Силоҳи куштори ҷамъӣ
Мақолаҳои Викишиа бо равиши «пайванд бо мактаби Аҳли Байт (а)» навишта мешаванд. Барои огоҳӣ аз ҷанбаҳои дигар мавзӯъ, ба манобеи дигар муроҷиа кунед.
Силоҳи куштори ҷамъӣ (форсӣ: سلاح کشتار جمعی) силоҳест, ки ба коргирии он боиси кушта шудани ғайринизомиён ва харобии бозгаштнопазири муҳити зист мешавад. Ба бовари фақеҳони шиа, истифодаи ибтидоӣ аз ин таслеҳот, яъне пеш аз он ки душман онҳоро ба кор бигирад, ҳаром аст; аммо дар бораи ба коргирии онҳо дар шароити изтирор, яъне замоне ки лозимаи пирӯзӣ бар душман истифода аз онҳо бошад, назарҳои мутафовит доранд. Бархе гуфтаанд ба коргирии онҳо ҷоиз аст ва касоне ба ҳаром будани ин кор фатво додаанд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки анвои ҷадиде аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ, чун силоҳи ҳастаӣ ва шимиёӣ тавлид шудааст, бархе аз фақеҳон дар бораи онҳо фатво додаанд; аз ҷумла Сайид Алӣ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон ва аз мароҷеъи тақлиди шиа, дар фатвои ҳаром будани сохту ба коргирии силоҳи ҳастаӣ, ин силоҳҳоро таҳдиде бар зидди башар шумурда ва тавлиду нигаҳдории онҳоро ҳаром эълом кардааст.
Таъриф ва аҳамият
Силоҳҳои куштори ҷамъӣ ба силоҳҳое гуфта мешавад, ки ҳангоми ба коргирӣ барои аҳдофи низомӣ, боиси кушта шудани ғайринизомиён ва харобии ҷуброннопазири муҳити зист мешавад.[1]
Масъалаи силоҳҳое ки дар ҳангоми истифода аз онҳо эҳтимоли кушта шудани ғайринизомиён аз ҷумлаи кӯдакон, занон, пирон ва асирони мусалмон равад, дар замони садри Ислом ва Паёмбар (с) ҳам вуҷуд дошта ва мавриди таваҷҷуҳи ривоёти шиӣ низ будааст.[2] Абулқосим Алидӯст, мударриси дарси хориҷи фиқҳ ва усул дар ҳавзаи илмияи Қум, гузориш кардааст ки фақеҳони шиа, дастикам аз даҳ қарн пеш, дар бораи ин масъала баҳс кардаанд.[3]
Дар қарни чордаҳум ва понздаҳуми шамсӣ, намунаҳои ҷадиде барои силоҳи куштори ҷамъӣ, монанди силоҳи ҳастаӣ ва шимиёӣ зуҳур карда[4] ва паёмадҳое дошта, ки дар гузашта набудааст; ба ҳамин сабаб, ин масъаларо аз масоили мустаҳдасаи фиқҳӣ ҳам донистаанд.[5]
Ҳукми шаръии силоҳи куштори ҷамъӣ
Фақеҳони шиа масъалаи силоҳҳои куштори ҷамъиро аз чанд ҷиҳат баррасӣ кардаанд: истифодаи ибтидоӣ (пеш аз он ки душман ба ин кор иқдом кунад), тавлиду нигаҳдорӣ, ва ба коргирии онҳо дар ҳолати зарурат:
Бинобар пажӯҳише, ҳама фақеҳони шиа истифодаи ибтидоӣ аз силоҳҳои куштори ҷамъиро ҳаром медонанд.[6] Абулқосим Алидӯст гуфтааст фақеҳони шиа ҳаддиақал аз даҳ қарн пеш ба ҳаром будани истифода аз силоҳу абзорҳое фатво додаанд ки боиси куштори васеи инсонҳо ва нобудии мавҷудоти зинда ва харобии муҳити зист мешавад.[7]
Дар бораи тавлиду нигаҳдории онҳо низ, бо таваҷҷуҳ ба зуҳури анвои ҷадиде аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ,[8] гурӯҳе аз фақеҳон фатво додаанд; аз ҷумла Оятуллоҳ Хоманаӣ ба ҳаром будани сохту ба коргирии силоҳи ҳастаӣ ва силоҳҳои куштори ҷамъӣ, фатво дода ва онҳоро таҳдиде ҷиддӣ бар зидди башар донистааст.[9] Бархе мароҷеъи тақлид чун Макорими Шерозӣ, Нурӣ Ҳамадонӣ, Ҷаъфари Субҳонӣ ва Ҷаводии Омулӣ ин дидгоҳи фиқҳиро таъйид ва бар он таъкид кардаанд.[10] Макорими Шерозӣ тавлиду нигаҳдории ин силоҳҳоро номувофиқ бо фитрати инсонӣ шумурдааст.[11]
Назари фақеҳони шиа дар бораи ҳолати зарурат ё замоне ки пирӯзии мусалмонон вобаста ба истифодаи таслеҳоти куштори ҷамъӣ аст мутафовит аст: бархе аз фақеҳони шиа, чун Муҳаққиқи Ҳиллӣ (602–676ҳ.қ.), Шайх Тӯсӣ (385–460ҳ.қ.) ва Шаҳиди Сонӣ (911–955 ё 965ҳ.қ.) мӯътақиданд истифода аз ин таслеҳот дар чунин мавридҳо ҷоиз аст;[12] дар муқобил, Оқозиёи Ироқӣ (1278–1361ҳ.қ.) истифода аз заҳрро — ки силоҳи куштори ҷамъии он замон маҳсуб мешуда — ҳатто агар пирӯзӣ вобаста ба он бошад, мамнӯъ медонад.[13]
Эзоҳ
- ↑ Рустамии Наҷафободӣ ва Фарҳодиён, «Ҷиноят шумурда шудани иқдом алайҳи башарият бо истифода аз силоҳҳои ҳастаӣ аз дидгоҳи фиқҳ бо равиши фатвои Раҳбари муаззами инқилоб», саҳ.103; Абдӣ ва дигарон, «Таҳлили мафҳуми силоҳҳои куштори ҷамъӣ ва татбиқи он бар дидгоҳи исломӣ бо таъкиди бар андешаҳои Мақоми муаззами раҳбарӣ», саҳ.720
- ↑ Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.70
- ↑ «بررسی تحریم سلاح کشتار جمعی در تاریخ تشیع», Пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Алидӯст
- ↑ Абдӣ ва дигарон, «Таҳлили мафҳуми силоҳҳои куштори ҷамъӣ ва татбиқи он бар дидгоҳи исломӣ бо таъкиди бар андешаҳои Пешвои муаззам», саҳ.717; Рабонӣ ва дигарон, «Баррасии адиллаи ҷоиз ё ҳаром будани тавлид ва анбоштани силоҳҳои куштори ҷамъӣ», саҳ.90
- ↑ Боқирзодаи Мушкибоф, «Унсурҳои муайянкунанда дар ҳаллу фасли масоили мустаҳдаса», саҳ.50
- ↑ Рустамӣ ва дигарон, «Ҷиноят шумурда шудани иқдом алайҳи башарият бо истифода аз силоҳҳои ҳастаӣ аз дидгоҳи фиқҳ», саҳ.110
- ↑ «بررسی تحریم سلاح کشتار جمعی در تاریخ تشیع», пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Алидӯст
- ↑ Абдӣ ва дигарон, «Таҳлили мафҳуми силоҳҳои куштори ҷамъӣ ва татбиқи он бар дидгоҳи исломӣ бо таъкиди бар андешаҳои Пешвои муаззам», саҳ.717; Рабонӣ ва дигарон, «Баррасии адиллаи ҷоиз ё ҳаром будани тавлид ва анбоштани силоҳҳои куштори ҷамъӣ», саҳ.90
- ↑ «پیام به نخستین کنفرانس بینالمللی خلع سلاح هستهای و عدم اشاعه», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «تحریم سلاح کشتار جمعی در تاریخ تشیع», хабаргузории ИСНА
- ↑ Мақорими Шерозӣ, «Мабонии ҳаром будани силоҳҳои куштори ҷамъӣ аз дидгоҳи Пешвои муаззам», Балиғ Нюз
- ↑ Муҳаққиқи Ҳилӣ, Шароъиул-Ислом, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.283; Тӯсӣ, ал-Мабсӯт, ҷ.2, саҳ.11; Шаҳиди Сонӣ, Масолик ал-Ифҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.25
- ↑ Оқо Зиёи Ироқӣ, Шарҳи Табсиратул-Мутааллимин, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.404
Сарчашма
- Оқо Зиёи Ироқӣ, Алӣ ибни Мулло Муҳаммад, Шарҳи Табсиратул-Мутааллимин, Қум, Дафтари нашри исломӣ, 1414ҳ.қ.
- Боқирзодаи Мушкибоф, Муҳаммадтақӣ, «عناصر تعیینکننده در حل مسائل مستحدثه», маҷаллаи Кавӯши нав дар фиқҳ, Қум, Дафтари таблиғоти исломии Ҳавзаи илмӣ, шумораи 43, баҳори 1384ҳ.ш.
- «بررسی تحریم سلاح کشتار جمعی در تاریخ تشیع», пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Алидӯст, санаи нашр: 9 меҳри 1393ҳ.ш., санаи боздид: 25 деи 1402ҳ.ш.
- «تحریم سلاح کشتار جمعی در تاریخ تشیع», хабаргузории ИСНО, санаи нашр: 27 хордади 1393ҳ.ш., санаи боздид: 20 деи 1402ҳ.ш.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار دانشمندان هستهای», пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи нашр: 3 исфанди 1390ҳ.ш., санаи боздид: 29 меҳри 1403ҳ.ш.
- Ҳур ал-Ъомилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Тафсили Васоил аш-Шиъа ило таҳсили масоили шареъа, Қум, Муассисаи Олибайт (а), 1409ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Ҳилӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароъиул-Ислом фи масоили ҳалол ва ҳаром, Қум, Муассисаи Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
- Рабонӣ, Маҳдӣ ва Аббосалии Рӯҳонӣ, «بررسی ادله جواز یا حرمت تولید و انباشت سلاحهای کشتار جمعی», фаслномаи Фиқҳ ва Усул, №123, 1399ҳ.ш.
- Рустамии Наҷафободӣ, Ҳомид ва дигарон, «جرم بودن اقدام علیه بشریت بهوسیله سلاحهای هستهای از نگاه فقه», фаслномаи Фиқҳ ва мабонии ҳуқуқи исломӣ, №4, 1399ҳ.ш.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайну-ддин ибни Алӣ, Масолик ал-Ифҳом ило танқеҳи Шароъиул-Ислом, Қум, Муассисаи ал-Маориф ал-Исломия, 1413ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Алӣ ибни Муҳаммад, Риёз-ул-масоил фи таҳқиқи ал-Аҳком бил-Далоил, Қум, Муассисаи Олибайт (а), 1418ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсӯт фи фиқҳ ал-Имомия, таҳқиқ: Сайид Муҳаммадтақӣ Кашфӣ, Теҳрон, Кутубхонаи Муртазоӣ, 1387ҳ.қ.
- Абдӣ, Ҳасан ва Муҳаммадҷавод Ҳошимӣ, «بررسی تحلیلی مفهوم سلاحهای کشتار جمعی و تطبیق آن بر دیدگاه اسلامی با تأکید بر آرای مقام معظم رهبری امام خامنهای», фаслномаи Сиёсат, №3, 1397ҳ.ш.
- Мақорими Шерозӣ, Носир, «مبانی تحریم سلاحهای کشتار جمعی از منظر معظم له», Балиғниюз, санаи боздид: 29 меҳри 1403ҳ.ш.