Зиёрати ноҳияи муқаддаса

Аз wikishia
Фарозе аз зиёрати ноҳияи насбшуда дар равоқи ҳарами ҳазрати Маъсума (с)
Барои дигар корбурдҳо Зиёрати ноҳияи муқаддаса (ибҳомзудоӣ)-ро бибинед.

Зиёрати Ноҳияи муқаддаса яке аз зиёратҳои Имом Ҳусайн (а) аст, ки ба хондани он дар рӯзи Ошуро супориш шудааст. Шиаён ин зиёратномаро дар рӯзҳои дигар ҳам мехонанд.

Ин зиёратнома, бо салом бар пайғамбарону имомон (а) оғоз мешавад ва бо салом бар Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш идома меёбад. Баъд аз он, ба шарҳе аз авсоф ва кирдори имом, заминаҳои қиём, шарҳи шаҳодат ва мусибатҳои он ҳазрат ва азодор шудани оламу мавҷудот мепардозад.

Зиёрати ноҳияи муқаддасаро Ибни Машҳадӣ (ваф.610ҳ.қ.) ва ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ, Шайхи Муфид (ваф.413ҳ.қ.) нақл кардаанд.

Дар манобеи ҳадисӣ, тасреҳ нашудааст, ки кадом имом онро баён кардааст, аммо бархе мегӯянд, аз ноҳияи Имом Маҳдӣ (аҷ) содир шудааст.

Номгузорӣ ва аҳамият

Зиёрати ноҳияи муқаддаса, зиёратномае дарбардорандаи мусибатҳои Имом Ҳусайн ва ёронаш аст.[1] Ба ҳамин хотир суханронону маддоҳон ба он зиёд истинод мекунанд.[2] Ибни Машҳадӣ онро ҷузви аъмоли рӯзи Ошуро зикр кардааст,[3] аммо шиаён онро дар айёми дигари сол низ мехонанд.[4]

Ин зиёратномаро «зиёрати ноҳияи машҳур»[5] ё «зиёрати ноҳияи маъруф»[6] низ мегӯянд, дар муқобили Зиёратушшуҳадо ки онро «зиёрати ноҳияи ғайримашҳур» ҳам мехонанд.[7]

«Ноҳияи муқаддаса» истилоҳе аст, ки шиаён, аз замони Имом Ҳодӣ (а) то поёни ғайбати суғро, барои ишора ба имоми маъсум (а) истифода мекарданд.[8]

Ҳамчунин бибинед: Ноҳияи муқаддаса

Зиёрати ноҳияи муқаддаса аз кадом имом содир шудааст?

Дар манобеи ҳадисӣ тасреҳ нашудааст, ки зиёрати ноҳияи муқаддаса аз ҷониби кадом маъсум баён шудааст. Дар китоби ал-Мазор-ул-кабир, асари Ибни Машҳадӣ (ваф. 610ҳ.қ.), танҳо омадааст, ки аз «ноҳия, алайҳис-салом» содир шудааст.[9] Аллома Маҷлисӣ низ ки онро ҳам аз Ибни Машҳадӣ ва ҳам аз Шайхи Муфид (ваф. 413ҳ.қ. ) гузориш кардааст, ишора накардааст, ки кадоми имом онро баён кардааст.[10]

Бо ин ҳама, бархе аз сухани Ибни Машҳадӣ ҳангоми нақли ривоят натиҷа гирифтаанд, ки зиёратномаро Имоми Замон ба яке аз нуввоби арбаъа гуфтааст.[11] Сухани Ибни Машҳадӣ ин аст: «وَ مِمَّا خَرَجَ مِنَ النَّاحِيَةِ عَلَيْهِ السَّلَامُ إِلَى أَحَدِ الْأَبْوَاب‏; ва аз чизҳое ки аз ноҳия, алайҳис-салом, ба яке аз абвоб содир шудааст».[12]

Муҳтаво

Фарозҳое аз зиёратнома
Салом бар ришҳои ба хун оғишташуда اَلسّلامُ عَلَی الشَّیبِ الخَضیبِ
Салом бар рухсори хоколӯд اَلسّلامُ عَلَی الخَدِّ التَّریبِ
Салом бар лабе ки бо най зада шуд اَلسّلامُ عَلَی الثَّغرِ المَقروعِ بِالقَضیبِ
Салом бар сари болои найза اَلسّلامُ عَلَی الرَّأسِ المَرفوعِ
Салом бар ҷасадҳое, ки бараҳна дар биёбон раҳо шуданд اَلسّلامُ عَلَی الاَجسادِ العارِیةِ فِی الفَلَواتِ

Зиёрати ноҳияи муқаддаса бо салом бар пайғамбарон, Аҳли Байт, Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш дар Карбало оғоз мешавад. Баъд аз он, ба шарҳи авсоф ва кирдори Имом Ҳусайн (а) пеш аз воқеаи Карбало, заминаҳои қиёми Ошуро, шарҳи шаҳодат вау сахтиҳои ӯ ва ёронаш ва азодор шудани мавҷудоти олам мепардозад. Дар поён, бо тавассул ба Аҳли Байт ва дуо поён мепазирад.[13]

Дар оғози ин зиёрат, бар 24 пайғамбар ва панҷ тани Оли Або ба ҳамроҳи авсофи машҳури онҳо салом дода мешавад.[14] Салом бар Имом Ҳусайн (а) гоҳе бо зикри ном ва фазоил ва амалкарди он ҳазрат аст ва гоҳе бар аъзою ҷавориҳаш бо баёни мусибати воридшуда бар онҳо.[15]

Баёни вижагиҳои Имом Ҳусайн

Дар ин зиёратнома бархе аз вижагиҳои Имом Ҳусайни муаррифӣ шудааст:

  • Дар турбати ӯ, шифо қарор дода шудааст.
  • Дар зери боргоҳи ӯ, дуо мустаҷоб мешавад.
  • Аимма аз насли ӯянд.
  • Фарзанди Пайғамбар (с), Алӣ (а) ва Фотима (с) аст.[16]

Санади зиёрат

Фарозе аз зиёрати ноҳияи насбшуда дар равоқи ҳарами ҳазрати Маъсума (с)

Зиёрати ноҳияи муқаддаса дар китоби ал-Мазор-ул-кабир, асари Ибни Машҳадӣ (ваф. 610ҳ.қ.) нақл шудааст.[17] Албатта Аллома Маҷлисӣ дар Биҳор-ул-анвор, онро ба нақл аз китоби ал-Мазор навиштаи Шайхи Муфид (ваф. 413ҳ.қ.) ҳам овардааст,[18] аммо дар нусхаҳои мавҷуди ин китоб, ин зиёратнома вуҷуд надорад.[19]

Ибни Машҳадӣ дар оғози китобаш гуфтааст, ончӣ дар ин китоб овардааст аз тариқи ровиёни сиқа, ба содот (эшонзодаҳо) мерасад.[20] Баъзеҳо бо истинод ба инки манзур аз содот, имомони маъсум ҳастанд, ривоёти ин китобро муътабару саҳеҳ медонанд, ҳарчанд мурсал бошанд.[21] Ҳамчунин ин ҷумлаи ӯро аз тавсиқоти ом шуморидаанд, ки аз назари бархе риҷолиён бар васоқати тамоми ровиёни китоб далолат дорад.[22]

Дар муқобил, Оятуллоҳ Хуӣ дар китоби Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, эътибори китоби ал-Мазор-ул-кабирро намепазирад ва Ибни Машҳадиро маҷҳулул-ҳувият медонад.[23] Муҳаммадҳодӣ Юсуфии Ғаравӣ (тав.1327ҳ.ш.) - таърихпажуҳ низ дар санади ин зиёрат тардид кардааст. Ӯ гуфтааст, бархе аз матолиби ин зиёрат бо мусалламоти таърих ва ахбори муътабари мақотил созгорӣ надорад.[24] Бо ин ҳол, ба бовари Наҷмиддини Табасӣ (тав.1334ҳ.ш.) - ҳадиспажуҳ, эътимоди олимоне чун Сайид ибни Товус, Шаҳиди Аввал, Аллома Маҷлисӣ ва Муҳаддиси Нуриро мӯҷиби итминон ба васоқати Ибни Машҳадӣ мешавад.[25]

Зиёрати манқул аз Сайиди Муртазо

Сайид ибни Товус дар китоби Мисбоҳ-уз-зоир, зиёрате аз Сайиди Муртазо (ваф. 436ҳ.қ.) бо унвони «зиёратун сонавия би алфозин шофия/زیارةٌ ثانَویّه بِاَلفاظ شافِیَه» ҷузви аъмоли рӯзи Ошуро нақл кардааст.[26]

Ба гуфтаи Муҳаммади Эҳсонифар дар мақолаи «Эътибори санадии зиёратҳои ноҳияи муқаддаса», ду сеюми зиёрати ноҳия дар ин зиёрат омадааст.[27] Аллома Маҷлисӣ эҳтимол додааст, ки иллати ин тафовут, ихтилофи нусхаҳо бошад, ё инки ба эҳтимоли қавитар, Сайиди Муртазо иборате аз худ бар зиёрати ноҳия афзудааст.[28] Эҳсонифар, зиёрати манқул аз Сайиди Муртазоро ба имоми маъсум нисбат надода ва гуфтааст, ин зиёрат бо зиёрати ноҳия фарқи асосӣ дорад.[29]

Шакку тардид дар судури фарозҳое аз зиёратнома

Бархе аз нависандагон бо истинод ба фарозҳое аз зиёратнома, дар судури он аз маъсум тардид кардаанд; аз ҷумла гуфтаанд, ин фароз, ки мегӯяд: «занон аз паси пардаҳои хайма хориҷ шуданд, дар ҳоле ки гесувон бар гунаҳо пароканда намуда буданд, бар рӯйҳояшон силӣ мезаданду ниқоб аз чеҳра афканда буданд» бо мабонии динии шиа созгор нест; чароки дар ривоёт, аз парешон кардани мӯй ва латма задан ба рӯй наҳй шудааст. Ҳамчунин чунин коре бо мақоми сабри занони Аҳли Байт, ба хусус ҳазрати Зайнаб (с) дар баробари имтиҳони Илоҳӣ созгор нест.[30] Дар ҷавоб ба ин ишкол гуфтаанд, ин иборот кинояӣ аст ва киноя аз ин аст, ки занон парешон буданд ва ҳоли руҳии ошуфтае доштанд.[31]

Ҳамчунин ишкол кардаанд, ки иборати «Шимр бар синаат нишасту шамшерашро ба ҳанҷарат фуру бурду ришатро ба даст гирифту бо шамшераш, туро забҳ кард» бо гузоришҳои дигаре, ки ҳокӣ аз ин аст, ки сари Имом Ҳусайнро аз пушт буриданд созгор нест.[32]

Шарҳҳои Зиёрати ноҳия

Бар зиёратномаи ноҳияи муқаддаса, шарҳҳое навишта шудааст, ки аз он ҷумла аст:

  • Аз-Захират-ул-боқия аз Муҳаммадҷаъфар Шомилии Шерозӣ (форсӣ)
  • Аш-Шамс-уз-зоҳия аз ҷамъе аз уламо (форсӣ)
  • Туҳфатун қоимийя аз Шайх Муҳаммадбоқир Фақиҳ Имонӣ (форсӣ)
  • Кашфун доҳия аз бархе аз уламои Ҳинд (урду)
  • Ҳамраҳи нур; шарҳи Зиёрати ноҳияи муқаддаса аз Сайид Ҳидоятуллоҳ Толиқонӣ
  • Саломи мавъуд; баёни таҳлилӣ ва тавсифии зиёрати ноҳияи муқаддаса аз Муҳаммадризо Сангарӣ.[33]

Матн ва тарҷума

Матни зиёрати ноҳияи муқаддаса[34]

Тарҷумаи Зиёрати ноҳияи муқаддаса

Салом бар Одам - ёри мухлиси Худо аз байни офаридагонаш, дуруд бар Шис - валии Худо ва беҳтарини бандагонаш, салом бар Идрис, ки барои Худо ҳуҷҷати Ӯро бапо дошт, дуруд бар Нуҳ, ки дуояш қарини иҷобат буд, салом бар Ҳуд, ки кумак ва ёрии Худои мадади ӯ буд, дуруд бар Солеҳ, ки Худованд тоҷи каромат бар сараш ниҳод, салом бар Иброҳим, ки Худо мақоми хуллату рафоқатро ба ӯ ато намуд, дуруд бар Исмоил, ки Худованд забҳи азиме аз биҳиштро фидои ӯ намуд, салом бар Исҳоқ, ки Худованд пайғамбариро дар насли ӯ қарор дод, дуруд бар Яъқуб, ки Худованд ба раҳмати худ биноии чашмашро ба ӯ бозгардонд, салом бар Юсуф, ки Худованд ба азамати худ ӯро аз қаъри чоҳ раҳоӣ бахшид, дуруд бар Мусо, ки Худованд ба қудрати худ дарёро барояш шикофт, салом бар Ҳорун, ки Худованд пайғамбарии худро ба вай ихтисос дод, дуруд бар Шуъайб, ки Худо ӯро бар умматаш пирӯз намуд, салом бар Довуд, ки Худованд аз лағзиши ӯ даргузашт, дуруд бар Сулаймон, ки ба хотири шавкаташ ҷин ба фармони ӯ даромад, салом бар Айюб, ки Худованд ӯро аз беморияш шифо бахшид, дуруд бар Юнус, ки Худованд ба ваъдаи худ барояш вафо намуд, салом бар Узайр, ки Худованд ӯро баъд аз маргаш ба ҳаёт бозгардонд, дуруд бар Закариё, ки дар ранҷу бало шикеб буд, салом бар Яҳё, ки Худованд ба сабаби шаҳодат мақом ва манзалати ӯро боло бурд!

Дуруд бар Исо руҳи Худо ва калимаи Ӯ, салом бар Муҳаммад маҳбуби Худо ва ёри мухлиси Ӯ, дуруд бар фармонравои муъминон Алӣ ибни Абитолиб, ки бародарии Расули Худо ба вай ихтисос ёфт, салом бар Фотимаи Заҳро духтари Расулуллоҳ, дуруд бар Ҳасан ибни Алӣ васӣ ва ҷонишини падараш, салом бар Ҳусайн ки ҷонашро тақдим намуд, салом бар он касе ки дар ниҳону ошкор Худоро итоат намуд, салом бар он касе ки Худованд шифоро дар хоки қабри ӯ қарор дод, салом бар он касе ки (макони) иҷобати дуо дар зери боргоҳи ӯст, салом бар он касе ки имомон аз насли ӯянд, салом бар фарзанди хотами пайғамбарон, салом бар фарзанди сарвари ҷонишинон, салом бар фарзанди Фотимаи Заҳро, салом бар фарзанди Хадиҷаи Кубро, салом бар фарзанди Сидратул-мунтаҳо, салом бар фарзанди Ҷаннатул-маъво, салом бар фарзанди замзаму сафо, салом бар он оғишта ба хун, салом бар онки (ҳурмати) хаймагоҳаш дарида шуд, салом бар панҷумин Асҳоби Кисо, салом бар ғариби ғарибон, салом бар шаҳиди шаҳидон, салом бар мақтули душманон, салом бар сокини Карбало, салом бар он касе ки фариштагони осмон бар ӯ гиристанд, салом бар он касе ки хонадонаш поку мутаҳҳаранд, салом бар пешвои дин, салом бар он ҷойгоҳҳои бароҳину ҳуҷаҷи Илоҳӣ, дуруд бар он пешвоёни сарвар, салом бар он гиребонҳои чокшуда, салом бар он лабҳои хушкида, салом бар он ҷонҳои мустаъсалу ночор, салом бар он арвоҳи (аз колбад) хориҷшуда, салом бар он ҷасадҳои урёну бараҳна, салом бар он баданҳои лоғару наҳиф, салом бар он хунҳои ҷорӣ, салом бар он аъзои қитъа-қитъашуда, салом бар он сарҳои болорафта (бар найзаҳо), саломи бар он бонувони беруномада (аз хаймаҳо), салом бар ҳуҷҷати Парвардигори ҷаҳониён!

Салом бар ту (эй Ҳусайн ибни Алӣ) ва бар падарони поку тоҳират, саломи бар ту ва бар фарзандони шаҳидат, салом бар ту ва бар хонадони ёридиҳандаат (ба дини Илоҳӣ), салом бар ту ва бар фариштагони мулозими оромгоҳат, салом бар он куштаи мазлум, салом бар бародари масмумаш, салом бар Алии Акбар, салом бар он ширхори хурдак, салом бар он баданҳои бараҳнашуда, салом бар он хонаводае, ки наздик (ва ҳамроҳи сарварашон) буданд, салом бар он ба хокафтодагон дар биёбонҳо, салом бар он дурафтодагон аз ватанҳо, салом бар он дафншудагони бекафан, салом бар он сарҳои ҷудошуда аз бадан, салом бар он ҳисобгари (аъмоли хеш барои Худо) ва шикеб, салом бар он мазлуми беёвар, салом бар он ҷойгирифта дар хоки пок, салом бар соҳиби он боргоҳи олирутба, салом бар он касе ки Рабби Ҷалил ӯро поку мутаҳҳар гардонид, салом бар он касе, ки Ҷабраил ба ӯ мубоҳот менамуд, салом бар он касе ки Микоил дар гаҳвора бо ӯ такаллум менамуд, салом бар он касе, ки аҳду паймонаш шикаста шуд, салом бар он касе ки пардаи ҳурматаш дарида шуд, салом бар он касе ки хунаш ба зулм рехта шуд, салом бар он касе ки бо хуни захмҳояш шустушу дода шуд, салом бар он касе ки аз ҷомҳои найзаҳо ҷуръа нӯшид, салом бар он мазлуме, ки хунаш мубоҳ гардид, салом бар он касе ки дар малаъи ом сараш бурида шуд, салом бар онки аҳли қаряҳо дафнаш намуданд, салом бар онки шоҳрагаш бурида шуд, салом бар он мудофеъи беёвар, салом бар он маҳосини ба хун хазобшуда, салом бар он рухсорҳои хоколӯда, салом бар он бадани бараҳна, салом бар он дандони чубхӯрда, салом бар он сари болои найза рафта, салом бар он баданҳои бараҳнаю урёне, ки дар биёбонҳо гургҳои таҷовузгар ба он дандон меолӯданд, ва дарандагони хунхор бар гирди он мегаштанд, салом бар ту эй мавлои ман ва бар фариштагоне, ки бар гирди боргоҳи ту пар мекашанд ва атрофи турбатат иҷтимоъ кардаанд!

Ва дар остони ту тавоф мекунанд, ва барои зиёрати ту ворид мешаванд, салом бар ту! Ман ба сӯи ту рӯ овардаам, ва ба растагорӣ дар пешгоҳи ту умед бастаам, салом бар ту, саломи он касе ки ба ҳурмати ту ошност ва дар вилоят ва дӯстии ту мухлису бериёст, ва ба сабаби муҳаббату вилои ту ба Худо тақарруб ҷуста, ва аз душманонат безор аст, саломи касе ки қалбаш аз мусибати ту ҷариҳадор ва ашкаш ба ҳангоми ёди ту ҷорист, саломи касе ки дардноку ғамгину шефтаю фурутан аст, саломи касе ки агар бо ту дар Карбало мебуд, бо ҷонаш (дар баробари) тезии шамшерҳо аз ту муҳофизат менамуд ва нимаи ҷонашро ба хотири ту ба дасти марг месупурд, ва дар рикоби ту ҷиҳод мекард, ва туро алайҳи ситамкорон ёрӣ дода, ҷону тану молу фарзандашро фидои ту менамуд ва ҷонаш фидои ҷони ту ва хонаводааш сипари балои аҳли байти ту мебуд, агарчӣ замона маро ба таъхир андохт ва муқаддароти Илоҳӣ маро аз ёрии ту боздошт, ва набудам то бо касоне ки ки бо ту ҷангиданд биҷангам, ва бо касоне ки бо ту изҳори душманӣ карданд, хусумат намоям, (дар иваз) субҳу шом бар ту гиря мекунам, ва ба ҷои ашк барои ту хун гиря мекунам, аз рӯи ҳасрату таассуфу афсус бар мусибатҳое, ки бар ту ворид шуд, то ҷое ки аз фарти андуҳи мусибат ва ғаму ғуссаи шиддати ҳузн ҷон супорам, гувоҳӣ медиҳам, ки ту намозро бапо доштӣ, ва закот додӣ ва амри ба маъруф кардӣ, ва аз мункару адоват наҳй намудӣ. Итоати Худо кардӣ ва нофармониаш нанамудӣ, ва ба Худо ва ресмони Ӯ чанг задӣ то Ӯро розӣ намудӣ, ва аз Ӯ дар хавфу хашят буда, назорагари Ӯ будӣ, ва Ӯро иҷобат намудӣ ва суннатҳои некӯ ба вуҷуд оварадӣ ва оташҳои фитнаро хомуш намудӣ ва даъват ба ҳидояту истиқомат кардӣ ва роҳҳои савобу ҳақро равшану возеҳ гардондӣ, ва дар роҳи Худо баҳақ ҷиҳод намудӣ ва фармонбардори Худованд ва пайрави ҷаддат Муҳаммад ибни Абдуллоҳ будӣ ва шунавои каломи падарат Алӣ будӣ ва пешигиранда ба (анҷоми) супориши бародарат Имом Ҳасан будӣ ва рафъатдиҳандаи пояи шарофати дин ва хору саркубкунандаи туғён ва кубандаи саракашон ва хайрхоҳу насиҳатгари уммат будӣ, дар ҳангоме ки дар шадоиди марг даступо мезадӣ ва муборизакунанда бо фосиқон будӣ ва қиёмкунанда бо ҳуҷаҷу бурҳонҳои Илоҳӣ ва тараҳҳумкунанда бар Ислому муслимин будӣ!

Ёригари ҳақ будӣ, дар ҳангоми бало шикебу собир, ҳофизу муроқиби дин ва мудофеъи ҳарими оин будӣ, (тариқи) ҳидоятро ҳифз намуда ёрӣ менамудӣ, адлу додро густариш дода, вусъат мебахшидӣ, дин ва оини Илоҳиро ёрӣ намуда, ошкор менамудӣ, ёвагӯёнро (аз идомаи роҳ) боздошта, ҷилавгирӣ мекардӣ, ҳаққи заъифро аз қавӣ меситондӣ, дар қазовату доварӣ байни заъифу қавӣ баробар ҳукм менамудӣ, ту баҳори сарсабзи ятимон будӣ, нигоҳбон ва ҳофизи мардум будӣ, мояи иззату сарафрозии Ислом, маъдани аҳкоми Илоҳӣ, ҳампаймони некию эҳсон будӣ, пуяндаи тариқаи ҷад ва падарат ва дар супоришоту васиятҳо ҳамсони бародарат будӣ, вафодор ба паймонҳо, дорои саҷоёи писандида, ва бо ҷӯду карам ошкор будӣ, шабзиндадор (ба ибодат) дар дили шабҳои торик, муътадилу миёнарав дар равишҳо, бо саҷоё ва ахлоқи каримона, дорои савобиқи боазамату арзишманд, дорои насаби шариф ва ҳасаби воло, бо дараҷоту рутбаҳои рафиъу олӣ, маноқибу фазоили бисёр, сириштҳо ва табиатҳои мавриди ситоиш, ва бо атоёву мавоҳиб бузург будӣ, ҳалиму сабур, ҳидоятшуда, бозгашткунанда ба сӯи Худо, бо ҷӯду саховат донои тавоно ва қотеъ, пешвои шаҳид, бисёр нолону гирён дар пешгоҳи Худованд, маҳбубу боҳайбат будӣ, ту барои Пайғамбар, ки дуруди Худо бар ӯ ва Оли ӯ бод фарзанд, ва барои Қуръон пуштвона {наҷотдиҳанда}, ва барои уммати Ислом бозуи тавоно, ва дар тоъати Ҳақ кӯшо будӣ, ту ҳофизи аҳду паймони Илоҳӣ, дурикунанда аз туруқи фосиқон будӣ, {ва} ту ончӣ дар тавон доштӣ (барои эълои калимаи ҳақ) базл намудӣ, дорои рукуъу суҷуди тӯлонӣ будӣ, ту монанди касе ки аз дунё рахт бархоҳад баст аз он рӯйгардон будӣ, ва монанди касоне ки аз дунё дар ваҳшату ҳарос ба сар мебаранд ба он нигоҳ мекардӣ, орзӯҳоят аз (тааллуқ ба) дунё боздошта шуда ва ҳиммату кӯшишат аз зевари дунё рӯй гардонда буд, дидагонат аз баҳҷату сурури дунё барбаста ва иштиёқу майлат ба охират шуҳраи офоқ аст, то онки ҷавру ситам дасти тааддӣ дароз намуд ва зулму саркашӣ ниқоб аз чеҳра баркашид ва залолату гумроҳии пайравони хешро фаро хонд, бо онки ту дар ҳарами ҷадат мутаваттин будӣ, ва аз ситамкорон фосила гирифта будӣ ва мулозими манзилу меҳроби ибодат буда, аз лаззатҳою шаҳавоти дунявӣ канорагир будӣ, ва бар ҳасби тоқату тавонат мункарро бо қалбу забонат инкор менамудӣ, пас аз он илму донишат иқтизои инкор ошкор намуд, ва бар ту лозими гашт [лозим намуд[ бо бадкорон рӯ дар рӯ ҷиҳод кунӣ, бинобарин дар миёни фарзандону хонаводаат ва пайравону дӯстонат равона шудӣ ва ҳаққу бурҳонро ошкор намудӣ, ва бо ҳикмату панду андарзи некӯ (мардумро) ба сӯи Худо фарохондӣ, ва ба барподории ҳудуди Илоҳӣ ва тоъати Маъбуд амр намудӣ, ва аз палидиҳою саркашӣ наҳй фармудӣ, вале онҳо ба ситаму душманӣ алайҳи ту қарор гирифтанд, пас, ту низ бо онон ба ҷиҳод бархостӣ, баъд аз онки (ҳақро) ба онон гӯшзад намудӣ [онҳоро ба азоби Илоҳӣ таҳдид намудӣ] ва ҳуҷҷатро бар онҳо муаккад фармудӣ, вале аҳду паймон ва байъати туро шикастанд ва Парвардгори ту ва ҷаддатро ба хашм овараданд ва бо ту ситез оғозиднд, пас ту ба ҷиҳати задухӯрду пайкор устувор шудӣ ва лашкариёни фоҷирро хурду осиё намудӣ, ва дар гарду ғубори набард фурӯ рафтӣ, ва чунон бо Зулфиқор ҷангидӣ, ки гуё Алии Муртазо ҳастӣ, пас чун туро бо қалбе мутмаин, бе тарсу ҳарос ёфтанд, шаррии макру ҳилаашонро бар ту барафроштанд ва аз дари найрангу фасод бо ту қитол намуданд, ва он малъун лашкариёнашро фармон дод, то туро аз об ва истифодаи он манъ намуданд!

Ва бо ту қитол намуданд, ва ба ҷангу мубориза бо ту шитофтанд, ва тирҳою хадангҳо ба сӯи ту партоб намуданд, ва барои истисол ва ночор намудани ту даст дароз карданд, ва ҳурмате барои ту риоят накарданд, ва аз ҳеҷ гуноҳе дар мавриди ту худдорӣ нанамуданд, чӣ дар куштани онҳо дӯстонатро, ва чӣ дар ғорати анҷоми хаймаҳоят, (боре) ту дар гарду ғуборҳои ҷанг пеш тохтӣ, ва озору азиятҳои фаровоне таҳаммул намудӣ, ончунон ки фариштагони осмонҳо аз сабру шикебоии ту ба шигифт омаданд, пас душманон аз ҳама тараф ба ту ҳуҷум овараданд, ва туро ба сабаби захмҳою ҷароҳатҳо нотавон намуданд, ва роҳи халосу рафтан бар ту бастанд, то онки ҳеҷ ёваре бароят намонад, вале ту ҳисобгари (амали хеш барои Худо) ва сабур будӣ, аз занону фарзандонат дифоъ ва ҳимоят менамудӣ, то онки туро аз аспи савориат сарнагун намуданд, пас, бо бадани маҷрӯҳ бар замин афтодӣ, дар ҳоле ки аспҳо туро бо сумҳои хеш кубиданд, ва саркашон бо шамшерҳои тезашон бар фарозат шуданд, пешонии ту ба арақи марг мартуб шуд, ва дастони чапу ростат ба бозу баста шудан дар ҳаракат буд, пас гӯшаи назаре ба ҷониби хаймаҳо ва ҳарамат гардондӣ, дар ҳоле ки аз занону фарзандонат (рӯйгардонда) ба хеш машғул будӣ, аспи савориат бо ҳоли нафрат шитофт, шайҳакашону гирён, ба ҷониби хаймаҳо рӯ намуд, пас чун бонувони ҳарам аспи тезпои туро хору забун бидиданд ва зини туро бар ӯ вожгуна ёфтанд, аз паси пардаҳои (хайма) хориҷ шуданд, дар ҳоле, ки гесувон бар гунаҳо пароканда намуданд, бар рӯяҳо тапонча мезаданд ва ниқоби аз чеҳраҳҳо афканда буданд, ва ба садои баланд шеван мезаданд, ва аз авҷи иззат ба ҳазизи зиллат дарафтода буданд, ва ба сӯи қатлгоҳи ту мешитофтанд!

Дар ҳамон ҳол Шимри малъун бар синаи муборакат нишаста, шамшери худро бар гулӯят сероб менамуд, бо дасте ришҳои шарифатро дар мушт мефишурд, (ва бо дасти дигар) бо теғи охтааш сар аз баданат ҷудо мекард, тамоми аъзо ва ҳавосат аз ҳаракат истод, нафасҳои муборакат дар сина пинҳон шуд ва сари муқаддасат бар найза боло рафт, аҳлу аёлат чун бардагон ба асирӣ рафтанд ва дар ғилу занҷири оҳанин бар фарози ҷиҳози шутурон дарбанд шуданд, гармои (офтоб) нимрӯзӣ чеҳраҳояшон месӯзанд, дар саҳроҳову биёбонҳо кашида мешуданд, дастонашон ба гарданҳо занҷир шуда, дар миёни бозорҳо гардонда мешуданд, эй вой бар ин саракашони гуноҳкор!, чӣ инки бо куштани ту Исломро куштанд ва намозу рӯзаи (Худо)-ро бидуни ёвар раҳо намуданд ва суннатҳову аҳкоми (дин)-ро аз байни бурда шикастанд, ва пояҳои имонро мунҳадим намуданд ва оёти Қуръонро таҳриф карда, дар (водии) ҷинояту адоват пеш тохтанд, ба ростӣ Расули Худо «ки дуруди Худо бар ӯ ва оли ӯ бод!» (бо шаҳодати ту) танҳо монд! (ё мазлум воқеъ шуд) ва китоби Худованди Азза ва Ҷалла матрук гардид ва онгоҳ, ки ту мақҳуру мағлуб гаштӣ, ҳаққу ҳақиқат мавриди хиёнат воқеъ шуд, ва ба фиқдони ту такбири Худо ва калимаи тавҳид, ҳарому ҳалоли дин ва танзилу таъвили Қуръон ҷумлагӣ аз байн рафт, ва пас аз ту тағйир ва табдили (аҳком), куфру илҳод ва бесарпарастии дин, ҳавою ҳавасҳо ва гумроҳиҳо, фитнаҳою ботилҳо ҷумлагӣ (бар саҳифаи рӯзгор) зоҳир шуд, пас пайки марг назди қабри ҷаддат - Расули Худо «ки раҳмати бе поёни Худовандӣ бар ӯ ва Оли ӯ бод!» истод, ва бо ашки резон хабари марги туро ба вай дод, ва ингуна гуфт ки: эй Расули Худо! Духтарзодаи ҷавонмардат шаҳид шуд, хонадон ва ҳаримат мубоҳ гардид, пас аз ту фарзандонат ба асирии рафтанд ва вақоеъи ногуворе ба итрату хонаводаат ворид шуд, пас (аз шунидани ин хабар) Расули Худо музтарибу парешон гардид ва қалби ҳароснокаш бигирист ва фариштагону анбиё (ба хотири мусибати ту) ӯро таслияту таъзият гуфтанд, ва модарат Заҳро (аз андуҳи мусибати ту) дарднок шуд ва дастаҳои малоикаи муқаррабин дар рафту омад буданд, падарат амири муъминонро таъзият мегуфтанд, маҷолиси мотаму сӯгворӣ барои ту дар аъло илиййин барпо шуд ва ҳуррул-айн ба хотири ту ба сару рӯй заданд, (дар азои ту) осмону сокинонаш, биҳиштҳову нигаҳбононаш, кӯҳҳову кӯҳпояҳо, дарёҳову моҳиёнаш, [шаҳри Макка ва пояҳояш], фирдавсҳо ва ҷавононаш, хонаи Каъба ва мақоми Иброҳим, Машъарул-ҳаром, ҳиллу ҳарам ҷумлагӣ гиристанд!

Бор Худоё! Ба ҳурмати ин макони рафиъ, бар Муҳаммаду Оли ӯ раҳмат фирист ва маро дар зумраи онон маҳшур фармо, ва ба шафоату васотати онҳо марои дохили биҳишт гардон! Бор Худоё! Ман ба Ту тавассул меҷӯям, эй сариътарини ҳисобгарон, ва эй бахшандатарин каримон, ва эй фармонравои ҳокимон, ба (ҳаққи) Муҳаммад - охирини пайғамбарон ва фиристодаи Ту ба сӯи тамоми ҷаҳонҳо, ва ба (ҳаққи) бародарашу писарамакаш он баландпешонии миёнпар, он донишманди олимартаба; яъне Алӣ фармонравои муъминон, ва ба (ҳаққи) Фотима - сарвари бонувони ҷаҳониён, ва ба (ҳаққи) Ҳасани Муҷтабо, ки поку мубарро ва паноҳгоҳи муттақин аст, ва ба (ҳаққи) Абиабдиллоҳи-л-Ҳусайн- гиромитарини шуҳадо, ва ба (ҳаққи) фарзандони мақтулаш ва хонаводаи мазлумаш, ва ба (ҳаққи) Алӣ ибни-л-Ҳусайн зевари обидон, ва ба Муҳаммад ибни Алӣ - қиблаи тавбакунандагон ва Ҷъфар ибни Муҳаммад - ростгӯтарини содиқон ва Мусо ибни Ҷаъфар - ошкоркунандаи далоилу бароҳин ва Алӣ ибни Мусо - ёвари дин ва Муҳаммад ибни Алӣ –усва ва улгӯи ҳидоятшавндагон ва Алӣ ибни Муҳаммад - зоҳидтарини порсоён ва Ҳасан ибни Алӣ - вориси ҷонишинон ва Ҳуҷҷати Худо бар тамоми офаридагон, инки дуруд фиристӣ бар Муҳаммаду Оли ӯ, он ростгӯёни некӯкор, ҳамон Оли Тоҳою Ёсин, ва инки маро дар қиёмат аз касоне қарор диҳӣ ки (аз азоби Ту) эман ва бо оромиши хотиру растгору масрур ва башорат ёфтаанд! Бор Худоё! (номи) маро дар зумраи муслимин нигошта ва маро ба солеҳин мулҳақ фармо ва номи маро бар забони умматҳои ояндаи некӯ қарор деҳ ва марои алайҳи золимин ёрӣ деҳ, ва аз макри ҳасудон ҳифз фармо, ва (низ) ҳилаи ҳилагаронро аз ман баргардон ва дасти ситамкоронро аз ман (дур) нигаҳ дор ва байни ману он сарварон бо майманат дар аълоъилийин ҷамъ бифармо!

Ҳамроҳ бо касоне, ки бар онҳо инъом фармудӣ; яъне пайғамбарон, ростгӯёни дар амалу гуфтор ва шуҳадову некӯён, ба раҳматат эй меҳрубонтарини меҳрубонон! Бор Худоё! Туро савганд медиҳам ба ҳаққи Пайғамбари маъсумат, ва ба ҳаққи ҳукми ҳатмӣ ва қатъият, ва ба ҳаққи наҳйи пинҳониа ва ба ҳаққи ин оромгоҳе ки (мардум аз ҳар тараф ба ҷиҳати зиёрат) бар ӯ гирд меоянд, ва ин имоми маъсуми мақтули мазлум дар ҷониби он такя зада, инки ғаму ғуссаҳоро аз ман бартараф фармоӣ ва шурури қазову қадари ҳатмиро аз ман баргардонӣ ва маро аз оташи (азобат) ки дорои бодҳои сӯзон аст паноҳ диҳӣ (ва нигоҳ дорӣ)! Бор Худоё! Маро бо неъмати худ бипушон (ё бузург гардон), ва ба атоёи худ розию хушҳол фармо, ва ба ҷӯду карамат маро бипушон, ва аз макру интиқоми худ дурам соз! Бор Худоё! Маро аз лағзишу хато ҳифз фармо, ва дар гуфтору кирдор ба роҳи саҳеҳ ҳидоятам фармо, ва дар муддати зиндагиам вусъат деҳ ва маро аз дардҳою бемориҳо офият бахш ва маро ба мавло ва сарваронам бирасон ва ба фазлу карами хеш маро ба болотарин орзӯҳо ноил фармо! Бор Худоё! бар Муҳаммаду Оли ӯ раҳмат фирист ва тавбаи маро қабул фармо, ва бар ашки чашмам тараҳҳум намо ва лағзиши марои чашмпӯшӣ фармо ва ҳузну андуҳи маро зоил кун ва гуноҳамро бар ман бибахшой ва хонадону насли маро бароям ислоҳ фармо! Бор Худоё! Дар ин машҳади воломақом ва дар ин маҳали гиромӣ, бароям во магузор гуноҳеро магар онки бибахшӣ, ва на айберо, магар онки мастури намоӣ, ва на ғаму ғуссаеро, магар бартараф фармоӣ, ва на ризқеро, магар густариш диҳӣ, ва на қадару манзалатеро, магар боқӣ бидорӣ, ва на фасодеро, магар ислоҳ фармоӣ, ва на орзуеро, магар ноил кунӣ, ва на дуъоеро, магар иҷобат фармоӣ, ва на тангноеро, магар бигушоӣ, ва на ҳеҷ парокандагиеро магар, ҷамъу барқарор намоӣ, ва на амреро, магар тамом фармоӣ, ва на молеро, магар фаровонӣ бахшӣ ва на халқу сифатеро, магар неку гардонӣ ва на инфоқеро магар, ҷойгузин фармоӣ ва на ҳолеро, магар обод фармоӣ ва на ҳасудеро магар, залил намоӣ ва на душманеро, магар ҳалок гардонӣ ва на шареро, магар манъ фармоӣ ва на бемориро, магар шифо бахшӣ ва на (амри) дуреро, магар наздик фармоӣ (ва дар дастрасам қарор диҳӣ) ва на тафарруқу ихтилолеро, магар ҷамъ (ва ислоҳ) намоӣ ва на хоҳишу [хостае]-ро, магар ато фармоӣ! Бор Худоё! Ман аз Ту дархост мекунам хайри дунё ва савоби охиратро! Бор Худоё! Маро ба сабаби ҳалолат аз ҳаром мустағнӣ кун, ва ба фазлу эҳсонат аз ҷамиъи халқ бениёз фармо! Бор Худоё! Аз Ту дархост мекунам илми фоиданок, қалби хошеъ, яқини саломатбахш, амали солеҳу пок, сабри зебо ва аҷри азимеро!

Бор Илоҳо! Шукри неъматат бар манро рӯзиям кун ва эҳсону караматро бар ман зиёд фармо, ва гуфтаи маро дар миёни мардум шунавида намо ва амали маро ба назди хеш боло бар ва осори боқимондаи маро дар умури хайр мавриди пайравӣ қарор деҳ ва душманамро хору залил гардон! Бор Худоё! Бар Муҳаммад ва Оли ӯ ки неконанд, дар тамомии лаҳазоти шабонарӯз раҳмат фирист ва маро аз шарри бадон нигаҳ бидор, ва аз (касофоти) гуноҳон ва сангинии визру вабол поку мубарро гардон, ва аз оташи (азобат) паноҳам деҳ, ва дар сарои ҷовид ворид фармо, ва (гуноҳони) маро ва тамомии хоҳарону бародарони муъмини маро бибахшой, ба раҳматат эй меҳрубонтарини меҳрубонон!

Такнигорӣ

  • Ковише дар эътибор ва матни Зиёрати ноҳия, асари Муртазо Хушнасиб: дар ин китоб санад ва матни Зиёрати ноҳияи баррасӣ шудааст. Ин китоб дар соли 1393ҳ.ш., тавассути интишороти Боқирулъулум (а) дар Қум чоп ва мунташир шудааст.[35]

Эзоҳ

  1. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн (а), 1388ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.271.
  2. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн (а), 1388ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.271.
  3. Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1378ҳ.ш., саҳ.496.
  4. Фуодиён, “Сайре дар Зиёрати ноҳияи муқаддаса”.
  5. Ниг.: “Зиёрати ноҳияи муқаддаса”, вебгоҳи ал-Кавсар.
  6. Ниг.: Табасӣ, “Зиёрати ноҳияи муқаддаса”, саҳ.194.
  7. Ниг.: “Зиёрати ноҳияи муқаддаса”, вебгоҳи ал-Кавсар.
  8. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн (а), ҷ.12, саҳ.271, понависи 1.
  9. Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1378ҳ.ш., саҳ.496.
  10. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.101, саҳ.317, 328.
  11. Эҳсонифар, “Эътибори санадии зиёратҳои ноҳияи муқаддаса”, саҳ.56 - 57.
  12. Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1378ҳ.ш., саҳ.496.
  13. Ниг.: Шерозӣ, “Дар маҳзари зиёрати ноҳия”.
  14. Ниг.: Шерозӣ, “Дар маҳзари зиёрати ноҳия”.
  15. Фуодиён, “Сайре дар Зиёрати ноҳияи муқаддаса”.
  16. Шерозӣ, “Дар маҳзари зиёрати ноҳия”.
  17. Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1378ҳ.ш., саҳ.496 - 519.
  18. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.101, саҳ.317.
  19. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393, ҷ.7, саҳ.59.
  20. Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1378ҳ.ш., саҳ.27.
  21. Эҳсонифар, “Эътибори санадии зиёратҳои ноҳияи муқаддаса”, саҳ.53.
  22. Мусавии Ғурайфӣ, Қавоид-ул-ҳадис, бе то, саҳ.188.
  23. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.51.
  24. Баррасии таҳлилии сайри мақталнигории Ошуро, пажуҳишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ.
  25. Табасӣ, “Зиёрати ноҳияи муқаддаса”, саҳ.209.
  26. Сайид ибни Товус, Мисбоҳ-уз-зоир, 1417ҳ.қ., саҳ.221.
  27. Эҳсонифар, “Эътибори санадии зиёратҳои ноҳияи муқаддаса”, саҳ.66.
  28. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.101, саҳ.328.
  29. Эҳсонифар, “Эътибори санадии зиёратҳои ноҳияи муқаддаса”, саҳ.65 - 66.
  30. Ранҷбар, “Пажуҳише дар бораи ду зиёрати ноҳия ва зиёрати раҷабия”, саҳ.65 - 66.
  31. Эҳсонифар, “Эътибори санадии зиёратҳои ноҳияи муқаддаса”, саҳ.54.
  32. Ранҷбар, “Пажуҳише дар бораи ду зиёрати ноҳия ва зиёрати раҷабия”, саҳ.67.
  33. Фуодиён, “Сайре дар Зиёрати ноҳияи муқаддаса”.
  34. Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1378ҳ.ш., саҳ.496 - 519.
  35. “Китоби Ковише бар эътибор ва матни Зиёрати ноҳия ба зевари чоп ороста шуд”, хабаргузории Расо.

Сарчашма

  • Баррасии таҳлилии сайри мақталнигории Ошуро, пажуҳишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ, дарҷи матлаб: 30 озари 1392ҳ.ш., мушоҳида: 23 шаҳривари 1402ҳ.ш.
  • «Зиёрати ноҳияи муқаддаса”, вебгоҳи ал-Кавсар, таърихи дарҷи матлаб: 5 озари 1400ҳ.ш., таърихи боздид: 12 меҳри 1402ҳ.ш.
  • Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар, ал-Мазор-ул-кабир, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, Қум, 1378ҳ.ш.
  • «Китоби Ковише бар эътибор ва матни Зиёрати ноҳия ба зевари чоп ороста шуд”, хабаргузории Расо, дарҷи матлаб: 24 хурдоди 1393ҳ.ш., мушоҳида: 23 шаҳривари 1402ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Муассисатул-вафо, 1403ҳ.қ.
  • Мусавии Ғурайфӣ, Муҳиддин, Қавоид-ул-ҳадис, бе то.
  • Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, бо ҳамкории Муҳаммадкозими Таботабоӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ (а) бар пояи Қуръон, ҳадис ва таърих, тарҷумаи Абдулҳодӣ Масъудӣ, Қум, интишороти Дорул-ҳадис, 1393ҳ.ш.
  • Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи Имом Ҳусайн (а) бар пояи Қуръон, ҳадис ва таърих, Қум, интишороти Дорул-ҳадис, 1388ҳ.ш.
  • Ранҷбар, Муҳсин, «Пажуҳише дар бораи ду зиёрати ноҳия ва зиёрати раҷабия», мутолиъоти таърихи Ислом, № 26, поизи 1394ҳ.ш.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Мисбоҳ-уз-зоир, Қум, муассисаи Олулбайт ли эҳёил-турос, 1417ҳ.қ.
  • Табасӣ, Наҷмиддин, “Зиёрати ноҳияи муқаддаса”, Интизор, № 20, урдибиҳишти 1386ҳ.ш.
  • Фуодиён, Муҳаммадризо, “Сайре дар Зиёрати ноҳияи муқаддаса”, сайти Пажуҳиш, дарҷи матлаб: 16 тири 1397ҳ.ш., мушоҳида: 23 шаҳривари 1402ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис ва тафсилу табақот-ир-рувот, Қум, 1372ҳ.ш./1413ҳ.қ.
  • Шерозӣ, А., “Дар маҳзари зиёрати ноҳия”, Мавъуд, № 2, 1376ҳ.ш.
  • Эҳсонифари Лангрудӣ, Муҳаммад, “Эътибори санадии зиёратҳои ноҳияи муқаддаса”, Улуми ҳадис, № 30, 1382ҳ.ш.