Jump to content

Ояти 216 сураи Бақара

Аз wikishia
Ояти 216 сураи Бақара
Маълумот дар бораи оят
Воқеъ дар сураиБақара
Шумораи оят216
Ҷузъ2
МавзуъВуҷуби кифоии ҷиҳод, илми мутлақи Худо, маҳдуд будани дониши башарӣ ва зарурати фиристодани пайғамбарон
Оёти муртабитОятҳои 190 ва 255 сураи Бақара ва ояти 5 сураи Оли Имрон


Ояти 216 сураи Бақара (форсӣ: آیه ۲۱۶ سوره بقره) аз воҷиб будани ҷиҳод бар мусалмонон сухан мегӯяд. Муфассирон мегӯянд, ки мурод аз ин воҷиб будан, вуҷуби кифоӣ аст. Ба гуфтаи онҳо, дар ин оят ба ин нукта таваҷҷуҳ дода шудааст, ки инсон бинобар дониш ва огоҳии маҳдуди худ, бархе аз корҳоро написандида ва нафратовар мешуморад, дар ҳоле ки он корҳо барои ӯ неку судманданд; ва баръакс, бархе чизҳоро дӯст медорад, дар ҳоле ки дар ҳақиқат онҳо барояш бад ва зарарноканд.

Бо таваҷҷуҳ ба мазмуни оят, муфассирон гуфтаанд, ки ҳарчанд ҷиҳод барои мусалмонон бо душвориҳо ва ранҷҳо ҳамроҳ аст, анҷоми он савоб ва самараҳое дорад, ки нороҳатиҳои ҷангро ҷуброн мекунад.

Як хулосаи дигари баромада аз ин оят он аст, ки дониш ва шинохти инсонӣ ба сабаби маҳдудиятҳое, ки дорад, барои тартиб додани барномаи зиндагии инсон кофӣ нест. Ба ҳамин сабаб, инсон бояд ба илми номаҳдуди Илоҳӣ такя кунад.

Вуҷуби кифоии ҷиҳод бар мусалмонон

Ояти 216 сураи Бақара ба мавзӯи ҷиҳод ва воҷиби кифоӣ будани он бар мусалмонон ишора дорад.[1] Дар як ривояте, ки дар китоби Даъоим ал-Ислом аз Имоми Алӣ (а) оварда шудааст, низ омадааст, ки ҷиҳод бар мусалмонон воҷиби кифоӣ мебошад.[2] Макорими Шерозӣ, яке аз муфассирони шиа, мегӯяд, ки ин оят идомаи ояти 215 сураи Бақара аст, ки дар он аз садақа кардани мол дар роҳи Худо сухан рафта, ва акнун бар фидо кардани ҷони инсон дар роҳи Худо таъкид мекунад.[3] Дар тафсири Анвори дурахшон омадааст, ки ин оят гурӯҳе аз мусалмононро сарзаниш мекунад, ки ба сабаби сахтиҳои ҷанг ҳукми ҷиҳодро қабул надоштанд, вале аз он ғофил буданд, ки Худованд бо назар ба манфиатҳои ҷомеаи исломӣ ва барои бартараф сохтани монеаҳои паҳн шудани дини Ислом чунин дастуре додааст.[4]

Ҳамчунин ба гуфтаи муфассирон, дар оят таъкид шудааст, ки инсон бинобар шинохти маҳдуд, амалҳоеро мисли ҷиҳод дар роҳи Худо нодуруст арзёбӣ мекунад; ба ҳамин далел чизҳои бадро хуб ва чизҳои хубро бад мепиндорад.[5]

Фазл ибни Ҳасани Табрасӣ менависад, ғайр аз Ато бин Абӣ Риёҳ — ки фарз будани ҷиҳодро дар ин оят хосси саҳоба медонист — ҳамаи муфассирон иттифоқ доранд, ки муроди оят ҳамаи мусалмононанд.[6]

Чаро ҷанг барои мусалмонон нохушоянд буд?

Мафссироне чун Аллома Таботабоӣ, Ҷаводӣ Омулӣ ва Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ бар онанд, ки мусалмонон ба сабаби табиати шадид ва сахти ҷанг онро нохушоянд медонистанд ва танҳо бо нияти ризоияти Худо буд, ки ҷиҳодро қабул мекарданд.[7] Аммо Муҳаммадҷавод Муғния назари дигар дорад: ба гуфтаи ӯ, агар ба рафтори саҳобаҳои Паёмбар (с) назар афканем, мебинем, ки на танҳо ҷиҳод барояшон нохушоянд набуд, балки бо шавқи беандоза дар пайи иҷрои он буданд; то ҷое ки агар дар ҷанг шаҳид намешуданд, худро зиёндидатар меҳисобиданд. Ба назари ӯ, иллати нописандии ҷанг аз сӯи мусалмонон на ба сабаби табиати бераҳмонаи ҷанг, балки ба далели камбуди нерӯ ва таҷҳизоти онон дар баробари кофирон ва эҳтимоли шикаст буд.[8]

Дониш ва амали инсон бар асоси майли нафсонӣ

Муҳаммадалии Ризоии Исфаҳонӣ дар тафсири Қуръони Меҳр, дар бораи ду ҷумлаи миёнаи ояти 216 сураи Бақара — ки мегӯяд: «Ва мумкин аст чизеро нописанд доред, дар ҳоле ки он барои шумо хуб аст; ва мумкин аст чизеро дӯст доред, ки он барои шумо бад аст» — ин нуқтаро тавзеҳ медиҳад, ки одатан инсонҳо дониш ва амалкарди худро бар ҳавову рағбатҳои нафсонӣ бино мекунанд, дар ҳоле ки ин равиш, бар асоси оят, иштибоҳ аст. Ба гуфтаи ӯ, инсон бисёре аз чизҳоро дӯст медорад, ки дар асл барои ӯ зиёнбахшанд — мисли танбалӣ, роҳатталабӣ, хурдани ғизои ҳаром ва гуноҳ. Ва баръакс, баъзе чизҳоро намеписандад, дар ҳоле ки онҳо фоидадоранд — мисли доруи талх ва нохуше, ки табиб барои муолиҷа тавсия медиҳад.[9] Ҳамчунин Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ низ таъкид мекунад, ки меъёри хайр ва шар набояд хушояндӣ ё нохушояндии шахсӣ бошад ва эҳсосоти инсон набояд монеъи иҷро ё раҳо кардани аҳкоми Илоҳӣ гардад.[10]

Эътимод бар дониши Худо ба маслиҳатҳо ва фасодҳо

Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ бо истинод ба ояти 216 навиштааст, ки муъмин бояд ба қонунҳои Илоҳӣ итминон дошта бошад; зеро Худо ба ботин ва чаҳорчӯби куллии ҳар чиз огоҳ аст ва бар асоси ин дониш, қонунгузорӣ мекунад. Ба назари ӯ, эътимоди муъмин ба ташриъи Илоҳӣ сабаби ҷалби хайр ва дур сохтани шар мегардад.[11] Макорими Шерозӣ низ ин оятро далели як қоидаи куллӣ медонад: инсон набояд сарнавишташро ба дониш ва шинохти маҳдуди худ бибандад, балки хусусан дар умури ташриъӣ бояд худро ба дониш ва ҳикмати номаҳдуди Илоҳӣ пайванд диҳад.[12] Баъзе муфассирон чунин таваҷҷуҳ ба маҳдудияти донишро сабаби таҳкими рӯҳи тавозуъ ва таслимгароӣ дар баробари қонунҳои Илоҳӣ мешуморанд.[13]

Шайх Тӯсӣ дар шарҳи ҷумлаи поёнии оят — «Валлоҳу яъламу ва антум ло таъламун» — онро далеле медонад бар ботил будани назари ҷабриён; зеро Худо бар асоси дониши худ ба манфиатҳои ҳақиқӣ, фармони ҷиҳодро додааст.[14] Ҳошимии Рафсанҷонӣ низ тибқи ин оят бар он аст, ки қонунгузор бояд ба манофеъи воқеӣ огоҳ бошад, то фирефтаи зоҳири ороста ё ноҳанҷори рафторҳои иҷтимоӣ нашавад.[15]

Эзоҳ

  1. Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.2, саҳ.202; Табрасӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.549; Таботабоӣ, Ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.164; Фазлуллоҳ, Мин ваҳй ал-Қуръон, 1439ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.220; Ҷаводии Омулӣ, Тафсири Тасним, 1387ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.536
  2. Ибни Ҳайюн, Даъоим ал-Ислом, 1342ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.341
  3. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.130
  4. Ҳусайнии Ҳамадонӣ, Анвори Дурахшон, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.191
  5. Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Тафсири Роҳнамо, 1386ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.65; Ризоӣ Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.176–177; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.131
  6. Табрасӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.549
  7. Таботабоӣ, Ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.164; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.132–133; Фазлуллоҳ, Мин ваҳй ал-Қуръон, 1439ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.220–221; Ҷаводии Омулӣ, Тафсири Тасним, 1387ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.541–547; Ризоӣ Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, ҷ.2, саҳ.176–177
  8. Муғния, Ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.322–323
  9. Ризоӣ Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.177
  10. Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Тафсири Роҳнамо, 1386ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.66
  11. Фазлуллоҳ, Мин ваҳй ал-Қуръон, 1439ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.221
  12. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.131–132
  13. Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Тафсири Роҳнамо, 1386ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.66; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.132; Ризоӣ Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.177
  14. Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.2, саҳ.203
  15. Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Тафсири Роҳнамо, 1386ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.66

Сарчашма

  • Ибни Ҳайюн, Нуъмон ибни Муҳаммад, Даъоим ал-Ислом, Қоҳира (Миср), нашри Дорулмаъориф, 1342ҳ.ш. / 1383ҳ.қ.
  • Мадрасӣ, Муҳаммадтақӣ, Мин Ҳудал-Қуръон, Теҳрон, Дор Маҳаббатул-Ҳусайн (а), чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкитоб ал-Исломия, чопи 32-юм, 1371ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсири Кошиф, Қум, Дорулкитоб ал-Исломӣ, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
  • Ризоӣ Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, Қум, Пажӯҳишгоҳи тафсир ва улуми қуръонӣ, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, Ал-Мизон фӣ Тафсири Қуръон, Бейрут, Муассисаи Аъламӣ, 1390ҳ.қ.
  • Табрасӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фӣ Тафсири Қуръон, Теҳрон, Носир Хусрав, 1372ҳ.ш.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фӣ Тафсири Қуръон, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бидуни таърих.
  • Фазлуллоҳ, Муҳаммадҳусайн, Мин ваҳй ал-Қуръон, Бейрут, Дор ал-Малак лилтабъ ва нашр ва тавзеъ, чопи сеюм, 1439ҳ.қ.
  • Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Акбар, Тафсири Роҳнамо, Қум, Бустони китоб, чопи панҷум, 1386ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Ҳамадонӣ, Муҳаммад, Анвори Дурахшон дар Тафсири Қуръон, Теҳрон, нашри Лутфӣ, 1380ҳ.қ.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тафсири Тасним, Қум, Муассисаи Исро, 1387ҳ.ш.