Лаббайка ё Ҳусайн

Лаббайка ё Ҳусайн (ба арабӣ: لَبَّیکَ یا حسین яъне: “даъвати туро мепазирам, эй Ҳусайн”) шиоре аст, ки шиаён дар посух ба даъвати Имом Ҳусайн (а) ба кор мебаранд. Имом Ҳусайн (а) дар воқеаи Карбало чанд бор ёрӣ талабид. Машҳуртарини он дар рӯзи Ошӯро будааст, ки бо иборати هَل مِن ناصِرٍ یَنصُرُنی؟ (яъне: “Оё ёрикунандае ҳаст, ки маро ёрӣ кунад?”) нақл шудааст.
Мақсади истифодаи шиор лаббайка ё Ҳусайн эъломи вафодорӣ, ҳамбастагӣ бо Имом ва кӯмак кардан ба ӯ дониста мешавад. Гуфта шудааст, ки ин шиор воқеаи Карбалоро як ҷараёни таърихии идомадор муаррифӣ мекунад ва сабаби пойдории гуфтумони ошӯроӣ шудааст. Ҳамчунин онро ҳамчун рамзи истикборситезӣ, мубориза бо зулм ва рад кардани зиллату хорӣ донистаанд.
Дар кишварҳои мухталиф, ин шиор дар расму оини азодории моҳи муҳаррам ва ҳамчунин ба унвони изҳори муҳаббат ба Имом Ҳусайн (а) истифода мешавад. Ҳамчунин осори гуногуни ҳунарӣ перомуни он офарида шудаанд ва шиаён онро дар саҳнаҳои ҷанг ва маросими ҷанозаи шаҳидон низ ба кор мебаранд. Ба пайравӣ аз ин шиор, шиорҳои дигаре низ дар гирдиҳамоиҳо, раҳпаймоиҳо ва маросими мазҳабӣ гуфта мешаванд, монанди: лаббайка ё Ҳайдар, лаббайка ё Маҳдӣ, ва лаббайка ё Хоманаӣ.
Муаррифӣ
Лаббайка ё Ҳусайн аз ҷумлаи ибораҳои машҳури воқеаи Ошӯро буда,[1] ва ба маънии пазируфтани даъвати Имом Ҳусайн (а) дониста шудааст.[2] Имом Ҳусайн (а) дар ҷараёни сафараш аз Макка ба Ироқ, чандин бор мусалмононро ба ёрии худ фаро хонд.[3] Аз ҷумла, дар Макка фармуд: “Ман ба сӯе меравам, ки гургҳои гуруснаи саҳро устухонҳои ҷисмамро пора хоҳанд кард… Ҳар касе ки омодааст хунашро дар роҳи мо нисор кунад, ба Карбало биёяд.”[4] Ҳамчунин дар номае ба ашрофи Басра, онҳоро ба ёрӣ даъват кард.[5] Машҳуртарини даъватҳои Имом Ҳусайн (а) дар рӯзи Ошӯро иттифоқ афтодааст.[6] Ин даъват бо ибораи هَلْ مِنْ ناصرٍ یَنْصُرُنی؟ (Ҳал мин носирин янсурунӣ?) машҳур аст, ки маънои он “Оё ёрикунандае ҳаст, ки маро ёрӣ кунад?” мебошад.[7]
Ҷойгоҳ ва аҳаммият

Шиаён баъд аз воқеаи Ошӯро, бо зикри лаббайка ё Ҳусайн бо Имом эъломи ҳамбастагӣ мекунанд.[8] Онҳо изҳор мекунанд, ки омодаанд мисли ёрони Имом Ҳусайн (а), ҷони худ ва молу фарзандонашонро дар роҳи ӯ фидо кунанд.[9] Гуфта шудааст, ки ин шиор ҳамчун як шиори ҷаҳонӣ,[10] ба замони мушаххасе дар таърих маҳдуд намешавад,[11] балки Ошӯроро ба унвони як ҷараёни таърихии идомадор муаррифӣ мекунад.[12] Аз ҳамин рӯ, илова бар таъмини бақои Ошӯро,[13] сабаби пойдории гуфтумони ошӯроӣ ҳам шудааст.[14]
Аз таъсироти шиори лаббайка ё Ҳусайн инҳо шумурда шудаанд: иззат ва обрӯмандӣ, дурӣ аз зиллат ва пастӣ,[15] мубориза бо зулм ва фидо кардани ҷон дар роҳи ҳақ,[16] раҳоӣ аз ҳамаи қудратҳо,[17] хунсо кардани тавтеаҳои душманон,[18] ва аз байн бурдани ҳайбат ва саркӯбии истикбор.[19] Аз ин ҷиҳат, ин шиорро рамзи мубориза бо истикбор ва нопазириши зиллату пастӣ донистаанд.[20] Гурӯҳе аз коршиносон пирӯзӣ, устуворӣ ва густариши Инқилоби исломии Эронро натиҷаи амал ба шиори лаббайка ё Ҳусайн донистаанд.[21]
Лаббайк дар сарчашмаҳои динӣ
Калимаи лаббайк дар тӯли таърих барои пазируфтани хостаҳои дигарон истифода шудааст.[22] Асҳоби Паёмбар низ дар мавқеъҳои мухталиф,[23] аз ҷумла дар ғазваи Ҳунайн, барои посух ба даъвати Ӯ, аз ибораи лаббайк истифода кардаанд.[24] Аз ин рӯ, даъвои ваҳҳобият, ки истифода аз ин лафз барои ғайри Худо ширк дониста мешавад, рад шудааст.[25] Ҳамчунин, дар яке аз зиёротномаҳои Имом Ҳусайн (а), ки ба Имоми Содиқ (а) нисбат дода шудааст, гуфта шудааст, ки зиёраткунандагон бояд ҳафт бор ибораи لَبَّيْكَ داعِيَ اللهِ-Лаббайка доияллоҳро такрор кунанд.[26] Дар матни зиёрати Раҷабия низ, Имом бо ибораи лаббайка ё доъияллоҳ хитоб шудааст.[27] Дар дуои Аҳд низ ба лаббайк гуфтан ба даъвати Имом Маҳдӣ (аҷ) ишора шудааст.[28]
Луғатшиносон решаи лаббайкро маънии итоат (иҷобат)[29] ва фармонбардорӣ[30] дониста мӯътақиданд, ки калимаи лаббайк, ки аслан لبّا لَکَ (лаабо лак) буда,[31] ба маънии иқомат кардан барои итоат ва иҷобати шахс мебошад.[32] Ин калима бо унвони талбия (лабайкаллоҳумма лаббайк, лаббайка ло шарика лака лаббайк) дар ҳолати эҳром барои ҳаҷҷи таматтуъ ва умра истифода мешавад.[33]
Корбасти шиор
Шиори лаббайка ё Ҳусайн дар маросими азодорӣ ва ибрози муҳаббат ба Имом Ҳусайн (а), ҳамчунин дар ҳавзаи фарҳангӣ ва ҳунарӣ ва рӯйдодҳои инқилобӣ истифода шудааст.
Дар оинҳои мазҳабӣ ва азодорӣ

Шиори лаббайка ё Ҳусайн дар маросими азодории мардум дар кишварҳои мухталиф мисли Нигерия,[35] Туркия,[36] Лубнон,[37] Эрон,[38] Ироқ ва кишварҳои аврупоӣ чун Ҳолланд[39] садо додааст. Дар рӯзи Ошӯро, мардуми Ироқ — аз ҷумла аҳли шаҳри Тувайриҷ[40] ва қабилаи Банӣ Асад[41] — ҳангоми ворид шудан ба ҳарами Имом Ҳусайн (а) ин шиорро садо медиҳанд. Дар Эрон, бархе аз ҷамъомадҳои бузург бо номи “Иҷтимои Лаббайка ё Ҳусайн” баргузор мешаванд;[42] иваз кардани парчами ҳарамҳо дар Атботи Олиёт қабл аз оғози айёми азодорӣ низ гоҳе бо шиори лаббайка ё Ҳусайн ҳамроҳ мешавад.[43] Дар соли 2018 м., парчами лаббайка ё Ҳусайн ба андозаи майдони байнулҳарамайн дар Карбало дар маросими роҳпаймоии Арбаин ба намоиш даромад.[44]
Дар фарҳанг ва ҳунар
“Лаббайка ё Ҳусайн яъне: дар саҳнаи ҷанг ҳозир бошӣ, ҳарчанд танҳо бошӣ, ҳарчанд мардум туро тарк карда бошанд, ва муттаҳам карда бошанд, ва бе ёр раҳоят намуда бошанд. Лаббайка ё Ҳусайн яъне худат, дороият, ҳамсарат ва фарзандонат дар ин маърака ҳозир бошанд.”[45]
Шиори лаббайка ё Ҳусайн дар ашъори шоирон,[46] ва низ дар бахшҳои гуногуни фарҳангӣ ва ҳунарӣ бозтоб дошта ва осори гуногуне бо унвони лаббайка ё Ҳусайн офарида шудааст. Намоҳанги Лаббайка ё Ҳусайн бо овози Содиқи Аҳангарон аз ҷумлаи ин осор аст, ки ба муносибати айёми Арбаин тавлид шудааст.[47] Дар ҳавзаи хаттотӣ низ, илова бар сабти осори гуногун бо ибораи Лаббайка ё Ҳусайн, даъватҳое барои ҳарфнигории ин ҷумла сурат гирифтааст.[48]
Дар рӯйдодҳои гуногун
Ин шиор дар ҳодисаҳои мухталифи кишварҳо истифода шудааст. Баъд аз содир шудани ҳукми ҷиҳод алайҳи ДОИШ аз тарафи Оятуллоҳ Сайид Алӣ Систонӣ, гурӯҳҳое аз мардуми Ироқ бо садо додани шиори Лаббайка ё Ҳусайн аз он истиқбол карданд[49] ва дар амалиёт алайҳи ДОИШ онро истифода бурданд.[50] Истифодаи ин шиор дар маросимҳои гуногун мисли ташйеъи шаҳидони муқовимат дар Эрон,[51] Ироқ[52] ва Лубнон[53] низ дида шудааст.
Ҳамчунин ба пайравӣ аз шиори Лаббайка ё Ҳусайн, шиорҳои дигаре низ дар ҳамоишҳо, роҳпаймоиҳо ва маросимҳои мазҳабӣ ба забон оварда мешаванд; мисли: Лаббайка ё Расулаллоҳ,[54] Лаббайка ё Ҳайдар,[55] Лаббайка ё Зайнаб,[56] Лаббайка ё Қуръон, Лаббайка ё Маҳдӣ,[57] Лаббайка ё Абулфазл,[58] Лаббайка ё Хумайнӣ ва Лаббайка ё Хоманаӣ.[59]
Эзоҳ
- ↑ «شرح لبیک یا حسین بخش اول: نوشتاری از استاد هادی سروش», ШАФАҚНА.
- ↑ «شعار «لبیک یا حسین» به معنای اجابت دعوت سیدالشهدا(ع) است», Хабаргузории Меҳр.
- ↑ «شعار «لبیک یا حسین» به معنای اجابت دعوت سیدالشهدا(ع) است», Хабаргузории Меҳр.
- ↑ Ҳалвонӣ, Нузҳат ан-нозир, 1408ҳ.қ., саҳ.86; Ибни Тавус, Ал-Лӯҳуф, 1348ҳ.ш., саҳ.60
- ↑ Ибни Тавус, Ал-Лӯҳуф, 1348ҳ.ш., саҳ.38
- ↑ Ибни Тавус, Ал-Лӯҳуф, 1348ҳ.ш., саҳ.116; Ибни Намо Ҳиллӣ, Мусири-л-аҳзон, 1406ҳ.қ., саҳ.70
- ↑ Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошӯро, 1376ҳ.ш., саҳ.471
- ↑ «لبیک یا حسین موجب ماندگاری گفتمان عاشورایی است», Хабаргузории Разавӣ.
- ↑ «شعار «لبیک یا حسین» به معنای اجابت دعوت سیدالشهدا(ع) است», Хабаргузории Меҳр.
- ↑ «شعار لبیک یا حسین جهانی شده است», ИСНА.
- ↑ «لبیک یا حسین موجب ماندگاری گفتمان عاشورایی است», Хабаргузории Разавӣ
- ↑ «فراخوان رقابتی حروف نگاری لبیک یا حسین», Конуни ҳунарии шиӣ
- ↑ «شعار «لبیک یا حسین» به معنای اجابت دعوت سیدالشهدا(ع) است», Хабаргузории Меҳр
- ↑ «لبیک یا حسین موجب ماندگاری گفتمان عاشورایی است», Хабаргузории Разавӣ
- ↑ «شعار لبیک یا حسین مبارزه با استکبار ستیزی است», Хабаргузории Расо
- ↑ «شعار لبیک یا حسین مبارزه با استکبار ستیزی است», Хабаргузории Расо
- ↑ ««لبیک یا حسین یعنی رهایی از همه قدرت ها: نوشتاری از استاد هادی سروش – بخش هفتم», ШАФАҚНА
- ↑ «لبیک یا حسین خنثی کننده توطئه دشمنان است», Намояндагии Валии Фақеҳ дар корҳои ҳаҷҷу зиёрат
- ↑ «شعار ” لبیک یا حسین” هیمنه استکبار را درهمشکسته است», Зариин Хабар
- ↑ «شعار لبیک یا حسین مبارزه با استکبار ستیزی است», Хабаргузории Расо
- ↑ «شعار لبیک یا حسین مبارزه با استکبار ستیزی است», Хабаргузории Расо
- ↑ Барои намуна ниг.: Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387 ҳ.қ., ҷ.8, саҳ. 84; Ибни Саъд, Табақот-ул-кубро, 1410 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ. 92; Динаварӣ, Ахбор-ут-тивол, 1368 ҳ.ш., саҳ. 365
- ↑ Барои намуна ниг.: Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.369; ҷ.12, саҳ.376; ҷ.13, саҳ.379; Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувва, 1405ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.174; Балозурӣ, Футӯҳ-ул-булдон, 1988м., саҳ.48
- ↑ Воқидӣ, Ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.900–901; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.75–76
- ↑ «شرح لبیک یا حسین بخش اول: نوشتاری از استاد هادی سروش», ШАФАҚНА
- ↑ Ибни Қулувайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.230
- ↑ Ибни Тавус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.713–714; Шаҳиди Аввал, ал-Мазор, 1410ҳ.қ., саҳ.142
- ↑ Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.663–666; Кафъамӣ, ал-Мисбоҳ, 1405ҳ.қ., саҳ.550–552
- ↑ Фароҳидӣ, Китоб-ул-айн, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.341
- ↑ Аҳзарӣ, Таҳзиб-ул-луғат, Бейрут, ҷ.15, саҳ.242
- ↑ Аҳзарӣ, Таҳзиб-ул-луғат, Бейрут, ҷ.15, саҳ.242
- ↑ Ҷавҳарӣ, Ас-Сиҳоҳ, Бейрут, ҷ.1, саҳ.216; Соҳиб ибни Уббод, Ал-Муҳит фи-л-луғат, 1414ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.312
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳам, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.226; Фозили Ҳиндӣ, Кашф-ул-лисом, 1416ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.20; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.3–4
- ↑ «فراخوان رقابتی حروف نگاری لبیک یا حسین», Конуни ҳунарии шиӣ.
- ↑ «بیتوجهی جامعه بینالمللی به نقض حقوق بشری شیعیان نیجریه», Хабаргузории Мизон
- ↑ Бадал, «Шароити динӣ ва мазҳабии кишвари Туркия», саҳ.298
- ↑ «دستههای عزای عاشورایی در سراسر لبنان», Ал-Кавсар
- ↑ «اجتماع عظیم اردبیلیها در روز تاسوعا با شعار لبیک یا حسین», Хабар-Онлайн
- ↑ «شعار لبیک یا حسین(ع) و لبیک یا خامنهای در لاهه هلند», Хабарномаи Донишҷӯёни Эрон
- ↑ «دسته طویریج دستهای به بلندای چهارده قرن», Хабар-Онлайн
- ↑ «فریاد "لبیک یا حسین" زنان قبیله بنیاسد در حرم سیدالشهدا طنینانداز شد», Хабаргузории Меҳр
- ↑ «لبیک یا حسین موجب ماندگاری گفتمان عاشورایی است», Хабаргузории Разавӣ
- ↑ تعویض پرچم گنبدحرمهای کربلا, Хабаргузории Меҳр
- ↑ پرچم لبیک یا حسین در بین الحرمین., Хабаргузории Меҳр
- ↑ پایگاه ارتباطات رسانهای حزبالله
- ↑ Барои намуна ниг.: «لبیک یاحسین -(ازعمق جان بگو لبیک یاحسین)»، امام هشت.
- ↑ «لبیک یا حسین جدیدترین اثر حاج صادق آهنگران», Раҷониюс
- ↑ «فراخوان رقابتی حروف نگاری لبیک یا حسین», Маркази ҳунарии шиа
- ↑ «شعار لبیک یا حسین در حرم طنین انداز شد», Намояндагии Валии Фақеҳ дар умури ҳаҷҷу зиёрат
- ↑ «نام عملیات از "لبیک یا حسین" به "لبیک یا عراق" تغییر کرد», Хабаргузории Ҷумҳур
- ↑ «تشییع پیکر شهید حاج قاسم سلیمانی در مشهد», Афкорниюс
- ↑ «صحن اباعبدالله؛ لبیک یا حسین در هنگام ورود پیکر شهدا», Росихун
- ↑ «طنین شعار لبیک یا حسین(ع) در مراسم تشییع شهید «علی یوسف علاء الدین» از رزمندگان حزبالله», Хабаргузории Донишҷӯ
- ↑ «ایران اسلامی در سالروز رحلت پیامبر به سوگ نشست», Пойгоҳи иттилоърасонии Ҳаҷ
- ↑ «اجتماع دانشآموزان شیرازی در حرم مطهر حضرت شاهچراغ + فیلم», Хабаргузории Тасним
- ↑ «طنین ندای "لبیک یا زینب(س)" در سراسر ایران», Хабаргузории Ҳавза
- ↑ «سید حسن نصرالله: تکفیریها پشتپرده انفجارهای زینبیه هستند/ با شعار «لبیک یا حسین» به خیابانها میآییم», Хабаргузории Тасним; «ندای لبیک یا مهدی همراه با عطر یاس مهدوی در میعادگاه منتظران», Сомонаи ИРНА
- ↑ «مردم گچساران لبیک یا ابوافضل(ع) را درشب تاسوعا سردادند», Хабаргузории ИСНА
- ↑ «برگزاری راهپیمایی روز ملی مبارزه با استکبار در کرمان», Хабаргузории ИКНА
Сарчашма
- «لبیک یا حسین! لبیک یا مهدی!»، بهایی پژوهی», Баҳоипажӯҳӣ, санаи нашр: 11 шахривари 1401ҳ.ш., санаи боздид: 5 озари 1402ҳ.ш.
- «لبیک یاحسین -(ازعمق جان بگو لبیک یاحسین)», Имоми Ҳаштум, санаи боздид: 5 озари 1402ҳ.ш.
- «دستههای عزای عاشورایی در سراسر لبنان», Ал-Кавсар, санаи нашр: 8 мурдоди 1402ҳ.ш., санаи боздид: 5 озари 1402ҳ.ш.
- «شرح لبیک یا حسین بخش اول: نوشتاری از استاد هادی سروش», Шафақно, санаи нашр: 8 мурдоди 1401ҳ.ш., санаи боздид: 5 озари 1402ҳ.ш.
- ««لبیک یا حسین یعنی رهایی از همه قدرت ها: نوشتاری از استاد هادی سروش – بخش هفتم», Шафақно, санаи нашр: 21 мурдоди 1401ҳ.ш., санаи боздид: 5 озари 1402ҳ.ш.
- «شعار لبیک یا حسین در حرم طنین انداز شد», Намояндагии Валии Фақеҳ дар умури ҳаҷҷу зиёрат, санаи боздид: 5 озари 1402ҳ.ш.
- «لبیک یا حسین خنثی کننده توطئه دشمنان است», Намояндагии Валии Фақеҳ дар умури ҳаҷҷу зиёрат, санаи боздид: 5 озари 1402ҳ.ш.
- «شعار لبیک یا حسین(ع) و لبیک یا خامنهای در لاهه هلند», Хабарномаи донишҷӯёни Эрон, санаи нашр: 22 озари 1391ҳ.ш., санаи боздид: 5 озари 1402ҳ.ш.
- «شعار لبیک یا حسین مبارزه با استکبار ستیزی است», хабаргузории Расо, санаи нашр: 12 обони 1394ҳ.ш., санаи боздид: 5 озари 1402ҳ.ш.
- [1], Расихун.
- «فراخوان رقابتی حروف نگاری لبیک یا حسین»، کانون هنری شیعی, Маркази ҳунарии шиа, санаи нашр: 30 мурдоди 1399ҳ.ш., санаи боздид: 5 озари 1402ҳ.ш.
- «تشییع پیکر شهید حاج قاسم سلیمانی در مشهد», Афкорниюс, санаи нашр: 15 дайи 1398ҳ.ш., санаи боздид: 5 озари 1402ҳ.ш.
- تعویض پرچم گنبد حرمهای کربلا., хабаргузории Меҳр, санаи боздид: 11 озари 1402ҳ.ш.
- «طنین شعار لبیک یا حسین(ع) در مراسم تشییع شهید «علی یوسف علاء الدین» از رزمندگان حزبالله», хабаргузории Донишҷӯ, санаи боздид: 5 озари 1402ҳ.ш.
- «طنین ندای "لبیک یا زینب(س)" در سراسر ایران», хабаргузории Ҳавза, санаи нашр: 15 обони 1393ҳ.ш., санаи боздид: 12 озари 1402ҳ.ш.
- «ندای لبیک یا حسین در ایران», хабаргузории Садову симо, санаи нашр: 8 шахривари 1399ҳ.ш., санаи боздид: 5 озари 1402ҳ.ш.
- «ندای لبیک یا مهدی همراه با عطر یاس مهدوی در میعادگاه منتظران», сомонаи ИРНА, санаи нашр: 17 исфанди 1401ҳ.ш., санаи боздид: 12 озари 1402ҳ.ш.
- «شعار لبیک یا حسین جهانی شده است», ИСНА, санаи нашр: 28 мурдоди 1400ҳ.ш., санаи боздид: 5 озари 1402ҳ.ш.
- «نام عملیات از "لبیک یا حسین" به "لبیک یا عراق" تغییر کرد», хабаргузории Ҷумҳур, 7 Ҷавзои 1394ҳ.ш., санаи боздид: 5 озари 1402ҳ.ш.
- «دسته طویریج دستهای به بلندای چهارده قرن», Хабар-Онлайн.
- «اجتماع عظیم اردبیلیها در روز تاسوعا با شعار لبیک یا حسین», Хабар-Онлайн, санаи нашр: 20 меҳри 1395ҳ.ш.
- «فریاد "لبیک یا حسین" زنان قبیله بنیاسد در حرم سیدالشهدا طنینانداز شد», хабаргузории Меҳр, 8 озари 1391ҳ.ш., санаи боздид: 5 озари 1402ҳ.ш.
- پرچم لبیک یا حسین در بین الحرمین., хабаргузории Меҳр, санаи боздид: 11 озари 1402ҳ.ш.
- «شعار «لبیک یا حسین» به معنای اجابت دعوت سیدالشهدا(ع) است», хабаргузории Меҳр, санаи нашр: 10 мурдоди 1401ҳ.ш., санаи боздид: 5 озари 1402ҳ.ш.
- «بیتوجهی جامعه بینالمللی به نقض حقوق بشری شیعیان نیجریه», хабаргузории Мизон, санаи нашр: 7 мурдоди 1402ҳ.ш., санаи боздид: 5 озари 1402ҳ.ш.
- «لبیک یا حسین جدیدترین اثر حاج صادق آهنگران», Роҷаниюс, санаи нашр: 10 озари 1394ҳ.ш., санаи боздид: 5 озари 1402ҳ.ш.
- «لبیک یا حسین موجب ماندگاری گفتمان عاشورایی است», хабаргузории Разавӣ, санаи нашр: 2 меҳри 1396ҳ.ш., санаи боздид: 5 озари 1402ҳ.ш.
- «شعار لبیک یا حسین در سراسر کشور طنین انداز میشود / شکوه عزاداری در استان اردبیل بینظیر است», хабаргузории Тасним, санаи нашр: 8 шахривари 1399ҳ.ш., санаи боздид: 5 озари 1402ҳ.ш.
- «سید حسن نصرالله: تکفیریها پشتپرده انفجارهای زینبیه هستند/ با شعار «لبیک یا حسین» به خیابانها میآییم», хабаргузории Тасним, санаи нашр: 6 мурдоди 1402ҳ.ш., санаи боздид: 12 озари 1402ҳ.ш.
- «شعار ” لبیک یا حسین” هیمنه استکبار را درهمشکسته است», Заррин Хабар, санаи нашр: 31 мурдоди 1402ҳ.ш., санаи боздид: 5 озари 1402ҳ.ш.
- Азҳарӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таҳзибул-Луғат, Бейрут, Дор Иҳёи Туроси Арабӣ, бе таърих.
- Бадал, Ҳасан, «Шароити динӣ ва мазҳабии кишвари Туркия», Пажӯҳишномаи Ҳикмат ва фалсафаи исломӣ, №№№10 ва 11, тобистон ва тирамоҳи 1383ҳ.ш.
- Байҳақӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, Далоил-ун-нубуввати ва маърифату аҳволи Соҳиби Шариъа, таҳқиқи Абдулмуътӣ Қалъаҷӣ, Бейрут, Дору-л-кутуби илмия, 1405 ҳ.қ.
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Футӯҳ-ул-булдон, Бейрут, Дор ва мактабаи Ҳилол, 1988 м.
- Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, Китоб-ул-мағозӣ, таҳқиқи Марзден Ҷоунз, Бейрут, Муассисаи Аъламӣ ли-л-Матбуот, 1409 ҳ.қ.
- Динварӣ, Аҳмад ибни Довуд, Ахборут-Тивол, Қум, Маншуроти Разӣ, 1368ҳ.ш.
- Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар, Мазори Кабир, Қум, Ҷомеаи Мударрисин, 1419 ҳ.қ.
- Ибни Намо Ҳиллӣ, Мусир-ил-аҳзон, Қум, Мактабаи Имом Маҳдӣ, 1406 ҳ.қ.
- Ибни Саъд, Муҳаммад, Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдулқодири Ато, Бейрут, Дорулкутуби Илмия, 1410 ҳ.қ.
- Ибни Тавус, Алӣ ибни Мӯсо, Ал-Лӯҳуф ало қатла-т-туфуф (арабӣ ҳамроҳ бо тарҷума), тарҷумаи Аҳмад Фарҳии Занҷонӣ, Теҳрон, Нашри Ҷаҳон, 1348ҳ.ш.
- Ибни Тавус, Алӣ ибни Мӯсо, Иқбол-ул-аъмол, Теҳрон, Дору-л-кутуб-ил-исломия, чопи дуввум, 1409 ҳ.қ.
- Ибни Қулувайҳ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Комил уз-зиёрот, Наҷаф, Дор-ул-Муртазоия, 1356ҳ.ш.
- Кафъамӣ, Иброҳим ибни Алӣ Омилии Кафъамӣ, ал-Мисбоҳ фи-л-адъияти ва-с-салавоти ва-з-зиёрот, Қум, Дорур-Ризо, 1405 ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб ибни Исҳоқ, Ал-Кофӣ, Қум, Дорулҳадис, 1429 ҳ.қ.
- Курдӣ, Ҳамидризо, «Шиаёни Нигерия (фурсатҳо, таҳдидҳо, боварҳо)», Нишрияи Паём, №116, зимистони 1394ҳ.ш.
- Маркабӣ, Сайид Ҳусейн, Лаббайка ё Ҳусайн: гуфторҳои ошӯроии Сайид Ҳасан Насруллоҳ, Теҳрон, Нашри Хайма, 1393ҳ.ш.
- Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъ-ул-асмоъ бимо ли-н-Набий мина-л-аҳвол ва-л-амвол ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ, таҳқиқи Муҳаммад Абдулҳамид Намисӣ, Бейрут, Дорулкутуби Илмия, 1420 ҳ.қ.
- Муҳаддисӣ, Ҷавод, Фарҳанги Ошӯро, Қум, Нашри Маърӯф, 1376ҳ.ш.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир ал-Каллом, таҳқиқи Қучонӣ ва дигарон, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
- Нубахтӣ, Ҳасан ибни Мӯсо, Фирақ-уш-шиъа, таҳқиқи Сайид Муҳаммад Содиқи Баҳрулулум, Наҷаф, Мактабаи Ҳайдария, 1388 ҳ.қ.
- Сақафӣ, Муҳаммад, «Таъсири Ошӯро дар адабиёти Ошӯро (2)», саҳ. 30, Дарсҳое аз Мактаби Ислом, соли 43, №1, фарвардини 1382ҳ.ш.
- Соҳиб ибни Уббод, Исмоил ибни Уббод, Ал-Муҳит фи-л-луғат, Бейрут, Олами Кутуб, 1414 ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Язид, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дору-т-турос, чопи дуввум, 1387 ҳ.қ.
- Фараҳидӣ, Халил ибни Аҳмад, Китоб ал-Ъайн, Қум, Нашри Ҳиҷрат, чопи дуввум, 1410 ҳ.қ.
- Фозили Ҳиндӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Кашф ал-лисом, Қум, Нашри Исломӣ, 1416 ҳ.қ.
- Шайх Ҳурр Аъмилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Исбот ал-Ҳудот бин-Нусус вал-Муъҷизот, Бейрут, Аъламӣ, 1425 ҳ.қ.
- Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Мазору фи кайфияти зиёрот-и-Набӣ ва Аимма (а), Қум, Мактабаи Имом Маҳдӣ (а), 1410 ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Масолик ал-афҳом ило танқеҳи шароеъ ал-Ислом, Қум, Маорифи Исломӣ, 1416 ҳ.қ.
- Ҳалвонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Наср, Нузҳат-ун-нозир ва танбеҳ-ул-хотир, Қум, Мактабаи Имом Маҳдӣ (аҷ), 1408 ҳ.қ.
- Ҷавҳарӣ, Исмоил ибни Ҳаммад, Ас-Сиҳоҳ, Бейрут, Дор-ул-илм ли-л-малоиин, бе таърих.