Ғассоқ
Ғассоқ (арабӣ: غسّاق) калимаи куръонӣ ба маънои нӯшидании бисёр бадбӯе аст, ки аз чирк ва пӯсти аҳли дӯзах омода шудааст. Ин калима дар ду ҷои Қуръон ба кор рафта ва дар ҳар ду ҷо ба унвони азоби махсусе барои тоғин зикр шудааст.
Калимашиносии қуръонӣ
Калимаи қуръонии «ғассоқ» баргирифта аз решаи «ғасақа» дар луғати араб аст. Донишмандони илми луғат дар араб маънои қуръонии «ғассоқ»-ро ин чунин баён карданд:
1- ҳар чизе, ки аз пӯст ё чирки ҷаҳаннамиён равон аст;
2 - он нӯшидание, ки ба хотири шиддати сармояш, дарунро месӯзонад;
3 - нӯшидании хунуке, ки бисёр бадбӯй аст.
Фирӯзободӣ дар «Қомус-ул-муҳит» барои калима «ғасақ=غسق» чанд маъно нақл кардааст: "торикии шаб", "навъе ғизо аз алафзор", "ашкбор шудани чашм", "ҷорӣ шудан".
Эҳтимолоти тафсирии калимаи ғассоқ
Дар ояти 57 сураи Сод ва низ ояти 25 сураи Набаъ, калимаи «ғассоқ» ба кор рафтааст. Дар мавриди маънои тафсирии ин калима, эҳтимолоте матраҳ аст:
- Навъе нӯшиданӣ. Муфассирон дар мавриди навъ ва вижагиҳои он баёноти гуногуне доранд:
- Нӯшидании азобоваре аст, ки ба ниҳояти дараҷаи сармо расида ва ин сармои шадид, даруни инсонро месӯзонад, ҳамонтавр ки оташ месӯзонад.
- Ашки чашмони аҳли дузах аст ва бо нӯшидании ҳамим, ки пеш аз ғассоқ дар оят омада, тановул мешавад.
- Чирке аст, ки аз бадани онҳо сарозер ва сипас ҷамъ мешавад ва тавассути онҳо хӯрда мешавад.
- Ҳар он чи аз чашмҳо ва пӯстҳои аҳли ҷаҳаннам равон аст, монанди зардоб, чирк, арақ ва бақияи рутубатҳои касиф.
- Навъе нушдании сиёҳи нафратангез ва ваҳшатнок аст; ҳамонтавре ки торикӣ ваҳшат меофаринад.
- Моеъи бисёр бадбӯе аст, ки агар қатрае аз он дар машриқ бичакад, бӯи тааффуни он тамоми аҳолии мағрибро фаро мегирад ва агар дар мағриб бичакад, ин бӯ тамоми аҳолии машриқро фаро мегирад. Бинобар ҳадисе, ки аз Пайғамбари Ислом (с) нақл шуда, агар косае аз ғассоқро рӯи аҳли дунё бирезанд, тамоми аҳли дунёро бӯи тааффун фаро мегирад.
- Навъе чашма дар ҷаҳаннам аст, ки заҳри ҳар ҳайвони нешдоре аз ҷумла каждуму мор ба самти он чашма равона мешавад.
- Ин калима дар асл "хошок" буда, ки вориди вориди забони арабӣ шуда ва ба «ғассоқ» тағир ёфтааст.
- Азобе аст, ки фақат Худованд аз он хабар дорад.
Анвоъи азоби ғассоқ
Дар манобеи ривоӣ, ғассоқ ба анвоъи мухталифе аз азоб таъбир шудааст:
1- Нӯшидание ки баъд аз заққум ва зариъ ва қабл аз ҳамим хӯрда мешавад: Имом Алӣ (а) дар ҳадисе, ки дар он анвоъи ошомиданиҳои аҳли дузахро баён мекунад, мефармоед: вақте ки аҳли дузах, заққум ва зариъро мехӯранд, инҳо монанди ҷӯшидани об, дар шикамҳояшон меҷӯшад, сипас дархости нӯшидании дигаре мекунанд, ки нушидании ғассоқ ва чиркоб, барояшон оварда мешавад. Ҷуръа-ҷуръа онро менӯшанд, дар ҳоле ки намехоҳанд онро фурӯ баранд, сипас марг аз ҳар тараф фаро мерасад, дар ҳоле ки ҳаргиз намемирад ва пушти сараш азобе, дарднок ва нӯшидании ҳамим аст.
2– Макони бисёр муҳлике дар дузах: Дар ҳадисе Имом Боқир (а) мефармояд: ғассоқ, сарзамине дар ҷаҳаннам аст, ки 330 қаср дорад ва ҳар қасри он 330 хона дорад, дар ҳар хонаи он 330 каждум, вуҷуд дорад ва дар неши ҳар каждуме андозаи 330 пиёла, заҳр вуҷуд дорад. Тавре ки агар каждуме аз онҳо заҳрашро барои аҳли ҷаҳаннам берун оварад, барои тамоми онҳо кифоят мекунад.
Ғассоқ барои тоғин
Дар ояти 55 сураи Сод омадааст: «للطاغین لشر مآب» ва баъд аз он дар ояти 57 омадааст: «فلیذوقوه حمیمٌ و غساقٌ». Ҳамчунин дар ояти 22 сураи Набаъ омадааст ки: «للطاغین مآبا» ва баъд аз он дар ояти 25 омада: «لایذوقون فیها برداً و لا شراباً الا حمیماً و غساقاً» дар ҳар ду ҷое, ки азоби ғассоқ зикр шудааст, оёти Қуръон сухан аз азоби тоғин ба миён овардааст.
Фахри Розӣ «тоғин»-ро ба касоне, ки бар Парвардигорашон такаббур варзидаанд ва дар мухолифат ва арзи андом ҷилави Ӯ ба туғён кашида шудаанд, тафсир кардааст.