Издивоҷи муваққат

Аз wikishia
Хато дар эҷоди ангуштдона:
Издивоҷи муваққат

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Издивоҷи муваққат (форсӣ:ازدواج مُوَقّت) ё мутъа (форсӣ:مُتعَه), ба никоҳе гуфта мешавад, ки муддати муайян дорад, ки дар муқобили он никоҳи доим аст. Мусулмонон иттифоқи назар доранд, ки ин навъи издивоҷ дар замони Пайғамбар (с) шаръӣ будааст. Ба эътиқоди аҳли суннат, зайдия, исмоилия ва абозия, ҳукми шаръии издивоҷи муваққат дар ҳамон асри Пайғамбар (с) насх шуда, ин навъи издивоҷ ҳаром шуд, вале имомия бар ин бовар аст, ки Пайғамбар (с) ҳеҷ гоҳ ин ҳукмро насх накардааст ва он дар замони ӯ ва дар замони хилофати Абубакр низ як амали шаръӣ буд.

Бар асоси баъзе ривоятҳое, ки дар манобеъи ривоии аҳли суннат низ омадаанд, аввалин бор Умар ибни Хаттоб онро ҳаром эълон кард. Фақеҳони имомия бо истинод ба ояти Мутъа ва ривоёти Пайғамбар (с) ва имомон (а) ба шаръӣ будани издивоҷи муваққат фатво дода, аҳкоми онро баён кардаанд.

Бар асоси иҷмоъи фақеҳони шиа, дар издивоҷи муваққат, бояд муддати ақди никоҳ ва миқдори маҳрия маълум бошад. Дар издивоҷи муваққат, бар хилофи издивоҷи доимӣ, талоқ вуҷуд надорад, балки ҷудоӣ вақте сурат мегирад, ки муддати никоҳ ба охир расад ё мард муддаташро бахшад.

Баъди ба охир расидани муддати никоҳ ё бахшидани муддат аз ҷониби мард, агар духул шуда бошад, бар зан воҷиб аст, ки ба муддати ду ҳайз, идда нигоҳ дорад.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

Издивоҷи муваққат ба ақди заношӯӣ барои муддати муайян (на ба сурати доим) гуфта мешавад.[1] Издивоҷи муваққат аз масоили ихтилофии байни ду мазҳаби шиа ва аҳли суннат аст.[2] Ин навъ издивоҷ аз назари ҳамаи фақеҳони шиа амали шаръӣ аст.[3] Онҳо дар боби никоҳи китобҳои фиқҳӣ, дар бораи аҳкоми он сухан гуфтаанд.[4]

Дар ривоёти нақлшуда аз имомони шиа (а), савобҳое барои амал ба издивоҷи муваққат баён шудааст.[5] Албатта дар бархе ривоёт омадааст бар издивоҷи муваққат исрор надошта бошед.[6] Фақеҳони имомия бо тавваҷуҳ ба ривоёт, на танҳо ба ҳалол будани издивоҷи муваққат фатво додаанд, балки ин амалро мустаҳаб низ донистаанд.[7]

Дар бораи фоидаҳои издивоҷи муваққат гуфтаанд, роҳи ҳалле аст барои бисёре аз мушкилоти ҷинсӣ, ба хусус барои ҷавонон ва тамоми касоне ки ба ҳар иллате наметавонанд издивоҷи доим кунанд.[8] Ҳамчунин онро равиши муассире барои мубориза бо фаҳшо ва бисёре мафосиди иҷтимоии дигар ба шумор овардаанд.[9]

Дидгоҳи мазоҳиби исломӣ дар бораи издивоҷи муваққат

Олимони мусулмон дар хусуси шаръӣ будани издивоҷи муваққат ихтилофи назар доранд: шиаи имомия издивоҷи муваққатро шаръӣ медонад, аммо дигар мазоҳиб аз ҷумла аҳли суннат,[10] зайдия,[11] исмоилия[12] ва абозия[13] онро ҷоиз намедонанд.

Ба гуфтаи Шаҳиди Сонӣ, ҳамаи фақеҳони имомия издивоҷи муваққатро ҷоиз медонанд.[14] Онҳо барои исботи шаръӣ будани издивоҷи муваққат, ба оятҳои Қуръон аз ҷумла, ояи Мутъа истинод мекунанд.[15] Ҳамчунин мегӯянд, ривоёти мутавотире аз Пайғамбар (с) ва имомони шиа (а) дар шаръӣ будани издивоҷи муваққат нақл шудааст.[16] Мазҳабҳо ва фирқаҳои дигари исломӣ бар ин боваранд, ки издивоҷи муваққат дар асри Пайғамбар ҷоиз буд, аммо сипас ҳукми он насх гардид ва ҳаром шуд.[17]

Оё ҳукми издивоҷи муваққат насх шудааст?

Олимони мусулмон иттифоқи назар доранд, ки издивоҷи муваққат дар замони Пайғамбар (с) раво будааст.[18] Дар бархе манобеи ривоии аҳли суннат, ривоёте аз Умар ибни Хаттоб - халифаи дувум, нақл шудааст, ки эътироф мекунад, издивоҷи муваққат дар асри Пайғамбар мубоҳ буда ва ӯ худаш аз он наҳй кардааст.[19] Аз он миён, ин сухани ӯст, ки мегӯяд, ду мутъа вуҷуд дорад, ки дар замони Пайғамбари Ислом ҷоиз будааст, вале ман аз онҳо наҳй ва анҷомдиҳандагонро ҷазо медиҳам: яке издивоҷи муваққат ва дигарӣ мутъаи ҳаҷ.[20]

Имомия бо истинод ба чунин ривоёте бар ин боваранд, ки издивоҷи муваққат нахустин бор, аз ҷониби Умар ибни Хаттоб ҳаром ва мамнуъ шуд[21] ва ин кори ӯро навъе бидъатгузорӣ дар дин ва иҷтиҳод дар муқобили нас ва мухолифат бо шариати Пайғамбар (с) ба шумор меоваранд.[22] Асқалонӣ (773-852ҳ.қ.) - олими аҳли суннат, ҳам гуфтааст, издивоҷи муваққат дар замони Пайғамбар ҷоиз буд ва баъд аз ӯ, дар тамоми давраи хилофати Абубакр ва бахше аз хилофати Умар ибни Хаттоб, ҷоиз ва марсум буд, аммо дар ниҳоят Умар дар охирҳои умраш, онро манъ кард.[23]

Аммо бештари олимони аҳли суннат, бо истинод ба бархе ривоёти мавҷуд дар манобеи ривоиашон[24] мегӯянд, ҳукми издивоҷи муваққат дар ҳамон асри Пайғамбар ва аз ҷониби худи он ҳазрат насх шудааст.[25] Гурӯҳе аз онон низ муътақиданд, ки ҳукми издивоҷи муваққат дар асри Пайғамбар бо нузули оёте монанди оёти 5 то 7 сураи Муъминун насх шуд.[26] Онҳо бар ин боваранд, ки мутобиқи ин оёт, муъминон одамони покдомане ҳастанд, ки ғайр аз ҳамсарон ё канизонашон бо касе комҷӯӣ намекунанд ва касоне ки ғайр аз ин тариқ, ба дунболи баҳрагирии ҷинсӣ бошанд, аз ҳудуи Илоҳӣ таҷовуз кардаанд. Издивоҷи муваққат ҳеҷ як аз ин ду маврид (ҳамсар ва каниз) нест. Пас таҷовуз аз ҳудуди Илоҳист.[27]

Дар ҷавоб ба ин сухан гуфтаанд, ки оёти 5 то 7 сураи Муъминун дар Макка нозил шуда ва ояти Мутъа, ки барои ҷоиз будани издивоҷи муваққат ба он истинод мекунанд, баъд аз ин оёт ва дар Мадина нозил шудааст ва насхкунанда набояд пеш аз насхшуда бошад.[28] Зимни он ки дар издивоҷи муваққат, зан дар муддати маълумшуда аз ҷониби ҳарду тарафи никоҳ, ҳамсари шаръии мард маҳсуб мешавад. Пас равобити заношӯии онон, таҷовуз аз ҳудуди Илоҳӣ нест.[29]

Аҳкоми фиқҳӣ

▶ Зан:
زَوَّجْتُکَ نَفْسی عَلَی المَهْرِ الْمَعْلُومِ فی المُدَّةِ المَعْلُومَة
«Худамро ба зании ту даровардам ба маҳре, ки муайян шуда, дар муддати маълум!»
▶ Мард:
قَبِلْتُ التَّزْویجَ عَلَی المَهْرِ الْمَعْلُومِ فی المُدَّةِ المَعْلُومَة
«Қабул кардам издивоҷро бо маҳри маълум, дар муддати маълум!»

Бархе аз аҳкоми фиқҳии издивоҷи муваққат, тибқи фатвои фақеҳони шиа, ба шарҳи зер аст:

  • Дар издивоҷи муваққат, муддати ақди никоҳ ва миқдори маҳрия бояд дар сиғаи ақди никоҳ маълум бошад.[31] Бино ба дидгоҳи машҳури фуқаҳо, агар дар сиғаи издивоҷи муваққат, муддати он зикр нашавад, ба ақди доим табдил мешавад.[32]
  • Бино ба дидгоҳи бархе фуқаҳо, дар сурате, ки тарафайни ақд натавонанд сиғаро ба арабӣ бихонанд, ҳатто агар тавоноии гирифтани вакил барои ҷорӣ кардани сиғаро дошта бошанд, ҷоиз аст ба забони дигаре онро ҷорӣ кунанд.[33] Бархеи дигар гуфтаанд, дар ҳар ҳол метавон сиғаи ақдро ба ҳар забоне ҷорӣ кард.[34]
  • Издивоҷи муваққати байни марди мусулмон ва зани аҳли китоб саҳеҳ аст,[35] аммо байни зани мусулмон ва марди аҳли китоб саҳеҳ нест.[36] Ҳамчунин издивоҷи муваққати мусулмон, хоҳ мард бошад хоҳ зан, бо ғайримусулмоне, ки аҳли китоб нест, ҳаром аст.[37]
  • Издивоҷи муваққат бо духтари бокира макруҳ аст ва дар сурати издивоҷ, изолаи бакорат (аз байн бурдани бакорат) кароҳат дорад.[38]
  • Дар издивоҷи муваққат агар духул сурат гирифта бошад, пас аз тамом шудани замони издивоҷ, зан агар ёиса нест, бояд идда нигаҳ дорад. Иддаи зан дар издивоҷи муваққат, агар ҳайз намешавад (чунончи дар синни ҳайз бошад ва ёиса набошад), 45 рӯз аст ва агар ҳайз мешавад, бино ба дидгоҳи бархе фақеҳон, иддаи ӯ ду ҳайз аст.[39]
  • Агар пеш аз духул, муддати ақд поён ёбад ё мард онро бибахшад, лозим нест зан идда нигаҳ дорад.[40]
  • Агар дар муддати издивоҷи муваққат, мард вафот кунад, ҳатто агар духул сурат нагирифта бошад, зан бояд иддаи вафот нигаҳ дорад, ки чаҳор моҳу даҳ рӯз аст.[41]
  • Дар издивоҷи муваққат, талоқ вуҷуд надорад, балки бо поён ёфтани муддати ақд ё бахшидани муддат аз сӯи мард, ҷудоӣ муҳаққақ мешавад.[42]

Китобшиносӣ

Олимони имомия китобҳо ва рисолаҳои бисёре дар бораи издивоҷи муваққат навиштаанд. Наҷмиддини Табасӣ - мударриси ҳавзаи илмияи Қум, китобе навиштааст, ки бо унвони «Издивоҷи муваққат дар рафтор ва гуфтори саҳоба» тарҷума шудааст. Дар бахши китобномаи ин китоб, 46 асар аз олимони имомия, ки дар бораи издивоҷи муваққат ва баёни машруъияти он нигориш ёфта, муаррифӣ шудааст.[43] Бархе аз ин осор иборатанд аз:

  • Хулосат-ул-иҷоз фи-л-мутъа: ин китоб чаҳор боб дорад, ки ба баррасӣ ва баёни мабоҳиси машруъият, фазилат, кайфият ва аҳкоми издивоҷи муваққат ва мабоҳисе пароканда дар бораи он пардохтааст.[44] Бархе ин асарро ба Шайхи Муфид нисбат додаанд.[45] Иддае ба Шаҳиди Аввал[46] ва бархеи дигар ба Муҳаққиқи Каракӣ.[47]
  • Завоҷ-ул-мутъа: навиштаи Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ, дар се ҷилд. Нависанда дар ин асар зимни баҳс аз машруъият ва бархе аҳкоми издивоҷи муваққат, ба нақд ва баррасии дидгоҳи олимони аҳли суннат дар бораи ҳаром будани издивоҷи муваққат пардохтааст.[48]
  • Ал-Зивоҷ-ул-муваққати фи-л-Ислом: навиштаи Сайид Муртазо Аскарӣ. Нависанда дар ин асар машруияти издивоҷи муваққат дар Қуръон ва суннат бо назар ба дидгоҳи олимони шиа ва аҳли суннатро баррасӣ кардааст.[49]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Муассисаи Доират-ул-маорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.399.
  2. Калонтар, «Ҳошия», дар китоби ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқийя, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.245.
  3. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-фиқҳийя фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқийя, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.103.
  4. Муассисаи Доират-ул-маорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.399.
  5. Барои намуна ниг.: Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.13 - 17.
  6. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1430ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.18 - 19.
  7. Барои намуна ниг.: Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.13 - 17; Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.8.
  8. Кошифулғито, Ин аст оини мо, 1370ҳ.ш., саҳ.386 - 385; Субҳонӣ, Мутъат-ун-нисо фи-л-китоби ва-с-суннаҳ, 1423ҳ.қ., саҳ.9 - 11.
  9. Кошифулғито, Ин аст оини мо, 1370ҳ.ш., саҳ.387.
  10. Ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳийят-ил-кувайтийя, 1427ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.333 - 334; Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.7.
  11. Барои намуна ниг.: Аҳмад ибни Исо, Раъб-ус-садъ, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.876 - 877.
  12. Барои намуна нигоҳ кунед ба Нуъмони Мағрибӣ, Даъоим-ул-Ислом, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.229.
  13. Барои намуна ниг.: Ҷамъе аз нависандагон, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-абозӣ, 1438ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.353 - 354.
  14. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-фиқҳийя фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқийя, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.103.
  15. Барои намуна ниг.: ба Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, 1373ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.149 - 153; Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дорул-тафсир, ҷ.25, саҳ.79 - 80; Макорими Шерозӣ, Китоб-ун-никоҳ, 1424ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.10.
  16. Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дорул-тафсир, ҷ.25, саҳ.79; Макорими Шерозӣ, Китоб-ун-никоҳ, 1424ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.15.
  17. Барои намуна нигоҳ кунед ба ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳийят-ил-кувайитийя, 1427ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.333 - 334; Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.7; Аҳмад ибни Исо, Раъб-ус-садъ, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.876 - 877; Нуъмони Мағрибӣ, Даъоим-ул-Ислом, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.229; ҷамъе аз нависандагон, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-абозӣ, 1438ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.353 - 354.
  18. Қуртубӣ, Тафсир-ул-Қуртубӣ, 1384ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.132; Субҳонӣ, Мутъат-ун-нисо фи-л-китоби ва-с-суннаҳ, 1423ҳ.қ., саҳ.15.
  19. Барои намуна ниг.: Ҷассос, Аҳком-ул-Қуръон, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.352; Мовардӣ, ал-Ҳовӣ-л-кабир, 1419ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.328; Сарахсӣ, ал-Мабсут, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.27.
  20. Қуртубӣ, Тафсири Қуртубӣ, 1384ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.392; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.43.
  21. Барои намуна ниг.: Омилӣ, Завоҷ-ул-мутъа, 1423ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.75; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.44.
  22. Шарафиддин, ан-Нассу ва-л-иҷтиҳод, 1404ҳ.қ., саҳ.207 - 208; Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.213; Омилӣ, Завоҷ-ул-мутъа, 1423ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.10.
  23. Асқалонӣ, Фатҳ-ул-борӣ, 1379ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.174.
  24. Барои намуна ниг.: Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.135; Нававӣ, Шарҳ-ун-Нававӣ ала Муслим, 1392ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.180.
  25. Барои намуна ниг.: Ибни Рушд, Бидоят-ул-муҷтаҳид, 1425ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.80.
  26. Барои намуна ниг.: Ҷассос, Аҳком-ул-Қуръон, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.187 ва ҷ.3, саҳ.330; Мовардӣ, ал-Ҳовӣ-л-кабир, 1419ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.329.
  27. Ҷассос, Аҳком-ул-Қуръон, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.187 ва ҷ.3, саҳ.330; Мовардӣ, ал-Ҳовӣ-л-кабир, 1419ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.329.
  28. Омилӣ, Завоҷ-ул-мутъа, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.212.
  29. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.177; Омилӣ, Завоҷ-ул-мутъа, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.214.
  30. Ниг.: Баниҳошимии Хумайнӣ, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил (мароҷеъ), Дафтари интишороти Исломӣ, ҷ.2, саҳ.453.
  31. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.30, саҳ.162 ва саҳ.172.
  32. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.30, саҳ.172.
  33. Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.264.
  34. Шайхи Ансорӣ, Китоб-ун-никоҳ, 1430ҳ.қ., саҳ.79; Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дор-ут-тафсир, ҷ.16, саҳ.215 ва ҷ.24, саҳ.215; Хуӣ, Китоб-ун-никоҳ, Дор-ул-илм, ҷ.2, саҳ.164.
  35. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.529; Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1406ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.4.
  36. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.529.
  37. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.30, саҳ.27.
  38. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.30, саҳ.160.
  39. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.532.
  40. Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дор-ут-тафсир, ҷ.25, саҳ.101.
  41. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.532; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқийя, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.107.
  42. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқийя, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.105.
  43. Ниг.: Табасӣ, Издивоҷи муваққат дар рафтор ва гуфтори саҳоба, тарҷумаи Муҳаммадҳусайни Шерозӣ, 1391ҳ.ш., саҳ.136 - 139.
  44. Шайхи Муфид, Хулосат-ул-иҷоз фи-л-мутъа, 1414ҳ.қ., саҳ.18.
  45. Шайхи Муфид, Хулосат-ул-иҷоз фи-л-мутъа, 1414ҳ.қ., саҳ.18.
  46. Афандӣ, Риёз-ул-уламо , 1401ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.188.
  47. Замонинажод, «Муқаддима», дар китоби Хулосат-ул-иҷоз фи-л-мутъа, 1414ҳ.қ., саҳ.11.
  48. Барои намуна ниг.: Омилӣ, Завоҷ-ул-мутъа, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.42.
  49. Аскарӣ, Ал-Зивоҷ-ул-муваққат фи-л-Ислом, саҳ.7.

Сарчашма

  • Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир, Қум, марказ ал-Ғадир ли-ддиросотил-исломийя, 1416ҳ.қ.
  • Аскарӣ, Сайидмуртазо, Ал-Зивоҷ-ул-муваққат фи-л-Ислом, беҷо, бено, бе то.
  • Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Фатҳ-ул-борӣ, Бейрут, Дорул-маърифат, 1379ҳ.қ.
  • Аҳмад ибни Исо, Раъб-ус-садъ, Бейрут, Дорул-муҳаҷҷат-ил-байзо, 1428ҳ.қ.
  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Муҳаммадҳасан, Рисолаи тавзеҳул-масоили (мароҷеъ), Дафтари интишороти исломӣ, бе то.
  • Баҳронӣ, Юсуф, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1406ҳ.қ.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, Димишқ, Дору тавқил-наҷот, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, чопи сеюм, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Рушд, Муҳаммад ибни Аҳмад, Бидоят-ул-муҷтаҳид, Қоҳира, Дорул-ҳадис, 1425ҳ.қ.
  • Калонтар, Сайидмуҳаммад, «Ҳошия», дар китоби ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқийя, таълифи Шаҳиди Сонӣ, Қум, интишороти Доварӣ, 1410ҳ.қ.
  • Кошифулғито, Муҳаммадҳусайн, Ин аст оини мо, тарҷумаи Носири Макорим, мадрасаи Имом Амирулмуъминин (а), Қум, 1370ҳ.ш.
  • Қуртубӣ, Шамсиддин, Тафсир-ул-Қуртубӣ, Қоҳира, Дорул-кутубил-мисрийя, чопи дувум, 1384ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Китоб-ун-никоҳ, Қум, мадрасатул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1424ҳ.қ.
  • Мовардӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Ҳовӣ-л-кабир, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Муассисаи Доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, Қум, Доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Каракӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид, Қум, муассисаи Олулбайт (а), чопи дувум, 1414ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом, таълиқа: Сайидсодиқ Шерозӣ, Теҳрон, интишороти Истиқлол, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
  • Нававӣ, Абузакариё, Шарҳ-ун-Наваӣ ала Муслим, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи дувум, 1392ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи Шароеъ-ул-Ислом, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Нуъмони Мағрибӣ, Муҳаммад, Даъоим-ул-Ислом ва зикр-ул-ҳалоли ва-л-ҳаром ва-л-қазоё ва-л-аҳком ан аҳли Байти Расулиллоҳ алайҳи ва алайҳим афзалус-салом, таҳқиқ: Осиф ибни Алиасғари Файзӣ, Қоҳира, Дорул-маъориф, 1383ҳ.қ.
  • Омилӣ, Сайидҷаъфар Муртазо, Завоҷ-ул-мутъа, Бейрут, ал-Марказул-исломӣ лидиросот, 1423ҳ.қ.
  • Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Муҳаззаб-ул-аҳком, Қум, Дорул-тафсир, бе то.
  • Сарахсӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Мабсут, Бейрут, Дорул-маърифат, 1414ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Мутъат-ун-нисо фи-л-китоби ва-с-суннаҳ, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1423ҳ.қ.
  • Табасӣ, Наҷмиддин, Издивоҷи муваққат дар рафтор ва гуфтори саҳоба, тарҷумаи Муҳаммадҳусайни Шерозӣ, Қум, интишороти Далели мо, 1391ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Муртазавӣ, 1373ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Китоб-ун-никоҳ, Қум, Дорул-илм, бе то.
  • Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрирул-васила, Теҳрон, муассисаи танзими ва нашри осори имом Хумайнӣ, чопи аввал, 1434ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт (а), 1416ҳ.қ.
  • Ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳийят-ил-кувайитийя, Кувайт, Дорул-салосил, 1427ҳ.қ.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-абозӣ, Аммон, Вазоратул-авқоф вал-шуъунид-диния, чопи аввал, 1438ҳ.қ.
  • Ҷассос, Абубакр Аҳмад ибни Алӣ, Аҳком-ул-Қуръон, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Шайхи Ансорӣ, Муртазо, Китоб-ун-никоҳ, Қум, Маҷмаъул-фикрил-исломӣ, 1430ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Хулосат-ул-иҷоз фи-л-мутъа, Бейрут, Дорул-муфид, чопи дувум, 1414ҳ.қ.
  • Шарафиддин, Абдулҳусайн, ан-Нассу ва-л-иҷтиҳод, Бейрут, Абумуҷтабо, 1404ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқийя, таълиқа: Султонулъуламо, Қум, Дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1412ҳ.қ.