Jump to content

Ҳукми ҷиҳод

Аз wikishia

Ҳукми ҷиҳод (форсӣ: حکم جهاد) ё фатвои ҷиҳод (форсӣ: فتوای جهاد) ишора дорад ба фармони ҳокими шаръ барои иқдом ба ҷиҳод бо душманон ва муайян кардани вижагиҳои он. Содир шудани ҳукми ҷиҳод дар асри ғайбат, нишонаи таъсиргузорӣ ва қудрати фатвои мароҷеъи шиа дониста шудааст ва ба унвони омили ҳифзи дин ва амнияти ҷомеаи исломӣ дар муқобили таҷовузгарон шинохта мешавад. Бар асоси фиқҳи исломӣ, бо содир шудани ҳукми ҷиҳод, ҳар мусалмоне ки тавони дифоӣ дорад бояд ба ҷиҳод бо душман бархезад. Ин ҳукм дар шароите монанди таҷовуз ба сарзамини исломӣ, эҳсоси хатари таҳдид бар дин ва иззат ва истиқлоли мусалмонон тавассути муҷтаҳиди воҷиди шароит содир мешавад.

Фақеҳони шиа дар давраҳои мухталифи таърих фатвоҳои ҷиҳод содир кардаанд. Дар солҳои 1241 то 1243ҳ.қ., уламои шиа чун Ҷаъфари Кошифулғито, Сайид Алӣ Таботабоӣ, Мирзои Қумӣ, Мулло Аҳмади Нароқӣ ва Сайид Муҳаммад Муҷоҳид, барои ҳимоят аз ҳукумати Қоҷорӣ ва дифоъ аз мардуми мусалмони Эрон фатвои ҷиҳод бо нерӯҳои Русияро содир карданд. Бархе ин фатвоҳоро аввалин ҳукми ҷиҳод дар таърихи фиқҳи имомия донистаанд.

Дар Ироқ низ, бо содир шудани фатвои ҷиҳод аз ҷониби Муҳаммадтақии Шерозӣ дар соли 1337ҳ.қ., қиёми Саврат-ул-ишриин бар зидди истеъмор ва нерӯҳои Англия — ба хусус дар манотиқи шианишин — шакл гирифт. Абдулкарими Занҷонӣ, аз фақеҳони шиаи қарни 14ҳ.қ., дар соли 1948 мелодӣ/1327ҳ.ш. фатвои ҷиҳод алайҳи Исроил содир кард. Ҳамчунин дар соли 2014 мелодӣ, Сайид Алӣ Систонӣ барои муқобила бо пешравиҳои ДОИШ дар Ироқ ҳукми ҷиҳод содир намуд.

Китоби «Расоил ва фатвои ҷиҳодӣ» таълифи Муҳаммадҳасан Раҷабӣ, шомили 95 унвони рисола ва фатвоест, ки фақеҳон дар солҳои 1200 то 1338ҳ.қ. содир кардаанд.

Аҳмият ва ҷойгоҳ

Ҳукми ҷиҳод ба маънои амри ҳокими шаръ барои анҷоми ҷиҳод бо душманон ва муайян намудани хусусиятҳои он мебошад.[1] Содир шудани ҳукми ҷиҳод дар замони ғайбат нишондиҳандаи таъсиргузорӣ ва қудрати фатвои мароҷеъи шиа ва аҳамияти ҳифзи ҷони мусалмонон, молу мулки онҳо ва истиқлоли сарзамини исломӣ дар муқобили душманон дониста мешавад.[2] Гуфта шудааст, ки чунин фатво ба мисли худи ҷиҳоди дифоъӣ дар даврони ғайбат боиси ҳифзи дин ва амнияти ҷомеаи исломӣ дар баробари таҷовузгарон мешавад.[3]

Фақиҳони шиа дар ҳолатҳои гуногун, ҳангоми таҷовуз ба сарзамини исломӣ ё эҳсоси хатари таҳдид ба дин, иззат ва истиқлоли мусалмонон бо содир кардани ҳукми ҷиҳод мардумро ба дифоъ ва муқовимат даъват кардаанд.[4] Барои мисол, бо фатвои ҷиҳоди Муҳаммадтақии Шерозӣ дар соли 1337 ҳиҷрии қамарӣ қиёми мусаллаҳи «Саврат-ул-ишрин» бар зидди истеъмор ва нерӯҳои англисӣ дар саросари Ироқ, махсусан минтақаҳои шианишин, оғоз гардид.[5]

Фақиҳони шиа ҷиҳоди дифоъиро вобаста ба ҳузур ё иҷозати Имом (а) ё намояндаи махсуси ӯ намедонанд.[6]

Бо ин вуҷуд, ба андешаи Ҷаъфар Кошифулғито, марҷаи тақлиди шиа дар қарни 13-уми ҳиҷрии қамарӣ, ҷиҳоди дифоъие, ки дорои фармондеҳ ва сохтор дар даврони ғайбати кубро аст, ба иҷозаи муҷтаҳиди дорои шароит ниёз дорад.[7] Ҳусайналӣ Мунтазарӣ чунин шартеро шарти машруият намедонад, балки ҳукми Валии Фақеҳро ба унвони назоратбар барои татбиқи ҷиҳоди дифоъӣ мешиносад. Ба гуфтаи Мунтазарӣ, ҷиҳоди дифоъӣ бе ягон шарт бар ҳамаи мусалмонон воҷиб аст.[8]

Фатвоҳои машҳури ҷиҳод

Мақолаи асосӣ: Феҳристи фатвоҳои ҷиҳод

Намунаҳое аз муҳимтарин фатвоҳое, ки аз сӯи фақеҳон ва мароҷеи тақлиди шиа дар давраҳои мухталифи таърихӣ дар бораи воҷиб будани ҷиҳод содир шудаанд, чунинанд:

Фатвои уламои шиа барои ҷиҳод дар баробари Исроил
  • Бо ҳамлаи нерӯҳои артиши Русия ба кишвари Эрон дар солҳои 1241 то 1243ҳ.қ. ва ишғоли минтақаҳое аз он, бархе аз уламои шиа мисли Ҷаъфар Кошифулғито, Сайид Алӣ Таботабоӣ, Мирзои Қумӣ, Мулло Аҳмад Нароқӣ ва Сайид Муҳаммад Муҷоҳид ба манзури ҳимоят аз ҳукумати Қоҷор ва дифоъ аз мардуми мусалмони Эрон, фатвои ҷиҳод барои муқобила ва дифоъ дар баробари ҳамлаи нерӯҳои русро содир карданд.[9] Ин фатвоҳо, ҳамроҳ бо рисолаҳое дар аҳкоми ҷиҳод, ба фармони Аббосмирзо, фарзанд ва валиаҳди Фатҳалишоҳ, ва тавассути Мирзо Исо Қоиммақом Фароҳонӣ, дар маҷмӯае бо унвони «Аҳкомулҷиҳод ва асбобуррашод» гирдоварӣ шудаанд.[10] Гуфта шудааст, ки ин фатвоҳо аввалин ҳукми ҷиҳод дар таърихи шиа будааст.[11]
  • Фатвои ҷиҳоди Муҳаммадтақии Шерозӣ аз фатвоҳои таъсиргузор буд, ки дар муқобили султа ва нуфузи Англия дар Ироқ, дар 20 рабиъ-ул-аввали 1337ҳ.қ. содир шуд.[12] Матни фатво чунин аст: «Талаби ҳуқуқ бар уҳдаи ироқиён воҷиб аст ва бар онҳо воҷиб аст дар зимни дархостҳои худ, оромиш ва амниятро риоят кунанд ва дар сурате ки Англия аз пазируфтани дархостҳои онҳо худдорӣ варзад, ҷоиз аст ба қувваи дифоъӣ чанг зананд.»[13]
  • Фатвои ҷиҳод алайҳи Италия дар ҳамла ба Либия; Охунди Хуросонӣ бо ҳамроҳии Сайид Исмоил Садр, Шайх Абдуллоҳ Мозандаронӣ ва Шайхушшариъа Исфаҳонӣ баённомае содир карданд ва аз мусалмонон хостанд, ки ба дифоъ аз мамолики исломӣ бархезанд.[14] Дар матни ҳукм омадааст: «Ҳамлаи Русия ба Эрон ва Италия ба Троблус боиси заволи Ислом ва фано шудани шариат ва Қуръон аст. Бар тамоми мусалмонон воҷиб аст, ки ҷамъ шаванд ва аз ҳукумати худ қатъи таҷовузҳои ғайриқонунии Русия ва Италияро ба ҷидд талаб кунанд. Ва то ин ғоилаи бузург бартараф нашавад, оромиш ва суботро ба худ ҳаром донанд ва ин ҳаракати исломпарваронаро ҷиҳод фи сабилиллоҳ мисли муҷоҳидини Бадр ва Ҳунайн бишиносанд.»[15]
  • Дар Ҷанги ҷаҳонии аввал (1293–1297ҳ.ш.) Сайид Абдулҳусайн Мусавии Лорӣ дастуроте барои Сардори ашоири Қашқоӣ, Савлатуддавла, содир намуда ва бар ҷиҳод алайҳи англисҳо таъкид кардааст. Дар паёме аз ӯ омадааст: «Ман, ки муҷтаҳид ва ҷонишини Паёмбари Ислом ҳастам, ба ин васила фатво медиҳам, ки ҷиҳод бо ин куффори ҳарбӣ, англисҳо, воҷиб аст.»[16]
  • Фатвои ҷиҳод барои муқобила бо ҳамлаи ваҳҳобиҳо ба атабот[Ёддошт 1]: Бинобар гузоришҳои таърихӣ, фатвои Шайх Ҷаъфар Кошифулғито дар ҳамлаҳои ваҳҳобиҳо ба Наҷаф ва Карбало дар соли 1217ҳ.қ., бо ҳамроҳии дусад нафар аз фақеҳон ва муҷоҳидон, тавонист ваҳҳобиҳоро дур кунад.[17]
«Рисолаҳо ва фатвоҳои ҷиҳодӣ» навиштаи Муҳаммадҳасан Раҷабӣ
  • Фатвои ҷиҳод бо Исроил: Фақеҳоне мисли Муҳаммадҳусайн Кошифулғито,[18] Сайид Ҳусайн Буруҷердӣ[19] ва Имом Хумайнӣ[20] ба воҷиб будани дифоъ аз мардуми Фаластин фатво додаанд. Абдулкарим Занҷонӣ, аз фақеҳони шиа дар қарни 14-уми ҳиҷрии қамарӣ, пас аз эъломи мавҷудияти давлати Исроил ва ҷанги Исроил бо арабҳо дар соли 1948 м/1327ҳ.ш., фатвои ҷиҳод алайҳи Исроил содир кард.[21]
  • Пас аз он ки дар соли 2014м., ДОИШ бар бархе аз манотиқи ғарбӣ ва шимолии Ироқ тасаллути ёфта буд ва ба сӯи дигар минтақаҳо пешравӣ мекард, Сайид Алӣ Систонӣ барои муқобила бо пешравиҳои ДОИШ, фатвои ҷиҳод содир намуд.[22] Мувофиқи ин фатво, бар шаҳрвандони ироқие, ки тавоноии гирифтани силоҳ ва мубориза бо террористҳоро доштанд, воҷифи кифоӣ буд, ки ба дифоъ аз кишвар, миллат ва муқаддасот бипардозанд ва ба нерӯҳои низомӣ бипайванданд.[23]

Такнигорӣ

Китоби «Расоил ва фатовои ҷиҳодӣ, шомили: рисолаҳо ва фатвоҳои уламои Ислом дар ҷиҳод бо қудратҳои истиёморӣ» дарбаргирандаи 95 унвон рисола ва фатвоҳост, ки фақеҳони мусалмон дар тӯли солҳои 1200ҳ.қ. то 1338ҳ.қ. содир кардаанд. Ин маҷмӯаро Муҳаммадҳасан Раҷабӣ дар як ҷилд гирдоварӣ намуда ва Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии ҶИЭ дар соли 1378ҳ.ш. нашр кардааст.[24]

Дар давраи Қоҷор ва дар ҷараёни ҷангҳои Эрону Русия китобҳои зиёде бо номи «Ҷиҳодия» мунташир шуданд, ки шомили фатвоҳои ҷиҳодӣ ва баёни воҷиб будани ҷиҳод дар муқобили нерӯҳои рус буданд.[25] Китоби "ал-Ҷиҳод ал-Аббосия" аз Сайид Муҳаммад Муҷоҳид ва "Ҷомеъушшатот" асари Мирзои Қумӣ аз ҷумлаи ҳамин ҷиҳодияҳо мебошанд.[26]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Макорими Шерозӣ, Доиратулмаорифи фиқҳи муқоран, 1427ҳ.қ., ҷ1, саҳ.436
  2. «دو فتوای جهاد», пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза
  3. Раббонӣ ва Ҳусайнӣ, «Ҷойгоҳи иҷозаи Вали Фақеҳ дар ҷиҳод», саҳ.32
  4. Салимӣ ва дигарон, «Баррасии ихтиёроти ҳокими исломӣ дар ҳукми ҷиҳоди дифоӣ аз манзари фиқҳи имомия», саҳ.113–115
  5. «یک قرن همراهی دو ملت ایران و عراق در مبارزه با استکبار», сомонаи Маркази асноди инқилоби исломӣ
  6. Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ9, саҳ.37; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ3, саҳ.8; Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ8, саҳ.14; Раббонӣ ва Ҳусайнӣ, «Ҷойгоҳи иҷозаи Валии Фақеҳ дар ҷиҳод», саҳ.50
  7. Раббонӣ ва Ҳусайнӣ, «Ҷойгоҳи иҷозаи Вали Фақеҳ дар ҷиҳод», саҳ.53
  8. Мунтазарӣ, Посух ба пурсишҳое пиромун муҷозоти исломӣ ва ҳуқуқи башар, 1387ҳ.ш., саҳ.93
  9. Заргаринажод, «Баррасии Аҳкомулҷиҳод ва Асбобуррашод (нахустин асар дар адабиёти таквинии ҷиҳодии таърихи муосири Эрон)», саҳ.383
  10. Заргаринежод, «Баррасии Аҳкомулҷиҳод ва Асбобуррашод (нахустин асар дар адабиёти таквинии ҷиҳодии таърихи муосири Эрон)», саҳ.382–383
  11. «فتوای جهاد در سیمای تاریخ», хабаргузории ИМНА
  12. Оқобузург Теҳронӣ, Табақоти аъломи шиа, 1430ҳ.қ., ҷ13, саҳ.263
  13. Оқобузург Теҳронӣ, Табақоти аъломи шиа, 1430ҳ.қ., ҷ13, саҳ.263
  14. Туркман, Асноде дар бораи ҳамлаи Англия ва Русия ба Эрон, Дастгоҳи мутолеоти сиёсӣ ва байналмилалӣ, саҳ.486
  15. Туркман, Асноде дар бораи ҳамлаи Англия ва Русия ба Эрон, Дастгоҳи мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалӣ, саҳ.486
  16. Ранҷбар, «Сайре дар зиндагӣ, фаъолиятҳо ва андешаи сиёсӣ Сайид Абдулҳусайн Мусавии Лорӣ», саҳ.207
  17. Олимаҳбуба, Мозии Наҷаф ва ҳозираш, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.326
  18. «ضد صهیونیسم، مدافع فلسطین مختصری از علامه کاشف الغطاء», маҷаллаи электронии Ухуввати исломӣ
  19. Абозарӣ, Оятуллоҳ Буруҷердӣ, ояти ихлос, 1383ҳ.ш., саҳ.117
  20. Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ2, саҳ.199
  21. Сарҳадӣ, «علمایی که نسبت به مسئله فلسطین واکنش نشان دادند», Пажӯҳишгоҳи таърихи муосир
  22. Хаттоб, «Тазйифи Ҳашди Шаъбӣ дар мадраки сиёсати ироқӣ», саҳ.107–108
  23. Хаттоб, «Тазйифи Ҳашди Шаъбӣ дар мадраки сиёсати ироқӣ», саҳ.107–108
  24. Раҷабӣ, Рисолаҳо ва фатвоҳои ҷиҳодӣ, 1378ҳ.ш., саҳ.13
  25. Ҷаъфариён, Дин ва сиёсат дар давраи Сафавия, 1370ҳ.ш., саҳ.331–333
  26. Ҷаъфариён, Дин ва сиёсат дар давраи Сафавия, 1370ҳ.ш., саҳ.331

Ёддошт

  1. Атабот вожаи арабӣ буда ҷамъи "атаба" ба маънии астони муқаддас аст, ки ишора бар мазори шарифи шаш имоми маъсум (Имом Алӣ (а), Имом Ҳусайн (а), Имом Козим (а), Имом Ҷавод (а), Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Асқарӣ (а)) дар кишвари Ироқ дорад ва ба он остонҳои муқаддас, ки маҳҳалли зиёрати зоирон аст Атаботи Олиёт гуфта мешавад.

Сарчашма

  • Оқобузург Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсайн, Табақоти аъломи шиа ва ӯ нуқабои башар дар қарни чордаҳуми ҳиҷрӣ, Бейрут, Дор Иҳёи Тураси Арабӣ, 1430ҳ.қ.
  • Олимаҳбуба, Ҷаъфар бин Боқир, Мозии Наҷаф ва ҳозираш, Бейрут, Дорул-азво, 1406ҳ.қ.
  • Абозарӣ, Абдурраҳим, Оятуллоҳ Буруҷердӣ, ояти ихлос, Теҳрон, Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиб, 1383ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Саҳифаи Имом, Теҳрон, Муассисаи нашру интишори осори Имом Хумайнӣ, 1389ҳ.ш.
  • Туркман, Муҳаммад, Асноде дар бораи ҳамлаи Англия ва Русия ба Эрон, Теҳрон, Дастгоҳи мутолеоти сиёсӣ ва байналмилалӣ, бе таърих.
  • Ҷаъфариён, Расул, Дин ва сиёсат дар давраи Сафавия, Қум, Ансориён, 1370ҳ.ш.
  • Хаттоб, Ҷавод Козим, «توظیف الحشد الشعبی فی المدرک السیاسی العراقی», дар маҷаллаи Ҳаммӯробӣ, соли 7, шумораи 29, зимистони 2019м.
  • «دو فتوای جهاد», вебгоҳи пойгоҳи иттилоърасонии ҳавза, санаи интишор: 25 урдибиҳишти 1389ҳ.ш., санаи боздид: 15 шахривари 1403ҳ.ш.
  • Раббонӣ, Маҳдӣ ва Сайид Иброҳим Ҳусайнӣ, «Ҷойгоҳи иҷозаи Вали Фақеҳ дар ҷиҳод», дар маҷаллаи Ҳукумати Исломӣ, шумораи 90, зимистони 1390ҳ.ш.
  • Раҷабӣ, Муҳаммадҳасан, Рисолаҳо ва фатвоҳои ҷиҳодӣ: шомили рисолаҳо ва фатвоҳои уламои ислом дар ҷиҳод бо қудратҳои истиёморӣ, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1378ҳ.ш.
  • Ранҷбар, Муҳсин, «Сайре дар зиндагӣ, фаъолиятҳо ва андешаи сиёсӣ Сайид Абдулҳусайн Мусавии Лорӣ», дар маҷаллаи Омуза, шумораи 3, тобистони 1382ҳ.ш.
  • Салимӣ, Алииризо ва дигарон, «Баррасии ихтиёроти ҳокими исломӣ дар ҳукми ҷиҳоди дифоӣ аз манзари фиқҳи имомия», дар маҷаллаи Мутолеоти дифои муқаддас, шумораи 26, тобистони 1400ҳ.ш.
  • Заргаринежод, ҒуломҲусайн, «Баррасии Аҳкомулҷиҳод ва Асбобуррашод (нахустин асар дар адабиёти таквинии ҷиҳодии таърихи муосири Эрон)», дар маҷаллаи Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонӣ, шумораи 155, соли 1379ҳ.ш.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин бин Алӣ, Масоликул-афҳам ило танқиҳи шароиъул-ислом, Қум, Муассисаи маъорифи исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • «ضد صهیونیسم، مدافع فلسطین مختصری از علامه کاشف الغطاء», дар маҷаллаи электронии Ухуввати исломӣ, санаи интишор: 3 хурдоди 1397ҳ.ш., санаи боздид: 18 шахривари 1403ҳ.ш.
  • Таботабоии Карбалои, Сайид Алӣ, Риёзул-масоил фӣ баёни аҳком биддалоил, Қум, Муассисаи Олибайт(а), 1418ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасани бин Юсуф, Тазкиратул-фуқаҳо, Қум, Муассисаи Олибайт(а), 1414ҳ.қ.
  • «غزه مقاومت کن! بوی حکم جهاد می‌آید...», вебгоҳи рӯзномаи Иқтисоди Сарамад, санаи интишор: 27 меҳри 1402ҳ.ш., санаи боздид: 12 шахривари 1403ҳ.ш.
  • Сарҳадӣ, Ризо, «علمایی که نسبت به مسئله فلسطین واکنش نشان دادند», вебгоҳи Пажӯҳишкадаи таърихи муосир, санаи интишор: 13 дейи 1400ҳ.ш., санаи боздид: 9 шахривари 1403ҳ.ш.
  • Ҷаъфарӣ, Алиакбар, «فتوای جهاد در سیمای تاریخ», вебгоҳи хабаргузории ИМНА, санаи интишор: 5 урдибиҳишти 1401ҳ.ш., санаи боздид: 7 шаҳривари 1403ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Доиратулмаорифи фиқҳи муқоран, Қум, Мадрасаи Имом Алӣ бин Абитолиб(а), чопи аввал, 1427ҳ.қ.
  • Мунтазарӣ, Ҳусайналӣ, Посух ба пурсишҳое пиромун муҷозоти исломӣ ва ҳуқуқи башар, беҷо, Арғавони дониш, 1387ҳ.ш.
  • «یک قرن همراهی دو ملت ایران و عراق در مبارزه با استکبار», вебгоҳи Маркази асноди инқилоби исломӣ, санаи интишор: 5 бахмани 1398ҳ.ш., санаи боздид: 10 шахривари 1403ҳ.ш.