Таҳаҷҷуд
Таҳаҷҷуд (форсӣ: تَهَجُّد) калимаи қуръоние аст, ки ба маънои шабхезӣ барои намози шаб хондан, хондани Қуръон, ёди Худо ва истиғфор кардан аст.[1]
Калимаи таҳаҷҷуд дар Қуръон дар ояти «وَ مِنَ اللَّيْلِ فَتَهَجَّدْ بِهِ» (Ва посе аз шабро зинда бидор) ба кор рафтааст.[2] Шайхи Садуқ (вафот: 381ҳ.қ.) бо истинод ба иборати « فَتَهَجَّدْ» намози шабро бар Пайғамбар (с) фарз ва бар дигар мусалмонон мустаҳаб донистааст.[3] Инчунин дар ояти «قُمِ اللَّيْلَ إِلَّا قَلِيلًا»; шабро ҷуз каме, ба по хез”, ба Пайғамбар (с) амр шудааст, ки бештари шабро бедор бошад.[4]
Ба гуфтаи Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ дар Тафсири Намуна, расидани Пайғамбар (с) ба мақоми Маҳмуд (мақоми шафоат дар рӯзи ҷазо) ба сабаби таҳаҷҷуд аст.[5]
Дар фазилати таҳаҷҷуд ривоятҳое нақл шудааст. Аз ҷумла, бар асоси ривояте, ки аз Имом Алӣ (а) ривоят шудааст, бедории шаб сабаби саломатии бадан, ризогии Парвардигор, дар раҳмат ва лутфи Худованд қарор гирифтан ва пойбандӣ ба ахлоқи пайғамбарон мешавад.[6] Ҳамчунин дар Қуръон истиғфор кардан дар саҳар аз хислатҳои парҳезгорон ба ҳисоб омадааст.[7]
Аллома Таботабоӣ дар «Ал-Мизон» навиштааст, ки «Таҳаҷҷуд» дар луғат ба маънои бедор шудани баъд аз хоб аст.[8] Ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ, гоҳе намози шабро таҳаҷҷуд ҳам меноманд.[9]
Эзоҳ
- ↑ Мусаллоипур, «Таҳаҷҷуд», саҳ.689.
- ↑ Сураи Исро, ояти 79.
- ↑ Садуқ, Ман ло яҳзуруҳ-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.484.
- ↑ Сураи Муззаммил, ояти 2.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.225.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.87, саҳ.144.
- ↑ Нигоҳ кунед ба сураи Оли Имрон, ояти 17; сураи Зориёт, оёти 17 - 18.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.175.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.222.
Сарчашма
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи 32, 1374ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Мусаллоипур, Аббос, Таҳаҷҷуд, Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.8, Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1383ҳ.ш.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1390ҳ.қ.