Қабристон
Қабристон (форсӣ: قبرستان) маконе аст, ки мурдагон дар он дафн мешаванд. Дар фарҳанги мусалмонон, қабристон маконе муҳтарам шумурда мешавад. Ба қабристон рафтан ва зиёрати қабрҳо аз суннатҳое аст, ки дар миёни мусалмонон роиҷ аст. Бар асоси ривоятҳо, Водиюссаломи Наҷаф дар миёни қабристонҳо дорои аҳамияти хос аст. Бархе аз қабристонҳои мусалмонон, монанди Бақиъ, Маъло, Тахти Фулод, Бобуссағир ва Шайхон дорои шуҳрат ҳастанд. Дар сарчашмаҳои исломӣ, аҳком ва одоби махсусе барои рафтан ба қабристон ва зиёрати қабрҳо зикр шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо салом додан ба мурдагон, ҳифзи эҳтиром ва тозагии қабристон ва дафн накардани кофирон дар қабристони мусалмонон аст.
Мафҳумшиносӣ ва аҳамият
Қабристон маконе аст, ки дар он, мурдагонро дафн мекунанд.[1] Дар таълимоти динӣ ва низ фарҳанги мусалмонон, қабристон маконе муҳтарам шумурда мешавад.[2] Дар миёни қабристонҳои мусалмонон, бархе монанди Бақиъ[3] ва Водиюссалом[4] аз ҷойгоҳи вижае бархӯрдор ҳастанд. Шиаён ба ҷиҳати иродат ба имомон (а) ва фарзандонашон, мурдагонашонро дар наздикии мазори онҳо дафн мекунанд.[5] Ба қабристон, оромистон ва гӯристон ҳам гуфта мешавад.[6]
Қабристонҳои маъруф
- Қабристони Водиюссалом: қабристони бузург ва таърихӣ дар шаҳри Наҷаф аст, ки ба сабаби вуҷуди ҳадисҳое дар бораи фазилати он, барои шиаён аҳамият дорад. Ду мақбараи мансуб ба паёмбарон Ҳуд ва Солеҳ низ дар ин қабристон воқеъ аст.[7]
- Қабристони Бақиъ: қадимтарин қабристони мусалмонон, ки дар Мадина ва наздикии Масҷидуннабӣ қарор дорад.[8] Чор имоми шиа, яъне имом Ҳасан (а), имом Саҷҷод (а), имом Боқир (а) ва имом Содиқ (а) дар ин қабристон мадфун ҳастанд.[9]
- Қабристони Водии Айман: гӯристони қадимӣ дар Карбало аст, ки дар ҷанубу шарқии ҳарами Ҳазрати Аббос (а) қарор дорад.[10]
- Қабристони Маъло: қабристони қадимӣ, ки дар шимолу шарқии Макка воқеъ аст.[11] Аҷдоди Паёмбар (с), Абдуманоф, Ҳошим ва Абдулмутталиб, дар он ҷо мадфун ҳастанд.[12]
- Қабристони Ибни Бабавайҳ: қабристони бузург ва таърихӣ дар шаҳри Рай аст, ки шаклгирии он ба давраи Фатҳалишоҳи Қоҷор мерасад.[13]
- Қабристони Бобуссағир: қабристони қадимӣ дар Димишқ ва мадфани бархе фарзандони имомони шиа, саҳоба ва тобеин аст.[14] Қидмати Бобуссағир ба нахустин солҳои вуруди Ислом ба сарзамини Шом мерасад. Мақоми Руъус-уш-шуҳадо (мадфани сарҳои шаҳидони Карбало) дар наздикии Бобуссағир воқеъ шудааст.[15]
- Қабристони Дор-ус-салом: аз қадимтарин гӯристонҳои таърихии Эрон аст, ки дар Шероз воқеъ шуда ва қидмати он ба қарни сеюм ва чоруми ҳиҷрӣ мерасад.[16]
- Қабристони Шайхон: қабристоне дар Қум ки мақбараи ду муҳаддиси машҳур, Закарё ибни Идрис ва Закарё ибни Одам дар он қарор дорад ва аз ҳамин ҷиҳат, номи Шайхон (яъне ду шайх) ба худ гирифтааст.[17]
- Қабристони Тахти Фулод: қабристони қадимие дар Исфаҳон аст, ки ба далели шахсиятҳои машҳури дафншуда дар он ва вуҷуди биноҳои таърихӣ, аз маконҳои таърихӣ ва фарҳангии Эрон маҳсуб мешавад.[18]
- Биҳишти Заҳро: қабристони бузург дар ҷануби Теҳрон аст, ки дар 1349ҳ.ш. сохта шуд ва ба мурӯзи замон ба Биҳишти Заҳро (с) тағйири ном дод.[19]
- Қабристони Водиюссалом (Қум): гӯристоне дар Қум аст, ки миёни солҳои 1330 то 1340ҳ.ш. таъсис шудааст.[20]
- Қабристони Ҳелсинки: қадимтарин қабристони мусалмонон дар Скандинавия, ки дар Ҳелсинки — пойтахти Финланд, дар соли 1870м сохта шудааст ва фақат мусалмонон дар он хоксупорӣ мешаванд.[21]
Аҳком ва одоби қабристон
Дар сарчашмаҳои исломӣ, аҳком ва одоби махсусе барои рафтан ба қабристон ва зиёрати қабрҳо зикр шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо салом додан ба мурдагон, ҳифзи эҳтиром ва тозагии қабристон ва дафн накардани кофирон дар қабристони мусалмонон аст:[22]
- Салом додан ба мурдагон: Аллома Маҷлисӣ дар китоби Биҳор-ул-анвор дар зикри одоби зиёрати муъминон, ҳадисеро нақл мекунад, ки бар асоси он, имом Алӣ (а) дар зиёрати аҳли қабр чунин гуфт:
بِسْمِ اَللّٰهِ اَلرَّحْمٰنِ اَلرَّحِیمِ اَلسَّلاَمُ عَلَی أَهْلِ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اَللَّهُ مِنْ أَهْلِ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اَللَّهُ یا أَهْلَ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اَللَّهُ بِحَقِّ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اَللَّهُ کَیفَ وَجَدْتُمْ قَوْلَ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اَللَّهُ مِنْ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اَللَّهُ یا لاَ إِلَهَ إِلاَّ اَللَّهُ بِحَقِّ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اَللَّهُ اِغْفِرْ لِمَنْ قَالَ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اَللَّهُ وَ اُحْشُرْنَا فِی زُمْرَةِ مَنْ قَالَ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اَللَّهُ مُحَمَّدٌ رَسُولُ اَللَّهِ عَلِی وَلِی اَللَّهِ
Тарҷумаи тоҷикӣ:
Ба номи Худованди бахшоянда ва меҳрубон. Салом бар аҳли «Ло илоҳа иллаллоҳ» аз ҷониби аҳли «Ло илоҳа иллаллоҳ». Эй аҳли «Ло илоҳа иллаллоҳ», ба ҳаққи «Ло илоҳа иллаллоҳ», чӣ гуна ёфтед сухани «Ло илоҳа иллаллоҳ» аз ҷониби «Ло илоҳа иллаллоҳ»? Эй «Ло илоҳа иллаллоҳ», ба ҳаққи «Ло илоҳа иллаллоҳ», бибахш касеро, ки гуфтааст «Ло илоҳа иллаллоҳ», ва моро дар гурӯҳи касоне маҳшур кун, ки гуфтаанд: «Ло илоҳа иллаллоҳ», Муҳаммадун Расулуллоҳ, Алиюн валиюллоҳ.[23]

- Ҳифзи тозагӣ, покӣ ва эҳтироми қабристон: Сайид Муҳаммадкозим Таботабоии Яздӣ, дар китоби ал-Урват-ул-вусқо, наҷис ва ифлос кардани қабрҳо, хандидан дар қабристон ва роҳ рафтан рӯи қабрҳоро макруҳ донистааст.[25]
- Манъи бозсозии қабристон: бархе аз фақеҳон, бозсозии қабристон пас аз аз байн рафтани онро макруҳ муаррифӣ кардаанд; магар дар мавридҳое ки қабр марбут ба паёмбарон ва имомон ва ё уламо бошад.[26]
- Дафн накардани кофирон дар қабристони мусалмонон: бар асоси фатвои фақеҳон, дафни кофирон дар қабристони мусалмонон ҷоиз нест.[27]
Зиёрати аҳли қабр
Зиёрати қабрҳо ва рафтан бар сари мазори мурдагон дар рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа, махсусан баъд аз адои намози ҷумъа, аз суннатҳое аст, ки дар бархе кишварҳои исломӣ, монанди Тоҷикистон, маъмул ва марсум аст. Қироати Фотиҳа ва хондани Қуръон, шустани санги қабрҳо аз ҷумлаи одобе аст, ки бархе аз мардум дар зиёрати қабри мурдагони худ анҷом медиҳанд.[28] Ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ, зиёрати қабри Паёмбар (с), аҳли байти ӯ ва қабри муъминон аз усули фарҳанги исломӣ аст.[29]
Нигорхонаи тасвирҳо
-
Қабристони Тахти Фулод дар Исфаҳон
-
Қабристони Бақиъ дар Мадина
-
Насби таблои салом ба аҳли қабр дар қабристоне дар Эрон (2019м)[30]
-
Нақши шаҳодатайн рӯи сангқабрҳои мусалмонони Аврупо
Эзоҳ
- ↑ Амид, Фарҳанги форсии Амид, зери вожаи «қабр»; Анварӣ, Фарҳанги бузурги сухан, зери вожаи «қабр»
- ↑ Латифӣ, «احترام به قبور بزرگان دین سیره ائمه چهارگانه اهل سنت است», Хабаргузории Шабистон
- ↑ Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1390ҳ.ш., саҳ.353–356
- ↑ Абдуссоҳиб Музаффар, «Баррасии таърихи хоксупорӣ дар Наҷаф ва Водиюссалом», саҳ.1
- ↑ Фақеҳи Баҳрулулум, «Таърихчаи интиқоли ҷанозаҳо ба Атботи олиёт (шаҳри Карбало)», саҳ.1
- ↑ رئیس سازمان شهرداریها و دهیاریهای کشور خواستار جایگزینی واژه آرامستان به جای گورستان شد, сайти Офтобниюс
- ↑ Абдуссоҳиб Музаффар, «Баррасии таърихи хоксупорӣ дар Наҷаф ва Водиюссалом», саҳ.1
- ↑ Рафъат Пошо, Миръот-ул-ҳарамайн (тарҷума), 1377ҳ.ш., саҳ.447
- ↑ Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1390ҳ.ш., саҳ.353–356
- ↑ Набавӣ, «Нимрӯзе дар Водии Айман», саҳ.287
- ↑ Қоидон, Таърих ва осори исломии Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, 1384ҳ.ш., саҳ.129
- ↑ Азрақӣ, Китоби Ахбори Макка шарафаҳаллоҳу таъоло ва мо ҷоа фиҳо мина-л-осор, саҳ.433
- ↑ Мансурӣ, «Шинохти авомили муассир дар шаклгирии гӯристонҳои таърихӣ», саҳ.22
- ↑ Ёқут Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.468
- ↑ Фаҳрӣ, Мароқид Аҳл-ил-байт, 1428ҳ.қ., саҳ.39–40
- ↑ Шайбонӣ ва ҳамкорон, Шинохт ва баррасии мазомин ва нақшҳои тасвирии гӯристони Дор-ус-саломи Шероз, саҳ.3
- ↑ Аҳмадиён, Шайхони Қум, 1383ҳ.ш., саҳ.32–35
- ↑ Туркӣ, «Нақши оромистонҳо дар барномарезии рушди гардишгарии мазҳабӣ ба унвони улгуи бартари иқтисодӣ намунаи мавридӣ Тахти Фулоди Исфаҳон», саҳ.56
- ↑ Ховорӣ, «Биҳишти Заҳро(с)», саҳ.822
- ↑ «وادیالسلام؛ آرامستانی که قربانی اختلاف مسئولان شده است», Пойгоҳи хабарии Шафақно
- ↑ «ماه و ستاره ویژگی قدیمی ترین قبرستان مسلمانان در اسکاندیناوی», сайти Хабаргузории Шабистон
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.128; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.99, саҳ.301
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.99, саҳ.301
- ↑ «آخرین پنجشنبه سال ۹۹ - آرامستان اراک», Хабаргузории ИСНА
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.128
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.128
- ↑ Оқобобоии Банӣ, «تأملی بر تفکیک قبور مسلمانان از غیر مسلمانان», саҳ.1
- ↑ «یاد از دست رفتگان؛ رسم ارزشمند ایرانیان/ برخی اعتقادات پنجشنبه آخر سال», сайти Хабаргузории Меҳр
- ↑ Субҳонӣ, Маншури ақоиди имомия, 1376ҳ.ш., саҳ.254
- ↑ «عکس تابلوی مزار شهدا و گلزار شهدای استان خوزستان», Қоби ишқ
Сарчашма
- Абдуссоҳиб Музаффар, Муҳсин, «Баррасии таърихи хоксупорӣ дар Наҷаф ва Водиюссалом», тарҷумаи Муҳаммадҳусайн Хушнавис, дар Фаслномаи Фарҳанги Зиёрат, №39, тобистони 1398ҳ.ш.
- Азрақӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, Китоби Ахбори Макка шарафаҳаллоҳу таъоло ва мо ҷоа фиҳо мина-л-осор, ривояти Исҳоқ ибни Аҳмад Хузоӣ, дар Ахбори Маккаи мушаррафа, ҷ.1, Ғатнаға, 1275ҳ.қ.
- Амид, Ҳасан, Фарҳанги форсии Амид, Теҳрон, Интишороти Амиркабир, 1375ҳ.ш.
- Анварӣ, Ҳасан, Фарҳанги бузурги сухан, Теҳрон, Интишороти Сухан, 1381ҳ.ш.
- Аҳмадиён, Мино, Шайхони Қум: Зиндагиномаи бузургон мадфун дар Шайхони Кабир (Гулзори Шайхон), Қум, Интишороти Далели мо, 1383ҳ.ш.
- Мансурӣ, Кова ва Муҳаммад Масъуд ва Муҳаммадсаид Изадӣ, «Шинохти авомили муассир дар шаклгирии гӯристонҳои таърихӣ», Боғи Назар, соли 16, шаҳривари 1398ҳ.ш., №75.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, Бейрут, 1403ҳ.қ.
- Набавӣ, Аҳмад, «Нимрӯзе дар Водии Айман», Фаслномаи Фарҳанги зиёрат, №10 ва 11, баҳор ва тобистони 1391ҳ.ш.
- Рафъат, Пошо Иброҳим, тарҷумон: Ансорӣ Ҳодӣ, Миръот-ул-ҳарамайн, Интишороти Машъар, Теҳрон, 1377ҳ.ш.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ақоиди имомия, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1376ҳ.ш.
- Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, Муассисаи Нашри Исломӣ вобаста ба Ҷомеаи Мударрисин, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
- Туркӣ, Заҳро, «Нақши оромистонҳо дар барномарезии рушди гардишгарии мазҳабӣ ба унвони улгуи бартари иқтисодӣ намунаи мавридӣ Тахти Фулоди Исфаҳон», дар Ҳамойиши улгуи исломии эронии пешрафт, давраи 8, хурдоди 1398ҳ.ш.
- Фақеҳи Баҳрулулум, Муҳаммадмаҳдӣ, «Таърихчаи интиқоли ҷанозаҳо ба Атботи олиёт (шаҳри Карбало)», дар Фаслномаи Фарҳанги Зиёрат, давраи 8, №33, дайи 1396ҳ.ш.
- Фаҳрӣ, Сайид Аҳмад, Мароқиди Аҳли Байт дар Шом, Мактабат-ул-Имом ал-Хоманаӣ, Сурия, 1428ҳ.қ.
- Ховорӣ, Ҳоҷияхон, «Биҳишти Заҳро(с)», дар Донишномаи Ҷаҳони Ислом, Теҳрон, Бунёди Доиратулмаорифи исломӣ, 1377ҳ.ш.
- Шайбонӣ, Ҳамидризо ва дигарон, «شناخت و بررسی مضامین و نقوش تصویری گورستان دارالسلام شیراز», Конфронси пажӯҳишҳои меъморӣ ва шаҳрсозии исломӣ ва таърихии Эрон, 1396ҳ.ш.
- Қоидон, Асғар, Таърих ва осори исломии Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, Теҳрон, 1384ҳ.ш.
- Ҳамавии Бағдодӣ, Ёқут, Муъҷам-ул-булдон, Дор-ус-содир, Бейрут, 1995м.
- Ҷаъфариён, Расул, Осори исломии Макка ва Мадина, Қум, Нашри Машъар, 1390ҳ.ш.
- «ماه و ستاره ویژگی قدیمی ترین قبرستان مسلمانان در اسکاندیناوی», сайти Хабаргузории Шабистон, санаи дарҷ: 22 фарвардини 1397ҳ.ш., санаи боздид: 10 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
- «وادی السلام؛ آرامستانی که قربانی اختلاف مسئولان شده است», Пойгоҳи хабарии Шафақно, санаи дарҷ: 22 хурдоди 1399ҳ.ш.
- «رئیس سازمان شهرداریها و دهیاریهای کشور خواستار جایگزینی واژه آرامستان به جای گورستان شد», вебгоҳи Офтобниюс, санаи дарҷ: 17 дайи 1384ҳ.ш.
- «عکس تابلوی مزار شهدا و گلزار شهدای استان خوزستان», Қоби ишқ, санаи боздид: 18 тир 1403ҳ.ш.
- «آخرین پنجشنبه سال ۹۹ - آرامستان اراک», Хабаргузории ИСНА, санаи дарҷ: 28 исфанди 1399ҳ.ш., санаи боздид: 18 тири 1403ҳ.ш.
- «یاد از دست رفتگان؛ رسم ارزشمند ایرانیان/ برخی اعتقادات پنجشنبه آخر سال», сайти Хабаргузории Меҳр, санаи дарҷ: 25 исфанди 1390ҳ.ш., санаи боздид: 15 хурдоди 1403ҳ.ш.