Сақалайн
Ин мақола дар бораи калимаи сақалайн аст. Барои ошноӣ бо ҳадиси Сақалайн, мадхали ҳадиси Сақалайнро бубинед.
Сақалайн (ثَقَلَیْن) ё сиқлайн (ثِقْلَیْن), ба Қуръон ва Аҳли Байт ишора дорад. Пайғамбар (с) дар ҳадиси Сақалайн, умматашро ба пайравӣ аз онҳо супориш кардааст. Ин калима баргирифта аз ҳадис гуфта шудааст.
Сиқл (ثِقْل) дар луғат ба маънои бор,[1] сиқал (ثِقَل) ба маънои сангинӣ,[2] ва сақал (ثَقَل) ба маънои чизи арзишманд аст.[3] Аз ин рӯ, сақалайнро ду чизи гаронбаҳову боарзиш маъно мекунанд. Калимаи «сақалон/ ثَقَلان» дар ояти 31 сураи Арраҳмон омадааст ва муфассирон мурод аз онро ду гурӯҳи ҷинну инс донистаанд,[4] дар айни ҳол шуморе, мурод аз сақалонро Қуръону Итрат (Аҳли Байти Пайғамбар) донистаанд.[5]
Пайғамбари Ислом (с) дар ҳадиси Сақалайн, уммати худро ба дастовез қарор додани ин ду чизи гаронбаҳо (Қуръон ва Аҳли Байт) ки дар миёни онон боқӣ мегузорад, супориш кардааст, то ҳаргиз гумроҳ нашаванд.[6] Дар бархе аз нақлҳои ин ҳадис, Пайғамбар (с) Қуръонро сиқли акбар ва Аҳли Байташро сиқли асғар муаррифӣ кардааст.[7]
Эзоҳ
- ↑ Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.85.
- ↑ Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.85.
- ↑ Қаршӣ, Қомуси Қуръон, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.307 - 310.
- ↑ Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.447; Абулфутуҳ Розӣ, Тафсири Равз-ул-ҷанон, 1387ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.396.
- ↑ Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.345; Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1334ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.267.
- ↑ Насоӣ, ас-Сунан-ул-кубро, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.45; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, Дорул-кутубил-исломия, ҷ.1, саҳ.294.
- ↑ Айёшӣ, Тафсир-ул-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.5.
Сарчашма
- Абулфутуҳ Розӣ, Тафсири Равз-ул-ҷанон ва рӯҳ-ул-ҷинон, тасҳеҳ ва таълиқи Абулҳасани Шаъронӣ ва Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, бено, 1387ҳ.ш.
- Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсир-ул-Айёшӣ, таҳқиқ: Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, чопхонаи Илмия, Теҳрон, 1380ҳ.қ.
- Баҳронӣ, Ҳошим ибни Сулаймон, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, тасҳеҳи Маҳмуд ибни Ҷаъфар Мусавии Зарандӣ, Теҳрон, чопхонаи Офтоб, 1334ҳ.ш.
- Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, чопи Алии Ширӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1415ҳ.қ.
- Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, тасҳеҳ: Аҳмад Форис, Бейрут, Дорул-фикр лил-табоъати ван-нашри ват-тавзиъ, 1414ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, бе то.
- Қаршӣ, Сайид Алиакбар, Қомуси Қуръон, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1412ҳ.қ.
- Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, тасҳеҳи Тайиб Мусавии Ҷазоирӣ, Қум, Дорул-китоб, 1404ҳ.қ.
- Қуръони Карим
- Насоӣ, Аҳмад ибни Шуъайб, ас-Сунан-ул-кубро, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, 1411ҳ.қ.