Сайид Алӣ Ҳусайнии Систонӣ
| Номи комил | Сайид Алӣ Ҳусайнии Систонӣ |
|---|---|
| Маҳалли зиндагӣ | Наҷаф |
| Санаи таваллуд | 5 августи соли 1930 (9 рабиулаввал 1349ҳ.қ.) |
| Зодгоҳ | Машҳад - Эрон |
| Хешовандон | Муҳаммадризо ва Муҳаммадбоқир (писар) Сайид Ҷаводи Шаҳристонӣ (домод) |
| Устодон | Сайид Муҳаммад Ҳуҷҷати Кӯҳкамраӣ • Сайид Ҳусайни Буруҷердӣ • Сайид Абулқосим Хуӣ • Шайх Ҳусайни Ҳиллӣ |
| Иҷозати иҷтиҳод аз | Сайид Абулқосим Хуӣ • Ҳусайни Ҳиллӣ |
| Шинохташуда барои | Марҷаъи тақлид |
| Вебгоҳи расмӣ | Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари Оятуллоҳ Систонӣ |
Сайид Алӣ Ҳусайнии Систонӣ (форсӣ: سید علی حسینی سیستانی), аз мароҷеъи тақлиди шиа дар қарни понздаҳуми ҳиҷрии қамарӣ аст. Ҳифзи мавҷудияти Ҳавзаи илмияи Наҷаф дар даврони ҳукумати баъсиҳо, ҳифзи ваҳдати ақвоми мухталифи ироқӣ пас аз суқути Саддом Ҳусайн ва таъсиргузорӣ дар тадвини қонуни асосии Ироқ дар даврони навин ва ҳамчунин ҳифзи ҳувияти миллии Ироқ, аз муҳимтарин нақшофариниҳои ӯ дониста шудааст.
Систонӣ таҳсилоти ҳавзавиро аз 1360ҳ.қ./1941 дар Машҳад оғоз кард. Сипас дар Қум дар дарсҳои хориҷи Сайид Ҳусайн Таботабоӣ Буруҷердӣ ва Сайид Муҳаммади Ҳуҷҷати Кӯҳкамраӣ ширкат кард ва саранҷом дар 1371ҳ.қ./1952 ба Наҷаф рафт. Ӯ аз Сайид Абулқосим Хӯӣ ва Ҳусайни Ҳиллӣ, дар 31-солагӣ иҷозаи иҷтиҳод гирифт. Систонӣ аз 1381ҳ.қ./1962 тадриси дарси хориҷро оғоз кард. Пас аз даргузашти Сайид Абулқосими Хӯӣ дар 1413ҳ.қ./1993, бо тавсияи уламои Наҷаф, ба тадриҷ ба марҷаияти омми шиа расид ва доманаи муқаллидонаш аз Ироқ ва Эрон то Ҳинд, Покистон, Урупо ва Амрико густариш ёфт.
Гуфта шуда, ки Сайид Алии Систонӣ бо таъкид бар миллатгароии ироқӣ, ҳифзи ваҳдати шиа ва суннӣ, ва мушорикати ҳамаи гурӯҳҳо дар қудрат, нақше таъинкунанда дар шаклгирии низоми навини Ироқ пас аз суқути Саддом дошт. Ҳимоят аз раванди демократик, мухолифат бо ишғол, даъват ба дифоъ дар баробари ДОИШ, ва дидори таърихӣ бо Поп Франсис аз нуқоти барҷастаи фаъолиятҳои ӯ дониста шудааст.
Дафтари ӯ шабакае аз муассисоти илмӣ, фарҳангӣ, пажӯҳишӣ ва хидматиро дар кишварҳои мухталиф аз ҷумла Эрон, Ироқ, Туркия ва Англия сомондиҳӣ мекунад. Систонӣ ҳамчунин осор ва тақрироте дар заминаҳои фиқҳ, усул, ҳадис ва риҷол дорад.
Муаррифӣ, зиндагинома ва ҷойгоҳ
Сайид Алӣ Ҳусайнии Систонӣ, дар 9 рабиулаввали соли 1349ҳ.қ. (баробар бо 4 августи 1930) дар Машҳад таваллуд шуд. Падараш Сайид Муҳаммадбоқир, аз уламои шиа ва модараш духтари Сайид Ризо Меҳрубонии Саробӣ буд.[1] Ҷадди ӯ Сайид Алии Систонӣ, аз шогирдони Мирзои Шерозӣ дар Наҷаф буд, ки пас аз бозгашт ба Эрон дар соли 1318ҳ.қ./1900 дар Машҳад сокин шуда ва марҷаияти умури динии мардумро ба ӯҳда гирифта буд.[2]
Гуфта шуда, ки шуҳрати Сайид Алии Систонӣ баромада аз шеваи рафтори ӯ дар замони Саддом Ҳусайн дар ростои ҳифзи мавҷудияти Ҳавзаи илмияи Наҷаф[3] пас аз Сайид Абулқосими Хӯӣ, ва ҳамчунин кунишҳои сиёсии ӯ пас аз суқути Саддом ва ҳидояти афкори сиёсии мардум дар ҳаводиси сиёсии Ироқ будааст; ба сурате, ки ин навъи рафторро аз омилҳои муҳимми ҳифзи ваҳдати ақвоми мухталифи ироқӣ,[4] шаклдиҳии ҳувият ва давлати миллӣ[5] ва таъсиргузорӣ дар тадвини қонуни асосии навини Ироқ[6] медонанд.
Таҳсилот
Сайид Алии Систонӣ таҳсилоти ҳавзавии худро аз соли 1360ҳ.қ./1941 дар Машҳад оғоз кард. Ӯ дарсҳои муқаддимот ва сатҳи ҳавзаро назди уламое чун Муҳаммадтақӣ Адиби Нишобурӣ, Сайид Аҳмад Мударриси Яздӣ, Мирзо Ҳошими Қазвинӣ ва фалсафаро аз Муҷтабои Қазвинӣ фаро гирифт. Вай ҳамчунин дар дарсҳои Мирзо Маҳдии Исфаҳонӣ ва Мирзо Маҳдии Оштиёнӣ ширкат мекард. Дар соли 1368ҳ.қ. ба Қум муҳоҷират кард ва дар дарсҳои хориҷи Сайид Ҳусайн Таботабоӣ Буруҷердӣ ва Сайид Муҳаммад Ҳуҷҷати Кӯҳкамраӣ ҳозир шуд.[7]


Ҳиҷрат ба Наҷаф
Систонӣ дар соли 1371ҳ.қ./1952 ба Наҷаф муҳоҷират кард ва дар мадрасаи Бухороӣ иқомат гузид. Дар Наҷаф, дар дарсҳои хориҷи фиқҳ ва усули Сайид Абулқосими Хӯӣ ва Ҳусайни Ҳиллӣ ширкат мекард ва ҳамчунин аз дарсҳои Сайид Муҳсин Таботабоӣ Ҳаким ва Сайид Маҳмуд Ҳусайнии Шоҳрӯдӣ низ баҳра бурд.[8]
Тадрис ва шогирдон
Сайид Алии Систонӣ дарсҳои хориҷи худро аз соли 1381ҳ.қ./1962 оғоз кард ва то соли 1411ҳ.қ./1991 идома дод. Аз ҷумлаи шахсоне, ки дар дарсҳои ӯ ширкат мекарданд, иборатанд аз:
- Сайид Муҳаммадризо Систонӣ
- Сайид Муҳаммадбоқир Систонӣ
- Сайид Муртазо Маҳрӣ
- Сайид Муҳаммадалӣ Раббонӣ
- Сайид Ҳошим Ҳошимӣ
- Сайид Мунир Сайид Аднони Қатифӣ
- Шайх Маҳдии Марворид
- Сайид Аҳмади Мададӣ
- Шайх Мустафо Ҳарандӣ.[9]
Иҷтиҳод
Сайид Алии Систонӣ дар соли 1380ҳ.қ./1961, дар 31-солагӣ, аз Сайид Абулқосими Хӯӣ ва Ҳусайни Ҳиллӣ, иҷозаи иҷтиҳод гирифт. Ӯ танҳо шахсе буд, ки аз Шайх Ҳусайни Ҳиллӣ, иҷозаи иҷтиҳоди мутлақ гирифтааст.[10] Оқобузурги Теҳронӣ низ дар навиштае дар соли 1380ҳ.қ., табаҳҳури ӯ дар илми риҷол ва ҳадисро гувоҳӣ додааст.[11]
Марҷаият

Бино ба он чи дар пойгоҳи интернетии дафтари Сайид Алии Систонӣ мунташир шуда, пас аз реҳлати Сайид Абулқосими Хӯӣ дар соли 1413ҳ.қ./1993, ҷамъе аз уламои Наҷаф аз ҷумла Сайид Алии Баҳиштӣ ва Муртазо Буруҷердӣ, мардумро ба тақлид аз Систонӣ тавсия карданд, ки мӯҷиби иқболи муқаллидон дар Ироқ, Эрон, Ҳинд, Покистон ва кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс шуд. Ин раванд бо даргузашти Сайид Абдулаъло Сабзаворӣ (ваф.1414ҳ.қ./1994), Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ (ваф.1414ҳ.қ.), Муҳаммадалӣ Арокӣ ва Сайид Муҳаммади Рӯҳонӣ шитоби бештар гирифт ва доираи муқаллидони Систонӣ ба ҷавомеъи шиа дар Урупо ва Амрико низ густариш ёфт.[12]
Систонӣ пас аз бемории Сайид Абулқосими Хӯӣ, марҷаъи тақлиди шиаён дар соли 1409ҳ.қ., имомати ҷамоати масҷиди Хазрои Наҷафро то соли 1414ҳ.қ. ба ӯҳда гирифта буд ва пас аз даргузашти Хӯӣ, намози ҷанозаи ӯро иқома кард, ки гуфта шуда нишонаи ҷонишинии ӯ барои Хӯӣ буд.[13]
Вижагиҳои илмӣ
Сайид Ҷаводи Шаҳристонӣ, домоди Сайид Алии Систонӣ, ӯро фақиҳе муаррифӣ мекунад, ки аз назари мутолиа дар миёни мароҷеъ назир надорад.[14] Сайид Мунири Хаббоз аз шогирдони Систонӣ низ чанд вижагӣ барои тадрис ва пажӯҳиши ӯ баён мекунад:
- Талфиқ миёни мактабҳои дарсии се ҳавзаи мухталифи Машҳад, Қум ва Наҷаф;
- Тасаллут бар китобҳои фиқҳ ва ҳадиси дигар мазҳабҳои исломӣ ва истифода аз он китобҳо дар ростои фаҳми ривоёти Аҳли Байт (а);
- Истифода аз назарияҳои роиҷ дар улуми ғайриҳавзавӣ барои таъмиқи бештари улуми ҳавзавӣ.[15]
Сайид Алии Систонӣ, дар заминаҳои фиқҳ, усули фиқҳ, ҳадис ва риҷол дорои таълифоти мутааддиде аст. Ҳамчунин шогирдони ӯ чандин тақрир аз дарсҳои ӯ ба риштаи таҳрир даровардаанд, ки дар вебгоҳи тақрирот дар дастрас аст.
Мабонии фикрӣ ва андешаҳои сиёсӣ
Маниши сиёсӣ-иҷтимоии Сайид Алии Систонӣ дар миёнаи Сайид Абулқосими Хӯӣ аз як сӯ ва Имом Хумайнӣ ва Сайид Муҳаммадбоқири Садр аз дигар сӯ, тасвир кардаанд; ба ин баён, ки агарчи нақше барои фақиҳ дар ташкили давлат қоил нест ва ба ҷои давлати динӣ ба давлати маданӣ рӯй оварда, вале беэътиноии фақиҳон нисбат ба умури сиёсиро ҳам намепазирад ва барои марҷаият нақше назоратӣ ва ҳидоятгарӣ қоил аст.[16] Абдулваҳҳоби Фуротӣ, пажӯҳишгари фиқҳи сиёсӣ, сиёсатварзии Систониро ношӣ аз бозгашт ба андешаи Мирзои Ноинӣ медонад, ки аз қарордоди маданӣ миёни мардум ва ҳоким таҳти як низоми демократик ҳимоят мекунад.[17]
Нафйи вилояти оммаи фақиҳ
Систонӣ, вилояти оммаи фақиҳонро, ки аз сӯи бисёре аз фақиҳон тарҳ шудааст намепазирад. Ба бовари ӯ фақиҳ ҳеҷ гуна вилояте бар умури марбут ба ҳукумат надорад;[18] бо ин ҳол нафйи вилояти фақиҳон бар умури омма, ба маънои нодида гирифтани вилояти фақиҳон бар умуре монанди умури ҳисбия ва қазоват нест; зеро тасаддии ин умур дар ривоёт барои фақиҳ лозим дониста шудааст.[19]
Ҳаққи тасарруфи мардум дар минтақат-ул-фароғ
Ба бовари Сайид Алии Систонӣ, дар ҷое ки аз тарафи шореъ ҳукме содир нашуда ва маъмулан аз он ба ҳавзаи аҳкоми ғайримансус ё минтақат-ул-фароғ ёд шуда, мардум тасмимгир хоҳанд буд ва аз ҳавзаи тасарруфоти фақиҳ хориҷ хоҳад буд.[20] Дар тавзеҳи ин назар гуфта шуда, ки минтақат-ул-фароғ бахши бузурге аз ҳавзаи умумӣ аст, ки ҳаққи мардум дар он ба расмият шинохта шуда ва мардум ҳаққи қонунгузорӣ дар онро ба шарти зиддият надоштан бо шаръ доранд. Дар ин қаламрав ҳеҷ инсоне бар инсони дигар вилоят надорад ва фақат худи мардум метавонанд вилояти худро дар ин ҳавза ба дигарон вогузор кунанд.[21]
Ҳукумат тобеи иродаи умумӣ
Ба гуфтаи Абдулваҳҳоби Фуротӣ, Сайид Алии Систонӣ бар асоси мабонии фикрии худ, аз ҳукумате ҳимоят мекунад, ки дар як раванди демократик аз сӯи аксарияти мардум пазируфта шуда бошад.[22] Аксарият аз манзари ӯ на аксарияти фирқавӣ ё қавмӣ, балки аксарияти шаҳрвандон, новобаста аз қавму қабилаву дину нажод, аст, ки дар интихобот ширкат карда бошанд. Маҳсули чунин андешаеро зуҳури ҷомеаи мадании қавӣ дар Ироқ донистаанд, ки бо ниҳодина шудани он саҳмхоҳии гурӯҳҳои сиёсӣ кам мешавад.[23] Бар ин асос ҳамчунин гуфта шуда, ки қонуни асосӣ ҳам бояд тобеи иродаи мардуми Ироқ бошад ва чун аксарият мусулмон ҳастанд, ин қонун ҳам наметавонад хилофи таълимоти исломӣ бошад.[24]
Ҳифзи ваҳдат бо таъкид бар миллигароии ироқӣ
Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, Сайид Алии Систонӣ барои маҳори кашмакашҳои сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабии Ироқ, ҳамеша дар баёнияҳои худ бар ин нукта таъкид дошта, ки Ироқ барои ҳамаи ироқиён аст, на гурӯҳ ё мазҳаби хоссе. Ӯ бо вуҷуди он ки фақиҳе шиамазҳаб аст, вале то кунун мавзеи ҷонибдоронона барои бартарият додан ба шиаён нагирифтааст, таарруз ба дигар ақвом ва пайравони мазҳабҳоро ҷоиз намедонад ва дар ниҳоят бар ҳаллу фасли мусолиматомези кашмакашҳо таъкид доштааст.[25] Ин навъи мавзеъгириҳои Систонӣ, наздик ба демократияи анҷумание дониста шуда, ки бар асоси он ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ ва мазҳабии ироқӣ бояд дар қудрат мушорикат дошта бошанд ва ҳаққи худмухтор буданро доранд ва дар ниҳоят ба ҳифзи низоми навини Ироқ вазифадор бошанд.[26]
Рӯйкардҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ
Рӯйкардҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Сайид Алии Систониро, ба вижа пас аз суқути Саддом, рафторе дар ростои мабонии фикрии ӯ арзёбӣ кардаанд, ки сабаби ҳифзи якпорчагии Ироқ, шаклгирии низоми сиёсии муосир, нафйи ишғолгарӣ ва ҷилавгирӣ аз таҷзияи Ироқ тавассути гурӯҳҳои тундрав шудааст.[27]
- Талош барои ҳифзи ваҳдати шиа ва суннӣ
Ман борҳо гуфтаам ва боз ҳам мегӯям, ки нагӯед сунниҳо бародарони мо ҳастанд, балки онҳо нафсу ҷони мо ҳастанд.[28]
Сайид Алии Систонӣ бо таъкид бар ваҳдати оинии бештари мардуми Ироқ, тааруз ба ҷон, мол, обрӯ ва эътиқодоти мусулмонон (аз ҷумла шиа ва суннӣ) ва ҳатто дигар мазҳабҳоро ҳаром медонад; ба ҳамин далел ӯ қоил ба ҳурмати лаъни бархе аз асҳоб аст.[29] Дар ҷараёни танишҳои мазҳабии соли 2007 м., Систонӣ бар зарурати ваҳдати исломӣ ва баробарии ҳуқуқии ҳамаи ироқиён таъкид кард ва шиаёнро ба пешгомӣ дар дифоъ аз ҳуқуқи аҳли суннат фаро хонд.[30]
- Мушорикат дар тағйири низом ва қонунгузории Ироқ
Пас аз ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ ба Ироқ ва суқути давлати Саддом Ҳусайн, Систонӣ дар ҳоле ки бо тарҳи Амрико барои тадвини қонуни асосӣ мухолифат кард, ин ҳақро фақат барои мардуми Ироқ машруъ донист ва муътақид буд, ки аъзои маҷлиси қонунгузории Ироқ бояд аз тариқи интихобот таъйин шаванд.[31]
- Садури фатвои ҷиҳод алайҳи ДОИШ
Систонӣ, пас аз суқути шаҳри Мавсил дар Ироқ ва пешравии гурӯҳи ДОИШ ба сӯи марказ ва ҷануби Ироқ, дифоъ аз кишвар, миллат ва муқаддасотро воҷиби кифоӣ хонд ва аз шаҳрвандоне, ки тавоноии ҳамли силоҳ ва мубориза бо террористонро доранд хост, ба нерӯҳои амниятӣ бипайванданд.[32] Ин хостаи Сайид Алии Систонӣ, ки аз сӯи Абдулмаҳдии Карбалоӣ, имомҷумъаи Карбало эълом шуд, гарчи як фатво набуд,[33] аммо бино ба таҳлилҳо, коркарди фатворо дошт ва сабаби он шуд, ки бисёре аз шаҳрвандони ироқӣ ба саффи мубориза бо ДОИШ бипайванданд.[34]

- Дидори Поп Франсис
Поп Франсис, пешвои католикҳо, дар 6 марти 2021 дар сафари худ ба Ироқ, бо Сайид Алии Систонӣ дар Наҷаф мулоқот кард. Дар ин дидор Систонӣ чолишҳои аслии минтақа аз ҷумла ҷангҳо, фақр, нақзи озодиҳо, таҳримҳои ноодилона ва оворагии фаластиниёнро мавриди баҳс ва гуфтугӯ қарор дод.[35]
Муассисаҳои вобаста
Дафтари Сайид Алии Систонӣ шабакае аз муассисаҳои илмӣ, фарҳангӣ, пажӯҳишӣ ва хидматӣ дар кишварҳои мухталиф аз ҷумла Эрон, Ироқ, Туркия ва Англия таъсис кардааст, ки аз ҷумлаи ин муассисаҳо метавон ба Муассисаи Имом Алӣ (а) дар Қум, Муассисаи фарҳангии Ол-ул-байт (а) дар Истанбул, Маркази таҳқиқоти исломии ал-Мустафо, Маркази пажӯҳишҳои эътиқодии Қум, Маркази эҳёи мероси исломӣ, Маркази пажӯҳишҳои фалакӣ ва китобхонаҳои тахассусӣ ишора кард.[36]
Эзоҳ
- ↑ «زندگینامه حضرت آیتالله سید علی حسینی سیستانی», Сайти расмии дафтари Оятуллоҳ Систонӣ
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-иш-шиа, 1430ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.1435
- ↑ Фатҳӣ, «فقیهی برای همه اعصار», Сайти Дин-онлайн
- ↑ Козимӣ, «Рафтори сиёсии Оятуллоҳ Систонӣ (бо таъкид бар ваҳдат ва нафйи ишғолгарӣ)», саҳ.76-79
- ↑ Нигаҳбон ва ҳамкорон, «Раҳбурдҳои сиёсии Оятуллоҳ Систонӣ барои таквини ҳувият ва давлати миллӣ дар Ироқ», саҳ.124-134
- ↑ Аҳмадиён, «Дидгоҳҳо ва мавозиъи Оятуллоҳ Систонӣ дар раванди тадвини қонуни асосии Ироқи навин», саҳ.123-125
- ↑ «زندگینامه حضرت آیتالله سید علی حسینی سیستانی», Сайти расмии дафтари Оятуллоҳ Систонӣ
- ↑ «زندگینامه حضرت آیتالله سید علی حسینی سیستانی», Сайти расмии дафтари Оятуллоҳ Систонӣ
- ↑ «زندگینامه حضرت آیتالله سید علی حسینی سیستانی», Сайти расмии дафтари Оятуллоҳ Систонӣ
- ↑ «زندگینامه حضرت آیتالله سید علی حسینی سیستانی», Сайти расмии дафтари Оятуллоҳ Систонӣ
- ↑ «زندگینامه حضرت آیتالله سید علی حسینی سیستانی», Сайти расмии дафтари Оятуллоҳ Систонӣ
- ↑ «زندگینامه حضرت آیتالله سید علی حسینی سیستانی», Сайти расмии дафтари Оятуллоҳ Систонӣ
- ↑ Фатҳӣ, «فقیهی برای همه اعصار», Сайти Дин-онлайн
- ↑ Шаҳристонӣ, «سبک زندگی حضرت آیت الله العظمی سیستانی», Сайти Ҳавза
- ↑ Хаббоз, «ویژگیهای شخصیتی و سیاسی آیتالله سیستانی», Сайти Шианюс
- ↑ Ҳаким, ан-Наҷаф ва ҳавазотуҳо (ал-китоб-ул-хомис), 2018 м., саҳ.157-179; Ҳоҷиюсуфӣ ва Орифнажод, «Нишонашиносии гуфтумон дар исломи сиёсӣ ва мардумсолори Оятуллоҳ Систонӣ», саҳ.58-63
- ↑ Фуротӣ, «Оятуллоҳ Систонӣ ва назарияи иродат-ул-умма», саҳ.86-87
- ↑ Ҳусайнии Систонӣ, ал-Иҷтиҳод ва-т-тақлид ва-л-эҳтиёт, 1437ҳ.қ., саҳ.105-128
- ↑ Ҳусайнии Систонӣ, ал-Иҷтиҳод ва-т-тақлид ва-л-эҳтиёт, 1437ҳ.қ., саҳ.86
- ↑ Ҳусайнии Систонӣ, ал-Иҷтиҳод ва-т-тақлид ва-л-эҳтиёт, 1437ҳ.қ., саҳ.86
- ↑ Ҳаким, ан-Наҷаф ва ҳавазотуҳо (ал-китоб-ул-хомис), 2018 м., саҳ.159
- ↑ Фуротӣ, «Оятуллоҳ Систонӣ ва назарияи иродат-ул-умма», саҳ.88-89
- ↑ Хаффоф, ан-Нусус-ус-содира ан самоҳат-ис-саййид ас-Систонӣ фи-л-масъалат-ил-ироқия, 2007 м., саҳ.13 ва 28 ва 31 ва 142
- ↑ Аҳмадиён, «Дидгоҳҳо ва мавозиъи Оятуллоҳ Систонӣ дар раванди тадвини қонуни асосии Ироқи навин», саҳ.123-125
- ↑ Раббонӣ ва ҳамкорон, «Нақши Оятуллоҳ Систонӣ дар маҳори мунозиа миёни шиаён ва сунниҳои Ироқ пас аз 2003 м.», саҳ.273-274
- ↑ Фуротӣ, «Оятуллоҳ Систонӣ ва назарияи иродат-ул-умма», саҳ.89-90
- ↑ Нигаҳбон ва ҳамкорон, «Раҳбурдҳои сиёсии Оятуллоҳ Систонӣ барои таквини ҳувият ва давлати миллӣ дар Ироқ», саҳ.134-135
- ↑ «Sunnis not only our brethren, but our souls: Ayatollah Sistani», Хабаргузории Меҳр
- ↑ Раббонӣ ва ҳамкорон, «Нақши Оятуллоҳ Систонӣ дар маҳори мунозиа миёни шиаён ва сунниҳои Ироқ пас аз 2003 м.», саҳ.275-276
- ↑ Раббонӣ ва ҳамкорон, «Нақши Оятуллоҳ Систонӣ дар маҳори мунозиа миёни шиаён ва сунниҳои Ироқ пас аз 2003 м.», саҳ.276
- ↑ Хаффоф, ан-Нусус-ус-содира ан самоҳат-ис-саййид ас-Систонӣ фи-л-масъалат-ил-ироқия, 2007 м., саҳ.18-19
- ↑ Ҳаттоб, «Тавзиф-ул-ҳашад-иш-шаъбӣ фи-л-мадрак-ис-сиёсий-ил-ироқӣ», саҳ.108; «نقش فتوای جهادی آیتالله سیستانی در جلوگیری از تجزیه عراق», Хабаргузории Меҳр
- ↑ Маъмурӣ, «نقش آیتالله سیستانی در افزایش مسئولیت اخلاقی در جنگ با داعش», Сайти BBC
- ↑ «آیت الله سیستانی فتوای جهاد صادر کرد», Хабаргузории Ҳавза
- ↑ «بیانیه دفتر آیتالله العظمی سیستانی از دیدار پاپ», Хабаргузории ИРНА
- ↑ «مراکز و موسسات», Сайти дафтари Оятуллоҳ Систонӣ
Сарчашма
- Аҳмадиён, Қудрат, «دیدگاهها و مواضع آیتالله سستانی در روند تدوین قانون اساسی عراق نوین» («Дидгоҳҳо ва мавозеи Оятуллоҳ Систонӣ дар раванди тадвини қонуни асосии Ироқи навин»), Фаслномаи Андешаи сиёсӣ дар Ислом, №17, 1397ҳ.ш.
- Козимӣ, Сайид Осиф, «رفتار سیاسی آیتالله سیستانی (با تأکید بر وحدت و نفی اشغالگری)» («Рафтори сиёсии Оятуллоҳ Систонӣ (бо таъкид бар ваҳдат ва нафйи ишғолгарӣ)»), Дуфаслномаи Мутолиоти таърихии уммати исломӣ, №3, 1395ҳ.ш.
- Маъмурӣ, Алӣ, «نقش آیتالله سیستانی در افزایش مسئولیت اخلاقی در جنگ با داعش» («Нақши Оятуллоҳ Систонӣ дар афзоиши масъулияти ахлоқӣ дар ҷанг бо ДОИШ»), Сайти BBC-и форсӣ, санаи дарҷи матлаб: 30 майи 2016, санаи боздид: 7 июни 2017
- Нигаҳбон, Муҳаммадамин ва Абулфазл Шакурӣ ва Сайид Муҳсин Олиғафур, «راهبردهای سیاسی آیتالله سیستانی جهت تکوین هویت و دولت ملی در عراق» («Роҳбурдҳои сиёсии Оятуллоҳ Систонӣ барои таквини ҳувият ва давлати миллӣ дар Ироқ»), фаслномаи Улуми сиёсӣ, №105, 1403ҳ.ш.
- Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, Табақоту аълом-иш-шиа, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос, 1430ҳ.қ.
- Раббонӣ, Сайид Иброҳим ва Алӣ Шерхонӣ ва Довуд Киёнӣ, «نقش آیتالله سیستانی در مهار منازعه میان شیعیان و سنیهای عراق پس از ۲۰۰۳م» («Нақши Оятуллоҳ Систонӣ дар маҳори мунозиа миёни шиаён ва сунниҳои Ироқ пас аз 2003 м.»), Фаслномаи Сиёсати мутаолия, №33, 1400ҳ.ш.
- Фатҳӣ, Алиашраф, «فقیهی برای همه اعصار» (Фақиҳе барои ҳамаи аъсор), Сайти Дин-онлайн, санаи дарҷи матлаб: 20 июни 2014, санаи боздид: 19 ноябри 2025
- Фуротӣ, Абдулваҳҳоб, «آیتالله سیستانی و نظریه ارادة الامه» («Оятуллоҳ Систонӣ ва назарияи иродат-ул-умма»), Фаслномаи Сиёсати мутаолия, №39, 1401ҳ.ш.
- Хаббоз, Сайид Мунир, «ویژگیهای شخصیتی و سیاسی آیتالله سیستانی» («Вижагиҳои шахсиятӣ ва сиёсии Оятуллоҳ Систонӣ»), Сайти Шианюс, санаи дарҷи матлаб: 17 апрели 2018, санаи боздид: 19 ноябри 2025
- Хаффоф, Ҳомид, ан-Нусус-ус-содира ан соҳати-с-саййид ас-Систонӣ фи-л-масъалат-ил-ироқия, Бейрут, Дор-ул-муаррих-ил-арабӣ, 2007 м.
- Ҳаким, Абдулҳодӣ, ан-Наҷаф ва ҳавазотуҳо, Карбало, Дор-ул-кафил, 2018 м.
- Ҳаттоб, Ҷаводи Козим, «توظیف الحشد الشعبی فی المدرک السیاسی العراقی» (Тавзиф-ул-ҳашад-иш-шаъбӣ фи-л-мадрак-ис-сиёсий-ил-ироқӣ), маҷаллаи Ҳаммуробӣ, соли ҳафтум, №29, зимистони 2019 м.
- Ҳоҷиюсуфӣ, Амири Муҳаммад ва Абулқосим Орифнажод, «نشانهشناسی گفتمان در اسلام سیاسی و مردمسالار آیتالله سیستانی» («Нишонашиносии гуфтумон дар исломи сиёсӣ ва мардумсолори Оятуллоҳ Систонӣ»), Фаслномаи Пажӯҳишномаи улуми сиёсӣ, соли шашум, №4, 1390ҳ.ш.
- Ҳусайнии Систонӣ, Сайид Алӣ, ал-Иҷтиҳод ва-т-тақлид ва-л-эҳтиёт, ба қалами Муҳаммадалӣ Раббонӣ, Сайти Тақрирот, 1437ҳ.қ.
- Шаҳристонӣ, Сайид Ҷавод, «سبک زندگی حضرت آیت الله العظمی سیستانی» («Сабки зиндагии ҳазрати Оятуллоҳ-ил-узмо Систонӣ»), Мусоҳиба бо Асри Андеша, Пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза, санаи дарҷи матлаб: 12 марти 2018, санаи боздид: 19 ноябри 2025
- «نقش فتوای جهادی آیتالله سیستانی در جلوگیری از تجزیه عراق» («Нақши фатвои ҷиҳодии Оятуллоҳ Систонӣ дар пешгирӣ аз таҷзияи Ироқ»), Хабаргузории Меҳр, санаи дарҷи матлаб: 16 июни 2015, санаи боздид: 22 ноябри 2025
- «زندگینامه حضرت آیتالله سید علی حسینی سیستانی» («Зиндагиномаи ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Алӣ Ҳусайнии Систонӣ»), Сайти расмии дафтари Оятуллоҳ Систонӣ, санаи боздид: 22 ноябри 2025
- «مراکز و موسسات» («Марказҳо ва муассисот»), Сайти дафтари Оятуллоҳ Систонӣ, санаи боздид: 4 июни 2017
- «Sunnis not only our brethren, but our souls: Ayatollah Sistani», Хабаргузории Меҳр, санаи дарҷи матлаб: 26 январи 2013 м., санаи боздид: 14 феврали 2026
- «آیت الله سیستانی فتوای جهاد صادر کرد» («Оятуллоҳ Систонӣ фатвои ҷиҳод содир кард»), хабаргузории Ҳавза, санаи дарҷи матлаб: 13 июни 2014, санаи боздид: 14 феврали 2026
- «بیانیه دفتر آیتالله العظمی سیستانی از دیدار پاپ» («Баёнияи дафтари Оятуллоҳ-ил-узмо Систонӣ аз дидори Поп»), Хабаргузории Ҷумҳурии Исломии Эрон, санаи дарҷи матлаб: 6 марти 2021, санаи боздид: 22 ноябри 2025
- Articles with hatnote templates targeting a nonexistent page
- Мароҷеи тақлиди сокини Наҷаф
- Мароҷеи тақлиди қарни 15 (қамарӣ)
- Шогирдони Сайид Абулқосими Хуӣ
- Шогирдони Оятуллоҳ Буруҷердӣ
- Шогирдони Сайид Муҳсин Таботабоии Ҳаким
- Сайидҳои Ҳусайнӣ
- Шогирдони Ҳусайни Ҳиллӣ
- Шогирдони Сайид Муҳаммад Ҳуҷҷати Кӯҳкамараӣ
- Донишомӯхтагони Ҳавзаи илмияи Наҷаф (пас аз соли 1200 қамарӣ)