Ҳашд-уш-шаъбӣ
Ҳашду шаъбӣ ё сафарбаркунии мардумии Ироқ як нирӯи низомии вобаста ба ниҳодҳои амниятии Ироқ аст, ки ба артиш таҳти назорати Сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ кумак мекунад ва аксари аъзои он шиа мебошанд.
Ҳашду шаъбӣ дар соли 2014 дар вазъияти изтирории ҳамлаи ДИИШ ба Ироқ ташкил шуда ва баъд аз фатвои Ҷиҳод алайҳи ДИИШ аз сӯи Сайидалӣ Систонӣ - марҷаъи тақлиди шиа, машруъият ёфта ва тақвият шуд.
Ҳашду шаъбӣ беш аз 40 гурӯҳи низомӣ ва беш аз 100 000 сарбозро дарбар мегирад, ки дар он шиа, суннӣ, масеҳӣ, араб, туркман ва курд ҳузур доранд. Қаноти низомии Созмони Бадр, Асоибу аҳлил-ҳақ, Катоиби Ҳизбуллоҳ ва Сароёл-Атабот, аз ҷумлаи гуруҳҳои Хашду шаъбӣ мебошанд.
Хашду шаъбӣ дар мубориза бо ДИИШ таъсиргузор буд. Ин созмон пас аз суқути ДИИШ, ба поксозии боқимондаҳои ДИИШ мепардозад ва дар хидматрасонии иҷтимоӣ низ фаъолият дорад. Бар асоси қонун «Созмони Хашду шаъбӣ», ин гуруҳ монанди дигар неруҳои низомии Ироқ, аз фаъолиятҳои сиёсӣ манъ шудааст.
Давлати Амрико ва Арабистон хостори барҳам додан ё пайвастани Хашду шаъбӣ дар артиши Ироқ шудаанд ва Амрико дар солҳои 2019 ва 2022 ба пойгоҳҳои Хашду шаъбӣ дар Ироқ ҳамла кардааст. Дар муқобил, Сурия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон аз тарафдорон ва ҳомиёни Хашду шаъбӣ ба ҳисоб мераванд.
Муқтадо Садр - рӯҳонии шиа ва фаъоли сиёсии Ироқ, низ хостори пайвастани Ҳашду шаъбӣ дар артиши Ироқ шудааст, дар муқобил, Сайид Козим Ҳоирӣ – марҷаъи тақлид, нерӯи мустақили Ҳашду шаъбиро барои таъмини амнияти Ирок зарурӣ ва лозим донистааст.
Фолеҳ Файёз - фармондеҳ ва Ҳодӣ Омирӣ, ҷонишини Хашду шаъбӣ мебошанд. Пеш аз ӯ, Абумаҳдӣ ал-Муҳандис ҷонишини Хашду шаъбӣ буд, ки ҳамроҳи Қосим Сулаймонӣ - фармондеҳи сипоҳи Қудси Эрон, дар як амалиёти террористии давлати Амрико шаҳид шуд.
Ҷойгоҳ
Ҳашду шаъбӣ, ки ба он Басиҷи мардумии Ироқ ва басиҷи Ироқ низ гуфта мешавад,[1] неруи низомии вобаста ба ташкилоти амниятии Ироқ аст,[2] ки зери назари фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳи Ироқ, ба артиш кумак мекунад[3] ва бештари аъзои онро шиаён ташкил медиҳанд.[4] Ҳашду шаъбӣ дар шароити изтирории ҳамлаи ДИИШ ба Ироқ ва пас аз баёнияи ҳайати вазирони Ироқ дар бораи ташкили басиҷи мардумӣ шакл гирифт[5] ва пас аз фатвои ҷиҳоди алайҳи ДИИШ аз сӯи Сайидалии Систонӣ - марҷаъи тақлиди шиа, машруъият ёфта[6] ва тақвият шуд.[7]
Поягузорӣ
Ҳайати вазирон ба нахуствазирии Нурӣ Моликӣ дар 10-уми июни 2014 тайи баёнияе аз шаҳрвандони ироқӣ дархост кард, барои ташкили сафарбаркунии умумӣ ва мубориза бо террористҳо довталаб шаванд.[8]
Судури ин баёния ҳамзамон бо сайтараи ДИИШ бар манотиқи ғарбӣ, шимолӣ ва марказии Ироқ ва таҳдиди онҳо мабнӣ бар тасарруфи Бағдод буд.[9]
Фатвои ҷиҳоди кифоии Сайидалӣ Систонӣ
Мақолаи аслӣ: Фатвои ҷиҳод алайҳи ДИИШ
Сайидалӣ Систонӣ - марҷаъи тақлиди шиаи сокини Наҷаф, дар 13-уми июни 2014, се рӯз баъд аз таҳдиди ДИИШ ва баёнияи ҳайати вазирон дар бораи шаклгирии басиҷи мардумӣ,[10] дар фатвое мубориза бо ДИИШ-ро фарзи кифоӣ эълом кард.[11] Ин фатворо дар машруъиятбахшӣ ба Ҳашду шаъбӣ[12] ва пайвастани мардум ба он таъсиргузор донистаанд,[13] ба гунае, ки бархе пажӯҳишгарон шаклгирии Ҳашду шаъбиро баъд аз фатвои Сайидалӣ Систонӣ медонанд.[14]
Машруъияти қонунӣ
Ҳашду шаъбӣ бо тасвиби қонуни «созмони Ҳашду шаъбӣ» дар парламенти Ироқ дар 26-уми ноябри 2016, яке аз неруҳои низомии Ироқ шуд ва зери назари фармондеҳии кулли неруҳои мусаллаҳ қарор гирифт. Бар асоси он, қонунҳои марбут ба Ҳашду шаъбӣ ва дигар неруҳои мусаллаҳи Ироқ яксон аст ва Ҳашду шаъбӣ монанди дигар неруҳои низомӣ, аз фаъолиятҳои сиёсӣ манъ шудааст.[15]
Сохтор
Ҳашду шаъбӣ аз гуруҳҳои низомие ташкил шудааст, ки шумори онҳо аз 42[16] то 68 гуруҳ[17] зикр шудааст. Теъдоди неруҳои Ҳашду шаъбӣ низ мухталиф зикр шуда ва байни шаст[18] то 160 ҳазор нафар гузориш шудааст;[19] албатта порлумони Ироқ барои мулоҳизоти будҷет, танҳо 110 ҳазор танро ба расмият шинохт.[20]
Баъзеҳо адади Ҳашду шаъбиро дар сентябри 2021, 130 ҳазор нафар донистаанд, ки аз он миён, навад ҳазор нафар араби шиа, сӣ ҳазор тан араби аҳли суннат, ҳафт ҳазор нафар туркман ва се ҳазор тан масеҳӣ шуморида шудаанд.[21] Ҳузури қавми курд низ дар Ҳашду шаъбӣ гузориш шудааст.[22]
Бархе пажӯҳишгарон, неруҳои Ҳашду шаъбиро бар асоси вафодорӣ ба Сайидалӣ Хоманаӣ - Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, Сайидалӣ Систонӣ ё Муқтадо Садр ба се ҷиноҳ тақсим кардаанд.[23]
Фолеҳ Файёз - фармондеҳи Ҳашду шаъбӣ аз ибтидо то кунун (2023) аст ва Ҳодии Омирӣ ҷонишини ӯст. Пеш аз Омирӣ, Абумаҳдӣ Муҳандис ҷонишини Ҳашду шаъбӣ буд, ки ба ҳамроҳи Қосим Сулаймонӣ - фармондеҳи сипоҳи Қудси Эрон, дар соли 2019 дар як амалиёти террористӣ аз сӯи давлати Амрико, шаҳид шуд.[24] Бар асоси қонуни «созмони Ҳашду шаъбӣ» ки дар порлумони Ироқ тасвиб шуд, таъйини фармондеҳи лашкар ва болотар дар ин созмон, монанди соири неруҳои мусаллаҳ, пас аз муаррифии нахуствазир ва тасвиби порлумон сурат мегирад.[25] Албатта бар асоси амри девони шумораи 331, ки дар 17-уми сентябри 2019, аз сӯи Одил Абдулмаҳдӣ - нахуствазири вақт содир шуд, раёсати Ҳашду шаъбӣ ихтиёр дорад ба намояндагӣ аз нахуствазир, фармондеҳону мудиронро таъйин ва барои таъйид ба фармондеҳии кулли неруҳои мусаллаҳ вогузорад.[26]
Бархе аз гуруҳҳои Ҳашду шаъбӣ иборатанд аз:
- Созмони Бадр (қаноти низомӣ)
- Асоиби аҳлал-ҳақ
- Катоуби Ҳизбуллоҳ
- Сароё ал-Хуросонӣ
- Катоиби Абулфазли-л-Аббос
- Сароёл-Атабот
- Ливо Алӣ Акбар[27]
- Катоиби Сайидуш-шуҳадо[28]
- Сароёс-Салом (ҷайши ал-Маҳдии собиқ)[Ёддошт 1]
- Сароёл-ҷиҳод
- Сароёл-ақида
- Сароёл-шуро[29]
- Қувотуш-шаҳид ас-Садр
- Ҳаракатул-нуҷабо[30]
Фаъолиятҳо
Нақши Ҳашду шаъбӣ дар мубориза бо ДИИШ муҳими арзёбӣ шудааст;[31] аз ҷумла дар шикастани муҳосираи шаҳрҳои Сомирро ва Омирлӣ ва озодсозии Ҷурфиссахр, Тикрит, Байҷӣ ва вилояти Даёлӣ.[32] Бар асоси гузориши пойгоҳи расмии Ҳашду шаъбӣ, ин созмон то поёни соли 2015, ДИИШ-ро аз нуздаҳ шаҳри Ироқ берун ронд ва амнияти 52 роҳи камуникатсионии байи шаҳрҳои ин кишварро барқарор кард. Ин пойгоҳ масоҳати манотиқи озодшуда аз сӯи Ҳашду шаъбиро 17500 километри мураббаъ (як сеюми манотиқи таҳти ишғоли ДИИШ) донистааст.[33]
Ҳашду шаъбӣ баъд аз суқути ҳукумати ДИИШ, ба поксозии бақоёи ДИИШ дар манотиқе аз Бағдод, Салоҳиддин, Даёлӣ, Каркук, Найнаво ва Аланбор мепардозад.[34] Ҳашду шаъбӣ ҳамчунин дар хадамоти иҷтимоӣ[35] роҳсозӣ,[36] сабзикунонӣ,[37] ҳифзи амнияти маросимҳои мазҳабӣ[38] аз ҷумла пиёдаравии Арбаъин[39] ва маҳори ҳодисаҳои ғайримутараққиба, монанди сейл[40] фаъолият дорад.
Мавзеъи дигар кишварҳо дар бораи Ҳашду шаъбӣ
Ракс Тилерсон - вазири хориҷаи вақти Амрико, ҳудуди як сол баъд аз тасвиби қонуни «Созмони Ҳашду шаъбӣ», Ҳашду шаъбиро гуруҳҳои шибҳи низомии эронӣ хонд[41] ва дархост кард, мунҳал ё дар артиши Ироқ пайваста шавад.[42] Бархе таҳлилгарон далели мухолифатҳои Амрико бо Хашдро вуҷуди бархе гуруҳҳои таъсиргузори Ҳашду шаъбӣ монанди сипоҳи Бадр, Асоибу аҳлил-ҳақ ва Катоиби Ҳизбуллоҳ медонанд, ки хостори хуруҷи низомиёни Амрико аз Ироқ ҳастанд.[43] [Ёддошт 2] Бархеи дигар далели онро наздикии бархе гуруҳҳои он ба Эрон ва Сайидалӣ Систонӣ ва низ тарс аз таъсиргузории онҳо дар интихоботҳои Ироқ донистаанд.[44] Вазири корҳои хориҷаи вақти Арабистон низ, дар ҳудуди июни 2016, Хашдро боиси эҷоди танишҳои фирқаӣ донист ва хостори барҳам хурдани он шуд.[45]
Башшор Асад - раиси ҷумҳури Сурия дар 3-уми марти 2022 бо раиси Ҳашду шаъбӣ дидор кард ва дар он дидор бар муқобила бо кишварҳои ҳомии террорист таъкид шуд.[46] Ҳамчунин ба гуфтаи Ҳодӣ Омирӣ - муовини Ҳашду шаъбӣ, дар 16-уми ноябри 2016, Башшор Асад аз Ҳашду шаъбӣ даъват кард, пас аз озодсозии Ироқ барои мубориза бо ДИИШ ба Сурия бираванд.[47] Сайидалӣ Хоманаӣ - Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон низ, дар гуфтугӯ бо Сайид Аммор Ҳаким - раҳбари ҷараёни ҳикмати миллии Ироқ, Ҳашду шаъбиро сармояи Ироқ донист, ки бояд аз он ҳимоят шавад.[48] Ҳамчунин Сайидҳасан Насруллоҳ дар 19-уми августи 2021, тақвияти Ҳашду шаъбиро барои ҳифзи амнияти Ироқ лозим донист.[49]
Ҳамлаи Амрико ба пойгоҳҳои Ҳашду шаъбӣ
Амрико дар 29-уми декабри 2019, ба мавқеҳои Ҳашду шаъбӣ дар Аланбор ва сарҳади Ироқу Сурия ҳамла кард. Дар ин ҳамла 25 тан кушта шуданд. Вазорати дифои Амрико ин ҳамалотро посухе ба ҳамалоти Ҳашду шаъбӣ ба пойгоҳҳои Амрико дар Ироқ эълом кард.[50] Дар муқобил, Ҳашду шаъбӣ масъулияти ҳамла ба пойгоҳҳои Амрикоро напазируфт.[51]
Амрико дар 8-уми июни 2021 низ, ба пойгоҳҳои Хашд дар сарҳади Ироқу Сурия ҳамла кард, ки боиси кушта шудани чаҳор нафар аз неруҳои Хашду шаъбӣ шуд. Амрико ин ҳамларо посухе ба ҳамалоти паҳподии шибҳи низомиёни мавриди ҳимояти Эрон, алайҳи персонел ва таъсисоти амрикоӣ дар Ироқ донист.[52] Дар муқобил, Ҳашду шаъбӣ эълом кард, неруҳои ҳадаф қароргирифта, фаъолияте алайҳи неруҳои хориҷӣ дар кишвари Ироқ надоштанд.[53]
Мавзеъҳои дохилии Ироқ дар бораи Ҳашду шаъбӣ
Муқтадо Садр - рӯҳонии шиа ва фаъоли сиёсии аҳли Ироқ, дар соли 2017 хостори пайвастани Ҳашду шаъбӣ дар артиш[54] ва дар соли 2022 хостори дахолат накардани он дар сиёсат ва тиҷорат шуд.[55] Дар муқобил, Сайидкозими Ҳоирӣ - марҷаъи тақлиди шиа дар Наҷаф, аз Ҳашду шаъбӣ ба унвони неруи мустақил ва ғайриқобили идғом бо дигар неруҳо ҳимоят карда ва онро барои ҳифзи амнияти кишвар лозим донистааст.[56]
Шайх Башир Наҷафӣ, дигар марҷаъи тақлиди Наҷаф низ, Хашдро «бозуи Ироқ ва марҷаъият» шуморида аст;[57] албатта ӯ ва Муҳаммадисҳоқи Файёз, дигар марҷаъи тақлид, ба Хашд супориш кардаанд, аз сиёсат дурӣ кунад.[58]
Бархе таҳлилгарони ироқӣ низ вуҷуди Ҳашду шаъбиро барои мубориза бо таҳдидҳои хориҷӣ ва террористӣ лозим донистаанд.[59] Ҳамчунин Сайид Аммор Ҳаким - Раҳбари ҷараёни ҳикмати миллии Ироқ, Ҳашду шаъбиро як зарурати роҳбурдӣ барои Ироқ шуморида ва бо барҳам хӯрдан ё пайвастани он дар артиш мухолифат кардааст, ҳарчанд аз иртиботи он бо неруҳои сиёсӣ интиқод кардааст.[60] Фолеҳ Файёз - раиси Ҳашду шаъбӣ, дахолати Хашд дар сиёсатро рад кардааст.[61]
Иттиҳомот
Афви байналмилал Ҳашду шаъбиро пас аз амалиёти озодсозии Фаллуҷа дар соли 2016, муттаҳам ба одамрабоии 650 тан аз аҳолии Фаллуҷа кардааст, ки аз сарнавишти онҳо хабаре дар даст нест.[62] Аҳмад Тайиб - шайхи Алазҳар, Ҳашду шаъбиро дар хилоли амалиёти озодсозии Тикрит муттаҳам ба ҷинояти ҷангӣ алайҳи аҳли суннат кард.[63] Ҷамоъату уламоил-Ироқ ба раёсати Холид Абдулваҳҳоб ал—Мало- олими аҳли суннат,[64] ва Шайх Башир Наҷафӣ - марҷаъи тақлид дар Наҷаф,[65] иддаои шайхи алазҳарро рад карда ва Ҳашду шаъбиро муташаккил аз шиаю суннӣ донистанд.
Монографияҳо
- Китоби Таъсироти Хашд-уш-шаъбии Ироқ бар сиёсатҳои роҳбурдии Эрон, навиштаи Кайвон Оқобобоӣ аст. Ин китоб баъд аз баррасии абъод ва таърихчаи Ҳашду шаъбӣ, ба сиёсати хориҷии Эрону Арабистон дар сайри таҳаввулоти сиёсии Ироқ байни солҳои 2014 ва 2017 пардохтааст.[66]
- Китоби Сояи равшани Ҳашду шаъбӣ, навиштаи Амирҳомиди Озод ба хати машй, таърихи ташкил ва чолишҳои перомуни Ҳашду шаъбӣ пардохтааст.[67] Ҳашд-уш-шаъбӣ, навиштаи Шерзоди Додошӣ низ дигар китоб ба забони форсӣ дар бораи ин мавзӯъ аст.[68]
- Ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ: ал-истиротиҷийятул-амрикийя ва ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ фи-л-Ироқ, навиштаи Зайнаб Шуайб,[69] ал-Ҷуюш ал-мувозийя: милишиёт-ул-Ҳашд-иш-шаъбӣ фи-л-Ироқ, навиштаи Аҳмад Адлӣ,[70] ва ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ ар-риҳон-ул-ахир, навиштаи гуруҳе аз нависандагон,[71] аз ҷумлаи китобҳо дар бораи Ҳашду шаъбӣ ба забони арабӣ аст.
- Ҳамчунин «Iraqi Security Forces and Popular Mobilization Forces: Orders of Battle; неруҳои амниятии Ироқ ва Ҳашду шаъбӣ: дастуроти набард»[72] ва «The Popular Mobilization Forces and Iraq'sи future; Ҳашду шаъбӣ ва ояндаи Ироқ»[73] бархе аз китобҳои англисӣ дар бораи Хашду шаъбӣ аст.
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ “Хашд-уш-шаъбиҳо чӣ афроде ҳастанд?”, хабаргузории Мизон.
- ↑ Салумӣ, “Тазҳият-уҳ-зот ладай мунтасаби-л-ҳашд-иш-шаъбӣ-л-ироқӣ”, саҳ.241.
- ↑ Барисм, “Асбобу татаввуъ-иш-шабоб фи-л-Ҳашд-иш-шаъбӣ”, саҳ.621.
- ↑ Хашон, “Ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ диросатун фи-ҷиюбиюлутик-ин-нақдийя”, саҳ.486.
- ↑ Носир, “ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ фи-л-манзур-ил-амиркӣ”, саҳ.116.
- ↑ “Систонӣ дар садади барчидани бисоти Ҳашду шаъбӣ аз зери пои шибҳи низомиёни ироқӣ”, хабаргузори Индепенденти форсӣ.
- ↑ Ҳатоб, “Тавзиф-ул-Ҳашд-иш-шаъбӣ фи-л-мадрак-ис-сиёси-ил-ироқӣ”, саҳ.108.
- ↑ Носир, “ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ фи-л-манзур-ил-амиркӣ”, саҳ.116.
- ↑ Ҳатоб, “Тавзиф-ул-Ҳашд-иш-шаъбӣ фи-л-мадрак-ис-сиёси-ил-ироқӣ”, саҳ.108.
- ↑ Ҳатоб, “Тавзиф-ул-Ҳашд-иш-шаъбӣ фи-л-мадрак-ис-сиёси-ил-ироқӣ”, саҳ.108.
- ↑ Котиъ Ноҳиз, “Инзимом-ул-Ҳашд-иш-шаъбӣ ило-л-муассисат-ил-аскарийя”, саҳ.437.
- ↑ “Систонӣ дар садади барчидани бисоти Ҳашду шаъбӣ аз зери пои шибҳи низомиёни ироқӣ”, хабаргузории Индепенденти форсӣ.
- ↑ Носир, “ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ фи-л-манзур-ил-амиркӣ”, саҳ.116; Ҳатоб, “Тавзиф-ул-Ҳашд-иш-шаъбӣ фи-л-мадрак-ис-сиёси-ил-ироқӣ”, саҳ.108.
- ↑ Барои намуна ниг.: Ҳатоб, “Тавзиф-ул-Ҳашд-иш-шаъбӣ фи-л-мадрак-ис-сиёси-ил-ироқӣ”, саҳ.108; Котиъ Ноҳиз, “Инзимом-ул-Ҳашд-иш-шаъбӣ ило-л-муассисат-ил-аскарийя”, саҳ.437.
- ↑ Ҳатоб, “Тавзиф-ул-Ҳашд-иш-шаъбӣ фи-л-мадрак-ис-сиёси-ил-ироқӣ”, саҳ.108.
- ↑ Котиъ Ноҳиз, “Инзимом-ул-Ҳашд-иш-шаъбӣ ило-л-муассисат-ил-аскарийя”, саҳ.440.
- ↑ “Ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ фи-л-Ироқ.. Қувва аскарийя ва сиёсийя”, хабаргузории Алҷазира.
- ↑ Ҳатоб, “Тавзиф-ул-Ҳашд-иш-шаъбӣ фи-л-мадрак-ис-сиёси-ил-ироқӣ”, саҳ.108.
- ↑ Мансур ва Абдулҷаббор, ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ ва мустақбал-ул-Ироқ, 2017м., саҳ.20.
- ↑ Мансур ва Абдулҷаббор, ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ ва мустақбал-ул-Ироқ, 2017м., саҳ.20.
- ↑ Хашон, “Ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ диросатун фи-ҷиюбиюлутик-ин-нақдийя”, саҳ.486.
- ↑ Сохтори Ҳашду шаъбии Ироқ; муҳимтарин гуруҳҳои ташкилдиҳандаи он, сайти хабаргузории Тасним.
- ↑ Мансур ва Абдулҷаббор, ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ ва мустақбал-ул-Ироқ, 2017м., саҳ.7.
- ↑ Дар бораи Абумаҳдӣ ал-Муҳандис, хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ (ЭРНО).
- ↑ Озод, “Улгуи ташкил ва таҳдиди Ҳашду шаъбӣ дар Ироқ”, саҳ.89.
- ↑ Озод, “Улгуи ташкил ва таҳдиди Ҳашду шаъбӣ дар Ироқ”, саҳ.96.
- ↑ Мансур ва Абдулҷаббор, ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ ва мустақбал-ул-Ироқ, 2017м., саҳ.21 ва 22.
- ↑ Котиъ Ноҳиз, “Инзимом-ул-Ҳашд-иш-шаъбӣ ило-л-муассисат-ил-аскарийя”, саҳ.441.
- ↑ Мансур ва Абдулҷаббор, ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ ва мустақбал-ул-Ироқ, 2017м., саҳ.23 ва 24.
- ↑ Сохтори Ҳашду шаъбии Ироқ; муҳимтарин гуруҳҳои ташкилдиҳандаи он, хабаргузории Тасним.
- ↑ Мансур ва Абдулҷаббор, ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ ва мустақбал-ул-Ироқ, 2017м., саҳ.7.
- ↑ Ҳалфӣ, “Хашд-уш-шаъбӣ басиҷи мардумии Ироқ”, саҳ.48.
- ↑ Пойгоҳи интерентии ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ.
- ↑ “Оғози амалиёти амниятии Ҳашд-уш-шаъбӣ дар Даёлӣ”, хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ЭСНО).
- ↑ “Танфизу ҳамлати хидмийя фи мақом-ил-Имом-ис-Саҷҷод (а)”, сайти расмии Ҳашду шаъбӣ.
- ↑ Барои намуна ниг.: “ал-Ливо 28 би-л-Ҳашд ястаҷибу ли муношидати хидмийя фи шимоли Хониқин”, сайти расмии Ҳашду шаъбӣ.
- ↑ “Ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ юҳсӣ адада қуввотиҳи ва ҷарҳоҳ ва юаккиду ала-з-зарурати-л-милҳа ли бақоиҳ”, ваколатул-анбоил-ироқийя.
- ↑ Барои намуна ниг.: “Тарҳи вижаи амниятии Ҳашду шаъбии Ироқ барои аъёди мазҳабӣ”, хабаргузории Меҳр; “Тарҳи амниятии Ҳашду шаъбӣ барои маросими солрӯзи шаҳодати Имом Алӣ (а) дар Наҷафи ашраф”, хабаргузории Тасним.
- ↑ “Ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ яҳбати мухаттатан ли истиҳдофил-амн хилоли зиёратил-Арбаъин”, ал-Маёдин.
- ↑ Барои намуна ниг.: “Болонфу Крофк: ҳозо мо шоракат биҳ ал-ҳандасатул-аскарийя лил-Ҳашд фи-л-муҳофизотил-ҷанубийя ли иҳтиво азматил-суюли ва-л-фаязонот (нусхаи бойгонишуда)”, сайти расмии Ҳашду шаъбӣ.
- ↑ “Ал-Ҷабир: баҳасно маъа Тилерсон хатара Эрон ва азмата Қатар”, хабаргузории Алъарабия.
- ↑ Ҳатоб, “Тавзиф-ул-Ҳашд-иш-шаъбӣ фи-л-мадрак-ис-сиёси-ил-ироқӣ”, саҳ.111.
- ↑ Носир, “ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ фи-л-манзур-ил-амиркӣ”, саҳ.118 то
- ↑ Ҳатоб, “Тавзиф-ул-Ҳашд-иш-шаъбӣ фи-л-мадрак-ис-сиёси-ил-ироқӣ”, саҳ.111 ва 112.
- ↑ “Ҳал тамнаъу ас-Саъудийя муқотилий ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ мин адои-л-ҳаҷҷ?”, хабаргузории ал-Ҳурраҳ.
- ↑ “Ал-Асад ябҳас маъа раисил-Ҳашд-уш-шаъбӣ алқазоё-л-амнийятил-муштарака”, ал-Маёдин.
- ↑ “Ҳодӣ ал-Омирӣ: ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ талаққо даъвата мин-ал-Асад лил-духули ило Сурия”, шабакаи Рудовул-эъломийя.
- ↑ “Хоманаӣ ли қодатил-шиъӣ: ло тасиқу би-л-амиркиин”, ал-Марказул-лубнонӣ лил-абҳоси вал-истишорот.
- ↑ “Ас-Сайид Насруллоҳ: ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ а-зимонатул-ҳақиқийя лил-Ироқ фи мувоҷиҳати ДИИШ вал-такфирийин”, Тудейнюз.
- ↑ “25 қатилан ва 51 ҷариҳан бил-ҳуҷумил-амрикии ала мавоқиъа ли-л-Ҳашд-иаш-шаъбӣ-л-ироқӣ”, хабаргузории Русия алявм (RT Arabic); «табдили таърих аз мелодӣ ба шамсӣ», сайти Боҳисоб.
- ↑ «American Airstrikes Rally Iraqis Against U. S», The New York Times.
- ↑ “Ал-Қасфул-амрикӣ: ғорот амрикийя фи-л-Ироқи ва Сурия”, хабаргузории BBC арабӣ.
- ↑ “Ал-Ироқ юдину ал-ҳуҷумал-амрикӣ ала мавоқиъ лил-Ҳашдиш-шаъбӣ”, ваколатул-Анозул.
- ↑ “Муқтадо Садр: Ҳашду шаъбӣ бо артиши Ироқ идғом шавад”, хабаргузории ЭЛНО.
- ↑ Шаҳсаворӣ, “Бозии тозаи Садр: тамомии намояндагони наздик ба Муқтадо Садр дар порлумони Ироқ истеъфо доданд”, саҳ.4.
- ↑ “Баёну самоҳат ас-Сайид ал-Ҳоирӣ юълину фиҳи адамал-истимрор фи-т-тасаддӣ лил-марҷаъийя би сабабил-марзо ват-тақаддум фил-умр”, сайти расмии Сайидкозим Ҳусайнии Ҳоирӣ.
- ↑ “Ал-Марҷаъул-Наҷафӣ: ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ зироъул-Ироқи вал-марҷаъийя ва биҳим яъиззул-Ислом вал-ватан”, хабаргузории Шафақно.
- ↑ “Таъкиди оёти изоми Наҷафӣ ва Файёз бар ваҳдати бештари гуруҳҳои муқовимати исломии Ироқ ва дурии онҳо аз сиёсат”, хабаргузории Шафақно.
- ↑ Ҳатоб, “Тавзиф-ул-Ҳашд-иш-шаъбӣ фи-л-мадрак-ис-сиёси-ил-ироқӣ”, саҳ.117.
- ↑ “Дар баробари инҳилоли Хашд-уш-шаъбӣ меистем”, хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ЭСНО).
- ↑ “Фолеҳ ал-Файёз: Ҳашду шаъбӣ дар баҳсҳои сиёсӣ дахолат намекунад”, хабаргузории Шафақно.
- ↑ «Amnesty demands Iraq reveal fate of nearly 650 missing men and boys»، Middle East Eye
- ↑ “Ал-Ироқ.. Ал-Марҷаъул-Наҷафӣ янтақиду мавқифа Алазҳар мин-ал-Ҳашд-иш-шаъбӣ”, ваколатул-анбои ал-Тақриб.
- ↑ “Ал-Ироқ.. Ал-Марҷаъул-Наҷафӣ янтақиду мавқифа Алазҳар мин-ал-Ҳашд-иш-шаъбӣ”, ваколатул-анбои ал-Тақриб.
- ↑ “Ҷамоъату уламоил-Ироқ ли Алазҳар: ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ ятааллафу мин шиъати ва сунна”, вакола Тасним алдувалия лил-анбо.
- ↑ “Китобшиносии Таъсироти Хашд-уш-шаъбии Ироқ бар сиёсатҳои роҳбурдии Эрон”, созмони китобхонаҳо, музейҳо ва маркази асноди Остони Қудси Разавӣ.
- ↑ Гавҳарии Муқаддам ва Араб, “Ҷойгоҳи ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ дар амнияти миллии Ироқ ва наҳваи бознамоии расонаҳои ғарбӣ - Саъудӣ аз он”, саҳ.152.
- ↑ “Китобшиносии Хашд-уш-шаъбӣ”, созмони аснод ва китобхонаи миллии Ҷумҳурии исломии Эрон.
- ↑ “Китобшиносии ал-Хашд-уш-шаъбӣ”, мактабат Нур.
- ↑ “Китобшиносии ал-Ҷуюш-ул-мувозийя”, worldcat.
- ↑ “Муаррифии ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ ар-риҳон-ул-ахир”, хабаргузории ал-Мустақбалул-ироқӣ.
- ↑ «Iraqi Security Forces and Popular Mobilization Forces»، worldcat
- ↑ «The Popular Mobilization Forces and Iraq's future»، worldcat
Ёддошт
Сарчашма
- “25 қатилан ва 51 ҷариҳан бил-ҳуҷумил-амрикии ала мавоқиъа ли-л-Ҳашд-иаш-шаъбӣ-л-ироқӣ”, хабаргузори Русия алявм (RT Arabic), таърихи дарҷи матлаб: 29 декабри 2019, таърихи боздид: 7 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- “American Airstrikes Rally Iraqis Against U. S”, The New York Times, таърихи боздид: 7 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- “Amnesty demands Iraq reveal fate of nearly 650 missing men and boys”, Middle East Eye, таърихи дарҷи матлаб: 4 июни 2021м, таърихи боздид: 12 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- “Iraqi Security Forces and Popular Mobilization Forces”, worldcat, таърихи боздид: 2 мурдоди 1401ҳ.ш.
- “The Popular Mobilization Forces and Iraq'sи future”, worldcat, таърихи боздид: 2 мурдоди 1401ҳ.ш.
- “Ал-Асад ябҳас маъа раисил-Ҳашд-уш-шаъбӣ алқазоё-л-амнийятил-муштарака”, ал-Маёдин, таърихи дарҷи матлаб: 3 марти 2022, таърихи боздид: 12 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- “Ал-Ироқ юдину ал-ҳуҷумал-амрикӣ ала мавоқиъ лил-Ҳашдиш-шаъбӣ”, вколаҳи алأнозўл, таърихи дарҷи матлаб: 28 июни 2021м., таърихи боздид: 7 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- “Ал-Ироқ.. Ал-Марҷаъул-Наҷафӣ янтақиду мавқифа Алазҳар мин-ал-Ҳашд-иш-шаъбӣ”, ваколатул-анбои ал-Тақриб, таърихи дарҷи матлаб: 13 марти 2015м., таърихи боздид: 12 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- “Ал-Қасфул-амрикӣ: ғорот амрикийя фи-л-Ироқи ва Сурия ала қувот муволия ли Теҳрон ва-л-Ҳашд-уш-шаъбӣ юълину ан қатла ва ҷарҳа», хабаргузории BBC арабӣ, таърихи дарҷи матлаб: 28 июни 2021м., таърихи боздид: 7 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- “ал-Ливо 28 би-л-Ҳашд ястаҷибу ли муношидати хидмийя фи шимоли Хониқин”, сайти расмии Ҳашду шаъбӣ, таърихи дарҷи матлаб: 4 октябри 2021м., таърихи боздид: 5 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- “Ал-Марҷаъул-Наҷафӣ: ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ зироъул-Ироқи вал-марҷаъийя ва биҳим яъиззул-Ислом вал-ватан”, хабаргузории Шафақно, таърихи боздид: 25 апрели 2017, таърихи дарҷи матлаб: 11 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- “Ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ фи-л-Ироқ.. Қувва аскарийя ва сиёсийя”, хабаргузории Алҷазира, таърихи дарҷи матлаб: 31 декабри 2019м., таърихи боздид: 6 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- “Ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ юҳсӣ адада қуввотиҳи ва ҷарҳоҳ ва юаккиду ала-з-зарурати-л-милҳа ли бақоиҳ”, ваколатул-анбоил-ироқийя, таърихи дарҷи матлаб: 13 июни 2022м., таърихи боздид: 18 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- “Ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ яҳбати мухаттатан ли истиҳдофил-амн хилоли зиёратил-Арбаъин”, ал-Маёдин, таърихи дарҷи матлаб: 8 сентябри 2022м., таърихи боздид: 18 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- “Ал-Ҷабир: баҳасно маъа Тилерсон хатара Эрон ва азмата Қатар”, хабаргузории Алъарабия, таърихи дарҷи матлаб: 22 октябри 2017м., таърихи боздид: 6 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- “Ас-Сайид Насруллоҳ: ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ а-зимонатул-ҳақиқийя лил-Ироқ фи мувоҷиҳати ДИИШ вал-такфирийин”, Тудейнюз, таърихи дарҷи матлаб: 19 августи 2021м., таърихи боздид: 12 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- “Баёну самоҳат ас-Сайид ал-Ҳоирӣ юълину фиҳи адамал-истимрор фи-т-тасаддӣ лил-марҷаъийя би сабабил-марзо ват-тақаддум фил-умр”, сайти расмии Сайидкозим Ҳусайнии Ҳоирӣ, таърихи боздид: 7 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- Барисм, Ғасақ Абдурризо, “Асбобу татаввуъ-иш-шабоб фи-л-Ҳашд-иш-шаъбӣ”, дар маҷаллаи Кулият-ут-тарбия, № 33, ноябри 2018м.
- “Болонфу Крофк: ҳозо мо шоракат биҳ ал-ҳандасатул-аскарийя лил-Ҳашд фи-л-муҳофизотил-ҷанубийя ли иҳтиво азматил-суюли ва-л-фаязонот (нусхаи бойгонишуда)”, сайти расмии Ҳашду шаъбӣ, таърихи дарҷи матлаб: 16 апрели 2019, таърихи боздид: 5 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- Гавҳарии Муқаддам, Абузар ва Муҳаммадризо Араб, “Ҷойгоҳи ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ дар амнияти миллии Ироқ ва наҳваи бознамоии расонаҳои ғарбӣ - Саъудӣ аз он”, дар пажуҳишномаи Расонаи байналмилал, соли сеюм, № 3, поизи 1397ҳ.ш.
- “Дар баробари инҳилоли Хашди аш-шаъбӣ май истам, сайти хабаргузории донишҷӯёни Эрон «ЭСНО», таърихи дарҷи матлаб: 15 меҳри 1400, таърихи мушоҳида: 12 баҳмани 1400.
- “Дар бораи Абумаҳдӣ ал-Муҳандис”, хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ (ЭРНО), таърихи дарҷи матлаби 13 дейи 1398ҳ.ш., таърихи боздид: 23 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- Ибни Ошур, Муҳаммадтоҳир, Тафсир-ут-таҳрир ва-т-танвир-ул-маъруф би тафсири Ибни Ошур, Бейрут, муассисатул-таърихил-арабӣ, 1421қ.
- “Китобшиносии ал-Хашд-уш-шаъбӣ”, мактабаи Нур, таърихи боздид: 2 мурдоди 1401ҳ.ш.
- “Китобшиносии ал-Ҷуюш-ул-мувозийя”, worldcat, таърихи боздид: 2 мурдоди 1401ҳ.ш.
- “Китобшиносии Таъсироти Хашд-уш-шаъбии Ироқ бар сиёсатҳои роҳбурдии Эрон”, созмони китобхонаҳо, музейҳо ва маркази асноди Остони Қудси Разавӣ, таърихи дарҷи матлаб: 27 шаҳривари 1398ҳ.ш., таърихи боздид: 2 мурдоди 1401ҳ.ш.
- “Китобшиносии Хашд-уш-шаъбӣ”, созмони асноду китобхонаи миллии Ҷумҳурии исломии Эрон, таърихи дарҷи матлаб: 2 мурдоди 1401ҳ.ш.
- Котиъ Ноҳиз, “Инзимом-ул-Ҳашд-иш-шаъбӣ ило-л-муассисат-ил-аскарийя”, дар ал-Маҷаллатус-сиёсийяту вал-дувалийя, № 45, декабри 2020м.
- Мансур, Ринод ва Фолеҳ Абдулҷаббор, ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ ва мустақбал-ул-Ироқ (китоби электроникӣ), Бейрут, Марказ корниғӣ лилшарқил-авсат, 2017м.
- “Муаррифии ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ ар-риҳон-ул-ахир”, хабаргузории ал-Мустақбалул-ироқӣ, таърихи дарҷи матлаб: 30 январи 2015м., таърихи боздид: 3 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- “Муқтадо Садр: Хашди аш-шаъбӣ бо артиши Ироқ идғом шавад”, хабаргузории ЭЛНО, таърихи дарҷи матлаб: 20 озари 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 21 мурдоди 1401ҳ.ш.
- Носир, Каррор Анвар, “ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ фи-л-манзур-ил-амиркӣ”, дар маҷаллаи Ҳамуроӣ лил-диросот, соли чаҳорум, № 13, зимистони 2015м.
- “Оғози амалиёти амниятии Ҳашд-уш-шаъбӣ дар Даёлӣ”, хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ЭСНО), таърихи дарҷи матлаб: 20 урдибиҳишти 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 23 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- Озод, Амирҳомид, “Улгуи ташкил ва таҳдиди Ҳашду шаъбӣ дар Ироқ”, дар маҷаллаи Сиёсати ҷаҳонӣ, давраи 9, № 3, шумораи паёпаи 33, озари 1399ҳ.ш.
- Салумӣ, Салоҳ Аданон Носир, “Тазҳият-уҳ-зот ладай мунтасаби-л-ҳашд-иш-шаъбӣ-л-ироқӣ”, дар маҷаллаи Лорк лил-фалсафа вал-лисониёт вал-улумул-иҷтимоъийя, № 22, 2016м.
- “Систонӣ дар садади барчидани бисоти Ҳашду шаъбӣ аз зери пои шибҳи низомиёни ироқӣ”, хабаргузории Индепенденти форсӣ, таърихи дарҷи матлаб: 8 озари 1399ҳ.ш., таърихи боздид: 13 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- “Сохтори Ҳашду шаъбии Ироқ; муҳимтарин гуруҳҳои ташкилдиҳандаи он, таърихи дарҷи матлаб: 22 тири 1394, таърихи мушоҳида: 28 дейи 1400.
- “Табдили таърих аз мелодӣ ба шамсӣ”, сайти Боҳисоб, таърихи боздид: 7 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- “Танфизу ҳамлати хидмийя фи мақом-ил-Имом-ис-Саҷҷод (а)”, сайти расмии Ҳашду шаъбӣ, таърихи дарҷи матлаб: 7 августи 2022м, таърихи боздид: 5 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- “Тарҳи амниятии Ҳашду шаъбӣ барои маросими солрӯзи шаҳодати Имом Алӣ (а) дар Наҷафи ашраф”, хабаргузории Тасним, таърихи боздид: 18 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- “Тарҳи вижаи амниятии Ҳашду шаъбии Ироқ барои аъёди мазҳабӣ”, хабаргузории Меҳр, таърихи дарҷи матлаб: 24 урдибиҳишти 1399ҳ.ш., таърихи дарҷи матлаб: 18 тири 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 18 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- “Таъкиди оёти изоми Наҷафӣ ва Файёз бар ваҳдати бештари гуруҳҳои муқовимати исломии Ироқ ва дурии онҳо аз сиёсат”, хабаргузории Шафақно, таърихи дарҷи матлаб: 26 хурдоди 1395ҳ.ш., таърихи боздид: 13 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- “Фолеҳ ал-Файёз: Ҳашду шаъбӣ дар баҳсҳои сиёсӣ дахолат намекунад”, хабаргузории Шафақно, таърихи дарҷи матлаб: 30 меҳри 1400ҳ.ш., таърихи боздид: 12 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- “Хашд-уш-шаъбиҳо чӣ афроде ҳастанд?”, хабаргузории Мизон, таърихи дарҷи матлаб: 28 фарвардини 1398ҳ.ш., таърихи боздид: 30 мурдоди 1401ҳ.ш.
- Хашон, Муҳамади кишӣш, “Ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ диросатун фи-ҷиюбиюлутик-ин-нақдийя”, дар маҷаллаи Марказул-диросотил-Куфа, № 62, сентябри 2021м.
- “Хоманаӣ ли қодатил-шиъӣ: ло тасиқу би-л-амиркиин”, ал-Марказул-лубнонӣ лил-абҳоси вал-истишорот, таърихи дарҷи матлаб: 12 декабри 2016м., таърихи боздид: 1 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- “Ҳал тамнаъу ас-Саъудийя муқотилий ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ мин адои-л-ҳаҷҷ?”, хабаргузории ал-Ҳурраҳ, таърихи дарҷи матлаб: 13 июни 2016, таърихи боздид: 11 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- Ҳалфӣ, Маҳдӣ, “Хашд-уш-шаъбӣ басиҷи мардумии Ироқ”, дар маҷаллаи Посдори Ислом, № 411, урдибиҳишт ва хурдоди 1395ҳ.ш.
- Ҳатоб, Ҷавод Козим, “Тавзиф-ул-Ҳашд-иш-шаъбӣ фи-л-мадрак-ис-сиёси-ил-ироқӣ”, дар маҷаллаи Ҳамуробӣ, соли ҳафтум, № 29, зимистони 2019м.
- “Ҳодӣ ал-Омирӣ: ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ талаққо даъвата мин-ал-Асад лил-духули ило Сурия”, шабакаи Рудовул-эъломийя, таърихи дарҷи матлаб: 16 ноябри 2016м., таърихи боздид: 12 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- “Ҷамоъату уламоил-Ироқ ли Алазҳар: ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ ятааллафу мин шиъати ва сунна”, ваколату Тасними алдувалийя лил-анбо, таърихи дарҷи матлаб: 12 марти 2015м., таърихи боздид: 12 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- Шаҳсаворӣ, “Бозии тозаи Садр: тамомии намояндагони наздик ба Муқтадо Садр дар порлумони Ироқ истеъфо доданд”, рӯзномаи Эътимод, № 5231, 24 хурдоди 1401ҳ.ш.
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/>
tag was found