Явмуттағобун

Аз wikishia

Явмуттағобун (арабӣ: یوم التغابن) аз номҳои рӯзи қиёмат ба маънои рӯзи ошкор шудани зиёнҳост. Қиёматро рӯзи Тағобун номидаанд аз он рӯ дар ин рӯз мушаххас мешавад дар муомила бо Худо чӣ касе ғобин (баранда) ва чӣ касе мағбун (бозанда) аст.

Ба гуфта Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ дар тафсири Маҷмаъ-ул-баён, кофир ба далели тарки баҳраи охират ва фақат дунболи дунё будан, мағбун (бозанда) номида мешавад ва муъмин ба хотири пардохтан ба амри охирати ғобин (баранда) хоҳад буд. Бинобар ривояте, бархе аз муъминон низ дар рӯзи қиёмат эҳсоси зиён мекунанд; чун аъмоли солеҳи бештаре анҷом надодаанд.

Явмуттағобун, номе барои қиёмат

Вожа «явмуттағобун», дар ояи нӯҳуми сураи Тағобун ба кор рафта ва ба ҳамин сабаб ин сура, Тағобун номида шудааст.[1]

Явмуттағобун аз номҳои рӯзи қиёмат аст.[2] Иллати чунин номгузорӣ ин аст ки дар ин рӯз маълум мешавад ки чи касоне дар тиҷорати дунёи дучори ғабн ё зиён шудаанд.[3]

Тафсирҳои мухталиф аз тағобун

Аз назари Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ тағобун ба маънои интихоби чизи нодуруст ва тарки чизи дуруст ё билъакс аст. Кофир аз ин рӯи мағбун (бозанда) аст, ки баҳраи охиратро тарк карда ва фақат аз дунё баҳра гирифтааст. Ҳамчунин муъмин ғобин (баранда) аст; чироки баҳраи дунёро тарк ва баҳраи охиратро баргузидааст.[4] Табарсӣ явмуттағобунро рӯзе медонад, ки дар он мушаххас мешавад чи касе ғобин (баранда) ва чи касе мағбун (бозанда) аст.[5] Вай ҳамчунин аз Паёмбар (с) нақл мекунад муъминоне ки дохили биҳишт мешаванд, ҷойгоҳи худ дар оташро (дар сурате ки гуноҳ мекарданд) мебинанд ва Худоро шукр мекунанд. Ҳамчунин аҳли ҷаҳаннам, макони худ дар биҳиштро (дар сурате ки гуноҳ намекарданд) мебинанд ва ҳасрат мехӯранд.[6]

Аллома Таботабоӣ ва шаҳид Мутаҳҳарӣ маънои дайгаре аз тағобун матраҳ мекунанд ва мегӯянд: дар баъзе муомилаҳо ҳар ду тараф зарар мекунанд; монанди ҷое ки касе аз золиме пайравӣ карда то дар муқобил подоше бигирад ва ё мустакбироне ки пайравони хешро ба дунёгароӣ ва раҳо кардани охират фаро хондаанд, ки дар ин сурат, дар рӯзи қиёмат ҳам ӯ ва ҳам золим ва ҳам пайравишуда (матбуъ) ва ҳам пайравикунанда (тобеъ) мефаҳманд, ки дар ин муомила зарар кардаанд ва ҳар ду ба якдигар зарар ворид сохтаанд; сарони гумроҳӣ бо фирефтани пайравонашон ва пайравикунандагон бо пайравӣ аз онон ва кумак кардан ба истикбор ва гарданфарозии бештарашон.[7]

Тағобун ба маънои зиён ворид кардан бар касе, фирефтан ва ё зиён дидан дар муомила ва низ афсӯс хӯрдан омадааст.[8] Онро дар ояи « يَوْمَ يَجْمَعُكُمْ لِيَوْمِ الْجَمْعِ ۖ ذَٰلِكَ يَوْمُ التَّغَابُنِ... »[9] ба маънои ошкор шудани зиёнҳо[10] ва ё афсӯс хӯрдан[11] маъно кардаанд.

Эҳсоси зиёни биҳиштиён

Мутобиқи бархе тафосир, дар рӯзи қиёмат, бархе аз муъминон низ эҳсоси ғабн ва зарар мекунанд, ки чаро дар анҷоми аъмоли солеҳ ва эҳсону некӣ кӯтоҳӣ карда ва фурсатҳоро зоеъ кардаанд.[12]

Эзоҳ

  1. Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1256
  2. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.24, саҳ.194
  3. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.24, саҳ.194
  4. Ниг.: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.450
  5. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.450
  6. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.450
  7. Ниг.: Мутаҳҳарӣ, Ошноӣ бо Қуръон, интишороти Садро, ҷ.7, саҳ.150; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.301
  8. Фарҳанги Муин, вожаи «ғабн»
  9. Сураи Тағобун, ояи 9
  10. Ҳусайнии Ҳамадонӣ, Анвори дурахшон, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.399 - 400
  11. Фулодванд, Тарҷумаи Қуръони Карим, зайли ояи 9 сураи Тағобун
  12. Саълабӣ, ал-Кашф-ул-баён, 1422ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.328; Таййиб, Атяб-ул-баён, 1378ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.40

Сарчашма

  • Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, ба кӯшиши Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, Теҳрон, дӯстон - ноҳид, 1377ҳ.ш.
  • Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд, Теҳрон, Дор-ул-Қуръон-ил-карим, 1418ҳ.қ./1376ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1374ҳ.ш.
  • Муин, Муҳамад, Фарҳанги Муин.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Ошноӣ бо Қуръон, Қум, интишороти Садро, 1384ҳ.ш.
  • Саълабӣ, Аҳмад ибни Муҳамад, ал-Кашф-ул-баён, Бейрут, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1422ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фии тафсир-ил-Қуръон, муқаддама: Муҳаммадҷаводи балоғӣ, Теҳрон, Носири хусрав, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизону фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, дафтари интишороти исломии Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмия, 1417ҳ.қ.
  • Таййиб, Сайид Абдулҳусайн, Атяб-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Ислом, 1378ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Ҳамадонӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Анвори дурахшон, таҳқиқ: Муҳаммадбоқири Беҳбудӣ, Теҳрон, китобфрушии Лутфӣ, 1404ҳ.қ.