Фаришта

Аз wikishia
Нигораи фариштае мутааллиқ ба қарни 16 мелодӣ.

Фаришта ё малак ба арабӣ: مَلَک мавҷудоте номаръӣ ва фаротабиъӣ, ки маъмури иҷрои овомири Худо дар дунё ва охиратанд ва бовар ба вуҷуди онҳо аз эътиқодоти мусулмонон аст. Олимони мусулмон дар бораи моҳияти фариштагон ихтилофи назар доранд; мутакаллимон онҳоро мавҷудоти ҷисмонӣ медонанд, ки ба суратҳои мухталиф дармеоянд, аммо файласуфҳо онҳоро ғайриҷисмонӣ медонанд.

Ба бовари олимони шиа фариштагон маъсуманд, аз ин рӯ, аз дастуроти Худованд гуноҳу нофармонӣ намекунанд. Ҳамчунин фариштагон дар анҷоми вазоифи худ кӯтоҳӣ намекунанд. Вазоифи онҳо иборат аст аз: ибодат, тасбеҳи Худо, навиштани номаи аъмол, расондани ваҳй ба пайғамбарон, ҳифозат аз инсонҳо, ёрӣ расондан ба мӯъминон, расондани ризқи моддию маънавӣ, гирифтани ҷонҳо, ҳидояти қалбҳо ва иҷрои азоби Илоҳӣ.

Фариштаҳо дастаҳо ва маротиби мухталифе доранд; Ҷабраил, Микоил, Исрофил ва Азроил, нисбат ба фариштагони дигар, ҷойгоҳи болотаре доранд.

Бартарии малоика бар инсонҳо, исмати фариштагон ва ҷисмонӣ ё ғайриҷисмонӣ будани онҳо аз мабоҳисе аст, ки дар китобҳои тафсирӣ ва каломӣ баён шуда, дидгоҳҳои гуногуне дар ин бора ироа шудааст.

Чистии фариштагон

Фариштагон, мавҷудоте, ки воситаи байни Худо ва олами инсонӣ ҳастанд ва Худо онҳоро ваколатдори олам кардааст.[1] Малоика ҷамъи малак аст.[2]

Дар бораи моҳияти фариштагон ихтилофи назар вуҷуд дорад; мутакаллимон, онҳоро аҷсоми латифу нуронӣ донистаанд, ки метавонанд ба суратҳо ва шаклҳои мухталиф дароянд.[3] Аллома Маҷлисӣ ин назарро ба ҳамаи мусулмонон ба ҷуз теъдоде аз фалосифа нисбат дода, изофа кардааст, ки анбиё ва авсиё онҳоро медидаанд.[4] Албатта гурӯҳе аз фалосифаи малоикаро фаротар аз ҷисму ҷисмоният дониста, мӯътақиданд, онҳо авсофе доранд, ки дар ҷисм намегунҷад.[5] Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, ончӣ дар ривоёт дар бораи мушоҳидаи малоика дар шаклҳо ва суратҳои ҷисмонӣ омадааст тамассул аст (яъне чизе барои касе дар сурати хоссе падид бияёд).[6] Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ инки машҳур шудааст, ки фаришта ва ҷин ҷисми латифеанд, ки ба суратҳо ва шаклҳои гуногуне медароянд, далел мӯътабаре надорад.[7] Бар пояи ривояте аз Имом Содиқ (а) малоика аз нур офарида шудаанд.[8]

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Бовар ба вуҷуди фариштагон аз эътиқодоти мусулмонон аст[9] ва имон ба онҳо монанди имон ба намозу рӯза аст ва аз лавозими имон ба набувват ба шумор меравад.[10]

Калимаи малак 88 бор дар Қуръон ба кор рафтааст.[11] Имом Алӣ (а) дар хутбаи Ашбоҳ, ба хилқати фариштагон, ақсом, вижагиҳо ва вазоифи онҳо пардохтааст.[12] Дар Биҳоруланвор беш аз яксад ривоят дар бораи чистии малоика, вазоифи онон, исмати фариштагон ва авсофи фариштагони муқарраб зикр шудааст.[13] Дуои сеюми Саҳифаи Саҷҷодия аз Имом Саҷҷод (а) ба фариштагони муқарраби Худо ихтисос дорад; дар ин дуо салавоту дуруди Худо, омили фузунии таҳорати онҳо баён шудааст.[14]

Бино бар ривоёт, малоика пуртеъдодтарин махлуқоти Худо ҳастанд ва дар ривоёти зиёде аз касрати онҳо сухан ба миён омадааст.[15] Дар аҳодис омадааст, ки офариниши малоика баъд аз хилқати нури ҳазрати Муҳаммад (с) ва Имомон (а) будааст.[16]

Гурӯҳе аз мушрикон, фариштагонро мепарастиданд ва онҳоро махлуқи Худо медонистанд, аммо бо ин ҳол мӯътақид буданд, ки онҳо истиқлоли дар амал доранд ва рабби мавҷудоти поёнтар аз худ ҳастанд.[17] Бархе аз мушрикон низ онҳоро духтарони Худо мепиндоштанд.[18]

Малоика дар дигар динҳо

Аз малоика дар адёни дигар низ сухан ба миён омадааст; дар дини Зартушт, фариштагон махлуқи Аҳуромаздо ҳастанд ва ҳар эмшоспанд (лақаби фариштагони баландмартабаи дини Зартушт) мазҳари яке аз сифатҳои ӯст. Дар дини яҳудӣ, фариштагон ба манзалаи бандагони Худо ҳастанд, ки дастурҳои Ӯро дар замин иҷро мекунанд ва ваҳйро ба инсонҳо мерасонанд. Бинобар Китоби Муқаддаси масеҳиён, фариштагон пеш аз инсон офарида шуда, нигоҳбони инсон ҳастанд. Дуруд фиристодан ва парастиши бархе фариштагон монанди Микоил, дар калисоҳои масеҳӣ роиҷ аст.[19]

Вазоиф

Дар Қуръон, вазоифе барои фариштагон зикр шудааст: восита будан дар нузули ваҳй (расондани паёми Худо ба пайғамбарон),[20] тадбири умури олам, расондани файзи Илоҳӣ ба махлуқот,[21] истиғфор[22] шафоат барои мӯъминон[23] ва имдоди онон,[24] лаъни кофирон,[25] сабти аъмоли бандагон[26] ва қабзи рӯҳи онон.[27] Гурӯҳе аз фариштагон ҳамвора ба ибодат ва тасбеҳи Худо иштиғол доранд ва ба кори дигаре намепардозанд.[28]

Фариштагон дар олами барзах[29] ва охират низ ҳузур доранд; гурӯҳе аз онон дар биҳишт мустақаранд[30] ва гурӯҳе низ нигоҳбони дӯзаху дӯзахиёнанд.[31]

Маротиб ва ақсом

Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, фариштагони дорои маротиб ва мақомоти мухталифеанд. Мақоми бархе аз онҳо аз бархеи дигар болотар ё поинтар аст.[32] Бино бар оёти Қуръон, гурӯҳе аз онон коргузори фариштаи ваҳй (Ҷабраил)[33] ва гурӯҳе коргузори фариштаи марг (Азроил) ба шумор меоянд.[34]

Муллосадро малоикаро ба фариштагони муқарраб, арвоҳи муҳаймина, фариштагони муваккил бар аҷроми осмонӣ, фариштагони ақлӣ ва фариштагони заминӣ,[35] ва имом Хумайнӣ ононро ба фариштагони ғайримутасарриф дар аҷсом (фариштагони муҳаймина ва аҳли олами ҷабарут) ва фариштагони муваккил бар мавҷудоти ҷисмонӣ[36] тақсим кардаанд.

Вижагиҳо

Бархе аз вижагиҳои фариштагон иборатанд аз:

Исмат

Ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ, шиаён фариштаҳоро аз ҳаргуна гуноҳи кабираю сағира маъсум медонанд. Ҳамчунин бештари аҳли суннат низ бар ин боваранд.[37] Бо ин ҳол, бархе аз аҳли суннат исмати фариштагонро намепазиранд ва баъзе аз онҳо танҳо ақсоми хоссе аз онҳо монанди фариштагони ҳомили ваҳй ва фариштагони муқаррабро маъсум донистаанд.[38]

Бино бар ояти «لَا یسْبِقُونَهُ بِالْقَوْلِ وَهُم بِأَمْرِ‌هِ یعْمَلُونَ: ки дар сухан бар Ӯ пешӣ намегиранд, ва ба дастури Ӯ кор мекунанд!»[39] ва «لایعصون الله ما امرهم»[40] малоика маъсуманд ва дар баробари Худо нофармонӣ намекунанд.[41] Албатаа бархе бо истинод ба моҷарои Ҳоруту Морут ва саҷда накардани Иблис бар Одам[42] ва низ нофармонии Фетрус, дар исмати онон шак кардаанд.[43] Олимони шиа посухҳое ба ингуна маворид додаанд; аз ҷумла инки нофармонии Ҳоруту Морут таҳти таъсири афсонаҳое аст, ки дар аҳодис ва Қуръон наёмадааст.[44] Ҳамчунин гуфта шудааст, ки Иблис фаришта набудааст.[45] Ҳамчунин ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ, эҳтимоли сарпечӣ аз дастуроти Худо барои дастае аз фариштагон вуҷуд дорад, на ҳамаи онҳо.[46] Ба гуфтаи Носир Макорими Шерозӣ ончӣ дар ривоёт дар бораи танбеҳи бархе аз фариштагон бар асари кундӣ дар анҷоми овомири Илоҳӣ омадааст, тарки авло аст, на гуноҳ; чунонки дар бораи бархе аз паёмбарон ҳам ба кор рафтааст.[47]

Аллома Таботабоӣ мӯътақид аст, ки фариштагон ҳар ончиро Худо ирода кунад, ирода мекунанд ва ҳар ончи Худо амр кунад, амал мекунанд, ва аз ин рӯ гуноҳ намекунанд.[48]

Бартарӣ бар Одам

Бархе аз олимони динӣ бо истинод ба ояти «وَلَقَدْ کَرَّمْنَا بَنِی آدَمَ... وَ فَضَّلْنَاهُمْ عَلَی کَثِیرٍ مِمَّنْ خَلَقْنَا تَفْضِیلًا; ба ростӣ фарзандони Одамро гиромӣ доштем... ва ононро бар бисёре аз офаридаҳои худ бартарӣ додем!»[49] фариштагонро аз инсон бартар медонанд. Бархеи дигар бо истинод ба моҷарои саҷда кардани фариштагон бар Одам ва таълими омухтани онҳо аз ҳазрати Одам, инсонро бартар аз фариштагон медонанд, ба шарти инки истеъдодҳои худро ба кор гирад.[50]

Ба гуфтаи Ҳасан Ҳасанзода Омулӣ, Ибни Арабӣ, фариштагони олин (муҳаймин)-ро бартар аз Банӣ Одам медонад, чароки саҷда бар ҳазрати Одам бар онҳо воҷиб набуд.[51] Ва Муҳаммаддовуди Қайсарӣ, инсонҳое, ки ба мақоми халифатуллоҳӣ расидаандро аз фариштагони олин ҳам бартар медонад.[52] Муллосадро бо истинод ба ояти 31 сураи Бақара, ки ба таълими Одам ба малоика ишора дорад, мӯътақид аст, ки ояти мазкур бар бартарии Одам бар фариштагони сокини замину осмон далолат дорад, на фариштагони муҳаймин.[53]

Бартарии пайғамбарон бар малоика

Бештари мусулмонон, паёмбаронро аз малоика бартар медонанд ва далели он ҳам вуҷуди қувваи ғазабу шаҳват дар паёмбарон аст, бархилофи фариштагон.[54] Ҳамчунин барои бартарии паёмбарон бар онҳо ба оёте аз Қуръон, ки ба саҷдаи фариштагон бар Одам ва таълими онҳо тавассути Одам ишора дорад низ истинод шудааст.[55] Ҳамчунин шиаён, Имомонро бартар аз малоика медонанд.[56]

Тамассули башарӣ

Бино бари оёти Қуръон,[57] Рӯҳул-амин дар сурати башарӣ ба Марям тамассул ёфтааст.[58] Ҳамчунин бино бар ривоёт Ҷабраил бар Пайғамбари Акрам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ба шакли Дуҳияи Калбӣ нозил мешуд.[59] Дар ривоёт омадааст, ки фариштагон ҳангоми қабзи рӯҳ, мутаносиб бо он ки рӯҳи шахси мӯъмин ё фосиқро қабз кунанд, ба шаклҳои мухталифе бар он шахс, тамассул меёбанд.[60] Тамассул, яъне фариштагон бо чеҳрае ғайр аз чеҳраи аслии худ зоҳир мешаванд.[61] Касе ба ғайр аз Пайғамбар малоикаро дар шакли аслии худашон надидааст.[62]

Таҷарруд

Ба бовари файласуфон малоика муҷарраданд.[63] Надоштани хоссиятҳои модда ҳамчун қувваи шаҳвату ғазаб,[64] тағйир, таҳаввул, такомул[65] ва қобилияти дарк шудан бо ҳавос,[66] аз далоили таҷарруди онон аст. Бо ин ҳол, Муллосадро бархилофи теъдоде аз муфассирон, ки фариштагонро дорои мақоми собите медонанд,[67] илм ва камоли гурӯҳе аз ононро қобили афзоиш медонад.[68] Имом Алӣ (а) гурӯҳе аз фариштагонро донотарин ва наздиктарин халқ ба Худо муаррифӣ карда, ки на хоб бар дидагонашон мусаллат мешавад, на саҳв бар ақл, ва на хастагӣ бар баданҳояшон.[69]

Бол доштан

Бино бар зоҳири оёти Қуръон[lower-alpha 1] ва ривоёт, фариштагон бол доранд.[70] Дар бораи инки манзур аз боли фариштагон чист, назароти мухталифе ироа шудааст:

Аллома Таботабоӣ мӯътақид аст, манзур аз бол доштани фариштагон ин аст, ки онҳо ба чизе муҷаҳҳазанд, ки бо он ба фармони Худованд аз осмон ба замин ва аз замин ба осмон ва аз як ҷо ба ҷои дигар мераванд, на инки боле монанди боли парандагон дошта бошанд.[71]

Имом Хумайнӣ мӯътақид аст, фариштагони олами малакут ғайриҷисмонӣ ва муҷарраданд ва бол надоранд, аммо фариштагони олами мисол мумкин аст, дорои болу пари мисолӣ бошанд.[72]

Ибни Арабӣ манзур аз теъдоди болҳои фариштагонро мизони таъсири онҳо дар малакути осмону замин медонад.[73] Ҳамчунин теъдоди болҳои фариштагон, нишонаи суръати онҳо дар анҷоми дастуроти Худо,[74] нишонаи қудрати интиқол ва анҷоми феъл,[75] ва нишонаи тафовути маротиби фариштагон[76] дониста шудааст.

Китобшиносӣ

Дар бораи малоика китобҳое ба забонҳои форсӣ, арабӣ ва англисӣ навишта шудааст. Бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • “Сайре дар асрори фариштагон”, бо рӯйкарди қуръонӣ ва ирфонӣ, асари Муҳаммадзамони Рустамӣ ва Тоҳир Оли Бӯя ба забони форсӣ аст. Моҳияти фариштагон, сифоти фариштагон, ақсоми фариштагон, корҳои фариштагон ва хилофати инсон бар фариштагон унвонҳои фаслҳои ин китоб аст.[77] Пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ ин китобро дар соли 1393 шамсӣ дар 552 саҳифа чоп кардааст.[78]
  • “Aл-Махлуқот-ул-хафийяту фи-л-Қуръон: ал-малоика, ал-ҷин, Иблис”, ба забони арабӣ, навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ.

Ҳамчунин китобҳои ал-Имону би-л-малоика, асари Абдуллоҳ Сироҷиддин, ал-Малоика, асари Билӣ Гром, Симои фариштагон дар Қуръон ва Наҳҷулбалоға, асари Лайло Ҳамдуллоҳӣ, Фариштагон, Алиризо Риҷолии Теҳронӣ ва Малоика, навиштаи Муҳаммади Шуҷоъӣ, аз дигар осоре аст, ки дар ин замина навишта шудааст.[79]

Ҷусторҳои вобаста

Ҷин

Эзоҳ

  1. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.6.
  2. Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1416ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.292.
  3. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амирулмӯъминин, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.161.
  4. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.56, саҳ.202 - 203.
  5. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амирулмӯъминин, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.161.
  6. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.13.
  7. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.13.
  8. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.58, саҳ.306, ҳадиси 15.
  9. Сураи Бақара, ояти 285.
  10. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.442.
  11. Рустамӣ ва Оли Бӯя, Сайре дар асрори фариштагон, 1393ҳ.ш., саҳ.47.
  12. Наҳҷ-ул-балоға, Субҳӣ Солеҳ, 1374, саҳ.128 - 131.
  13. Нигоҳ кунед ба Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.56, саҳ.144 - 326.
  14. Ас-Саҳифат-ус-Саҷҷодия, 1376ҳ.ш., саҳ.36 - 40.
  15. Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1416ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.535.
  16. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.15, саҳ.8 ва ҷ.18, саҳ.345 ва ҷ.24, саҳ.88.
  17. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.38.
  18. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.171.
  19. The Encyclopedia of Religion, volume1, p: 2830, Oxford, New York, (1986 ба нақл аз Мутаҳҳариниё, бознамои фариштагони Илоҳӣ дар расона (1) Ҷабраил ва Микоил, 1390ҳ.ш., саҳ.59.
  20. Сураи Наҳл, ояти 2 ва 102; сураи Абас, ояти 16.
  21. Сураи Нозиъот, ояти 5; сураи Маъориҷ, ояти 4.
  22. Сураи Мӯъмин, ояти 7.
  23. Сураи Анбиё, ояти 28.
  24. Сураи Оли Имрон, ояти 124 ва 125.
  25. Сураи Бақара, ояти 141; сураи Оли Имрон, ояти 87.
  26. Сураи Юнус, ояти 21; сураи Зухруф, ояти 80; сураи Инфитор, ояти 11.
  27. Сураи Анъом, ояти 62; сураи Нисо, ояти 97.
  28. Сураи Анбиё, ояти 19 - 20.
  29. Сураи Наҳл, ояти 28 ва 32.
  30. Сураи Зумр, ояти 72; сураи Анбиё, ояти 103.
  31. Сураи Муддассир, ояти 20.
  32. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.12.
  33. Сураи Таквир, ояти 21.
  34. Сураи Саҷда, ояти 12; сураи Анъом, ояти 62.
  35. Нигоҳ кунед ба Муллосадро, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1363ҳ.ш., саҳ.350 - 351.
  36. Имом Хумайнӣ, Одоб-ус-салот, 1378ҳ.ш., саҳ.339 - 342.
  37. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.124.
  38. Заркашӣ, ал-Баҳр-ул-муҳит, 1414ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.21.
  39. Сураи Анбиё, ояти 27.
  40. Сураи Таҳрим, ояти 6.
  41. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.12.
  42. Нигоҳ кунед ба Файёзи Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.426.
  43. Ростин ва Куҳансол, “Исмати фариштагон, шавоҳиди мувофиқ ва мухолиф”, саҳ.127 ва 128.
  44. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.375.
  45. Файёзи Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.426.
  46. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, ҷ.4, саҳ.280.
  47. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амирулмӯъминин, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.168.
  48. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.12.
  49. Сураи Исро, ояти 70.
  50. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.199 - 200.
  51. Нигоҳ кунед ба Ҳасанзода Омулӣ, Мумидд-ул-ҳимам, 1378ҳ.ш., саҳ.367 - 369.
  52. Ҳасанзода Омулӣ, Мумидд-ул-ҳимам, 1378ҳ.ш., саҳ.367 - 369.
  53. Муллосадро, Тафсир ал-Қуръон-ул-Карим, 1366ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.370.
  54. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1413ҳ.қ., саҳ.360; Иҷӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.285.
  55. Иҷӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.283 - 285.
  56. Ашқар, Олам-ул-малоикат-ил-аброр, 1421ҳ.қ., саҳ.92.
  57. Сураи Марям, ояти 17.
  58. Имом Хумайнӣ, Одоб-ус-салот, 1378ҳ.ш., саҳ.342.
  59. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.74.
  60. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.13.
  61. Ашқар, Олам-ул-малоикат-ил-аброр, 1421ҳ.қ., саҳ.11.
  62. Нигоҳ кунед ба Файёзи Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.427.
  63. Нигоҳ кунед ба Файёзи Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.427.
  64. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1413ҳ.қ., саҳ.360.
  65. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.13.
  66. Ашқар, Олам-ул-малоикат-ил-аброр, 1421ҳ.қ., саҳ.5.
  67. Барои намуна нигоҳ кунед ба Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.176; Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.362.
  68. Муллосадро, Тафсир ал-Қуръон-ул-Карим, 1366ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.371.
  69. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.207.
  70. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.625.
  71. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.7.
  72. Имом Хумайнӣ, Шарҳи чиҳил ҳадис, 1380ҳ.ш., саҳ.414.
  73. Ибни Арабӣ, Тафсири Ибни Арабӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.167.
  74. Сабзаворӣ, Иршод-ул-азҳон, 1419ҳ.қ., саҳ.440.
  75. Макорими Шерозӣ, ал-Амсал, 1421ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.13.
  76. Ҳусайнии Ҳамадонӣ, Анвори дурахшон, 1404ҳ.қ., саҳ.259.
  77. Рустамӣ ва Оли Бӯя, Сайре дар асрори фариштагон, 1393ҳ.ш., саҳ.5 - 29.
  78. Рустамӣ ва Оли Бӯя, Сайре дар асрори фариштагон, 1393ҳ.ш., саҳ.4.
  79. Рустамӣ ва Оли Бӯя, Сайре дар асрори фариштагон, 1393ҳ.ш., саҳ.46.


Ёддошт

  1. Сураи Фотири ояти 1 الْحَمْدُ لِلهِ فَاطِرِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ جَاعِلِ الْمَلَائِكَةِ رُسُلًا أُولِي أَجْنِحَةٍ مَثْنَىٰ وَثُلَاثَ وَرُبَاعَ ۚ يَزِيدُ فِي الْخَلْقِ مَا يَشَاءُ ۚ إِنَّ اللهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ. Сипос Худоеро, ки падидоварандаи осмону замин аст [ва] фариштагонро, ки дорои болҳои дугонаю сегонаю чаҳоргонаанд, паёмоваранда қарор додааст. Дар офариниш, ҳарчӣ бихоҳад меафзояд, зеро Худо бар ҳар чизе тавоност.

Сарчашма

  • Ибни Арабӣ, Муҳйиддин Муҳаммад, Тафсири Ибни Арабӣ, таҳқиқи Самир Мустафо Рубоб, Бейрут, Дору эҳёилтурос, 1422ҳ.қ.
  • Ашқар, Умаи Сулаймон, Олам-ул-малоикат-ил-аброр, Урдун, Дорулнафоис, 1421ҳ.қ. - 2000м.
  • Ас-Саҳифат-ус-Саҷҷодия, Қум, дафтари нашри ал-Ҳодӣ, 1376ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Одоб-ус-салот, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ (с), Теҳрон, 1378ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Шарҳи чиҳил ҳадис, Қум, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1380ҳ.ш.
  • Иҷӣ, Мирсайидшариф, Шарҳ-ул-мавоқиф, тасҳеҳи Бадриддин Нуъсонӣ, аш-Шарифир-Разӣ, овсет Қум, 1325ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Сайидҳошим, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, бунёди Беъсат, 1416ҳ.қ.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Таҳриру тамҳид-ил-қавоъиди Ибни Турка, Теҳрон, интишороти Аззаҳро, 1372ҳ.ш.
  • Ҳасанзода Омулӣ, Ҳасан, Мумидд-ул-ҳимам дар шарҳи фусус-ул-ҳикам, Теҳрон, вазорати фарҳанг ва иршод, 1378ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Ҳамадонӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Анвори дурахшон, таҳқиқи Муҳаммадбоқири Беҳбудӣ, Теҳрон, китобфурӯшии Лутфӣ, 1404ҳ.қ.
  • Рустамӣ ва Оли Бӯя, Муҳаммадзамон ва Тоҳира, Сайре дар асрори фариштагон, Қум, пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, 1393ҳ.ш.
  • Заркашӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Баҳр-ул-муҳит фи усул-ил-фиқҳ, Дорулкутубӣ, 1414ҳ.қ.1994м.
  • Сабзавории Наҷафӣ, Муҳаммад ибни Ҳабибуллоҳ, Иршод-ул-азҳон ило тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорултаъоруф лилматбуъот, 1419ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул аъламӣ, овсет, Қум, интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддимаи Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, интишороти Носири Хусрав, Теҳрон, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Турайҳӣ, Фахриддин, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, тасҳеҳи Аҳмад Ҳусайнӣ, Теҳрон, китобфурӯшии Муртазо, 1416ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-мурод фи шарҳи таҷрид-ил-эътиқод, тасҳеҳи Ҳасан Ҳасанзода Омулӣ, Қум, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Файёзи Лоҳиҷӣ, Абдурразоқ, Гавҳари мурод, муқаддимаи Зайнулъобидин Қурбонӣ, Теҳрон, соя, 1388ҳ.ш.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, тасҳеҳи Тайиб Мӯсавии Ҷазоирӣ, Қум, Дорулкитоб, чопи сеюм, 1404ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Мутаҳҳариниё, Маҳмуд, Фариштагони Илоҳӣ дар расона (1) (Ҷабраил ва Микоил), Қум, маркази пажӯҳишҳои исломии садовусимои Ҷумҳурии исломии Эрон, 1390ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ ва дигарон, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, ал-Амсал фи тафсири китобиллоҳ-ил-мунзал, Қум, мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб, 1421ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Имом Амирулмӯъминин алайҳиссалом, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1387ҳ.ш.
  • Муллосадро, Муҳаммад ибни Иброҳим, Тафсир ал-Қуръон-ул-Карим, таҳқиқи Муҳаммади Хоҷуӣ, Қум, Бедор, 1366ҳ.ш.
  • Муллосадро, Муҳаммад ибни Иброҳим, Мафотиҳ-ул-ғайб, Теҳрон, вазорати фарҳанг ва омӯзиши олӣ, анҷумани исломии ҳикмат ва фалсафаи Эрон ва муассисаи мутолиъот ва таҳқиқоти фарангӣ, 1363ҳ.ш.
  • Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, маркази албуҳусул-исломия, 1374 овсет аз рӯи Бейрут, 1387ҳ.қ.