Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман

Аз wikishia

Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман (форсӣ: جنبش انصارالله یمن) ё ҳусиҳо (форсӣ: حوثی‌ها) ҷунбиши сиёсӣ-мазҳабӣ аз зайдиҳои Яман аст, ки дар соли 1990 таъсис шуд ва кантроли бахше аз ин кишварро дар ихтиёр дорад. Ансоруллоҳро таъсирпазируфта аз Инқилоби исломии Эрон ва афкори Имом Хумайнӣ медонанд. Ташкили ҳукумати ҳусиҳо давоми ҳукумати имомияи зайдия дар Яман ба шумор рафтааст ки дар қарни сеюм ҳиҷрӣ ташкил гардид ва беш аз ҳазору сад сол идома дошт.

Муқобилаи ин ҷунбиш бо Амрико ва ҳам паймонии давлати Яман бо Амрико, мӯҷиби бурузи даргирии байни Ансоруллоҳ ва давлати Яман гардид. Ин ҷунбиш дар нахустин ҷанг бо давлати Яман, Ҳусайн Ҳусӣ - бунёнгузори худро аз даст дод, вале дар ҷангҳои баъд, муваффақиятҳое касб кард. Бо оғози бедории исломӣ, ҳусиҳо тавонистанд бар Санъо - пойтахти Яман, сайтара пайдо кунанд. Арабистони Саудӣ дар пӯшиши эътилофи арабӣ барои бозпасгирии минтақаҳои тасарруфшуда, Ансоруллоҳро мавриди ҳадаф қарор дод, ки бо муқовимати ин ҷунбиш ноком монд.

Ансоруллоҳ дар посух ба ҳамалоти Исроил ба Ғазза ва куштори ғайринизомиёни фаластинӣ, аҳдоферо дар Фаластини ишғолӣ ва низ киштиҳои мутаъаллиқ ба Исроилро дар дарёии Сурх ва Халиҷи Адан ҳадаф қарор медод. Ин ҷунбиш дар листи тероризми шӯрои амният ва бархе кишварҳои арабӣ ва Амрико қарор дорад.

Тавсиф ва ҷойгоҳ

Ансоруллоҳи Яман, ҷунбише динии дорои манзӯмаи сиёсӣ ва эътиқодӣ ба шумор меравад.[1] Мазҳаби аъзои ин ҷунбиши мазҳаби ҷорудия, яке аз фирқаҳои зайдия аст, ки наздиктарин фирқа ба шиаи дувоздаҳимомӣ ба шумор меравад.[2] Ин ҷунбишро дар ростои ҳукумати имомияи Яман донистаанд, ки тавассути Яҳё ибни Ҳусайн, мулаққаб ба ал-Ҳоди ила-л-ҳақ (даргузашт: 298ҳ.қ.) дар Яман таъсис гардид ва беш аз 1100 сол идома ёфт.[3]

Ҳастаи аввалияи ин ҷунбиш, маҷмуъаи фарҳангӣ бо номи анҷумани Шабоб-ул-муъмин, буд ки дар соли 1990 таъсис гардид.[4] Пас аз раёсати Ҳусайн Бадриддин Ҳусӣ бар ин маҷмуъа, бо тағйири ном ба гурӯҳи Шабоб-ул-муъмин, фаъолияти сиёсии худро оғоз кард.[5] Фаъолияти фарҳангии ин гурӯҳ байни солҳои 1992 то 2004 шиддат гирифт ва фаъолияти низомии он оғоз гардид.[6] Бетаваҷҷӯҳии давлати вақти Яман ба минтақаҳои ҳусинишин, нуфузи гурӯҳҳои салафӣ ва ваҳҳобӣ ва интишори тафаккури онҳо дар ин манотиқ, ки таҳдиди ҷаддӣ барои ҳусиҳо ба шумор мерафт, иллати ташкили ин гурӯҳи қаламдод шудааст.[7] Мизони ҷамъияти ҳусиҳои ҳудуди 40 дарсад аз ҷамъияти Яман эълом шудааст.[8] Номи Ҳусӣ ки барои ин ҷунбиш ва раҳбарони он ба кор меравад, баргирифта аз номи шаҳре бо унвони Ҳус дар ҷануби вилояти Саъдаи Яман аст.[9]

Сохтори созмонӣ

Шеваи ҳукумати Ансоруллоҳи Яман баргирифта аз равиши зайдияи суннатӣ, ҳукумати хонадонӣ ва бархе аз органҳои низоми Ҷумҳурии исломии Эрон дар қолаби низоми ҷумҳурӣ талаққӣ шудааст.[10] Ансоруллоҳи Яман дорои се созмони иҷроӣ аст, ки бевосита зери назари раҳбари ин ҷунбиш қарор дорад:

  • Шӯрои сиёсӣ: як созмони иҷроӣ ки мудирияти иртиботи ҷунбиш бо гурӯҳҳоу аҳзоби сиёсӣ ва ҳиитҳои диплумотику созмонҳои минтақаеро бар ӯҳда дораду гузоришҳо, мутолиъоту таҳлилҳои сиёсиро таҳия ва ироа мекунад.
  • Шӯрои иҷроӣ: муташаккил аз органҳои муртабит бо мардум ҳамчун идораи фарҳангу тарбият, идораи иҷтимоӣ, созмони расона, умури занон,у устондориҳо.
  • Созмони кори давлатӣ: назорат бар ҳайати Ансоруллоҳ дар созмонҳои иҷроӣ ва қонӯнгузорӣ, аз ҷумлаи взоифи ин созмони қаламдод шудааст.[11]

Иртибот бо Эрон

Бадриддин Ҳусӣ - раҳбари маънавии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар Эрон

Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яманро таъсирпазируфта аз Имом Хумайнӣ ва инқилоби ӯ медонанд ки тавассути Ҳусайн Ҳусӣ ба унвони улгӯ ба мардуми Яман муаррифӣ гардид.[12] Муқобилаи ин ҷунбиш бо Амрико ва Исроил мутаъассир аз андешаи Инқилоби исломии Эрон талаққӣ шудааст.[13] Мухолифони Ансоруллоҳи Яман, ин ҷунбишро бозуи Эрон дар Яман медонанд.[14]

Таҳрими байналмилалӣ ва минтақаӣ

Теъдоде аз аъзои Ансоруллоҳи Яман аз ҷумла Абдулмалик Ҳусӣ дар соли 2014 ва пас аз он дар листи таҳрими Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид қарор гирифтанд. Шӯрои созмон дар соли 2022 ҷунбиши Ансоруллоҳро мавриди таҳрими таслеҳотӣ қарор дод.[15] Дар ҳамин сол шӯрои вузарои кишвари давлатҳои араб, ин ҷунбишро дар листи созмонҳои террористии худ қарор дод. Кишварҳои дигаре ҳамчун Амрико ин ҷунбишро созмонии террористӣ эълом карданд.[16]

Раҳбарони ҷунбиш

Ҳусайн Ҳусӣ, аввалин раҳбари Ансоруллоҳ

Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман аз оғози наҳзат то ташкили ҳукумат, раҳбарони гуногуне доштааст, ки ба бархе аз онҳо ишора мешавад:

Ҳусайн Ҳусӣ

Мақолаи аслӣ: Ҳусайн ал-Ҳусӣ

Ҳусайн ал-Ҳусӣ фарзанди Бадриддин Ҳусӣ,[17] бунёнгузор ва аввалин раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ба шумор рафтааст.[18] Ҳусайн Ҳусӣ дар ҷанги аввали ҳусиҳо бо давлати Яман, дар соли 2004 ба шаҳодат расид.[19] Афкори вай маншури эътиқодии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яманро ташкил додааст.[20]

Бадриддин Ҳусӣ

Мақолаи аслӣ: Бадриддин ал-Ҳусӣ

Бадриддин Ҳусӣ аз марҷаъҳои зайдия буд; ӯро падари маънавии ҷунбиши Ансоруллоҳ медонанд.[21] Ӯ дар канори бархе аз уламои зайдии Яман ба муқобила бо нуфузи афкори ваҳҳобият дар Яман пардохт.[22] Бадриддинро ҳомии Инқилоби исломии Эрон ва таъсирпазируфта аз андешаҳои Имом Хумайнӣ медонанд. Ӯ бар асари фишорҳо ва таҳдидҳои ваҳҳобият, аз Яман ба Эрон рафт ва муддате дар шаҳри Қум иқомат кард. Ин ҳузур муқаддамаи ошноии бештари вай бо шиа ва инқилоби исломӣ буд.[23]

Абдулмалик Ҳусӣ

Мақолаи аслӣ: Абдулмалик ал-Ҳусӣ
Абдулмалик Ҳусӣ, сеюмин раҳбари Ансоруллоҳ

Абдулмалик Ҳусӣ, сеюмин раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, пас аз бародараш Ҳусайн ва падараш Бадриддин, ба ин мансаб расид.[24] Тибқи гузоришҳо Вай тавассути падараш Бадриддин барои ин мансаб интихоб гардид.[25] Бархе оғози раҳбарии вай бар ҷунбиши Ансоруллоҳро соли 2010 (соли даргузашт Бадриддин Ҳусӣ) дониста[26] ва иддае соли 2004 (соли кушта шудани Ҳусайн Ҳусӣ)[27] ва бархе 2006 унвон кардаанд.[28]

Пирӯзӣ бар давлати Яман,[29] Шикасти ҳамлаи эътилофи арабӣ ба Яман ба раҳбарии Арабистон,[30] ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии Ансоруллоҳ ба Исроил ва киштиҳои мутаъаллиқ ба он дар дарёи Сурх ва Халиҷи Адан[31] ва даргирӣ бо Амрико ва Англия дар ин ду дарё аз ҷумлаи воқеъаҳои замони раҳбарии Абдулмалик Ҳусӣ ба шумор меравад.[32]

Муқобилаи ҳусиҳо бо давлати Яман

Гурӯҳи Ҳусӣ давлати Яманро дастнишондаи Амрико медонист ва нисбат ба вуҷуди табъизу фақру вобастагии давлат ва дахолати бегонагон дар умури Яман интиқод дошт.[33] Пас аз вуқуъи ҳодисаи ёздаҳи сентябр ва ҳамлаи Амрико ба Афғонистон, Ироқ ва ҳузури низомии он дар минтақа ва Халиҷи Адан, ин ҷунбиш мавзеъи зиддиамрикоӣ гирифт[34] ва шиори маъруфи онҳо бо номи Сарха алайҳи Амрикову Исроил сар дода шуд.[35] Бархе муҳаққиқон сар додани шиори Сарха алайҳи Амрико ки раиси давлати Яман онро ба самти худ медонист ва низ шиддат гирифтани фаъолиятҳои низомии ҷунбиш ва худдории Ҳусайн Ҳусӣ аз посухгӯӣ дар бораи фаъолиятҳои ин ҷунбишро иллати вуқуъи даргирии байни давлати Яман ва ин ҷубнаш ва вуқуъи ҷанг унвон кардаанд.[36] Муқобилаи низомии Ансоруллоҳи Яман бо давлати ин кишвар боиси вуқуъи чандин ҷанг гардид:

  • Ҷанги аввал: аввалин ҷанги давлати Яман алайҳи ҳусиҳо, мунҷар ба кушта шудани Ҳусайн Ҳусӣ гардид. Кушта шудани се низомии давлатӣ ва талош барои боздошти Ҳусайн Ҳусӣ иллати вуқуъи ин ҷанг эълом шудааст. Ин ҷанг дар минтақаи Маррон дар соли 2004 ба вуқуъи пайваст.[37]
  • Ҷанги дувум: худдорӣ аз поён додан ба танишҳо, боиси бурузи ҷанги дувум дар сол 2005 гардид, ки ба муддати ду моҳ идома дошт. Дар ниҳоят давлати Яман эъломи пирӯзӣ карда ва ҷанг ба поён расид. Доманаи ин ҷанг густардатар аз ҷанги аввал дониста шудааст.[38]
  • Ҷанги сеюм: танишҳои боқимонда аз ҷанги дувум боиси ҷанги сеюм гардид. Доманаи ин ҷанг ки аз авохири соли 2005 оғоз ва дар аввалҳои соли 2006 ба поёни расида, ба шаҳри Саъда кашида шуд.[39]
  • Ҷанги чорум: кӯч додани яҳудиёни устони Саъда ва талош барои эҷоди ҳукумати шиъӣ дар ин устон тавассути ҳусиҳо, ҷанги чорумро рақам зад. Доманаи ин ҷанг, ки дар соли 2007 воқеъ шуд, ба хориҷи устони Саъда кашида шуд. Бо миёнҷигарии давлати Қатар, ин ҷанг ба поён расид.[40]
  • Ҷанги панҷум: ин ҷанг дар соли 2008 оғоз гардид ва устонҳои Санъо ва Амронро даргир кард. Эъломи оташбаси якҷониба аз тарафи давлат поёне бар ин ҷанг буд.[41]
  • Ҷанги шашум: муттаҳам шудани ҳусиҳо ба рабоиши шаҳрвандони хориҷӣ, ҷанги шашумро дар августи 2009 рақам зад. Истифодаи густардаи давлат аз ҳамлаи ҳавоӣ ва вуруди ҳусиҳо ба хоки Арабистон ва қатли ду сарбоз, аз вижагиҳои ин ҷанг буд. Хуруҷи ҳусиҳо аз хоки Арабистон дар соли 2010 поёне бар ин ҷанг шуд.[42]
Манотиқи таҳти сайтараи Ансоруллоҳ (ранги сабз)

Бедории исломӣ ва инқилоби 2011

Бо оғози инқилоби бедории исломӣ дар бархе кишварҳои исломӣ, мардуми Яман барои барандозии ҳукумат қиём карданд ва ҳусиҳо аз ин фурсат баҳра бурданд.[43] Дар натиҷаи ин таҳаввулот, ҳусиҳо тавонистанд дар марти 2011 бар устони Саъда мусаллат шаванд ва идораи ин устонро дар даст бигиранд.[44] Ҳусиҳо бо раванди тавофуқи сиёсӣ мухолифат кардаву интихоботи зӯдҳангоми раёсати ҷумҳуриро напазируфта ва раиси ҷумҳӯри ҷадидро ба расмият нашнохтанд.[45] Ҳусиҳо пас аз эътилоф бо Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, дар соли 2014 Санъо, пойтахти Яманро тасарруф карданд. Дар соли 2017 Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ба далели иқдом ба гуфтугӯ бо эътилофи Саудӣ, аз ҷониби ҳусиҳо муттаҳам ба хиёнат шуда ва дар даргирӣ бо нерӯҳои ҳусӣ ба қатл расид.[46]

Даргирии низомӣ бо кишварҳои хориҷӣ

Ансоруллоҳи Яман бо кишварҳои гуногуни хориҷӣ даргирии низомӣ доштааст, ки дар зайл ба бархе аз онҳо ишора мешавад:

Ҳамлаи Арабистон ва кишварҳои эътилоф ба Ансоруллоҳ

Мансур Ҳодӣ - президенти Яман ва нахуствазираш Холид Баҳаҳ аз вазифаи худ истеъфо доданд.[47] Вай сипас ба Адан рафт ва давлати муваққат ташкил дод. Эътилофе аз кишварҳои минтақа ба раҳбарии Арабистони Саудӣ дар 26 марти 2015, дар ҳимоят аз Мансур Ҳодӣ, ҳамалоти ҳавоӣ ва дарёии шадидеро ба Яман оғоз карданд, ки ба дунболи он бисёре аз зерсохтҳо, марокизи низомӣ ва ғайринизомии Яман вайрон шуд.[48] Ҳадафи ин ҳамалот, хориҷ сохтани устонҳои Яман аз сайтараи Ансоруллоҳ ва бозпасгирии силоҳҳои давлатӣ аз ин ҷунбиш эълом шуд.[49]

Ансоруллоҳ пас аз ҳамалоти ҳавоии эътилоф, ибтидо минтақаҳои мухталифи Яманро барои муқобила бо ал-Қоъида ва нерӯҳои ҳампаймон бо эътилоф ба кантроли худ даровараданд. Пас аз гузашти ҳудуди ду моҳ аз таҷовузи эътилофи Саудӣ, амалиётҳои гуногунеро алайҳи Арабистон анҷом дод. Бо густариши ҳамалоти эътилоф, Ансоруллоҳи Яман бо ҳадафи таваққуфи ҳамалот, аз мӯшаки болистик алайҳи Арабистон истифода кард.[50] Ҳусиҳо чанд бор минтақаҳои низомӣ ва таъсисоти нефтии Арабистонро бо мӯшаки болистик ва паҳпод ҳадаф қарор доданд.[51]

Ҳамла ба Исроил ва киштиҳои он дар вокуниш ба бомбаборони Ғазза

Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар ҳимоят аз мардуми Ғазза дар баробари ҳамалоти Исроил, чандин бор минтақаҳои гуногун аз Фаластини ишғолиро бо мӯшаку паҳпод ҳадаф қарор дод.[52] Ҳусиҳо ҳамчунин киштиҳои исроилӣ ва киштиҳое, ки мақсади онҳо бандарҳои исроилӣ будро дар дарёи Сурх ва Халиҷи Адан мавриди ҳадаф қарор доданд.[53] Амрико ва Англия чанд бор ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи Ансоруллоҳи Яман анҷом доданд, ки ба гуфтаи бархе расонаҳои ғарбӣ, натавонист ҳусиҳоро аз ин ҳамалот боз дорад.[54] Ин иқдоми Ансоруллоҳ дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил ба ғайринизомиён ва минтақаҳои маскунӣ ва маконҳои пизишкии Ғазза ва муҳосираи ин шаҳр сурат гирифт.[55] Ҳамалоти Исроил алайҳи Ғазза, дар паи анҷоми амалиёти Тӯфон-ул-ақсо (октябри 2023) тавассути ҲАМОС, анҷом шуд.[56]

Эзоҳ

  1. Сайид Комил, «ал-Вуҷуд-ул-Ҳуси фи-л-Яман: Диросатун фи-л-ҷуғрофия-с-сиёсия», саҳ.19
  2. Сайид Комил, «ал-Вуҷуд-ул-Ҳуси фи-л-Яман: Диросатун фи-л-ҷуғрофия-с-сиёсия», саҳ.19
  3. ал-Қозӣ, «الحوثیین من الداخل.. ما لاتعرفه عنهم», Сайти ал-Ҷазира
  4. «محمد یحیی عزان.. تنظیم شباب المؤمن بالیمن», Сайти ал-Ҷазира
  5. Аҳмадӣ, аз-Заҳру ва-л-ҳаҷар: ат-тамарруд-уш-шиӣ фи-л-Яман, 2007, саҳ.130
  6. Аҳмадӣ, аз-Заҳру ва-л-ҳаҷар: ат-тамарруд-уш-шиӣ фи-л-Яман, 2007, саҳ.137
  7. «الحوثیون من هم و کیف نشأت حرکتهم», Сайти ВВС
  8. Муҳаммад, «الظاهرة الحوثیه و التحول الفکری من الزیدیه الی الشیعه», Сайти ал-Қанотир
  9. Муҳаммад, «الظاهرة الحوثیه و التحول الفکری من الزیدیه الی الشیعه», Сайти ал-Қанотир
  10. «جماعة الحوثیین.. حرکة یمنیه جمعت بین الزیدیه و النهج الایرانی و الحکم العائلی», Сайти ал-Ҷазира
  11. «جماعة الحوثیین.. حرکة یمنیه جمعت بین الزیدیه و النهج الایرانی و الحکم العائلی», Сайти ал-Ҷазира
  12. «دوافع مساندة ایران للحوثیین فی الیمن», Вебгоҳи ал-Мунтада-л-арабӣ ли таҳлил-ис-сиёсот-ил-иронийя
  13. «الحوثیون من هم و کیف نشأت حرکتهم», Сайти ВВС
  14. «کیف و متی بدأت علاقة ایران بمیلیشیات الحوثی فی الیمن», Сайти ал-Арабия
  15. «جماعة الحوثیین.. حرکة یمنیه جمعت بین الزیدیه و النهج الایرانی و الحکم العائلی», Сайти ал-Ҷазира
  16. «جماعة الحوثیین.. حرکة یمنیه جمعت بین الزیدیه و النهج الایرانی و الحکم العائلی», Сайти ал-Ҷазира
  17. «حسین الحوثی... من الدعوه الی التمرد», Сайти ал-Ҷазира
  18. Шайхҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, 1393ҳ.ш., саҳ.45
  19. «السید حسین بدرالدین الحوثی من الولاده.. الی معراج الشهاده», Сайти Ансоруллоҳ
  20. Шайхҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, 1393ҳ.ш., саҳ.245
  21. Аҳмадӣ, аз-Заҳру ва-л-ҳаҷар: ат-тамарруд-уш-шиӣ фи-л-Яман, 2007, саҳ.129
  22. «العلامة الربانی بدرالدین الحوثی.. حائط صد امام التکفیریین», Сайти Ансоруллоҳ
  23. Ҷунбиши Ансоруллоҳ, саҳ.76 - 69
  24. «عبدالملک الحوثی..من متمرد من الاقالیم الی زعیم وطنی», Хабаргузории Ройтерз
  25. «عبدالملک الحوثی», Шабакаи хабарии ал-Ҷазира
  26. «عبدالملک الحوثی», Сайти ан-Нашра
  27. «عبدالملک الحوثی.. المرشد الاعلی فی الیمن», Сайти Баввобат-ул-ҳаракот-ил-исломия
  28. «حقائق لا تعرفها عن عبدالملک الحوثی», Сайти маҷаллаи "Восеъ садрак"
  29. «عبدالملک الحوثی من زعیم المتمردین الی صانع الملوک», Сайти хабарии Нун-Пост
  30. «حقائق لا تعرفها عن عبدالملک الحوثی», Сайти маҷаллаи "Восеъ садрак"
  31. «السید الحوثی: نرصد السفن الاسرائیلیه فی البحر الاحمر.. سنظفربها و سنستهدفها», Сайти шабакаи ал-Маёдин; «راز مقاومت و شکست‌ناپذیری رهبر انصارالله یمن چیست؟», Сайти Хабаргузории Форс
  32. «الضربات الامریکیه و البریطانیه تفشل فی الحد من هجمات الحوثیین», Сайти ВВС
  33. Шайхҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, 1393ҳ.ш., саҳ.153-154
  34. Шайхҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, 1393ҳ.ш., саҳ.243
  35. Шайхҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, 1393ҳ.ш., саҳ.153
  36. Аҳмадӣ, аз-Заҳру ва-л-ҳаҷар: ат-тамарруд-уш-шиӣ фи-л-Яман, 2007, саҳ.140-142
  37. Сайид Комил, «ал-Вуҷуд-ул-Ҳуси фи-л-Яман: Диросатун фи-л-ҷуғрофия-с-сиёсия», саҳ.22
  38. Сайид Комил, «ал-Вуҷуд-ул-Ҳуси фи-л-Яман: Диросатун фи-л-ҷуғрофия-с-сиёсия», саҳ.23
  39. Сайид Комил, «ал-Вуҷуд-ул-Ҳуси фи-л-Яман: Диросатун фи-л-ҷуғрофия-с-сиёсия», саҳ.23
  40. Сайид Комил, «ал-Вуҷуд-ул-Ҳуси фи-л-Яман: Диросатун фи-л-ҷуғрофия-с-сиёсия», саҳ.23-24
  41. Сайид Комил, «ал-Вуҷуд-ул-Ҳуси фи-л-Яман: Диросатун фи-л-ҷуғрофия-с-сиёсия», саҳ.24
  42. Сайид Комил, «ал-Вуҷуд-ул-Ҳуси фи-л-Яман: Диросатун фи-л-ҷуғрофия-с-сиёсия», саҳ.24-25
  43. Сайид Комил, «ал-Вуҷуд-ул-Ҳуси фи-л-Яман: Диросатун фи-л-ҷуғрофия-с-сиёсия», саҳ.27; Муҳаммад, «аз-Зоҳират-ул-ҳусияти ва-т-таҳаввул-ул-фикри мин-аз-зайдияти ила-т-ташайюъ, саҳ.75
  44. Муҳаммад, «аз-Зоҳират-ул-ҳусияти ва-т-таҳаввул-ул-фикри мин-аз-зайдияти ила-т-ташайюъ, саҳ.75
  45. Сайид Комил, «ал-Вуҷуд-ул-Ҳуси фи-л-Яман: Диросатун фи-л-ҷуғрофия-с-сиёсия», саҳ.27
  46. «جماعة الحوثیین.. حرکة یمنیه جمعت بین الزیدیه و النهج الایرانی و الحکم العائلی», Сайти ал-Ҷазира
  47. «رئیس جمهور یمن استعفای خود را اعلام کرد», Хабаргузории Тасним
  48. بررسی شش سال جنگ یمن؛ از چرایی آغاز جنگ تا حمایت‌های بی دریغ آمریکا, Хабаргузории Форс
  49. Сайид Комил, «ал-Вуҷуд-ул-Ҳуси фи-л-Яман: Диросатун фи-л-ҷуғрофия-с-сиёсия», саҳ.31
  50. «انصارالله برای اولین بار با موشک بالستیک قاهر به عربستان حمله کرد.», Сайти рӯзномаи Кайҳон
  51. «ابرز هجمات الحوثیین علی السعودیه», Сайти ал-Ҷазира
  52. «الحوثییون من هم و کیف نشأت حرکتهم», Сайти ВВС
  53. «الضربات الامریکیه و البریطانیه تفشل فی الحد من هجمات الحوثیین», Сайти ВВС
  54. «الضربات الامریکیه و البریطانیه تفشل فی الحد من هجمات الحوثیین», Сайти ВВС
  55. «دهمین روز از عملیات طوفان الاقصیٰ», Сайти шабакаи хабарии ал-Олам
  56. «دهمین روز از عملیات طوفان الاقصیٰ», Сайти шабакаи хабарии ал-Олам

Ёддошт

Сарчашма