Назарияи ҷиҳоди заббӣ

Назарияи ҷиҳоди заббӣ (форсӣ: نظریه جهاد ذَبّی) ё дифоъ аз киёни Ислом, назарияест дар бораи ҷиҳод, ки ба маънои дифоъ аз ҳастии Ислом ва арзишҳои динӣ мебошад.[1] Бар асоси ин назария, ҷиҳоди заббӣ танҳо барои нигоҳдории Ислом аст. Пас агар аз ҷониби золиме, дар ҳар нуқтаи ҷаҳон, тарс аз нобудии Ислом вуҷуд дошта бошад, дар ин ҳолат дифоъ аз киёни Ислом бар ҳамаи мусулмонон воҷиби айнӣ мешавад.[2]
Ин назарияро Муҳаммадҷавод Фозили Ланкаронӣ, устоди дарси хориҷи фиқҳ ва усул дар ҳавзаи илмияи Қум матраҳ кардааст. Фозили Ланкаронӣ ҷиҳоди зиббиро аз зоҳири каломи фақеҳон ба даст оварда[3] ва онро яке аз навъҳои ҷиҳод ва дар муқобили ҷиҳоди ибтидоӣ ва ҷиҳоди дифоӣ қарор додааст.[4]
Ҷиҳоди заббӣ, бар хилофи ҷиҳоди ибтидоӣ ва дифоӣ, ба ҳеч шарте вобаста нест ва ҳатман лозим нест ки кас итминони таъсири қиёмро дошта бошад; ҳамин тавр, тарс бар ҷон, мол ё ирз (обрӯ ва шараф) низ монеъи воҷиб будани он намешавад. Агар касе дар ин роҳ кушта шавад, шаҳид шуморида мешавад ва аҳкоми шаҳид бар ӯ ҷорӣ мегардад.[5]
Ба ақидаи Фозили Ланкаронӣ, сабаби аслии қиёми Имом Ҳусайн (а) дифоъ аз киёни Ислом буд, на ҷиҳоди ибтидоӣ ё дифоӣ; зеро Имом бо ихтиёри худ аз Макка хориҷ шуда буд.[6] Ҳамчунин бар ин бовар аст, ки қиёми Имом Ҳусайн (а) бар асоси амр ба маъруф ва наҳй аз мункар набуд. Ба назари ӯ, ҳеч кадом аз шароити амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, монанди лозим будани илми ба таъсир ва набудани зарари ҷонӣ ё молӣ, дар ин ҳаракат вуҷуд надошт. Ҳадафи қиёми Имом, нигоҳ доштани худи дин буд; зеро ҳеч маъруфе аз асли дин муҳимтар ва ҳеч мункаре аз нобуд кардани он бузургтар нест.[7]
Фозили Ланкаронӣ ҷиҳоди зиббиро мустанад ба Қуръон[Ёддошт 1], ривоятҳо,[8] [Ёддошт 2] иҷмоъ,[9] далели ақлӣ[10] ва ризоӣ набудани шореъ аз тарки умури ҳисбия медонад.[11] Ӯ ҷангҳои мардуми Фаластин, Ҳизбуллоҳи Лубнон бо Исроил ва набард бо ДОИШ-ро аз мисолҳои ҷиҳоди заббӣ мешуморад.[12]
Эзоҳ
- ↑ Фозили Ланкаронӣ, Ҷиҳоди заббӣ, 1401ҳ.қ., саҳ.7
- ↑ Фозили Ланкаронӣ, Ҷиҳоди заббӣ, 1401ҳ.қ., саҳ.32
- ↑ Фозили Ланкаронӣ, Ҷиҳоди заббӣ, 1401ҳ.қ., саҳ.30
- ↑ Фозили Ланкаронӣ, Ҷиҳоди заббӣ, 1401ҳ.қ., саҳ.52
- ↑ Фозили Ланкаронӣ, Ҷиҳоди заббӣ, 1401ҳ.қ., саҳ.15
- ↑ Фозили Ланкаронӣ, Ҷиҳоди заббӣ, 1401ҳ.қ., саҳ.12
- ↑ Фозили Ланкаронӣ, Ҷиҳоди заббӣ, 1401ҳ.қ., саҳ.13
- ↑ Ҳимярии Қумӣ, Қурб-ул-иснод, 1413ҳ.қ., саҳ.345
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ. 22, саҳ.24–26
- ↑ Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дор-ут-тафсир, ҷ. 15, саҳ.101
- ↑ Фозили Ланкаронӣ, Ҷиҳоди заббӣ, 1401ҳ.қ., саҳ.25
- ↑ Фозили Ланкаронӣ, Ҷиҳоди заббӣ, 1401ҳ.қ., саҳ.51
Ёддошт
Сарчашма
- Ҳамирии Қумӣ, Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, Қурб-ул-иснод, Бейрут, Муассисаи Олибайт (а), нашри аввал, 1413ҳ.қ.
- Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Муҳаззаб-ул-аҳком фи Байони Ҳалол ва Ҳаром, Қум, Дор-ут-тафсир, бе сана.
- Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммадҷавод, Ҷиҳоди заббӣ (Ҷиҳод ва дифоъ аз киёни Ислом), Қум, Маркази фиқҳии Аиммаи Атҳар (а), 1401ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ул-Ислом, таҳқиқи Аббоси Қучонӣ ва Алӣ Охундӣ, Бейрут, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил -арабӣ, нашри ҳафтум, 1404ҳ.қ.