Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ҷанги дувоздаҳрӯзаи Исроил бо Эрон

Аз wikishia
Ҷанги Исроил бо Эрон
Замон13 то 24 июни соли 2025
МаконЭрон ва сарзаминҳои ишғолӣ
СабабҚасди нобудии комили барномаи ҳастаии Эрон ва тағйири низоми сиёсии он
Ҷанганда1Режими саҳюнистии Исроил
Ҷанганда2Ҷумҳурии исломии Эрон
Фармондеҳ1Бинёмин Натенёҳу
Фармондеҳ2Сайид Алии Хоманаӣ
Нерӯҳо1Артиши Исроил
Нерӯҳо2Сипоҳ ва артиши Эрон
Хасорат1Куштаву захмӣ шудани даҳҳо исроилӣ
Хасорат21100 куштаи эронӣ, аз ҷумла бархе фармондеҳони низомӣ ва донишмандони ҳастаӣ


Ҷанги дувоздаҳрӯзаи Исроил бо Эрон (форсӣ: جنگ دوازده‌روزه اسرائیل با ایران) ё Ҷанги таҳмилии дуюм (форсӣ: جنگ تحمیلی دوم) набарди 12-рӯза миёни Исроил ва Эрон буд, ки дар 13 июни соли 2025 бо ҳамлаи ҳавоии Исроил ба таъсисоти ҳастаӣ, пойгоҳҳои низомӣ ва минтақаҳои маскунии Эрон оғоз ёфт. Исроил ҳадафи худ аз ин ҷангро нест кардани барномаҳои ҳастаӣ ва мушакии Эрон, тағйири сохтори сиёсии ин кишвар ва коҳиши таҳдидҳои минтақавӣ эълом кард. Дар ин ҳамлаҳо, беш аз ҳазор нафар аз ҷумла шуморае аз фармондеҳони олии низомӣ ва донишмандони ҳастаӣ ба шаҳодат расиданд ва тақрибан 150 зану кӯдак ҷон бохтанд.

Ин ҳамлаҳо бо барномарезии пешини Исроил ва бо дастгирии Амрико сурат гирифт. Дар даҳумин рӯзи ҷанг, артиши Амрико бо бомбаборони таъсисоти ҳастаӣ Эрон, бевосита ба даргирӣ дахолат кард. Ҳамлаҳои Исроил бо маҳкумияти байналмилалӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар посух, Эрон дар қолаби Амалиёти ваъдаи содиқи 3 садҳо мушак ва паҳпод ба сӯи ҳадафҳое дар сарзаминҳои ишғолӣ тирборон кард.

Ин ҷанг илова бар нақзи ҳокимияти Эрон ва қонунҳои байналмилалӣ тавассути Исроил, зарарҳои иқтисодии сангине ба ҳамроҳ дошт ва мавҷе аз муҳоҷирати саҳюнистҳо аз сарзаминҳои ишғолӣ эҷод кард. Дар рӯзи 24 июни 2025, бо дархости расмии Амрико, оташбас эълом шуд. Таҳлилгарон ин натиҷаро шикасти Исроил ба далели таҳаққуқ наёфтани ҳадафҳояш тавсиф кардаанд.

Исроил оғозгари ҷанг

Дар бомдоди 13 июни 2025 Исроил бо даъвои пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ[1] ва бо ҳадафи несту нобуди комили барномаи ҳастаӣ[2] ва мушакии Эрон[3] ҳамлаҳои ҳавоӣ бар зидди таъсисоти ҳастаӣ, пойгоҳҳои низомӣ ва хонаҳои баъзе мақомоти низомӣ ва донишмандони ҳастаии Ҷумҳурии исломии Эрон анҷом дод.[4]

Ин ҳамлаҳо, ки ба «Амалиёти Шерхезон/Шери бархоста» ном гузошта шуд[5] бо ширкати 100 то 200 ҷанговар ва ҳадаф қарор додани беш аз 100 нуқта дар Эрон сурат гирифт.[6] Шаҳрҳои Теҳрон, Исфаҳон, Арок, Луристон, Ҳамадон, Табрез, Кирмоншоҳ ва Илом аз ҷумлаи минтақаҳои мавриди ҳадаф буданд. Дар ин ҳамлаҳо шуморае аз фармондеҳони олии низомӣ ва донишмандони ҳастаӣ Эрон террор шуданд.[7] Афзун бар марказҳои низомӣ ва ҳастаӣ, баъзе минтақаҳои маскунӣ низ бомбаборон шуданд ба талафоти ғайринизомиён анҷомид.[8]

Тасвири фармондеҳон ва донишмандони ҳастаӣ, ки дар ҳамлаи Исроил ба Эрон шаҳид шуданд, деворнигораи майдони Инқилоби шаҳри Теҳрон.

Ҳадафҳои Исроил

Исроил ин таҷовузро, ҳамлае пешгирона[9] барои пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ тавсиф кардааст.[10] Нетанёҳу, нахуствазири Исроил, далели асосии ҳамларо ҷанги Ғазза ва дастгирии Эрон аз ҷунбишҳои муқовимати фаластинӣ эълом намуд.[11] Бо ин ҳол, баъзе хабаргузориҳо, ҳадафи Исроилро фаротар аз барномаи ҳастаӣ ва шомили тағйири низоми сиёсии Эрон донистаанд.[12] Аз дигар ҳадафҳои матраҳшуда метавон мавориди зер ишора кард: коҳиши таҳдиди Эрон алайҳи Исроил, инҳирофи таваҷҷӯҳи ҷаҳонӣ аз ҷанги Ғазза ва ба фаромӯшӣ супурдани шикасти Исроил дар он ҷанг, боздоштани музокироти Эрон бо Амрико, кашондани Амрико ба ҷанг бо Эрон, эҷоди бесуботӣ ва сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии исломии Эрон, касби машруияти дохилӣ барои Нетанёҳу.[13]

Бар асоси гузоришҳо, Исроил пеш аз ҳамла, бо барномарезии қаблии мунтазири замони муносиб ва чароғи сабзи Амрико будааст.[14]

Маҳкумияти Исроил ва дастгирӣ аз Эрон

Ҳамлаи Исроил ба Эрон вокунишҳои мухталифе дар пай дошт, ки баъзе аз онҳо иборатанд аз:

Роҳпаймоии мардуми Яман дар дастгирӣ аз Эрон ва маҳкумияти Исроил ва Амрико.
Роҳпаймоии ҷумъаи хашм ва наср дор вилояти Форс дар маҳкумияти ҳамлаҳои Исроил (20 июни 2025)
  • 33 кишвари узви Конфронси халъи силоҳи Созмони Милали Муттаҳид,[21] гурӯҳи дӯстони дифоъ аз маншури Милали Муттаҳид иборат аз 17 кишвар,[22] кишварҳои узви БРИКС[23] ва вазирони умури хориҷаи бист кишвари арабӣ ва исломӣ[24] дар баёнияҳое ҳамлаи Исроил ба Эронро маҳкум карданд ва ноқизи ҳуқуқи байналмилалӣ ва маншури Созмони Милали Муттаҳид донистанд.
  • Ёздаҳ кишвари узви Шӯрои ҳокими Агентии байналмилалии энергияи атомӣ, дар нишасти фавқуллодаи ин Шӯро дар 16 июни 2025 дар баёнияе муштарак ҳамлаи Исроил ба таъсисоти ҳастаии Эронро маҳкум карданд.[25]
  • Ироқ ба ҷиҳати нақзи ҳарими ҳавоии худ дар ҳамлаи ҷанговарҳои исроилӣ ба Эрон, аз режими саҳюнистӣ ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид шикоят кард.[26]
  • Тазаҳурот ва роҳпаймоии мардумӣ дар кишварҳои мухталиф ҳамчун Яман, Ироқ, Лубнон, Покистон,[27] Англия,[28] Амрико[29] ва Канада дар маҳкумияти Исроил ва дастгирӣ аз Эрон. Мардуми Эрон рӯзи ҷумъа 20-уми июни 2025 дар шаҳрҳои мухталиф роҳпаймоии ҷумъаи хашм ва наср ба роҳ андохтанд.[30]


Ҳимояти Амрико ва баъзе кишварҳои аврупоӣ аз Исроил

Бахше аз дуюмин паёми телевизионии раҳбари Эрон дар пайи ҳуҷуми режими саҳюнистӣ

Раисҷумҳури Амрико забон ба таҳдид кушода, ... ҳам таҳдид мекунад, ҳам бо як баёни сахиф ва ғайриқобилиқабуле аз миллати Эрон сареҳан мехоҳад, ки биёед таслими ман шавед! ... Аввалан таҳдидро ба касе бикунанд, ки аз таҳдиди онҳо метарсад. Миллати Эрон нишон дода, ки дар муқобили таҳдиди таҳдидкунандагон дучори тарс намешавад «وَ لا تَهِنوا وَ لا تَحزَنوا وَ اَنتُمُ الاَعلَونَ اِن کُنتُم مُؤمِنين»; миллати Эрон ба ин муътақид аст... Саниян ... миллати Эрон таслимшаванда нест. Мо таарруз ба касе накардем ва ба ҳеҷ ваҷҳ тааррузи аҳадеро ҳам қабул намекунем ва таслими тааррузи ҳеҷ кас намешавем...

[32]


Ба гузориши хабаргузориҳо, ҳамлаи Исроил ба Эрон ва инчунин радёбии мушакҳои партобӣ аз Эрон ба сӯи сарзаминҳои ишғолӣ, бо ҳамкорӣ ва ҳимояти Амрико будааст.[33] Баъзе аз таҳлилгарон, Амрикоро тарроҳи ҷанги 12-рӯза дониста иброз доштаанд, ки ба сурати ғайримустақим бо дастгирии логистикӣ, машваратӣ ва падофандӣ ба ҳамкорӣ бо Исроил пардохтааст.[34]

Баъзе аз таҳлилгарон, Исроилро режими ниёбатии Амрико хонда ва далели ҷиноятҳои Исроил, аз ҷумла ҳамла ба марказҳои ғайринизомии Эронро, ҳимояти Амрико аз он режим донистаанд.[35] Стефан Белл, таҳлилгари сиёсӣ ва узви аршади бузургтарин ниҳоди зидди ҷанги Англия, инро мусаллам дониста, ки Исроил бидуни чароғи сабзи Амрико, қодир ба ин ҷанг набуд.[36] Нетанёҳу, нахуствазири режими Исроил, дар мусоҳиба бо шабакаи ABC-и Амрико, аз раисҷумҳури Амрико ба ҷиҳати кӯмак ба Исроил дар муқобила бо Эрон тақдир кард.[37]

Гурӯҳи ҳафт (G7) иборат аз ҳафт кишвари Амрико, Англия, Фаронса, Олмон, Итолиё, Канада ва Ҷопон дар баёнияе ҳимояти пурраи худро аз Исроил эълом карданд.[38] Раисиҷумҳури Фаронса дар ҳимояти Исроил ба сароҳат гуфта буд, ки дар сурати ҳамлаи Эрон ба Исроил, аз Исроил дифоъ хоҳад кард.[39] Бар асоси баъзе гузоришҳо, Англия, Фаронса ва Урдун дар раҳёбии мушакҳо ва паҳподҳои эронӣ ба Исроил кӯмак кардаанд.[40]

Дахолати бевоситаи Амрико ба ҷанг

Дар даҳумин рӯзи ҷанг, дар бомдоди 22 июн, артиши Амрико ба ҳимояти Исроил, таъсисоти ҳастаии Фурду, Натанз ва Исфаҳонро бомбаборон кард.[41] Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, даъво кард дар ин ҳамла, таъсисоти асосии ғанисозии урании Эрон ба таври комил нобуд шудааст.[42] Аммо гузоришҳои низомии Амрико[43] ва расонаҳои ғарбӣ мисли Ню-Йорк Таймз[44] иътироф карданд, ки таъсисоти ҳастаии Эрон аз байн нарафтааст. Бисёре аз кишварҳо ва ниҳодҳо ин ҳамлаҳоро нақзи қонунҳои байналмилалӣ хондаанд.[45]

Таҳдиди террори раҳбари Эрон

Дар ҷанги Исроил бо Эрон, Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари вақти Ҷумҳурии исломии Эрон, аз сӯи раисҷумҳури Амрико ва мақомоти Исроил ҳамчун Нетанёҳу таҳдид ба террор шуд.[Ниёзманди манбаъ] Мароҷеи тақлиди шиа ва Ҳавзаи илмияи Наҷаф ва Қум ва бисёре аз уламо ва ниҳодҳои мусалмон зимни маҳкумияти ин амал, аз Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ҳимоят карданд.[46] Дар баёнияи Ҳавзаи илмияи Наҷаф омадааст Сайид Алии Хоманаӣ, намоди муқовимат ва иззату ваҳдати уммати исломӣ аст ва ҳар гуна таарруз ба ӯро ба маънои эъломи ҷанг бо тамоми уммати мусалмон ва хиёнате ошкор ба арзишҳои тамаддуни тавҳидӣ талаққӣ мешавад.[47]

Баъзе аз мароҷеи тақлид, ҳамчун Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ[48] ва Нурии Ҳамадонӣ,[49] ҳар гуна таҳдид ва таарруз алайҳи раҳбарӣ ва марҷаияти шиаро дар ҳукми муҳориба донистанд.

Амалиёти ваъдаи содиқ 3

Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар посух ба таҷовуз ва ҷанги таҳмилии Исроил ба Эрон, бо партоби садҳо мушак ва паҳпод ба сарзаминҳои ишғолии Исроил анҷом дод. Ин амалиёт дар шоми 13 июни 2025, ҳамзамон бо шаби иди Ғадир ва бо паёми телевизионии Сайид Алӣ Хоманаӣ, Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, бо рамзи «Ё Алӣ ибни Абитолиб (а)» оғоз ёфт.[50] Дар Амалиёти ваъдаи содиқ 3 дар 22 мавҷи ҳамлаи мушакӣ[51] ва даҳ марҳилаи ҳамлаи паҳподӣ,[52] марказҳои муҳимми низомӣ, иттилоотӣ ва ҷосусии Исроил мавриди ҳадаф қарор гирифтанд. Ҳамлаҳои сайберӣ ба марказҳои иттилоотӣ ва падофандии Исроил низ бахше аз ин амалиёт буд.

Нақзи қонунҳои байналмилалӣ аз сӯи Исроил

Режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба Эрон, бо ҳамла ба минтақаҳои ғайринизомӣ борҳо қонунҳои байналмилалиро нақз кардааст, ки баъзе аз онҳо аз ин қарор аст:

Маҳалли террори Фаридун Аббосӣ ва Муҳаммадмаҳдии Теҳрончӣ, аз донишмандони ҳастаӣ тавассути Исроил. (13-уми июни соли 2025)
  • Давлат ва мақомоти кишварҳои мухталиф, Созмони ҳамкории исломӣ ва Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ҳамлаи Исроил ба Эронро нақзи ҳокимият ва тамомияти арзии Эрон шумурдаанд.[53] Таҷовузи Исроил ба хоки Эрон нақзи моддаи 2 банди 4 маншури Милали Муттаҳид шумурда шуда, ки истифода ё таҳдид ба зӯр алайҳи тамомияти арзии кишварҳоро манъ мекунад.[54] Дар ин ҳамлаҳо, ҳарими ҳавоии Ироқ ва Сурия низ нақз шуд.[55]
  • Ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Эрон, нақзи протоколҳои бехатарии Агентии байналмилалии энергияи атомӣ талаққӣ шуда ва метавонист оқибатҳои зистмуҳитӣ ва инсонии васееро ба дунбол дошта бошад.[56] Ҳамчунин ин амал нақзи усули маншури Созмони Милали Муттаҳид, ҳуқуқи байналмилалӣ ва асосномаи Агентии байналмилалии энергияи атомӣ низ шумурда шудааст.[57]
  • Террори донишмандони ҳастаӣ, нақзи ошкори қонунҳои Агентии байналмилалии энергияи атомӣ, маншури Милали Муттаҳид ва конвенсияҳои Женева шумурда шудааст.[58] Бар асоси конвенсияи Женева (1949) ҳамла ба ғайринизомиён манъ аст.[59]
  • Бомбаборони бинои созмони Садову симо(Телевизион)-и Ҷумҳурии исломии Эрон низ нақзи ошкори конвенсияи Женева ва қонунҳои байналмилалӣ шумурда шудааст.[60]
  • Исроил ба якчанд бемористон ва ёрии таъҷилӣ ва Ҷамъияти Ҳилоли аҳмар ҳамла кардааст,[61] ки нақзи моддаи 18 конвенсияи ҷоруми Женева ва қатъномаи 2675 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (1970) ба шумор меравад.[62]
  • Ҳамлаи Исроил ба зиндони Эвин дар Теҳрон низ аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид, нақзи қонунҳои башардӯстонаи байналмилалӣ ва ҷинояти ҷангӣ шумурда шудааст.[63]


Пешзаминаҳои ҷанг

Таниш миёни Исроил ва Эрон реша дар якчанд даҳа хусумат дорад, аз ҷумла:

Душмании идеологӣ ва сиёсӣ пас аз инқилоби 1979

Эрон пас аз инқилоби 1979, дастгирии Фаластин ва мубориза бо Исроилро ҳамчун як усули роҳбурдӣ эълом кард.[64] Билофосила равобити худро бо Исроил қатъ кард ва сафорати Исроилро ба сафорати Фаластин табдил намуд.[65] Аз нигоҳи Ҷумҳурии исломӣ, Исроил режими номашруъ ва ғосибест, ки барои султа бар ҷаҳони Ислом эҷод шудааст.[66] Исроил низ Эронро таҳдиди аслии худ медонад, амалҳои пинҳонии зиёд иборат аз террори донишмандон ва шахсиятҳои эронӣ алайҳи Эрон анҷом додааст.[67] Исроил дар амалиёти Тӯфони ал-Ақсо ва дастгирии Эрон аз гурӯҳҳои муқовимат ҳамчун Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Ҳамос, Эронро ба ҷанг таҳдид карда буд.[Ниёзманди манбаъ]

Онҳое, ки хиёл мекунанд агар мо дар қазияи энергияи ҳастаӣ ақибнишинӣ кардем, душмании Амрико тамом мешавад, аз ин ҳақиқат ғофиланд. Мушкили онҳо масъалаи ҳастаӣ нест. Кишварҳое ҳастанд, ки силоҳи ҳастаӣ доранд, дар минтақаи мо ҳам ҳастанд, онҳо какашон ҳам намегазад! Масъала, масъалаи силоҳи ҳастаӣ ё саноати ҳастаӣ нест, масъалаи ҳуқуқи башар нест; масъалаи Ҷумҳурии исломӣ аст, ки мисли шер дар муқобили инҳо истодааст. Агар Ҷумҳурии исломӣ ҳам дар муқобили инҳо мисли баъзе аз режимҳои минтақа, ҳозир буд ба миллати худ хиёнат кунад, дар муқобили инҳо таслим шавад, бо ӯ коре надоштанд. Масъалаи инҳо зиёдахоҳиҳои истикборӣ аст; ин иллати душманӣ бо миллати Эрон аст.

[68]



Барномаи ҳастаии Эрон - баҳона ё иллати воқеӣ?

Исроил даъво мекунад, ки ҳадафи Эрон аз барномаи ҳастаӣ дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ аст. Аммо мақомоти олирутбаи Эрон бар сулҳомез будани барномаи ҳастаии худ таъкид доранд.[69] Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари вақти Эрон, дар соли 2010 фатвое содир кард, ки бар асоси он истеҳсол ва истифода аз силоҳи ҳастаӣ ҳаром аст.[70] Ин фатво ҳамчун санади расмӣ дар Созмони Милали Муттаҳид сабт шудааст.[Ниёзманди манбаъ] Мудиркулли Агентии байналмилалии энергияи атомӣ низ дар июни соли 2025 таъйид карда, ки ҳеҷ мадраке бар сохти силоҳи ҳастаӣ тавассути Эрон вуҷуд надорад.[71] Баъзе аз таҳлилгарон, аз ҷумла раҳбари Эрон, муътақиданд, ки масъалаи ҳастаӣ фақат баҳонае барои фишор бар Эрон ва маҳори нуфузи минтақавии он аст.[72]

Ҳамлаи Исроил ба Эрон, дар пайи тасвиби қатъномаи Шӯрои ҳокими Агентии байналмилалии энергияи атомӣ алайҳи Эрон ва поёни муҳлати Амрико барои тавофуқи ҳастаӣ рух дод.[73] Баъзе коршиносон муътақиданд гузориши мудиркулли Агентии энергияи атомӣ ба гунае танзим шуда буд, ки баҳана барои ҷангро фароҳам овард.[74] Исроил пеш аз тасвиби ин қатънома низ Эронро таҳдид ба ҳамлаи низомӣ ба таъсисоти ҳастаӣ карда буд.[75]

Ҳимояти Эрон аз гурӯҳҳои муқовимат

Эрон аз гурӯҳҳое мисли Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Ҳамоси Фаластин ҳимояти сиёсӣ, молӣ ва таслиҳотӣ мекунад. Дар ҷараёни амалиёти Тӯфони ал-Ақсо дар соли 2023, Исроил Эронро ба пуштибонӣ аз ин ҳамлаҳо муттаҳам кард ва таҳдид кард, ки агар ҳимояташ аз гурӯҳҳои муқовиматро қатъ накунад, ба ин кишвар ҳамлаи низомӣ мекунад. Аммо Эрон эълом карда, ки аз ҳар гурӯҳе, ки алайҳи Исроил биҷангад, ҳимоят мекунад.

Террори раҳбарони меҳвари муқовимат ва тағйири мувозанаҳо

Баъзе таҳлилгарон бар ин боваранд, ки Исроил бо ин арзёбӣ даст ба ҳамла алайҳи Эрон зад, ки пеш аз он, бо террори фармондеҳони меҳвари муқовимат ҳамчун Сайид Ҳасан Насруллоҳ, Исмоил Ҳания ва Яҳё Синвор, ҷанг алайҳи Ҳизбуллоҳ ва Ҳамос ва суқути давлати Башшор Асад дар соли 2024, қобилияти боздорандагии минтақавии Эронро коҳиш дода ва масирро барои амали низомии бевосита алайҳи Теҳрон ҳамвор сохтааст.[76] Сурия дар давраи Ҳофиз ва Башшор Асад, канали асосии иртиботи Эрон ва Ҳизбуллоҳ ва гурӯҳҳои фаластинӣ маҳсуб мешуд.[77]

Хисорот ва талафот

Режими саҳюнистӣ дар ҳамлаҳои худ ба Эрон, ба минтақаҳои ғайринизомӣ, минтақаҳои маскунӣ ва бемористонҳо ҳамла кард, ки бар асоси омори равобити умумии Вазорати беҳдошт, дар он 12 рӯза 1100 нафар кушта[78] ва беш аз 5700 захмӣ[79] шуданд. Дар миёни куштаҳо 126 тан зан ва 41 тан кӯдак буданд.[80] Дар ин ҳамлаҳо, чанд тан аз фармондеҳони аршади Сипоҳи посдорон мисли Муҳаммад Боқирӣ, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, Ҳусайн Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон, Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯи ҳавофазои Сипоҳ, Ғуломалӣ Рашид, фармондеҳи қароргоҳи марказии Хотам-ул-анбиё ва шуморае аз донишмандони ҳастаӣ ҳамчун Фаридун Аббосӣ ва Муҳаммадмаҳдии Теҳрончӣ ба шаҳодат расиданд.[81] Таъсисоти ҳастаии Фурду, Натанз ва Арок, бинои марказии Садову симо (Радио ва телевизион) дар Теҳрон,[82] ҳафт бемористон, якчанд пойгоҳи ёрии таъҷилӣ ва мошинҳои он, аз ҷумлаи ҳадафҳои ҳамлаи Исроил буд.[83]

Исроил, гузориш ва интишори аксу видео аз хисоротҳои Амалиёти ваъдаи содиқ 3-ро мамнуъ кард.[84] Бо ин ҳол, Хабаргузории Таймз Исроил, шумори куштаҳои исроилӣ дар ҷанги 12-рӯзаро 28 тан ва шумори захмиҳоро 3223 нафар эълом кардааст.[85]

Пиёмадҳо

Ҷанги Исроил алайҳи Эрон пиёмадҳои гуногуне дар пай дошт аз ҷумла:

  • Лағви даври шашум музокироти ғайримустақими Эрон ва Амрико, ки қарор буд дар 14 июни 2025 дар Умон баргузор шавад, ба далели ҳимояти бевоситаи Амрико аз режими саҳюнистӣ.[86]
  • Таъвиқ ва тағйир дар бозгашти ҳоҷиёни эронӣ аз Арабистон: ба далели лағви парвозҳо дар Эрон, интиқоли ҳавоии ҳоҷиён аз Арабистон ба Эрон лағв ва бозгашти онҳо тавассути заминӣ ва аз самти Ироқ анҷом шуд.[87]
  • Тасвиби тарҳи таълиқи ҳамкории Эрон бо Агентии энергияи атомӣ дар Маҷлиси шӯрои исломӣ дар 25 июни 2025.[88] Бар асоси ин тарҳ вуруди бозрасони Агентии байналмилалии энергияи атомӣ ба Эрон то таъмини амнияти марказҳо ва донишмандони ҳастаӣ мамнуъ шуд.[89]
  • Хисороти беш аз 28 миллиард долларӣ ба иқтисоди Исроил бар асоси бароварди ниҳодҳои молӣ ва расонаҳои Исроил.[90]
  • Таъсир дар иқтисод ва бозорҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла афзоиши баҳои нафт ва тиллои ҷаҳонӣ ва рехтани бозорҳои бурси Исроил ва Амрико[91] ва таътилии муваққати бурси Эрон.[92]
  • Афзоиши муҳоҷирати маъкуси саҳюнистҳо аз Исроил ба кишварҳои дигар.[93]
  • Интихоби шиори «Эрони Ҳусайн то абад пирӯз аст» ҳамчун шиори муҳаррами 1447ҳиҷрии қамарӣ.[94]

Таҳрифи ҷанг

Бо вуҷуди оғозгар будани режими саҳюнистӣ ва ҳамла ба минтақаҳои маскунӣ ва ғайринизомӣ ҳамчун Садуву симо ва бемористонҳо дар Эрон, баъзе аз расонаҳои ғарбӣ дар садади таҳрифи ҷанг ба нафъи Исроил ва бар зидди Эрон баромадаанд. Бар асоси гузориши ин расонаҳо, Исроил барои пешгирӣ аз бомби ҳастаии Эрон ва фақат ба минтақаҳои низомии Эрон ҳамла кардааст.[95] Хабаргузории Евронюс аз артиши Исроил нақл карда, ки ҳамлаҳои Исроил ба Эрон, ба сӯи ҳадафҳои марбут ба аслиҳаи ҳастаӣ дар Теҳрон будааст.[96] Ин дар ҳолест, ки режими саҳюнистӣ илова бар террори донишмандони ҳастаӣ ва фармондеҳони низомии Эрон, хонаводаҳои ононро низ мавриди ҳамла қарор додааст.[97]

Ҳамлаи Исроил ба пойгоҳҳои ҳавоӣ ва мушакӣ, майдони газӣ ва анбори нефт ва террори мақомоти аршади низомӣ ва донишмандони ҳастаӣ бо даъвои Исроил дар мавриди пешгирӣ аз сохти бомби ҳастаӣ ва нобудии барномаи ҳастаии Эрон носозгор шумурда шудааст.[98]

Оташбас

Бахше аз сеюмин паёми телевизионии Раҳбари Эрон дар пайи ҳуҷуми режими саҳюнистӣ

Ба миллати бузурги Эрон... якчанд табрик... арз мекунам: яке табрики пирӯзӣ бар режими ҷаълии саҳюнист. Режими саҳюнистӣ бо он ҳама ҳаёҳу, бо он ҳама даъво, дар зери зарбаҳои Ҷумҳурии исломӣ тақрибан аз по даромад ва леҳ шуд... Табрики дуввум марбут ба пирӯзии Эрони азизамон бар режими Амрико аст. Режими Амрико вориди ҷанги мустақим шуд, зеро ҳис кард, ки агар ворид нашавад, режими саҳюнистӣ ба куллӣ нобуд хоҳад шуд... лекин ҳеҷ дастоварде аз ин ҷанг надошт...Ҷумҳурии исломӣ силии сахте ба гунаи Амрико навохт... Табрики севвум табрики иттиҳод ва иттифоқи фавқуллодаи миллати Эрон аст. Биҳмадллоҳ, як миллат дар ҳудуди навад миллион аҳолӣ, якпорча, яксадо, шона ба шона, дар канори ҳам, бидуни ҳеҷ гуна тафовуте дар хостаҳо ва дар мақосиде, ки изҳор мекунанд, истоданд, шиор доданд, ҳарф заданд, аз рафтори нерӯҳои мусаллаҳ дастгирӣ карданд...

[99]


Дар 23 июни 2025 дар вокуниш ба ҳамлаҳои Амрико ба таъсисоти ҳастаии Эрон, амалиёти Башорати Фатҳ аз сӯи Эрон алайҳи пойгоҳи амрикоии ал-Удайд дар Қатар анҷом шуд.[100] Пас аз ин амалиёт, Трамп, раисҷумҳури Амрико, хостори оташбас шуд.[101] Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, оташбасро натиҷаи тадбир ва муҷоҳидати размандагон донист, ки душманро ба пазириши шикаст ва таваққуфи якҷонибаи ҳуҷум маҷбур кард.[102] Албатта Исроил якчанд бор оташбасро нақз кард.[103]

Баъзе таҳлилгарон муътақиданд Исроил дар ин муноқиша ба ҳадафҳои роҳбарди худ даст наёфтааст.[104] Ба гуфтаи онҳо, Нетанёҳу ба дунболи тағйири низоми сиёсӣ ва Трамп ба дунболи таслими беқайду шарти Эрон буд, аммо ҳеҷ як ба ин ҳадафҳо нарасиданд.[105] Ҳамчунин гуфта шуда, ки оташбас дар шароите ҳосил шуд, ки Исроил ва Амрико муваффақ ба нобудии комили таъсисоти ҳастаии Эрон нашуданд.[106] Шабакаи Ал-Ҷазира, зимни ишора ба поёни ҷанг бо пирӯзии Эрон, ин муваффақиятро бо такя бар қобилиятҳои дохилии ин кишвар арзёбӣ кард.[107]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. ↑ «دلیل واقعی حمله اسرائیل به ایران/نتانیاهو سال‌ها برای حمله برنامه‌ریزی کرده بود», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  2. ↑ «اکسیوس: اسرائيل از آمریکا درخواست کرد به حملات علیه ایران بپیوندد», Евронюс
  3. ↑ «These are the 28 victims killed in Iranian missile attacks during the 12-day conflict», Times of Israel
  4. ↑ «جزییات ۵ موج عملیات موشکی ایران علیه اسراییل از شب گذشته تاکنون + تصاویر», Нурнюз
  5. ↑ «Operation Rising Lion: 200 jets hit 100 targets», The times of India
  6. ↑ «فشار بر ایران با بمب‌ اسرائیل؛ نتانیاهو در پی مشارکت نظامی واشنگتن و ترامپ به دنبال امتیازگیری», Евронюс; «در دوازده روز درگیری میان ایران و اسرائیل چه شد و چه گذشت؟», Сайти TRT Global
  7. ↑ «در دوازده روز درگیری میان ایران و اسرائیل چه شد و چه گذشت؟», Сайти TRT Global
  8. ↑ «در دوازده روز درگیری میان ایران و اسرائیل چه شد و چه گذشت؟», Сайти TRT Global; «آخرین آمار شهدای حمله اسرائیل به ایران», Хабаргузории Иқтисоди онлайн.
  9. ↑ «These are the 28 victims killed in Iranian missile attacks during the 12-day conflict», Times of Israel
  10. ↑ «دلیل واقعی حمله اسرائیل به ایران/نتانیاهو سال‌ها برای حمله برنامه‌ریزی کرده بود», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  11. ↑ «المجرم نتنياهو يعترف بالسبب الرئيس للعدوان على إيران», ал-Масира нет
  12. ↑ «دلیل واقعی حمله اسرائیل به ایران/نتانیاهو سال‌ها برای حمله برنامه‌ریزی کرده بود», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  13. ↑ Кадивар, «چرا اسرائیل به ایران حمله کرد؟»,‌ Нурнюз
  14. ↑ «بن‌بست مذاکرات و زمزمه حمله نظامی؛ ترامپ: اگر ایران غنی‌سازی کند, ناچار به انتخاب راه دیگر هستیم», Хабаргузории Евронюс; «دلیل واقعی حمله اسرائیل به ایران/نتانیاهو سال‌ها برای حمله برنامه‌ریزی کرده بود», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  15. ↑ «واکنش مراجع تقلید و علما به حمله جنایتکارانه رژیم صهیونیستی», Хабаргузории Расо
  16. ↑ «واکنش مراجع تقلید و علما به حمله جنایتکارانه رژیم صهیونیستی», Хабаргузории Расо
  17. ↑ «رئیس‌جمهور ونزوئلا حملات اسرائیل به ایران را محکوم کرد», Хабаргузории Анадолу
  18. ↑ «اردوغان: حمله اسرائیل به ایران نقض آشکار حقوق بین‌الملل است», Хабаргузории Анадолу
  19. ↑ Ниг.: «واکنش های جهانی به حمله تجاوزکارانه رژیم صهیونیستی به ایران», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ; «واکنش‌های جهانی به تجاوز رژیم صهیونیستی به ایران», Хабаргузории Мизон
  20. ↑ «مجلس پاکستان در حمایت از ایران و محکومیت حمله اسرائیل قطعنامه تصویب کرد», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  21. ↑ «حمایت قاطع ۳۳ کشور عضو کنفرانس خلع سلاح سازمان ملل متحد از ایران», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  22. ↑ «واکنش‌های جهانی به تجاوز رژیم صهیونیستی به ایران», Хабаргузории Мизон
  23. ↑ «کشورهای عضو بریکس حملات نظامی آمریکا و اسرائیل به ایران را محکوم کردند», Сайти TRT Global
  24. ↑ «۲۰ کشور عربی و اسلامی خواستار توقف حملات رژیم اسرائیل به ایران شدند», Хабаргузории Донишҷӯ
  25. ↑ «بیانیه مشترک ۱+۱۰ کشور در محکومیت تجاوزات اسرائیل به تاسیسات هسته‌ای ایران», Хабаргузории Хабаронлайн
  26. ↑ «عراق از رژیم صهیونیستی به شورای امنیت سازمان ملل شکایت کرد», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  27. ↑ «میلیون ها نفر در تظاهرات کشورهای اسلامی از ایران حمایت کردند», Хабаргузории Ҷумҳур
  28. ↑ «تظاهرات ضدصهیونیستی مردم لندن در محکومیت حمله به ایران+فیلم», Хабаргузории Алолам
  29. ↑ «آمریکایی‌ها در حمایت از ایران به خیابان‌ها آمدند + فیلم», Хабаргузории Донишҷӯ
  30. ↑ «جمعه خشم ایرانی‌ها علیه اسرائیل/ فریاد انتقام مردم در راه‌پیمایی نصر + فیلم», Хабаргузории Тасним
  31. ↑ «پیام تلویزیونی خطاب به ملت ایران», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ
  32. ↑ «دومین پیام تلویزیونی خطاب به ملت ایران در پی تهاجم رژیم صهیونی», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ
  33. ↑ Ниг.: «جنگ ایران و اسرائیل», Евронюс; «مقر وزارت جنگ رژیم صهیونیستی زیر آتش موشک‌های ایران», Хабаргузории Мизон
  34. ↑ Кишвариёни Озод, «ایالات متحده طراح جنگ رژیم با ایران است», Сайти Муассисаи мутолиоти Амрико
  35. ↑ «حمله به صداوسیما نقض کنوانسیون ژنو / جنگ بی‌قانون, نظم تحمیلی ترامپ و نتانیاهو بر جهان است», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  36. ↑ «حمله به صداوسیما نقض کنوانسیون ژنو / جنگ بی‌قانون, نظم تحمیلی ترامپ و نتانیاهو بر جهان است», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  37. ↑ «نتانیاهو در مصاحبه با شبکه ABC آمریکا: از کمکی که ترامپ علیه ایران به ما کرده, تشکر می‌کنم», Хабаргузории Донишҷӯ
  38. ↑ «بیانیه یکطرفه گروه ۷؛ گفتگو درباره برنامه هسته‌ای ایران ازسر گرفته شود», Хабаргузории Меҳр
  39. ↑ «Macron urges renewed nuclear dialogue after Israel's Iran strikes», Сайти France 24
  40. ↑ «کدام کشورهای اروپایی در جنگ ۱۲روزه به کمک اسرائیل شتافتند؟», Хабаргузории Машриқ
  41. ↑ «حمله آمریکا به تاسیسات هسته‌ای ایران؛ ترامپ: یا صلح می‌شود یا شدید‌ترعمل می‌کنیم», Евронюс
  42. ↑ «حمله آمریکا به تاسیسات هسته‌ای ایران؛ ترامپ: یا صلح می‌شود یا شدید‌ترعمل می‌کنیم», Евронюс
  43. ↑ «ابهام در نتایج حمله «چکش نیمه‌شب»؛ ۱۶ کامیون در کانون پرسش‌ها», Хабаргузории Ал-Айни форсӣ
  44. ↑ «ابهام در نتایج حمله «چکش نیمه‌شب»؛ ۱۶ کامیون در کانون پرسش‌ها», Хабаргузории Ал-Айни форсӣ; «ادعای نیویورک تایمز:۱۲ بمب سنگرشکن قادر به نابودی فردو نبودند», Хабаргузории Донишҷӯ
  45. ↑ «واکنش ایران به تجاوز نظامی آمریکا: مسیر توسعه صنعت هسته‌ای را با قدرت ادامه می‌دهیم», Хабаргузории Нурнюз
  46. ↑ «واکنش قاطع مراجع تقلید و علما نسبت به گستاخی ترامپ به رهبر انقلاب», Хабаргузории Расо
  47. ↑ «حوزه علمیه نجف بر علیه تهدید گستاخانه «ترامپ جنایت‌کار» مبنی بر ترور امام خامنه‌ای واکنش شدید نشان داد», Хабаргузории Донишҷӯ
  48. ↑ «هر شخص یا رژیمی که رهبری و مرجعیت را تهدید کند حکم محارب دارد», Хабаргузории ИСНА
  49. ↑ «هرگونه تعرض و تهدید به رهبری و مرجعیت شیعه حکم محارب دارد», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  50. ↑ «وعده صادق ۳؛ اصابت موشک‌های ایرانی به تل‌آویو و حیفا», Хабаргузории Тасним
  51. ↑ «هدف‌گیری مراکز نظامی و پشتیبانی اسرائیل در آخرین دقایق پیش از آتش‌بس», Хабаргузории ИСНА
  52. ↑ «پرتاب ده ها فروند پهپاد ارتش به سرزمین های اشغالی», Хабаргузории ИСНА
  53. ↑ «اسرائیل در حمله به ایران کدام قوانین بین‌المللی را نقض کرد؟», Хабаргузории ИСНА
  54. ↑ «اسرائیل در حمله به ایران کدام قوانین بین‌المللی را نقض کرد؟», Хабаргузории ИСНА
  55. ↑ «اسرائیل در حمله به ایران کدام قوانین بین‌المللی را نقض کرد؟», Хабаргузории ИСНА
  56. ↑ «اسرائیل در حمله به ایران کدام قوانین بین‌المللی را نقض کرد؟», Хабаргузории ИСНА
  57. ↑ «بیانیه مشترک ۱+۱۰ کشور در محکومیت تجاوزات اسرائیل به تاسیسات هسته‌ای ایران», Хабаргузории Хабаронлайн
  58. ↑ «اسرائیل در حمله به ایران کدام قوانین بین‌المللی را نقض کرد؟», Хабаргузории ИСНА
  59. ↑ «حمله به بیمارستانها در غزه؛ قوانین بین‌المللی چه می‌گوید؟», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  60. ↑ «حمله به صداوسیما نقض کنوانسیون ژنو / جنگ بی‌قانون, نظم تحمیلی ترامپ و نتانیاهو بر جهان است», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  61. ↑ «وزیر بهداشت: تاکنون ۳ بیمارستان و ۶ آمبولانس تحت حمله اسرائیل قرار گرفته», Хабаргузории Интихоб
  62. ↑ «حمله به بیمارستانها در غزه؛ قوانین بین‌المللی چه می‌گوید؟», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  63. ↑ «سازمان ملل: حمله اسرائیل به زندان اوین نقض جدی قوانین بین‌المللی است», Хабаргузории Мизон
  64. ↑ «بیانات در مراسم گشایش کنفرانس بین‌المللی حمایت ار انتفاضه فلسطین», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
  65. ↑ Ниг.: Сувейдон, Дойиратулмаорифи мусаввари таърихи яҳудит ва саҳюнисм, 1391ҳ.ш., саҳ.399
  66. ↑ Ниг.: «نگاهی بر علل دشمنی ملت ایران با رژیم صهیونیستی», Хабаргузории Тасним
  67. ↑ Ниг.: «مروری بر مهم‌ترین ترورهای اسرائیل در ایران: از فخری‌زاده تا هنیه», Хабаргузории Ал-Айни форсӣ; «ویژه نامه شهدای دانشمند هسته‌ای ایران», Пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза
  68. ↑ «بیانات در حرم رضوی در آغاز سال ۹۱», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ.
  69. ↑ «قطعنامه شورای حکام علیه تهران؛ ایران از ایجاد یک مرکز جدید غنی‌سازی در مکانی امن خبر داد», Хабаргузории Евронюс
  70. ↑ «آشنایی با کنفرانس بین‌المللی خلع سلاح و عدم اشاعه سلاح‌های هسته‌ای», Сайти Ҳамшаҳрионлайн
  71. ↑ «اعتراف گروسی بعد از تجاوز رژیم صهیونیستی علیه ایران+ فیلم», Хабаргузории Меҳр; «اعتراف دیرهنگام گروسی درباره برنامه هسته‌ای ایران بعد از حمله اسرائیل», Шабакаи Шарқ
  72. ↑ «بیانات در حرم رضوی در آغاز سال ۹۱», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ.
  73. ↑ «چرا اسرائیل به ایران حمله کرد؟», Нурнюз
  74. ↑ «اعتراف گروسی بعد از تجاوز رژیم صهیونیستی علیه ایران+ فیلم», Хабаргузории Меҳр; «اعتراف دیرهنگام گروسی درباره برنامه هسته‌ای ایران بعد از حمله اسرائیل», Шабакаи Шарқ
  75. ↑ Ниг.: «محل اصلی مناقشه در گفتگوهای ایران و آمریکا به روایت نیویورک‌تایمز», Хабаргузории Меҳр
  76. ↑ Ниг.: «چه چیزی از «محور مقاومت» ایران باقی مانده است؟», Хабаргузории BBC форсӣ
  77. ↑ Ниг.: «چه چیزی از «محور مقاومت» ایران باقی مانده است؟», Хабаргузории BBC форсӣ
  78. ↑ «آمار شهدای تجاوز رژیم صهیونیستی به مرز ۱۱۰۰ نفر رسید», Хабаргузории Машриқ; «آسیب ۷ بیمارستان و جراحت ۵۷۵۰ نفر در حمله رژیم صهیونی», Хабаргузории Меҳр
  79. ↑ «آسیب ۷ بیمارستان و جراحت ۵۷۵۰ نفر در حمله رژیم صهیونی», Хабаргузории Меҳр
  80. ↑ «آمار شهدای تجاوز رژیم صهیونیستی به مرز ۱۱۰۰ نفر رسید», Хабаргузории Машриқ
  81. ↑ «اسامی شهدای حمله تروریستی رژیم صهیونیستی», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ; «کشته شدن سه دانشمند هسته‌ای دیگر در حملات اسرائیل به ایران», Хабаргузории Анадолу
  82. ↑ «جزییات حمله عصر دوشنبه به صداوسیما/ تلاش برای اطفای حریق و پخش برنامه‌ها بدون وقفه», Хабаргузории ИСНА
  83. ↑ «آخرین آمار شهدا و مجروحان حمله اسرائیل به ایران اعلام شد», Шабакаи Шарқ
  84. ↑ Whitney, «Proof that Israel Has Lost the War: Sizable Portion of Military, Intelligence, Energy, and R&D Facilities Destroyed», GlobalResearch; «فریبکاری اسرائیل در سانسور آمار تلفات ناشی از حملات ایران», Хабаргузории Тасним
  85. ↑ «These are the 28 victims killed in Iranian missile attacks during the 12-day conflict», Times of Israel
  86. ↑ «وزیر خارجه عمان از لغو مذاکرات روز یکشنبه ایران و امریکا خبر داد», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  87. ↑ «بازگشت حجاج از طریق هوایی- زمینی به کشور», Хабаргузории Садову симо (Радиову телевизион)
  88. ↑ «مجلس ادامه همکاری با آژانس بین‌المللی انرژی اتمی را تعلیق کرد», Хабаргузории Донишҷӯ
  89. ↑ «ورود بازرسان آژانس تا تضمین امنیت مراکز و دانشمندان هسته‌ای ممنوع است», Пойгоҳи хабарии Остони Баҳористон
  90. ↑ «صهیونیست‌ها: موشک‌های ایران ۲۸ میلیارد دلار خسارت زدند», Хабаргузории Машриқ; «منابع اسرائیلی: موشک‌های ایران ۲۸ میلیارد دلار خسارت زدند», Сайти Эътимодонлайн
  91. ↑ «ریزش شاخص بورس آمریکا و رژیم صهیونیستی در پی عملیات وعده صادق ۳», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  92. ↑ «بورس تا اطلاع ثانوی تعطیل است», Сайти рӯзномаи Дунёи иқтисод
  93. ↑ Ниг.: «وحشت نتانیاهو از خالی شدن اراضی اشغالی بعد از حملات ایران», Хабаргузории Донишҷӯ
  94. ↑ «شعار مشترک هیئت‌ها در ماه محرم: "ایرانِ حسین(ع) تا ابد پیروز است"», Машриқнюс
  95. ↑ Ниг.: «ناجوانمردی محض در فاکس‌نیوز و سی‌‌ان‌ان + فیلم», Нурнюз
  96. ↑ Ниг.: «جنگ ایران و اسرائیل», Евронюс
  97. ↑ Ниг.: «ناجوانمردی محض در فاکس‌نیوز و سی‌‌ان‌ان + فیلم», Нурнюз
  98. ↑ «دلیل واقعی حمله اسرائیل به ایران/نتانیاهو سال‌ها برای حمله برنامه‌ریزی کرده بود», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  99. ↑ «سومین پیام تلویزیونی خطاب به ملت ایران در پی تهاجم رژیم صهیونی», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ
  100. ↑ «تحمیل آتش بس به دشمن صهیونی, در پی عملیات موفق بشارت فتح», Хабаргузории Меҳр
  101. ↑ «تحمیل آتش بس به دشمن صهیونی, در پی عملیات موفق بشارت فتح», Хабаргузории Меҳр
  102. ↑ «شورای عالی امنیت ملی:هوشیاری و همبستگی مردم, راهبرد اصلی دشمن را درهم شکست», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  103. ↑ «رژیم صهیونیستی آتش‌بس را نقض کرد + فیلم», Хабаргузории Донишҷӯ
  104. ↑ Ғӯлдибирғ, «كيف فشلت إسرائيل في إيران؟», Шабакаи Ал-Ҷазира; «آیا جنگ اسرائیل و ایران به پایان رسید؟», Пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Фарорӯ; «ترامپ: آتش‌بس برقرار است/ نتانیاهو رسماً موافقت با آتش بس را اعلام کرد/ تشکر اسرائیل از ترامپ بابت آتش‌بس», Хабаргузории Тобнок
  105. ↑ Аллоӣ, «ناکام ماندن اسرائیل و آمریکا در تداوم جنگ علیه ایران», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  106. ↑ «اسناد محرمانه آمریکا: حمله به ایران تنها چند ماه برنامه هسته‌ای را عقب انداخت», Хабаргузории Евронюс
  107. ↑ Ғӯлдибирғ, «كيف فشلت إسرائيل في إيران؟», Шабакаи Ал-Ҷазира

Сарчашма