Jump to content

Ҳамзистии мусолиматомез

Аз wikishia

Ҳамзистии мусолиматомез (форсӣ: همزیستی مسالمت‌آمیز) ба маънои зиндагии одамон бо эътиқодҳо ва мазҳабҳои гуногун дар канори якдигар бо мутобиқшавӣ арзиш ва ҳадафе дар Ислом шумурда мешавад. Қабули ҳуқуқи ақаллиятҳои диниву муомила бо ғайримусалмонон аз усулҳои ҳамзистии мусолиматомез дар Ислом ба ҳисоб мераванд.

Аҳкоми аҳли зимма дар фиқҳи исломӣ ҳамчун заминаи ҳамзистии мусолиматомез миёни ақаллиятҳои динӣ ва мусалмонон дониста шуда, паймонномаҳои Паёмбар (с) бо қабилаҳои дигар ва пойбандӣ ба онҳо намунае аз сираи Паёмбар (с) дар самти ҳамзистии мусолиматомез зикр мегарданд.

Дар сираи Аҳли байт (а) масоиле чун эҳтиром ба муқаддасот ва таҳаммул нисбат ба ақидаҳои дигарон, мудоро бо оммаи мардум, таҳқир накардани пайравони адён ва мазоҳиб ва ҳамроҳӣ дар умури иҷтимоии ғайришиаён талошҳои Аҳли байт (а) барои ҳамзистии мусолиматомез дар ҷомеа нишон медиҳад. Бо вуҷуди ин, гуфта мешавад, ки ҳамзистӣ дар нигоҳи Аҳли байт (а) маҳдуд ба усулҳои динист.

Таъриф ва ҷойгоҳ

Ҳамзистии мусолиматомез ба ин маънӣ аст, ки мардуми як ҷомеа бо вуҷуди ихтилофи ақида ва мазҳаб, бо оромиш ва ҳамкорӣ зиндагӣ кунанд ва ихтилофоти миёнашонро ба тарзи осоишта ҳал намоянд.[1] Ин навъи ҳамзистӣ равиши зиндагии инсонҳост, ки новобаста аз ҳаққонияти мактабҳо ё роҳи зиндагии афрод, ба расмият шинохтани ҳуқуқи иҷтимоии онҳо ва зиндагии осоишта таваҷҷуҳ мекунад.[2]

Ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ, ҳамзистии мусолиматомез яке аз ангезаҳои пешниҳоди плюрализми динӣ аст, ки пас аз ҷангҳои шадиди фирқавӣ ва мазҳабӣ шакл гирифт.[3] Баъзеҳо низ ҷомеаи шаҳрвандиро бар асоси ҳамин ҳамзистӣ мешуморанд.[4]

Ҳамзистии мусолиматомез дар ҷомеа аз нигоҳи Ислом

Сулҳ ва ҳамзистии миёни инсонҳо бо ақидаҳо ва мазоҳиби гуногун як арзиш ва ҳадаф дар Ислом дониста мешавад,[5] ва танҳо истиснои ин принсип дар Ислом муҳорибон ва таҷовузгарони ҳуқуқи инсон мебошанд.[6] Тасоҳул (таҳаммул ва таҳаммулпазирӣ) низ яке аз асосҳои ҳамзистии мусолиматомез зикр шудааст.[7]

Гурӯҳе аз муҳаққиқон мисолҳои ҳамзистии мусолиматомез дар Исломро чунин баён намудаанд: баробарии инсонҳо,[8] ба расмият шинохтани паёмбарон, мубориза бо хаёлоти бартарихоҳонаи динҳо,[9] гуфтугӯ бо мухолифон, даъват ба муштаракот, озодии дин ва ақида, эҳтироми зотии инсон, таъкиди сулҳ, адолат ва эҳсон бо мухолифон.[10]

Қабули ҳуқуқи ақаллиятҳои динӣ[11] ва таъомул бо ғайримусалмонон[12] низ аз усулҳои ҳамзистии мусолиматомез дар Ислом ба шумор мераванд.[13]

Дар фиқҳи исломӣ, мавзӯоти вобаста ба ақаллиятҳои динӣ зери унвони аҳкоми аҳли зимма матраҳ шудаанд,[14] ва ҳадафи он — фароҳам сохтани заминаи ҳамзистии мусолиматомез байни ақаллиятҳои динӣ ва мусалмонон аст.[15] Қоидаи илзом низ яке аз далелҳои ҳамзистии мусолиматомез миёни мазоҳиб ва адён мебашад.[16]

Сираи маъсумон (а) дар бархӯрди онҳо бо ғайримусалмонон

Имоми Козим (а) фармудаанд:

«Мардум то вақте ки бо якдигар дӯстона рафтор кунанд, амонатҳоро ба соҳибонашон баргардонанд ва бар асоси ҳақ амал намоянд, мавриди раҳмати Илоҳӣ қарор мегиранд.»[17]


Сулҳ ва ҳамзистии мусолиматомез миёни инсонҳо яке аз ҳадафҳои аслӣ ва муҳими пайғамбарон, ба вижа Паёмбари акрам (с) шумурда мешавад.[18] Мудоро ва рафтори мусолиматомез бо мухолифон,[19] даъвати Паёмбар (с) аз пайравони адёни тавҳидӣ ба сӯи ваҳдат,[20] номаҳои Паёмбар (с) ба шоҳон ва сарварони қабилаҳо,[21] ва аҳдномаҳои ӯ бо дигар қабилаҳо ва пойбандӣ ба онҳо,[22] дар сираи ӯ ба унвони далел бар арзиши динии ҳамзистии мусолиматомез зикр шудаанд.[23]

Суннати Паёмбар (с) бо аҳли китоб мусолиматомез баён шудааст. Намунаҳо: ҳимоя аз онҳо дар муқобили таҷовузи хориҷӣ ва зулми дохилӣ; иҷозати издивоҷи марди мусалмон бо занони покдомани аҳли китоб; ҳаққи иқомат ва касбу кор; қабули шаҳодат ва эътимод бар он; эҳтиром ва аёдати беморонашон; некӣ бо ҳамсояи ғайримусалмон ва додани садақа ба ӯ ва рафтори одилона бо аҳли зимма ва озодии динии онҳо.[24]

Дар сирраи Аҳли байт (а) низ чунин нишонаҳо дида мешавад: эҳтиром ба муқаддасот ва таҳаммули ақидаи дигарон;[25] мудоро бо оммаи мардум; тӯҳмат накардан ба пайравони адён ва мазоҳиб; ҳамроҳӣ дар умури иҷтимоӣ ва мазҳабӣ;[26] моширати нек бо мухолифон; чашмпӯшӣ аз айбҳо; некхоҳӣ; кумак ба корҳои мусулмонон, таъкиди сулҳ ва аёдати мухолифон ва пешгирӣ аз таассубҳои қавмӣ.[27] Ҳамаи инҳо нишонаи талоши Аҳли байт (а) барои ваҳдати мусалмонон ва ҳамзистии онҳо қаламдод шудааст.[28]

Гуфта шуда, ки ҳамзистӣ аз нигоҳи Аҳли байт (а) дар чорчӯби усули динӣ аст, то дар айни ҳамзистӣ, эътиқоди дуруст ва имони шахс осеб набинад.[29] Яке аз нишонаҳои равшани ин равиш, рафтори бо ҳилм ва сабри Имоми Содиқ (а) дар бархӯрди ӯ бо мулҳидон ва мушрикон аст, ки асоси он гуфтугӯ ва мунозира мебошад.[30]

Ҳамзистии мусолиматомез дар равобити хориҷӣ ва таъкиди Ислом бар он

Китоби «Ислом ва ҳамзистии мусолиматомез» навиштаи Алиакбар Алихонӣ

Аббосалӣ Амиди Занҷонӣ, фақеҳи шиа, ҳамзистии мусолиматомези миёни миллатҳоро яке аз муҳимтарин усули Ислом дар равобити хориҷӣ арзёбӣ кардааст.[31] Сулҳ ва ҳамзистии мусолиматомез дар сиёсати хориҷӣ аз барномаҳои мутараққии Ислом дониста шуда,[32] ва он сабаби муҳаббат ва дӯстӣ бо хориҷиён шуморида мешавад.[33] Бо таваҷҷуҳ ба сираи амалии маъсумон (а), асл дар сиёсати хориҷии Ислом сулҳ ва ҳамзистии мусолиматомез дониста шудааст.[34] Гуфта шудааст, ки аз дидгоҳи Имом Хумайнӣ, бунёдгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон, равобити сулҳомез ва дӯстонаи кишварҳо як асл ба ҳисоб меравад.[35]

Такнигорӣ

Дар робита бо мавзӯи ҳамзистии мусолиматомез ва нисбати он бо Ислом, китобҳои зиёде ба форсӣ таълиф шудаанд. Бархе аз онҳо инҳоянд: - Ислом ва ҳамзистии мусолиматомез, Аббосалӣ Амиди Занҷонӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1344ҳ.ш. - Ҳамзистии мусолиматомез дар Ислом ва ҳуқуқи байналмилалӣ, Муҳаммадмаҳдӣ Кариминиё, Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ (рҳ), 1387ҳ.ш. - Ислом ва ҳамзистии мусолиматомез, Алиакбар Алихонӣ, Нашри Беҳофарин, 1392ҳ.ш.

Эзоҳ

  1. Мустарҳамӣ ва Тақаддусӣ, «Роҳкарҳои қуръонии ҳамзистии мусолиматомези адён», саҳ.7; Сирати Шайхзода, «Коркарди дониши ҳуқуқ дар сабки ҳамзистии мусолиматомез», саҳ.45
  2. Муваҳҳиддии Соваҷӣ, «Ҳамзистии мусолиматомези инсонҳо аз дидгоҳи Қуръон ва низоми байналмилалии ҳуқуқи башар», саҳ.131
  3. Субҳонӣ, Масоили ҷадиди каломӣ, 1432 ҳ.қ., саҳ.82
  4. Афзалӣ ва Садриоро, «Ҷомеаи маданӣ», ҷ.9, саҳ.379
  5. Кариминиё, «Адиёни илоҳӣ ва ҳамзистии мусолиматомез», саҳ.93; Мустарҳамӣ ва Тақаддусӣ, «Роҳкарҳои қуръонии ҳамзистии мусолиматомези адён», саҳ.8
  6. Абдулмуҳаммадӣ, Тасоҳул ва тасомуҳ аз дидгоҳи Қуръон ва Аҳли байт, 1391 ҳ.ш., саҳ.214; Муваҳҳиддии Соваҷӣ, «Ҳамзистии мусолиматомези инсонҳо аз дидгоҳи Қуръон ва низоми байналмилалии ҳуқуқи башар», саҳ.131 ва 154
  7. Каъбӣ, Ҳамзистии мусолиматомез миёни адиёни осмонӣ, 1396 ҳ.ш., саҳ.34 ва 35
  8. Мустарҳамӣ ва Тақаддусӣ, «Роҳкарҳои қуръонии ҳамзистии мусолиматомези адён», саҳ.14
  9. Мустарҳамӣ ва Тақаддусӣ, «Роҳкарҳои қуръонии ҳамзистии мусолиматомези адён», саҳ.20 ва 23
  10. Муваҳҳиддии Соваҷӣ, «Ҳамзистии мусолиматомези инсонҳо аз дидгоҳи Қуръон ва низоми байналмилалии ҳуқуқи башар», саҳ.133 то 143; Мустарҳамӣ ва Тақаддусӣ, «Роҳкарҳои қуръонии ҳамзистии мусолиматомези адён», саҳ.7
  11. Мустарҳамӣ ва Тақаддусӣ, «Роҳкарҳои қуръонии ҳамзистии мусолиматомези адён», саҳ.18
  12. Каъбӣ, Ҳамзистии мусолиматомез миёни адиёни осмонӣ, 1396 ҳ.ш., саҳ.61
  13. Макорими Шерозӣ, Эътиқоди мо, 1376 ҳ.ш., саҳ.31; Мунтазирӣ, Ислом дини фитрат, 1385 ҳ.ш., саҳ.667
  14. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374 ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.410
  15. Салимӣ, «Ақаллиятҳо ва ҳуқуқи онҳо дар Ислом», саҳ.36 ва 38
  16. Раҳмонӣ, «Қоидаи излом ва ҳамзистии мазоҳиб», саҳ.197
  17. Муҳаддиси Нурӣ, Мустадраки васоил, 1408 ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.7; Рустамиён, «Аимма (а) мунодии ҳамзистии мусолиматомез», саҳ.107
  18. Ҷаъфарӣ ва Поянда, «Нақши сулҳ ва ҳамзистии мусолиматомез...», саҳ.151
  19. Аминӣ, «Асли ҳамзистии мусолиматомез бо ғайримусалмонон дар Ислом», саҳ.49; Кариминиё, «Адиёни илоҳӣ ва ҳамзистии мусолиматомез», саҳ.96
  20. Мунтазирӣ, Ислом дини фитрат, 1385 ҳ.ш., саҳ.667
  21. Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386 ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.356
  22. Ҷаъфарӣ ва Поянда, «Нақши сулҳ ва ҳамзистии мусолиматомез дар бозофаринии ҳаракати эҳёгаронаи исломӣ бо такя бар назароти Имом Хумайнӣ», саҳ.151
  23. Кариминиё, «Адиёни илоҳӣ ва ҳамзистии мусолиматомез», саҳ.97
  24. Каъбӣ, Ҳамзистии мусолиматомез миёни адиёни осмонӣ, 1396 ҳ.ш., саҳ.65–84
  25. Фаллоҳиён, «سیره اهل بیت در ایجاد وحدت میان مسلمانان», Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ
  26. Рустамиён, «Аимма (а) мунодии ҳамзистии мусолиматомез», саҳ.117 то саҳ.124
  27. Оқонурӣ, Имомони шиа ва ваҳдати исломӣ, 1387 ҳ.ш., саҳ.202
  28. Рустамиён, «Аимма (а) мунодии ҳамзистии мусолиматомез», саҳ.105
  29. Доробӣ ва дигарон, «پارادایم رضوی در همزیستی مسالمت آمیز میان باورمندان به ادیان الهی», сомонаи ҷустуҷӯи мақолаҳо ва китобҳои устодон
  30. Кариминиё, «Адиёни илоҳӣ ва ҳамзистии мусолиматомез», саҳ.100
  31. Амиди Занҷонӣ, Фиқҳи сиёсӣ, 1377 ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.170; Муъмин ва Баҳромӣ, Низоми сиёсӣ-иҷтимоии Ислом, 1380 ҳ.ш., саҳ.125
  32. Мустарҳамӣ ва Тақаддусӣ, «Роҳкарҳои қуръонии ҳамзистии мусолиматомези адён», саҳ.23
  33. Кариминиё, «Адиёни илоҳӣ ва ҳамзистии мусолиматомез», саҳ.95
  34. Мустарҳамӣ ва Тақаддусӣ, «Роҳкарҳои қуръонии ҳамзистии мусолиматомези адён», саҳ.28
  35. Мустарҳамӣ ва Тақаддусӣ, «Роҳкарҳои қуръонии ҳамзистии мусолиматомези адён», саҳ.12

Сарчашма

  • Оқонурӣ, Алӣ, Имомони шиа ва ваҳдати исломӣ, Қум, Донишгоҳи адён ва мазоҳиб, 1387 ҳ.ш.
  • Афзалӣ, Расул, ва Рӯзбаҳ Садриоро, «Ҷомеаи маданӣ», Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.9, Бунёди Доират-ул-маорфи исломӣ, 1384 ҳ.ш.
  • Аминӣ, Муҳаммадамин, «Асли ҳамзистии мусолиматомез бо ғайримусалмонон дар Ислом», дар маҷаллаи Маорифат, №165, Шаҳривари 1390 ҳ.ш.
  • Ҷаъфарӣ, Алӣ Акбар ва Азима Поянда, «Нақши сулҳ ва ҳамзистии мусолиматомез дар бозофаринии ҳаракати эҳёгаронаи исломӣ бо такя бар назароти Имом Хумайнӣ», дар маҷаллаи Жарфапажӯҳ, №№8 ва 9, тобистон ва пойизи 1395 ҳ.ш.
  • Доробӣ, Кукаб ва дигарон, «پارادایم رضوی در همزیستی مسالمت آمیز میان باورمندان به ادیان الهی», сомонаи ҷустуҷӯ дар мақолаҳо ва китобҳои устодон, ихтисори мақолаҳои ҳамоиши байналмилалии адолат ва ахлоқ, санаи боздид: 22 мурдоди 1403 ҳ.ш.
  • Раҳмонӣ, Муҳаммад, «Қоидаи излом ва ҳамзистии мазоҳиб», дар маҷаллаи Пажӯҳишномаи ҳикмат ва фалсафаи исломӣ, №№3 ва 4, пойиз ва зимистони 1381 ҳ.ш.
  • Рустамиён, Муҳаммадалӣ, «Аимма (а) мунодии ҳамзистии мусолиматомез», дар маҷаллаи Ҳафт осмон, №47, пойизи 1389 ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Масоили ҷадиди каломӣ, Қум, Муассисаи Имоми Содиқ (а), 1432 ҳ.қ.
  • Сирати Шайхзода, Марям, «Коркарди дониши ҳуқуқ дар сабки ҳамзистии мусолиматомез», дар маҷаллаи Мутолиоти ҳуқуқи исломӣ, №16, баҳор ва тобистони 1401 ҳ.ш.
  • Салимӣ, Абдулҳақим, «Ақаллиятҳо ва ҳуқуқи онҳо дар Ислом», дар маҷаллаи Маорифат, №93, шаҳривари 1384 ҳ.ш.
  • Абдулмуҳаммадӣ, Ҳусайн, Тасоҳул ва тасомуҳ аз дидгоҳи Қуръон ва Аҳли байт, Қум, Муассисаи таълимӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ, 1391 ҳ.ш.
  • Амиди Занҷонӣ, Аббосалӣ, Фиқҳи сиёсӣ, Теҳрон, Амир Кабир, 1377 ҳ.ш.
  • Фаллоҳиён, Сайидҳасан, «Сираи Аҳли байт дар эҷоди ваҳдат миёни мусалмонон», Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, санаи интишор: 5 меҳри 1402 ҳ.ш., санаи боздид: 22 мурдоди 1403 ҳ.ш.
  • Кариминиё, Муҳаммадмаҳдӣ, «Адиёни илоҳӣ ва ҳамзистии мусолиматомез», дар маҷаллаи Равоқи андеша, №26, Баҳмани 1382 ҳ.ш.
  • Каъбӣ, Алӣ Атия, Ҳамзистии мусолиматомез миёни адиёни осмонӣ, тарҷумаи Ҳамидризо Шайхӣ, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1396 ҳ.ш.
  • Муҳаддиси Нурӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммадтақӣ, Мустадраки васоил, Бейрут, Муассисаи Оли байт, 1408 ҳ.қ.
  • Мустарҳамӣ, Сайид Исо ва Муҳаммадюсуф Тақаддусӣ, «Роҳкарҳои қуръонии ҳамзистии мусолиматомези адён», дар маҷаллаи Мутолиоти Қуръон ва улуми он, №1, баҳор ва тобистони 1396 ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374 ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Қуръон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1386 ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Эътиқоди мо, Қум, Насли ҷавон, 1376 ҳ.ш.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, Ислом дини фитрат, Теҳрон, Нашри соя, 1385 ҳ.ш.
  • Муваҳҳиддии Соваҷӣ, Муҳаммадҳасан, «Ҳамзистии мусолиматомези инсонҳо аз дидгоҳи Қуръон ва низоми байналмилалии ҳуқуқи башар», дар маҷаллаи Ҳуқуқи башар, №№1 ва 2 (пайдарпай №№17 ва 18), баҳор то зимистони 1393 ҳ.ш.
  • Муъмин, Муҳаммадризо ва Қудратуллоҳ Баҳромӣ, Низоми сиёсӣ-иҷтимоии Ислом, Қум, Намояндагии Валии фақеҳ дар Сипоҳ, 1380 ҳ.ш.