Казми ғайз

Аз wikishia
Макорими ахлоқ

Казми ғайз (форсӣ:کَظْمِ غَیْظْ) яке аз фазилатҳои ахлоқӣ ба маънои фурӯ бурдани хашм аст.

Дар ояти 134-уми сураи Оли Имрон, казми ғайз яке аз хислатҳои некӯкорон маҳсуб шуда, дар ривоятҳо раҳоӣ аз азоби Илоҳӣ ва ба даст овардани ризои Худо яке аз фоидаҳои казми ғайз (фурӯ бурдани хашм) зикр шудааст. Олимони ахлоқ дар зери сифати хашм, дар бораи казми ғайз баҳс карда ва роҳкорҳое пешниҳод кардаанд.

Мусо ибни Ҷаъфар (а), имоми ҳафтуми шиаёнро ба хотири фурӯ нишондани хашмаш, козим (яъне фурубарандаи хашм) лақаб додаанд.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

Ғайз шадидтарин ғазаб аст ва ба ҳарорате гуфта мешавад, ки бар асари ҷӯшиши хуни қалби инсон падид меояд[1] ва казм ба маънои нигаҳ доштани нафас аст. Казми ғайз, вожаи ахлоқӣ ба маънои кантроли хашм ва худдорӣ аз изҳори он аст[2] ва ба касе ки бисёр хашми худро кантрол кунад, козим гуфта мешавад.[3]

Казми ғайз, ба фазилатҳои ахлоқии дигаре ҳамчун ҳилм наздик аст ва дар тафовути он бо ҳилм гуфтаанд, казми ғайз аз касе сар мезанад, ки ҳануз ба малакаи ҳилм даст наёфтааст ва ғазаб, тавоноии онро дорад, ки дар вай буруз кунад, аммо ӯ бо талош дар фурӯхурдани он, саъй дар маҳор кардани ғазаб дорад.[4]

Дар ривоёт байни казми ғайз (фурӯ хурдан ва фуру нишондани хашм) бо сабр ва ҳилм робита барқарор аст. Имом Содиқ (а) дар ривояте, кантроли хашмро маҳбубтарин ҷуръа дар пешгоҳи Илоҳӣ дониста мегӯяд: ҳеҷ ҷуръае назди Худованди Азза ва Ҷалла аз ҷуръаи хашме, ки банда дар дилаш бо ҷӯшишу ҳаяҷон бинушад ва онро бо шикебоӣ ё бурдборӣ дафъ кунад, маҳбубтар нест.[5][Ёддошт 1]


Дар Қуръон казми ғайз аз хислатҳои парҳезгорон шуморида шудааст. «Онон ки хашми худро фурӯ мебаранд ва аз хатоҳои мардум дар мегузаранд ва Худо некӯкоронро дӯст медорад!».[6] Ҳамчунин фурӯ бурдани хашм (казми ғайз) дар ривоёт, ба унвони фазилати ахлоқӣ, мавриди таъкиди аимма (а) қарор гирифтааст. Кулайнӣ дар ал-Кофӣ дар китоби «Имон ва куфр» 13 ривоятро дар зайли боби казми ғайз овардааст.[7] Дар дуои Макорим-ул-ахлоқи Саҳифаи Саҷҷодия ба казми ғайз ишора шудааст[8] ва дар ривоёт иззату бузургӣ, раҳоӣ аз азоби Илоҳӣ ва ҷалби ризояти Ӯ аз фоидаҳои фуру бурдани хашм ёд шудааст.[9] Аз Пайғамбар (с) ривоят шудааст: «ҳар кас хашми худро кантрол кунад, Худо азобашро аз ӯ мебардорад».[10] Имом Саҷҷод (а) дар ривояте фармудааст, ки ҳеҷ ҷуръае назди ман маҳбубтар аз ҷуръаи ғайзе нест, ки онро биёшомам ва тарафи муқобилро муҷозот накунам. Ва дар ривояти дигаре фурӯ хӯрдани ҷуръаи ғайз ва ҷуръаи ҳузн ҳангоми мусибат аз маҳбубтарини ҷуръаҳо дар пешгоҳи Худованд ёд шудааст.[11] [Ёддошт 2]

Роҳкорҳои кантроли хашм

Дар манобеи ахлоқӣ аз казми ғайз дар бахши разоили ахлоқӣ ва зайли сифати хашм баҳс шудааст.[12] Олимони ахлоқ, роҳкорҳое барои кантроли хашм ироа кардаанд.[13]

Файзи Кошонӣ дар ал-Муҳаҷҷат-ул-байзо андешидан дар ривоёте, ки дар фазилати казми ғайз, ҳилм ва афв ворид шудааст, тавваҷуҳ ба подошҳое, ки дар ин ривоёт барои фуру бурдани хашм зикр шудааст, ба ёд овардани қудрат ва хашми Илоҳӣ, тавваҷуҳ ба зиштии ҳолаташ дар ҳолати хашм ва сарзаниши ҳисси интиқомҷӯиро ба унвони роҳкорҳои илмии кантроли хашм баён кардааст.[14]

Ҳамчунин Файзи Кошонӣ аз истиъоза ва тағйири ҳолат, ба унвони роҳкорҳои амалии казми ғайз ёд кардааст. Ӯ баён мекунад, ки агар истиъоза корсоз нашуд, дар ҳолате, ки инсони хашмгин, истода аст биншинад ва дар ҳолате ки нишастааст, такя диҳад ё бихобад. Ҳамчунин дар бархе ривоёт, хашм ба оташ монанд шуда ва гуфта шудааст, оташро ҷуз об хомӯш намекунад, ба ҳамин хотир касе ки хашмгин аст, таҳорат кунад.[15]

Дар бархе ривоёт низ аз Расули Худо (с) нақл шудааст, ҳар кас ки хашмгин шуд, рӯяшро бар замин бичасбонад. Варом ибни Абифарос гуфтааст, манзури Пайғамбар амр бар саҷда аст то нафс, эҳсоси хорӣ кунад ва хашмаш бартараф шавад.[16] Имом Боқир (а) дар ривояте дар бораи кантроли хашм фармудааст, ҳар кас бар мардуме хашмгин шуд, агар истода бошад, бояд фавран нишинад, то палидии шайтон аз ӯ дур шавад, ва ҳар кас бар хешовандаш ғазаб кунад, бояд наздики ӯ раваду танашро мас кунад (масалан даст ба дасти ӯ бисояд) зеро хешованд ҳаргоҳ мас шавад, оромиш ёбад.[17]

Казми ғайзи Имом Козим (а)

Имом Мусои Козим (а), ба ин далел ки хашми худро кантрол мекард, ба козим мулаққаб буд.[18] Гузоришҳои мухталифе дар манобеъ омадааст, ки Имом Козим (а) хашми худро дар баробари душманон ва касоне ки ба ӯ бадӣ мекарданд, фурӯ мебурд.[19] Аз ҷумла баён шудааст, ки марде аз наберагони Умар ибни Хаттоб дар ҳузури Имом Козим (а), ба Имом Алӣ (а) тавҳин кард. Ҳамроҳони Имом хостанд ба ӯ ҳамла кунанд, аммо Имом нагузошт ва сипас ба мазраъаи он мард рафт. Мард бо дидани Имом Козим (а) шурӯъ ба доду бедод кард, ки маҳсулашро лагадмол накунад. Имом ба ӯ наздик шуда бо хандарӯӣ пурсид, барои кошти мазраъа чиқадар харҷ кардаӣ? Мард гуфт: 100 динор! Сипас пурсид: умед дорӣ чӣ андоза аз он бардошт кунӣ? Мард ҷавоб дод, ғайб намедонам. Имом Козим (а) фармуд: гуфтам, умед дорӣ чӣ андоза аз он бардошт кунӣ? Мард ҷавоб дод: 200 динор! Имом 300 динор ба ӯ доду гуфт: ин 300 динор барои туст ва маҳсулат ҳам бароят боқист. Сипас ба сӯи масҷид рафт. Он мард зудтар худро ба масҷид расонд ва бо дидани Имом Козим (а) бархоста ин ояро бо овози баланд хонд: اللَّه أَعْلَمُ حَيْثُ يَجْعَلُ رِ‌سَالَتَهُ; Худо беҳтар медонад рисолаташро куҷо қарор диҳад [Анъом–124 ][20]

Такнигорӣ

  1. Маҳорати муқобила бо хашм, Сайидмҳдии Хатиб, нашри Дорул-ҳадис ва ба нашри (интишороти Остони Қудси Разавӣ), чопи аввал, 1398ҳ.ш., 48 саҳифа.[21]
  2. Маҳори хашму пархошгарӣ дар партави омӯзаҳои динӣ, Маҷид Ҷаъфарӣ Ҳарфата, интишороти Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ, чопи аввал, 1397ҳ.ш., 216 саҳифа.[22]
  3. Маҳори хашм, Муҳаммадризо Каюмарсӣ Аскуӣ, интишороти Дорул-ҳадис, 1391ҳ.ш., 299 саҳифа.[23]

Ҷусторҳои вобаста

Козим (лақаб)

Эзоҳ

  1. Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадот, 1412ҳ.қ., саҳ.619.
  2. Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадот, 1412ҳ.қ., саҳ.712.
  3. Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, ҷ.1, саҳ.333; Ғаззолӣ, Эҳёу улум-ид-дин, Дорул-маърифат, ҷ.3, саҳ.176.
  4. Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, ҷ.1, саҳ.333; Ғаззолӣ, Эҳёу улум-ид-дин, Дорул-маърифат, ҷ.3, саҳ.176.
  5. Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.111.
  6. Сураи Оли Имрон, ояти 134.
  7. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.109 - 111.
  8. Саҳифаи Саҷҷодия, дуои бистум.
  9. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.109 - 111.
  10. Файзи Кошонӣ, ал-Муҳаҷҷат-ул-байзо, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, ҷ.5, саҳ.306 - 307.
  11. Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, муассисатул-Вафо, Бейрут, ҷ.47, саҳ.301, ал-Арусӣ ал-Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, ҷ.1, саҳ.390
  12. Варом, Маҷмӯъа Варом, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.123 - 124.
  13. Файзи Кошонӣ, ал-Муҳаҷҷат-ул-байзоъ, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, ҷ.5, саҳ.306 - 307.
  14. Файзи Кошонӣ, ал-Муҳаҷҷат-ул-байзоъ, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, ҷ.5, саҳ.306 - 307.
  15. Файзи Кошонӣ, ал-Муҳаҷҷат-ул-байзоъ, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, ҷ.5, саҳ.306 - 307.
  16. Варом, Маҷмӯъаи Варом, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.124.
  17. Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.302.
  18. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.164; Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1418ҳ.қ., саҳ.312, Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, ҷ.2, саҳ.103.
  19. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.233; Қаршӣ, Ҳаёт-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар, 1429ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.162 - 160.
  20. Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.30.
  21. Маҳорати муқобила бо хашм, потуқи китоби фардо.
  22. “Маҳори хашму пархошгарӣ дар партави омӯзаҳои динӣ” арза шуд, пойгоҳи хабарии таҳлилии Талиъа.
  23. “Китоби маҳори хашм”, пажӯҳишгоҳи Қуръону ҳадис.

Ёддошт


Сарчашма

  • Бағдодӣ, Хатиб, Таърихи Бағдод, таҳқиқи Мустафо Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1417ҳ.қ.
  • Варом, ибни Абифарос, Маҷмӯъаи Варом, Мактабат фиқҳийя, Қум, 1410ҳ.қ.
  • Ғаззолӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Эҳёу улум-ид-дин, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир, 1385ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, Сибт, Тазкират-ул-хавос, Қум, маншуроти Шариф ар-Разӣ, 1418ҳ.қ.
  • "Китоби маҳори хашм”, пажӯҳишгоҳи Қуръон ва ҳадис, мушоҳида: 16 тири 1399ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Қаршӣ, Боқиршариф, Ҳаёт-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар алайҳимос-салом, таҳқиқи Маҳдӣ Боқир Қаршӣ, беҷо, Меҳри дилдор, 1429ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Нароқӣ, Муҳаммадмаҳдӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, бе то.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, тасҳеҳи Сафвон Аднон, Димишқ, Дорул-қалам – аддорул-шомия, 1412ҳ.қ.
  • Саҳифаи Саҷҷодия.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, ал-Муҳаҷҷат-ул-байзоъ фи таҳзиб-ил-аҳё, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, бе то.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found