Аҳли қибла
Ин мақола дар бораи аҳл қибла аст. Барои ошноӣ бо такфири мусулмонон такфири аҳли қибларо бибинед.
Аҳли қибла (форсӣ: اهل قبله) ишора ба тамоми мусулмононе аст, ки Каъбаро қиблаи худ медонанд. Корбурди ин истилоҳ дар ҷилавгирӣ аз такфир мусулмонон аст. Ҷону، мол ва обрӯйи аҳли қибла аз назари бештари олимони шиа ва аҳли суннат, муҳтарам шинохта мешавад ва бар ин асос, такфир ва куштани асирони онҳо ҷоиз нест ва намоз гузордан бар амвоташон воҷиб аст.
Таъриф
Аҳли қибла касе аст, ки мунтасаб ба дини ислом бошад.[1] Аз ин рӯи тамоми фирқаҳои исломӣ ки Каъбаро қиблаи худ медонанд аҳл қиблаанд.[2] Ба гуфтаи Муҳаммадҷаводи Муғния - муфассири шиаи қарни чаҳордаҳум, истилоҳи аҳли қибла бо аҳли Қуръон, аҳли шаҳодатайн ва мусулмонон ба як маъно ҳастанд манзур аз онҳо касонеаст, ки ба Худо, Паёмбар (с) ва суннати ӯ имон доранд ва ба самти қибла (Каъба) намоз мехонанд.[3] Ҳамчунин Мулло Алии Қорӣ - аз уламои ҳанафии мазҳаби аҳли суннат, аҳли қибларо касе дониста, ки ҳеҷ як аз заруриёти даинро инкор накунад; аз ин рӯ ба гуфтаи ӯ аз назари олимони аҳли суннат касе, ки яке аз заруриёти дин монанди қадим будани олам ва ҳашрро инкор кунад аз аҳли қибла ба шумор намеояд ҳарчанд, ки тамоми умрашро машғӯли ибодат бошад.[4]
Аҳкоми фиқҳӣ
Ҷон, мол ва обрӯйи аҳли қибла аз назари бештари олимони шиа ва аҳли суннат муҳтарам аст.[5] Ҳамчунин такфир[6] ва куштани асиронишон ҷоиз нест[7] ва намоз гузордан бар амвоташон воҷиб аст.[8] Ба гуфтаи Мулло Алии Қорӣ, Абӯҳанифа ва Муҳаммад ибни Идриси Шофеӣ аҳли қибларо такфир намекарданд.[9] Ӯ ҳамчунин гуфтааст бештари фуқаҳои аҳли суннат аҳли қибларо такфир намекунанд.[10]
Бо ин ҳол бархе аз ҷараёнҳои исломӣ, пайравони дигари фирқаҳоро такфир карда ва қатлашонро ҷоиз медонанд.[11] Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, муассиси ваҳҳобият, қатли касоне, ки пайёмбарон, малоика ва авлиёи Илоҳиро шафиъ ва василаи тақарруб ба Худо қарор медиҳанд, воҷиб медонад ҳарчанд ба тавҳиди рубубӣ иқрор карда бошанд.[12]
Дар бораи навосиб, хавориҷ мусулмононе, ки зарурии динро инкор кардаанд, бо он ки Каъбаро қиблаи худ медонанд, ҳукми куфр[13] ва наҷосат[14] содир шудааст.
Корбурдҳои фиқҳӣ
Аз истилоҳи аҳли қибла дар аҳкоми амвот[15] ва аҳкоми ҷиҳод[16] сухан гуфта шудааст. Гуфта шудааст, ки мусулмонон қабл аз ҷанги Ҷамал аҳкоми ҷанг бо аҳли қибларо намедонистанд ва онро дар ин ҷанг аз Имом Алӣ (а) омӯхтанд.[17]
Эзоҳ
- ↑ Нароқӣ, Расоил ва масоил, 1422ҳ.қ., ҷ,2, саҳ.335
- ↑ Деҳхудо, Луғатнома, Зайл вожа
- ↑ Муғния, Тафсир-ал-кошиф,1424 ҳ.қ, ҷ.1. саҳ. 231
- ↑ Қорӣ, Шарҳи китоби Ал-фиқҳ-ул-кабир, 1428.ҳ.қ., саҳ.258
- ↑ Рустамӣ, «Мамнуъияти такфири аҳли қибла аз нигоҳи фақиҳону мутакаллимони ташайюъ ва тасаннун». Саҳ.71
- ↑ Барои намуна ниг.: Қорӣ, Шарҳи китоби Ал-фиқҳ-ул-кабир, саҳ.258; Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.228
- ↑ Мунтазирӣ, Дорисотун фи вилоят-ил- фақиҳ ва фиқҳ-ид-давлат-ил-исломия, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.296
- ↑ Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407.ҳ.қ, ҷ.3, саҳ.328
- ↑ Қорӣ, Шарҳи китоби Ал-фиқҳ-ул-кабир, 1428 ҳ.қ., саҳ.257
- ↑ Қорӣ, Шарҳи китоби Ал-фиқҳ-ул-кабир, 1428 ҳ.қ., саҳ.258
- ↑ Рустамӣ, «Мамнуъияти такфири аҳли қибла аз нигоҳи фақиҳон ва мутакаллимони ташайюъ ва тасаннун», саҳ.71
- ↑ Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, Кашф-уш-шубаҳот, 1418ҳ.қ., саҳ.7
- ↑ Нароқӣ, Расоил ва масоил, 1422 ҳ.қ., саҳ.336
- ↑ Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414.ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.164
- ↑ Тӯсӣ, ал-Истибсор, 139 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.468
- ↑ Мустадрик-ул-васоил-уш-шиа, ҷ.11, саҳ.55
- ↑ Ҷамъе аз муҳаққиқон, Ҷиҳод дар оинаи ривоёт, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.188
Сарчашма
- Каракӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосиди фи шарҳ-ил-қавоид, Қум, Муассисаи Ол-ул-байт алайҳимуссалом, 1414ҳ.қ.
- Қорӣ, Мулоалӣ ибни Султон, Шарҳи китоби Ал-фиқҳ-ул-кабир, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1428ҳ.қ./2007.
- Муғниая, Муҳаммадҷавод, Тафсир-ул-кошиф, Теҳрон, дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1424ҳ.қ.
- Мунтазирӣ, Ҳусайнъалӣ, Диросотун фи вилоят-ил-фақиҳи ва фиқҳ-ид-давлат-ил-исломийя, Қум, нашри Тафаккур, 1409ҳ.қ.
- Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, кашф-уш-шубаҳот, Арабистон, 1418ҳ.қ.
- Нароқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Расоил ва масоил, Қум, Конгресси Нароқияйн - Мулло Маҳдӣ ва Мулло Аҳмад, 1422ҳ.қ.
- Рустамӣ, Аббосалӣ, «Мамнуияти такфири аҳли қибла аз нигоҳи фақиҳону мутакаллимони ташайюъу тасаннун», Пажӯҳишҳои эътиқодии каломӣ, №30, тобистони 1397ҳ.ш.
- Тафтозонӣ, Саъдуддин, Шарҳ-ул-мақосид, таҳқиқи Абдурраҳмони Умайра, Қум, 1409ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Истибсору фи мо ихталафа мин-ал-ахбор, Теҳрон, дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1390ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1407ҳ.қ .
- Ҷамъе аз муҳаққиқон дар Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти исломӣ, Ҷиҳод дар оинаи ривоёт, Қум, интишороти замзами ҳидоят, 1428ҳ.қ.