Таълифи қулуб

Аз wikishia

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои эъмоли динӣ бошад. Барои эъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Таълифи қулуб ба арабӣ: تألیف قلوب ҳимояти иқтисодии Пайғамбар (с), Имом (а) ва ҳокими исломӣ аз куффор, мунофиқон ё мусулмононе аст, ки имони заъифе доранд ва бо ҳадафи ҳамроҳии онон бо мусулмонон ва дифоъ аз Ислом анҷом мешавад. Афроде, ки ба ин манзур мавриди ҳимоят қарор мегиранд, «алмуаллафти қулубуҳум /الْمُؤَلَّفَة قُلُوبُهُمْ» ё «муаллафатулқулуб /مُؤَلَّفَةُ القُلُوب» номида мешаванд. Дар сираи Расули Худо (с) афроде аз мушрикин таълифи қулб шудаанд.

Қуръон яке аз мавориди масрафи закотро таълифи қулуб баён кардааст. Бархе аз фуқаҳои шиа мӯътақиданд, ин ҳукми фиқҳӣ ба замони Пайғамбар (с) ё замони ҳузури имоми маъсум (а) ихтисос надорад ва дар даврони Ғайбат низ ҷорӣ аст.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

Барои иттилооти бештар, инҳоро ҳам бибинед: ояти Закот

Таълифи қулуб мавзӯи фиқҳӣ аст, ба маънои ҳимояти иқтисодӣ аз гурӯҳе аз куффор, мунофиқин ё мусулмонони заъифулимон (сусту нопойдор дар эътиқод)[1] ки бо ҳадафи ҳамроҳӣ ва дифои онҳо аз Ислом, тавассути Пайғамбар (с), имоми маъсум (а) ё ҳокими исломӣ анҷом мешавад.[2] Ба ин афрод, «الْمُؤَلَّفَة قُلُوبُهُمْ» ё «مُؤَلَّفَةُ القُلُوب» гуфта мешавад.[3]

Қутби Ровандӣ (даргузашти 573ҳ.қ.) ҳадафи Расули Худо (с) аз пардохти закот ба ин гурӯҳро моил шудани онон ба Ислом ва тақвияти он дониста аст.[4] Тибқи гузориши Ибни Асир (аз муаррихон ва муҳаддисони аҳли суннат дар қарни ҳафтум) ҳимояти молии Пайғамбар (с) аз бархе мушрикон баъд аз Фатҳи Макка сабаб шуд ҳудуди ду ҳазор нафар аз онон вайро дар ҷанги Ҳавозин ҳамроҳӣ кунанд.[5]

Фуқаҳо бо истифода аз ояти 60 сураи Тавба, яке аз мавориди ҳаштгонаи масрафи закотро «таълифи қулуб» донистаанд.[6] Ба эътиқоди Муҳаммадҷавод Муғния (1322 - 1400ҳ.қ.), муфассири шиа, яке аз далелҳои ҳимояти иқтисодӣ аз онҳо, дафъи шарри онон аст.[7]

Сираи Пайғамбар (с)

Дар даврони ҳаёти Пайғамбари Ислом (с) афроде аз мушрикон, монанди Сафвон ибни Умайя ва афроде аз мунофиқон, монанди Абусуфён таълифи қулуб шуданд.[8] Сафвон ибни Умайя дар ҷанги Ҳунайн ба ҳамроҳи мусулмонон ҷангид ва аз ғаноим низ саҳм бурд.[9] Ҳасан ибни Фараҳони Моликӣ (зодаи 1390ҳ.қ.), аз уламои аҳли суннат, мӯътақид аст, ки Расули Худо (с) пас аз Фатҳи Макка ба гурӯҳе аз Тулақо (озодшудагон) монанди Абусуфён, Муовия, Сафвон ибни Умайя ва Мутиъ ибни Асвад аз боби таълифи қулуб, амволе дод.[10]

Мисдоҳқҳои муаллафатулқулуб

Фуқаҳо дар заминаи инки манзур аз муаллифатулқулуб киҳо ҳастанд, дидгоҳҳои мутафовите доранд, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

  1. Куффор: ба эътиқоди Шайхи Муфид (336ҳ.қ. ё 338ҳ.қ., 413ҳ.қ.) таълифи қулуб барои ҷазби кофирон барои ҳамкорӣ кардан бо мусулмонон дар ҷиҳод аст.[11] Муҳаққиқи Ҳиллӣ (602ҳ.қ.) дар китоби ал-Муътабар, Шайхи Тӯсиро низ аз тарафдорони ин дидгоҳ донистааст.[12] Муқаддаси Ардабилӣ (даргузашт 993ҳ.қ.) низ бо Шайхи Тӯсӣ ҳамназар аст.[13]
  2. Мунофиқон: Ибни Ҷунайд (аз фуқаҳои шиа дар қарни чаҳоруми қамарӣ) бар ин бовар аст, ки таълифи қулуб фақат шомили мунофиқин мешавад,[14] то бад-ин васила дилашони нарм шуда ва аз нифоқ даст бардоранд.[15]
  3. Мусулмонони заъифулимон: ба гуфтаи бархе дигар аз фуқаҳо монанди Қутбиддини Ровандӣ дар китоби Фиқҳ-ул-Қуръон ва Шайх Юсуф Баҳронӣ (даргузашти 1186ҳ.қ.), дар китоби ал-Ҳадоиқ-ун-нозира асли таълифи қулуб, шомили мусулмононе аст, ки ба тавҳид бовар доранд, аммо ҳануз пайғамбарии Расули Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар дилҳояшон дохил нашудааст.[16]
  4. Куффор, мунофиқон ва муслимин: дидгоҳи дигар ин аст, ки асли таълифи қулуб, як асли «ом» аст ва шомили куффор, мунофиқин, мусулмонони заъифуимон, мусулмонони марзнишин ва монанди онон мешавад.[17] Бисёре аз фуқаҳо монанди Шаҳиди Аввал,[18] Шаҳиди Сонӣ,[19] Муҳаққиқи Каракӣ,[20] соҳиби Ҷавоҳир[21] ва имом Хумайнӣ[22] аз тарафдорони ин назария ҳастанд.[23]

Нависандаи мақолаи «таълифи қулуб ва сиёсат» мӯътақид аст, метавон аз саҳми муаллифатулқулуб бо ҳадафи илоҳӣ, аз бархе ҷумбишҳои озодибахш дар ҷаҳон ҳимояти молӣ намуд; то асли даъват ба тавҳид ва дигар боварҳо ва арзишҳои динӣ аз ин роҳ таъмин шавад.[24]

Ҳукми таълифи қулуб дар асри Ғайбат

Дар ин ки таълифи қулуб дар асри Ғайбат ҳам ҷараён дорад ё хайр, байни фуқаҳо ихтилофи назар ҳаст.[25] Бархе, ҳамчун Муҳаққиқи Ҳиллӣ, имом Хумайнӣ ва Ҷаводии Омулӣ мегӯянд дар асри Ғайбат низ ҷорӣ аст.[26] Гурӯҳе дигар монанди Шайхи Тӯсӣ таълифи қулубро манут ба замони ҷиҳод медонанд ва мегӯянд чун ҷиҳод, манут ба ҳузури имом (а) аст, ин саҳм ҳам соқит аст.[27]

Фозили Миқдод, соқит шудани саҳми таълифи қулуб дар замони Ғайбатро ба уламои шиа нисбат додааст.[28] Шофеӣ ва Абуҳанифа аз фуқаҳои аҳли суннат низ мӯътақиданд, таълифи қулуб пас аз замони Расули Худо (с) ҷараён надорад ва ин ҳукми фиқҳӣ насх шудааст.[29]

Эзоҳ

  1. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.341.
  2. Ҳиллӣ, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.457; муассисаи Доиратулмаориф-ул-фиқҳ, алмуъҷамулфиқҳӣ, 1424ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.194.
  3. Шакурӣ, Фиқҳи сиёсии Ислом, 1361ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.487.
  4. Қутби Ровандӣ, Фиқҳ-ул-Қуръон, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.225.
  5. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-торих, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.262.
  6. Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1413ҳ.қ., саҳ.241; Ровандӣ, Фиқҳ-ул-Қуръон, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.225; Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.249.
  7. Муғния, Фиқҳ-ул-Имом Ҷаъфар-ис-Содиқ, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.82.
  8. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.193.
  9. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.7.
  10. Моликӣ, ас-Суҳбату ва-с-саҳоба, 1422ҳ.қ., саҳ.192 - 193.
  11. Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1413ҳ.қ., саҳ.241.
  12. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Муътабар, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.573.
  13. Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-бурҳон, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.158.
  14. Искофӣ, Маҷмӯаи фатовои Ибни Ҷунайд, 1416ҳ.қ., саҳ.97.
  15. Шакурӣ, Фиқҳи сиёсии Ислом, 1361ҳ.ш., саҳ.491.
  16. Қутби Ровандӣ, Фиқҳ-ул-Қуръон, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.225; Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.177.
  17. Шакурӣ, Фиқҳи сиёсии Ислом, 1361ҳ.ш., саҳ.493.
  18. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.45 - 46.
  19. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.45 - 46.
  20. Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.31.
  21. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.341.
  22. Имоми Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.354.
  23. Пурмулло, Тоҳирӣ, “Таълифи қулуб дар фиқҳи имомия ва чигунагии иҷрои он дар асри Ғайбат”, 1397ҳ.ш., ш.4, саҳ.949 - 979.
  24. Мубаллиғ Доймирдодӣ, “Таълифи қулуб ва сиёсат”, 1391ҳ.ш., саҳ.87 - 106.
  25. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.236; Муғния, Фиқҳ-ул-Имом Ҷаъфар-ис-Содиқ, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.82.
  26. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Муътабар, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.574; имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.354; Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1393ҳ.ш., ҷ.34, саҳ.319 ва 320.
  27. Шайхи Тӯсӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.185.
  28. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.236.
  29. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Муътабар, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.574.

Сарчашма

  • Қуръони Карим.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-торих, Бейрут, Дорусодир, 1385ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, Дорулкутубилъилмӣ, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Дамишқ, Бейрут, Дорулфикр, 1415ҳ.қ.
  • Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-бурҳон фи шарҳи иршод-ил-азҳон, Қум, дафтари интишороти исломӣ, 1403ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1392ҳ.ш.
  • Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, Қум, дафтари интишороти исломӣ, 1405ҳ.қ.
  • Пурмулло, Сайид Муҳаммдҳошим ва Райҳона Тоҳирӣ, “Таълифи қулуб дар фиқҳи имомия ва чигунагии иҷрои он дар асри Ғайбат”, давраи 14, ш.4, 1397ҳ.ш.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тасним (тафсири Қуръони Карим), таҳқиқ ва танзими Рӯҳуллоҳи Ризқӣ, Қум, Исро, 1393ҳ.ш.
  • Ҳиллӣ, Ибни Идрис, ас-Сароир-ул-ҳовӣ литаҳрир-ил-фатово, Қум, дафтари интишороти исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Шакурӣ, Абулфазл, Фиқҳи сиёсии Ислом, Қум, интишороти дафтари таблиғоти исломӣ, 1361ҳ.ш.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқия, таҳқиқи Калонтар, 1410ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Муқниъа, Қум, конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ан-Ниҳоя фи муҷаррад-ил-фиқҳи ва-л-фатово, Бейрут, Дорулкутубилъарабӣ, 1400ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, муассисаи Олулбайт (а), 1414ҳ.қ.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, Қум, интишороти Муртазавӣ, 1425ҳ.қ.
  • Қутбиддини Ровандӣ, Саид ибни Ҳибатуллоҳ, Фиқҳ-ул-Қуръон, Қум, китобхонаи умумии ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ, 1405ҳ.қ.
  • Муассисаи Доиратулмаорифулфиқҳил-исломӣ, ал-Муъҷам-ул-фиқҳӣ ликутуб-иш-Шайх-ил-Тӯсӣ, Қум, муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), 1424ҳ.қ.
  • Моликӣ, ҳасан ибни Фараҳон, ас-Суҳбату ва-с-саҳоба байн-ал-итлоқ-ил-луғавӣ ва-т-тахсис-иш-шаръӣ, Аммон, марказуддиросотитторихия, 1422ҳ.қ./2002м.
  • Мубаллиғ Доймирдодӣ, Муҳаммадамин, “Таълифи қулуб ва сиёсат”, маърифати сиёсӣ, ш 1, 1391ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, ал-Муътабар фи шарҳ-ил-мухтасар, Қум, муассисаи Сайидушшуҳадо (а), 1407ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Каракӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид фи шарҳ-ил-қавоид, Қум, муассисаи Олулбайт (а) лиэҳёилтурос, 1414ҳ.қ.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фиқҳ-ул-Имом Ҷаъфар-ис-Содиқ (а), Қум, Ансориён, 1379ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1404ҳ.қ.