Ҷиҳоди ибтидоӣ

Аз wikishia
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Ҷиҳоди ибтидоӣ ба маънои оғози ҷанг аз сӯи мусалмонон алайҳи мушрикону кофирон аст, ки ҳадафи он густариши Ислом ва барқарории тавҳиду адолат аст.

Аксари фақеҳони шиа ҳузури Имоми маъсум, нерӯи кофии мусалмонон барои ҷиҳод ва даъвати кофирон ба Ислом пеш аз оғози ҷангро шартҳои аслии ҷиҳоди ибтидоӣ медонанд, вале иддае аз фақеҳон, аз ҷумла Шайхи Муфид (336ҳ.қ., ё 338ҳ.қ.-413ҳ.қ.), Сайид Абулқосим Хуӣ, Сайидалии Хоманаӣ, Ҳусейналии Мунтазирӣ ва Муҳаммади Муъмин ҳузури Имоми Маъсумро барои фарз шудани ҷиҳоди ибтидоӣ, шарт надонистаанд.

Баъзе аз фақеҳон ва пажуҳишгарон, ҷангҳои замони Пайғамбар (с) ва имомони (с)-ро дифоъӣ донистаанд, дар муқобил, Муҳаммадтақии Мисбоҳи Яздӣ дифоъӣ хондани ҳамаи ҷангҳои Исломро ношӣ аз қарор гирифтан дар чорчуби меъёрҳо ва арзишҳои мавриди пазириши феълӣ ва ҳоким бар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон медонад.

Уламои шиа дар посух ба шубҳаи таорузи ҷиҳоди ибтидоӣ бо озодии ақида ва ояти “Ла икроҳа фи-д-дин/ لا اکراه فی الدین” тасреҳ кардаанд аз оёти ҷиҳод наметавон бардошт кард, ки кофирон ва мушриконро бояд маҷбур ба қабули Ислом кард. Зеро ҳадаф аз ҷиҳоди ибтидоӣ кумак ба мазлумон, мубориза бо зулм ва фароҳам овардани замина барои интихоби озодонаи дин аст.

Мафҳумшиносӣ

Ҷиҳоди ибтидоӣ ба маънои ҷанг бо мушрикону куффор барои даъвати онон ба Ислому тавҳид ва барқарории адолат аст, ки оғозгари он мусулмонон ҳастанд.[1] Оятуллоҳ Мунтазирӣ (аз мароҷеъи тақлид) ҷиҳоди ибтидоиро ба маънои ироаи дини Ислом ва арзишҳои он ба соири миллатҳо донистааст, ки дар пайи аз байн бурдани зулм, ҳокимияти золим ва заминасоз барои таҳаққуқи дини Илоҳӣ бо ихтиёр ва интихоби мардум аст.[2]

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Муҳаммадтақии Мисбоҳи Яздӣ (1313 - 1399ҳ.ш.) аз фуқаҳои шиа, ҷиҳоди ибтидоиро аз «заруриёти фиқҳи исломӣ» хонда ва бар ин бовар аст, ки фуқаҳои шиа ва суннӣ дар машруъ будани он иттифоқи назар доранд.[3] Ба гуфтаи баъзе, ҷиҳоди ибтидоӣ, мутобиқи назари машҳури фуқаҳо фарзи кифоӣ дониста шуда[4] ва бештари олимони шиа ба вижа фуқаҳои садаҳои нахусти қамарӣ муътақиданд, ҷиҳоди ибтидоӣ бо ин афрод фарз аст; куффор, гуруҳе аз аҳли китоб (монанди яҳудиён, масеҳиён ва зартуштиён) ки пардохти ҷизя ва зиндагӣ бо қонунҳои ҳукумати исломиро намепазиранд.[5]

Ҳусайналии Мунтазирӣ[6] ва Носир Макорими Шерозӣ (зодаи 1305ҳ.ш.)[7] аз фуқаҳои шиа ва Неъматуллоҳ Солеҳии Наҷафободӣ (1302 - 1385ҳ.ш.),[8] ҷиҳодҳои садри Исломро дифоӣ хонда; ки бо ҳадафи наҷоти мазлумон ва рафъи мавонеъи таблиғи Ислом анҷом мешудааст. Дар муқобил, Мисбоҳи Яздӣ (1313 - 1399ҳ.ш.) муътақид аст, дифоъӣ хондани ҳамаи ҷангҳои Ислом аз сӯи андешмандони мусулмон, ба ин ҷиҳат будааст, то дар чорчӯби меъёрҳо ва арзишҳои мавриди пазириши феълӣ ва ҳоким бар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон (монанди либеролизму озодихоҳӣ), қарор гирифта, тавҷеҳпазир бошад.[9]

Шароити ҷиҳоди ибтидоӣ

Бино бар назароти машҳури олимони шиа, ҷиҳоди ибтидоӣ се шарт дорад:

  1. Ҳузури маъсум: бинобарин, дар замони ғайбат, ҷиҳоди ибтидоӣ ҷоиз нест.
  2. Қудрати кофии мусулмонон барои оғози ҷиҳод.
  3. Даъвати куффор ба Ислом ва итмоми ҳуҷҷат бо онҳо, пеш аз оғози ҷанг.[10]

Ҳузури имоми маъсум ва иҷозаи ӯ ё ноиби хоси ӯ,[11] бинобар қавли машҳури фуқаҳои шиа; аз ҷумла: Шайхи Тусӣ (385 - 460ҳ.қ.),[12] Қозӣ Ибни Барроҷ (ҳудуди 400 то 481ҳ.қ.),[13] Ибни Идрис (ҳудуди 543-598ҳ.қ.),[14] Муҳаққиқи Ҳиллӣ (602 - 676ҳ.қ.),[15] Аллома Ҳиллӣ (648 - 726ҳ.қ.),[16] Шаҳиди Сонӣ (911 - 955 ё 965ҳ.қ.)[17] ва соҳиби Ҷавоҳир (1202 - 1266ҳ.қ.),[18] шарти анҷоми ҷиҳоди ибтидоӣ аст[19] ва шомили ноибони ом (фуқаҳо) намешавад.[20]

Бо ин ҳол, бархе аз фуқаҳо; монанди Шайхи Муфид,[21] Абуссалоҳ Ҳалабӣ (374 - 447ҳ.қ.),[22] ва Салори Дайламӣ (вафот: 448ҳ.қ.),[23] ҳузури имоми маъсумро шарти ҷиҳоди ибтидоӣ намедонанд, аз ин рӯ, анҷоми он дар замони Ғайбатро ҷоиз мешуморанд.[24] Бархе фуқаҳои муосир низ монанди Сайид Абулқосим Хуӣ (1278 - 1371ҳ.ш.)[25] Сайидалӣ Хоманаӣ (зодаи 1318ҳ.ш.),[26] Ҳусайналии Мунтазирӣ (1301 - 1388ҳ.ш.),[27] ва Муҳаммад Муъмин (1316 - 1397ҳ.ш.), шарти ҳузури имоми маъсумро бар асоси оёти Қуръон ва ривоёти маъсумон, қобили исбот надониста ва бар ин боваранд, ки ҷиҳоди ибтидоӣ, ба шарти фароҳам будани шароит дар замони Ғайбати имоми маъсум низ, воҷиб аст;[28] ва ба гуфтаи бархе таъбири «имоми одил» дар аҳодиси ҷиҳод, ба маънои имоми маъсум нест.[29]

Таъоруз бо озодии ақида

Мақолаҳои аслӣ: Озодии ақида ва ояти Ло икроҳа фи-д-дин

Ба эътиқоди бархе, ҷиҳоди ибтидоӣ, ба густариши Ислом аз роҳи таҳмили ақида бар мардум мунҷар мешавад ва бо ояти «لاَ إِكْراهَ فی الدِّينِ قَد تَّبَيَّنَ الرُّشْدُ مِنَ الْغَیِّ»[30] ки икроҳу иҷбор дар динро нафй мекунад, дар таъоруз аст.[31] Уламои шиа дар посух ба ин шубҳа, рӯйкардҳои мутафовите доштаанд; аз ҷумла:

  1. Ҳамаи оёти ҷиҳод дар Қуръон, чӣ ба таври мустақим ва чӣ ғайримустақим, машрут ва муқайяд ба ин аст, ки ҷиҳод бояд барои кумак ба мазлумон, мубориза бо ихтиноқ ва фароҳам шудани заминаи интихоби озодонаи дин анҷом шавад, на барои таҳмили дин. Бархе бо ҳамин рӯйкард, ҳамаи ҷиҳодҳоро ҷиҳоди дифоӣ донистаанд.[32]
  2. Дар ҳеҷ як аз оёт ҷиҳод, бар мусулмонон воҷиб нашудааст, ки бо мушрикон биҷанганд ва онҳоро водор ба қабули Ислом кунанд ва агар напазируфтанд, онҳоро бикушанд.[33] Илова бар ин, ба эътиқоди Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари низоми Ҷумҳурии исломии Эрон, густариши умури эътиқодӣ, бо зур имконпазир нест.[34]
  3. Муҳаммадтақии Мисбоҳи Яздӣ (1313 - 1399ҳ.ш.) муътақид аст, машруъияти «ҷиҳоди ибтидоӣ» дар Ислом,[35] бо ҳадафи шинохти ҳақ ва парастиши Худованд ва ҳоким шудани дини Худо анҷом мешавад, на, барои қудратталабӣ ва даст андохтан ба манофеи иқтисодӣ ва моддии ҳар ҷомеъае;[36] зеро парастиши Худованд дар сартосари ҷаҳон, аз ҳуқуқи Ӯ маҳсуб шудааст, то ба василаи ҷиҳоди ибтидоӣ (ки ба навъе дифоъ аз тавҳид аст) ширк, куфр, зулм ва фасоди мушрикону кофирон аз байн биравад ва низоми тавҳидӣ бар ҷаҳон ҳоким шавад. На ба ин маъно ки ҳамаи афрод дар тамоми олам ба зӯру иҷбор мусулмон шаванд.[37] Ба гуфта Оятуллоҳ Мунтазирӣ, ин маъно бо ояти 256 сураи Бақара таносуб дорад.[38]

Такнигорӣ

  • Ҷиҳоди ибтидоӣ дар суннат ва сираи набавӣ, асари Муҳаммади Марворид, Машҳад, бунёди пажӯҳишҳои исломии Остони қудси Разавӣ, 1400ҳ.ш.

Нависанда дар ин асар зимни баёни мафҳуми ҷиҳод ва анвоъи он, муътақид аст, ҷиҳоди ибтидоӣ бо вуҷуди фарқе ки бо ҷиҳоди дифоӣ дорад, дар сираи Расули Худо (с) бо меъёри ҷиҳоди дифоӣ ва бо ҳадафи барқарории амният ва истиқрори мусулмонон будааст.[39]

  • Ҷиҳоди ибтидоӣ дар Қуръони Карим, асари Муҳаммадҷавод Фозили Ланкаронӣ, тақрир ва тадвини Муҳаммадҳасани Дониш, Қум, интишороти маркази фиқҳии аиммаи атҳор (а), 1397ҳ.ш.

Нависанда дар ин асар бо рӯйкарди фиқҳӣ ва тафсирӣ, оёте, ки бар ҷиҳоди ибтидоӣ бо кофирону мушрикон далолат дорандро, мавриди баррасӣ қарор дода, машруъияти ҷиҳоди ибтидоӣ исбот кардааст. Сипас ба шубҳаи касоне ки бархе оёти Қуръонро дар таъоруз бо машруъияти ҷиҳоди ибтидоӣ донистаандро, бо равиши иҷтиҳодӣ ва фиқҳӣ посух додааст.[40]

Эзоҳ

  1. Саромӣ, Адолатнажод, «Ҷиҳод» 1386ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.434.
  2. Мунтазирӣ, Муҷозотҳои исломӣ ва ҳуқуқи башар, 1429ҳ.қ., саҳ.90.
  3. Мисбоҳи Яздӣ, Ҷанг ва ҷиҳод дар Қуръон, 1383ҳ.ш., саҳ.139.
  4. Ансорӣ, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳият-ул-муяссара, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.24; Саромӣ, Адолатнажод, “Ҷиҳод” 1386ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.434.
  5. Баҳромӣ, Низоми сиёсӣи иҷтимоии Ислом, 1380ҳ.ш., саҳ.139 - 141.
  6. Мунтазирӣ, Ҳукумати динӣ ва ҳуқуқи инсон, 1387ҳ.ш., саҳ.60; Мунтазирӣ, Посух ба пурсишҳое перомуни муҷозотҳои исломӣ ва ҳуқуқи башар, 1387ҳ.ш., саҳ.90.
  7. «Ҷиҳоди ибтидоӣ», пойгоҳи итилоърасонии дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ.
  8. Солеҳии Наҷафободӣ, Ҷиҳод дар Ислом, 1386ҳ.ш., саҳ.34 - 35.
  9. Мисбоҳи Яздӣ, Ахлоқ дар Қуръон, 1391ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.408.
  10. Амиди Занҷонӣ, Фиқҳи сиёсӣ, ҷ.3, 1377ҳ.ш., саҳ.139.
  11. Саромӣ, Адолатнажод, “Ҷиҳод” 1386ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.435.
  12. Шайхи Тусӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.8.
  13. Қозӣ Ибни Барроҷ, ал-Муҳаззаб, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.296.
  14. Ибни Идриси Ҳиллӣ, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.3.
  15. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.278.
  16. Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.19.
  17. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.381.
  18. Соҳиби Ҷавоҳир, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.11.
  19. Ҷовид, “Ҳуқуқи башари муосир ва ҷиҳоди ибтидоӣ дар Исломи муосир”, саҳ.129 - 134.
  20. Саромӣ, Адолатнажод, “Ҷиҳод” 1386ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.435.
  21. Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1410ҳ.қ., саҳ.810.
  22. Абуссалоҳ Ҳалабӣ, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, бе то, саҳ.246.
  23. Салори Дайламӣ, ал-Маросим фи-л-фиқҳ-ил-имомӣ, 1404ҳ.қ., саҳ.261.
  24. Ҷовид, “Ҳуқуқи башари муосир ва ҷиҳоди ибтидоӣ дар Исломи муосир”, саҳ.127 - 129.
  25. Хуӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.364.
  26. Хоманаӣ, Рисолаи омӯзишӣ, 1398ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.322.
  27. Мунтазирӣ, Диросотун фи вилоят-ил-фақиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.116 - 119.
  28. Муъмин, “Ҷиҳоди ибтидоӣ дар асри Ғайбат”, саҳ.51.
  29. Мунтазирӣ, Диросотун фи вилоят-ил-фақиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.118.
  30. Сураи Бақара, ояти 256.
  31. Комёб, “Баррасии шубҳаи ҷиҳоди ибтидоӣ дар тафсири ояти ло икроҳа фи-д-дин”саҳ.8.
  32. Комёб, “Баррасии шубҳаи ҷиҳоди ибтидоӣ дар тафсири ояти ло икроҳа фи-д-дин”, саҳ.27.
  33. Комёб, “Баррасии шубҳаи ҷиҳоди ибтидоӣ дар тафсири ояти ло икроҳа фи-д-дин”, саҳ.28.
  34. Адрикнӣ; Муқимии Ҳоҷӣ, “Ҷиҳод”, саҳ.424.
  35. Мисбоҳи Яздӣ, Ахлоқ дар Қуръон, 1391ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.408.
  36. Мисбоҳи Яздӣ, Ахлоқ дар Қуръон, 1391ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.412.
  37. Мисбоҳи Яздӣ, Ҷанг ва ҷиҳод дар Қуръон, 1383ҳ.ш., саҳ.152 - 154.
  38. Мунтазирӣ, Муҷозотҳои исломӣ ва ҳуқуқи башар, саҳ.89 - 90.
  39. Ҷиҳоди ибтидоӣ дар суннат ва сираи набавӣ, вебгоҳи бунёди пажӯҳишҳои исломии Остони қудси Разавӣ.
  40. Ҷиҳоди ибтидоӣ дар Қуръони Карим, вебгоҳи оятуллоҳ Муҳаммадҷавод Фозили Ланкаронӣ.

Сарчашма

  • Абуссалоҳ Ҳалабӣ, Тақӣ ибни Наҷм, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, таҳқиқи Ризо Устодӣ, Исфаҳон, мактабатул-Имом Амиралмуъминин Алӣ (а) алъома, бе то.
  • Адрикнӣ, Муҳаммадҷавод ва Абулқосим Муқимии Ҳоҷӣ, “Ҷиҳод”, мақолоте аз андешаномаи инқилоби исломӣ, Теҳрон, муассисаи пажӯҳишии фарҳангии инқилоби исломӣ, 1398ҳ.ш.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо,Қум, муассисаи Олулбайт (а) ли эҳёилтурос, 1414ҳ.қ.
  • Амиди Занҷонӣ, Аббосалӣ, Фиқҳи сиёсӣ, Теҳрон, Амир Кабир, 1377ҳ.ш.
  • Ансорӣ (Халифа Шуштарӣ), Муҳаммадалӣ, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳият-ул-муяссара, Қум, маҷмаъулфикрил-исломӣ, 1415ҳ.қ.
  • Баҳромӣ, Қудратуллоҳ, Низоми сиёсии иҷтимоии Ислом, Қум, сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, 1380ҳ.ш.
  • Ибни Идриси Ҳиллӣ, Муҳаммад ибни Мансур, ас-Сароир-ул-ҳовӣ ли таҳрир-ил-фатово, Қум, муассисаи алнашрул-исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Комёб, Ҳусайн ва Аҳмади Қудсӣ, “Баррасии шубҳаи ҷиҳоди ибтидоӣ дар тафсири ояти ло икроҳа фи-д-дин”, дар маҷаллаи мутолиъоти тафсирӣ, шумораи 11, поизи 1391ҳ.ш.
  • Қозӣ Ибни Барроҷ, Абдулазиз, ал-Муҳаззаб, Қум, муассисаи алнашрул-исломӣ, 1406ҳ.қ.
  • Қуръони Карим.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Ахлоқ дар Қуръон, Қум, интишороти муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ, 1391ҳ.ш.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Ҷанг ва ҷиҳод дар Қуръон, Қум, интишороти муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ, 1383ҳ.ш.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, Диросотун фи вилоят-ил-фақиҳ ва фиқҳ-ид-давлат-ил-исломия, Қум, алмарказулъоламӣ лиддиросотил-исломия, 1409ҳ.қ.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, Муҷозотҳои исломӣ ва ҳуқуқи башар, Қум, 1429ҳ.қ.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, Посух ба пурсишҳое перомуни муҷозотҳои исломӣ ва ҳуқуқи башар, Қум, арғавони дониш, 1387ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароиъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
  • Муъмин, Муҳаммад, “Ҷиҳоди ибтидоӣ дар асри Ғайбат”, дар маҷаллаи фиқҳи Аҳли Байт, шумораи 26, тобистони 1380ҳ.ш.
  • Салори Дайламӣ, Ҳамза ибни Абдулъазиз, ал-Маросим фи-л-фиқҳ-ил-имомӣ, таҳқиқи Маҳмуди Бастонӣ, Қум, маншуроти алҳарамайн, 1404ҳ.қ.
  • Саромӣ, Сайфуллоҳ, Адолатнажод, Саид, “Ҷиҳод”, донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, бунёди доиратулмаорифи исломӣ, 1386ҳ.ш.
  • Солеҳии Наҷафободӣ, Неъматуллоҳ, Ҷиҳод дар Ислом, Теҳрон, нашри нав, 1386ҳ.ш.
  • Соҳиби Ҷавоҳир, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1362ҳ.ш.
  • Хоманаӣ, мутобиқ бо фатвоҳои ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Теҳрон, муассисаи пажӯҳишии фарҳангии инқилоби исломӣ, 1398ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, Мадинатуллъилм, 1410ҳ.қ.
  • Ҷиҳоди ибтидоӣ дар Қуръони Карим, вебгоҳи оятуллоҳ Муҳаммадҷавод Фозили Ланкаронӣ, таърихи мушоҳида: 29 озари 1401ҳ.ш.
  • Ҷиҳоди ибтидоӣ дар суннат ва сираи набавӣ, вебгоҳи бунёди пажӯҳишҳои исломии Остони Қудси Разавӣ, таърихи мушоҳида: 29 озари 1401ҳ.ш.
  • Ҷиҳоди ибтидоӣ», сайти дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, таърихи боздид: 22 тири 1396ҳ.ш.
  • Ҷовид, Муҳаммадҷавод ва Алӣ Муҳаммаддӯст, “Ҳуқуқи башари муосир ва ҷиҳоди ибтидоӣ дар Исломи муосир”, дар пажӯҳишномаи ҳуқуқи исломӣ, соли ёздаҳум, шумораи 2, поиз ва зимистони 1389ҳ.ш.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Муқниъа, Қум, муассисаи алнашрул-исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, Теҳрон, алмактабатул-Муртазавия ли эҳёил осорилҷаъфария, 1387ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқия, таҳқиқи Калонтар, Қум, мактабатулдоварӣ, 1410ҳ.қ.