Улуми Қуръон
Улуми Қуръон (форсӣ: علوم قرآن) маҷмуае аз донишҳои марбут ба Қуръон аст, ки барои шинохти моҳият, таҳаввулоти таърихӣ, мабонии тафсир ва мутолиоти анҷом шуда дар бораи Қуръон ба кор меравад. Исботи ваҳёнӣ будани Қуръон, асолати матни он ва ҳамчунин дифоъ аз Қуръон дар баробари шубаҳот, аз далоили аҳамияти ин дониш шумурда мешавад. Улуми Қуръонро ғайр аз маорифи Қуръон (дониши тафсир) ва муқаддам бар он медонанд.
Шурӯи пардохтан ба улуми Қуръон, ба бархе оёти Қуръон ва ҳамчунин ба аҳодиси Пайғамбар (с) ва имомон (а) бозгардонда шудааст. Мусҳафи тафсирии Имом Алӣ (а) нахустин асаре дониста мешавад, ки дар бораи бархе масоили улуми Қуръон баҳс кардааст. Сайри таҳаввули улуми Қуръон, дар чанд марҳала тарсим шуда ки тадвини рисолаҳо дар қарнҳои аввалу дувум, шаклгирии расмӣ дар қарнҳои сеюму чаҳорум ва тасбиту тавсеа дар қарнҳои ҳаштуму даҳуми қамарӣ аз ҷумлаи онҳост.
Авҷгирии андешаи шиъӣ дар улуми Қуръон бо мабоҳиси оламоне ҳамчун Сайид Муртазо, Шайх Садуқ, Шайх Муфид ва Фазл ибни Ҳасани Табрасӣ, аз садаҳои панҷум то ҳафтуми қамарӣ оғоз шудааст. Мавзуоти аслии улуми Қуръон иборатанд аз: ваҳй, нузули Қуръон, асбоби нузул, қироатҳои ҳафтгона, фазоили сураҳо, таҷвид, муҳкаму муташобиҳ, носиху мансух, эъҷози Қуръон, тартиби нузули сураҳо, ҷамъоварии Қуръон, маккӣ ва маданӣ, таърихи Қуръон, таҳрифнопазирии Қуръон ва ҳуруфи муқаттаа.
Аҳамият
Муҳаммадҳодии Маърифат - назарияпардози улуми Қуръон, ин донишро бар мутолиаи муҳтавои дарунии оёти Қуръон, яъне бар дониши тафсир муқаддам донистааст;[1] зеро улуми Қуръонӣ маҷмуае аз донишҳои муқаддамотӣ аст, ки фаҳми муҳтавои Қуръон ва ҳамчунин исботи ваҳй будан он, вобаста ба ёдгирии онҳост.[2] Ба гуфтаи Муҳаммадалии Кӯшо - мутарҷим ва қуръонпажӯҳи муосир, баҳс дар бораи Қуръон ва шинохти масоили он аз ҳамон даврони садри Ислом матраҳ буда ва бузургону донишмандони бисёре дар ин бора ба гуфтугӯ нишастаанд.[3]
Далоиле барои аҳамияти дониши улуми Қуръон баён шуда, ки аз он ҷумла аст: исботи ваҳёнӣ будани Қуръон, исботи асолати матни Қуръон ва таҳриф нашудани он дар тӯли замон, нақши бунёдин дар тафсиру фаҳми Қуръон ва низ тавоноӣ барои дифоъ аз Қуръон дар баробари шубаҳот.[4] Иртиботу вобастагии бахшҳое аз мабоҳиси улуми Қуръон бо дигар донишҳои исломӣ монанди таъриху сира, ҳадис, адабиёт, калом, тафсир, фиқҳ ва усули фиқҳ, аз дигар далоили аҳамияти пардохтан ба улуми Қуръон дониста шудааст.[5]
Мафҳумшиносӣ
Улуми Қуръон истилоҳе дар бораи масоили вобаста ба шинохти Қуръон ва паҳлӯҳои гуногуни он аст[6] ва шомили баҳсҳое чун ваҳй, нузули Қуръон, тартиби сураҳо ва оёт, асбоби нузул, котибони ваҳй, яксон кардани мусҳафҳо, ҷамъоварӣ, нигориш, пайдоиши қироатҳо ва маншаи ихтилоф дар қироат, ҳуҷҷият ва таҳрифнопазирӣ, эъҷоз, тафсир, носиху мансух, муҳкаму муташобиҳ ва ҳамчунин дафъи шубаҳот аз соҳати Қуръон мешавад.[7] Бо ин ҳол бархе бар онанд, ки улуми Қуръон маҳдуд ба мавзуоти хос нест ва мавзуоти он таҳти таъсири авомили мухталиф ва пурсишҳои навзуҳур густардатар мешавад.[8]
Тафовут бо дигар улуми вобаста ба Қуръон
Донишҳои вобаста ба Қуръон ба се даста тақсим шудааст: 1.Улуми дарунқуръонӣ, мисли ақоид, ахлоқ ва аҳком,[9] ки тафсири мавзуӣ ҳосили он аст,[10] 2.Улуми муқаддамотӣ, монанди сарф, наҳв, мантиқ ва балоғат, ки барои фаҳми алфозу маъонии Қуръон бакор меравад,[11] ва 3.Улуми қуръонӣ.[12]
Оғози пайдоиши масоили улуми Қуръон
Матраҳ шудани баҳсҳои куллӣ дар бораи Қуръон, ҳамзод бо нузули он дониста шудааст. Ба гуфтаи Муҳаммадалии Маҳдавирод - аз пажӯҳишгарони қуръонӣ, оёти далолаткунандаи таҳриф нашудани Қуръон, оёт дар бораи нузули Қуръон, оёти марбут ба масъалаи ваҳй, муҳкаму муташобиҳ, ва ҳамчунин носиху мансух аз ҷумлаи ин баҳсҳоест, ки дар худи Қуръон ба он пардохта шудааст.[13]
Ҳамчунин гуфта шуда улуми Қуръон, монанди дигар улуми исломӣ, афзун бар Қуръон, дар қолаби аҳодис шакл гирифтааст.[14] Дар ин росто, ба аҳодиси Пайғамбар (с) ва Аҳли Байт (а) дар бораи мавзуоте чун фазоили Қуръон, нузули Қуръон бар ҳафт ҳарф ва қориён ки мабоҳиси Қуръон ҳастанд, ишора кардаанд.[15]
Ибни Надим мусҳафи тафсирии Имом Алӣ (а)-ро нахустин навиштае дониста ки бархе мабоҳиси улуми Қуръонро дар бар доштааст.[16] Мегӯянд масоиле монанди носиху мансух, муҳкаму муташобиҳ ва асбоби нузул дар он матраҳ шудааст.[17]
Таҳаввулот
Ба гуфтаи Муҳаммадҳодии Маърифат, улуми Қуръон дар садаҳои гуногуни рушди худ, мароҳили мухталиферо тай кардааст:[18]
Тадвини рисолаҳо
Қарни аввал ва дувуми ҳиҷриро садаҳои тадвини рисолаҳо донистаанд[19] ки муҳимтаринашон Китобун фи-л-қироат, навиштаи Яҳё ибни Яъмру шогирди Абуласвади Дуалӣ, китоби Ададу ойи-л-Қуръон таълифи Абулҳасани Басрӣ, китоби Ғариб-ул-Қуръон асари Абон ибни Тағлиб, шогирди Имом Саҷҷод (а) ва китоби ал-Оёт-ул-муташобиҳот навиштаи Мақотил ибни Сулаймон аст.[20]
Шаклгирии расмӣ
Шакл гирифтани расмии улуми Қуръон дар қарни сеюм ва чаҳорум дониста шудааст, ки мусодиф буда бо рушди масоили адабӣ ва авҷгирии баҳсҳои каломӣ дар бораи Қуръон.[21] Ашхосе ҳамчун Яҳё ибни Зиёди Фарроъ, Ибни Қутайбаи Динаварӣ, Ҳасан ибни Алӣ ибни Фаззол аз асҳоби Имом Ризо (а), Умар ибни Баҳр машҳур ба Ҷоҳиз, Аҳмад ибни Мӯсо ибни Муҷоҳид (шайхулқуррои Бағдод) аз ҷумла шахсони машҳур дар ҳавзаи улуми Қуръон дар ин ду қарн ҳастанд.[22]
Ба гузориши Субҳӣ Солеҳ, аввалин осор дар бораи улуми Қуръон ба маънои роиҷи имрӯзӣ, аз қарни сеюми қамарӣ ва бо китоби ал-Ҳови фи улум-ил-Қуръон асари Муҳаммад ибни Халаф ибни ал-Марзбон[23] ва ҳамчунин китоби Аҷоибу улум-ил-Қуръон, таълифи Абубакр Муҳаммад ибни Қосим ибни Башшор Анборӣ (ваф.328ҳ.қ.) дар қарни чаҳоруми қамарӣ шурӯ шудааст.[24] Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, китоби Аҷоибу улум-ил-Қуръон, нахустин бор ба бархе аз мавзуҳои улуми Қуръон дар маънои аслии худ монанди фазоили Қуръон, нузулаш бар ҳафт ҳарф, нигориши мусҳафҳо, теъдоди сураҳо, оёт ва калимоти он пардохтааст.[25]
Дар ин давра, гуфтугӯҳое дар бораи моҳият ва шубаҳоти каломии Қуръон шакл гирифт. Ҳамчунин ин давра бо густариши ҷараёни фикрии муътазилӣ дар бораи Қуръон ва шӯҳрати қироатҳои ҳафтгона ҳамроҳ буд.[26]
Иллати шаклгирӣ
Ба гуфтаи Аҳмади Покатчӣ - пажӯҳишгари улуми Қуръон, ин дониш пас аз он ба тадриҷ падид омад, ки олимони улуми мухталифи исломӣ, тафосире бо рӯйкардҳои мухталифи каломӣ, фиқҳӣ ва фалсафӣ нигоштанд, ки мухотаби ҳар кадом аз он тафосир, олимони ҳамон улум буданд ва олимони улуми Қуръон талош карданд бо эҷоди забони муштарак миёни тафосири мухталиф, ҳамаи тафосир аз Қуръони каримро якпорча созанд ва онро барои ҳамагон қобил фаҳм кунанд.[27]
Авҷ
Авҷгирии баҳсҳои адабӣ ва андешаи шиъӣ дар мавзуоти қуръонӣ, марбут ба садаҳои панҷум то ҳафтуми ҳиҷрӣ дониста мешавад ва олимони шиаи машҳуре аз ҷумлаи Сайид Муртазо, Шайх Садуқ, Шайх Муфид, Сайид Разӣ, Қутби Ровандӣ, Фазл ибни Ҳасан Табрасӣ ва Сайид ибни Товус дар ин давра ба мабоҳиси улуми Қуръон пардохтаанд.[28] Инъикоси баҳсҳои улуми Қуръон дар муқаддамаи тафсирҳо, аз ин давра шурӯъ шудааст; тафсирҳое аз ҷумла Маҷмаъ-ул-баён, ат-Тибён, Тафсири Софӣ, Олоъ-ур-раҳмон ва ал-Баён.[29]
Тасбит ва тавсеа
Қарни ҳаштум то даҳуми ҳиҷриро давраи тасбиту тавсеаи улуми Қуръон дар қолаби дониши ҷомеъ муаррифӣ кардаанд,[30] ки осори муҳимме чун ал-Бурҳону фи улум-ил-Қуръон тавассути Муҳаммад ибни Абдуллоҳи Заркашӣ ва китоби ал-Итқону фи улум-ил-Қуръон тавассути Ҷалолуддини Суютӣ навишта шуд.[31]
Рукуд
Садаи ёздаҳум то сездаҳуми ҳиҷрӣ, ба иллати сайтараи осори Суютӣ, давраи рукуди улуми Қуръон номида шудааст. Дар ҳамин давраи замонӣ, осори феҳристнависӣ ва вожаёбии Қуръон ривоҷ пайдо кард. Ҳамчунин бо авҷгирӣ ахборигарӣ, бархе аз осори муҳим дар бораи улуми Қуръон дар ҷавомеъи ривоӣ тадвин шуд, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба муфассалтарин феҳристи мавзуии оёти Қуръон дар Биҳор-ул-анвор асари Аллома Маҷлисӣ ишора кард.[32]
Густариши дубора
Асрҳои чаҳордаҳуму понздаҳуми ҳиҷриро садаҳои густариш ва тавсеаи дубораи улуми Қуръон хондаанд. Ин давра бо китоби Фасл-ул-хитоби фи таҳрифи китоби рабб-ил-арбоб асари Муҳаддиси Нурӣ дар бораи таҳрифи Қуръон ва эътирозот ба он шурӯъ шуд. Дар ин аср, таҳаввули каммӣ ва кайфӣ дар улуми Қуръон сурат гирифт ва осори муҳимме чун ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон асари Муҳаммадҳодии Маърифат тадвин шуд. Посух ба шубаҳот дар бораи Қуръон ва ҳамчунин вуруди ховаршиносон монанди Игнотс Гулдзиҳер, Теодор Нёлдеке, Артур Ҷефферӣ, Тошиҳико Изутсу ва навандешону равшанфикрони динӣ монанди Муҳаммад Аркун, Насри Ҳомид Абузайд ва дигарон ба мабоҳиси улуми Қуръон, аз вижагиҳои ин давра аст.[33]
мавзуот
Мавзуоти аслӣ ки дар бораи Қуръон сухан мегӯянд ва бар ҳар кадом унвони илм гузошта шуда иборатанд аз: ваҳй, нузули Қуръон, асбоби нузул, қироатҳои ҳафтгона, фазоили Қуръон, таҷвид, муҳкаму муташобиҳ, носиху мансух, эъҷози Қуръон, тартиби нузули сураҳо, ҷамъоварии Қуръон, маккӣ ва маданӣ, таърихи Қуръон, адами таҳрифи Қуръон ва ҳуруфи муқаттаа.
Ваҳй
- Мақолаи аслӣ: Ваҳй
Ваҳй иртиботи пайғамбарон бо олами ғайб ҷиҳати дарёфти паёми Худост.[34] Ба гуфтаи муфассирон, ваҳй бар пайғамбарон аз се тариқи суҳбат кардани бидуни воситаи Худо бо паёмбар, сухан гуфтан аз тариқи воситае ғайрибашарӣ монанди Ҷабраил ва сухан аз «варои ҳиҷоб» сурат мегирад.[35]
Эъҷози Қуръон
- Мақолаҳои аслӣ: Эъҷози Қуръон ва Оёти таҳаддӣ
Эъҷози Қуръон ба вижагиҳои фавқибашарии Қуръон аз лиҳози сохтор, лафз, матн ва ғайра ишора дорад ва ин ки ба ғайр аз Худо касе қодир ба овардани монанди он нест.[36] Қуръон барои исботи эъҷози худ бо мухолифон таҳаддӣ мекунад[37] ва ононро ба овардани матне монанди Қуръон[38] ё чанд сура[39] ё як сура[40] даъват мекунад.
Асбоби нузул
- Мақолаи аслӣ: Асбоби нузул
Асбоби нузул ё шаъни нузул ба ашхос, ҳаводис ва мавқеиятҳое ишора дорад, ки дар бораи онҳо оят ё оёте аз Қуръон нозил шудааст.[41] Барои асбоби нузул нақши муҳимме дар тафсири оёти Қуръон фарз шудааст.[42] Олимони мусулмон китобҳои мустақилле дар бораи асбоби нузул навиштаанд. Ҳамаи оёти Қуръон шаън нузул надоранд ва бархе аз қуръоншиносон маҷмӯи асбоби нузулро ҳудуди 460 маврид донистаанд.[43] Муфассирони шиъӣ ва бархе аз муфассирони аҳли суннат дар баҳс аз асбоби нузул ба сабти маҷмуаҳое аз шаъни нузули оёт дар фазоили Имом Алӣ (а) ва фазоили Аҳли Байт (а) тавваҷуҳи вижа доштаанд.[44]
Нузули Қуръон
- Мақолаи аслӣ: Нузули Қуръон
Нузули Қуръон фиристода шудани оёти Қуръон аз тариқи ваҳй бар ҳазрати Муҳаммад (с) аст.[45] Нузули Қуръон дар ду марҳалаи дафъӣ ва тадриҷӣ ё нузули он сирфан ба сурати тадриҷӣ аз баҳсҳои мавриди ихтилоф дар улуми Қуръон аст. Муҳаққиқоне ҳамчун Муҳаммадҳодии Маърифат фақат ба нузули тадриҷии Қуръон бовар доранд;[46] вале дар муқобил, афроде чун Аллома Таботабоӣ қоил ба ду нузули тадриҷӣ ва нузули дафъӣ барои Қуръон ҳастанд.[47]
Фазоили Қуръон
- Мақолаи аслӣ: Фазоили сураҳо
Фазоили сураҳо маҷмуаи ривоёте аст, ки ҷойгоҳу манзалати сураҳои Қуръон ва осори дунявӣ ва ухравии таловати онҳоро баён мекунад.[48] Муҳимтарин ҳадафи ривоёти фазоили сураҳоро ташвиқи мусулмонон ба қироати Қуръон ва тадаббур дар он донистаанд.[49] Дар ҷавомеъи ҳадисии шиа ва суннӣ, ривоёти зиёде дар бораи фазоили сураҳо ва оёти Қуръон вуҷуд дорад.[50] Дар Қуръон низ ба фазоили бархе аз сураҳо ишора шудааст.[51]
Қироатҳои ҳафтгона
- Мақолаи аслӣ: Қориёни ҳафтгона
Қориёни ҳафтгона ё қуррои сабъа, ҳафт нафар аз қироаткунандагони Қуръон дар қарни дувуми қамарӣ буданд, ки дар наҳваи хондани бархе аз калимоти Қуръон бо якдигар ихтилоф доштанд. Ин афрод наҳваи хондани худро аз бархе тобеъин омӯхта буданд, ки тобеъин низ назди саҳоба омӯзиш дида буданд.[52]
Машҳури аҳли суннат қироатҳои ҳафтгонаро мутавотир медонанд ва дар миёни шиаён низ бархе аз фуқаҳо аз ҷумла Аллома Ҳиллӣ ва Шаҳиди Сонӣ ин қироатҳоро мутавотир ва хондани ҳаряк аз онҳо дар намозро ҷоиз медонад.[53]
Муҳкаму муташобиҳ
- Мақолаи аслӣ: Муҳкаму муташобиҳ
Муҳкаму муташобиҳ ба ду даста аз оёти Қуръон ишора дорад: муҳкам ба оёте гуфта мешавад ки маънои онҳо ба қадре равшан аст, ки наметавон маънои дигаре барои он дар назар гирифт ва шубҳанопазир ва расо ҳастанд. Дар муқобил, муташобиҳ оёте аст, ки этимолоти мухталифе барои маънои зоҳирии онҳо вуҷуд дорад ва муроди воқеии оят аз зоҳири он ба даст намеояд.[54] Гурӯҳе аз аҳли суннат илм ба муташобиҳотро махсуси Худованд медонанд;[55] вале ба гуфтаи муҳаққиқоне чун Муҳаммадҳодии Маърифат, тибқи ояти ҳафтуми сураи Оли Имрон, имкони дастёбӣ ба ҳақоиқи наҳуфта дар оёти муташобиҳ, барои пӯяндагон ва уламои ростин фароҳам аст.[56]
Носиху мансух
- Мақолаи аслӣ: Носиху мансух
Носиху мансух ду даста аз оёти Қуръонанд. Ояти носих ҷойгузини ҳукми ояти мансух мешавад ва бо нузули ояти носих, замони амал ба ояти мансух поён меёбад.[57] Аз назари қуръонпажӯҳон ва фақиҳон, насх ҳам дар Қуръон ва ҳам дар суннат равост ва насхи Қуръон ба Қуръон, Қуръон ба суннат, суннат ба суннат ва суннат ба Қуръон ҷоиз аст ва собиқа дорад.[58]
Эзоҳ
- ↑ Маърифат, Омӯзиши улуми Қуръон, 1387ҳ.ш., саҳ.10
- ↑ Маърифат, ат-Тамҳид, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.21; Кӯшо, «Улуми қуръонӣ», саҳ.939
- ↑ Кӯшо, «Улуми қуръонӣ», саҳ.939
- ↑ Боқирӣ, «Улуми Қуръон; чистӣ, чароӣ ва чигунагӣ», саҳ.50 - 54
- ↑ Насирӣ, «Фалсафаи улуми Қуръон», саҳ.229 - 235
- ↑ Маърифат, ат-Тамҳид, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.6
- ↑ Зарқонӣ, Маноҳил-ул-ирфон, Дору эҳё-ит-турос-ил-ъарабӣ, ҷ.1, саҳ.20
- ↑ Боқирӣ, «Улуми Қуръон; чистӣ, чароӣ ва чигунагӣ», саҳ.46 - 47
- ↑ Маҳдавирод ва Маърифат, «Улуми Қуръон», саҳ.84
- ↑ Маърифат, Улуми қуръонӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.7
- ↑ Маҳдавирод ва Маърифат, «Улуми Қуръон», саҳ.84
- ↑ Мӯсавии Доробӣ, Нусусу фи улум-ил-Қуръон, 1422ҳ.қ., саҳ.9 - 17
- ↑ Маҳдавирод ва Маърифат, «Улуми Қуръон», саҳ.86 - 87
- ↑ Насирӣ, «Фалсафаи улуми Қуръон», саҳ.226
- ↑ Маҳдавирод ва Маърифат, «Улуми Қуръон», саҳ.87
- ↑ Ибни Надим, ал-Феҳрист, 1417ҳ.қ., саҳ.45 - 46.
- ↑ Маърифат, ат-Тамҳид, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.292 - 293; Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.370 - 371; Аёзӣ, «Мусҳафи Имом Алӣ (а)», саҳ.167 ва 177 - 178
- ↑ Маърифат, ат-Тамҳид, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.7 - 8
- ↑ Насирӣ, «Фалсафаи улуми Қуръон», саҳ.8 ва 22
- ↑ Маърифат, ат-Тамҳид, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.8; Маҳдавирод ва Маърифат, «Улуми Қуръон», саҳ.88
- ↑ Маҳдавирод ва Маърифат, «Улуми Қуръон», саҳ.88
- ↑ Маҳдавирод ва Маърифат, «Улуми Қуръон», саҳ.89 - 93
- ↑ Субҳӣ Солеҳ, Мабоҳисун фи улум-ил-Қуръон, 2000м, саҳ.124
- ↑ Субҳӣ Солеҳ, Мабоҳисун фи улум-ил-Қуръон, 2000м, саҳ.122
- ↑ Маҳдавирод ва Маърифат, «Улуми Қуръон», саҳ.88
- ↑ Маҳдавирод ва Маърифат, «Улуми Қуръон», саҳ.90 - 93
- ↑ Покатчӣ, Таърихи тафсири Қуръон, 1392ҳ.ш., саҳ.114 - 119
- ↑ Маҳдавирод ва Маърифат, «Улуми Қуръон», саҳ.93 - 97
- ↑ Насирӣ, «Фалсафаи улуми Қуръон», саҳ.226 - 227
- ↑ Насирӣ, «Фалсафаи улуми Қуръон», саҳ.228
- ↑ Маърифат, ат-Тамҳид, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.15 - 16; Маҳдавирод ва Маърифат, «Улуми Қуръон», саҳ.97 - 100
- ↑ Маҳдавирод ва Маърифат, «Улуми Қуръон», саҳ.100 - 102
- ↑ Маҳдавирод ва Маърифат, «Улуми Қуръон», саҳ.102 - 109
- ↑ Таботабоӣ, Ваҳй ё шуури мармуз, 1377ҳ.ш., саҳ.104
- ↑ Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1367ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.279; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.74; Мутаҳҳарӣ, Нубувват, 1373ҳ.ш., саҳ.81 - 84
- ↑ Маърифат, Омӯзиши улуми қуръонӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.159 - 159
- ↑ Муаддаб, «Эъҷози Қуръон», саҳ.197
- ↑ Сураи Исро, ояти 88
- ↑ Сураи Ҳуд, ояти 13
- ↑ Сураи Бақара, ояти 23
- ↑ Носеҳиён, Улуми қуръонӣ дар мактаби Аҳли Байт алайҳимуссалом, 1389ҳ.ш., саҳ.154 - 155
- ↑ Зарқонӣ, Маноҳил-ул-ирфон, Бейрут, ҷ.1, саҳ.102
- ↑ Ҳоҷимирзоӣ, «Асбоби нузул», саҳ.192
- ↑ Маърифат ва Лисонии Фишоракӣ, «Асбоб-ун-нузул», саҳ.127
- ↑ Ҳаким, Улум-ул-Қуръон, 1417ҳ.қ., саҳ.25
- ↑ Маърифат, ат-Тамҳид, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.114
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.15 - 18
- ↑ Насирӣ, «Чигунагии таомул бо ривоёти фазоил ва хавосси оёт ва сувар», саҳ.52 – 53
- ↑ Иқбол, Фарҳангномаи улуми Қуръон, 1385ҳ.ш., саҳ.219
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.596; Садуқ, Савоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.103; Молик ибни Анас, ал-Муваттаъ, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.202
- ↑ Сураи Исро, ояти 82, сураи Тоҳо, ояти 124
- ↑ Маърифат, Омӯзиши улуми Қуръон, 1387ҳ.ш., саҳ.84 - 92
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.141; Шаҳиди Аввал, Зикр-аш-шиъати фи аҳком-иш-шариъа, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.305
- ↑ Маърифат, Омӯзиши улуми Қуръон, 1387ҳ.ш., саҳ.112
- ↑ Субҳӣ Солеҳ, Мабоҳисун фи улум-ил-Қуръон, 2000м, саҳ.282
- ↑ Маърифат, Омӯзиши улуми Қуръон, 1387ҳ.ш., саҳ.117
- ↑ Таботабоӣ, Қуръон дар Ислом, 1376ҳ.ш., саҳ.41
- ↑ Ҳоҷимирзоӣ, «Носиху мансух», саҳ.2199
Сарчашма
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, Муассисату Ол-ил-Байт, 1414ҳ.қ.
- Аёзӣ, Сайид Муҳаммадалӣ, «Мусҳафи Имом Алӣ (а)», дар Донишномаи Имом Алӣ (а), ҷ.12, зери назари Алиакбари Рашод, Теҳрон, Маркази нашри осори пажӯҳишгоҳи фарҳангу андешаи исломӣ, 1380ҳ.ш.
- Бастонӣ, Қосим; Заҳро Чунонӣ ва Симо Олбуғбиш, «اعتبار سنجی روایات فضائل قرائت قرآن نزد شیعه», маҷаллаи Мутолиоти фаҳми ҳадис, соли панҷум, №1, паёпаи нуҳум, пойизи 1397.
- Боқирӣ, Алиавсат, «Улуми Қуръон; чистӣ, чароӣ ва чигунагӣ»«علوم قرآن؛ چیستی، چرایی و چگونگی», дар нашрияи Қуръоншинохт, №1, 1387ҳ.ш.
- Дайламӣ, Ҳасан ибни Муҳаммад, Аълом-уд-дини фи сифот-ил-муъминин, Қум, беҷо, 1408ҳ.қ.
- Заркашӣ, Муҳаммад ибни Баҳодур, ал-Бурҳону фи улум-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1410ҳ.қ.
- Зарқонӣ, Муҳаммади Абдулазим, Маноҳил-ул-ирфони фи Улум-ул-Қуръон, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.
- Ибни Надим, Муҳаммад ибни Исҳоқ, ал-Феҳрист, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1417ҳ.қ.
- Иқбол, Иброҳим, Фарҳангномаи улуми Қуръон, Теҳрон, Амиркабир, 1385ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Кӯшо, Муҳаммадалӣ, «Улуми қуръонӣ», дар Донишномаи муосири Қуръони карим, Қум, интишороти Салмони озода, 1396ҳ.ш.
- Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Муҳаммадалии Лисонии Фишоракӣ, «Асбоб-ун-нузул», дар Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, зери назари Козими Мӯсавии Буҷнурдӣ, ҷилди ҳаштум, Теҳрон, маркази Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, 1377ҳ.ш.
- Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Омӯзиши улуми қуръонӣ, Қум, Муассисаи фарҳангии интишоротии ат-Тамҳид, 1387ҳ.ш.
- Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон, Қум, Маркази интишоротии ат-Тамҳид, 1428ҳ.қ.
- Маҳдавирод, Муҳаммадалӣ ва Ҳомиди маърифат, «Улуми Қуръон, дар Донишномаи улуми Қуръон, ҷ.1, зери назари Алиакбари Рашод, Теҳрон, Созмони интишороти Пажӯҳишгоҳи фарҳангу андешаи исломӣ, 1396ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеати лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Қуръоншиносӣ, Қум, Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ (раҳ), 1385ҳ.ш.
- Молик ибни Анас, Муваттау ал-имом Молик, Абузабӣ, 1425ҳ.қ.
- Муаддаб, Сайид Ризо, «Эъҷози Қуръон», дар Донишномаи улуми Қуръон, зери назари Алиакбари Рашод, ҷилди дувум, Теҳрон, интишороти Пажӯҳишгоҳи фарҳангу андешаи исломӣ, 1396ҳ.ш.
- Мустафавӣ, Ҳасан, ат-Таҳқиқу фи калимот-ил-Қуръон-ил-карим, Теҳрон, Вазорати иршод, 1368ҳ.ш.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Нубувват, Теҳрон, нашри Садро, 1373ҳ.ш.
- Мӯсавии Доробӣ, Сайид Алӣ, Нусусу фи улум-ил-Қуръон, Машҳад, Остони қудси разавӣ, 1422қи
- Насирӣ, Алӣ, «Фалсафаи улуми Қуръон»«فلسفه علوم قرآن», дар нашрияи Қабасот, №39 - 40, 1385ҳ.ш.
- Насирӣ, Алӣ, «Чигунагии таомул бо ривоёти фазоил ва хавосси оёт ва сувар»«چگونگی تعامل با روایات فضایل و خواص آیات و سور», маҷаллаи Улуми ҳадис, соли бист ва якум, №1, 1395ҳ.ш.
- Носеҳиён, Алиасғар, Улуми қуръонӣ дар мактаби Аҳли Байт алайҳимуссалом, Машҳад, Донишгоҳи улуми разавӣ, 1389ҳ.ш.
- Обидинӣ, Носир, «Маъношиносии нузул дар Қуръон бо таъкид бар вожагони баёнгари нузули Қуръон»«معناشناسی نزول در قرآن با تاکید بر واژگان بیانگر نزول قرآن», нашрияи Ҳусно, №21, 1393ҳ.ш.
- Покатчӣ, Аҳмад, Таърихи тафсири Қуръони карим, Теҳрон, Донишгоҳи Имом Содиқ (а), 1392ҳ.ш.
- Ромёр, Маҳмуд, Таърихи Қуръон, Теҳрон, Амиркабир, 1369ҳ.ш.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмоли ва иқоб-ул-аъмол, Қум, чопи дувум, 1406ҳ.қ.
- Субҳӣ Солеҳ, Мабоҳисун фи улум-ил-Қуръон, Бейрут, 2000м.
- Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абубакр, ал-Итқону фи улум-ул-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-ъарабӣ, 1421ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Ваҳй ё шуури мармуз, Қум, Дор-ул-фикр, 1377ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизони фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, 1390ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Қуръон дар Ислом, мусаҳҳеҳ: Муҳаммадбоқири Беҳбудӣ, Теҳрон: Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1376ҳ.ш.
- Фатҳи Илоҳӣ, Иброҳим, «Равишшиносии улуми Қуръон аз манзари фалсафаи илм»«روششناسی علوم قرآن از منظر فلسفه علم», дар дуфаслномаи Номаи ҳикмат, №1, 1386ҳ.ш.
- Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, Зикр-аш-шиъати фи аҳком-иш-шариъа, ҷ.3, Қум, Муассисату Ол-ил-Байт (а) ли эҳё-ит-турос, 1419ҳ.қ.
- Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, Қум, Дор-ул-китоб, 1363ҳ.ш.
- Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хусрав, 1364ҳ.ш.
- Ҳаким, Муҳаммадбоқир, Улум-ул-Қуръон, Қум, маҷмаъи алфкри алисломӣ, 1417ҳ.қ.
- Ҳоҷимирзоӣ, Фарзод, «Асбоби нузул», дар Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, ба кӯшиши Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, ҷилди аввал, Теҳрон, интишороти Дӯстон - Ноҳид, 1377ҳ.ш.
- Ҳоҷимирзоӣ, Фарзод, «Носиху мансух», дар донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, ба кӯшиши Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, ҷилди дувум, Теҳрон, интишороти Дӯстон - Ноҳид, 1377ҳ.ш.