Таввобин
Ин навиштор дарбора гурӯҳе аз шиаёни хунхоҳи Имом Ҳусайн аст. Барои иқдомоти онҳо, қиёми таввобинро бубинед.
Таввобин (ба маънои тавбакунандагон) гурӯҳе аз аҳолии Кӯфа ки ба раҳбарии Сулаймон ибни Суради Хузоъӣ дар соли 65ҳ.қ. барои хунхоҳии Имом Ҳусайн (а) алайҳи ҳукумати Банӣ Умайя қиём карданду бештари онон дар ҷанг бо сипоҳи Ибни Зиёд дар Айнулвардаҳ ба шаҳодат расиданд.[1] Бархе аз инон бо ирсоли нома ба Имом Ҳусайн (а) аз ӯ даъват карда буданд, то ба Кӯфа баравад ва ӯро ёрӣ мекунанд; бо ин ҳол дар воқеаи Карбало Имомро ёрӣ накарданд. Онон пас аз воқеаи Карбало, аз кардаи худ пушаймон шуданд ва барои хунхоҳии Имом Ҳусайн (а) алайҳи ҳукӯмати умавӣ қиём карданд ва ба таввобин шӯҳрат ёфтанд.[2] Ин нахустин қиёми шиъии пас аз воқеаи Карбало буд.[3]
Теъдоди таввобинро чаҳор ҳазор тан гуфтаанд.[4] Сулаймон ибни Суради Хузоъӣ, Рифоъа ибни Шаддоди Баҷалӣ, Мусайяб ибни Наҷаба, Абдуллоҳ ибни Саъди Аздӣ ва Абдуллоҳ ибни Воли Таймӣ аз сарони таввобин буданд ба ҷузи Рифоъа чаҳор нафари дигар дар ин қиём ба шаҳодат расиданд.[5]
Эзоҳ
Сарчашма
- Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Сияру аълом-ин-нубало, байрӯт, муассисаи алрсолаҳ, 1414ҳ.қ./1994
- Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кабир, Қоҳира, 1421ҳ.қ./2001
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, Қум, муассисаи Имом Содиқ, 1428ҳ.қ.