Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Хуруҷи Имом Ҳусайн аз Мадина

Аз wikishia
Хуруҷи Имом Ҳусайн (а) аз Мадина
Намоиши таъзияи хуруҷи Имом Ҳусайн (а) аз Мадина. Рустои Сидӣ дар Эрон. 17 ноябри 2012
Замонсоли 60ҳ.қ.
МаконМадина
СабабХуддорӣ аз байъат бо Язид
ҲадафИслоҳи уммати Пайғамбар (с), амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ва пайравӣ аз сираи Пайғамбар (с) ва Имом Алӣ (а)
ДахлдорВоқеаи Карбало ва қиёми Имом Ҳусайн (а)


Хуруҷи Имом Ҳусайн (а) аз Мадина (форсӣ: خروج امام حسین (ع) از مدینه) оғози ҳаракати Имом Ҳусайн (а) ба сӯйи Макка ва нахустин марҳила аз наҳзати Ошуро аст. Ин руйдод пас аз марги Муовия ва ба ҳукумат расидани Язид рух дод. Язид аз Имом Ҳусайн (а) хоҳиш кард, ки бо ӯ байъат кунад, аммо Имом аз байъат худдорӣ кард. Дар бораи ангезаи ин тасмим дидгоҳҳои гуногун матраҳ шудааст; баъзе онро вокуниш ба фишори ҳукумат барои байъат бо Язид ва баъзе бахше аз барномаи Имом барои табйини ҳадафҳои наҳзат ва заминасозии қиём пас аз марги Муовия донистаанд.

Имом Ҳусайн (а) пеш аз хуруҷ аз Мадина, ба Масҷиди Пайғамбар (с) рафт ва бо қабри Пайғамбар (с) видоъ кард. Ҳамчунин васиятномае барои Муҳаммад ибни Ҳанафия навишт ва ҳадафи ҳаракати худро ислоҳи уммати Пайғамбар (с), амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ва пайравӣ аз сираи Пайғамбар (с) ва сираи Имом Алӣ (а) баён кард. Сипас ҳамроҳи бештари аъзои хонадони худ Мадинаро ба қасди Макка тарк кард.

Хуруҷи Имом Ҳусайн (а) аз Мадина дар шеър ва адабиёти оинӣ низ бозтоб ёфта ва шоирону маддоҳони бисёре онро ривоят кардаанд. Ин руйдод ҳамчунин дар ҳунарҳои оинӣ, бавижа таъзия, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта ва ба иҷро даромадааст.

Нахустин қадами қиёми Имом Ҳусайн (а)

Хуруҷи Имом Ҳусайн (а) аз Мадина ба сӯйи Макка ва Ироқ, нахустин марҳилаи қиёми Ошуро[1] ва вокуниш ба дархости байъат бо Язид дониста шудааст.[2] Ин руйдод пас аз марги Муовия рух дод.[3]

Дар сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, ки пас аз ба ҳукумат расидани Язид, ӯ аз Валид ибни Утба, ҳокими Мадина, хост аз мардум, бавижа шахсиятҳои бонуфузе чун Имом Ҳусайн (а), Абдуллоҳ ибни Зубайр ва Абдуллоҳ ибни Умар, барои ӯ байъат бигирад.[4] Валид, Имом Ҳусайнро ба Дор-ул-имора даъват кард ва дархости Язидро бо ӯ дар миён гузошт; аммо Имом бо байъат мухолифат кард.[5] Дар ҳамин ҷаласа, Марвон ибни Ҳакам, ба Валид пешниҳод кард, агар Имом Ҳусайн (а) аз байъат худдорӣ кунад, ӯро ба қатл бирасонад; зеро дар сурати хуруҷ аз Мадина, дигар дастрасӣ ба ӯ мумкин нахоҳад буд.[6] Илова бар ин, дар баъзе гузоришҳои таърихӣ омадааст, ки Язид дар номае ба ҳокими Мадина дастур дода буд, агар Имом Ҳусайн (а) аз байъат сарпечӣ кард, сари ӯро барояш бифиристад.[7]

Ҳаракат ба сӯйи Макка ва Куфа

Бар асоси гузоришҳои таърихӣ, Имом Ҳусайн (а), дар 27 раҷаб[8], шабона дар ҳоле ки ояти 21 сураи Қасасро тиловат мекард,[9] ба ҳамроҳи бештари хонадони худ (ба ҷуз Муҳаммад ибни Ҳанафия) Мадинаро тарк кард ва роҳи Маккарр пеш гирифт.[10]

Ба гузориши Шайхи Садуқ, Имом Ҳусайн (а) пас аз қарор ба тарки Мадина, шабона барои видоъ бо Пайғамбар (с) ба Масҷид-ун-набӣ рафт ва канори қабри он ҳазрат ба дуо ва ниёиш пардохт. Шаби баъд низ ба Масҷид-ун-набӣ рафт ва пас аз намози тӯлонӣ, дар хоб, Пайғамбар (с)-ро дид, ки ӯро дар оғӯш гирифта ва аз наздик будани шаҳодаташ хабар дод.[11] Ҳамчунин гуфта шудааст, бар сари қабри модар ва бародар рафт ва бо онон видоъ кард.[12]

Бино ба баъзе гузоришҳо, гурӯҳе аз занони қабилаи Банӣ Ҳошим ва хонадони Абдулмутталиб барои навҳахонӣ гирд омаданд, аммо Имом ононро аз ин кор боздошт.[13] Имом Ҳусайн (а) бо бародараш Муҳаммад ибни Ҳанафия низ дидор кард[14] ва барои ӯ васиятномае навишт, ки дар он, ҳадафи ҳаракати худро ислоҳи уммати Пайғамбар (с), амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ва пайравӣ аз сираи Пайғамбар (с) ва Имом Алӣ (а) баён кард.[15]

Имом Ҳусайн (а) роҳи аслии миёни Мадина ва Маккаро барои сафари худ баргузид.[16] Муслим ибни Ақил[17] ё яке аз аъзои хонаводаи Имом[18] пешниҳод кард, ки барои парҳез аз бархӯрд бо нерӯҳои ҳукуматӣ аз масирҳои фаръӣ ҳаракат кунанд, аммо Имом ин пешниҳодро напазируфт ва ба масири аслӣ идома дод.[19] Баъзе пажӯҳишгарон ин тасмимро нишонаи сароҳати Имом Ҳусайн (а) дар мубориза ва баёни ошкори ҳадафҳои наҳзат аз оғози ҳаракат то расидан ба Ироқ донистаанд.[20]

Пешниҳоди бузургони Мадина

Дар масири хуруҷ аз Мадина, баъзе аз наздикон ва шахсиятҳои шинохташуда ба Имом тавсияҳое карданд. Муҳаммад ибни Ҳанафия ба Имом пешниҳод дод, ки дар Мадина бимонад ва агар ночор ба хуруҷ шуд, Маккаро ба унвони мақсади худ интихоб кунад[21] ва дар сурати ноамн шудани он ҷо, ба минтақаҳои дигар биравад.[22] Абдуллоҳ ибни Умар низ пас аз огоҳӣ аз хуруҷи Имом, худашро ба ӯ расонд ва ӯро аз рафтан ба Ироқ ҳазар дод.[23] Ҳамчунин Абдуллоҳ ибни Мутиъи Адавӣ ба Имом Ҳусайн (а) тавсия дод, ки ба даъвати мардуми Куфа эътимод накунад ва дар Макка бимонад; зеро ба бовари ӯ, куфиён пештар бо Алӣ (а) ва Ҳасан (а) вафодор намонда буданд ва осеб дидани Имом, барои хонадони ӯ паёмадҳои сангине хоҳад дошт.[24]

Бино ба ривояте, Умми Салама, аз ҳамсарони Пайғамбар (с), ҳангоми хуруҷи Имом Ҳусайн (а) аз Мадина, ӯро аз сафар ба Ироқ ҳазар дод ва хабари шаҳодаташ дар Карбалоро, ба нақл аз Пайғамбар (с), ёдовар шуд. Имом дар посух ба Умми Салама гуфт, ки аз шаҳодати худ огоҳ аст ва гурезе аз он надорад.[25]

Ашъори Имом Ҳусайн (а)

Бар асоси баъзе гузоришҳои таърихӣ, Имом Ҳусайн (а) ҳангоми хуруҷ аз Мадина дар мавоқеи мухталиф ашъоре хонд. Ҳангоми вуруд ба Масҷид-ун-набӣ (с), абёте аз Ибни Муфарриғи Ҳимяриро замзама кард, ки мазмуни он истодагӣ дар баробари Язид ва напазируфтани зиллат, ҳатто бо вуҷуди хатари марг, буд.[26] Дар посух ба пешниҳоди баъзе аз ҳамроҳон дар бораи тарки масири аслӣ, ашъоре хонд, ки бар зарурати посдорӣ аз хонадон, обрӯ ва шарофат ва омодагӣ барои дифоъ аз онон таъкид дошт.[27]

Таҳлили воқеа

Дар бораи хуруҷи Имом Ҳусайн (а) аз Мадина, таҳлилҳои гуногуне матраҳ шудааст.[28] Баъзе, таҳдиди ҷонии Имом Ҳусайн (а)[29] ва эҳтимоли бархӯрди ҳукумат бо ӯро сабаби ин тасмим донистаанд.[30] Расули Ҷаъфариён, таърихпажӯҳ, низ хуруҷи Имомро вокуниш ба фишори ҳукумат барои гирифтани байъати иҷборӣ бо Язид медонад ва эътиқод дорад, ки Имом бо тарки Мадина, аз шароите, ки имкони таҳмили байъат ё рӯёрӯӣ бо ҳукумат дар он вуҷуд дошт, фосила гирифт.[31] Баъзе пажӯҳишгарон низ бар ин боваранд, ки Имом, ба далели фароҳам набудани имкони қиём ва фаъолияти муассир дар Мадина, ин шаҳрро тарк кард, то дар масири ҳаракат, бавижа дар Макка, бо табйини ҳадафҳои худ ва ҷалби ҳамроҳон заминаи қиём алайҳи Язидро фароҳам кунад.[32] Аз назари онон ин иқдом бахше аз барномаи пешини Имом буд; зеро ӯ қиёми худро ба пас аз марги Муовия[33] вогузор карда буд.[34]

Ба гуфтаи Ҷаъфариён, Имом Ҳусайн (а) дар оғоз, Маккаро барои иқомати худ баргузид; зеро ин шаҳр, дар муқоиса бо дигар минтақаҳо, амнияти бештар дошт ва фурсати муносибе барои баррасии шароит ва қароргирӣ дар бораи иқдомоти баъдӣ фароҳам мекард.[35] Дар ҳамон замон, эҳтимоли ҳаракати Имом ба сӯйи Кӯфа низ матраҳ буд; аз ин рӯ, баъзе афрод[36] ӯро аз рафтан ба он шаҳр бозмедоштанд.[37] Ба бовари Ҷаъфариён, нигаронии аслии бештари ин афрод ҳифзи ҷони Имом буд ва онон эҳтимоли ноамн шудани Маккаро чандон ҷиддӣ намегирифтанд.[38]

Дар оинаи шеър ва ҳунар

Хуруҷи Имом Ҳусайн (а) аз Мадина, дар адабиёти оинии форсӣ низ бозтоб ёфтааст. Шоирони эроние мисли Саруши Исфаҳонӣ,[39] шоири давраи Қоҷор,[40] Ғуломризо Созгор, Алӣ Акбари Латифиён ва Маҳмуди Жӯлида дар бораи ин руйдод ашъоре сурудаанд.[41] Ин воқеа ҳамчунин дар баъзе маъракаҳои таъзияхонӣ ба намоиш даромадааст.[42]

Эзоҳ

  1. ↑ «علت خروج امام حسین(علیه السلام) از مدینه», Сайти Тибён.
  2. ↑ Ҷаъфариён, Тааммуле дар наҳзати Ошуро, саҳ.66.
  3. ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.32.
  4. ↑ Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.338.
  5. ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.33; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.340.
  6. ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.33; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.340.
  7. ↑ Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, саҳ.152.
  8. ↑ Абумихнаф, Вақъат-ут-Тафф, саҳ.102.
  9. ↑ Абумихнаф, Вақъат-ут-Тафф, саҳ.102.
  10. ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.34-35; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.341.
  11. ↑ Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, саҳ.152.
  12. ↑ Ибни Аъсам, Мақтал-ул-Ҳусайн..., ҷ.1, саҳ.30.
  13. ↑ Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, саҳ.96.
  14. ↑ Ибни Аъсам, ал-Футуҳ, ҷ.5, саҳ.21.
  15. ↑ Ибни Аъсам, ал-Футуҳ, ҷ.5, саҳ.21.
  16. ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.35.
  17. ↑ Ибни Аъсам, ал-Футуҳ, ҷ.5, саҳ.22.
  18. ↑ Абумихнаф, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), саҳ.25.
  19. ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.35.
  20. ↑ Ҷамъе аз нависандагон, Маҷмӯаи мақолаҳои ҳамоиши Имом Ҳусайн (а), ҷ.4, саҳ.128; Наҷмӣ, Суханони Ҳусайн ибни Алӣ (а)..., саҳ.58.
  21. ↑ Абумихнаф, Вақъат-ут-Тафф, саҳ.84; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.341-342.
  22. ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.35.
  23. ↑ Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, саҳ.153.
  24. ↑ Ибни Аъсам, Мақтал-ул-Ҳусайн..., саҳ.33.
  25. ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.44, саҳ.331.
  26. ↑ Абумихнаф, Вақъат-ут-Тафф, саҳ.83.
  27. ↑ Абумихнаф, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), саҳ.19.
  28. ↑ Ниг.: Муҳаммадӣ ва Гударзӣ, «Воковии таърихии илали хуруҷи Саййидушшуҳадо (а) аз Мадина ва Макка», саҳ.81.
  29. ↑ Ниг.: Шайхи Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.33; Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, саҳ.152; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.340.
  30. ↑ Муҳаммадӣ ва Гударзӣ, «Воковии таърихии илали хуруҷи Саййидушшуҳадо (а) аз Мадина ва Макка», саҳ.81.
  31. ↑ Ҷаъфариён, Тааммуле дар наҳзати Ошуро, саҳ.66.
  32. ↑ Сафоӣ, Ошуро: баррасӣ..., саҳ.71-72; Муҳаммадӣ ва Гударзӣ, «Воковии таърихии илали хуруҷи Саййидушшуҳадо (а) аз Мадина ва Макка», саҳ.83.
  33. ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.32.
  34. ↑ Муҳаммадӣ ва Гударзӣ, «Воковии таърихии илали хуруҷи Саййидушшуҳадо (а) аз Мадина ва Макка», саҳ.83.
  35. ↑ Ҷаъфариён, Тааммуле дар наҳзати Ошуро, саҳ.66.
  36. ↑ Ниг.: Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, саҳ.153; Ибни Аъсам, Мақтал-ул-Ҳусайн..., саҳ.33; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.44, саҳ.331.
  37. ↑ Ҷаъфариён, Тааммуле дар наҳзати Ошуро, саҳ.74.
  38. ↑ Ҷаъфариён, Тааммуле дар наҳзати Ошуро, саҳ.74.
  39. ↑ Саруши Исфаҳонӣ, Девони Саруши Исфаҳонӣ, ҷ.2, саҳ.736.
  40. ↑ Саруши Исфаҳонӣ, Девони Саруши Исфаҳонӣ, ҷ.1, саҳ.10.
  41. ↑ «اشعار ویژه حرکت کاروان اباعبدالله (ع) از مدینه», Сайти Ақиқ.
  42. ↑ «تعزیه‌ی خروج اباعبدالله(ع) از مدینه در شهرستان جم- روستای صیدی ۱», Сайти Апарат.

Сарчашма

  • Абумихнаф, Лут ибни Яҳё, Вақъат-ут-Тафф, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1375ҳ.ш.
  • Абумихнаф, Лут ибни Яҳё, Мақтал-ул-Ҳусайн (а) ва масраъи аҳли байтиҳи ва асҳобиҳи фи Карбало, Қум, Аш-Шариф ар-Разӣ, 1362ҳ.ш.
  • Ибни Аъсам, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Футуҳ, Бейрут, Дор-ул-азво, 1411ҳ.қ.
  • Ибни Аъсам, Муҳаммад ибни Алӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн ва қиём-ул-Мухтор, Қум, Анвор-ул-ҳудо, 1424ҳ.қ.
  • Ибни Қулавайҳ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Комил-уз-зиёрот, Наҷаф, Матбаъат-ул-муртазавия, 1356ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор: ал-ҷомеъату ли дурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор (а), Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Муҳаммадӣ, Рамазон ва Иброҳим Гударзӣ, «واکاوی تاریخی علل خروج سیّدالشهداء (ع) از مدینه و مکّه» («Воковии таърихии илали хуруҷи Саййидушшуҳадо (а) аз Мадина ва Макка»), Фаслиномаи Таърихи Ислом, шумораи пайваста 75, октябри 2018.
  • Наҷмӣ, Муҳаммад Содиқ, Суханони Ҳусайн ибни Алӣ (а) аз Мадина то Карбало, Қум, Бустони китоб, 1381ҳ.ш.
  • Саруши Исфаҳонӣ, Девони Саруши Исфаҳонӣ, Теҳрон, Амири Кабир, 1340ҳ.ш.
  • Сафоии Ҳоири, Алӣ, Ошуро: баррасӣ ва таҳлили ҳаракати Имом Ҳусайн (а), Қум, Лайлат-ул-қадр, 1401ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ут-Табарӣ: Таърих-ул-умам ва-л-мулук, Бейрут, беном, бетаърих.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Маҷмуаи мақолаҳои ҳамоиши Имом Ҳусайн (а), Теҳрон, Маҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт (а), 1381ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Тааммуле дар наҳзати Ошуро, Қум, Ансориён, 1381ҳ.ш.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, Қум, ал-Муътамар-ул-оламӣ ли алфият-иш-Шайх ал-Муфид, 1372ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, чопи шашум, 1376ҳ.ш.
  • «اشعار ویژه حرکت کاروان اباعبدالله (ع) از مدینه» («Ашъори вижаи ҳаракати корвони Абӯабдуллоҳ (а) аз Мадина»), Сайти Ақиқ, санаи дарҷи матлаб: 17 майи 2015, санаи боздид: 26 июни 2026.
  • «تعزیه‌ی خروج اباعبدالله(ع) از مدینه در شهرستان جم- روستای صیدی ۱» («Таъзияи хуруҷи Абӯабдуллоҳ (а) аз Мадина дар шаҳристони Ҷам — рустои Сидӣ 1»), Сайти Апарат, санаи боздид: 15 июли 2026.
  • «وداع سیدالشهدا با مرقد پیامبر و خروج از مدینه» («Видоъи Саййидушшуҳадо бо марқади Паёмбар ва хуруҷ аз Мадина»), Сайти Остони Висол, санаи боздид: 26 июни 2026.
  • «علت خروج امام حسین(ع) از مدینه» («Иллати хуруҷи Имом Ҳусайн (а) аз Мадина»), Сайти Тибён, санаи дарҷи матлаб: 15 апрели 2018, санаи боздид: 29 июни 2026.