Фуод Шукр
Лақаб | Ҳоҷмуҳсин |
---|---|
Маҳалли зиндагӣ | Лубнон |
Мазҳаб | Шиа |
Санаи таваллуд | 25 апрели 1961 |
Зодгоҳ | рустои Набӣ-Шис дар минтақаи Баълабаки Лубнон |
Санаи шаҳодат | 30 июли соли 2024 |
Сиёсӣ | Аз фармондеҳони низомии Ҳизбуллоҳи Лубнон |
Шинохташуда барои | Мубориза бо саҳюнизми ҷаҳонӣ |
Фуод Алӣ Шукр (1961 – 2024) маъруф ба Ҳоҷмуҳсин ё Сайид Муҳсин Шукр, аз фармондеҳони аршади низомии Ҳизбуллоҳи Лубнон ва мушовири Сайид Ҳасан Насруллоҳ буд, ки дар 30 июли 2024 дар ҳамлаи Исроил ба биное дар Зоҳияи Бейрут, террор шуд. Фуод дар сомондеҳии нахустин гурӯҳҳои муқовимати Лубнони алайҳи ишғолгарии режими саҳюнистӣ нақш доштааст. Дар расонаҳои исроилӣ аз ӯ ба унвони масъули назорат бар пуружаи мӯшакҳои ҳидоятшавандаи Ҳизбуллоҳ ёд мешавад.
Террори Фуод Шукр вокунишҳои мухталифе дар пай дошт. Шахсиятҳои мухталифи сиёсӣ ва мазҳабии онро маҳкум карданд. Сайид Ҳасан Насруллоҳ дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон аз гирифтани интиқом ӯ сухан гуфт.
Ҷойгоҳ
Фуод Шукр машҳур ба Ҳоҷмуҳсин ё Муҳсин Шукр аз фармондеҳони низомии Ҳизбуллоҳи Лубнон ва мушовирони низомии Сайид Ҳасан Насруллоҳ дабири кулли ин созмон ба шумор мерафт. Ӯ дар тарроҳии амалиётҳои мутаъаддиде алайҳи режими саҳюнистӣ нақш дошт.[1] Расонаҳои исроилӣ ӯро нафари дувуми Ҳизбуллоҳи Лубнон ва масъули назорат бар пуружаи мӯшакҳои ҳидоятшавандаи ин созмон муаррифӣ кардаанд. Давлатмардони Амрико низ ӯро мағзи мутафаккири амалиёти 1983 Ҳизбуллоҳ дар Бейрут муаррифӣ кардаанд ки ба кушта шудан 241 нафар аз нерӯҳои амрикоӣ анҷомид.[2]
Зиндагинома
Фуод Шукр дар 25 апрели 1961 дар рустои Набӣ-Шис дар минтақаи Баълбак дар Лубнон ба дунё омад.[3] Фуод дар даҳаи 80 мелодӣ дар созмондеҳии нахустин гурӯҳҳои муқовимати Лубнон дар баробари ишғолгарии Исроил нақш дошт ва дар соли 1982 маҷрӯҳ шуд. Ӯ ҳамчунин дар солҳои 1992 то 1995 ягонҳои низомии лубнониро барои эъзом ба Босния ва Ҳерсеговина дар дифоъ аз мусулмонон дар баробари сербҳо сомондиҳӣ кард.[4]
Ба гуфтаи Сайид Ҳасан Насруллоҳ - дабири кулли вақти Ҳизбуллоҳи Лубнон, Фуод аз бунёнгузорони муқовимати Лубнон будааст.[5] Аз замони таъсиси шӯрои ҷиҳодии муқовимати исломӣ, узви ин шӯро буд ва аз шурӯи амалиёти Тӯфони ал-Ақсо, амалиёти низомии пуштибонӣ дар ҷабҳаи Лубнонро фармондеҳӣ мекард.[6]
Фуод Шукр ба Имод Муғния, фармондеҳи дигари Ҳизбуллоҳ ки соли 2008 дар Димишқ террор шуд, наздик будааст.[7] Амрико дар соли 2017 дар ироаи иттилоот барои дастгирии ӯ панҷ миллион доллар ҷоиза таъйин карда буд.[8] Ҳамчунин дар соли 2019 таҳти таҳримҳои Амрико қарор гирифт. Артиши Исроил низ подоши 5 миллиондолларӣ барои ҳаргуна иттилоот аз вай, мушаххас карда буд.[9]
Террор
Дар ҳамлаи нерӯҳои ҳавои режими саҳюнистӣ ба бинои маскунӣ дар Зоҳияи Бейрут, ки дар 30 июли 2024 анҷом гирифт, маҳалли сукунати Фуод Шукр мавриди исобат қарор гирифта ва ӯ ба шаҳодат расид.[10] Артиши Исроил муддаӣ аст ин террорро дар вокуниш ба ҳамлаи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба минтақаи Маҷдал-Шамс ки Фуод масъули он буда анҷом дода; аммо Ҳизбуллоҳи Лубнон масъулияти ҳамла ба Маҷдал-Шамсро напазируфтааст.[11] Аз назари муқовимати Лубнон, ҳамла ба Маҷдал-Шамс натиҷаи хатои сомонаҳои дифоии Исроил[12] ё ҳамлаи бевоситаи худ режим саҳюнистӣ аст ки бо аҳдофи хоссе ҳамчун эҷоди шикоф миёни дарзиҳову муқовимат ва низ мунҳариф кардани нигоҳҳо аз амалкардаш дар Ғазза[13] сурат гирифтааст.
Аз назари Ҳизбуллоҳ, террори Фуод ба далели ҳимояти Ҳизбуллоҳ аз мардуми Ғазза дар баробари таҷовузи Исроил буда ва Сайид Ҳасан Насруллоҳ аз гирифтани интиқом ӯ сухан гуфтааст.[14]
Вокунишҳо
Маросими ташйиъи Фуод дар 1 августи 2024 бо ташрифоти расмӣ ва суханронии Сайид Ҳасан Насруллоҳ баргузор шуд.[15] Ҳамчунин шахсиятҳо ва ниҳодҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ, террори Фуод Шукрро таслият гуфтанд. Монанди Башир Ҳусайн Наҷафӣ аз мароҷеъи тақлиди сокини Наҷаф,[16] Сайид Ҳошим Ҳусайнӣ Бушеҳрӣ раиси Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум,[17] Ҳусайни Саломӣ фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ,[18] Абдулмалик Алҳусӣ раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман[19] ҲАМОС ва гурдонҳои Иззуддин ал-Қассом[20] ва Муҳаммадбоқири Қолибоф - раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ.[21]
Ҳизбуллоҳи Лубнон дар 25 августи 2024 дар вокуниш ба террори Фуод Шукр, бо шиллики беш аз 300 мӯшак аҳдофи низомиро дар Фаластини ишғолӣ ҳадаф қарор дод.[22]
Эзоҳ
- ↑ «قاد جبهة الإسناد اللبنانیة وناصر المسلمین فی البوسنة والهرسک.. من هو الشهید “السید محسن شکر”؟», Сайти ал-Манор
- ↑ «فواد شکر، فرمانده ارشد حزب الله که اسرائیل او را در بیروت کشت، کیست؟», Хабаргузории ВВС
- ↑ «قاد جبهة الإسناد اللبنانیة وناصر المسلمین فی البوسنة والهرسک.. من هو الشهید “السید محسن شکر”؟», Сайти ал-Манор
- ↑ «قاد جبهة الإسناد اللبنانیة وناصر المسلمین فی البوسنة والهرسک.. من هو الشهید “السید محسن شکر”؟», Сайти ал-Манор
- ↑ «السید نصرالله : ردّنا آتٍ قویاً ومؤثراً وفاعلاً», Сайти ал-Манор.
- ↑ «شهید فؤاد شکر فرمانده بزرگ مقاومت اسلامی لبنان کیست؟», Хабаргузории ал-Олам
- ↑ «فواد شکر، فرمانده ارشد حزب الله که اسرائیل او را در بیروت کشت، کیست؟», Хабаргузории ВВС
- ↑ "US offers rewards forTalal Hamiyah and Fuad Shukr», aljazeera.
- ↑ «فؤاد شکر، فرمانده ارشد حزب الله که اسرائیل او را در بیروت کشت، کیست؟», Хабаргузории ВВС
- ↑ «شهید فؤاد شکر فرمانده بزرگ مقاومت اسلامی لبنان کیست؟», Хабаргузории ал-Олам
- ↑ «السید نصر الله: علی العدو ومن خلفه ان ینتظر ردنا.. اضحکوا قلیلا وستبکون کثیرا», Сайти ал-Манор
- ↑ Ниг.: «السید نصر الله: علی العدو ومن خلفه ان ینتظر ردنا.. اضحکوا قلیلا وستبکون کثیرا», Сайти ал-Манор
- ↑ «وزیر خارجه سابق لبنان: حادثه مجدل شمس یک حمله مستقیم از سوی اسرائیل بود», Хабаргузории Меҳр
- ↑ «السید نصر الله: علی العدو ومن خلفه ان ینتظر ردنا.. اضحکوا قلیلا وستبکون کثیرا», Сайти ал-Манор
- ↑ «شهید فؤاد شکر فرمانده بزرگ مقاومت اسلامی لبنان کیست؟», Хабаргузории ал-Олам
- ↑ «پیام تسلیت آیتالله بشیر النجفی برای حزبالله», Хабаргузории Тасним
- ↑ «پیام تسلیت آیت الله حسینی بوشهری در پی شهادت فواد شکر», Вебгоҳи Ҷамеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум
- ↑ «فرمانده کل سپاه شهادت «فؤاد شکر» را به سید حسن نصر الله تسلیت گفت», Хабаргузории Меҳр
- ↑ «پیام تسلیت رهبر انقلاب یمن در مورد شهیدان هنیه و فواد شکر», Сайти Машриқ
- ↑ «پیام تسلیت حماس و القسام برای حزبالله در پی شهادت فواد شکر», Хабаргузории Тасним
- ↑ «قالیباف شهادت سردار مقاومت ابومحسن فؤاد شکر را به سیدحسن نصرالله تسلیت گفت», Хабаргузории ИСНА
- ↑ «عمليات المقاومة الاسلامية ضد مواقع وانتشار جيش العدو الإسرائيلي عند الحدود اللبنانية الفلسطينية», Сайти ал-Манор
Сарчашма
- «شهید فؤاد شکر فرمانده بزرگ مقاومت اسلامی لبنان کیست؟», Вебгоҳи хабаргузории Алъолам, санаи дарҷи матлаб: 11 мурдоди 1403ҳ.ш., санаи боздид: 12 мурдоди 1403ҳ.ш.
- «قاد جبهة الإسناد اللبنانية وناصر المسلمين في البوسنة والهرسك.. من هو الشهيد “السيد محسن شكر”؟», Вебгоҳи ал-Манор, санаи дарҷи матлаб: 1 август 2024, санаи боздид: 12 мурдоди 1403ҳ.ш.
- «فواد شکر، فرمانده ارشد حزب الله که اسرائیل او را در بیروت کشت، کیست؟», Вебгоҳи хабаргузорӣ ВВС, санаи дарҷи матлаб: 10 мурдоди 1403, санаи боздид: 12 мурдоди 1403ҳ.ш.
- «السيد نصر الله: على العدو ومن خلفه ان ينتظر ردنا.. اضحكوا قليلا وستبكون كثيرا», Вебгоҳи ал-Манор, санаи дарҷи матлаб: 2 август 2024, санаи боздид: 3 август 2024
- «وزیر خارجه سابق لبنان: حادثه مجدل شمس یک حمله مستقیم از سوی اسرائیل بود», Вебгоҳи хабаргузории Меҳр, санаи дарҷи матлаб: 7 мурдоди 1403ҳ.ш., санаи боздид: 13 мурдоди 1403ҳ.ш.
- «پیام تسلیت آیتالله بشیر النجفی برای حزبالله», Вебгоҳи хабаргузории Тасним, санаи дарҷи матлаб: 13 мурдоди 1403ҳ.ш., санаи боздид: 14 мурдоди 1403ҳ.ш.
- «پیام تسلیت آیت الله حسینی بوشهری در پی شهادت فواد شکر», Вебгоҳи Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, санаи дарҷи матлаб: 11 мурдоди 1403ҳ.ш., санаи боздид: 14 мурдоди 1403ҳ.ш.
- «فرمانده کل سپاه شهادت «فؤاد شکر» را به سید حسن نصر الله تسلیت گفت»، وبگاه خبرگزاری مهر، تاریخ درج مطلب: ۱۲ مرداد ۱۴۰۳ش، تاریخ بازدید: ۱۴ مرداد ۱۴۰۳ش.
- «پیام تسلیت رهبر انقلاب یمن در مورد شهیدان هنیه و فواد شکر», Вебгоҳи машриқ, санаи дарҷи матлаб: 10 мурдоди 1403ҳ.ш., санаи боздид: 14 мурдоди 1403ҳ.ш.
- «پیام تسلیت حماس و القسام برای حزبالله در پی شهادت فواد شکر», Вебгоҳи хабаргузории Тасним, санаи дарҷи матлаб: 11 мурдоди 1403ҳ.ш., санаи боздид: 14 мурдоди 1403ҳ.ш.
- «قالیباف شهادت سردار مقاومت ابومحسن فؤاد شکر را به سیدحسن نصرالله تسلیت گفت», Вебгоҳи хабаргузории ИСНА, санаи дарҷи матлаб: 13 мурдоди 1403ҳ.ш., санаи боздид: 14 мурдоди 1403ҳ.ш.
- «السيد نصرالله : ردّنا آتٍ قوياً ومؤثراً وفاعلاً», Вебгоҳи ал-Манор, санаи дарҷи матлаб: 7 август 2024, санаи боздид: 8 август 2024
- «عمليات المقاومة الاسلامية ضد مواقع وانتشار جيش العدو الإسرائيلي عند الحدود اللبنانية الفلسطينية», Вебгоҳи ал-Манор, санаи дарҷи матлаб: 26 август 2024, санаи боздид: 28 август 2024
- .US offers rewards forTalal Hamiyah and Fuad Shukr»، aljazeera, data: 11 october 2017, Visited in 2 august 2024.