Бозори Шом

Аз wikishia

Бозори Шом

Бозори ҳамидияи Димишқ

Иттилооти аввалия

Корбарии тиҷорӣ - торихӣ

Макон Димишқ

Номҳои дигари бозор Ҳамидия

Вақоеъи муртабит гардондани асирони Карбало дар он

Мушаххасот

Масоҳат ҳудуди 600 метр тӯл, 15 метр арз, 8 метр иртифоъ

Вазъият фаъол

Меъморӣ

Бозсозии 1780м. (давраи усмонӣ)

Бозори Шом ё бозори ҳамидия, бозори таърихие дар шаҳри Димишқ аст, ки ба дастури Язид ибни Муъовия, асирони Карбалоро дар он гардонданд. Дар маҷолиси азодории муҳаррам аз он ёд мешавад. Бозори Шом, муҳимтарин бозори Димишқ аст ва дар бахши қадимии шаҳр, наздик ба масҷиди Ҷомеи Умавӣ қарор дорад.

Мавқеият

Бозори Шом, муҳимтарин бозори Димишқ аст, ки дар бахши қадимии шаҳри воқеъ шуда аст. Ин бозор, ҳудуди 600 метр тӯл, 15 метр арз[1] ва ҳашт метр иртифоъ дорад ва дар интиҳои он, масҷиди Ҷомеи Умавӣ қарор дорад.[2]

Бинои феълии он ба давраи усмонӣ бармегардад; султон Абдулҳамиди Усмонӣ дар соли 1780 мелодӣ онро дар ду табақа сохт, пас аз он замон, ба бозори ҳамидия маъруф шудааст.[3] Албатта дар бархе аз китобҳои форсӣ, далели номгузории он ба ҳамидия вуҷуди хонқоҳ ё мадрасаи Аҳмадия ва ҳамчунин масҷиди Ҳамидия дар он дониста шудааст.[4] Гуфта мешавад, ки ҳануз бақоёе аз сутунҳои маъбади Юпитери марбут ба даврони императории Рум дар интиҳои он мавҷуд аст.[5] Бозори Шом аз маконҳои мавриди тавваҷуҳи зоирон ва гардишгарони хориҷӣ аст ва маъмулан аз он боздид мекунанд.

Убури асирони Карбало

Пас аз воқеаи Ошӯро, ба дастури Язид ибни Муъовия, шаҳри Димишқро тазъин карда, асирони Карбалоро вориди шаҳр намуданд.[6] Маъруф аст дар ҳоле, ки аҳли Шом ба тамошо омада буданд, асиронро дар бозор ва кӯчаҳои шаҳри Димишқ гардонданд.[7] Дар маҷолиси азодории Имом Ҳусайн аз он бисёр ёд мешавад.[8] Дар равзаи маҷлиси Язид ва равзаи вуруд ба Шом, ки дар моҳи муҳаррам ва даҳаи сафар хонда мешавад, ба вуруди асирони Карбало ба шаҳр ва бозори шаҳри Димишқ ва бархӯрди шомиён бо онон ишора мешавад. Дар бархе шаҳрҳои Эрон таъзияи Бозори Шом низ иҷро мешавад.

Адабиёти форсӣ

Бозори Шом дар адабиёти форсӣ ва зарбулмасал, киноя аз ҷое аст, ки бисёр шулуғ бошад.[9] Ҳамчунин дар маҷолиси азодории муҳаррам ва ашъори оинӣ аз он зиёд ёд мешавад.[10]

Ҷусторҳои вобаста

Харобаи Шом

Бобул-соъот

Масҷиди умавии Димишқ

Эзоҳ

  1. Қоидон, Амокини саёҳатӣ ва зиёратии Димишқ, 1388ҳ.ш., саҳ.53.
  2. Суқ-ул-ҳамидия, Димишқ-ул-қадима.
  3. Суқ-ул-ҳамидия, Димишқ-ул-қадима.
  4. Қоидон, Амокини саёҳатӣ ва зиёратии Димишқ, 1388ҳ.ш., саҳ.53.
  5. Қоидон, Амокини саёҳатӣ ва зиёратии Димишқ, 1388ҳ.ш., саҳ.53.
  6. Муқаррам, Мақтал-ул-Ҳусайн, 1426ҳ.қ., саҳ.366 - 367.
  7. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошӯро, 1388ҳ.қ., саҳ.74.
  8. Шаҳидӣ, “Бозори Шом», ҷ.3, саҳ.34.
  9. Луғатномаи Деҳхудо, зайли бозор
  10. Шаҳидӣ, “Бозори Шом», ҷ.3, саҳ.34.

Сарчашма

  • Димишқ-ул-қадима; суқ-ул-ҳамидия, интишор: 5 май, 2014м., бозбинӣ: 29 фарвардини 1396ҳ.ш.
  • Деҳхудо, Алиакбар, Луғатномаи Деҳхудо.
  • Шаҳидӣ, Ғуломҳусайн, Бозори Шом, Доиратулмаорифи ташайюъ, ҷ.3, нашри шаҳиди Саид Муҳиббӣ, Теҳрон, 1380ҳ.ш.
  • Қоидон, Асғар, Амокини саёҳатӣ ва зиёратии Димишқ, Теҳрон, Машъар, 1388ҳ.ш.
  • Муҳаддисӣ, Ҷавод, Фарҳанги Ошӯро, Қум, нашри Маъруф, чопи сездаҳум, 1388ҳ.қ.
  • Муқаррам, Абдурразоқ, Мақтал-ул-Ҳусайн алайҳиссалом, Бейрут, Муассисат-ул-хирсони ли-л-матбуот, 1426ҳ.қ./2007м.