Пиёдаравии арбаин (оин)
Иттилооти оинҳо | |
---|---|
Замони баргузорӣ | Моҳи Сафар то рӯзи арбаин |
Макони баргузорӣ | Аз саросари Ироқ дар масирҳои ба самти Карбало; муҳимтарин масир аз Наҷаф ба Карбало |
Густараи ҷуғрофиёӣ | Ироқ ва кишварҳои ҳамсоя |
Дуоҳо | Зиёрати арбаин |
Аврод ва ашъор | Язлахонӣ |
Барои дигар корбурдҳо Арбаин(ибҳомзудоӣ)-ро бубинед.
Пиёдаравии Арбаин (форсӣ: پیادهروی اربعین) ё Роҳпаймоии Арбаин (форсӣ: راهپیمایی اربعین) аз оинҳое аст, ки шиаён дар рӯзҳои наздик ба 20 сафар (Арбаини Ҳусайнӣ) баргузор менамоянд. Ин пиёдаравӣ аз нуқоти мухталифи Ироқ ба тарафи Карбало ва бо ҳадафи зиёрати арбаин анҷом мешавад. Бештари зоирон, аз масири Наҷаф ба Карбало мераванд. Дар тӯли масирҳои роҳпаймоӣ, ҷойгоҳҳое барои пазироӣ аз зоирон вуҷуд дорад, ки мавкиб номида мешавад.
Дар замони ҳукумати Саддом Ҳусейн, маҳдудиятҳое дар иҷрои ин маросим эъмол шуд, вале бо суқути ҳизби баъс дар соли 2003 мелодӣ, ин маросим эҳё шуд ва ҳарсола илова бар шиаёни Ироқ, шиаёни кишварҳои дигар ба хусус Эрон низ ба роҳпаймоии арбаъин мепайванданд. Бинобар гузоришҳо, илова бар шиаён, гурӯҳҳое аз аҳли суннат, масеҳиён, эзидиён ва дигар мазоҳиб низ дар пиёдаравии арбаъин ҳузур меёбанд.
Дар солҳои ахир, миллионҳо нафар дар ин роҳпаймоӣ иштирок мекунанд, ба наҳве ки ин рӯйдодро бузургтарин гирдиҳамоии солонаи мазҳабӣ дар ҷаҳон донистаанд. Дар бораи адади ҳозирон дар ин роҳпаймоӣ, оморҳое байни дувоздаҳ миллион то бист миллион нафар баён шудааст.
Тавсия ба зиёрати Арбаин
Нишонаҳои муъмин панҷ чиз аст:
- Хондани 51 ракъат намоз,(17 ракъат фарз (намозҳои явмия ё рӯзона) ва 34 ракъат нофилаҳои рӯзона дар ҳар шабу рӯз)
- Зиёрати Арбаин.
- Ангуштар ба дасти рост кардан.
- Пешониро дар саҷда бар хок ниҳодан.
- Баланд гуфтани "Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим"
- Навиштори аслӣ: зиёрати Арбаин
Бар асоси ҳадисе, аз Имом Ҳасани Аскарӣ (а), зиёрати арбаин аз аломатҳои муъмин номида шудааст.[2] Бархе олимон, ин ҳадисро далели бузургдошти арбаин донистаанд.[3]
Ҳамчунин зиёратномае барои рӯзи арбаин аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст.[4] Шайх Аббоси Қумӣ ин зиёратномаро дар китоби Мафотиҳ-ул-ҷинон, боби сеюм, баъд аз зиёрати Ошӯрои ғайри маъруфа, бо унвони «Зиёрати арбаин» нақл кардааст.[5]
Таърихча
Ба гуфтаи баъзе пажӯҳишгарон, роҳпаймоӣ дар рӯзи арбаин аз замони имомони маъсум (а) дар байни шиаён роиҷ будааст. Сайид Муҳаммадалӣ Қозии Таботабоӣ дар китоби Таҳқиқ дар бораи аввалин арбаини Сайидушшуҳадо, зиёрати Имом Ҳусайн дар рӯзи арбаинро суннат ва рафтори мудовими шиаён аз замони имомон донистааст, ки дар замони Банӣ Умайя ва Банӣ Аббос низ ба ин ҳаракат пойбанд будаанд.[6]
Гуфта шудааст пас аз давраи Шайх Ансорӣ ин суннат фаромӯш шуда буд ва Муҳаддиси Нурӣ онро эҳё кард.[7] Нависандаи китоби «Адаб-ут-тафф» дар гузорише аз маросими арбаин дар Карбало, иҷтимоъ дар ин маросимро ба иҷтимои мусулмонон дар Макка ташбеҳ ва ба ҳузури ҳайъатҳои азодорӣ дар он ишора карда аст, ки бархе ба туркӣ, арабӣ, форсӣ ва урдӯ марсия мехондаанд. Адаб-ут-тафф дар соли 1388 ҳиҷрии қамарӣ / 1967 мелодӣ, мунташир шуда ва нависандаи он, ҷамъияти роҳпаймоёни арбаъинро беш аз як миллион нафар тахмин задааст.[8]
Мамнуъияти роҳпаймоӣ дар давраи Саддом
Дар авохири қарни 14 қамарӣ, ҳизби баъси Ироқ, бо баргузарии маросими роҳпаймоии арбаин мухолифат кард ва гоҳ бо роҳпаймоикунандагон бо хушунат рафтор мешуд. Ин масъала мӯҷиби камравнақ шудани ин маросим гардид. Оятуллоҳ Сайидмуҳаммади Садр дар даврае, пиёдаравӣ ба Карбалоро фарз эълом карда буд.[9]
Интифозаи Арбаин
- Навиштори аслӣ: Интифозаи сафари Ироқ
Дар соли 1397 қамарӣ (баробар бо 1977 мелодӣ- 1355 шамсӣ) ҳизби баъси Ироқ баргузории маросимҳои мазҳабӣ ва барқарории мавкибу пиёдаравӣ ба Карбалоро мамнуъ кард,[10] аммо мардуми Наҷаф дар 15 сафари он сол омодаи баргузории маросими пиёдаравии арбаин шуда[11] ва ба самти Карбало ҳаракат карданд.
Ин ҳаракат бо бархӯрди ҳукумати Саддом Ҳусейн мувоҷеҳ шуд ва теъдоде аз мардум кушта ва гурӯҳе низ зиндонӣ шуданд.[12] Сайид Муҳаммадбоқири Ҳаким дар ин интифоза ба ҳабси абад маҳкум шуд[13] ва барои бархе уламо ҳамчун Аллома Аскарӣ, Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ, ки аз Ироқ фирор карда буданд, низ ҳукми эъдоми ғиёбӣ содир шуд.[14]
Афзоиши зоирони арбаин
«Падидаи беназир ва бесобиқае ҳам дар ин солҳои ахир ба вуҷуди омада ва он пиёдаравӣ ... то Карбалост. Ин ҳаракат, ҳаракати ишқу имон аст. Мо ҳам аз дур нигоҳ мекунем ба ин ҳаракат ва ғибта мехӯрем ба ҳоли он касоне ки ин тавфиқро пайдо карданд ва ин ҳаракатро анҷом доданд.»
Бо суқути ҳизби баъси Ироқ дар соли 2003 мелодӣ, маросими роҳпаймоии арбаъин бори дигар дар Ироқ эҳё шуд ва пас аз он, ҳар сола ҷамъияти бештаре нисбат ба соли пеш дар он иштирок мекунад.[16]
Дар оғози ин ҳаракат, ду то се миллион нафар дар он ҳузур доштанд, вале дар солҳои баъд теъдоди зоирони ширкаткунанда дар ин роҳпаймоӣ ба беш аз даҳ миллион нафар расид,[17] то ҷое ки онро аз бузургтарин роҳпаймоиҳо ё гирдиҳамоиҳои мазҳабии ҷаҳон донистаанд.[18]
Тавлияти остонаи ҳазрати Аббос (а) дар соли 1395 шамсӣ (2016) тайи иттилоияе эълом кард дар сездаҳ рӯз монда ба арбаъин (яъне аз 7 сафар то 20 сафар) беш аз ёздаҳ миллиону дусад ҳазор нафар вориди Карбало шуданд.[19]
Дар соли 2018, тавлияти остонаи Имом Ҳусайн (а) дар баёнияе эълом кард, ки дар даҳ рӯзи мунтаҳӣ ба арбаъин (аз 10 то 20 сафар) беш аз ёздаҳ миллиону ҳаштсаду панҷоҳ ҳазор нафар аз дарвозаҳои аслии Карбало вориди ин шаҳр шудаанд. Касоне ки аз кӯчаҳои фаръӣ вориди Карбало шудаанд ва ё ба ҳар далеле вориди маркази шаҳр (маҳдудае бо шуъои ҳудуди се километрии ҳарам) нашуда буданд, дар ин омор муҳосиба нашуданд.[20]
Дар бораи адади зоирон оморҳои гуногуни дигаре низ дар сайтҳо ва расонаҳои хабарӣ мунташир шудааст. Бархе гузоришҳо аз мушорикати 15 миллион зоири шиа дар ин роҳпаймоӣ хабар додаанд.[21] Дар бархеи дигар аз гузоришҳо ин теъдод, 20 миллион низ гузориш шудааст.[22]
Ғайрибумиёни ҳозир дар роҳпаймоӣ
Омори вазорати кишвари Ироқ, ҳокӣ аз он аст, ки дар соли 2013 дасти кам як миллиону сесад ҳазор зоири хориҷӣ ба Ироқ омада, дар пиёдаравии арбаин иштирок карданд.[23] Тибқи оморҳои давлати Ироқ дар соли 2018 ин теъдод ба беш аз як миллиону ҳаштсад ҳазор нафар расидааст.[24]
Сол | Теъдоди зоирон |
---|---|
1446ҳ.қ./2024 | 21,480,525[26] |
1445ҳ.қ./2023 | 22,019,146[27] |
1444ҳ.қ./ 2022 | 21,198,640[28] |
1443ҳ.қ./2021 | 16,327,542[29] |
1442ҳ.қ./ 2020 | 14,553,308[30] |
1441ҳ.қ./ 2019 | 15,229,955[31] |
1440ҳ.қ./ 2018 | 15,322,949[32] |
1439ҳ.қ./ 2017 | 13,874,818[33] |
1438ҳ.қ./ 2016 | 11,210,367[34] |
1437ҳ.қ./2015 | 22,000,000[35] |
1436ҳ.қ./2014 | 22,000,000[36] |
1435ҳ.қ./2013 | |
1434ҳ.қ./2012 | |
1433ҳ.қ./2011 | |
1432ҳ.қ./2010 | بیش از 16 میلیون[37] |
Масир ва масофати пиёдаравӣ
Зоирони ироқӣ аз шаҳрҳои худ ба самти Карбало ҳаракат мекунанд, аммо аксари зоирони эронӣ, масири Наҷаф то Карбалоро барои пиёдаравӣ интихоб мекунанд. Масофати пиёдаравии байни ду шаҳр ҳудуди 80 километр аст.
1452 сутун дар масири Наҷаф ба Карбало вуҷуд дорад, ки фосилаи байни ҳар сутун 50 метр аст. Барои пиёдаравии кули масир замоне дар ҳудуди 20 то 25 соат лозим аст. Беҳтарини замон барои шуруи сафар 16-уми моҳи сафар аст.[38]
Одоб ва русум
Пиёдаравии арбаъин дар Ироқ, бо одобу оинҳое ҳамроҳ аст; аз ҷумла ҳавсахонӣ ва пазироӣ аз зоирон тавассути кучманчиҳои ҳошияи дарёи Фурот.
Ҳавсахонӣ
Аз одоб ва расми ироқиҳо дар масири рафтан ба Карбало дар рӯзи арбаин ҳавсахонӣ аст. Ҳавса ба қасидаҳои махсуси қабоили арабии ҷануби Ироқ гуфта мешавад. Ин ашъор баёнкунандаи қаҳрамонӣ ва шуҷоат аст ва барои барангехтани азми мардон барои анҷоми корҳои сахту бузург истифода мешавад. Пас аз хондани шоир, ҳозирон як байт аз онро такрор карда, ҳалқавор ҳаракат менамоянд.[39]
Шуруи маросим
Оини азодорӣ аз панҷ рӯз монда ба арбаин бо вуруди корвони шабеҳхонӣ ва таъзиятгардонон оғоз мешавад. Пас аз он дастаҳои синазанӣ ва занҷирзанӣ ворид шуда ва маросими аслӣ дар рӯзи арбаин ду соат гузашта аз зуҳр оғоз мешавад.
Зоирон, наздики дари вурудии ҳарами Имом Ҳусайн (а) истода ва дар ҳоле ки бар синаҳои худ мезананд, марсияеро мехонанду такрор мекунанд ва дар поёни синазанӣ дастҳоро ба аломати салому таҳият боло мебаранд.[40]
Меҳмондорӣ аз зоирон
Кучманчиҳои ҳошияи руди Фурот дар айёми маросими пиёдаравӣ чодарҳои бузурге дар масири пиёдаравӣ барпо мекунанд, ки ба онҳо «мавкиб» ё музиф мегӯянд ва зоиронро барои пазироӣ ва истироҳат дар онҳо ҷой медиҳанд.[41]
Иҷтимоъоти мазҳабии Ироқ, мавкибҳои бисёре барпо мекунанд ва ройгон ба зоирон хадамот медиҳанд. Мудирияти мавкибҳо ба шакли мардумӣ ва мустақил аз давлат анҷом мешавад.[42]
Мутолиаи бештар
- "Арбаини ҳусайнийя", китобест ба забони форсӣ, таълифи Мирзомуҳаммад Арбоби Қумӣ (ваф.1341ҳ.қ.) аст, ки дар соли 1328ҳ.қ. нигошта шуд.[43] Вай дар ин китоб ибтидо аз муроот нашудани аҳкоми фиқҳӣ дар бархе азодориҳо ва нақли таҳрифоте монанди арусии Қосим дар бархе мақотил интиқод карда ва сипас ба шарҳи чиҳил ҳадис дар бораи моҳи муҳаррам, воқеаи Ошуро, Имом Ҳусайн (а) ва шуҳадои Карбало пардохтааст.[44]
- Маҷмуаи шашҷилдии "Сароғоз; улгуи мафҳумии Пиёдаравии Арбаин аз нигоҳи Мақоми муаззами Раҳбарӣ" шомили суханони Сайид Алии Хоманаӣ - Раҳбари ҶИЭ, аст ки ба панҷ маъмурияти аслии ҳаракати ҷаҳонии Пиёдаравии Арбаин ишора мекунад: ваҳдат, эҳёи ҳодисаи Карбало, муборизаи ҳақ алайҳи ботил, ҳодисаи Пиёдаравии Арбаин ва улгусозӣ.[45]
- "Воллоҳ Мутимму Нураҳу", иҷлосия ва нишастҳои тахассусии конгресси байналмилалии лиқоул-Ҳусайн (а), Қум, интишороти Ҷамкарон, 1395ҳ.ш.
- Ҳаддоди Одил, Ғуломалӣ, гузорише аз роҳпаймоии арбаъин, ба саҳро шудам, ишқ борида буд...., Теҳрон, дафтари нашри фарҳанги исломӣ, чопи сеюм 1397 шамсӣ.[46]
Эзоҳ
- ↑ Шайх Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407 ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.52.
- ↑ Шайх Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407 ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.52.
- ↑ Ҷаъфариён, "Далели бузургдошти Арбаин чист?", бозтоби андеша, 1386 ҳ.ш., № 84.
- ↑ Шайх Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407 ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.113.
- ↑ Мафотиҳ-ул-ҷинон, Зиёрати Арбаин, Боби зиёрот, саҳ.642.
- ↑ Қозӣ Таботабоӣ, Таҳқиқ дар бораи аввал арбаини Сайидуш шуҳадо, 1367 ҳ.ш., саҳ.2
- ↑ «Зиндагиномаи Мирзоҳусайни Нурӣ» сайти Балоғ
- ↑ Шуббар, Адаб-ут-таф ва шуароул Ҳусайн, ҷ.1, саҳ.41
- ↑ Мазоҳирӣ, Фарҳанги сӯги шиъӣ, 1395 ҳ.ш., саҳ.102
- ↑ Ал-Муъмин, Санавот-ул-ҷамр, 2004 м. саҳ.16.
- ↑ Ал-Асадӣ, Мувҷазу торихил Ироқ-ис-сиёсӣ-ил-ҳадис, 2001, саҳ.101.
- ↑ Вайлӣ, Наҳзати исломии шиаёни Ироқ, 1373 ҳ.ш., саҳ.81
- ↑ Ал-Асадӣ, Мувҷазу торихил Ироқ-ис-сиёсӣ-ил-ҳадис, 2001, саҳ.103.
- ↑ Вайлӣ, Наҳзати исломии шиаёни Ироқ, 1373 ҳ.ш., саҳ.82
- ↑ «پیادهروی اربعین؛ بزرگترین گردهمایی عالم», Сайти расмии Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Мазоҳирӣ, Фарҳанги сӯги шиъӣ, 1395 ҳ.ш., саҳ.102
- ↑ «Арбаин, шукӯҳи байъате муҷаддад бо Имом Ҳусайн» хабаргузории Тасним
- ↑ Гузориши рӯзномаи фаронсавии Лумунд аз маросими Арбаин дар Карбало сайти рӯзномаи Луманд.
- ↑ Аъдод-уз-зоирин ал-мушоти фи арбаиният-ил-Имом-ил-Ҳусайн (алайҳиссалом) сайти расмии Остонаи ҳазрати Аббос (а)
- ↑ Алкашфу анил эҳсоиятил аввалияти лиаъдодиз зоирин биҳасби мо расадатҳу камиротил атабатил Ҳусайния сайти расмии Остонаи Имом Ҳусайн (а)
- ↑ «15 миллион шиа дар ҳоли расидан ба Карбало» сайти хабарии Фардо.
- ↑ «Иҷтимои 20 миллионии Арбаини Ҳусайнӣ дунёро мутаҳаввил хоҳад кард» хабаргузории ИЛНО.
- ↑ «Теъдоди зоири ғайриироқӣ дар Арбаин» сойти хабарии Фардо.
- ↑ Духул аксара мин мелюна ва самонмеа зоир арабӣ ва аҷнабӣ ҳатто явм 19 мин сафарил хайр Маркази мутолиот ва таҳқиқоти Карбало
- ↑ (Ниг.: «هام جدّاً.. العتبةُ العبّاسیةُ المقدّسة تُعلن عن أعداد زائری أربعینیّة الإمام الحسین (علیه السلام) لهذا العام 1441هـ», Шабакат-ул-кафил ал-оламия)
- ↑ «العتبة العباسیة تعلن أعداد الزائرین المشارکین فی إحیاء زيارة الأربعین», Шабакат-ул-кафил ал-оламия - ал-Мавқеъ-ур-расми ли-л-атабат-ил-аббосият-ил-муқаддаса.
- ↑ «العتبة العباسية تعلن اعداد الزائرين المشارکین فی احیاء زیارة الأربعین», Шабакат-ул-кафил ал-оламия - ал-Мавқеъ-ур-расми ли-л-атабат-ил-аббосият-ил-муқаддаса.
- ↑ «العتبةُ العبّاسية المقدّسة: عددُ زائري أربعينيّة الإمام الحسين (عليه السلام) بلغ أكثر من 21 مليون زائر», Шабакат-ул-кафил ал-оламия - ал-Мавқеъ-ур-расми ли-л-атабат-ил-аббосият-ил-муқаддаса.
- ↑ «العتبةُ العبّاسية المقدّسة: عددُ زائري أربعينيّة الإمام الحسين (عليه السلام) بلغ أكثر من 21 مليون زائر», Шабакат-ул-кафил ал-оламия - ал-Мавқеъ-ур-расми ли-л-атабат-ил-аббосият-ил-муқаддаса.
- ↑ «العتبةُ العبّاسية المقدّسة: عددُ زائري أربعينيّة الإمام الحسين (عليه السلام) بلغ أكثر من 21 مليون زائر», Шабакат-ул-кафил ал-оламия - ал-Мавқеъ-ур-расми ли-л-атабат-ил-аббосият-ил-муқаддаса.
- ↑ «العتبةُ العبّاسية المقدّسة: عددُ زائري أربعينيّة الإمام الحسين (عليه السلام) بلغ أكثر من 21 مليون زائر», Шабакат-ул-кафил ал-оламия - ал-Мавқеъ-ур-расми ли-л-атабат-ил-аббосият-ил-муқаддаса.
- ↑ «العتبةُ العبّاسية المقدّسة: عددُ زائري أربعينيّة الإمام الحسين (عليه السلام) بلغ أكثر من 21 مليون زائر», Шабакат-ул-кафил ал-оламия - ал-Мавқеъ-ур-расми ли-л-атабат-ил-аббосият-ил-муқаддаса.
- ↑ «العتبةُ العبّاسية المقدّسة: عددُ زائري أربعينيّة الإمام الحسين (عليه السلام) بلغ أكثر من 21 مليون زائر», Шабакат-ул-кафил ал-оламия - ал-Мавқеъ-ур-расми ли-л-атабат-ил-аббосият-ил-муқаддаса.
- ↑ «العتبةُ العبّاسية المقدّسة: عددُ زائري أربعينيّة الإمام الحسين (عليه السلام) بلغ أكثر من 21 مليون زائر», Шабакат-ул-кафил ал-оламия - ал-Мавқеъ-ур-расми ли-л-атабат-ил-аббосият-ил-муқаддаса.
- ↑ «العتبةُ العبّاسيةُ المقدّسة: أكثر من (22) مليون زائر شاركوا في إحياء زيارة الأربعين لهذا العام»، شبكة الكفيل العالمية - الموقع الرسمي للعتبة العباسية المقدسة.
- ↑ «22 میلیون زائر برای اربعین به کربلا رفتند»، خبرگزاری العالم.
- ↑ «استمرار توافد الزائرين سيرا على الاقدام الى كربلاء لاداء مراسيم زيارة الاربعين», Шабакат-ул-кафил ал-оламия - ал-Мавқеъ-ур-расми ли-л-атабат-ил-аббосият-ил-муқаддаса.
- ↑ «Чаро пиёдаравии Арбаин савоб дорад» хабаргузории ИСНО
- ↑ Абозарӣ, "Пиёдаравии Арбаини Ҳусайнӣ дар сира ва сухани бузургон", саҳ.146.
- ↑ Абозарӣ, "Пиёдаравии арбаини Ҳусайнӣ дар сира ва сухани бузургон", саҳ.147.
- ↑ Абозарӣ, "Пиёдравии арбаини Ҳусайнӣ дар сира ва сухани бузургон" саҳ.162
- ↑ Мазоҳирӣ, Фарҳанги сӯги шиъӣ, 139 ш, саҳ.100.
- ↑ Шарифи Розӣ, Осор-ул-ҳуҷҷа, 1335ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.221
- ↑ Арбоби Қумӣ, Арбаини Ҳусайнийя, 1372ҳ.ш., саҳ.11
- ↑ «Сароғоз; улгуи мафҳумии пиёдаравии Арбаин аз нигоҳи Раҳбари муаззами Инқилоб» хабаргузории Мизон
- ↑ Гузорише аз роҳпаймоии Арбаин, Ба саҳро шудам ишқ борида буд. сайти Потуқи китоби фардо.
Ёддошт
Cарчашма
- "15 милион шиа дар ҳоли расидан ба Карбало", сайти Фардо, таърихи дарҷи матлаб: 2 дейи 1392ҳ.ш, таърихи боздид: 24 меҳри 1397ҳ.ш.
- Абузарӣ, Абдураҳим, «Пиёдаравии арбаини Ҳусайнӣ дар сира ва сухани бузургон», дар маҷаллаи фарҳанги Зиёрат, соли панҷум, шумораи 19 ва 20, тобистон ва поизи 1393ҳ.ш.
- Ал-Асадӣ, Мухтор, Муҷазу таърих-ил-Ироқ ас-сиёсӣ-л-ҳадис, маркази алшаҳидайн ал-Садрайн лилдиросот валбуҳус, 2001м.
- Ал-Муъмин, Алӣ, Санавот-ул-ҷамр, Бейрут, алмарказул-исломӣ алмуъосир, 2004м.
- "Арбаин, шукуҳи байъате муҷаддад бо Имом Ҳусайн", хабаргузории Тасним, таърихи дарҷи матлаб: 29 озари 1392ҳ.ш, таърихи боздид: 24 меҳри 1397ҳ.ш.
- Арбоби Қумӣ, Муҳаммад, Арбаини Ҳусайния, Теҳрон, интишороти Усва, 1372ҳ.ш.
- Вилӣ, Ҷувайс Ан, Наҳзати исломии шиаёни Ироқ, тарҷумаи Маҳваши Ғуломӣ, муассисаи иттилоот, 1373ҳ.ш.
- "Зиндагиномаи Мирзоҳусайни Нурӣ", сайти Балоғ, таърихи дарҷи матлаб: 8 фарвардини 1395ҳ.ш., таърихи боздид: 24 меҳри 1397ҳ.ш.
- «Зиндагиномаи Ҳоҷи Муҳаммад Арбоби Қумӣ», пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза, таърихи дарҷи матлаб: 18 меҳри 1387ҳ.ш., таърихи боздид: 19 меҳри 1401ҳ.ш.
- "Иҷтимои 20 миллионии арбаини Ҳусайнӣ дунёро мутаҳаввил хоҳад кард", хабаргузории Элно, таърихи дарҷи матлаб: 15 обони 1393ҳ.ш., таърихи боздид: 24 меҳри 1397ҳ.ш.
- Қозӣ Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадалӣ, таҳқиқ дар бораи аввали арбаини ҳазрати Сайидушшуҳадо (а), Қум, бунёди илмӣ ва фарҳангии шаҳид Оятуллоҳ Қозӣ Таботабоӣ, 1368ҳ.ш.
- Қумӣ, Аббос, Мафотеҳ-ул-ҷинон.
- Мазоҳирӣ, Муҳсин Ҳисом, Фарҳанги сӯги шиъӣ, Теҳрон, нашри хайма, 1395ҳ.ш.
- «Сароғоз; улгӯи мафҳумии пиёдаравии арбаин аз нигоҳи раҳбари муаззами инқилоб», хабаргузории Мизон, таърихи интишор: 14 меҳри 1398ҳ.ш., таърихи боздид: 17 шаҳривари 1401ҳ.ш.
- Теъдоди зоири ғайриироқӣ дар арбаин», хабаргузории Фардо, таърихи дарҷи матлаб: 2 дейи 1392ҳ.ш, таърихи боздид: 24 меҳри 1397ҳ.ш.
- "Ҷамъияти зоирони Карбало дар арбаини Ҳусайнии имсол аз марзи 27 милюн нафар гузашт", сайти созмони ҳаҷ ва зиёрат, таърихи дарҷи матлаб: 12 озари 1394ҳ.ш., таърихи боздид: 24 меҳри 1397ҳ.ш.
- "Чаро пиёдаравии арбаин савоб дорад", хабаргузории Эсно, таърихи дарҷи матлаб: 17 озари 1393ҳ.ш, таърихи боздид: 24 меҳри 1397ҳ.ш.
- Ҷаъфариён, Расул, «Далели бузургдошти арбаин чист?», Қум, бозтоби андеша, 1386ҳ.ш., шумораи 84.
- Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни-л-Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Шарифи Розӣ, Муҳаммад, Ганҷинаи донишмандон, Теҳрон, Китобфурушии исломия, 1352ҳ.ш.
- Шуббар, Сайидҷавод, Адаб-ут-Тафф ва шуъаро-ул-Ҳусайн (а), Бейрут, Дорул-Муртазо.