Яҳё Синвор

Аз wikishia
Яҳё Синвор
Номи комилЯҳё Иброҳим Ҳасан ас-Синвор
ЛақабАбуиброҳим
Санаи таваллуд29 октябри 1962
ЗодгоҳХонюнуси Фаластин
Санаи шаҳодат16 октябри 2024
Маҳалли шаҳодатШаҳри Рафаҳи Фаластин
СиёсӣРаиси ҲАМОС дар Навори Ғазза ва расиси дафтари сиёсии ҲАМОС
ФаолиятҳоТарроҳии амалиёти Тӯфон-ул-ақсо


Яҳё Синвор (арабӣ: يَحيى السِّنوار) (1962 - 2024), аз раҳбарони ҷунбиши ҲАМОС буд, ки пас аз террори Исмоили Ҳания аз 6 августи 2024 ба раёсати дафтари сиёсии ҲАМОС интихоб шуд[1] ва то замони шаҳодаташ ин масъулиятро бар ӯҳда дошт. Ӯро аз тарроҳони аслии Тӯфон-ул-ақсо (амалиёти вижаи нерӯҳои ҲАМОС дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин) медонанд.[2] Синвор аз феврали 2017 идораи Навори Ғаззаро низ бар ӯҳда дошт.[3] Синвори ҷанги Исроил бо фаластиниҳоро ба набарди сипоҳиёни Язид бо Имом Ҳусайн дар соли 61ҳ.қ. ташбеҳ карда ва гуфтааст: «Бояд дар ҳамон масире, ки шурӯъ кардаем пеш биравем, ё бигзорем Карбалои ҷадиде бошад».[4]

Синвор дар 16 октябри 2024/25 меҳри соли 1403ҳ.ш. дар даргирӣ бо артиши Исроил дар шаҳри Рафаҳ дар ҷануби Навори Ғазза ба шаҳодат расид. Нерӯҳои исроилӣ ҷанозаи ӯро ба сарзаминҳои ишғолӣ бурданд. Интишори хабари шаҳодати ӯ дар расонаҳои ҷаҳон бозтоби густардае дошт.[5] Ҳамчунин ҳузури Синвор дар даргирии мустақим бо артиши Исроил ҳатто дар замони раҳбариаш бар ҲАМОС ва шаҳодаташ дар ин даргириҳо, мавриди тавваҷуҳи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт.[6] Оятуллоҳ Хоманаӣ - раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, дар паёми таслиятӣ аз Синвор ба унвони муҷоҳиди қаҳрамон ва чеҳраи дурахшони муқовимат ёд кард, ки зарбаи ҷуброннопазири ҳафтуми октябр(амалиёти Тӯфон-ул-ақсо)-ро дар таърихи ин минтақа ба ёдгор гузошт. Ҳамчунин фуқдони ӯро барои ҷабҳаи муқовимат дарднок тавсиф кард; аммо таъкид кард, ки бо шаҳодати ӯ ва дигар фармондиҳони ин ҷабҳа аз пешравӣ боз намонда ва мутаваққиф нахоҳад шуд.[7] Гурӯҳҳои муқовимат ҳамчун Ҳизбуллоҳи Лубнон, ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин, ҷунбиши муқовимати исломии Нуҷабои Ироқ, ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ва Ҳизбуллоҳи Ироқ дар паёмҳои ҷудогонае шаҳодати Синворро таслият гуфтанд.[8] Дар паи дархости ҷунбиши ҲАМОС аз мусулмонони ҷаҳон барои барпоии намози ҷанозаи ғиёбӣ барои Синвор,[9] дар кишварҳои мухталиф барои ӯ намоз ҷанозаи ғиёбӣ хонданд.[10]

Яҳё Синвор дар 29 октябри 1962 дар урдугоҳи паноҳндагон дар Хонюнус воқеъ дар ҷануби Навори Ғазза ба дунё омад. Падару модараш аҳли Ашкилун буданд, ки дар паи ҷанги 1948 Исроил бо аъроб ва ишғоли сарзаминашон маҷбур ба муҳоҷират шуданд.[11] Синвор аз Донишгоҳи исломии Ғазза дар риштаи забони арабӣ соҳиби маълумоти олӣ гашта буд.[12] Ӯ ба тӯҳмати созмондиҳии амалиёти куштани ду сарбози исроилӣ дар соли 1988 тавассути Исроил зиндонӣ ва ба ҳабси абад маҳкум шуд. Вай пас аз 23 сол, дар соли 2011 дар табодули зиндониён озод шуд. Синвор замоне, ки дар зиндони Исроил буд, забони ибриро фаро гирифт. Пас аз озодӣ аз зиндон, суханоне аз ӯ ба забони ибрӣ хитоб ба саҳюнистҳо мунташир шудааст. Ҳамчунин осоре аз забони ибрӣ ба арабӣ тарҷума кардааст.[13]

Эзоҳ

  1. «Hamas’s pick of Yahya Sinwar as leader makes a ceasefire less likely», Economist
  2. «Hamas’s pick of Yahya Sinwar as leader makes a ceasefire less likely», Economist
  3. «یحیی سنوار بار دیگر به‌عنوان رئیس حماس در نوار غزه انتخاب شد», Еврониюс
  4. «السنوار، نبرد غزه را به واقعه کربلا تشبیه می‌کند», Хабаргузории АБНА
  5. «بازتاب شهادت یحیی سنوار در رسانه‌های خارجی», Машриқниюс
  6. «"کرسی وکوفیة وعصا".. المشهد الأخیر للسنوار کما رآه مغردون», ал-Ҷазира
  7. «پیام رهبر انقلاب اسلامی در پی شهادت مجاهد قهرمان، فرمانده «یحیی السنوار»», Вебгоҳи Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  8. «واکنش‌های بین‌المللی به شهادت یحیی سنوار», Машриқниюс
  9. «حماس تدعو لأداء صلاة الغائب علی الشهید القائد یحیی السنوار», Вебгоҳи Ҳаракат-ул-муқовамат-ил-исломияти ҲАМОС
  10. Барои намуна ниг.: «رفعوا صوره بالملاعب وأدوا صلاة الغائب.. المغاربة یتفاعلون مع استشهاد السنوار», ал-Ҷазира
  11. «یحیی السنوار أسیر محرر قاد حرکة حماس واستشهد فی مواجهة مع الاحتلال», ал-Ҷазира
  12. «یحیی السنوار أسیر محرر قاد حرکة حماس واستشهد فی مواجهة مع الاحتلال», ал-Ҷазира
  13. «یحیی السنوار أسیر محرر قاد حرکة حماس واستشهد فی مواجهة مع الاحتلال», ал-Ҷазира

Сарчашма