Jump to content

Ҷиҳоди дифоӣ

Аз wikishia
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Ҷиҳоди дифоӣ (форсӣ: جهاد دفاعی) ба маънои мубориза бо ҳар душмане аст, ки қасди нобуд кардани дини Ислом ё таҷовуз ба сарзаминҳои исломӣ дорад. Ҳадаф аз ҷиҳоди дифоӣ ҳифзи Ислом ва ҳамчунин ҳифзи ҷон, мол ва номӯси мусулмонон аст.

Ҷиҳоди дифоӣ дар баробари ҷиҳоди ибтидоӣ қарор дорад, ки ҷанге аст бо куффор ки мусулмонон худ оғозгари он ҳастанд ва ҳадаф аз он густариши Ислом аст. Бархе аз олимони шиа ҷиҳоди дифоиро аз ҷиҳоди ибтидоӣ бартар донистаанд.

Ба фатвои фуқаҳо, бар ҳамаи мусулмонон воҷиб аст аз сарзамине, ки мавриди таҳоҷум қарор гирифта, дифоъ кунанд ва танҳо шарти он, қудрату тавонои фард бар дифоъ ва муқовимат дар баробар душман аст. Дар вуҷуби ҷиҳоди дифоӣ, бар хилофи ҷиҳоди ибтидоӣ, ҳузур ва иҷозаи имоми маъсум (а) ё ноиби ӯ шарт нест.

Ба бовари фуқаҳо дар сурати тазоҳуми ҷиҳоди дифоӣ бо воҷибот ё муҳаррамоти Илоҳӣ назири ҳамзамонӣ бо маносики ҳаҷ ё ҷангидан дар моҳҳои ҳаром, ҷиҳоди дифоӣ бар ин умур муқаддам аст.

Таъриф ва аҳамияти ҷиҳоди дифоӣ

Манзур аз ҷиҳоди дифоӣ пайкор бо душманоне аст, ки ба сарзаминҳои исломӣ ҳуҷум овардаанд.[1] Ин навъ аз ҷиҳод ба манзури дифо аз Ислом[2] ва сарзаминҳои исломӣ[3] анҷом мешавад. Ҷиҳоди дифоӣ дар муқобили ҷиҳоди ибтидоӣ қарор дорад ки манзур аз он ҷангӣ аст ки мусулмонон, худ оғозгар онанд ва ба манзури даъвати мушрикону куффор ба Ислом сурат мегирад.[4]

Ҷаъфари Кошифулғито аз фақиҳони қарни сездаҳуми қамарӣ, ҷиҳоди дифоиро бартар аз ҷиҳоди ибтидоӣ донистааст.[5] Бештари фуқаҳо муътақиданд кушташудагони ҷиҳоди дифоӣ низ монанди кушташудагони ҷиҳоди ибтидоӣ, шаҳид маҳсуб мешаванд ва аҳкоми шаҳид бар онҳо ҷорӣ мешавад.[6]

Вуҷуби ҷиҳоди дифоӣ ва шароити он

Ба фатвои фуқаҳо, ҷиҳоди дифоӣ бар касоне, ки қудрати ҷангидан дошта бошанд (марду зан, кучаку бузург, солиму бемор ва дуру наздик ба маҳалли ҷанг)[7] воҷиби кифоӣ аст. Пас танҳо шарти он «қудрату тавоноии фард бар дифоъ ва муқовимат»аст[8] ва вуҷуби он, бар хилофи ҷиҳоди ибтидоӣ,[9] машрут ба ҳузур ё иҷозаи имом (а) ё ноиби ӯ нест.[10]

Далели вуҷуби ҷиҳоди дифоӣ, илова бар далели ақлӣ,[11] ҷилавгирӣ аз нобуд шудани кишварҳои исломӣ ва пирӯзии куфр ва ширк бар Ислом дониста шудааст.[12] Соҳби Ҷавоҳир, аз фақиҳони шиа, вуҷуби ҷиҳоди дифоиро ба оёте аз Қуръон[Ёддошт 1] ва ривоёт[13] ва ҳамчунин иҷмоъ[14] мустанад кардааст.[15]

Аҳком

Бархе аз аҳкоми ҷиҳоди дифоӣ ба шарҳ зер аст:

  • Тибқи дидгоҳи машҳури миёни фуқаҳо, ҷиҳоди дифоӣ танҳо бар мусулмононе воҷиб нест, ки мавриди ҳуҷуми душман қарор гирифтаанд; балки ҳамаи мусулмонон вазифа доранд аз мусулмононе ки дар сарзаминҳои исломӣ мавриди таҷовуз қарор гирифтаанд, дифоъ кунанд[16] ва модоме ки ба миқдори ниёз ба дифоъ барнахоста бошанд, таклиф аз ҳеҷ кас соқит намешавад.[17]
  • Дар сурати тазоҳум[Ёддошт 2] байни ҷиҳоди дифоӣ бо дигар воҷиботи Илоҳӣ назири ҳаҷ, ҷиҳоди дифоӣ муқаддам бар онҳост.[18] Ҳамчунин агар лозимаи дифоъ аз сарзаминҳои исломӣ анҷоми муҳаррамоти Илоҳӣ назири ҳамкорӣ бо султони ҷоир,[19] ҷанг дар моҳҳои ҳаром[20] ё куштани мусулмоне бошад, ки сипари инсонӣ қарор дода шудаанд[21] ҷоиз аст ин кор анҷом шавад.

Ақсоми ҷиҳоди дифоӣ

Аз дидгоҳи Ҷаъфар Кошифулғито, ҷиҳод панҷ қисм дорад, ки чаҳор қисми он дифоӣ ва фақат як қисми он ибтидоӣ аст. Чаҳор қисми ҷиҳоди дифоӣ иборатанд аз:

  1. Ҷиҳод барои ҳифзи асоси Ислом дар баробари ҳуҷуми куффор ба сарзаминҳои мусулмонон, ки бо ҳадафи маҳви Ислом ва ҳоким кардани куфру нишонаҳои он анҷом шудааст;
  2. Ҷиҳод барои дафъи мутаҷовизон ба хӯну навомиси мусулмонон;
  3. Ҷиҳод барои дифоъ аз мусулмононе ки бо гурӯҳе аз куффори даргир шуда ва тарси мусаллат шудани куффор бар онон ҳаст;
  4. Ҷиҳод ба манзури берун рондани кофароне, ки бар сарзамини мусулмонон мусаллат шудаанд.[22] Ин қисм аз дигар ақсом бартар аст.[23]

Фарқи ҷиҳоди дифоӣ бо ҷиҳоди ибтидоӣ

Фуқаҳо барои равшан шудани мафҳум ва ҳудуди ҷиҳоди дифоӣ ва ҷиҳоди ибтидоӣ, тафовутҳое байни он ду зикр кардаанд; аз ҷумла:

  • Ҳадаф аз ҷиҳоди дифоӣ ҷилавгирӣ аз маҳви Ислом ва аз байн рафтани ҷомеъаи исломӣ ва ҳаросат аз истиқлол, ҷону номуси мусулмонон аст;[24] аммо ҷиҳоди ибтидоӣ ба манзури густариши доманаи Ислом сурат мегирад.[25]
  • Ҳеҷ як аз шароити вуҷуби зикршуда дар ҷиҳоди ибтидоӣ дар ҷиҳоди дифоӣ лозим нест ва тавоноӣ дар дифоъ кофӣ аст.[26]
  • Ҷиҳоди ибтидоӣ фақат дар муқобили куффор сурат мегирад; аммо ҷиҳоди дифоӣ дифоъ дар баробари ҳар душмане аст; чи кофар, чи мусулмон.[27]
  • Дар ҷиҳоди ибтидоӣ, тахаллуф аз ақди зимма, амон, сулҳ ва паймон ҷоиз нест; аммо дар ҷиҳоди дифоӣ агар тарс аз қудрати душман падид ояд, тахаллуф аз ин умур ва монанди он ҷоиз аст.[28]
  • Дар ҷиҳоди дифоӣ, дар сурати нокофӣ будани буҷети умумии байтулмол, ҳоким метавонад ба иҷбор аз мардум хароҷоти дифоъро дарёфт кунад. Бар хилофи ҷиҳоди ибтидоӣ ки шарти вуҷубаш тавонои молии мусулмонон зикр шудааст.[29]

Намунаҳое аз фатвоҳои ҷиҳодӣ

Фақиҳон дар ҳангоме ки сарзаминҳои исломӣ дар маърази таҷовузи бегонагон қарор мегирифт бо судури фатво мардумро ба дифоъ дар баробари душман тарғиб мекарданд; монанди:

«Расоилу фатоваии ҷиҳодии навиштаи Муҳаммадҳасани раҷабии

Такнигорӣ

Китоби «Расоил ва фатовои ҷиҳодӣ шомили рисолаҳо ва фатвоҳои уламои исломӣ дар ҷиҳод бо қудратҳои истеъмор», дарбаргирандаи 95 унвони рисола ва фатвоҳое аст, ки фақиҳон таи солҳои 1200 то 1338ҳ.қ. содир кардаанд. Ин маҷмуаро Муҳаммадҳасани Раҷабӣ дар як ҷилд гирд оварда ва Вазорати фарҳангу иршоди исломии Эрон дар соли 1378ҳ.ш. мунташир кардааст.[36]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Абуссалоҳ Ҳалабӣ, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, 1403ҳ.қ., саҳ.246; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1313ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.8; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.15
  2. Барои намуна ниг.: Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.8
  3. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.379; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.4
  4. Сарромӣ ва Адолатнажод, «Ҷиҳод», 1386ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.434
  5. Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.289
  6. Барои намуна ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Муътабар, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.311; Зикр-аш-шиа, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.321; Муҳаққиқи Сонӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.365; Мирзои Қумӣ, Ғаноим-ул-айём, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.396; Хуӣ, ат-Танқиҳу фи шарҳ-ил-Урват-ил-вусқо, 1421ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.376. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.16 - 15; Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.39; Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.333
  7. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.8
  8. Барои намуна ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1498ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.287; Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.37; Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.288; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.461
  9. Амиди Занҷонӣ, Фиқҳи сиёсӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.139
  10. Барои намуна ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.37; Таботабоӣ Карбалоӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.14; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.18; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.461
  11. Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дор-ут-тафсир, ҷ.15, саҳ.101
  12. Марворид, Силсилат-ул-янобиъ-ил-фиқҳия, 1413ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.32
  13. Ҳури Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.30
  14. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.47
  15. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.18 - 19
  16. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.8
  17. Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.291
  18. Мирзои Қумӣ, Ҷомеъ-уш-шитот, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.394
  19. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.310 - 312
  20. Ироқӣ, Шарҳу табсират-ил-мутаъаллимин, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.320
  21. Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.283; Аллома Ҳиллӣ, Талхис-ул-маром, 1421ҳ.қ., саҳ.79
  22. Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.287 - 289
  23. Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.289
  24. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.14
  25. Мунтазирӣ, Диросотун фи вилоят-ил-фақиҳ, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.115
  26. Барои намуна ниг.: Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1410ҳ.қ., саҳ.810; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.8; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.47
  27. Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.291
  28. Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.291
  29. Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.333 - 334
  30. Раҷабӣ, Расоил ва фатовои ҷиҳодӣ, 1378ҳ.ш., саҳ.22
  31. Оли Маҳбуба, Мози-н-Наҷафи ва ҳозируҳо, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.326
  32. «المرجعیة الشیعیة و قضایا العالم الإسلامی من فتاوی و مواقف الإمام الشیخ محمد الحسین آل کاشف الغطاء عن فلسطین», Маҷаллату ал-Мавсим, саҳ.191
  33. Абозарӣ, Оятуллоҳ Буруҷердӣ ояти ихлос, 1383ҳ.ш., саҳ.117
  34. Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.199
  35. Ҳаттоб, «Тавзиф-ул-ҳашд-уш-шаъбӣ фи-л-мадрак-ис-сиёсий-ил-ироқӣ», саҳ.108
  36. Раҷабӣ, Расоил ва фатовои ҷиҳодӣ, 1378ҳ.ш., саҳ.13

Ёддошт

  1. Оёти 190 ва 191 сураи Бақара; ояти 216 сураи Бақара; ояти 123 сураи Тавба; оёти 39 ва 40 сураи Ҳаҷ; ояти 60 сураи Анфол
  2. Тазоҳум истилоҳе дар илми усули фиқҳ ва фиқҳ, ба маънои қудрат надоштани мукаллаф бар иҷрои ду ҳукм дар як замон аст. (Рӯҳонӣ, Мантиқ-ул-усул, 1416ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.305.)

Сарчашма

  • ««المرجعیة الشیعیة و قضایا العالم الإسلامی من فتاوی و مواقف الإمام الشیخ محمد الحسین آل کاشف الغطاء عن فلسطین», Маҷаллату ал-Мавсим, кишвари Ҳоланд, шаҳри Недерланд, №18, 1414ҳ.қ.
  • Абозарӣ, Абдураҳим, Оятуллоҳ Буруҷердӣ ояти ихлос, Теҳрон, Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, 1383ҳ.ш.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, Муассисаи Оли-л-Байт (а), 1414ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Талхис-ул-мароми фи маърифат-ил-аҳком, Қум, Мактаб-ул-аълом-ил-исломӣ, 1421ҳ.қ.
  • Алломаи Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизони фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, муассисаи Исмоилён, 1412ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Саҳифаи Имом, Теҳрон, Муассисаи тавзеъ ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1389ҳ.ш.
  • Ироқӣ, Зиёуддин, Шарҳу табсират-ил-мутаъаллимин, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1414ҳ.қ.
  • Кошифулғито, Ҷаъфар ибни Хизр, Кашф-ул-ғитои ан мубҳамоти шариъат-ил-ғарро, Қум, интишороти Дафтари таблиғоти исломии Ҳавзаи илмияи Қум, 1422ҳ.қ.
  • Марворид, Алиасғар, Силсилат-ул-янобиъ-ил-фиқҳия, Бейрут, Муассисату фиқҳ-иш-шиа, 1413ҳ.қ.
  • Мирзои Қумӣ, Абулқосим, Ғаноим-ул-айёми фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, беҷо, Мактаб-ул-аълом-ил-исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Мирзои Қумӣ, Абулқосим, Ҷомеъ-уш-шитот, тасаҳеҳ: Муртазо Разавӣ, Теҳрон, Муассисаи Кайҳон, 1377ҳ.ш.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, Диросотун фи вилоят-ил-фақиҳи ва фиқҳ-ид-давлат-ил-исломия, Қум, Нашри тафаккур, 1415ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Сонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосиди фи шарҳ-ил-қавоид, Қум, Муассисаи Оли-л-Байт (а), 1414ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Исломи фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, таҳқиқ: Абдулҳусайн Маҳмадалии Баққол, Қум, Исмоилён, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, ал-Муътабари фи шарҳ-ил-мухтасар, Қум, Муассисаи Сайидушшуҳадо, 1364ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-каломи фи шарҳи Шароеъ-ул-Ислом, таҳқиқ: Муҳаммади Қучонӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
  • Оли Маҳбуба, Ҷаъфар ибни Боқир, Мози-н-Наҷафи ва ҳозируҳо, Бейрут, Дор-ул-азво, 1406ҳ.қ.
  • Раҷабӣ, Муҳаммадҳасан, Расоил ва фатовои ҷиҳодӣ шомили рисолаҳо ва фатвоҳои уламои исломӣ дар ҷиҳод бо қудратҳои истеъмор, Теҳрон, Вазорати фарҳангу иршоди исломӣ, 1378ҳ.ш.
  • Рӯҳонӣ, Сайид Муҳаммад, Муната-л-усул, муқарар: Сайид Абдуссоҳиби Ҳаким, Қум, нашри дафтари Оятуллоҳ Сайид Муҳаммад Ҳусайнии Рӯҳонӣ, 1416ҳ.қ.,
  • Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Муҳаззаб-ул-аҳкоми фи баёни ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, Дор-ут-тафсир, бе то.
  • Сарромӣ, Сайфуллоҳ; Саид Адолатнажод, «Ҷиҳод», дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, Бунёди Доират-ул-маорифи исломӣ, 1386ҳ.ш.
  • Таботабоӣ Карбалоӣ, Сайид Алӣ, Риёз-ул-масоили фи баён-ил-аҳкоми би-д-далоил, Қум, Муассисаи Оли-л-Байт (а), 1418ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, ат-Танқиҳу фи шарҳи ал-Урват-ул-вусқо, муқаррир: Алӣ Ғаравии Табрезӣ, Қум, Муассисаи эҳёи осори Имом Хуӣ, 1421ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Муқниъа, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсути фи фиқҳ-ил-имомия, Теҳрон, Мактабат-ул-муртазавия, 1387ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳоми ило танқеҳи Шароеъ-ул-Ислом, Қум, Муассисату ал-Маориф-ил-исломия, 1413ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳияти фи шарҳи ал-Лумъат-ид-димишқия, Қум, Китобфурӯшии Доварӣ, 1410ҳ.қ.
  • Ҳаттоб, Ҷавод Козим, «توظیف الحشد الشعبی فی المدرک السیاسی العراقی», дар маҷаллаи Ҳамуробӣ, соли ҳафтум, №29, зимистони 2019м.
  • Ҳури Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Тафсилу васоил-иш-шиати ило таҳсили масоил-иш-шариъа, Қум, Муассисату оли-л-байти (а) лиэҳё-ит-турос, 1416ҳ.қ.