Jump to content

Неъмат

Аз wikishia
«Ва агар неъматҳои Худоро бишуморед, ҳаргиз наметавонед онҳоро шумориш кунед; бешак Худованд омурзанда ва меҳрубон аст». (Ояи 18 сураи Наҳл). Хатти сулси ҷалӣ, навиштаи Ҳомиди Омидӣ, хушнависи туркӣ.

Неъмат (форсӣ: نعمت) атову бахшишҳои моддӣ ва маънавие, ки Худо ба инсон арзонӣ доштааст. Дар сарчашмаҳои динӣ бар фаровонӣ ва бешумор будани неъматҳо ва низ нотавонии инсон аз шукргузории онҳо таъкид шудааст.

Қуръон муъминонро ба ёдоварии неъматҳои Илоҳӣ ва парҳез аз куфрони онҳо фаро мехонад. Куфрони неъмат, ки метавонад дар абъоди қалбӣ, забонӣ ва амалӣ зуҳур ёбад, паёмадҳое чун заволи неъмат, азоби охират ва иҷобат нашудани дуоҳоро дар пай дорад.

Неъматҳо ба ду гурӯҳи дунявӣ ва ухравӣ тақсим мешаванд. Офариниш, ҳидоят, зебоии чеҳра, амният аз намунаҳои ин неъматҳо ба шумор меоянд ва дар ин миён вилояти Аҳли Байт (а) ҳамчун бартарин неъмати Илоҳӣ шинохта шудааст. Неъматҳои дунявӣ метавонанд василаи озмоиши Илоҳӣ бошанд ва агар бо шукргузорӣ ва истифодаи саҳеҳ ҳамроҳ набошанд, мумкин аст нишонаи хашми Худо ва омили ғафлати инсон гарданд.

Мафҳумшиносӣ

Неъмат ба маънои рӯзӣ, мол ва дигар чизҳоест, ки Худованд ба инсон додааст.[1] Ба гуфтаи Ибни Манзур дар китоби «Лисон-ул-араб», неъмати Илоҳӣ мавҳибате аст, ки танҳо аз ҷониби Худованд ато мешавад, монанди чашму гӯш, ки ҳеҷ махлуқе қодир ба атои он нест.[2]

Дар бархе аз оятҳо[Ёддошт 1] ва ривоятҳо ба бешумор будани неъматҳо[3] ва нотавонии инсон аз шукри онҳо ишора шудааст.[4] Имом Алӣ (а) дар нахустин фарози хутбаи аввали «Наҳҷ-ул-балоға» гуфтааст: «Алҳамдулиллоҳ, ки суханварон дар сутуданаш дармонанд ва шуморандагон неъматҳояшро шумурдан натавонанд.»[5]

Намунаҳо ва ақсоми неъматҳо

Алома Таботабоӣ бо истинод ба ояти 18 сураи Наҳл, тамоми низоми ҳастиро маҷмуае аз неъматҳои Илоҳӣ медонад, ки эҳсои комили онҳо барои башар мумкин нест.[6] Тибқи ривояте, ки Шайхи Тӯсӣ дар китоби Амолӣ нақл карда, Имом Алӣ (а) ба неъматҳои Илоҳӣ аз ҷумла зиндагӣ, зебоии чеҳра, таносуби андом, қудрати идрок, ҳидоят ва тасхири осмонҳо ва замин ишора кардааст.[7]

Неъматҳои моддӣ ва маънавӣ

Неъматҳои дунявӣ ва ухравӣ

Ба Худо қасам! Мо ҳамон неъмати Худоем, ки Худо ба бандагонаш ато кардааст ва ҳар кас растгор шуд, бо пайравӣ аз мо растгор шудааст.

Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.51



Шукр ва куфрони неъмат

Дар Қуръон, бо иборатҳое монанди «Фазкуру олоа-л-лоҳ» (Неъматҳои Худоро ёд кунед) ва «Ё айюҳаллазина оману узкуру неъмата-л-лоҳи алайкум» (Эй касоне ки имон овардаед ёд кунед неъмати Худоро), аз муъминон хоста шудааст, ки неъматҳои Илоҳиро ба ёд оваранд.[11] Куфрони неъмат низ дар оятҳои Қуръон мазаммат шудааст ва дар муқобил, шукри неъмат мавриди таъкид қарор гирифтааст.[12]

Ба гуфтаи Носир Макорими Шерозӣ, муфассири шиа, куфрони неъмат ба се сурат таҳаққуқ меёбад: «беаҳамият донистан дар қалб, беэътиноӣ дар баён ва истифода дар роҳи ботил».[13] Ҳамчунин дар сарчашмаҳои динӣ паёмадҳое барои куфрони неъмат зикр шудааст; аз ҷумла маърифати Худо надоштан, аз байн рафтани неъмат, ҳалокат ва нобудӣ, азоби охират, истидроҷ, эҷоди ҳасад,[14] баста шудани роҳи хайр,[15] уқубати зудҳангом дар дунё,[16] иҷобат нашудани дуо,[17] ва фишори қабр.[18]

Озмоиши Илоҳӣ бо фаровонии неъмат

Бар асоси ояти 15 сураи Фаҷр, фаровонии неъмат ҳатман нишонаи муқарраб будани бандагон назди Худованд нест, балки метавонад василаи озмоиши онон бошад.[19] Аллома Маҷлисӣ бо истинод ба ривояте аз Имом Содиқ (а) таъкид мекунад, ки бархӯрдорӣ аз дин ва имон нишонаи маҳбубияти Илоҳист, аммо молу мақом ба танҳоӣ наметавонанд далеле бар ризояти Худо бошанд.[20] Ҳамчунин гуфта шудааст, ки бар асоси бархе аз оятҳои Қуръон, фаровонии неъматҳо барои гунаҳкорон навъе азоби тадриҷӣ аст,[21] ва бар асоси ривояте аз Имоми шашум боиси ғафлати онон аз истиғфор мегардад.[22] Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ, агар фаровонии неъмат бо шукр ва истифодаи муносиб ҳамроҳ бошад, метавонад нишонаи раҳмати Илоҳӣ бошад, на азоби истидроҷ.[23]

Эзоҳ

  1. Ибни Форис, Муъҷаму мақоис-ил-луға, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.446
  2. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1405ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.580
  3. Тӯсӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.492
  4. Мисбоҳ, Суҷодаҳои сулук, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.412–435
  5. Субҳии Солеҳӣ, Наҳҷ-ул-балоға, Қум, Маркази баҳуси исломӣ, 1374ҳ.ш., хутбаи 1, саҳ.39
  6. Таботабоӣ, Тафсири ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.60
  7. Тӯсӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.492
  8. Мустафавизода, Баррасии вожаи неъмат аз манзари таъвил дар Қуръон ва ривоятҳои маъсумин, 1392ҳ.ш., саҳ.25
  9. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.48; Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1381ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.387
  10. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.91
  11. Сураи Аъроф, ояти 74; Сураи Аҳзоб, ояти 9
  12. Ниг.: сураи Бақара, ояти 152; сураи Иброҳим, ояти 7; сураи Намл, ояти 40; сураи Луқмон, ояти 12; сураи Сабо, ояти 15–17; сураи Наҳл, ояти 112
  13. Макорими Шерозӣ, Ахлоқ дар Қуръон, 1387ҳ.ш., саҳ.60
  14. Мисбоҳ-уш-шариа, 1400ҳ.қ., саҳ.104
  15. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.47, саҳ.33
  16. Муфид, ал-Амолӣ, 1413ҳ.қ., саҳ.237; Тӯсӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.450
  17. Лайсии Воситӣ, Уюн-ул-ҳикам, 1376ҳ.ш., саҳ.524
  18. Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.309
  19. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.26, саҳ.461
  20. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.65, саҳ.202
  21. Маъмурӣ, «بررسی سنت استدراج در قرآن و میراث تفسیری», саҳ.105
  22. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.452
  23. Мутаҳҳарӣ, Муҷмуаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.626

Ёддошт

  1. «Ва агар неъматҳои Худоро бишуморед, ҳаргиз наметавонед онҳоро ба шумор оред; бешак Худо бисёр омурзанда ва меҳрубон аст.»

Сарчашма

  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Қум, Нашри Адаб-ул-ҳавза, 1405ҳ.қ.
  • Ибни Форис, Аҳмад ибни Форис, Муъҷаму мақоис-ил-луға, таҳқиқ: Абдуссалом Муҳаммад Ҳорун, Мактабат аълом исломӣ, 1404ҳ.қ.
  • Лайсии Воситӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Уюн-ул-ҳикам ва-л-мавоиз, тасҳеҳ: Ҳусайн Ҳасании Бирҷандӣ, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1376ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Ахлоқ дар Қуръон, Қум, Интишороти Имом Алӣ ибни Абутолиб (а), 1378ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Қуръон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1381ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, таҳия ва танзими ҷамъе аз фузало, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи сию дуюм, 1374ҳ.ш.
  • Маъмурӣ, Алӣ, «بررسی سنت استدراج در قرآن و میراث تفسیری», дар маҷаллаи «Мутолиоти Қуръон ва ҳадис», баҳмани 1386ҳ.ш., №1.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Муассисат-ул-вафо, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
  • Мисбоҳ-уш-шариа, мансуб ба Имоми Содиқ (а), Бейрут, Интишороти Аъламӣ, 1400ҳ.қ.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Саҷҷодаҳои сулук, шарҳи муноҷотҳои Имом Саҷҷод (а), Қум, Интишороти Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ (р), 1390ҳ.ш.
  • Мустафавизода, Сайид Муҳсин, Баррасии вожаи неъмат аз манзари таъвил дар Қуръон ва ривоятҳои маъсумин (а), поённома, Донишгоҳи озоди исломӣ, Теҳрон, 1392ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осор, Теҳрон, Садро, чопи чордаҳум, 1390ҳ.ш.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Амолӣ, тасҳеҳ: Ҳусайн Устодвалӣ ва Алиакбар Ғаффорӣ, Қум, Конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, Қум, Китобфурӯшии Доварӣ, 1385ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Мактабат ан-нашр-ил-исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Дор-ус-сақофа, 1414ҳ.қ.