Нафси лаввома
Нафси лаввома (форсӣ: نَفْسِ لَوَّامه) ба маънои нафси сарзанишгар, ҳолати нафсоние аст, ки дар он, инсон ба хотири хатоҳояш худро сарзаниш мекунад. Ин истилоҳ баргирифта аз ояти дувуми сураи Қиёмат аст. Олимони мусулмон зайли ин оят, тафсирҳои мухталифе дар хусуси нафси лаввома матраҳ кардаанд.
Нафси лаввома дар муқобили нафси аммора ва нафси мутмаинна қарор дорад. Ба эътиқоди олимони мусулмон, инсон танҳо як ҳувият дорад. Онгоҳ ки аз ақл пайравӣ мекунад, аз он ба нафси лаввома таъбир мешавад, замоне, ки бар хилофи он ҳукм мекунад, ба он нафси аммора мегӯянд ва вақте ба оромиши дил ва оромиши рӯҳӣ мерасад, онро нафси мутмаина меноманд.
Мафҳумшиносӣ
Нафси лаввома ба маънои нафси сарзанишгар, ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ, мартабае аз нафс аст, ки дар марҳалае болотар аз нафси аммора ва поинтар аз нафси мутмаинна қарор дорад.[1] Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ ҳам гуфтааст, ҳолате аз нафс аст, ки дар он инсон аз хатоҳояш пушаймон мешавад ва худро сарзаниш мекунад.[2] Ин истилоҳ дар ояти 2-и сураи Қиёмат ба кор рафтааст: «وَلَا أُقْسِمُ بِالنَّفْسِ اللَّوَّامَةِ; ва савганд ба нафси сарзанишгар!».
Гуфта шудааст, нафси лаввома ҳамон виҷдон аст, ки инсонро баъд аз дучори гуноҳ шудан сарзаниш карда ва ӯро гирифтори азоби виҷдон мекунад.[3]
Фарқи нафси лаввома бо нафси аммора ва нафси мутмаинна
Нафси лаввома дар муқобили нафси аммора ва нафси мутмаинна қарор дорад.[4] Нафси аммора, ҳолате аз нафс аст, ки дар он, инсон ба ақлаш гӯш намедиҳад ва ба гуноҳ рӯ меоварад.[5] Нафси мутмаинна ҳам ҳолате аст, ки бар асари такрор, тавваҷуҳ ба ақл ва пайравӣ аз он, малакаю одат мешавад ва инсон итминону оромиш меёбад.[6]
Зиддият надоштани нафсҳои гуногун бо якто будани ҳувияти инсон
Ба эътиқоди олимони мусулмон, ин ки инсон нафсҳои гуногуне ҳамчун нафси аммора, лаввома ва мутмаинна дорад, бо якто будани нафс ё ҳувияти инсон зиддият надорад. Онҳо муътақиданд, инсон бештар аз як нафс, ё ҳувият, ё худ, надорад ва ин истилоҳот ҳолатҳо ва маротиби гуногуни нафсро нишон медиҳанд.[7]
Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ навиштааст, нафс гоҳе ба корҳои бад дастур медиҳад, ки аз он ба нафси аммора таъбир мекунанд. Гоҳе ҳам худро ба хотири хатоҳояш сарзаниш мекунад, ки аз ин маломатгарӣ ба нафси лаввома ёд мешавад.[8]
Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ, инсон ду «ман» ё «худ» надорад, балки як худи дорои маротиб дорад. Гоҳ дар мартабае поин қарор дорад, ки аз ақл фармон намебарад. Ин нафси аммораи ӯст. Дар мартабае болотар, ҳушёртар аст ва агар кори баде кард, худро муҳокима мекунад, ки ба он, нафси лаввома мегӯянд.[9]
Нафси лаввома дар китобҳои тафсирӣ
Дар китобҳои тафсирӣ, бардоштҳои мухталифе аз нафси лаввома матраҳ шудааст. Бархе аз онҳо ба шарҳи зер аст:
- Манзур нафси инсони муъмин аст, ки худро ба хотири гуноҳон ё сустӣ дар корҳои хайр сарзаниш мекунад.[10] Аллома Таботабоӣ ин дидгоҳро пазируфтааст.[11]
- Манзур нафси ҳамаи инсонҳо, чи некӯкор, чи бадкор дар рӯзи қиёмат аст; зеро дар ин рӯз, бадкорон ба иллати он ки тақво пеша накардаанд ва некӯкорон ба хотири он ки бештар ибодат накардаанд, худро сарзаниш мекунанд. Ин дидгоҳро ба Абдуллоҳ ибни Аббос нисбат медиҳанд.
- Манзур танҳо нафси гуноҳкорон дар рӯзи қиёмат аст; зеро онҳо дар рӯзи қиёмат, худро ба хотири гуноҳонашон маломат мекунанд.
- Манзур инсонҳои ботақво аст, ки дар рӯзи қиёмат гуноҳкоронро сарзаниш мекунанд.[12]
Нафси лаввома дар фалсафа ва ирфон
Хоҷа Насируддини Тусӣ, нафси лаввомаро баромада аз қувваи ғазаб дар нафси инсон медонад.[13] Дар адабиёти ирфонӣ ва фалсафӣ, масъулияти қувваи ғазабӣ дафъи зарар аз инсон аст.[14] Ин қувва метавонад бо сахтгирии худ зиёдаравии қувваҳои ғаризӣ ва ҳайвониро мудирият кунад.[15]
Аз назари ин андешмандон, нафси лаввома ҳукми ақлро бар ҳавасҳои ғаризии худ бартарӣ медиҳад ва агар ба сабаби исёни ғариза гуноҳе кунад, дарҳол рафтори худро маломат карда, ба тавба рӯй меоварад.[16] Аммо ба назари бархе аз аҳли тасаввуфу орифон, ин марҳала наметавонад марҳилаи ниҳоии рушди нафс (худшиносӣ) бошад; зеро ғалабаи сифати хашму ғазаб дар нафс боиси хислатҳое ҳамчун даррандахӯӣ, шӯҳратпарастӣ ва бартариҷӯӣ мегардад.[17]
Корбурд дар адабиёт
Аз нафси лаввома дар адабиёти форсӣ ҳам сухан омадааст. Дар Канз-ул-ҳақоиқ, асари Маҳмуди Шабистарӣ – ориф ва шоири қарни ҳаштуми ҳиҷрии қамарӣ омадааст:
- Шабистарӣ:
- Чу мехоҳӣ бидонӣ нафсу шайтон
- Ту шайтон, куфри нафси хеш медон
- Агар нафси ту аммора-ст, шайтон
- Чу лаввома шавад, гардад мусулмон
- Чу бошад тунд, аммора-ст номаш
- Бувад лаввома, чун карданд ромаш[18]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.595 - 596.
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Оини парвоз, 1399ҳ.ш., саҳ.26.
- ↑ Маҳфузӣ, “Нафси лаввома”, саҳ.12.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.67, саҳ.37; Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.595 - 596; Мисбоҳи Яздӣ, Оини парвоз, 1399ҳ.ш., саҳ.26 - 27.
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Оини парвоз, 1399ҳ.ш., саҳ.27; Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.595 - 596.
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Оини парвоз, 1399ҳ.ш., саҳ.27.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.67, саҳ.36 - 37; Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.595; Мисбоҳи Яздӣ, “Ахлоқ ва ирфони исломӣ”, саҳ.8.
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, “Ахлоқ ва ирфони исломӣ”, саҳ.8.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.594 - 596.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1418ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.103; Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.30, саҳ.720.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1418ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.103.
- ↑ Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.30, саҳ.720 - 721.
- ↑ Насируддини Тусӣ, Ахлоқи носирӣ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.42.
- ↑ Хумайнӣ, Шарҳи ҳадиси ҷунуди ақлу ҷаҳл, 1392ҳ.ш., саҳ.155
- ↑ Нароқӣ, Илми ахлоқи исломӣ, 1379ҳ.ш., саҳ.103 - 173.
- ↑ Шерозӣ, Маноҳиҷу анвор-ил-маърифат, 1384ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.21 - 23
- ↑ Хумайнӣ, Шарҳи ҳадиси ҷунуди ақлу ҷаҳл, 1392ҳ.ш., саҳ.155; Нароқӣ, Илми ахлоқи исломӣ, 1379ҳ.ш., саҳ.103 -173.
- ↑ Шабистарӣ, Канз-ул-ҳақоиқ, вебгоҳи Ганҷур.
- ↑ Мавлавӣ, Маснавии маънавӣ, дафтари панҷум, бахши 81, вебгоҳи Ганҷур.
Сарчашма
- Мавлавӣ, Ҷалолиддин Муҳаммад, Маснавии маънавӣ, Дафтари панҷум, бахши 81, вебгоҳи Ганҷур, таърихи боздид: 28 урдибиҳишти 1396ҳ.ш.
- Маҳфузӣ, Аббос, “Нафси лаввома”, моҳномаи Посдори Ислом, № 206, баҳмани 1377ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа ли дурари ахбори аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, “Ахлоқ ва ирфони исломӣ”, Маърифат, № 127, 1387ҳ.ш.
- Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Оини парвоз, талхиси Ҷавод Муҳаддисӣ, Қум, интишороти Муассисаи омӯзишӣ ва пажуҳишии имом Хумайнӣ, чопи нуҳум, 1399ҳ.ш.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор, Теҳрон, интишороти Садро, 1389ҳ.ш.
- Нароқӣ, Маҳдӣ, тарҷумаи Сайидҷалолиддин Муҷтабавӣ, Теҳрон, Ҳикмат, 1379ҳ.ш.
- Насируддини Тусӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Ахлоқи носирӣ, Теҳрон, Илмияи исломия, 1413ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дорул-туросил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
- Хумайнӣ, Рӯҳуллоҳ, Шарҳи ҳадиси ҷунуди ақлу ҷаҳл, Теҳрон, муассисаи Танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1392ҳ.ш.
- Шабистарӣ, Маҳмуд, Канз-ул-ҳақоиқ, вебгоҳи Ганҷур, таърихи боздид: 27 обони 1399ҳ.ш.
- Шерозӣ, Мирзобобо, Маноҳиҷу анвор-ил-маърифат фи шарҳи мисбоҳ-иш-шариъат ва мифтоҳ-ил-ҳақиқат, Теҳрон, Хонқоҳ Аҳмадӣ, 1384ҳ.ш.