Уммати васат

Аз wikishia

Уммати васат (миллати миёна) як гуруҳи баргузуда аст, ки байни мардум ва Пайғамбар (с) миёндаро буда, шоҳиди аъмоли ҳамаи мардум дар дунё ва гувоҳ бар онон дар охират ҳастанд.

Ин калима дар ояти 143 сураи Бақара дар бораи мусулмонон ба кор рафтааст.

Дар тафсирҳои шиа ва аҳли суннат дар бораи мисдоқҳои он қавлҳои гуногуне ироа шудааст. Муфассирони шиа, имомони маъсум ва муфассирони аҳли суннат, ҳамаи мусулмонон, саҳоба ва аҳли суннатро аз мисдоқҳои он донистаанд ва вижагиҳое аз ҷумла: исмат, адолат ва ақлониятро барои чунин уммате баршумурдаанд.

Мафҳумшиносӣ

Уммати васат калимае аст, ки дар ояти 143 сураи Бақара дар бораи мусулмонон ба кор рафтааст ва онро далел бар бартарӣ ва шоистагии ин уммат бар дигар умматҳо донистааст, то мусулмонон гувоҳ ва шоҳиде бар дигар мардум бошанд. [Ёддошт 1]

Уммати васат ба ин маъност, ки Худованд шуморо уммате қарор дод, ки аз ифроту тафрит дар амон ҳастед.[1] Дар тафсирҳо эмин будан аз ғулув ва нақс дар ақида, гирифтори моддигароӣ ва руҳбоният нашудан, ҷумуд бар донистаҳои худ надоштан ва истифода аз улуми дигарон, эҷоди равобити мутақобили иҷтимоӣ бо дигар умматҳо ва ба иборате, дорои абъоди мухталиф будани инсони мусулмон тафсир кардаанд.[2]

Муфассирон манзур аз уммати васатро ба уммати одил,[3] беҳтарини умматҳо,[4] раис, меҳвар ва сарвари ҳамаи мардум,[5] уммати улгӯ ва усва ва уммати дорои ақлоният[6] таъбир кардаанд. Ва дар ниҳоят уммати васатро гуруҳе мумтоз, баргузида, воситаи байни мардуму Пайғамбар (с), шоҳиди аъмоли ҳамаи мардум дар дунё ва гувоҳ бар онон дар охират донистаанд.[7]

Мисдоқҳо ва намунаҳо

Муфассирон дар бораи таъйини мисдоқи уммати васат назароти мухталифе доранд. Ҳамаи мусулмонон, саҳобаи Пайғамбар, аҳли суннат ва имомони шиаро аз мисдоқҳои ин калима зикр кардаанд:

  • Ҳамаи мусулмонон: шуморе аз муфассирони аҳли суннат, ҳамаи касоне ки даъвати Пайғамбари Исломро қабул кардаандро мисдоқи уммати васат медонанд. Инҳо дар тавзеҳи миёна будани уммати Расулуллоҳ (с) гуфтаанд, ки мусулмонон нисбат ба аҳли китоб аз як сӯ ва нисбат ба мушрикону бутпарастон аз сӯи дигар ҳадди васат ҳастанд; зеро баъзе аз аҳли китоб фақат ба тақвияти руҳ пардохта ва камолоти ҷисмро раҳо карда ва дар муқобили мушрикон фазоили руҳро раҳо карда ва фақат ба лаззатҳои ҷисмӣ рӯй овардаанд, вале уммати ислом байни ниёзҳои руҳӣ ва ҳам ниёзҳои ҷисмӣ таодул эҷод кардаанд.[8]

Ба гуфтаи Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ - муфассири аҳли суннат дар қарни чаҳорум, манзур аз уммати васат мусулмонон ҳастанд, ки дар диндорӣ на монанди масеҳиён, дар руҳбоният ё ҳазрати Исо, ғулув мекунанд ва на, монанди яҳудиён, ки китоби Худоро таҳриф карда ва дар диндорӣ кӯтоҳӣ мекунанд.[9]

  • Саҳоба, тобеъин ва аҳли суннат: бархе аз уламои аҳли суннат дар дараҷаи аввал саҳобаи Пайғамбар (с) ва баъд тобеъин ва тобеъини тобеъин ва касоне ки роҳи саҳобаро идома додандро мисдоқи ин оят медонанд. Ба назари онҳо, баъд аз хулафои рошидин уммати Ислом дучори тафриқа шуд ва бархе монанди хавориҷ бо бидъатгузорӣ ва шиаён бо ғулуву фитнаангезӣ аз роҳи миёна хориҷ шуданд ва танҳо аҳли суннат бо пайравӣ аз роҳи саҳоба дар масири ҳақ боқӣ монда, мисдоқи уммати васат ҳастанд.[10]
  • Имомони шиа: бештари муфассирони шиа муътақиданд, агарчӣ бархе аз ин оят ҳуҷҷияти иҷмоъи уммат ва адолати ононро истинбот кардаанд, вале ба он маъно нест, ки яко-яки ин уммат аз хато эмин бошанд, балки дар миёни онон касоне ҳастанд, ки ба хотири исмат қобилияти шоҳид ва гувоҳ буданро доранд ва васат будани уммати исломӣ ба эътибори ҳузури ин гуруҳ дар миёни онон аст.[11] Тибқи ривоёт[12] ва дигар оятҳои Қуръон, чунин мақоме мухтасси аимма (а) аст, ки таҳаммули дидани ҳақоиқи аъмоли мардум дар дунёро доранд ва дар рӯзи қиёмат бар он шаҳодат медиҳанд.[13]

Вижагиҳо

Барои уммати васат, хусусиятҳое зикр шудааст. Адолат, исмат, илм[14] ва ақлоният,[15] аз ҷумлаи онҳо аст.

  • Исмат: муфассирони шиа муътақиданд, касоне ки гувоҳ бар мардум ҳастанд бояд аз ҳаргуна хатою иштибоҳ эмин бошанд; чароки таҳаққуқи уммати васат аз хостаҳои ҳазрати Иброҳим ва ҳазрати Исмоил буд, ки ҳазрати Иброҳим дар ҳангоми сохти Каъба аз Худованд барангехтани расулеро аз зуррияаш хост то оёти Худоро бар мардум бихонад.

Муфассирон муътақиданд, дар ояти 78 сураи Ҳаҷ зимни ишора ба истиҷобати дуои Иброҳим ба гуруҳи баргузидае ишора дорад, ки аз дастуроти Илоҳӣ сарпечӣ намекунанд ва муназзаҳ аз гуноҳ ҳастанд. Далели дигари инҳо ишора ба навъи хоссе аз шаҳодат аст, ки фақат аз уҳдаи маъсумон бармеояд.[16]

  • Адолат: теъдоди зиёде аз муфассирон бо такя бар ривоёте аз Паёмбари Ислом (с) адолатро аз вижагиҳои уммати васат медонанд, ки онҳоро аз ифроту тафрит боз медорад ва роҳи миёнаро тай мекунанд.[17]

Эзоҳ

  1. Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадот, зайли вожаи васат.
  2. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.320; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.488 - 489.
  3. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.144; Фахри Розӣ, Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.84.
  4. Фахри Розӣ, Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.84 - 85.
  5. Фахри Розӣ, Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.84 - 85.
  6. Толиқонӣ, Партаве аз Қуръон, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.324.
  7. Раббонӣ, “Уммати васат”, саҳ.287.
  8. Сайид Қутб, Фи зилол-ил-Қуръон, 1412, ҷ.1, саҳ.130 - 131.
  9. Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.5.
  10. Салобӣ, ал-Васатийяту фи-л-Қуръон, 1426ҳ.қ., саҳ.3.
  11. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.321.
  12. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.82; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.191.
  13. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.415; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.320 - 321; Тайиб, Атяб-ул-баён, 1378, ҷ.2, саҳ.229; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.221;
  14. Қироатӣ, Тафсири Нур, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.221.
  15. Толиқонӣ, Партаве аз Қуръон, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.2.
  16. Раббонӣ, “Уммати васат” саҳ.288 - 289.
  17. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.144; Фахри Розӣ, Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.84.

Ёддошт


Сарчашма

  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири Нур, Теҳрон, Маркази дарсҳое аз Қуръон, 1383ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-илмия, 1371ҳ.ш.
  • Раббонӣ, Сайидҷаъфар, “Уммати васат”, дар Доиратулмаорифи Қуръони Карим, Қум, Бустони китоб, 1382ҳ.ш.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, Лубнон - Сурия, Дорулъилм – ад-дорул-шомиа, 1412ҳ.қ.
  • Сайид Қутб, Сайид Иброҳим Ҳусайн, Фи зилол-ил-Қуръон, Бейрут - Қоҳира, Дорул-шуруқ, 1412ҳ.қ.
  • Салобӣ, Муҳаммад, ал-Васатийяту фи-л-Қуръон, Бейрут, Дорул-маърифат, 1426ҳ.қ.
  • Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот фи фазоили оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳим, Муҳсин ибни Аббосалии Кучабоғӣ, Қум, мактабат Оятуллоҳил-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин, ад-Дурр-ул-мансур фи тафсир-ил-маъсур, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-маърифат, 1412ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, Теҳрон, Носири Хисрав, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1390ҳ.қ.
  • Тайиб, Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Ислом, 1369ҳ.ш.
  • Толиқонӣ, Сайид Маҳмуд, Партаве аз Қуръон, Теҳрон, ширкати саҳҳомии интишор, 1362ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1420ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found