Шукр
Шукр (форсӣ: شکر) сипосгузорӣ ва қадрдонии забонӣ ва амалӣ аз неъматҳои Худо аст. Орифони мусулмон шукрро ба се навъи забонӣ, қалбӣ ва амалӣ тақсим мекунанд: шукри забонӣ эътирофи гуфторӣ ба неъмат, шукри қалбӣ донистани неъмат аз Худо ва шукри амалӣ итоат дар рафтору кирдор аз бахшандагии неъмат аст.
Бинобар оёти Қуръон, шукр ба нафъи худи инсон аст ва шукр ё носипосӣ ҳеҷ нафъ ё зараре барои Худованд надорад; зеро Худо аз инсону афъоли ӯ ғанӣ ва бениёз аст. Бар ҳамин асос, шукри неъмат боиси баракат ва афзун шудани он мешавад. Имом Алӣ (а), шукрро нишонаи имон, тақво ва мояи баракату ҳифзи неъматҳо хондааст.
Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ
Шукр ба маънои баёдоварӣ ва шинохти неъматҳои Худо ва изҳори қалбӣ, забонӣ ва амалии он аст.[1]
Дар оёте аз Қуръон, аз ҷумла «فَاذْكُرُونِي أَذْكُرْكُمْ وَاشْكُرُوا لِي وَلَا تَكْفُرُونِ»[2] ё «لِيَبْلُوَنِي أَأَشْكُرُ أَمْ أَكْفُرُ»[3], шукр дар баробари куфр омадааст; зеро аз маъноҳои куфр пӯшондан аст ва гӯӣ кофар бар неъматҳои Илоҳӣ парда мекашад ва муъмин бо шукри худ, аз онҳо парда бармедорад ва ба онҳо эътироф мекунад. Маънои эътироф ба неъмат низ дар калимаи шукр наҳуфтааст ва шукр, ҳамроҳ бо навъе таъзим, эътироф ва низ ёдоварии неъмат ва изҳори он аст ва зидди он, куфр ба маънои нисён ва пӯшондани неъмат аст.[4] Имом Содиқ (а) дар ҳадиси машҳуре, ки лашкариёни ақл ва ҷаҳлро шумориш карда, шукрро аз лашкариёни ақл ва зидди он, яъне «куфрон»-ро аз лашкариёни ҷаҳл баршумурдааст.[5]
Шукр дар Қуръон дар мавзуоти мухталифе ба кор рафтааст; аз ҷумла шукр барои неъматҳои моддӣ,[6] шукр барои дин ва яктопарастӣ,[7] шукри вуҷуди Худо ва волидайн[8] ва шукр барои афву бахшоиши Худо.[9]
Дар ривоёти маъсумон низ ба мафҳуми шукр ва намунаҳои он пардохта шудааст. Имом Алӣ (а), шукргузориро нишонаи имон[10] ва тақво,[11] мояи озмоиш,[12] зевари тавонгарӣ,[13] мояи фузунӣ[14] ва ҳифзи неъматҳо[15] баён кардааст. Ҳамчунин аз вай нақл шуда, ки мусулмон бояд дар ҳар ҳол шкргзор бошад.[16]
Натиҷаи шукргузорӣ
- Ҳамчунин бубинед: Ояти 7 сураи Иброҳим
Бинобар Қуръони Карим,[17] шукр ба нафъи худи инсон аст ва шукр ё ношукрӣ, ҳеҷ нафъ ё зараре ба Худо намерасонад; зеро Худо ғанию бениёз аст ва бузургтар аз он аст, ки инсон бо ношукрии худ зараре ба Ӯ бирасонад. Дар баробари ин, инсон аз шукр суд мебарад ва шукри неъматҳо боиси баракати онҳо мешавад.[18] Ҳамчунин шукр сабаби ҳидоят ба роҳ рост мешавад.[19] Ва дар муқобил, носипосӣ боиси азоб мешавад.[20]
Эзоҳ
- ↑ Роғиби Исфаҳонӣ, ал-Муфрадоту фи ғариб-ил-Қуръон, саҳ.265
- ↑ Сураи Бақара, ояти 152
- ↑ Сураи Намл, ояти 40
- ↑ Фароҳидӣ, ал-Айн, саҳ.347
- ↑ Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.21
- ↑ Сураи Наҳл, ояти 14 ва 78 ва 114 ва 21; сураи Бақара, ояти 72; сураи Луқмон, ояти 31; сураи Шӯро, ояти 33; сураи Рум, ояти 46; сураи Аъроф, ояти 10; сураи Сабо, ояти 13 ва 15; сураи Юнус, ояти 60; сураи Ёсин, ояти 35; сураи Фурқон, ояти 62
- ↑ Сураи Юсуф, ояти 38; сураи Иброҳим, ояти 5
- ↑ Сураи Луқмон, ояти 14
- ↑ Сураи Бақара, ояти 53
- ↑ Наҳҷулбалоға, ҳикмати 325
- ↑ Наҳҷулбалоға, хутбаи 184
- ↑ Наҳҷулбалоға, хутбаи 90
- ↑ Наҳҷулбалоға, ҳикмати 333
- ↑ Наҳҷулбалоға, ҳикмати 130 ва 147
- ↑ Наҳҷулбалоға, ҳикмати 238 ва 13
- ↑ Наҳҷулбалоға, ҳикмати 265
- ↑ Сураи Намл, ояти 4; сураи Луқмон, ояти 12; сураи Зумар, ояти 7
- ↑ Сураи Иброҳим, ояти 7 ва 8
- ↑ Сураи Наҳл, ояти 121
- ↑ Сураи Иброҳим, ояти 7; сураи Нисо, ояти 147; сураи Сабо, ояти 15 ва 16
Сарчашма
- Қуръони Карим.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, Усули Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Файзулислом, Теҳрон, интишороти Файзулислом, 1374ҳ.ш.
- Роғиби Исфаҳонӣ, ал-Муфрадоту фи ғариб-ил-Қуръон.
- Фароҳидӣ, Халил ибни Аҳмад, ал-Айн, таҳқиқи Меҳдии Махзумӣ ва Иброҳим Сомирроӣ, Қум, 1410ҳ.қ.