Карбало

Аз wikishia
Карбало
тасвири ҳавоӣ аз шаҳри Карбало
Тӯли ҷуғрофиёӣ 44.02500
Арзи ҷуғрофиёӣ 32.61389
Кишвар Ироқ
Вилоят Карбало
Масоҳат 52,856 км²
Ҷамъият 1 млн
Дин Ислом
Мазҳаб Шиа
Номи қадим Найнаво • Ғозирия • Тафф • Навовис
Соли таъсис қарни дувуми ҳиҷрии қамарӣ
Ҳодисаҳои муҳим Воқеаи КарбалоТахриби ҳарами Имом ҲусайнИнтифозаи шаъбония • Ҳамлаи ваҳҳобиён ба Карбало • Воқеаи Наҷибпошо (Ғадири дам)
Маконҳои таърихӣ Қалъат-ул-ухайзир • Корвонсарои Хон-ур-рубъ (ан-Нухайла)
Зиёратгоҳ Ҳарами Имом Ҳусайн (а)Ҳарами ҳазрати Аббос (а)ХаймагоҳТалли зайнабияМарқади Ҳурр ибни Язиди РиёҳӣКафф-ул-АббосҚатлгоҳМақоми Имоми Замон (аҷ)Мақоми Имом Содиқ (а)
Масҷидҳо масҷиди Раъсулҳусайн • масҷиди Сардор Ҳасанхон • масҷиди Носирӣ • масҷиди Оқоносири Беҳбаҳонӣ • масҷиди Соҳиби Ҳадоиқ
Ҳусайнияҳо ҳусайнияи теҳрониҳо • ҳусайнияи Муҳаммадсолеҳ • ҳусайнияи Мозандаронӣ

Карбало ё Карбалои муалло (арабӣ: كربلاء) аз шаҳрҳои зиёратии шиаён дар Ироқ аст. Шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш дар воқеаи Карбало дар соли 61ҳ.қ. ва қарор доштани ҳарами Имом Ҳусайн (а) ва ҳарами ҳазрати Аббос аҳамияти зиёде ба ин шаҳр назд шиаён додааст.

Пешинаи Карбало ба қабл аз Ислом ва давраи бобулӣ бармегардад. Пас аз футуҳоти исломӣ қабоиле дар атрофи Карбало ва наздики рӯди Фурот зиндагӣ мекарданд. Пас аз шаҳодати Имом Ҳусайну ёронаш дар воқеаи Ошӯро дар даҳуми муҳаррам ва тадфини пайкари онон дар Карбало, шиаён барои зиёрати ҳарами Имом Ҳусайн (а) роҳии Карбало мешуданд. Аҳамияти зиёрати Имом Ҳусайн (а) ва дигар шаҳидони дашти Карбало барои шиаён раванди табдили Карбало ба сукунатгоҳи шиаёнро фароҳам кард. Аз садаҳои дуюм ва сеюм қамарӣ нахустин умрону ободонӣ дар Карбалои поярезӣ шуд. Дар давраи ҳукумати Оли Бӯя иқдомоти зиёде барои густариши умронии шаҳри Карбало сурат гирифт; аммо бештарин аҳамият барои вусъат бахшидан ба шаҳри Карбало ба давраи Сафавия ва Қоҷория бармегардад.

Ҳамзамон бо тавсеаи шаҳри Карбало дар садаи сеюми қамарӣ мадрасаҳои динӣ дар ин шаҳр таъсис шуд. Равнақи илмии ҳавзаи илмияи Карбало дар тӯли таърих бо фарозу фурудҳое ҳамроҳ будааст. Ҳамзамон бо равнақи илмии ҳавзаҳои Карбало хонадонҳои шиъии гуногун барои касби илм дар Карбало сокин шуданд, ки хонадонҳои Оли Туъма, Оли Нақиб, Беҳбаҳонӣ, Шаҳристонӣ ва Шерозӣ аз он ҷумлаанд.

Шаҳри Карбало дар ду садаи ахир ҳодисаҳои зиёдеро аз сар гузорандааст. Ҳамлаи ваҳҳобият ба Карбало, ҳамлаи Наҷибпошо – волии усмонӣ, ба ин шаҳр, инқилоби 1920 мелодӣ ва интифозаи шаъбония бархе аз воқеаҳои ин ду сада аст. Шаҳри Карбало дар садаи бистуми мелодӣ пас аз суқути императории усмонӣ ва ишғоли он аз сӯи Британия шоҳиди шаклгирии аҳзобу ташкилоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва афзоиши он пас аз истиқлоли Ироқ будааст. Ҷамъият-ул-иттиҳоди ва-т-тараққӣ, ал-Ҷамъият-ул-ватанияту ал-исломия, шуъбаи Ҳизб-уд-даъват-ул-исломиая дар Карбало ва шохаи Маҷлиси аълои исломии Ироқ муҳимтарин аҳзоби шиаён дар Карбало шинохта мешаванд.

Шиаён дар муносибатҳои гуногун аз саросари ҷаҳон барои зиёрат ба ин шаҳр меоянд. Авҷи ин ҳузур дар айёми азодории муҳарраму сафар ба вижа дар маросими пиёдаравии арбаин аст. Ҷамъияти зоирон ҳудуди 20 миллион нафар дар солҳои 2015 ва 2016 мелодӣ гузориш шудааст.

Карбало дар тӯли таърих ба номҳои дайгар низ хонда шудааст. Ғозирия, Найнаво, Тафф, Ақр, Ҳоир ва Навовис аз он ҷумлаанд.

Муаррифӣ

Тасвири ҳавоӣ аз Карбало; шаҳри Карбало пас аз суқути режими баъс дар соли 2003 шоҳиди тавсеа ва умрони шаҳрӣ будааст

Карбало аз шаҳрҳои зиёратӣ ва муқаддаси шиаён дар Ироқ аст.[1] Ин шаҳр дар маркази устоне ба ҳамин ном ва дар нимаи ҷанубии Ироқ ва ҳудуди садкилометрии Бағдод - пойтахти ин кишвар, воқеъ шудааст.[2]

Шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш дар воқеаи Карбало, вуҷуди ҳарами Имом Ҳусайн (а), ҳарами ҳазрати Аббос (а) ва дигар ҷоҳои зиёратӣ, ин шаҳрро ба яке аз пурбоздидтарини шаҳрҳои зиёратии шиаён, ба вижа дар айёми азодории муҳарраму маросими арбаини ҳусайнӣ, табдил кардааст.[3]

Карбало пас аз суқути императории Усмонӣ дар соли 1914 ва ҳамчунин пас аз суқути ҳукумати Саддом дар соли 2003 ҷойгоҳи сиёсии хоссе дар Ироқ пайдо кард. Фатвои ҷиҳоди оятуллоҳ Муҳаммадтақии Шерозӣ – марҷаъи шиаён дар Карбало, алайҳи Британия ва раҳбарии вай дар ҷумбиши 1920-уми мардуми Ироқ дар эътироз ба идомаи ҳузури Британия дар ин кишвар, баёнгари нақши сиёсии Карбало дар таърихи муосири Ироқ аст.[4] Пас аз суқути Саддом низ ҷойгоҳи марҷаияти шиаи Ироқ дар баробари таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоии ин кишвар ва ҷаҳони Ислом дар намози ҷумъаи ин шаҳр эълом мешавад. Эъломи фатвои ҷиҳод алайҳи ДИИШоятуллоҳи Систонӣ аз минбари намози ҷумъаи Карбало аз он ҷумла аст.[5]

Бар асоси саршумории соли 2015 ҷамъияти шаҳри Карбало наздик ба ҳафтсад ҳазор нафари гузориш шудааст.[6] Карбало дар тӯли таърих номҳои гуногун доштааст. Ғозирия, Найнаво, Тафф, Ақр, Ҳоир ва Навовис аз он ҷумлаанд.[7]

Таърихча

Бархе аз манобеъ пешинаи Карбалоро ба даврон қабл аз Ислом дар асри бобулӣ донистаанд.[8] Гузоришҳое низ Карбалоро қабл аз футуҳоти исломӣ қабристони масеҳиён ва бархе низ онро маркази оташкадаҳои зартуштиён муаррифӣ кардаанд.[9] Аз дер боз дар атрофи Карбало, ба вижа манотиқи ҳамҷавор бо рӯди Фурот, деҳкадаҳои фаровоне будааст.[10] Илова бар он, гузоришҳое аз ҳузури анбиё ё даст кам бархе аз паёмбарони улулъазм назири Нӯҳ (а) ва Иброҳим (а) дар Карбало дар мутуни ривоӣ вуҷуд дорад.[11]

Пас аз фатҳи Ироқу Байнаннаҳрайн тавассути мусулмонон гузоришҳои нодире аз сӯи муаррихон то пеш аз воқеаи Ошӯро сабт шудааст. Дар гузорише омада ки Холид ибни Валид дар соли дувоздаҳуми қамарӣ дар ҷараёни набарди Ҳира пас аз тасаллут бар Ҳира (дар наздикии Наҷафи кунунӣ) дар Карбало урдугоҳ зад.[12] Бархе аз гузоришҳо ба убури Имом Алӣ (а) дар бозгашт аз ҷанги Сиффин ишора дорад ки бар асоси он Имом Алӣ дар Карбало барои хондани намозу истироҳат таваққуф карданду нисбат ба воқеаи Карбало ва ҳаводисе, ки дар оянда барои фарзандаш Ҳусайн (а), асҳоб ва хонаводаи ӯ иттифоқ меафтад, пешгӯӣ карда буд.[13]

Муҳимтарин воқеае, ки Карбало ба сабаби он машҳур ва назди шиаён аҳамияти зиёде ёфт, воқеаи Ошӯрост. Дар ин воқеа Имом Ҳусайн (а) пас аз байъат накардан бо Язид ва даъвати мардуми Кӯфа барои байъат бо эшон бо ирсоли номаҳои зиёд[14] аз Макка роҳии Кӯфа шуд.[15] Пас аз манъ кардани корвони Имом Ҳусайн (а) дар роҳи Кӯфаи тавассути Ҳурр ибни Язиди Риёҳӣ ва ба дастури Убайдуллоҳ ибни Зиёд – фармондори Кӯфа,[16] корвони Имом ба ночор дар Карбало урдугоҳ зад.[17] Пас аз чанд рӯз аз таваққуфи корвони Имом Ҳусайн (а), дар даҳуми муҳаррами соли 61ҳ.қ. набарде миёни сипоҳи Имом Ҳусайн (а) ва лашкари Умар ибни Саъд рух дод,[18] Имом (а) ба ҳамроҳ бисёре аз ёронаш дар он рӯз ба шаҳодат расиданду бозмондагони корвони Имом Ҳусайн (а) ки бештарашон занону кӯдакон буданд асир гаштанду ибтидо ба Кӯфа ва сипас ба Димишқ – пойтахти Язид дар Шом, фиристода шуданд.[19]

Таъкиди имомони шиа бар зиёрат кардани ҳарами Имом Ҳусайн (а) ва таваҷҷуҳи шиаён ба он, замина барои сохти бино бар қабри Имом Ҳусайн, тавсеаи он ва эҳдоси сукунатгоҳ барои зоирону муҷовирони марқади Имом (а) дар Карбало дар давраи Банӣ Умая ва Банӣ Аббос фароҳам кард.[20] Пайдоиши қиёмҳои шиӣ пас аз воқеаи Карбало низ дар таваҷҷуҳи шиаён ба қабри Имом Ҳусайн (а) нақш доштааст. Таввобин дар қиёми худ пас аз он ки аз Нухайла роҳии Димишқ шуданд дар миёнаи роҳ қабри Имом Ҳусайнро зиёрат карданд[21] ва пойбандии худ ба роҳи Имом Ҳусайнро эълом карданд.[22] Дар қиёми Мухтор низ таваҷҷуҳ ба Карбало ва зиёрати қабри Имом Ҳусайн (а) вуҷуд дошт. Мухтори Сақафӣ нахустин касе буд, ки зимни сохти баное бар қабри Имом Ҳусайн, масҷиду рустои кӯчаке[23] дорои маҷмуъае аз манозили сохташуда аз гил, соқа ва шохаи дарахти хурмо, эҷод кард.[24]

Бо афзоиши зоирони Карбало ва иқомати бархе мусулмонон дар атрофи марқади Имом Ҳусайн (а) ҳамзамон бо заъфи Банӣ Умая ва шаклгирии давлати Аббосиён, ободонии Карбало шакли ҷиддӣ ба худ гирифт. Хонаҳои нав дар муҷовирати марқади Имом (а) бо истифода аз масолеҳи сохтимонии муносиб бино шуд.[25]

Ин иқдомот аз сӯи шиаён таҳдиде барои бархе хулафои аббосӣ қаламдод мешуд. Аз ин рӯ хулафое монанди Ҳоруни Аббосӣ ва Мутаваккили Аббосӣ дар давраи ҳукумати худ дастури вайрон кардани ҳарам ва биноҳои атрофи онро доданд.[26] Бо ин ҳол ба назар мерасад иқдомоти Хулафои Аббосӣ натавонист аз табдил шудани Карбало ба сукунатгоҳи бархе аз шиаён ҷилавгирӣ кунад.

Пас аз Ҳорун, дар давраи фарзандаш Маъмуни Аббосӣ марқади Имом Ҳусайн (а) ва биноҳои тахрибшуда, бозсозӣ ва ободонии нисбӣ дар Карбало таҳаққуқ ёфт.[27] Пас аз вайрониҳои давраи Мутаваккил низ умрон ба шаҳри Карбало баргашту илова бар бозсозии марқаду манотиқи тахрибшуда, амокини ҷадиде, аз ҷумла бозори Карбало таъсис шуд.[28] Дар давраи аббосиён маҳфилҳои илмӣ низ тавассути асҳоби аимма дар Карбало ташкил шуд, ки аз он бо унвони нахустин давраи ҳавзаи Карбало ёд мешавад.[29] Раванди меъмории Карбало дар давраи Оли Бӯя шакли ҷадиде ба худ гирифт,[30] ки бархе аз он бо унвони давраи шукуфоии меъмории Карбало то он давра ёд мекунанд.[31] Ҳокимони Оли Бӯя зимни зиёрати Имом Ҳусайн (а) иқдом ба таҷдиди бинои марқади Имом Ҳусайн (а) ва тавсеаи шаҳри Карбало намуданд. Сохти нахустин боруи шаҳр, эҳдоси сукунатгоҳ ва бозорҳои ҷадид, мадориси диние назири мадрасаи Азудия ва масҷиди Раъсулҳусайн, ки ба дастури Азудуддавлати Дайламӣ дар соли 372ҳ.қ. сохта шуд, аз тавсеаи шаҳрии Карбало ҳикоят дорад.[32]

Шаҳри Карбало бо таваҷҷуҳи подшоҳони сафавӣ ва қоҷорӣ ба атаботи олиёт аз садаҳои 10 то 13 ҳиҷрӣ ва иқомати густардаи эрониён вориди марҳалаи ҷадиде аз меъморӣ ва шукуфоии умрони Карбало будааст. Дар ин марҳала илова бар таҷдиди биноӣ ва тавсеаи ҳарами Имом Ҳусайн (а), ҳарами ҳазрати Аббос (а) ва дигари маконҳои зиёратӣ дар Карбало, эрониёни муқими Карбало нақши зиёде дар равнақи бозаргонӣ ва таъсиси ҳусайнияҳо, мадориси илмия, китобхонаҳо ва масоҷид дар ин давраҳо доштаанд. Ҷаҳонгардону ҷуғрофидононе назири Карстен Нибур ва Ҷон Эшер дар боздид аз шаҳри Карбало аз тавсеаи шаҳрии Карбало дар давраи усмониҳо дар сафарномаҳои худ гузориш кардаанд.[33] Ҷон Питерз ҷаҳонгард ва бостоншинос аз кишвари Амрико низ дар боздид аз Карбало дар соли 1890 мелодӣ навиштааст бахши ҷадиди Карбало ки хориҷ аз ҳисори қадими шаҳри эҷод шудааст дорои хиёбонҳои густарда ва муназзам назири шаҳрҳои Аврупост.[34]

Маконҳои зиёратӣ

Намое аз ҳарами ҳазрати Аббос (а) ва ҳарами Имом Ҳусайн (а) дар шаҳри Карбало

Вуҷуди ҳарами Имом Ҳусайн (а) ва ҳарами ҳазрати Аббос (а) шаҳри Карбалоро дар радифи муҳимтарин шаҳрҳои зиёратӣ барои шиаён қарор додааст.[35] Ҳарами Имом Ҳусайн маҳалли дафни Имом Ҳусайн (а), шуморе аз Банӣ Ҳошим ва ёрони Имом аст, ки дар воқеаи Карбало ба шаҳодат расиданд. [36] Зиёрати ҳарами Имом Ҳусайн (а) ҳамвора яке аз аъмоли мавриди таваҷҷуҳи шиаён будааст. Супориш ба зиёрати Имом Ҳусайн (а) дар бархе аз рӯзҳои хосс назири Ошӯро[37], Арбаин[38] ва нимаи шаъбон[39], мӯҷиб шуда бештарини ҷамъияти зоирон марбут ба ин айём бошад.[40] Дар фиқҳи шиа, ҳарам ва турбати Имом Ҳусайн (а) аҳкоми хоссе дорад.[41]

Ҳарами Имом Ҳусайн (а), борҳо аз сӯии мухолифони шиа аз ҷумлаи хулафои аббосӣ ва ваҳҳобиён тахриб шуд. Яке аз нахустин тахрибҳои ҳарами Имом Ҳусайн (а) дар замони Мутаваккил[42] ва охирини он дар соли 1411ҳ.қ. тавассути ҳукумати баъси Ироқ дар ҷараёни интифозаи шаъбония сурат гирифт.[43]

Ҳарами ҳазрати Аббос (а) низ дар 378-метрии шимолу шарқии ҳарами Имом Ҳусайн (а) қарор дорад. Зоирони Карбало илова бар зиёрати Имом Ҳусайн (а), ҳарами ҳазрати Аббос (а)-ро низ зиёрат мекунанд.[44] Шиаён дар рӯзи Тосуо дар ҳарами ҳазрати Аббос азодорӣ мекунанд. Дар тақвими азодории шиа рӯзи Тосуо мансуб ба ҳазрати Аббос (а) аст.[45]

Шаҳри Карбало илова бар вуҷуди ҳарами Имом Ҳусайн (а) ва ҳазрати Аббос (а) маконҳои зиёратии дигар дорад, ки бештари он ба воқеаи Карбало марбут мешавад. Хаймагоҳ, Талли зайнабия ва марқади Ҳурр ибни Язиди Риёҳӣ аз он ҷумла аст. Дар наздикии ҳарами Имом Ҳусайн (а) ду мақоми Имом Содиқ (а) ва мақоми Имоми Замон (а) вуҷуд дорад, ки дар фарҳанги шиа дорои эҳтиром ва зиёратгоҳи онон аст.[46]

Мақоми Имоми Замон (аҷҷалаллоҳу таоло фараҷаҳушшариф) дар Карбало

Воқеаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ду садаи ахир

Карбало дар ду садаи ахир шоҳиди ҳаводису таҳаввулоти гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ будааст.

Ҳамлаи ваҳҳобият

Дар ҳаждаҳуми зилҳаҷҷаи соли 1216ҳ.қ. ваҳҳобиён ба раҳбарии Абдулазиз ибни Сауд аз Ҳиҷоз вориди Ироқ шуданд ва ба Карбало ҳамла карданд. Онҳо аз тариқи маҳаллаи Хаймагоҳ вориди шаҳр шуданд ва иқдом ба куштор, ғорати амволи мардуму ашёи қиматии ҳарами Имом Ҳусайн (а) намуданд. Дар ин рӯз бисёре аз аҳолии Карбало бар асоси расми ҳамешагӣ дар рӯзи Иди Ғадир ба зиёрати ҳарами Имом Алӣ (а) дар Наҷаф рафта буданд. Аз ин рӯ шаҳри Карбалои холӣ аз мардон барои муқовимат буд. Манобеи таърихӣ теъдоди қурбониёни ин ҳодисаро аз ҳазор нафар то 4 ҳазор нафар гузориш кардаанд. Дар ин ҳодисаи осеби ҷаддӣ ба ҳарами Имом Ҳусайн (а) ворид шуд.[47]

Ҳамлаи Наҷибпошо

Пас аз он ки аҳолии Карбало ҳокимияти усмониҳоро дар 1285ҳ.қ. напазируфтанд Наҷибпошо – ҳокими усмонӣ, дар Ироқ муҳлати чандрўзае ба сокинони Карбало барои пазириши ҳокимияти усмониҳо ва таслим шудан ба онҳо дод. Пас аз шикасти миёнҷигарии Сайидкозими Раштӣ, аз уламои сокин дар Карбало ва дуюмин раҳбари Шийхия, барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаи усмониҳо ба дохили шаҳр ва таслим нашудани аҳолии Карбало, Наҷибпошо дастури ҳамла ба Карбалоро содир кард. Сарбозони усмонӣ иҷозати ҳамла ба ҳамаи маконҳо ба ҷуз ҳарами Имом Ҳусайн (а) ва ҳарами ҳазрати Аббос (а) ва манзили Сайидкозими Раштиро доштанд. Бархе аз аҳолии Карбало барои осеб надидан ба ҳарами ҳазрати Абулфазл паноҳ овараданд. Бо ин ҳама ин макон низ аз ҳуҷуми усмониҳо дар амон намонд. Бар асоси бархе гузоришҳо ҳудуди 10 ҳазор нафар дар ин ҳодиса кушта шуданд. Ин ҳодиса ба воқеаи Ғадируддам (тарҷума: ғадири хун) шӯҳрат ёфт.[48]

Муборизаи зидди истиъморӣ

Шаҳри Карбало дар давраи шикасти императории усмонӣ ва ҳузури Британия дар Ироқ дар соли 1917 мелодӣ аз марокизи аслии муборизаи алайҳи англисиҳо буд. Ҷунбиши 1920 Ироқ ки баъдҳо ба Савратулъишрин шӯҳрат ёфт ба раҳбарии Муҳаммадтақии Шерозӣмарҷаияти шиа дар Карбало, шакл гирифт. Ин ҷунбиш пас аз амал накардани Британия дар хуруҷ аз Ироқу истиқлоли ин кишвар ба вуқуъи пайваст.[49]

Ҳузури густардаи артиши баъси Ироқ дар вурудии ҳарами ҳазрати Аббос (а) дар Карбало пас аз саркӯби ‌‌‌Интифозаи шаъбония

Интифозаи шаъбония

Навиштори аслӣ: Интифозаи шаъбония

Карбало дар ҷараёни қиёми мардуми Ироқи алайҳи ҳукумати баъсиҳо ба раҳбарии Саддом Ҳусайн дар шаъбони соли 1411ҳ.қ./1991 мелодӣ аз марокизи аслии қиём буд. Ин шаҳр дар канори 13 устони дигари Ироқ дар интифозаи шаъбония ба дасти неруҳои мардумӣ афтод.[50] Аммо дар ниҳоят қиём тавассути неруҳои таҳти амри Саддом миҳор ва саркӯб шуд. Дар ҷараёни саркӯби қиём ҳарами Имом Ҳусайн (а) аз сӯии артиши баъс осеб дид. Бар асоси бархе манобеъ байни сесад то понсад ҳазор нафар дар саросари Ироқ дар ҷараёни саркӯби қиём кушта ва ҳудуди ду миллион нафар овора шуданд.[51]

Даргирӣ бо артиши Амрико пас аз суқути Саддом

Ҳузури неруҳои эътилофи Амрико дар Карбало пас аз ҳамла ба Ироқ дар соли 2003 мелодӣ; дар ин тасвир сарбози амрикоӣ дар канори мошини интиҳорӣ дар хиёбони мунтаҳӣ ба ҳарами ҳазрати Аббос (а) истодааст.

Карбало дар замони ҳамлаи Амрикоиҳо ба Ироқ дар соли 2003 мелодӣ шоҳиди даргирии низомии парокандаи аҳолии Карбало бо неруҳои Амрикоӣ дар хиёбонҳои мунтаҳӣ ба ҳарами Имом Ҳусайн (а) ва ҳарами ҳазрати Аббос (а) буд. Ҳамчунин дар соли 2004 мелодӣ ба дунболи даргирии низомии гуруҳе аз шиаёни вобаста ба ҷараёни Садри мавсум ба Ҷайшулмаҳдӣ бо амрикоиҳо дар Наҷаф, Басра ва шаҳраки Садри Бағдод, амрикоиҳо барои дафъи ҳамлаи эҳтимолии тарафдорони Садр дар Карбало бо таҷҳизоти зиреҳӣ вориди шаҳри Карбало шуданду зимни ҳамла ба дафтари ҷараёни Садр, хиёбонҳои атрофи ҳарамро масдуд карданд. Иллати аслии даргириҳо мухолифат бо ишғолгарии артиши Амрико дар Ироқ унвон шуда буд.[52] Шиаёни тарафдори Ҷайшулмаҳдӣ дар Карбало дар 2007 мелодӣ низ бо амрикоиҳо даргир шуданд бо ин тафовут, ки тарафи аслии даргирӣ бо Ҷайшулмаҳдӣ полиси Ироқ буду амрикоиҳо ба унвони нерӯи пуштибони полиси Ироқ вориди саҳнаи даргирӣ дар шаҳр Карбало шуданд.[53]

Ҳамалоти террористӣ дар Карбало

Пас аз суқути режими баъс дар Ироқ, гурӯҳҳои террористӣ ва такфирии вобаста ба Алқоида бо ҳамкории гурӯҳе аз афсарони собиқи вобастаи ҳизби баъс ба амалиётҳои мутаъаддиди террористӣ дар Карбало даст заданд.[54] Ин ҳамалоти террористӣ, ки дар шаҳрҳои дигари Ироқ низ сурат мегирифт талафоти молию ҷонии зиёдеро ба дунбол дошт. Бештари иқдомоти террористӣ дар Карбало дар айёми азодории Имом Ҳусайн ва маросими пиёдаравии Арбаин ба вуқуъ пайваст.[55]

Ҳизбҳо ва ташкилотҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ

Шаҳри Карбало дар ду садаи ахир ба далели иқомати мароҷеъи тақлиди шиа ва равнақи ҳавзаи илмияи Карбало нақши муҳимме дар таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоии Ироқ ифо кард. Фаъолияти ташкилоти сиёсӣ-иҷтимоӣ дар Карбало бо таҳаввулоти сиёсии Ироқ ва гоҳе Эрон ҳамроҳ буд. Вокуниши уламои сокин дар Наҷафу Карбало дар қиболи ҷунбиши машрутаи Эрон аз он ҷумла аст. Моҷарои машрута ҳамон гуна ки уламоу ҳавзаи Наҷафро муталотим кард бар Карбало низ таъсир гузошт бо ин тафовут, ки карбалоиҳо мавзеи манфӣ нисбат ба машрута доштанд.[56]

Карбало дар садаи бистум ва ба таври хос дар давраи ишғоли Ироқ тавассути Британия низ шоҳиди шаклгирии аҳзобу ҷараёнҳои мутаъаддид ё таъсиси шохае аз аҳзоби фаъоли Ироқ буд. Марҷаияти шиа дар Карбало ва ҳавзаи илмияи ин шаҳр ҳамкориҳои сиёсӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ бо бархе аз ҷараёнҳои фаъол дар Карбало доштанд. Истиқлоли Ироқ ва хуруҷи Британия аз ин кишвар аз аслитарин аҳдофи ҷараёнҳои Ироқ дар нимаи нахусти қарни бистум буд. Ҷамъият-ул-иттиҳод ва-т-тараққӣ ва ал-Ҷамъият-ул-ватаният ал-исломия аз ин навъ буданд.[57] Ҷамъият-ул-ватания тавассути Муҳаммадризои Шерозӣ фарзанди Муҳаммадтақии Шерозӣ, марҷаияти шиа дар Карбало, ва ҷамъе аз рӯҳониёни шиа дар Карбало бо ҳадафи мубориза бо ҳузури Британия дар 1917 мелодӣ таъсис шуд. Ин ташкилот пас аз фатвои ҷиҳоди Мирзои Шерозӣ нақши муҳимме дар барпоии инқилоби 1920 Ироқ дошт.[58]

Бо ташкили гурӯҳакҳои мухталифи коммунистӣ, дар сояи истиқлоли Ироқ шохае аз аҳзоби коммунистии назир «Ҳизбушшуюъӣ» дар шаҳрҳои Карбало ва Наҷаф фаъолият ва тайфи васеъе аз ҷавононро ба худ ҷазб мекарданд.[59] Ҳавзаи илмия ва марҷаъият дар Наҷафу Карбало барои муқобила бо таҳдиди густариши коммунизм барои Ислом ба фикри эҷоди ташкилоте афтоданд.[60] Ин ташкилот бо номи Ҳизб-уд-даъват ал-исломия дар 1956 мелодӣ таъсис шуд. Яке аз нахустин нишастҳои Ҳизб-уд-даъва дар Карбало баргузор шуд.[61] Шуморе аз раҳбарони сиёсии ин ҳизб назири Иброҳим Ҷаъфарӣ ва Нурӣ Моликӣ аз аҳолии Карбало буданд.[62] Пас аз Ҳизб-уд-даъва низ дар соли 1962 мелодӣ Созмони амали исломӣ вобаста ба хонадони шерозӣ дар Карбало таъсис шуд.[63]

Дар даврони ҳукумати баъс ба раёсати Саддом Ҳусайн низ бархе аз уламо ва рӯҳониюни шиъии ироқӣ Маҷлиси аълои исломии Ироқро таъсис карданд.[64] Пас аз суқути ҳукумати Саддом ҷараёнҳои шиъии гуногун дар Ироқ шакл гирифт ки бисёре аз онҳо шохае дар Карбало эҷод карданд ва ба фаъолиятҳои сиёсии фарҳангӣ машғӯл шуданд. Аз ҷумлаи ин ташкилот метавон ба Созмони бадри Ироқ ва ҷараёни Садр ишора кард.

Оинҳо

Воқеаи Карбало ва қиёми Ҳусайн таъсироти фарҳангиро дар ҷомеаҳои шиъӣ доштааст. Шаҳри Карбало хостгоҳи бисёре аз падидаҳои фарҳангии мутаъассир аз воқеа Ошӯрост. Пайдоиши оинҳои шиъӣ дар Карбало назири маросими азодории Тувайриҷ, зиёрати Арбаин ва пиёдаравии Арбаин, сохти ҳусайнияҳо, сохти муҳри намозу тасбеҳ аз турбати Карбало ва таъзия аз ин маворид аст.

Тувайриҷ

Яке аз маносики шиаёни Карбало барпои дастаи азодории Тувайриҷ аст. Тувайриҷ ном шаҳре аст дар даҳкиллометрии Карбало, ки бештар ба маросими шиаёни Карбало дар рӯзи Ошӯро ишора дорад. Шиаёни Карбало дар асри Ошӯро аз шаҳристони Тувайриҷ бо пои пиёда ба самти ҳарами Имом Ҳусайн (а) ва ҳарами ҳазрати Аббос (а) мераванд ва замоне, ки ба наздикии ҳарами Имом Ҳусайн (а) мерасанд масири байнулҳарамайн то дохили ҳарамро ҳарвалакунон бар сару сина мезананд. Ин расм ба ёди дер расидани аҳолии ин шаҳр дар асри Ошӯро ба Карбало анҷом мешавад.[65]

Зиёрати Арбаин

Яке аз маросимҳои мазҳабии шиаён зиёрати Арбаин дар Карбало аст. Шиаён аз қуруни нахустин бар асоси тавсияи имомони маъсум таваҷҷуҳи вижае ба зиёрати Арбаин доштаанд.[66] Бисёре аз шиаён дар Ироқ ва бархе аз шиаён дар Эрону дигар манотиқи ҷаҳон барои ҳузур дар Арбаини ҳусайнӣ, аз Наҷаф ба сурати пиёдаравӣ равонаи Карбало мешаванд. Ин маросим ба пиёдаравии Арбаин машҳур аст. Рӯзи Арбаин таҷаммуи густардае аз азодороне ки аз шаҳрҳои дуру наздики Ироқ ва ё аз соири манотиқи ҷаҳон дар Карбало ҳозир шуданд, шакл мегирад.[67]

Турбати Карбало

Турбати Карбало ё турбати Имом Ҳусайн (а) ки маъмулан хок ё ғуборест ки аз атрофи қабри Имом Ҳусайн (а) бардошта мешавад ба сабаби фазилате, ки дар ривоёт нақл шудааст мавриди эҳтироми шиаён аст.[68] Шиаён аз турбати Карбало барои сохтани муҳри намозу тасбеҳ истифода мекунанд.[69] Дар манобеи фиқҳӣ саҷда бар турбати Карбало дар намоз, мустаҳаб дониста шудааст.[70]

Таъсиси ҳусайния барои иқомати зоирон

Сохтмоне мансуб ба ҳусайнияи қадимии исфаҳониҳо воқеъ дар хиёбони ал-Қибла дар Карбало; дар канори сохтмон заноне бо пӯшиши чодари эронӣ қарор доранд. Ин тасвир дар 1956 мелодӣ гирифта шудааст.

Эҳдоси ҳусайния барои сукунати зоирони Карбало аз ҷумла иқдомоте буд, ки дар садаҳои гузашта сурат гирифт. Таърихи сохти нахустин ҳусайния дар Карбало ба садаи ёздаҳуми қамарӣ бармегардад. Ҳамзамон бо бозсозии бахше аз атаботи Ироқ дар давраи Қоҷор, волии усмонӣ дар Ироқ дар соли 1127ҳ.қ. ҳусайнияеро барои рифоҳи зоирони Карбало эҳдос кард.[71] Баъдҳо дар соли 1367ҳ.қ. гурӯҳе аз тоҷирони ки эронӣ буданд ин маконро аз созмони авқофи Ироқ хариданд ва ба ҳамроҳи гурӯҳе аз бозаргонони ироқӣ ва кувайтӣ ин ҳусайнияро бозсозӣ карданд. Ин ҳусайния пас аз бозсозӣ Ҳусайнияи теҳрониҳо ном гирифт ва баъдҳо номи он ба Ҳусайнияи Ҳайдария тағйир кард.[72] Қабл аз ин сана гузориши таърихие аз вуҷуди маконҳое бо унвон ҳусайния ёфт нашудааст. Пас аз ин таърих бештари ҳусайнияҳои машҳури Карбало пас аз даҳаи дуввум ва сеюм садаи чаҳордаҳуми қамарӣ бино шуд.[73] Шуморе аз ин ҳусайнияҳои таърихӣ тавассути уламо ва тоҷирони эронӣ ва бархе аз онон тавассути шиаёни ҳиндӣ сохта шудааст.[74] Пас аз суқути ҳукумати баъс таъсиси ҳусайния ва зоирсаро густариш ёфт ва сохти ҳотелҳо низ натавонист аз раванди сохт ҳусайния бикоҳад.[75]

Таъзия

Ҳунари таъзия ҳамчун намоиши мазҳабӣ дар шаҳрҳои Ироқ аз ҷумлаи Карбало равоҷ дорад. Таъзия ба шакли имрӯзии он, пас аз густариши он дар давраи Қоҷор дар Эрон, дар ҳудуди садаи бистуми милодӣ вориди Ироқ шуд.[76] Ин маросим дар Карбало ва Наҷаф илова бар Таъзия бо номи Ташобиҳ ё Масраҳулҳусайнӣ низ шинохта мешавад.[77] Баргузории ҳунари таъзия монанди дигар маросимҳои шиаён бо ба қудрат расидани ҳизби баъс дар даҳаи ҳафтодуми мелодӣ маҳдуд ва дар ниҳоят мамнуъ шуд.[78] Пас аз суқути ҳукумати Саддом Ҳусайн дар 2003 мелодӣ маросими таъзия низ дар манотиқи мухталифи Ироқ эҳё шуд.

Шоирони Карбало

Бар асоси манобеи адабӣ ва таърихии Ироқ, шоирони Карбало нақши муҳимме дар наҳзатҳои адабӣ ва сиёсии Ироқ ифо кардаанд. Бахше аз фаъолиятҳои адабӣ, сиёсӣ ва иҷтимои онон бо ҳузур дар анҷуманҳои адабу шеър дар Карбало ва дигари шаҳрҳо дар Ироқ намуд дошт. Ҷамъият-ун-надват аш-шабоб-ил-ъарабӣ, Надват-ул-хамис ал-ъарабӣ, ал-Мунтад-ас-сақофӣ ва Ҷамъият-уш-шуаро аш-шаъбийин намунае аз анҷуманҳои адабӣ дар Карбало будаанд.[79] Шуморе аз ин анҷуманҳо ҳамчунон ба фаъолияти худ мепардозанд.[80] Дар ин миёни шеъри оинӣ дар Карбало низ ҳамзамон бо сабкҳои дигари шеър дар Карбало роиҷ будааст. Ин сабки шеър бо ҳимояти остони қудси ҳусайнӣ ва остони муқаддаси ҳазрати Аббос дар миёни шоирони ҷавони ироқӣ маҳбубият дорад.

Ҳавзаҳо ва марказҳои илмӣ

Навиштори аслӣ: Ҳавзаи илмияи Карбало

Пешинаи улуми динии исломӣ дар Карбало ба садаҳои нахустини қамарӣ бо ҳузури асҳоби бархе имомони маъсум (а) ва ровиёни шиа бармегардад. Онон дар ин давра ба тарбияти шогирд дар Карбало иштиғол доштанд. Абдуллоҳ ибни Ҷаъфари Ҳимярӣ аз наздикон ба Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Ҳасани Аскарӣ (а), шогирдони мутааддидеро дар ин шаҳр тарбият кардааст.[81] Пас аз давраи ғайбат фуқаҳое назири Наҷошӣ, Сайид ибни Товус, шаҳиди аввал ва Ибни Фаҳди Ҳиллӣ дар ин шаҳри касби илм карданд.[82]

Дар қарни нуҳуми ҳиҷрӣ, ҳавзаи илмия дар Карбало шакл гирифт, ки аз нахустин бузургони ин ҳавза, Сайид Иззуддин Ҳусайн ибни Мусоиди Ҳоирӣ ва Файзуллоҳи Бармакии Бағдодӣ буданд.[83] Дар ҳавзаи илмияи Карбало ду мактаби ахборӣ ва усулӣ фаъолият доштанд, аммо мактаби ахборӣ тарафдорони зиёде надошт.[84] Бо зуҳури сафавия мактаби ахборӣ тавассути Муҳаммадамини Астарободӣ эҳё шуд. Пас аз суқути Сафавиён, озору азиятҳои афғонҳои суннимазҳаб ва фишорҳои Нодиршоҳ, уламои эрониро маҷбур ба муҳоҷират ба Ироқ, ба вижа Карбало, кард. Дар ин давра мактаби ахборӣ дар Карбало ба авҷи худ расида буду шумори зиёде аз уламои эронӣ мароми ахборӣ доштанд. Бо ин ҳама мактаби ахборӣ ба далоиле рӯ ба уфул ниҳод.[85]

Ҳавзаи Карбало дар садаи сездаҳуми ҳиҷрӣ ба далели муҳоҷирати уламои Эрон ба Наҷаф ё бозгашт ба Эрон дигари равнақи собиқи худро надошт то он ки Муҳаммадтақии Шерозӣ аз Сомиро ба Козимайн ва дар ниҳоят ба Карбало муҳоҷират кард. Раҳбарии вай дар мубориза бо ишғолгарии Британия дар Ироқ ва ширкати бархе аз рӯҳониёну туллоби ҳавзаи илмияи Карбало дар ҷунбиши фарогири зидди Британия, ҷони тозае ба ҳавзаи илмия Карбало бахшид.[86]

Дар садаҳои мухталиф мадориси илмияи зиёде дар Карбало таъсис шуд. Шумори зиёде аз ин мадорис аз сӯии уламои Эрони муқим дар Ироқ бино шуд. Мадрасаи Сайиди Муҷоҳид, Мадрасаи Садри Аъзами Нурӣ ва Мадрасаи Хўӣ аз ҷумлаи ин мадорис аст.[87] Илова бар мадориси илмия китобхонаҳои бисёре низ дар Карбало сохта шуд ки теъдоде аз онон ба далели вуҷуди нусхаҳои хаттӣ ҷойгоҳи вижае барои муҳаққиқони шиа дорад.[88] Бархе муаррихон 78 китобхона дар Карбалоро феҳрист кардаанд ки шуморе аз онон аз сӯии уламои муқими Карбало эҳдос шудааст.[89] Дар канори мадориси илмия, Донишгоҳи Карбало, Донишгоҳи Аҳлулбайт ва пажӯҳишкадаҳои вобаста ба остони муқаддаси Имом Ҳусайн (а) ва ҳарами ҳазрати Аббос (а) низ пас аз суқути ҳукумати баъс фаъолиятҳои илмӣ ва пажӯҳишҳои мутаъаддидеро дар заминаи ташайюъ анҷом додаанд.[90]

Хонадонҳо ва шахсиятҳо

Шаҳри Карбало аз қуруни нахустин ва шаклгирии он то давраи муосир, хонадонҳои бисёреро дар худ ҷой додааст. Бархе аз ин хонадонҳо аз садаҳои нахустин дар Карбало иқомат карданд. Хонадони Оли Туъма ва Оли Нақиб аз ин даста аст. Оли Туъма ки наслашан ба Иброҳими Муҷоб, нахустин алавии сокин дар Карбало, мерасад, аз қадимитарин хонадони алавианд, ки дар садаи сеюми ҳиҷрӣ дар Карбало сокин шуданд.[91] Оли Нақиб низ мансуб ба Имом Козим (а) ва аз садаи панҷуми қамарӣ дар Карбало иқомат карданд.[92] Бештарини шӯҳрат хоси хонадонҳои илмӣ аст, ки барои касби улуми динӣ аз манотиқи мухталифи Ироқ, Эрон, кишварҳои арабӣ ва Ҳинд дар ин шаҳр иқомат мекарданд. Бархе аз хонаводаҳои олимони динӣ пас аз касби иҷтиҳод ва ё гузарондани дарси муқаддамотӣ дар мадориси илмия ба кишвари худ бармегаштанд.[93] Хонадони Беҳбаҳонӣ, Садр, Шерозӣ, Шаҳристонӣ, Кашмирӣ, Раштӣ, Маръашӣ танҳо бахшӣ аз хонадони машҳур дар Карбало шинохта мешаванд.[94]

Дар давраи кунунӣ бархе аз шахсиятҳои сиёсии шиа дар Ироқу Эрон аз аҳолии Карбало будаанд. Иброҳими Ҷаъфарӣ ва Нурии Моликӣ аз сиёсатмадорони шиа дар Ироқ ва Алиакбари Солеҳӣ аз сиёсатмадорон дар Эрон таваллудёфтаи Карбало ҳастанд.[95]

Тиҷорат ва кишоварзӣ

Яке аз ҳирфаҳои аслии сокинони Карбало дар садаи муосир кишоварзӣ ва бозаргонӣ буд. Рушди миллигароии арабӣ дар даҳаҳои нахустин дар Ироқ, ки ба нафъи аҳли суннат буд, дар канори фатвои мамнуияти хизмат ба низоми подшоҳии Ироқ аз сӯии марҷаияти шиаи Ироқ, мӯҷиб шуд шиаёни Карбало монанди шиаён дар Бағдоду дигари шаҳрҳо ин кишвар ба умури ғайридавлатие назири кишоварзӣ ва бозаргонӣ бипардозанд.[96] Илова бар он, вуҷуди оби фаровон, ба вижа вуҷуди оброҳи маъруф ба ҳусайния ки вазифаи интиқоли об аз Фурот ба Карбалоро бар ӯҳда дошт заминаи муносиберо барои рушду густариши кишоварзӣ дар Карбало фароҳам кард.[97]

Тафоҳумномаи хоҳархондагӣ бо шаҳрҳои Эрон

Афзоиши ҳаҷми табодулоти бозаргонӣ миёни Эрону Ироқ мӯҷиб шуд байни яке аз шаҳрҳои Эрону Карбало тафоҳумномаи хоҳархондагӣ имзо шавад. Шаҳрҳои Қум, Машҳад ва Қазвин довталаби ин тафоҳумнома буданд. Бо интихоби шаҳри Қазвин дар ниҳоят тафоҳумномаи хоҳархондагӣ миёни шаҳри Карбало ва Қазвин имзо шуд. Бар асоси ин тафоҳумнома қарор шуд тарафайн иқдомоти лозимро барои тақвияти равобити бозаргонӣ, туризмдармонӣ, тавсеа ва умрони шаҳрӣ анҷом диҳанд.[98]

Эзоҳ

  1. «Роҳнамои сафар ба Карбалои муалло» Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон
  2. «Карбало» Пойгоҳи хабарии ал-Ҷазира
  3. «Карбало» Пойгоҳи хабарии ал-Ҷазира.
  4. Оли Туъма, Мероси Карбало, 1373 ҳ.ш., саҳ.84 - 186.
  5. «Эъломи ҷиҳоди уламои шиа ва суннӣ» Хабаргузории Тасним.
  6. «Major Cities».
  7. Оли Туъма, Туросу Карбало, 1435 ҳ.қ., саҳ.31 - 36.
  8. Оли Туъма, Туросу Карбало, 1435 ҳ.қ., саҳ.31.
  9. Оли Туъма, Туросу Карбало, 1435 ҳ.қ., саҳ.36.
  10. Оли Туъма, Мероси Карбало, 1373 ҳ.ш., саҳ.20 - 21.
  11. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403 ҳ.қ., ҷ.44, саҳ.301.
  12. Халилӣ, Мавсуат-ул-атабот-ил-муқаддаса, 1407 ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.197.
  13. Динаварӣ, Ахбор-ут-тивол, 1371 ҳ.ш., саҳ.298.
  14. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1977 м., ҷ.3, саҳ.157 - 158; Муфид, ал-Иршод, 1399 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.36 - 37.
  15. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967 м., ҷ.5, саҳ.381.
  16. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967 м., ҷ.5, саҳ.401.
  17. Муқаррам, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), 1426 ҳ.қ., саҳ.192.
  18. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967 м., ҷ.5, саҳ.417; шайхи Муфид, ал-Иршод, 1399 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.91.
  19. Муфид, ал-Иршод, 1388 ҳ.ш., саҳ.509 - 523.
  20. Оли Туъма, Мероси Карбало, 1373 ҳ.ш., саҳ.31 ва 32.
  21. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1386 ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.178.
  22. Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1403 ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.456 ва 457.
  23. Ассадр, Нузҳату аҳл-ил-ҳарамайн фи иморат-ил-машҳадайн, 1384 ҳ.қ., 21, 23 ва 26.
  24. Ансорӣ, Иморату Карбало, 2005 м., саҳ.95.
  25. Калиддор, Таъриху Карбало-ил-муалло, 1349 ҳ.қ., саҳ.19; Ансорӣ, Иморату Карбало, 2005 м., саҳ.96.
  26. Оли Туъма, Мероси Карбало, 1373 ҳ.ш., саҳ.32 ва 33.
  27. Ҷамъе аз нависандагон, Нигоҳе нав ба ҷараёни Ошӯро, 1387 ҳ.ш., саҳ.420 - 421.
  28. Ансорӣ, Иморату Карбало, 2005 м., саҳ.96 ва 97.
  29. Сайид Киборӣ, Ҳавзаҳои илмияи шиъа дар густараи ҷаҳон, 1378 ҳ.ш., саҳ.256.
  30. Амин, Доират-ул-маориф-ул-исломийят-уш-шиъийя, 1413 ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.356.
  31. Ансорӣ, Иморату Карбало, 2005 м., саҳ.99.
  32. Мусавии Занҷонӣ, Ҷавлатун фи-л-амокн-ил-муқаддаса, 1405 ҳ.қ., саҳ.83.
  33. Ансорӣ, Иморату Карбало, 2005 м., саҳ.61 - 70.
  34. John punnett: Nippuar or Explorations and Avcentures on the Euphrates 1880 - 1890, page: 331, Volume II - second compaign 1897. peters
  35. اصلانی، «شهرهای مقدس شیعه» Маркази мутолиот ва посухгӯӣ ба шубаҳот.
  36. Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, Дор-ул-маърифа, саҳ.118.
  37. Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356 ҳ.ш., саҳ.183.
  38. Шайхи Муфид, Китоб-ул-мазор, 1413 ҳ.қ., саҳ.53.
  39. Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356 ҳ.ш., саҳ.181.
  40. «Ба муносибати ошурои ҳусайнӣ; 3 милюн зоир дар Карбалои муалло» Хабаргузории Меҳр; «Теъдоди зоирони Имом Ҳусайн (а) аз марзи 26 миллион нафар гузашт» Хабаргузории Тасним.
  41. Ниг.: Фаллоҳзода, Аҳкоми фиқҳии сафари зиёратии атабот, Маркази таҳқиқоти ҳаҷ, саҳ.14, 17, 18 ва 36.
  42. Оли Туъма, Карбало ва ҳарамҳои мутаҳҳар, 1388 ҳ.ш., саҳ.94 ва 95.
  43. «Ривояте аз рӯзҳои ҳурматшикании Саддом ба Карбало» Хабаргузории Тасним.
  44. «Карбало бидуни ҳараму зиёрати ҳазрати Абулфазл (а), Карбало намешавад» Пойгоҳи интернтии Асри шиа.; «Зиёрати ҳарами ҳазрати Аббос (а)».
  45. «Ҳарами ҳазрати Абулфазл (а) дар рӯзи тосуъо» Хабаргузории ИСНА
  46. Қумӣ, Амокини зиёратӣ-саёҳатӣ дар Ироқ, 1380 ҳ.ш., саҳ.54 - 45 .
  47. Оли Туъма, Туросу Карбало, 1435 ҳ.қ., саҳ.116 - 121
  48. Оли Туъма, Туросу Карбало, 1435 ҳ.қ., саҳ.125 - 132; «Гузориши як куштор; ривояте мустанад аз қатлиоми 10 ҳазор нафарии шиаён дар ҳамла ба Карбало» Хабаргузории Тасним.
  49. Замизам, Карбло ва-л-ҳаракат-ул-ватанийя фи-л-қарн-ил-ъишрин, 1436 ҳ.қ., саҳ.63 - 95.
  50. “Ҳузури Танкҳои Амрикоӣ дар Карбало”, Ожонси акси хабарӣ gettyimages
  51. «Моҷарои интифозаи шаъбония чист?» Пойгоҳи хабарии Фардо.
  52. «Ҳузури танкҳои Амрикое дар Карбало» Оҷонсии акси хабарӣ
  53. «Даргирии нерӯҳои амрикоӣ бо шибҳи низомиёни артиши Маҳдӣ дар Карбало» Хабаргузории ИСНА
  54. «Амрико чӣ гуна ал-қоидаиҳоро такфирӣ кард?/ Афсари иттилоотии режими баъс чӣ гуна ДИИШ-ро бавуҷуд оварад?» Пойгоҳи хабарии Машриқ.
  55. «Ёддоштҳои як эронӣ аз ошурои хунин дар Карбало» Пойгоҳи интернетии шабака ВВС.
  56. «Рафторшносии сиёсии ҳавзаи Карбало дар қарни ахир» Пойгоҳи интернетии Мубоҳисот.
  57. Замизам, Карбало ва-л-ҳаракат-ил-ватанийя фи-л-қарн-ил-ъишрин, 1436ҳ.қ., саҳ.10-16
  58. Замизам, Карбало ва-л-ҳаракат-ул-ватанийя фи-л-қарн-ил-ъишрин, 1436 ҳ.қ., саҳ.63 - 95.
  59. Замизам, Карбало ва-л-ҳаракат-ул-ватанийя фи-л-қарн-ил-ъишрин, 1436 ҳ.қ., саҳ.29 - 30.
  60. Абузайди Омилӣ, Муҳаммадбоқир Ассадр: ас-Сирату ва-л-масирату фи ҳақоиқи ва васоиқ, 1427 – 1428 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.240 - 242.
  61. Муъмин, Санавот-ул-ҷамр: масират-ул-ҳаракат-ул-исломийяту фи-л-Ироқ, 1957–1986, 2004 м., саҳ.35, 169, 200, 255 ва 256.
  62. Замизам, Карбало ва-л-ҳаракат-ул-ватанийя фи-л-қарн-ил-ъишрин, 1436 ҳ.қ., саҳ.33.
  63. Замизам, Карбало ва-л-ҳаракат-ул-ватанийя фи-л-қарн-ил-ъишрин, 1436 ҳ.қ., саҳ.37 - 39.
  64. Замизам, Карбало ва-л-ҳаракат-ул-ватанийя фи-л-қарн-ил-ъишрин, 1436 ҳ.қ., саҳ.45 - 46.
  65. «Достони даста тувайриҷ чист?» Пойгоҳи интернетии Ворис.
  66. Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407 ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.52.
  67. «Чаро пиёдаравии арбаин савоб дорад?» Хабаргузории ИСНА
  68. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403 ҳ.қ., ҷ.98, саҳ.128 ва 132.
  69. «Сохти муҳр, тасбеҳ ва ангуштариҳои ақиқ дар шаҳрҳои мазҳабӣ» Пойгоҳи интернетии рӯзномаи Санъат.
  70. «Фазилати турбати Имом Ҳусайн (а) ва одоби истифода аз он» Пойгоҳи иттилоърасонии оятуллоҳ Макорими Шерозӣ.
  71. Нувайнӣ, Азвоу ало маъолими муҳофизати Карбало, 1391 ҳ.қ., саҳ.83.
  72. “ал-Ҳусайнийят-ул-ҳайдарийя (ат-Теҳронийяту собиқан)” шабакаи Карбало-ул-муқаддаса.
  73. Оли Туъма, Туросу Карбало, 1435 ҳ.қ., саҳ.391 - 393.
  74. «ал-Ҳусайниёт» Шабакаи Карбало-ул-муқаддаса.
  75. «Масири Наҷаф - Карбало, ҷодаи ҳусайнияҳо» Пойгоҳи интернетии Ҷоми Ҷам онлайн; «Ҳусайнияи қазвиниҳо дар Карбало сохта мешавад» Сайти хабарии Тиниюз.
  76. «مسرح "التعزیة"، أحد طقوس عاشوراء» Пойгоҳи интернетии Расиф.
  77. لطیف، «فصول من تاریخ المسرح العراقی؛ کربلاء و تشابیه المقتل و التعازی الحسینیة فی عاشوراء» Пойгоҳи интернетии ал-Ҳивор-ул-мутамаддин.
  78. «الطاغیة صدام و محاربة الشعائر الحسینیة» Пойгоҳи интернетии ан-Наба-ил-маълумотийя.
  79. Оли Туъма, Туросу Карбало, 1435 ҳ.қ., саҳ.456 - 460.
  80. «Нависандае ки Карбалоро мисли кафи дасташ мешиносад» Пойгоҳи хабарии Машриқниюз.
  81. Сайид Киборӣ, Ҳавзаҳои илмияи шиъа дар густараи ҷаҳон, 1378 ҳ.ш., саҳ.256.
  82. Сайид Киборӣ, Ҳавзаҳои илмияи шиъа дар густараи ҷаҳон, 1378 ҳ.ш., саҳ.261 - 258.
  83. Покатчӣ, Ҳавзаи илмия, саҳ.475.
  84. «Баррасии ҷамъиятшинохтии уламои Наҷафу Карбало» Пойгоҳи интернетии Мубоҳисот.
  85. «Баррасии ҷамъиятшинохтии уламои Наҷафу Карбало» Пойгоҳи интернетии Мубоҳисот.
  86. «Рафторшносии сиёсии ҳавзаи Карбало дар қарни ахир». Пойгоҳи интернетии Мубоҳисот; «Баррасии ҷамъиятшинохтии уламои Наҷафу Карбало» Пойгоҳи интернетии Мубоҳисот.
  87. Ансорӣ, Меъмории Карбало дар гузари таърих, 1389 ҳ.ш., саҳ.161-169.
  88. Оли Туъма, Туросу Карбало, 1435 ҳ.қ., саҳ.414.
  89. Оли Туъма, Туросу Карбало, 1435 ҳ.қ., саҳ.414 - 440.
  90. «Донишкадаи улуми исломии Донишгоҳи Аҳли Байти Карбало» Пойгоҳи интернетии Донишгоҳ; «مرکز کربلاء للدراسات و البحوث» Пойгоҳи интернетии Маркази пажӯҳишҳои остони Имом Ҳусайн (а); «Донишкадаи улуми исломии Карбало» Пойгоҳи интернетии Донишгоҳи Карбало.
  91. Оли Туъма, Туросу Карбало, 1435 ҳ.қ., саҳ.306 - 308.
  92. Оли Туъма, Туросу Карбало, 1435 ҳ.қ., саҳ.313 - 315.
  93. Баррасии ҷамъиятшинохтии уламои Наҷафу Карбало Пойгоҳи интернетии Мубоҳисот.
  94. Оли Туъма, Туросу Карбало, 1435 ҳ.қ., саҳ.295 - 363.
  95. «Зиндагиномаи доктор Алиакбари Солеҳӣ» Пойгоҳи интернетии Созмони энержии атомӣ; «Ошноӣ бо Нурии Моликӣ» Пойгоҳи интернетии Шабакаи ал-Кавсар; «Зиндагиномаи Иброҳим Ҷаъфарӣ вазири хориҷаи Ироқ» Хабаргузории Тасним.
  96. Нодиридӯст, шиаёни Ироқ, 1386 ҳ.ш., саҳ.101 - 103.
  97. Нодиридӯст, шиаёни Ироқ, 1386 ҳ.ш., саҳ.59.
  98. «Сарконсули Эрон дар Карбало: мафоди хоҳархондагии Қазвину Карбалоро амалиётӣ кунед» Хабаргузории Меҳри Эрон.

Сарчашма