Jump to content

Фатвои ҷиҳоди Муҳаммадтақии Шерозӣ

Аз wikishia

Фатвои ҷиҳод ё фатвои дифоияи Муҳаммадтақии Шерозӣ (форсӣ: فتوای جهاد یا فتوای دفاعیه محمدتقی شیرازی) як фатвои маъруф барои муқобила бо ишғоли Ироқ аз ҷониби Англия дар соли 1920 милодӣ буд. Муҳаммадтақии Шерозӣ (1256–1338ҳ.қ.), маъруф ба Мирзои Дуюм, аз уламо ва шахсиятҳои машҳури шиа дар Ироқ буд. Ӯ дар ин фатво, мубориза бо Англияро дар сурате ки ишғолгарон дархости мардумро напазиранд, ҷоиз эълом кард. Уламо ва рӯҳониён аз фатвои ӯ пайравӣ карданд ва бархе аз онҳо низ ҳукми ҷиҳод содир намуданд.

Заминаи содир шудани ин фатво ишғоли Ироқ дар ҷанги ҷаҳонии аввал тавассути Англия ва эълони қаймумият(сарпарастӣ)-и ин кишвар бар Ироқ ва мухолифати ишғолгарон бо истиқлолияти минтақа буд. Ҳадафи ин ҳукм ташвиқи ҳамаи қабилаҳои Ироқ барои муқобила бо англисҳо дониста шудааст. Пас аз ин фатво, ҷиҳод алайҳи Англия умумӣ гардид ва ба инқилоби 1920 Ироқ анҷомид.

Гуфта шудааст, фатвои ҷиҳоди Мирзои Дуюм нақши муҳим дар истиқлолияти кишвари Ироқ дошт. Оятуллоҳ Шерозӣ, ғайр аз ин фатво, фатвоҳои дигаре низ алайҳи манофеи Англия дар минтақа содир кард ва бо фиристодани нома ба минтақаҳои гуногуни исломӣ, бар воҷиб будани муқобила бо Англия таъкид намуд.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Фатвои ҷиҳоди Муҳаммадтақии Шерозӣ, як фатвои маъруф[1] ва таърихӣ[2] барои муқобила бо истеъмори Англия дар Ироқ буд. Ин фатво ба муҳимтарин қиёми мардумӣ алайҳи ишғолгарони англисӣ,[3] яъне инқилоби Ироқ бо номи Саврат-ул-ишрин дар соли 1920 милодӣ[4] ва як таҳаввули бузург дар таърихи ин кишвар табдил ёфт.[5]

Гуфта шудааст, ки ин фатво як ҳукми такондиҳанда ва таҳриккунанда буд, ки дар сарнавишти мардуми Ироқ ва кишварҳои ҳамсоя таъсир гузошт ва истеъморгаронро ба ваҳшату изтироб овард;[6] ҳамчунин, ин фатво пояҳои як ҳаракати бузургро гузошт ва меҳвари асосии инқилоби Ироқро ташкил дод[7] ва таъсири бузурге дар истиқлоли ин кишвар дошт.[8]

Аз ин фатво, ғайр аз фатвои ҷиҳод,[11] бо унвони «фатвои дифоӣ» низ ёд мешавад.[12] Бисёре аз уламо ва рӯҳониён аз фатвои Оятуллоҳ Шерозӣ пайравӣ карданд ва бархе аз онҳо фатвоҳои дигаре алайҳи Англия содир намуданд.[13] Муҳаммадтақии Шерозӣ чаҳор моҳ пас аз содир шудани ин фатво даргузашт; аммо ҳеч халале ба ҳаракат ва инқилоби мардуми Ироқ ворид нашуд.[14]

Ҳасани Исо Ҳаким, муаллифи китоби Ал-Муфассал фи таърих-ин-Наҷаф-ил-ашраф, бар ин назар аст, ки Муҳаммадтақии Шерозӣ дар фатвои худ ба ҳақиқати ҷиҳод ва асосҳою шартҳои зарурии он таъкиди рӯшан кардааст.[15] Ӯ, ғайр аз ин фатво, номаҳои зиёде ба мусулмонони кишварҳои исломӣ фиристода, онҳоро ба муқовимат бар зидди Англия даъват намудааст ва бар воҷиб будани рондани ишғолгарон аз сарзаминҳои исломӣ таъкид кардааст.[16]

Акси мансуб ба Мирзо Муҳаммадтақии Шерозӣ

Шахсиятшиносӣ

Мақолаи аслӣ: Муҳаммадтақии Шерозӣ

Мирзо Муҳаммадтақии Шерозӣ (1256–1338ҳ.қ.), маъруф ба Мирзои Дуюм, аз уламо ва шахсиятҳои бузурги шиаи муқими Ироқ ва раҳбари қиём алайҳи истеъмори Англия буд.[17] Мирзои Дуюм дар замони худ масъулияти марҷаи тақлиди шиаро ба ӯҳда дошт.[18]

Вай дар рӯйдодҳои сиёсии ҷаҳони Ислом, монанди ҳамлаи Италия ба Либия дар соли 1911м ва ҳамлаи Русия ба Эрон дар соли 1912м, мавқеъгириҳои таъинкунанда дошт;[19] ва фатвоҳои гуногунеро низ алайҳи Англия дар Ироқ содир карда буд.[20] Мирзо Муҳаммадтақӣ дар 13 зилҳаҷҷаи соли 1338ҳ.қ. ва дар даврони қиёми мардуми Ироқ алайҳи Англия даргузашт ва дар Карбало ба хок супорида шуд.[21]

Заминаи содир шудани фатво

Бо оғози Ҷанги ҷаҳонии аввал, Англия барои ҷилавгирӣ аз нуфузи Олмон, бо нерӯи низомии густардае ба Ироқ, ки таҳти ҳокимияти усмониҳо буд, ҳамла кард ва шаҳри Фов ва сипас Басра ва минтақаҳои атрофи онро ба тасарруфи худ даровард.[22] Дахолати низомии Англия, мардуми Ироқро аз тасаллути кофирон бар сарзаминҳои исломӣ ва ғорати сарватҳо ва маъдани нафту газ нигарон кард. Онҳо ба раҳбарони мазҳабӣ муроҷиат карданд ва дархости эъломи ҷиҳод намуданд.[23] Давлати Усмонӣ низ аз уламои шиа ёрӣ хост.[24]

Бархе аз уламо ва шахсиятҳои мазҳабии Ироқ, монанди Мирзо Муҳаммадтақии Шерозӣ,[25] Сайид Мустафо Кошонӣ, Сайид Муҳаммадкозим Таботабоии Яздӣ ва Шайхушшариаи Исфаҳонӣ алайҳи нерӯҳои ишғолгари англисӣ эъломи ҷиҳод карданд ва ба қабилаҳои атрофи Басра номаҳое фиристоданд, ки дар онҳо бар дифоъ бар зидди нерӯҳои Англия таъкид мешуд. Ин иқдом боиси он гардид, ки мардуми Ироқ ба таври густарда рӯ ба ҷабҳаи ҷанг оварданд.[26] Ҷабҳаи мардумӣ таҳти раҳбарии уламо тавонист дар муддати ҳаждаҳ моҳ артиши Англияро боздорад;[27] аммо пирӯзии ниҳоии муттаҳидон ва шикасти Олмон ва фурӯпошии давлати Усмонӣ боис гардид Ироқ ба тасарруфи Англия дарояд.[28]

Дар соли 1920 милодӣ, тибқи муқаррароти конфронси Сан Ремо (San Remo conference) дар Аврупо, Ироқ таҳти сарпарастии Англия қарор гирифт; дар ҳоле ки ишғолгарон ваъдаҳое оид ба пазируфтани истиқлолияти Ироқ дода буданд.[29] Муҳаммадтақии Шерозӣ, ки пас аз Сайид Муҳаммадкозим Таботабоии Яздӣ ба марҷаъияти умумии шиаён расида буд,[Ёддошт 1] шадидан бо сарпарастии Англия мухолифат кард. Ӯ дар ҳимояти Созмони Ҷамъияти исломии Ироқ, ки барои мубориза бо сарпарастии Англия ва талош барои истиқлолияти Ироқ таъсис шуда буд, фатвои равшане содир кард ва сарпарастии ғайримусулмон бар мусулмононро ҷоиз надонист.[30] Ҳабдаҳ нафар аз уламо ва рӯҳониёни Карбало ин санадро имзо карданд ва дар шаҳрҳо паҳн намуданд ва мардумро ба истиқлол даъват карданд.[31]

Ин мавзуъ боиси эътирозҳои мардумӣ дар шаҳрҳои мухталиф, аз ҷумла Карбало шуд.[32] Англия барои ҷилавгирӣ аз густариши эътирозҳо, Муҳаммадризо Шерозӣ, фарзанди Мирзо, ва чанд тан аз мухолифонро боздошт ва ба Ҳиндустон табъид намуд.[33] Сардорони қабилаҳо ва роҳбарони араб бо даъвати Сайид Абулқосими Кошонӣ нишасте баргузор карданд ва тасмим ба муқовимати мусаллаҳона алайҳи Англия гирифтанд.[34] Оятуллоҳ Шерозӣ низ дар як баёния, мардуми Ироқро ба истиқлол ва барқарории ҳукумати исломӣ даъват намуд.[35] Пас аз даргирии низомии ибтидоӣ миёни англисҳо ва бархе қабилаҳои ироқӣ, Сайид Абулқосими Кошонӣ аз Оятуллоҳ Шерозӣ хост, ки эъломи ҷиҳоди умумӣ намояд. Дар ҳамин замон Муҳаммадтақии Шерозӣ фатвои ҷиҳод алайҳи англисҳоро содир кард.[36]

Ҳамчунин бубинед Инқилоби 1920 Ироқ

Ҳадафҳо ва пайомадҳо

Ҳадафи содир кардани фатвои ҷиҳод, ташвиқи ҳамаи қабилаҳои Ироқ барои муқобила бо англисҳо дониста шудааст.[37] Пас аз ҳукми ҷиҳод аз тарафи Муҳаммадтақии Шерозӣ, ҷиҳод алайҳи Англия умумӣ гардид[38] ва сардорони қабилаҳо ва аъёни қабилаҳо қатъи равобит бо англисҳо ва оғози инқилобро эълом карданд. Ниҳоятан, дар 30 июни 1920м, инқилоб дар минтақаи Фуроти миёна оғоз ёфт ва тамоми Ироқро фаро гирифт.[39]

Фатвои ҷиҳод ва дархости истиқлол аз тарафи Мирзои Дуюм сабаб шуд, ки шиа ва суннӣ дар канори ҳамдигар қарор гиранд ва алайҳи ишғолгарон қиём кунанд;[40] гарчанде бархе бар инанд, ки бештар аз қабилаҳои аҳли суннат ба ин қиём ҳамроҳ нашуданд.[41] Гуфта шудааст, таъсири фатвои ҷиҳод танҳо маҳдуд ба Ироқ набуда, балки бархе аз минтақаҳои ҳамсояро низ фаро гирифтааст.[42]

Дар натиҷа, ин инқилоб пас аз 170 рӯз[43] ба иллати маҳдудият дар захираҳои инсонӣ ва молӣ, набудани пуштибонии давлатҳои хориҷӣ ва истифодаи Англия аз нерӯҳои низомии бузург ва таҷҳизоти сангини ҷангӣ боздошта шуд;[44] бо ин вуҷуд, бархе аз қабилаҳои Ироқ муборизаи мусаллаҳонаи худро алайҳи Англия идома доданд ва талафоти бузург бар ин нерӯҳо ворид сохтанд. Дар натиҷа, англисҳо маҷбур ба пазируфтани дархости мардуми Ироқ ва эътирофи истиқлоли ин кишвар гардиданд.[45]

Эзоҳ

  1. Амин, Аъён-уш-шиа, 1403ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.192
  2. Ақиқии Бахшоишӣ, Фақеҳони номдори шиа, 1372ҳ.ш., саҳ.236; гурӯҳе аз муҳаққиқони Пажӯҳишгоҳи Боқир-ул-улум (а), Гулшани аброр, 1393ҳ.ш., саҳ.648–649
  3. Ҳаким, «Вазъияти гурӯҳҳои сиёсии Ироқ», саҳ.342
  4. Ғаравӣ, Маъа уламо-ин-Наҷаф-ил-ашраф, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.8; Маманд Солеҳ ва Алӣ Парғу, «Баррасии ҳаёти сиёсии Муҳаммадтақии Шерозӣ (Мирзои Шерозӣ) ва нақши ӯ дар инқилоби шиаёни Ироқ»; Вардӣ, Таърихи Ироқ, 1391ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.652
  5. Ғаравӣ, Маъа уламо-ин-Наҷаф-ил-ашраф, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.40; Додфар, «Таҳаввул ва дигардисӣ дар намои ҷомеашинохтии шиаёни Ироқ дар қарни 20 (иллатҳо — пайомадҳо)», саҳ.162–166
  6. Ақиқии Бахшоишӣ, Фақеҳони номдори шиа, 1372ҳ.ш., саҳ.330
  7. Ақиқии Бахшоишӣ, Фақеҳони номдори шиа, 1372ҳ.ш., саҳ.236–237
  8. Оқабузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-уш-шиа, 1430ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.262; Ғаравӣ, Маъа уламо-ин-Наҷаф-ил-ашраф, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.8
  9. Оқабузурги Теҳронӣ, Табақоти Аъломуш-Шиъа, 1430қ, ҷ.13, саҳ. 263; Заркалӣ, Ал-Аълом, 1989м, ҷ.6, саҳ. 64; Ҳаким, ал-Муфассал фи таърих-ин-Наҷаф-ил-ашраф, 1427ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.221
  10. Содиқии Теҳронӣ, Нигоҳе ба таърихи инқилоби исломии 1920-и Ироқ ва нақши уламо ва муҷоҳидони ислом, 1390ҳ.ш., саҳ.67
  11. Содиқии Теҳронӣ, Нигоҳе ба таърихи инқилоби исломии 1920-и Ироқ ва нақши уламо ва муҷоҳидони ислом, 1390ҳ.ш., саҳ.67
  12. Гурӯҳе аз муҳаққиқони Пажӯҳишгоҳи Боқир-ул-улум (а), Гулшани аброр, 1393ҳ.ш., саҳ.650; «میرزا محمدتقی شیرازی»، پایگاه اطلاع رسانی حوزه; «کولاک میرزای شیرازی در کربلا»، ایسنا.
  13. Содиқии Теҳронӣ, Нигоҳе ба таърихи инқилоби исломии 1920-и Ироқ ва нақши уламо ва муҷоҳидони ислом, 1390ҳ.ш., саҳ.67
  14. Ақиқии Бахшоишӣ, Фақеҳони номдори шиа, 1372ҳ.ш., саҳ.237
  15. Ҳаким, ал-Муфассал фи таърих-ин-Наҷаф-ил-ашраф, 1427ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.221
  16. «کولاک میرزای شیرازی در کربلا»، ایسنا.
  17. Оқабузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-уш-шиа, 1430ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.261; Заркалӣ, Ал-Аълом, 1989м, ҷ.6, саҳ.63; Ҳаким, ал-Муфассал фи таърих-ин-Наҷаф-ил-ашраф, 1427ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.220
  18. Амин, Аъёнуш-шиа, 1403ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.192; Ҳаким, ал-Муфассал фи таърих-ин-Наҷаф-ил-ашраф, 1427ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.220
  19. Ҳаким, ал-Муфассал фи таърих-ин-Наҷаф-ил-ашраф, 1427ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.220
  20. Заркалӣ, Ал-Аълом, 1989м, ҷ.6, саҳ.64
  21. Амин, Аъёнуш-шиа, 1403ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.192; Оқабузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-уш-шиа, 1430ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.263; Ҳаким, ал-Муфассал фи таърих-ин-Наҷаф-ил-ашраф, 1427ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.222
  22. Содиқии Теҳронӣ, Нигоҳе ба таърихи инқилоби исломии 1920-и Ироқ ва нақши уламо ва муҷоҳидони ислом, 1390ҳ.ш., саҳ.19; Вардӣ, Таърихи Ироқ, 1391ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.650
  23. Содиқии Теҳронӣ, Нигоҳе ба таърихи инқилоби исломии 1920-и Ироқ ва нақши уламо ва муҷоҳидони ислом, 1390ҳ.ш., саҳ.19
  24. Содиқии Теҳронӣ, Нигоҳе ба таърихи инқилоби исломии 1920-и Ироқ ва нақши уламо ва муҷоҳидони ислом, 1390ҳ.ш., саҳ.19
  25. Вардӣ, Таърихи Ироқ, 1391ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.650
  26. Содиқии Теҳронӣ, Нигоҳе ба таърихи инқилоби исломии 1920-и Ироқ ва нақши уламо ва муҷоҳидони ислом, 1390ҳ.ш., саҳ.22
  27. Содиқии Теҳронӣ, Нигоҳе ба таърихи инқилоби исломии 1920-и Ироқ ва нақши уламо ва муҷоҳидони ислом, 1390ҳ.ш., саҳ.27
  28. Содиқии Теҳронӣ, Нигоҳе ба таърихи инқилоби исломии 1920-и Ироқ ва нақши уламо ва муҷоҳидони ислом, 1390ҳ.ш., саҳ.35–36
  29. Содиқии Теҳронӣ, Нигоҳе ба таърихи инқилоби исломии 1920-и Ироқ ва нақши уламо ва муҷоҳидони ислом, 1390ҳ.ш., саҳ.55
  30. Содиқии Теҳронӣ, Нигоҳе ба таърихи инқилоби исломии 1920-и Ироқ ва нақши уламо ва муҷоҳидони ислом, 1390ҳ.ш., саҳ.56; «مروری بر مبارزات میرزای شیرازی دوم علیه انگلیسی‌ها، فتواهایی که کمر استعمار را درعراق شکست»،‌ موسسه فرهنگی هنری خراسان.
  31. Содиқии Теҳронӣ, Нигоҳе ба таърихи инқилоби исломии 1920-и Ироқ ва нақши уламо ва муҷоҳидони ислом, 1390ҳ.ш., саҳ.56
  32. Вардӣ, Таърихи Ироқ, 1391ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.652; Содиқии Теҳронӣ, Нигоҳе ба таърихи инқилоби исломии 1920-и Ироқ ва нақши уламо ва муҷоҳидони ислом, 1390ҳ.ш., саҳ.61
  33. Содиқии Теҳронӣ, Нигоҳе ба таърихи инқилоби исломии 1920-и Ироқ ва нақши уламо ва муҷоҳидони ислом, 1390ҳ.ш., саҳ.61
  34. Содиқии Теҳронӣ, Нигоҳе ба таърихи инқилоби исломии 1920-и Ироқ ва нақши уламо ва муҷоҳидони ислом, 1390ҳ.ш., саҳ.61
  35. Содиқии Теҳронӣ, Нигоҳе ба таърихи инқилоби исломии 1920-и Ироқ ва нақши уламо ва муҷоҳидони ислом, 1390ҳ.ш., саҳ.63
  36. Содиқии Теҳронӣ, Нигоҳе ба таърихи инқилоби исломии 1920-и Ироқ ва нақши уламо ва муҷоҳидони ислом, 1390ҳ.ш., саҳ.65–67
  37. Содиқии Теҳронӣ, Нигоҳе ба таърихи инқилоби исломии 1920-и Ироқ ва нақши уламо ва муҷоҳидони ислом, 1390ҳ.ш., саҳ.67
  38. Содиқии Теҳронӣ, Нигоҳе ба таърихи инқилоби исломии 1920-и Ироқ ва нақши уламо ва муҷоҳидони Ислом, 1390ҳ.ш., саҳ.67
  39. Содиқии Теҳронӣ, Нигоҳе ба таърихи инқилоби исломии 1920-и Ироқ ва нақши уламо ва муҷоҳидони Ислом, 1390ҳ.ш., саҳ.68–99
  40. Вардӣ, Таърихи Ироқ, 1391ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.652
  41. Виллӣ, Наҳзати исломии шиъиёни Ироқ, 1373ҳ.ш., саҳ.35
  42. Раҳимӣ, Таърихи ҷунбиши исломӣ дар Ироқ, 1390ҳ.ш., саҳ.215
  43. Вардӣ, ҳамон, ҷ.3, саҳ.653
  44. Содиқии Теҳронӣ, Нигоҳе ба таърихи инқилоби исломии 1920-и Ироқ ва нақши уламо ва муҷоҳидони Ислом, 1390ҳ.ш., саҳ.99–101
  45. Содиқии Теҳронӣ, Нигоҳе ба таърихи инқилоби исломии 1920-и Ироқ ва нақши уламо ва муҷоҳидони Ислом, 1390ҳ.ш., саҳ.114–116

Ёддошт

  1. Гуфта шудааст, ки бо марҷаъияти Мирзои Дуюм, барои нахустин бор ду имтиёз — марҷаъият ва раҳбарии сиёсӣ — дар ихтиёри як шахс қарор гирифт, ки як нуқтаи гардиши муҳим дар раҳбарии инқилоб маҳсуб мешуд. (Вардӣ, Таърихи Ироқ, 1391ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.652.)

Сарчашма

  • Амин, Муҳсин, Аъёнуш-шиа, Бейрут, Дори таоруфи ли-л-матбуот, 1403ҳ.қ.
  • Оқабузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, Табақоту аълом-уш-шиа, Бейрут, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1430ҳ.қ.
  • Гурӯҳе аз муҳаққиқони Пажӯҳишгоҳи Боқир-ул-улум (а), Гулшани аброр: Зиндагии усваҳои илм ва амал, Қум, Созмони таблиғоти исломӣ, 1393ҳ.ш.
  • Ҳаким, Ҳасан, «Вазъияти гурӯҳҳои сиёсии Ироқ», Нашрияи Улуми сиёсӣ Донишгоҳи Боқир-ул-улум (а), №18, тобистони 1381ҳ.ш.
  • Ҳаким, Ҳасанӣ Исо, ал-Муфассал фи таърих-ин-Наҷаф-ил-ашраф, Қум, Китобхонаи Ҳайдария, 1427ҳ.қ.
  • Додфар, Саҷҷод, «Таҳаввул ва дигардисӣ дар намои ҷомеашинохтии шиаёни Ироқ дар қарни 20 (иллатҳо — паёмадҳо)», Шиашиносӣ, №32, зимистони 1389ҳ.ш.
  • Раҳимӣ, Абдулҳалим, Таърихи ҷунбиши исломӣ дар Ироқ, тарҷумаи Ҷаъфари Дилшод, Қум, Бӯстони Китоб, 1390ҳ.ш.
  • Зириклӣ, Хайруддин, ал-Аълом (Қомусу тароҷими лиашҳур-ир-риҷоли ва-н-нисои мин-ал-араби ва-л-мустаърабин ва-л-мусташриқин), Бейрут, Дори Илм лил-Малайин, нашри 8-ум, 1989м.
  • Содиқии Теҳронӣ, Муҳаммад, Нигоҳе ба таърихи инқилоби исломии 1920-и Ироқ ва нақши уламо ва муҷоҳидони Ислом, Қум, Шукрона, 1390ҳ.ш.
  • Ақиқии Бахшоишӣ, Абдурраҳим, Фақеҳони номдори шиа, Қум, Китобхонаи умумии Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1372ҳ.ш.
  • Ғаравӣ, Муҳаммад, Маа уламо-ин-Наҷаф-ил-ашраф, Бейрут, Дори Сақалайн, 1420ҳ.қ.
  • «کولاک میرزای شیرازی در کربلا», Хабаргузории ИСНА, санаи нашр: 9 тири 1401ҳ.ш., санаи боздид: 5 меҳри 1403ҳ.ш.
  • «مروری بر مبارزات میرزای شیرازی دوم علیه انگلیسی‌ها، فتواهایی که کمر استعمار را درعراق شکست», Муассисаи фарҳангӣ-ҳунарии Хуросон, санаи боздид: 5 меҳри 1403ҳ.ш.
  • «میرزا محمدتقی شیرازی», Пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза, санаи нашр: 18 меҳри 1387ҳ.ш., санаи боздид: 5 меҳри 1403ҳ.ш.
  • Маманд Солеҳ, Пуҷора ва Муҳаммадалӣ Парғу, «Баррасии ҳаёти сиёсӣ Муҳаммадтақии Шерозӣ (Мирзои Шерозӣ) ва нақши ӯ дар инқилоби шиаёни Ироқ», Конфронси байналмилалии 6-уми омӯзишҳои ҳуқуқӣ ва қазоӣ, 1399ҳ.ш.
  • Вардӣ, Алӣ, Таърихи Ироқ, Қум, СМТИ, 1391ҳ.ш.
  • Виллӣ, Ҷойс Эн, Наҳзати исломии шиаёни Ироқ, тарҷумаи Маҳваш Ғуломӣ, Теҳрон, Муассисаи Иттилоот, 1373ҳ.ш.