихтиёр касоне аст, ки бар онҳо саворанд ва онҳоро вориди биҳишт месозанд.[37] Дар хутбаи 189 гуфтааст, тақво дар имрӯзаи дунё барои инсон ба манзалаи як ҳисору сипар аст ва дар фардои охират, роҳи биҳишт аст.[38] Дар хутбаи 228, тақворо калиди дурустӣ ва захираи рӯзи қиёмат, озодӣ аз қайди бардагӣ ва наҷот аз ҳар бадбахтие донистааст.[39] Имом Саҷҷод (а), тақворо сабаби расидан ба иззати инсонӣ дониста,[40] зимни бархе дуоҳои Саҳифаи Саҷҷодия, доштани тақвои Илоҳиро аз даргоҳи Худованд дархост кардааст.[41]

Дар ривояте аз Пайғамбар (с), тақво, ҷамъи ҳамаи некиҳо муаррифӣ шудааст.[42] Аз Имом Боқир (а) нақл шудааст, ки маҳбубтарини бандагон назди Худованд ботақвотарини онон аст.[43] Ҳамчунин дар ривояти дигаре аз ӯ, шиаёни воқеӣ касоне муаррифӣ шудаанд, ки тақвои Илоҳӣ пеша мекунанд.[44] Тибқи ривояте аз Имом Содиқ (а), амали каме, ки бо тақво ҳамроҳ аст, беҳтар аз амали зиёди бидуни тақвост.[45]

Роғиби Исфаҳонӣ (ваф.396ҳ.қ.) - ҳаким ва луғатшинос, дар аз-Зариъа ило макорим-иш-шариъат, тақво ва таҳорати нафсро шарти аслии халифатуллоҳии инсон муаррифӣ кардааст.[46] Ибни Фаҳди Ҳиллӣ дар китоби Иддат-уд-доъӣ дар баёни аҳамияти тақво гуфтааст, ки агар барои инсон дар олам, хислате некӯтар, судмандтар ва аз ҷиҳати манзалат, рафиътар аз тақво вуҷуд медошт, қатъан Худованд ба василаи ваҳй ба бандагонаш хабар медод.[47] Муҳаммадмаҳдии Нароқӣ дар китоби Ҷомеъ-ус-саъодот, тақворо бузургтарин наҷотдиҳандаи инсон ва аз муҳимтарин роҳҳои расидан ба саодат ва мақомоти воло муаррифӣ кардааст.[48] Имом Хумайнӣ низ дар Шарҳи чиҳил ҳадис, расидан ба мақомот ва касби камолоти волои инсониро бидуни тақво, ғайри мумкин донистааст.[49]

Марҳалаҳои тақво

Имом Боқир (а):

Ба Худо қасам шиаи мо нест, магар касе ки тақвои Илоҳӣ пеша кунад ва фармонбардори Ӯ бошад... Тақвои Илоҳӣ дошта бошед ва барои Худо кор кунед! Байни Худо ва ҳеҷ бандае хешовандӣ нест. Балки маҳбубтарин ва арҷмандтарини бандагон назди Худованд, ботақвотарини онон ва амалкунандатарини онҳо ба тоъати Ӯст.

Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.74.

Баъзе муфассирон, бо тавваҷуҳ ба оёте монанди ояти «اِنَّ اَکرَمَکُم عِندَ اللّهِ اَتقـکُم; гиромитарини шумо назди Худованд, ботақвотарини шумост!»[50] гуфтаанд, тақво маротиби мухталифе дорад.[51] Дар ривояте ба нақл аз Имом Содиқ (а) се мартаба барои тақво зикр шудааст, ки иборатанд аз:

  1. Тақвои ом, ки тарки муҳаррамот ба хотири тарс аз азоби ҷаҳаннам аст;
  2. Тақвои хос, ки иборат аст аз ин ки шахс, натанҳо муҳаррамот, балки шубаҳот (коре ки эҳтимоли ҳаром будан дорад)-ро низ тарк кунад;
  3. Тақвои хоссул-хос, ки дар он, инсон илова бар шубаҳот, (баъзе аз) умури ҳалолро низ тарк мекунад.[52]

Байзовӣ - муфассири Қуръон ва фақеҳи шофеии қарни ҳафтум ва ҳаштуми ҳиҷрӣ, се рутба барои тақво зикр кардааст, ки поёнтарини он, иҷтиноб аз ширк, рутбаи баъд иҷтиноб аз гуноҳ ва болотарин рутбаи он сарсупурдагӣ дар муқобили Худованд ва дурӣ аз ҳар чизе аст, ки инсонро аз ҳақ бозмедорад.[53] Аллома Маҷлисӣ низ дар китоби Биҳор-ул-анвор, се мартаба барои тақво баён кардааст, ки мартабаи аввали он, нигаҳдории нафс аз азоби абадӣ аз роҳи таҳсили эътиқодоти саҳеҳ, мартабаи миёна, иҷтиноб аз ҳаргуна гуноҳ, аъам аз тарки воҷиб ва анҷоми гуноҳ, ва болотарин мартабаи он, хештандорӣ дар баробари ҳар чизе аст, ки қалби одамиро ба худ машғул медорад ва аз Ҳақ Таъоло мунсариф мекунад.[54]

Имом Хумайнӣ дар китоби Одоб-ус-салот чаҳор рутба барои тақво зикр кардааст, ки иборатанд аз:

  1. Тақвои зоҳир, ки нигаҳдории нафс аз гуноҳони зоҳир аст. Ин тақвои омма аст;
  2. Тақвои ботин, ки парҳез аз ифроту тафриту таҷовуз аз ҳадди эътидол дар ахлоқ ва ғаризаҳои рӯҳӣ аст. Ин тақвои инсонҳои хос аст;
  3. Тақвои ақл, ки нигаҳдорӣ ва татҳири ақл аз машғул шудан ба улуми ғайри Илоҳӣ аст. Ин тақвои ахаси хавос аст;
  4. Тақвои қалб, ки нигаҳдории қалб аз мушоҳидаи ғайри Ҳақ ва музокира бо ғайри Ҳақ аст. Ин тақвои авлиё аст.[55]

Тақвои бадан ва дил

Олимони ахлоқ, бо тавваҷуҳ ба ривоёте ки дар бораи ахлоқ ворид шудааст, барои ҳар узве аз бадан, ки дар маърази гуноҳ аст, мувофиқи он узв, тақвое баён кардаанд, ки бархе аз онҳо ба шарҳи зер аст:

Тақвои забон: мавориде ҳамчун сидқи гуфтор,[56] ҷорӣ сохтани зикри Худованд бар забон,[57] сухан гуфтан бо нармию мулоимат,[58] гуфтори некӯ, кантроли забон аз дашномгӯӣ ва тарки гапҳои беҳудае, ки хайре дар он нест.[59] Тақвои чашм: фурӯ бастани чашм аз ҳар чизе, ки Худо ҳаром кардааст.[60] Тақвои гӯш: мавориде ҳамчун кантроли гӯш аз шунидани ҳар чизе ки Худо ҳаром кардааст[61] ва ҳамчунин гӯш супоридан ба илми муфид,[62] ҳикматҳои муфиди динӣ ва панду андарзҳои фоиданоку наҷотбахш.[63] Тақвои дил: дар ояти 32-и сураи Ҳаҷ ва ояти 3-и сураи Ҳуҷурот ва ҳамчунин ривоёте аз имомони маъсум, дили одамӣ ба унвони ҷойгоҳи тақво муаррифӣ шудааст.[64] Аз ҳамин рӯй, бархе олимон гуфтаанд, ки тақво як амри маънавӣ ва даруние аст, ки бо рӯҳ ва нафси инсонӣ пайванд дорад.[65] Дар айни ҳол, бархе бар ин назаранд, ки тақвои дил ба ин аст, ки дили инсон аз шакку ширку куфру нифоқ холӣ бошад.[66] Бархе тақвои дилбро болотарин мартабаи тақво номбар кардаанд.[67]

Осор ва таъсирҳои тақво

Олимони мусулмон, бо тавваҷуҳ ба оёти Қуръон ва ривоёти имомони маъсум, асарҳо ва таъсирҳое барои тақво зикр кардаанд. Бархе аз ин асарҳо иборатанд аз:

  • Фарқ кардани ҳақ аз ботил,[68]
  • Қабулии аъмол назди Худованд,[69]
  • Баҳрамандӣ аз таълимоти Илоҳӣ,[70]
  • Наҷот аз душвориҳо,[71]
  • Баҳраманд шудан аз ҳидояти Қуръон,[72]
  • Мағфирати гуноҳон,[73]
  • Расидан ба наҷот,[74]
  • Ба мақоми боло расидан,[75]
  • Ислоҳи дил,[76]
  • Пешгирӣ аз ғӯтидан дар шакку шубаҳот,[77]
  • Пок шудан аз олудагии гуноҳ,[78]
  • Ризқу рӯзии ҳалол,[79]
  • Ҷовидонагӣ дар биҳишт.[80]

Хутбаи Муттақин

Мақолаи аслӣ: Хутбаи Муттақин

Хутбаи Муттақин, аз хутбаҳои машҳури Наҳҷ-ул-балоға дар бораи сифоти парҳезкорон аст.[81] Имом Алӣ (а) ба дархости яке аз шиаён ба номи Ҳаммом ин хутбаро эрод кард ва дар он беш аз сад вижагии маънавӣ, фикрӣ, ахлоқӣ ва амалӣ барои инсонҳои ботақво баршумурд.[82] Сифатҳое ҳамчун некгуфторӣ, миёнаравӣ, гӯш кардан ба илмҳои нофеъ, сабр дар душвориҳо, кантроли забон, зикри Худо дар ҳама ҳол ва таҳаҷҷуду шабзиндадорӣ аз ҷумлаи сифатҳоеанд, ки дар ин хутба ба инсонҳои ботақво нисбат дода шудааст.[83]

Китобшиносӣ

  • Рисолаи тақво: асаре аз Муртазо Мутаҳҳарӣ. Ин рисола дарбардорандаи ду ҷаласаи суханронӣ дар бораи чистии тақво, аҳамият ва осори он дар Қуръон ва ривоёт аст, ки дар солҳои 1339 то 1341ҳ.ш., ба ҳамроҳи чанд суханронии дигар эрод шуда ва дар китобе бо номи Даҳ гуфтор гирдоварӣ ва нигориш ёфтааст.[84]
  • Тақво, саккуи парвоз: навиштаи Ҷалил Ҷалилӣ. Ин китоб муштамил бар як муқаддима ва панҷ фасл аст. Нависанда дар муқаддима ба таърифи тақво ва корбурди он дар Қуръон пардохтааст. Фасли аввал дар бораи хостгоҳи тақво аст ва фаслҳои дувум, сеюм ва чаҳорум ба тартиб дар бораи тақвои фардӣ, тақвои иҷтимоӣ ва тақвои сиёсӣ аст. Фасли панҷум низ муштамил бар мабоҳисе дар бораи осори тақво дар дунёву охират аст. Чопи аввали ин асар дар соли 1400ҳ.ш., аз сӯи интишороти Донишгоҳи маорифи исломӣ анҷом шуд.[85]

Эзоҳ

  1. Мутаҳҳарӣ, Даҳ гуфтор, 1397ҳ.ш., саҳ.20 - 21.
  2. Роғиби Исфаҳонӣ, ал-Муфрадот фи ғариб-ил-Қуръон, 1412ҳ.қ., зайли калимаи «вақо».
  3. Барои намуна ниг.: Изутсу, Худо ва инсон дар Қуръон, тарҷумаи Аҳмади Ором, 1373ҳ.ш., саҳ.304 - 305; Ҷалилӣ, Тақво, саккуи парвоз, 1400ҳ.ш., саҳ.17.
  4. Изутсу, Худо ва инсон дар Қуръон, тарҷумаи Аҳмади Ором, 1373ҳ.ш., саҳ.305.
  5. Сураи Наҳл, ояти 81.
  6. Ҷалилӣ, Тақво, саккуи парвоз, 1400ҳ.ш., саҳ.17.
  7. Изутсу, Худо ва инсон дар Қуръон, тарҷумаи Аҳмади Ором, 1373ҳ.ш., саҳ.304 - 305.
  8. Изутсу, Худо ва инсон дар Қуръон, тарҷумаи Аҳмади Ором, 1373ҳ.ш., саҳ.304.
  9. Сураи Моида, ояти 2.
  10. Табарӣ, Тафсири Табарӣ, ҷ.9, саҳ.491; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.267.
  11. Ҷалилӣ, Тақво, саккуи парвоз, 1400ҳ.ш., саҳ.17.
  12. Сураи Ҳашр, ояти 18.
  13. Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1393ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.217 - 218.
  14. Аббосӣ, “Тақво”, саҳ.798.
  15. Аббосӣ, “Тақво”, саҳ.799.
  16. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.76 ва 78.
  17. Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, Муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, ҷ.2, саҳ.180.
  18. Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, Муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, ҷ.2, саҳ.180.
  19. Муллоҳувайш Оли Ғозӣ, Баён-ул-маъонӣ, 1382ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.55.
  20. Муллоҳувайш Оли Ғозӣ, Баён-ул-маъонӣ, 1382ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.55.
  21. Мутаҳҳарӣ, Даҳ гуфтор, 1397ҳ.ш., саҳ.16.
  22. Мутаҳҳарӣ, Даҳ гуфтор, 1397ҳ.ш., саҳ.16.
  23. Аббосӣ, “Тақво”, саҳ.797.
  24. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.73; Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.70, саҳ.295; Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.266.
  25. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.73.
  26. Мутаҳҳарӣ, Даҳ гуфтор, 1397ҳ.ш., саҳ.23.
  27. Аҳмадиён, Саъидовӣ, Таҳлили маъноии дараҷоти тақво дар Наҳҷ-ул-балоға, саҳ.69.
  28. Барои намуна ниг.: Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, Муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, ҷ.2, саҳ.180; имом Хумайнӣ, Шарҳи чиҳил ҳадис, 1380ҳ.ш., саҳ.206 ва саҳ.325.
  29. Барои намуна ниг.: Ибни Арабӣ, Футуҳоти Маккийя, муассисаи Олулбайт, ҷ.2, саҳ.157; Аббосӣ, “Тақво дар тасаввуф ва ирфон”, саҳ.803.
  30. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.211; Яздии Таботабоӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.19.
  31. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.11, саҳ.211.
  32. Яздии Таботабоӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.19.
  33. Сураи Ҳуҷурот, ояти 13; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.210.
  34. Сураи Бақара, ояти 197; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.299.
  35. Сураи Аъроф, ояти 26; Мутаҳҳарӣ, Даҳ гуфтор, 1397ҳ.ш., саҳ.27.
  36. Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 112, саҳ.169; Мутаҳҳарӣ, Даҳ гуфтор, 1397ҳ.ш., саҳ.23.
  37. Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 16, саҳ.57; Мутаҳҳарӣ, Даҳ гуфтор, 1397ҳ.ш., саҳ.24.
  38. Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 191, саҳ.284.
  39. Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 230, саҳ.351; Мутаҳҳарӣ, Даҳ гуфтор, 1397ҳ.ш., саҳ.25.
  40. Саҳифаи Саҷҷодия, дуои 32, банди 19 ва 20; Зореъӣ, Тақво аз дидгоҳи Имом Саҷҷод (а) бо таъкид бар Саҳифаи Саҷҷодия, 1395ҳ.ш., саҳ.104.
  41. Саҳифаи Саҷҷодия, дуои 17, банди 5 ва дуои 22, банди 12.
  42. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.266.
  43. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.73.
  44. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.73.
  45. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.76.
  46. Роғиби Исфаҳонӣ, аз-Зариъату ило макорим-иш-шариъат, 1414ҳ.қ., саҳ.59.
  47. Ибни Фаҳди Ҳиллӣ, Иддат-уд-доъӣ, 1407ҳ.қ., саҳ.304.
  48. Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, Муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, ҷ.2, саҳ.181.
  49. Имом Хумайнӣ, Шарҳи чиҳил ҳадис, 1380ҳ.ш., саҳ.206.
  50. Сураи Ҳуҷурот, ояти 13.
  51. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.115.
  52. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.70, саҳ.296.
  53. Байзовӣ, Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.100.
  54. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.70, саҳ.136.
  55. Имом Хумайнӣ, Одоб-ус-салот, 1378ҳ.ш., саҳ.369.
  56. Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 193, саҳ.303.
  57. Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 83, саҳ.111; Мунтазирӣ, Дарсҳое аз Наҳҷ-ул-балоға, ҷ.3, саҳ.315.
  58. Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 193, саҳ.305; Макорими Шерозӣ, Ахлоқи исломӣ дар Наҳҷ-ул-балоға, ҷ.2, саҳ.473.
  59. Рисолаи ҳуқуқи Имом Саҷҷод (а), тарҷумаи Муҳаммадҳусайн Афшорӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.38.
  60. Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 193, саҳ.303; Макорими Шерозӣ, Ахлоқи исломӣ дар Наҳҷ-ул-балоға, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.158 - 159.
  61. Рисолаи ҳуқуқи Имом Саҷҷод, тарҷумаи Муҳаммадҳусайн Афшорӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.39.
  62. Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 193, саҳ.303; Макорими Шерозӣ, Ахлоқи исломӣ дар Наҳҷ-ул-балоға, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.157.
  63. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.96, саҳ.7.
  64. Барои намуна ниг.: сураи Ҳаҷ, ояти 32; сураи Ҳуҷурот, ояти 3; Фаттоли Нишобурӣ, Равзат-ул-воъизин ва басират-ул-муттаъизин, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.4.
  65. Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1393ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.374.
  66. Аббосӣ, “Тақво”, саҳ.804.
  67. Имом Хумайнӣ, Одоб-ус-салот, 1378ҳ.ш., саҳ.369.
  68. Сураи Анфол, ояти 29; Мутаҳҳарӣ, Даҳ гуфтор, 1397ҳ.ш., саҳ.34.
  69. Сураи Моида, ояти 27; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.315.
  70. Сураи Бақара, ояти 282; Мутаҳҳарӣ, Даҳ гуфтор, 1397ҳ.ш., саҳ.38.
  71. Сураи Талоқ, ояти 3; Саламӣ, Табақот-ус-суфийя, 1424ҳ.қ., саҳ.232.
  72. Сураи Бақара, ояти 2; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.82.
  73. Сураи Анфол, ояти 29; Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1393ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.316.
  74. Сураи Оли Имрон, ояти 200; Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1393ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.57.
  75. Сураи Қамар, оёти 54 - 55.
  76. Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 198, саҳ.312; Мутаҳҳарӣ, Даҳ гуфтор, 1397ҳ.ш., саҳ.31.
  77. Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 16, саҳ.57.
  78. Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 198, саҳ.312; Мутаҳҳарӣ, Даҳ гуфтор, 1397ҳ.ш., саҳ.31.
  79. Сураи Талоқ, ояти 3; Ҳиллӣ, Иддат-уд-доъӣ, 1407ҳ.қ., саҳ.305.
  80. Сураи Оли Имрон, ояти 133; Ҳиллӣ, Иддат-уд-доъӣ, 1407ҳ.қ., саҳ.305.
  81. Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 193, саҳ.303; Мутаҳҳарӣ, Даҳ гуфтор, 1397ҳ.ш., саҳ.16.
  82. Мутаҳҳарӣ, Даҳ гуфтор, 1397ҳ.ш., саҳ.16.
  83. Барои намуна ниг.: Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 193, саҳ.303 - 307.
  84. Мутаҳҳарӣ, Даҳ гуфтор, 1397ҳ.ш., саҳ.11 - 12.
  85. Ҷалилӣ, Тақво, саккуи парвоз, 1400ҳ.ш., саҳ.7 - 14.

Сарчашма

  • Аббосӣ, Бобак, “Тақво дар тасаввуф ва ирфон”, дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷилди 7, Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, 1382ҳ.ш.
  • Аббосӣ, Бобак, “Тақво”, дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷилди 7, Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, 1382ҳ.ш.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, муассисатул-Вафо, 1403ҳ.қ.
  • Аҳмадиён, Ҳамид ва Алӣ Саъидовӣ, Таҳлили маъноии дараҷоти тақво дар Наҳҷ-ул-балоға, ковише нав дар маорифи қуръонӣ, № 1, баҳор ва тобистони 1391ҳ.ш.
  • Байзовӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1418ҳ.қ.
  • Зореъӣ, Тақво аз дидгоҳи Имом Саҷҷод (а) бо таъкид бар Саҳифаи Саҷҷодия, 1395ҳ.ш., саҳ.104.
  • Ибни Арабӣ, Муҳиддин, Футуҳоти Маккийя, Қум, муассисаи Олулбайт, бе то.
  • Ибни Фаҳди Ҳиллӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Иддат-уд-доъӣ, Қум, Дорул-китобил-исломӣ, 1407ҳ.қ.
  • Изутсу, Тушиҳику, Худо ва инсон дар Қуръон, тарҷумаи Аҳмади Ором, Теҳрон, Дафтари нашри фарҳанги исломӣ, 1373ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Шарҳи чиҳил ҳадис, Қум, Муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1380ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Дорул-кутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Қуръони Карим.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Ахлоқи исломӣ дар Наҳҷ-ул-балоға, Қум, Насли ҷавон, чопи дувум, 1385ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Муллоҳувайш Оли Ғозӣ, Абдуқодир, Баён-ул-маъонӣ, Димишқ, матбаъатул-Турқӣ, 1382ҳ.қ.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайнъалӣ, Дарсҳое аз Наҳҷ-ул-балоға, Теҳрон, интишороти Сароӣ, 1382ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Даҳ гуфтор, Қум, интишороти Садро, чопи чиҳилу нуҳум, 1397ҳ.ш.
  • Нароқӣ, Муҳаммадмаҳдӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, Бейрут, Муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, чопи чаҳорум, бе то.
  • Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, Марказул-буҳусил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
  • Нурӣ, Ҳусайн, Мустадрак-ул-васоил, Бейрут, муассисаи Олулбайт, 1408ҳ.қ.
  • Рисолаи ҳуқуқи Имом Саҷҷод (а), тарҷумаи Муҳаммадҳусайни Афшорӣ, Қум, нашри Машҳур, 1394ҳ.ш.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Абулқосим Ҳусайн ибни Муҳаммад, ал-Муфрадот фи ғариб-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-қалам, 1412ҳ.қ.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, аз-Зариъату ило макорим-иш-шариъат, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, 1414ҳ.қ.
  • Саламӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Табақот-ус-суфийя, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1424ҳ.қ.
  • Саҳифаи Саҷҷодия.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон (Тафсири Табарӣ), Бейрут, Дорул-маърифат, 1412ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, Бейрут, Муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1415ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1393ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, Муассисаи ал-нашрул-исломӣ, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Фаттоли Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Равзат-ул-воъизин ва басират-ул-муттаъизин, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, 1375ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Ҷалилӣ, Ҷалил, Тақво, саккуи парвоз, Қум, Интишороти донишгоҳи маорифи исломӣ, 1400ҳ.ш.