Ҳаммолат-ул-ҳатаб

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳаммолаталҳатаб)

Ҳаммолатал-ҳатаб (арабӣ: حَمّالَةُ الْحَطَب), ба маънои «касе ки ҳезумкаш аст» васфи ҳамсари Абулаҳаб дар Қуръон аст.[1] Ҳамсари Абулаҳаб, хоҳари Абусуфён ва аммаи Муовия буд.[2] Куняи ӯ Уммиҷамил буд ва номашро Орӯй, Ҷамила[3] ва Сахра[4] гуфтаанд.

Ин таъбир дар сураи Масад ба кор рафтааст.[5] Дар ин ки чаро дар Қуръон аз чунин васфе истифода шудааст, мавориде зикр шудааст:

  • Уммиҷамил хорҳои биёбонро ба дӯш мекашид ва ҳангоме, ки Пайғамбар (с) ба намоз мерафт, онҳоро пеши пои ӯ мепартофт, то ӯро озор диҳад.[6]
  • Уммиҷамил бо коре ки мекард, оташи дӯзах ва ҳезуми онро барои худ дар дӯзах фароҳам мекард.[7]
  • Ӯ Пайғамбар (с)-ро ба фақир будан масхара мекард, пас Худованд низ бо ин васф, ӯро таҳқир кард.[8]
  • Ин таъбир, киноя аз суханчинии ӯст.[9]

Дар Тафсири Намуна омадааст, ки ин мавридҳо бо ҳам зид нестанд ва метавон ҳамаи онҳоро мақсуди оят донист.[10]

Эзоҳ

  1. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.420.
  2. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1430.
  3. Шайхи Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.265.
  4. Мибадӣ, Девони Амирулмуъминин (а), 1411ҳ.қ., саҳ.92.
  5. Сураи Масад, ояти 4.
  6. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.852.
  7. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, бе то, ҷ.28, саҳ.825.
  8. Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.353.
  9. Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.10, саҳ.428.
  10. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.421.

Сарчашма

  • Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад ал-Баҷовӣ, Бейрут, Дорул-ҷил, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Мибадӣ, Ҳусайн ибни Муиянуддин, Девони Амирулмуъминин алайҳис-салом, тарҷумаи Мустафо Замонӣ, Қум, Дору нидоил-ислом лин-нашр, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осор, Қум, интишороти Садро, чопи аввал, 1389ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддимаи Муҳаммадҷавод Балоғӣ, Теҳрон, Носир Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Дорул-сақофа, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Аҳмад Қусайр Омилӣ, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, Бейрут, бе то.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.