Нафси аммора

Аз wikishia
Макорими ахлоқ

Нафси аммора (форсӣ: نَفْسِ اَمَّاره), ҳолати нафсоние аст, ки инсонро ба бадӣ ва гуноҳ мекашонад. Ин истилоҳ аз ояти 53 сураи Юсуф гирифта шудааст. Манзур аз ҳавоҳои нафсониро ҳамон нафси аммора медонанд. Ҳамчунин мурод аз ҷиҳод бо нафс ё ҷиҳоди акбар, ки дар ривоёт омадааст, мубориза бо нафси аммора дониста шудааст.

Аз нафси аммора дар муқобили нафси лаввома ва нафси мутмаинна ёд мешавад. Нафси аммора поинтарин рутбаи нафс аст. Рутбаи болотари нафс лаввома аст, ки дар он, инсон худро ба хотири хатоҳояш сарзаниш мекунад. Болотар аз он ҳам нафси мутмаинна қарор дорад, ки дар он ба оромиш ва итминон мерасад.

Мафҳумшиносӣ

Нафси аммора, ба маънои бисёр амркунанда ба бадиҳо, ҳолати нафсоние аст, ки дар он, инсон аз ақл пайравӣ намекунад ва ба самти гуноҳу фасод рӯ меоварад.[1] Ин истилоҳ аз ояти «إِنَّ النَّفْسَ لَأَمَّارَ‌ةٌ بِالسُّوءِ; нафс қатъан ба бадӣ амр мекунад»[2] гирифта шудааст.[3] Нафси аммора ҳамон ҳавоҳои нафсонӣ дониста шудааст.[4]

Нафси аммора, поинтарин рутбаи нафс

Бархе нафсро дорои дараҷоте медонанд ва нафси аммораро поинтарин дараҷаи он мешуморанд. Ба гуфта инҳо, нафс чанд рутба дорад: рутбаи поини он, нафси аммора аст, ки дар он инсон аз ақл фармон намебарад. Рутбаи болотар, нафси лаввома аст, ки дар он, худашро ба хотири корҳои бадаш маломат мекунад. Болотар аз ин рутба ҳам нафси мутмаинна аст.[5] Дар ин марҳала, бар асари мудовимат бар пайравӣ аз ақл, ин кор малака ё одати нафс мешавад ва ба итминону оромиш мерасад.[6]

Мунофот надоштани нафсҳои мухталиф бо як будани ҳувияти инсон

Олимони мусулмон мегӯянд, инсон танҳо як нафс ё худ дорад ва вуҷуди нафси аммораю лаввомаву мутмаинна бо яке будани нафс зиддият надорад. Ба ақидаи онҳо ин истилоҳот ҳолатҳо ва маротиби мухталифи нафсро нишон медиҳанд;[7] яъне вақте нафс ба корҳои бад фармон медиҳад, ба он нафси аммора мегӯем ва замоне, ки худро ба ҷиҳати он ки иштибоҳе аз ӯ сар зада, сарзаниш мекунад, онро нафси лаввома меномем.[8]

Мубориза бо нафси аммора

Мақолаи аслӣ: Ҷиҳоди нафс

Дар ҳадисе аз Пайғамбари Ислом (с), аз ҷанги низомӣ бо унвони ҷиҳоди асғар ёд шуда ва мубориза бо нафс, ҷиҳоди акбар номида шудааст.[9] Аллома Таботабоӣ, манзур аз мубориза бо нафс дар ин ҳадисро мубориза бо нафси аммора донистааст.[10] Ҳамчунин Аллома Маҷлисӣ бо истинод ба ҳадисе, ки мегӯяд, бузургтарин душмани ту нафси туст,[11] «бузургтарин душмани» инсонро нафси аммора шуморидааст.[12]

Муртазо Мутаҳҳарӣ ҳам бо истинод ба ҳадиси «المُجاهِد مَن جاهَدَ نَفْسَه; муҷоҳид касе аст, ки бо нафсаш ҷиҳод кунад»[13] навиштааст, манзур аз ҷиҳоди бо нафс, мубориза бо нафси аммора аст.[14]

Аз назари Хоҷа Насирудини Тусӣ, нафси аммора ҳамон мартабаи ҳайвонии нафси инсон аст. Масъулияти он, талош барои расидан ба шаҳавот ва ғароиз аст, то аз ин тариқ баданро ҳифз кунад. Нафси ҳайвонӣ тарбиятпазир нест, бинобар ин, бояд тавассути қувваи ғазаб кантрол шавад, то зиёдахоҳиҳои он боиси табоҳии нафс нашавад.[15]

Дар адабиёти форсӣ

Истилоҳи нафси аммора дар адабиёти форсӣ корбурд ёфтааст. Барои мисол, Саъдӣ дар шеъре паёмади пайравӣ аз нафси аммораро хорӣ баён кардааст:

Кунад мардро нафси аммора хор
Агар ҳушмандӣ, азизаш мадор![16]

Маҳмуди Шабистарӣ, ориф ва шоири қарни ҳаштуми қамарӣ, нафси аммора ва лаввомаро таъриф ва бо ҳам муқоиса кардааст:

Чу мехоҳӣ бидонӣ нафсу Шайтон,
Ту шайтон, куфри нафси хеш медон.
Агар нафси ту аммораст, Шайтон
Чу лаввома шавад, гардад мусалмон.
Чу бошад тунд, аммораст номаш,
Бувад лаввома, чун карданд ромаш.[17]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Мисбоҳи Яздӣ, Оини парвоз, 1399ҳ.ш., саҳ.27.
  2. Сураи Юсуф, ояти 53.
  3. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.67, саҳ.37.
  4. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.67, саҳ.36; Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.592.
  5. Мисбоҳи Яздӣ, Оини парвоз, 1399ҳ.ш., саҳ.26 - 27; Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.595 - 596.
  6. Мисбоҳи Яздӣ, Оини парвоз, 1399ҳ.ш., саҳ.27.
  7. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.67, саҳ.36 - 37; Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.595; Мисбоҳи Яздӣ, “Ахлоқ ва ирфони исломӣ”, саҳ.8.
  8. Мисбоҳи Яздӣ, “Ахлоқ ва ирфони исломӣ”, саҳ.8.
  9. Нигоҳ кунед ба Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.12.
  10. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.411.
  11. Маҷмӯаи варом, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.59.
  12. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.67, саҳ.36 - 37.
  13. Сайиди Разӣ, ал-Муҷозот-ун-набавия, 1380ҳ.ш./1422ҳ.қ., саҳ.194.
  14. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.592.
  15. Хоҷанасриддини Тусӣ, Ахлоқи Носирӣ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.41.
  16. Саъдӣ, Бустон, боби шашум дар қаноат, бахши 4, Ганҷур.
  17. Шабистарӣ, Канз-ул-ҳақоиқ, вебгоҳи Ганҷур.

Сарчашма

  • Варом ибни Абифарос, Масъуд ибни Исо, Маҷмӯаи варом, Қум, китобхонаи Фақиҳ, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбори аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, “Ахлоқ ва ирфони исломӣ”, Маърифат, шумораи 127, 1387ҳ.ш.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Оини парвоз, талхиси Ҷавод Муҳаддисӣ, Қум, интишороти муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ, чопи нуҳум, 1399ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор, Теҳрон, интишороти Садро, 1389ҳ.ш.
  • Насридини Тусӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Ахлоқи Носирӣ, Теҳрон, илмияи исломия, 1413ҳ.қ.
  • Сайиди Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, ал-Муҷозот-ун-набавия, Қум, Дорул-ҳадис, тҳқиқ/тасҳеҳ: Маҳдии Ҳушманд, чопи аввал, 1380ҳ.ш./1422ҳ.қ.
  • Саъдӣ, Муслеҳиддин, Бустон, боби шашум дар қаноат, бахши 4, таърихи боздид: 28 урдибиҳишти 1396ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Шабистарӣ, Маҳмуд, Канз-ул-ҳақоиқ, вебгоҳи Ганҷур, таърихи боздид: 27 обони 1399ҳ.ш.