Нафси мутмаинна

Аз wikishia
Макорими ахлоқ

Нафси мутмаинна (ба арабӣ: نفْس مُطمَئِنّه) ба ҳолате аз нафси инсон ишора дорад, ки дар он ба оромиш ва итминон мерасад ва ба гуноҳ гароиш надорад. Ин калима дар ояти 27 сураи Фаҷр омадааст.

Нафси мутмаинна дар баробари нафси аммора ва нафси лаввома, болотарин мартабаи нафс шумурда шудааст. Дар нафси аммора инсон ба гуноҳ савқ дода мешавад ва дар нафси лаввома ҳам инсон худро ба хотири хатоҳояш мазаммат мекунад. Ба ақидаи олимони мусулмон инсон танҳо як нафс дорад ва вуҷуди нафси аммораю лаввомаю мутмаинна бо яке будани нафс мунофот надорад, балки ин истилоҳот ҳолатҳо ва маротиби мухталифи нафсро нишон медиҳанд.

Дар бархе аз аҳодис, бо баёни ояти нафси мутмаинна, мисдоқҳое барои нафси мутмаинна зикр шудааст. Имом Алӣ (а), Имом Ҳусайн (а) ва касе ки ба Пайғамбар (с) ва Аҳли Байти ӯ имон дорад, аз ҷумлаи он ҳастанд.

Мафҳумшиносӣ

Нафси мутмаинна ҳолате аз нафс аст, ки дар он ба хотири пайравии бардавом аз ақл дар дурӣ аз гуноҳ, ин кор малака ё одати инсон мешавад ва дар нафси ӯ итминону оромиш падид меояд.[1] Ин истилоҳ, калимаи қуръонӣ аст ва дар ояти 27 сураи Фаҷр ба кор рафтааст.

Нафсро дорои чанд рутба ва нафси мутмаиннаро муқобили нафси аммора ва нафаси лаввома, болотарин рутбаи нафс донистаанд. Поинтарин рутбаи нафс, нафси аммора аст, ки дар он инсон аз ақл пайравӣ намекунад ва ба гуноҳ гароиш дорад. Рутбаи болотар, нафси лаввома аст, ки дар он, нафс ҳушёр аст ва агар кори баде анҷом диҳад, худро мазаммат мекунад. Болотар аз ин рутба ҳам нафси мутмаинна қарор дорад.[2]

Аллома Таботабоӣ дар ал-Мизон нафси мутмаиннаро нафсе медонад, ки дар партави ёди Худо оромиш ёфта ва ба ҳарчи Худо розӣ аст, ризоят дорад; худро молики ҳеҷ хайру шар ва нафъу зараре намедонад; дунёро маҳалли гузар ва ҳар фақру бениёзиро имтиҳони Илоҳӣ медонад; ба ҳамин хотир ҳамвора бар марзи убудийят пойбанд аст ва неъматҳои дунявӣ ӯро ба фасоду истикбор намекашонад ва фақру нодорӣ низ ӯро ба куфр ва тарки шукр водор намекунад.[3]

Сайид Муҳаммадмаҳдии Баҳрулъулум дар Рисолаи сайру сулук, нафси мутмаиннаро марҳалаи вуруд ба ҳиҷрати узмо донистааст, ки иборат аст аз муҳоҷират аз вуҷуди худ ва раҳо сохтан ва тарки он ва мусофират ба олами вуҷуди мутлақ ва тавваҷуҳи том ба он. Ҳамчунин «Ё айятуҳаннафс-ул-мутмаинна/يَا أَيَّتَهُا النَّفْسُ الْمُطْمَئِنَةُ»-ро хитоб ба нафсе донистааст, ки аз ҷиҳоди акбар фориғ ва ба олами фатҳу зафар, ки мақарри итминон аст дохил шуда, нафси худро таслими Ҳақ карда, Исломи аъзамро дарк карда ва ба воситаи мушоҳидаи нестии худ дар қиболи вуҷуди Зоти Ҳақ ва эътирофу изъони қалбӣ ба ин амр, ба мартабаи имони аъзам, ки мақарри итминон ва ҷои сакинаю тумаънина аст ворид шуда ва бори худро дар ин ҷо фурӯд овардааст. Ва хитоби «ирҷиъӣ ило Раббик/ارْجِعِي‌ إِلَی‌ رَبِّك» амр ба ҳиҷрат аз вуҷуди худ аст ба сӯи вуҷуди Ҳақ, ки раб аст ва пас аз ин ҳиҷрат, розӣ ба қазо ва қадари ташриъӣ ва таквинии Худо хоҳад буд ва ҳеҷ сонияе хилоф ва ҳеҷ маъсияте аз ӯ сар нахоҳад зад.[4]

Ба назари Имом Хумайнӣ «нафси мутмаинна» яъне он нафсе, ки дигар ҳеҷ хоҳише надорад ва нишонаи нафси ғайри мутмаинна ин аст, ки тамоми оламро агар як луқма кунанду ба дасти ӯ диҳанд, вақте фикр мекунад мебинад нақиса дорад; хоҳишаш ғайри ин аст. Ба бовари ӯ нафс он вақт мутмаинна мешавад, ки ба камоли мутлақ бирасад. Камоли мутлақ он вақте аст, ки фақат Худо бошад ва ғайри Ӯ набошад. Тавваҷуҳ ба риёсат, тавваҷуҳ ба салтанат, тавваҷуҳ ба олами мода, тавваҷуҳ ба оламҳои дигар ба ғайб, ба шаҳодат, ҳеҷ набошад. Ёд, фақат ба ёди Худо бошад.[5]

Хоқонӣ:

Бо нафси мутмаинна қаринаш кун ончунон,
К-овози ирҷиъӣ диҳадаш ҳотифи Ризо.[6]

Нафсҳои гуногун ва ваҳдати ҳувияти инсон

Олимони мусулмон мегӯянд инсон танҳо як нафс ё "худ" дорад ва вуҷуди нафси аммораю лаввомаю мутмаинна бо яке будани нафс зид нест. Ба ақидаи онҳо, ин истилоҳот ҳолатҳо ва маротиби мухталифи нафсро нишон медиҳанд;[7] яъне вақте нафс ба корҳои бад фармон медиҳад, ба он нафси аммора мегӯем ва замоне, ки худро ба хотири он ки иштибоҳе аз ӯ сар зада, сарзаниш мекунад, онро нафси лаввома меномем.[8]

Намунаҳое аз нафси мутмаинна дар аҳодис

Дар аҳодис намунаҳое барои таъбири «нафси мутмаинна», ки дар ояти 27 сураи Фаҷр омада, баён шудааст. Кулайнӣ ҳам дар Кофӣ ҳадисе нақл кардааст, ки нафси мутмаиннаро нафсе медонад, ки ба Пайғамбар (с) ва Аҳли Байташ имон дорад.[9] Тибқи ривояте аз китоби Шавоҳид-ут-танзил, Имом Алӣ (а),[10] ва бар пояи ривояти дигаре аз китоби Тафсири Қумӣ, Имом Ҳусайн (а) мисдоқи он аст.[11] Ба назари Ҳусайнъалии Мунтазирӣ, далели ин тафсир ин аст, ки Имом Ҳусайн (а) бо истиқомат дар роҳи Худо ба хубӣ нишон дод, ки дорои нафси мутмаинна ва шоистаи хитоби Худованд аст.[12]

Нафси мутмаинна дар ахлоқ

Бархе андешмандон, оромиши инсон дар марҳалаи нафси мутмаиннаро ба масоили ахлоқӣ марбут медонанд. Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ дар тафсири ояти 28 сураи Раъд,[Ёддошт 1] оромиши нафси мутмаиннаро аз ин медонад, ки ӯ Худовандро молики ҳамаи чиз ба ҳисоб меоварад; дар натиҷа на бархӯрдорӣ аз неъматҳои дунё боиси туғёну саркашияш мешавад ва на тиҳидастӣ ӯро ба куфр ва тарки шукр вомедорад.[13]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Мисбоҳи Яздӣ, Оини парвоз, 1399ҳ.ш., саҳ.27
  2. Мисбоҳи Яздӣ, Оини парвоз, 1399ҳ.ш., саҳ.26 - 27; Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.595 - 596
  3. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1394ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.285
  4. «Рисолаи сайру сулуки мансуб ба Баҳрулъулум», Пойгоҳи улум ва маорифи исломӣ
  5. Хумайнӣ, Саҳифаи имом, 1389ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.206 ва 207
  6. «Хоқонӣ, Девони ашъор, қасоид, шумораи 6 - дар панду андарз ва меъроҷи ҳазрати Хатмимартабат» Сайти Ганҷур
  7. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.67, саҳ.36 - 37; Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.595; Мисбоҳи Яздӣ, “Ахлоқ ва ирфони исломӣ”, саҳ.8
  8. Мисбоҳи Яздӣ, “Ахлоқ ва ирфони исломӣ”, саҳ.8
  9. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.127 - 128
  10. Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.429
  11. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.422
  12. Мунтазирӣ, Ислом дини фитрат, ҷ.1, саҳ.317
  13. Таботабоӣ, тарҷумаи тафсири ал-Мизон, 1378ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.477


Ёддошт


Сарчашма

  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Таййиб Мӯсавии Ҷазоирӣ, Қум, Дорулкитоб, чопи сеюм, 1404ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбори аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, “Ахлоқ ва ирфони исломӣ”, моҳномаи Маърифат, шумораи 127, тири 1387ҳ.ш.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Оини парвоз, талхиси Ҷаводи Муҳаддисӣ, Қум, интишороти муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ, чопи нуҳум, 1399ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор, Теҳрон, интишороти Садро, 1389ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Саҳифаи нур, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, чопи панҷум, 1389ҳ.ш.
  • Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, Шавоҳид-ут-танзил ли қавоъид-ит-тафзил, таҳқиқ ва тасҳеҳ: Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, Теҳрон, маҷмаи эҳёи фарҳанги исломии вобаста ба вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, чопи аввал, 1411ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found