Таҳаддӣ

Аз wikishia
Ин мақола дар бораи мафҳуми таҳаддӣ аст. Барои ошноӣ бо таҳаддӣ дар Қуръон, мадхали Оятҳои Таҳаддиро бибинед.

Таҳаддӣ (форсӣ: تَحَدّی) ба ин маъно аст, ки пайғамбарон аз касоне ки ба пайғамбариашон кофир шудаанд, мехоҳанд дар муқобили муъҷизаҳояшон ҳамонанде биоваранд.

Таҳаддӣ ба манзури исботи набуввати Пайғамбар бо муъҷиза анҷом мегирад.

Дар шаш ояти Қуръон таҳаддӣ анҷом гирифтааст, ки ба оятҳои Таҳаддӣ маъруфанд. Дар оятҳои Таҳаддӣ аз инкоркунандагони набуввати Пайғамбари Ислом (с) хоста шудааст, ки монанде барои Қуръон биоваранд, ё дасти кам сурае монанди сураҳои Қуръон баён кунанд.

Дар хусуси таҳаддии Қуръон дидгоҳҳои мухталифе вуҷуд дорад. Бархе муътақиданд, Қуръон ҳам аз назари адабиёт ва ҳам аз назари мазмунаш таҳаддӣ кардааст, аммо гуруҳе гуфтаанд Қуръон танҳо аз лиҳози адабӣ таҳаддӣ кардааст.

Мафҳумшиносӣ

Таҳаддӣ ба мубориза талабидани рақиб барои ошкор шудани нотавонии ӯст.[1]Таҳаддӣ, истилоҳе дар улуми қуръонӣ[2] ва каломи исломӣ[3] ба маънои даъвати пайғамбарон аз мункирони набувваташон аст то монанде барои муъҷизоташон биоваранд.[4]

Таҳаддӣ, шарти муъҷиза

Ба гуфтаи Аздуддини Иҷӣ - мутакаллими қарни ҳаштуми қамарии аҳли суннат, бархе аз мутакаллимон таҳаддиро аз шартҳои муъҷиза донистаанд ва фарқи муъҷизаи пайғамбаронро бо корҳои нобиғаҳо ё каромоти авлиё дар ин донистаанд, ки муъҷиза бо таҳаддӣ ҳамроҳ аст, аммо ғайримуъҷиза бидуни таҳаддӣ сурат мегирад.[5] Гуфта шудааст, ҳатто онҳое ки қайди таҳаддиро дар таърифи муъҷиза зикр накардаанд, бо истифода аз калимоти дигар, ба ҳамин матлаб ишора доштанд.[6]

Бо ин ҳол, бархе аз мутакаллимон бар ин боваранд, ки зикри қайди таҳаддӣ дар таърифи муъҷиза, аввалан далеле аз Қуръон, суннат, иҷмоъ ва ақл надорад ва сониян сабаб мешавад бисёре аз муъҷизоти Пайғамбар (с) ки бо таҳаддӣ ҳамроҳ набудааст, муъҷиза ба ҳисоб наоянд.[7]

Таҳаддии Қуръон

Мақолаи аслӣ: Оятҳои Таҳаддӣ

Дар шаш ояти Қуръон барои исботи муъҷиза будани Қуръон ва сидқи набуввати Пайғамбар (с), таҳаддӣ шудааст. Ин оятҳоро оятҳои таҳаддӣ номидаанд.[8] Дар се оят аз оёти таҳаддӣ, касоне ки Қуръонро аз ҷониби Худо намедонанд, даъват шудаанд, ки ҳамонанде барои он биоваранд,[9] дар як оят, аз мункирон хоста шудааст, ки даҳ сура монанди Қуръон биоваранд[10] ва дар ду ояти дигар, ба овардани як сура монанди Қуръон таҳаддӣ шудааст.[11] Дар бораи сайри нузули оятҳои таҳаддӣ байни муҳаққиқон ихтилофи назар аст.[12]

Дидгоҳҳо дар бораи таҳаддии Қуръон

Олимони мусулмон дар хусуси чигунагии таҳаддии Қуръон дидгоҳҳои мухталифе доранд. Бархе бар ин боваранд, ки таҳаддии Қуръон танҳо ҷанбаи адабӣ дорад; яъне мухолифони он ба овардани матне дар сатҳи балоғат ва фасоҳати Қуръон даъват шудаанд,[13] аммо ба бовари касоне чун Аллома Таботабоӣ (ваф.1360ҳ.ш.) - муфассири Қуръон, таҳаддии Қуръон ҳар чизеро ки Қуръон дарбар дорад, шомил мешавад; монанди: илму маърифат, уммӣ будани Пайғамбар (с), ахбори ғайбӣ, набудани ихтилоф дар Қуръон ва балоғати Қуръон.[14]

Муҳаммадҳодии Маърифат (ваф.1385ҳ.ш.) - қуръонпажуҳ ҳам бо радди дидгоҳи нахуст навиштааст: агар таҳаддӣ мухтас ба алфози Қуръон буд, Худованд онро ба араб мунҳасир мекард ва ба сурати мутлақ намеовард; таҳаддии Қуръон бояд ба чизе бошад, ки умумият дошта бошад ва маҳдуд ба гуруҳ ё замони хос набошад.[15]

Назарияи сарфа

Бархе аз мутакаллимон маънои дигаре барои таҳаддии Қуръон матраҳ кардаанд. Дар назари онон таҳаддии Қуръон ба ин маъно аст, ки агар фарде қасди муъориза бо Қуръонро дошт ва тасмим гирифт, ки матне монанди он биоварад, Худованд ба воситаи салби ангезаю ирода ва ё ба воситаи салби дониши лозим барои ин кор ва ё ба воситаи салби қудрат, монеъ аз таҳаққуқи ин кор шавад.[16] Ба ин назария «сарфа» мегӯянд.[17]

Мухолифони ин назария, ба далоили мухталифе барои нақди ин дидгоҳ истинод кардаанд; аз ҷумла ин ки ин дидгоҳ, эъҷози Қуръонро нодида мегирад ва бархилофи дарки арбҳои замони нузули Қуръон аст, ки Қуръонро эъҷоз медонистанд.[18]

Муқобила бо таҳаддии Қуръон

Ба гузориши китобҳои тафсирӣ ва манобеи улуми қуръонӣ, касоне талош кардаанд барои муқобила бо таҳаддии Қуръони матолибе монанди он матраҳ кунанд. Аз ҷумлаи ин афрод Мусайламаи каззоб[19] ва Назр ибни Ҳорис будаанд.[20] Ибни Касир - муфассири қарни ҳаштуми қамарӣ навиштааст, Назр ибни Ҳорис бо нақли достонҳои Рустаму Исфандиёр иддаои ҳамовардӣ бо Қуръон кард.[21]

Гуфтаанд, Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ дар садади ҳамовардӣ бо Қуръон буд, аммо пас аз муддате мунсариф шуд.[22]

Ҳамчунин, нависандаи масеҳии амрикоӣ бо номи мустаъори Насируддин Зофир дар китобчае бо номи «Ҳусн-ул-иҷоз фи ибтол-ил-эъҷоз», ба тақлид аз сураҳои Ҳамду Кавсар, ду сура навишт, ки Оятуллоҳ Хуӣ[23] ва Рашид Ризо[24] - муфассирони Қуръон, онро нақд карданд. Ба гуфтаи Рашид Ризо, нависандаи ин сура ба забони арабӣ огоҳӣ надоштааст.[25] Дар маҳаллоти форсӣ низ мақолае бо унвони «Баррасии интиқодии китоби Ҳусн-ул-иҷоз фи ибтол-ил-эъҷоз» дар нақди он асари нигошта шудааст.[26]

Китобе бо унвони «ал-Фурқон-ул-ҳақ» дар Амрико аз нависандаи эҳтимолан яҳудӣ ё масеҳӣ, бо номи мустаъори «ас-Сафӣ» ва «ал-Маҳдӣ» интишор ёфт, ки нависандааш, муддаии пайғамбарӣ нест, аммо дар садади ташкик дар пайғамбарии ҳазрати Муҳаммад (с) аст[27] ва бо тақлид аз Қуръон ва омехтани Қуръон бо таълимоти яҳудию масеҳӣ, сураҳое барсохтааст.[28] Нақдҳое бар ин китоб навишта шудааст; аз ҷумла китоби «ал-Интисору ли-л-Қуръон» навиштаи Солеҳ ал-Холидӣ. [Ниёзманди манбаъ] Дар китоби «Посух ба шубаҳоти эъҷозу таҳаддӣ» ба ихтисор ба нақди ин асар пардохта шудааст.[29]

Такнигорӣ

Китоби ал-Эъҷоз-ут-таҳаддӣ фи-л-Қуръон-ил-Карим, матолиберо ки Аллома Таботабоӣ дар ҷоҳои мухталифи ал-Мизон дар бораи эъҷоз ва таҳаддии Қуръон баён кардааст, гирд овардааст. Ин китобро Қосими Ҳошимӣ тадвин карда ва муассисаи ал-Аъламӣ лил-матбуъот ба чоп расондааст.

Китоби Посух ба шубаҳоти эъҷозу таҳаддӣ низ ба қалами Сайид Муҳаммадҳасан Ҷавоҳирӣ дар интишороти пажуҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ дар соли 1397ҳ.ш., ба чоп расидааст.

Эзоҳ

  1. Ҷамъе аз нависандагон, Шарҳ-ул-мусталаҳот-ил-каломийя, 1415ҳ.қ., саҳ.64.
  2. Ҷавоҳирӣ, “Воковии милоки таҳаддӣ дар Қуръон ва нақди мантиқи таназзулӣ”, саҳ.112.
  3. Ҷамъе аз нависандагон, Шарҳ-ул-мусталаҳот-ил-каломийя, 1415ҳ.қ., саҳ.64.
  4. Муаддаб, Эъҷози Қуръон дар назари Аҳли Байт, 1379ҳ.ш., саҳ.17.
  5. Иҷӣ, Шарҳи ал-Мавоқиф, 135ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.224.
  6. Ҷавоҳирӣ, Посух ба шубаҳоти эъҷоз ва таҳаддӣ, 1397ҳ.ш., саҳ.262.
  7. Ибни Ҳазм, ал-Фасл фи-л-милали ва-л-аҳвои ва-н-ниҳал, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.174.
  8. Хуррамшоҳӣ, Донишномаи Қуръон ва қуръонпажуҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.481.
  9. Сураи Тур, ояти 34; сураи Қасас, ояти 49; сураи Исро, ояти 88.
  10. Сураи Ҳуд, ояти 13.
  11. Сураи Бақара, ояти 23; сураи Юнус, ояти 38.
  12. Ҷавоҳирӣ, Посух ба шубаҳоти эъҷоз ва таҳаддӣ, 1397ҳ.ш., саҳ.266.
  13. Маърифат, ат-Тамҳид, 1388ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.30 - 31.
  14. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.62 - 68.
  15. Маърифат, ат-Тамҳид, 1388ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.34.
  16. Сайиди Муртазо, Расоил-уш-Шариф-ил-Муртазо, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.323 - 327; Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.63; Маърифат, ат-Тамҳид фи улум-ил-Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.137 - 140.
  17. Ниг.: Сайиди Муртазо, Расоил-уш-Шариф-ил-Муртазо, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.323 - 327.
  18. Ҷавоҳирӣ, Посух ба шубаҳоти эъҷоз ва таҳаддӣ, 1397ҳ.ш., саҳ.92 - 93.
  19. Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.112.
  20. Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.41.
  21. Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.41.
  22. Боқлонӣ, Эъҷоз-ул-Қуръон, 1421ҳ.қ., саҳ.27.
  23. Хуӣ, ал-Баён, 1430ҳ.қ., саҳ.59 - 102.
  24. Рашид Ризо, Тафсири ал-Манор, 1990м., ҷ.1, саҳ.66 ва 188.
  25. Рашид Ризо, Тафсири ал-Манор, 1990м., ҷ.1, саҳ.188.
  26. Исфаҳонӣ ва Риёҳимеҳр, “Баррасии интиқодии китоби Ҳусн-ул-иҷоз фи ибтол-ил-эъҷоз”.
  27. Ҷавоҳирӣ, Посух ба шубаҳоти эъҷоз ва таҳаддӣ, 1397ҳ.ш., саҳ.394 - 396.
  28. Амин Ноҷӣ ва дигарон, “Таҳлили интиқодии “ал-Фурқон-ул-ҳақ” дар ҳавзаи ваҳёният ва ҷомеъият дар муъориза бо Қуръон”, саҳ.147 - 154.
  29. Ҷавоҳирӣ, Посух ба шубаҳоти эъҷоз ва таҳаддӣ, 1397ҳ.ш., саҳ.397 - 401.

Сарчашма

  • Амин Ноҷӣ, Муҳаммадҳодӣ ва дигарон, «Таҳлили интиқодии ал-Фурқон-ул-ҳақ дар ҳавзаи ваҳёният ва ҷомеъият дар муъориза бо Қуръон» дар Пажуҳишномаи тафсир ва забони Қуръон, № 2, тобистони 1396ҳ.ш.
  • Боқлонӣ, Муҳаммад ибни Тайиб, Эъҷоз-ул-Қуръон, тасҳеҳи Салоҳ Муҳаммад Увайза, Дорул-кутубил-илмийяи маншуроти Муҳаммадалӣ Байзун, Бейрут, 1421ҳ.қ./2001м.
  • Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, таҳқиқи Муҳаммадҳусайн Шамсиддин, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийяи маншуроти Муҳаммадалӣ Байзун, 1419ҳ.қ.
  • Ибни Ҳазм, Алӣ ибни Аҳмад, ал-Фасл фи-л-милали ва-л-аҳвои ва-н-ниҳал, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1416ҳ.қ.
  • Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ; Риёҳимеҳр, Боқир, “Баррасии интиқодии китоби Ҳусн-ул-иҷоз фи ибтол-ил-эъҷоз”, давраи 15, № 28, шумораи паёпайи 28, баҳор ва тобистони 1399, саҳифаи 67 - 86.
  • Иҷӣ, Азудуддин, Ҷурҷонӣ, Мирасаидшариф, Шарҳи ал-Мавоқиф, тасҳеҳи Бадруддин Нуъсонӣ, аш-Шариф ар-Разӣ, Қум, 135ҳ.қ.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тамҳид фи улум-ил-Қуръон, Қум, муассисаи исломии ат-Тамҳид, 1388ҳ.ш.
  • Муаддаб, Сайидризо, Эъҷози Қуръон дар назари Аҳли Байти исмат ва бист нафар аз уламои бузурги Ислом, Қум, Аҳсанул-ҳадис, 1379ҳ.ш.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Авоил-ул-мақолот фи-л-мазоҳиби ва-л-мухторот‏, Қум, ал-Муътамарул-оламӣ лиш-Шайхил-Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Рашид Ризо, Муҳаммадрашид ибни Алӣ, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Карим (Тафсири ал-Манор), алҳайъатул-мисриятул-оммати лил-китоб, 1990м.
  • Сайиди Муртазо, Расоил-уш-Шариф-ил-Муртазо, таҳқиқи Сайид Маҳдии Раҷоӣ, Қум, Дорул-Қуръонил-Карим, 1405ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷ ала аҳл-ил-лаҷоҷ, тасҳеҳи Муҳаммадбоқири Хирсон, Машҳад, нашри Муртазо, 1403ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, ал-Баён фи тафсир-ил-Қуръон, муассисаи эҳёу осорил-имомил-Хуӣ, Қум, 1430ҳ.қ.
  • Хуррамшоҳӣ, Баҳоуддин, Донишномаи Қуръон ва қуръонпажуҳӣ, Теҳрон, нашри Ноҳид - дӯстон, 1377ҳ.ш.
  • Ҷавоҳирӣ, Сайид Муҳаммадҳасан, “Воковии милоки таҳаддӣ дар Қуръон ва нақди мантиқи таназзулӣ”, Пажуҳишҳои қуръонӣ, № 2, 1395ҳ.ш.
  • Ҷавоҳирӣ, Сайид Муҳаммадҳасан, Посух ба шубаҳоти эъҷоз ва таҳаддӣ, Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, 1397ҳ.ш.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Шарҳ-ул-мусталаҳот-ил-каломийя, ба кӯшиши маҷмаъул-буҳусил-исломия, Машҳад, Остонаи Разавия, 1415ҳ.қ.