Забеҳаи аҳли китоб

Аз wikishia
Рисолаи амалия
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Забеҳаи аҳли китоб ҳайвоне аст, ки аҳли китоб (пайравони динҳое, ки паёмбарашон китоби Илоҳӣ доштааст), забҳ шудааст.[1] Ба гуфтаи Шайх Баҳоӣ (ваф.1031ҳ.қ.), бештари фақеҳони шиа ҳамчун Шайх Тусӣ,[2] Шайхи Муфид[3] ва Сайиди Муртазо[4] хӯрдани забеҳаи аҳли китобро ҳаром медонанд,[5] ҳарчанд дар ҳангоми забҳ, номи Худоро бурда бошанд.[6] Имом Хумайнӣ низ бар ҳамин назар аст.[7]

Ин гуруҳи фақеҳон бо истинод ба ривоёт,[8] мегӯянд: маънии ғизои ҳалоли аҳли китоб дар ояти 5-уми сураи Моида, ҳалол будани ғизоҳое чун лӯбиёгиҳост, на гӯшти ҳайвоноте, ки аҳли китоб забҳ мекунанд.[9] Ҳамчунин аз назари ин гуруҳи фақеҳон, узвҳои бадан ва пӯсти ҳайвоноте, ки хуни ҷаҳанда доранд ва аҳли китоб ононро забҳ карда бошанд, мурдор ва наҷас аст ва аз чарм ва пӯсти онҳо наметавон истифода кард.[10]

Ба гуфтаи Шайх Баҳоӣ, андаке аз фақеҳон забеҳаи аҳли китобро ҳалол медонанд.[11] Аллома Ҳиллӣ ин қавлро ба Ибни Абиақил[12] ва Ибни Ҷунайди Аскофӣ,[13] нисбат додааст. Ба ақидаи Шайхи Садуқ[14] ва Муҳаққиқи Ардабилӣ,[15] забеҳаи онон дар сурате ҳалол аст, ки ҳангоми забҳ кардан номи Худо бурда шавад.[16]

Дар бораи ин мавзӯъ осоре навишта шудааст, аз ҷумла:

  • Китоби «Таҳриму забоиҳи аҳли-л-китоб», асари Шайхи Муфид[17] (ваф.413ҳ.қ.) нигошта шудааст. Вай дар ин китоб бо истифода аз Қуръон, ривоёт ва иҷмоъ, ба ҳаром будани забеҳаҳои аҳли китоб ҳукм кардааст;[18] ва далелҳое дар радди назарияи мухолифони ҳаром будан баён кардааст.[19]
  • Китоби «Ҳурмату забоиҳи аҳли-л-китоб», асари Шайх Баҳоӣ[20] (ваф. 1031ҳ.қ.) бино ба дархости Шоҳ Аббоси Сафавӣ нигошта шудааст.[21] Вай ибтидо ба баррасии назари уламои шиаю суннӣ пардохтааст,[22] нависанда дар ин китоб нисбат ба ҳаром будани забеҳаи аҳли китоб шакку тардид карда, зимни парҳез аз фатво додан, назари худро бо ҷумлаи «Худо ба ҳақоиқи умур огоҳ аст», баён кардааст.[23]

Эзоҳ

  1. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1382ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.701.
  2. Шайх Тусӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.582
  3. Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1413ҳ.қ., саҳ.579
  4. Сайиди Муртазо, ал-Интисор, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.403.
  5. Шайх Баҳоӣ, Ҳурмату забоиҳи аҳли-л-китоб, 1410ҳ.қ., саҳ.60.
  6. Шайх Тусӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.582; Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.745.
  7. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.156
  8. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407, ҷ.6, саҳ.264.
  9. Гулпойгонӣ, Маҷмаъ-ул-масоил, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.39.
  10. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.745.
  11. Шайх Баҳоӣ, Ҳурмату забоиҳи аҳли-л-китоб, 1410ҳ.қ., саҳ.60.
  12. Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.316.
  13. Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.316.
  14. Шайхи Садуқ, ал-Муқниъ, 1415ҳ.қ., саҳ.417.
  15. Муҳаққиқи Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-бурҳон, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, ҷ.11, саҳ.78.
  16. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.80.
  17. Шайхи Муфид, Таҳриму забоиҳи аҳли-л-китоб, 1413ҳ.қ.
  18. Шайхи Муфид, Таҳриму забоиҳи аҳли-л-китоб, 1413ҳ.қ., саҳ.20.
  19. Шайхи Муфид, Таҳриму забоиҳи аҳли-л-китоб, 1413ҳ.қ., саҳ.24.
  20. Шайх Баҳоӣ, Ҳурмату забоиҳи аҳли-л-китоб, 1410ҳ.қ.
  21. Шайх Баҳоӣ, Ҳурмату забоиҳи аҳли-л-китоб, 1410ҳ.қ., саҳ.58.
  22. Шайх Баҳоӣ, Ҳурмату забоиҳи аҳли-л-китоб, 1410ҳ.қ., саҳ.63.
  23. Шайх Баҳоӣ, Ҳурмату забоиҳи аҳли-л-китоб, 1410ҳ.қ., саҳ.74.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталаф-уш-шиъа фи аҳком-иш-шариъат, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Муҳаммадҳасан, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1392ҳ.ш.
  • Гулпойгонӣ, Сайид Муҳаммадризо, Маҷмаъ-ул-масоил, Қум, Дорул-Қуръонил-Карим, 1409ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Қум, муассисаи Танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1392ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт, Қум, маркази Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, 1382ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-бурҳон фи шарҳи иршод-ил-азҳон, таҳқиқ: Муҷтабо Ироқӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, бе то.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, муҳаққиқ: Маҳмуди Қучонӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1362ҳ.ш.
  • Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, ал-Интисор фи инфиродот-ил-имомийя, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1415ҳ.қ.
  • Шайх Баҳоӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Ҳурмату забоиҳи аҳли-л-китоб, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1410ҳ.қ.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ан-Ниҳоя фи муҷаррад-ил-фиқҳи ва-л-фатово, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, 1400ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Муқниъа, Қум, конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Таҳриму забоиҳи аҳли-л-китоб, Қум, нашрул-муътамарил-оламӣ ли алфиятиш-Шайхил-Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Муқниъ, Қум, муассисатул-Имом-ил-Ҳодӣ, 1415ҳ.қ.